Қурбон Ҳакимзода дар Хатлон пул “кор” мекунаду дар Суғд месозад     

Ислоҳ нет

(бахши дуюм)

Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон ва собиқ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҷеъ ба ҷинотяҳои фаровони ӯ «Ислоҳ.нет»  дар гузашта навишта буд, дар Хатлон  пул «кор» мекардаасту  дар Суғд молу дороӣ  ҷамъоварӣ мекардааст.

Истгоҳи охири маршрути №10  дар ҷамоати Унҷии чорроҳаи Қасри Арбоб  воқеъ буд. Дар паси ин истгоҳ масҷиди маҳаллаи Ҷавонӣ-1- масҷиди хеле қадимӣ ҳам ҷойгир буд. Қурбон Ҳакимзода  дар ҷойи ин истгоҳ ва ин масҷид як мағозаи хурокворӣ ва як ошхона сохт. Аммо маълум нест, ки бар чӣ асосе иникорро кард:-чаро истгоҳ ва масҷиди мардумро аз байн бурд? Замин ин истгоҳ ва масҷидро чи гуна харидорӣ кард. Тендер ё ауксионе доир накарданд, чунки инҷойҳоро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон харидааст.

Ё мисоли дигар: Дар собиқ колхози Сайидхоҷа Урунхоҷаев корхонаи обкашӣ (насосний стансия) кор мекард. Дар дохили ин корхона  ҳамчунин як сехи харротӣ вуҷуд дошт. Инҷо як амбори ниҳоят калон бо чанд бокс мавҷуд буд ва низ 1 гектар замин дошт. Ҳамин коргоҳҳоро аз байн бурд, харб кард ва ба писараш дод. Ҳоло дар инҷо Абдуаҳади писари Қурбон Ҳакимзода, ки раиси идораи экологияи вилоят мебошад, якҷо бо Нарзуллои ҳамсинфаш як бозор-амбори фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ташкил кардааст ва бо мошинҳои фура аз Германия запчаст оварда тиҷорат мекунанд.

Қурбон Ҳакимзода бо Илҳом ном шахс яке аз домодҳои раиси ҷумҳурӣ ва Ҳасан Асадуллозодаи додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов ғасбу тасарруфро идома дода дар лаби канали Рухак беш аз 60 гектар заминро аз они худ кардааст. Дар инҷо низ як истгоҳи мошинҳои бузурги корӣ ташкил карда ва даҳҳо адад трактори тамғаи Самсунг ва мошини Даф-и борбарро барои иҷро кардани корҳо ба истифода гузоштааст. Маълум нест, ки ин тракторҳо ва ин мошинҳои борбари хорҷии навро, ки аз миллионҳо доллар арзишашон бештар аст бокадом пул харидорӣ карда бошанд. Ин истгоҳ ва ин мошинҳо ҳам  дар ихтиёри Абдуаҳад  писари Қурбон Ҳакимзода мебошанд.

Ҳакимзода Қурбон охири соли 2020 дар қасри фарҳанги ҷамоати Унҷи маҷлис доир кард. Дар ин ҷаласа тамоми соҳибкорони ҷамоатро ҷамъ карда онҳоро маҷбур карда мумфарш кардани чанд роҳи дохилиро бар ӯҳда бигиранд: «Чи магар суханҳои Ҷанои олӣ, Пешвои миллат ба шумо дахл надорад?» гуфта ба сари онҳо  дод зад.

Дар ҷамоат як мактаб мебоист аз ҳисоби бюҷет сохта мешуд. Нисфи пули зиёди онҳоро ҳам аз соҳибкорони маҳаллӣ ба зӯрӣ гирифт.

Дар рӯ ба рӯи мактаби нав як корпуси кӯчак низ вуҷуд дошт, ки дар он хонандаҳои  синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекарданд, ки хеле кӯҳна буд, қариб, ки фурӯ  мерафт. Ҳамаро ба мактаби нав сохта гузаронида ин корпусро вайрон  ва ба замин ҳамвор карданд. Масоҳати замини он 50 сотихро ташкил мекард. Ҳоло Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон ин заминро 100.000 доллар нарх мондааст. Ва,ба соҳибкорҳо гуфтааст, ки метавонанд бихаранду мағоза ва ё ошхона бисозанд, ӯ барои ҳуҷҷатгузорӣ худаш ҳатто ёрдам ҳам мекунад. Ана инро мегуянд хизматрасонии олиҷаноб. Ту замина хар бо нархе ман мехоҳам ,ҳуҷҷат кардани он замин кори ман раиси вилояти Хатлон аст.

