Тоҷикистон дар арзёбӣ ва рейтингҳои байналмилалӣ
Тӯли сӣ соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон ин кишвар дар тамоми арзёбиҳо ва рейтингҳои байналмилалӣ дар пойинтарин сатҳ мақом доштааст. Чанд соле ҳам, ки ин кишвар бо дастёбӣ ба сулҳ ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва низ доштани танҳо ҳизби динӣ дар густураи шӯравии пешин ҳарфи раҳмат мешунид, онро ҳам ба дасти фано доду дар инҷо низ зери лаъну таън қарор гирифт.
Яке аз арзёбиҳоеро, ки пажӯҳишгарони олмонӣ дар ду соли пеш анҷом доданд, аз он мегуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар васати 13 диктотуре дар саросари олам қарор дорад,18 сол зиёд қудратро дар қабза нигоҳ доштаанд. Бинобар арзёбии ин ҳолу ҳаво ва авзоъ дар мамлакатҳое, ки ин «дарозумртарин президентони ҷаҳон» раҳбарӣ мекунанд, новобаста аз онки бархе аз онҳо саршор аз манобеи табиӣ ва сарватҳои зиёданд, аммо мардуми фақир ва камбағал зиёд доранд ва дар ин кишварҳо фасод, нақзи қонуну ҳуқуқи башар бамаротиб боло аст. Тоҷикистон дар ин феҳрист якҷо бо Экваториалӣ, Гвинея , Камерун, Камбоҷаву Уганда ҷой гирифтааст.
На танҳо ин таҳқиқоти олмониҳо,инчунин созмони “Transparency International” (Шаффофияти Байнулмилал), ки ҳамасола сатҳи фасод дар кишварҳои оламро муайян мекунад, даҳсолаҳост,ки Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари фасодзадатарин дар миёни 180 кишвар ҷой медиҳад. Дар инҷо Тоҷикистон бо Мозамбику Нигерия, Мадагаскар ва Камерун дар як саф мебошад. Густариши фасод ба ин маъно аст ки дар ҷиҳати чилавгирӣ аз он кадом коре сурат намегирад, зеро худи давлат-яъне Раҳмонов бар равнақи он манфиатдор аст. Азбаски ҳукумати Раҳмонов тавассути аъзои оила, хешу табор ва ҳамшаҳриҳояш идора мешавад, касе ҳозир нест, ки як масъули фасодкор-ришвахору порагирро дастгир кунад.
“Густариши фасод дар Тоҷикистон ба ҳадде аст, ки ба иқлим ва муҳити сармогузорӣ таъсири шадиди манфӣ гузоштааст. То кунун ҳеҷ яке аз ширкатҳои бузург ва умуман тиҷорати ҷиддӣ дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягзуорӣ накардааст.”
Бинобар арзёбии созмони “Speedtest Global Index”, ки суръати интернети мобил дар 140 кишвари ҷаҳонро пажӯҳиш кардааст, Тоҷикистон дар соли 2019 дар мавқеи 132-юм қарор дошт вале тибқи охирин раддабандии он боз ба ду зинаи дигар пойин омадааст. Давлатҳои ҳамҷивори Қазоқистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 101 ва Қирғизистон дар ҷойи 111 қарор гирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки арзиши истифодаи интернет ва телефони мобилӣ дар муқоиса бо ин ду кишвар аз 5 то 10 баробар гаронтар аст.
“Як таҳқиқоти дигар тасдиқ мекунад, ки Тоҷикистон дар миёни 20 кишвари олам, ки иқтисод рушд накардааст, ҷой гирифтааст. Дар воқеъ ин маълумотро наметавон ҳатто ба чолиш бикашид. Чунки барои мисол бюҷети давлатии Тоҷикистон солҳо аст ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ, маблағи интиқолии муҳоҷирон ва ҷамъоварии андоз ташкил меёбад. Дар ин бюҷет саҳми амволи содиротии Тоҷикистон тақрибан эҳсоснашаванда аст.”