Қурбон Ҳакимзода як хусур дошт бо номи Ғаффор. Дар шафати масҷиди ҷомеъи ба номи Имом бухории маркази ҷамоати Унҷӣ як мағозаи калон аз солҳои шӯравӣ амал мекард. Дар ин мағоза хлебу равған тақсим мекарданд. Ҳакимзода ин мағозаро хусуси карда ба падарарӯсаш ҳадя кард. Хусураш дар инҷо магазини «спиртной» кушод. Хусури ӯ бар асари Ковид -19 ним сол пеш даргузашт. Ҳозир кадоме аз хусурбачааш инҷо савдо мекунад ва ҳатто арақу винову пиворо «разлив» мефурӯшад, дар ҳоле, ки мумкин нест ва ин корро ҳам дар паҳлуи масҷиди ҷомеъ доранд анҷом медиҳанд.

Дар матлаби пешинаи мо дар бораи писари Қурбон Ҳакимзода навишта будем, ки «”  Абдуаҳад писари Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати экологияи вилояти Суғд аст. Бисёр ҳам мутакаббир ва мағрур аст. То соатҳои 2 ва 3-и шаб якҷо бо писари Рӯзиеви духтур, соҳиби бемористони ба номи Луқмони ҳаким касбаш арақхӯрӣ аст. Яке дигар аз собутлиник ва компанёнашон Алишер Ятимов писари Абдумумин Ятимов бародари СС. Ятимов аст, ҷияни СС.Ятимов, раиси КДАМ мебошад. Алишер Ятимов феълан муфаттиши прокуратураи н.Бобоҷон Ғафуров аст. Мошини савории ҷияни СС.Ятимов лексузи 570 рангаш торик аст.  Инҳо ҷойҳои махсуси «отдих» доранд. Ҳамчунин чанд тарбахона (ресторан) дорухона(аптека) ва дармонгоҳ (поликлиника) дорад, ки ба номи наздиконаш ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, аз ҷумла бархе аз инҳо ба номи Ҳакими писари Рӯзиеви соҳиби беморхонаи хусусии Луқмони Ҳаким аст.”

Ҳоло тибқи маълумоте, ки дар дастамон расид Абдуаҳад дар рӯз чанд мошин иваз мекардааст.

Гоҳо бо Мерседес E класс рангаш сиёҳ номераш 70-00 мегаштаасту гоҳо бо Лексус RX 350 рангаш сафед ва рақами давлатиш 2222 ва боз ҳамчунин BMV ва чандин мошини дигар, ки қиммати ҳар кадомеаш аз 50 000 доллар пойин нестанд. Вай сахт бадмаст аст. Пулҳои ӯро ба ном чанд нафар тоҷир, ки аз Олмон мошину запчаст меоваранд, «тоб» медодаанд. Абдуаҳад  як муаллимаи мактаби рақами 14 -ро,ки Т..ном дорад(номи ин хонум пеши Ислоҳ.маҳфуз аст) аз шавҳараш  бароварда  зани дуввум кардааст. Ин  муаллима ҳозир дар мактаб кор намекунад. Падараш низ муаллим буд, нангу номусаш омад, ки  духтарашро аз хона пеш кард. Ҳозир айни ҳол дар 32мкр поёни бари Очил зиндагӣ мекунад. Абдуаҳад бисёри вақти худро дар ҳаминҷо ва бо ин зан мегузаронад. Ба ин зан мошини Деу Матиз ранги сафед харида додааст.