Агар то солҳои пеш алюминий ва пахта,то 15% даромади бюҷети давлатиро ташкил мекарданд баъд аз онки мудирияти ин ду арса ба дасти Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов гузашт, ин ду соҳаи стратегии кишвар банкрот шуд. Ҳамин ҷинояти бузург кофӣ аст,ки Раҳмонов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Ширкати байналмилалии аудиториву машваратӣ бо номи “Pricewaterhouse Coopers” дар гузориши вижае бо унвони Paying Taxes гуфтааст, ки меъёри умумии андоз дар Тоҷикистон 67,3 % фоизро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад,ки ин омор нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, қариб ду баробар бештар мебошад.
Ин ба он маъност, ки агар як мағоза,тарабхона ва як корхонаи хурди истеҳсоли 100 сомонӣ истеҳсол кард, наздики 70% онро Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун андоз меситонад,ки бағоят ваҳшиёна ва бар тибқи қонуни ҷангал роҳандозӣ шудааст. Яке аз иллатҳои асосии ҳар сол муфлис ва аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва соҳибкорон маҳз ҳамин андози камаршикан мебошад.
“Аз онки Раҳмонов арсаҳои иқтисодро шикасту муфлис кард ва аз онки тӯли ин ҳама солҳо корхонаву ташкилоти истеҳсолӣ бунёд намешавад,роҳи чораро барои пур кардани бюҷет дар баланд кардани андоз ёфтааст. Дар ин раддабандӣ, ки 190 кишварро фаро гирифтааст Тоҷикистон дар шу мори 8 кишвари аз лиҳози андозбандӣ гаронтарин ҷой гирифтааст. Аммо нишондодҳои ин гузориш, сарбории андоз дар Қирғизистонро ба 29 дарсад, Қазоқистон – 29,4%, Узбекистон – 32,1% ва Русия 23–дар сад баробар донистааст, ки дар қиёс бо Тоҷикистон то ду баробар камтар аст. “
Вазъи озодиҳои диниву матбуот, аҳзоби сиёсӣ ва риояти ҳуқуқи башар дар замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон мояи нигаронии ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои демократӣ гаштааст. Раҳмонов аз ибтидои расидан ба қудрат бо ин масоил бархурди хусуматомез ва хашин дошт.
Ин барои ҳама маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов арӯсак ва марионеткаи дасти Узбакистон ва Русия шуда ва бо ин ваъда, ки тамоми нерӯҳои навгарои тоҷикро саркӯб ва нобуд мекунад, қудратро гирифта буд. Вай бо расидан ба қудрат аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои мардумӣ: Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, созмони «Растохез», «Лаъли Бадахшон»-ро басту мамнӯъ эълон кард. Ҳамин тавр нашрияҳои мустақил ва озодандеши «Сухан», «Чароғи рӯз», «Адолат» , «Ҳафтганҷ» , «Наҷот» , «Ҷоми ҷам» баста шуда алайҳи кормандони он парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ҳам ин нашрияҳо ва ҳам хабарнигорони онҳо бо иттиҳомоти “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ”, “барангехтани низоъи байни халқу миллатҳо”, “даъват ба сарнагунии ҳокимият” ва амсоли инҳо муттаҳам хонда шуданд.
Беҳуда намегӯянд,ки неши ақраб на аз раҳи кин аст. Солҳо баъд низ Раҳмонов ба ин амали саркӯбгаронаи худ идома дода нашрияҳои мустақили
“Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Оламу одам”-ро ҳам яке пайи дигаре бо ҳар сабабу баҳона манъ кард. Яке аз нашрияҳои дигар, ки аз дасти чоп афтод “Нигоҳ” буд, ки онро ҳам имкони нашру табъ надоданд. Бо гузаштаи инак шаш сол, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода се нафар аз сардабирони пешини нашрияи “Наҷот”-органи чопии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамоно дар зиндон ҳастанд. “Озодагон” аз охирин ҳафтаномаҳои чопи Душанбе низ ба фишор ва мудохилаи мудаввоми ниҳодҳои қудратӣ ва идеоложии Раҳмон тоб наёвард ва саҳнаи матбуотро тарк гуфт.Аз инҷо аст ки «Хабарнигорони бидуни марз»- як созмони байналмилалӣ Тоҷикистонро дар шумори 20 кишвари саркӯбгари озодии матбуот қарор дода ва Эмомалӣ Раҳмоновро дар шумори роҳбарони «душманони матбуот» дохил кард.Ва, Тоҷикистон бо онки «бадтарин кишвар» барои фаъолияти хабарнигорӣ муаррифӣ шуд, ҳамасола дар ин арзёбиҳо мавқеи пойинтарро касб мекунад ва ҳоло дар зинаи 182 қарор дорад. Ин дар ҳоле, ки Тоҷикистон то омадани Раҳмонов дар шохиси озодии баён ва матбуот дар қаламрави шӯравии пешин дар мақоми аввал қарор дошт.