Қурбон Ҳакимзода дар хоҷагии деҳқонии Урунхочаев дар дашти Ворошилобод 40 гектар замини боғи ин хоҷагиро бо чи роҳе гирифта ва хусусӣ кардааст. Дар онҷо  ҷо як фермаи калони говҳои  зоти русӣ ва шведиву олмонӣ дорад. Ҳамчунин дар ҳаминҷо як фермаи Броллер ҳам дар инҷо  дорад, ки ихтиёри Мубин додараш мебошад. Ин ҳама аз они худи раиси вилояти Хатлон аст  аммо ба номи додараш номнавис карда шудааст.

Ин аст симои воқеӣ ва як ҳиссае аз дуздиҳои нафаре, ки раиси вилояти калонтарини Тоҷикистон аст. Бале, ин ҳама молу сарвату дороӣ бо маош наомадааст ва корманди давлатӣ ҳаққи тиҷорат кардан надорад. Аммо ин қонунҳо барои Қурбон Ҳакимзода, ки намояндаи Эмомалалӣ Раҳмонов дар вилояти Хатлон аст, дахл намекунад. Чун худи Эмомалӣ Раҳмонов иҷозат додагӣ аст,ки мансабдоронаш низ чун худаш дуздӣ кунанд.

Гуфта мешавад таъйини  Қурбон Ҳакимзодаи қистакӯзӣ-яъне хуҷандӣ ба раёсати вилояти Хатлон як бозии Раҳмонов аст ба манзури тасарруфи вилояти Суғд. Албатта, ки Қурбон Ҳакимзода дар Хатлон  он қадар дасту пойи кушода надорад ва яккатозӣ карда ҳам наметавонад. Албатта иллаташ фаҳмо аст ва он боз ҳам бар мегардад ба додарарусон ва домоду ҷиянҳои ҷаноби “Пешво” ,ки Хатлон дар дасти онҳо қарор дорад. Идораи комили ҳама бахшҳои муҳимми ин вилоят дар қабзаи оҳанини ин оила мебошад. Масалан фикр кунед Исмоили набераи “пешво” дар Қурғонтеппа бошаду Қурбон Ҳаким онҷо хоҳад тиҷорате кунад? Ҳолашро дақиқан мисли вазири Тандурустӣ мекунанд.  Аз инҷо аст, ки  дар Хатлон аз  «влажит» кардан барои худаш метарсад, чун хоҳем нахоҳем як кадри муваққатӣ аст. Мераваду дар «ватан»-и худаш месозаду хусусӣ мекунад. Хулоса Қурбон Ҳакимзода бо ном дар Хатлон раис аст. Гапи Исмоил, Зоир, Ҳасан, Амрулло ,Муҳиб ва…. лезва аст,на аз Қурбон Ҳакимзода.  Аммо аз нигоҳи дигар пул кор кардан дар Хатлон ва боз дар вилояте,ки зери тасарруфи комили оилаи “пешво” хело кори сангин ва душворе ҳам мебошад.Овардани Қурбон Ҳакимзодаи хуҷандӣ ба Хатлон барои он аст,  ки дар ояндаи наздик раиси вилояти Суғд низ дар ихтиёри «бачаҳакои боло» дода мешавад ва на танҳо УДВ-у УБОП-у КГБ-ву Агентӣ, мудирияти вилояти Суғд ба пуррагӣ ба дасти онҳо мегузарад. Ҳадафи асосӣ ҳамин аст:

«Хуҷандӣ чанд сол аст  ки дар Хатлон раис аст чаро кадри инҷо дар Суғд раис  нашавад?» Хатлон дигар чизе надорад, ки аз тарафи оилаи Раҳмонов захват ё окупироват нашуда бошад. Аммо Суғд ҳоло ҳам ҳаст соҳа ва бахшҳое аз оила нестанд. Бояд дар Суғд аввал раиси вилоят як нафар аз бачакои боло шавад,то окупировати он ҷоҳо осонтар шавад. Муҳим Суғдиёни гиромӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳед ва ҳамеша ҳушёр бошед!

Поёни бахши дуввум,идома дорад бо Ислоҳ бошед ва аз амалҳои ҷиноии дигари Қурбон Ҳакимзода огоҳи пайдо намоед. Ҳар маълумоти ҷиддии дигаре дошта бошед,лутфан онро фиристед,то пас аз таҳқиқ тақдими мардми кишвар намоем.

Share This Article