Яке дигар аз сиёсатҳои иштибоҳӣ ва беш аз ин зиддидемократии Раҳмонов вобаста ба баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон аст.
То ҳамин акнун ҳеҷ яке аз интихоботҳое, ки дар замони Раҳмонов дар Тоҷикистон доир шуд аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ пазируфта нашудааст. Зеро Раҳмонов ҳамеша бо тақаллуб худро пирӯз эълон кардааст. Дар интихоботи соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов, рақиби Эмомалӣ Раҳмонов баранда шуда буд,аммо Раҳмонов худро ғолиб эълон кард. Ҳамин тавр , то ба имрӯз бо тақаллуб ва найрангу фиреб қудратро дар дошта истодааст.
Раҳмонов обрӯ ва ҳайсияти давлати Тоҷикистон ва ҳамин тавр мардум ва миллати бо собиқаи тӯлонии таърихӣ ва мутамаддинро дар баробари дунё дорад мерезонад. Вай вақте аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ пул дарёфт мекунад, бо ҳазору як макру хидъа талош мекунад, ки дар доираи талабу дастураш амал кунад.
“Аммо вақте Созмони Милали Муттаҳид ва гуфт, ки Тоҷикистон ба унвони узви ин созмон ва ба унвони кишваре,ки муоҳада ва конвенсиюнҳои онро имзо ва эътироф кардааст,бояд ба таааҳудоти худ пойбанд бошад ва Муҳаммадалӣ Ҳайит,муовини раиси ҲНИТ, Зайд Сайид, вазири қаблии саноати Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи тоҷик, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи ҲДТ, мунтаҳо зиндониҳои сиёсиро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад, гӯш фаро надод.”
На танҳо ин маврид, балки даҳҳову садҳо мавориди дигар аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони як раиси ҷумҳурии диктотур ва тоғут бо мардуми худаш муносибат ва бархурди аҷнабиёна ва душманона мекунад. Ҳамин ,ки дар тамоми умури дину диёнат ва ҳатто ҳарими хусусии шаҳрвандон мудохила ва таарруз мекунад,бар фарзи мисол манъ кардани ба истилоҳ никоҳи хешу таборӣ, дар ҳоле,ки дини мо никоҳраво ва никоҳнораворо мушаххас кардааст ва баракси ойини мо бо қонун ба иҷора додани бачадони як зан ба як нафари дигарро иҷоза додааст,бори дигар тасдиқ мекунад,ки вай ҳамин ҳоло ҳам «арӯсак» ва «марионетка»-и хориҷиҳост. Барои Раҳмонов шумори ҳамҷинсгароҳо ҳарчи қадар биафзояд,мушкил ва масъала нест вале вай аз онки ҷавони 18-сола ба масҷид биравад, падару модар фарзанди хурдашро обдасту намоз биёмӯзонад мушкил ва ваҳшат аст.
Ҳамин СММ ва ҳамин хориҷиҳо ба шумули Амрико борҳо аз шароити хафақон ва буғикунандаи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод карданд. Дар арзёбии ахири худ вазорати хориҷии Амрико Тоҷикистонро дар иртибот ба мурооти умури дин дар шумори кишварҳи «мояи нигаронии хос» ба қалам дода ва гуфта буд, ки Раҳмонов бо баҳонаи мубориза бо тундгароӣ рақибони сиёсии худро таҳти таъқиб қарор додааст.
Поёни бахши панҷуми “Сӣ соли истиқлол бо як Диктатор” бахши шашум ва фарҷоми ин силсила мақолот охирини ин силсила мақолот мебошад. Бо “Ислоҳ” бошед!