Коррупсионерҳо Агентии суғуртаи иҷтимоиро ғорат доранд,идомаи он эътирози саросариро ба бор меоварад!
Ман як нафар собиқ корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон мебошам. Давлатзода Дилмуроди Ашурбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2019 ба ин сӯ дар ин вазифа кор мекунад. Ӯ як инсони кинагир аст. Аз рӯзи омаданаш ба ин вазифа муовинони худро дар ҳол иваз намуда аз паи «шикор»-и худ шуд. Ҳоло муовини якуми ў Файзализода Назаралӣ ва муовини дигараш Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷоновна мебошанд.
“Давлатзода Дилмуроди Ашурбек нахустин раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯро барои баҳсҳои бархоста дар атрофи беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе аз ин мақом барканор карда буданд. Кормандони Палатаи ҳисоб санҷиш доир карда 1.5 миллион сомонӣ пули дуздиро ошкор мекунанд. Аммо бо супориши Давлатзода пинҳон медоранд. Аммо он дигарбора аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо коррупсия ошкор шуд ва Призидент ҳам дар чандин баромадҳояш ҳамин масъаларо гуфта буд. Агарчанде баъди ин воқеа ӯро аз вазифа мегиранд аммо бинобар данғарагӣ буданаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. ”
Давлатзода Дилмуроди Ашурбек аксар ҷиноятҳояшро бо воситаи муовинонаш анҷом медиҳад. Вақте ба кор оғоз кард ба Файзализода супориш медиҳад, ки сардорони Раёсатҳои шаҳру ноҳияҳоро ротатсия кунад. Бовар кунед, ротатсияҳояш як сол ҳам давом намекунад. Дар як сол дар як вазифа се касро ҳам иваз мекунад. Файзализода сардорони Раёсатҳоро яке-яке даъват карда таҳдид мекард, ки «аризаатро навис, басайта кор кардан».
Он сардори Раёсате, ки мепурсид бо чӣ сабаб ариза нависам? Дар ҷавоб боз ҳам таҳдид мекард, ки «ривизя ташкил кунумта камбудит зиёдай».
Баъзе сардорони Раёсатҳо бо додани пора ба дигар вазифаҳо мегузаштанду баъзеашон ночор корро партофта рафтанд. Масалан, Ҳакимов Абдураҳмонро аз вазифаи сардори Раёсати сиёсати нафақа ба вазифаи сардори Раёсати таҳлили талаботи нафака мегузаронанд. Баъди ду моҳи кор фишорҳо меорандаш аризаашро навишта меравад. Қосимзода Сулаймонро аз вазифаи Сардори маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ озод карда ба вазифаи сардори Раёсати таҳлили талаботи нафақа мегузаронад. Се моҳ кор карда ва баъдан ба директори Агентӣ Давлатзода Дилмурод робита барқарор карда харочоти оилавии директорро ба ӯҳда мегирад ва сардори ММБИ шаҳри Душанбе таъин мешавад.
“Сардори Раёсати аудити дохилӣ Давлатов Доробшоро аз вазифааш гирифта ба вазифаи сардори Раёсати бюҷет таъин карданд вале баъдтар болояш фишор оварданд, аризаашро нависонда аз кор рафт. Бовар кунед, мутахассисоне, ки таҷрибаҳои зиёде доштанд, ҳама аз кор рафтанд.”
Файзализода ҷиянашро сардори Раёсати аудити дохилии Агентӣ таъин карда ва ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (АСИН)-и ноҳияи Панҷакент барои санҷиш равон мекунад. Ӯ аз сардори РАСИН-и Панҷакент 50.000 сомонӣ талаб мекунад. Сардори РАСИН-и Панҷакент ин пулро пайдо карда наметавонад ва ягона илоҷро дар худкушӣ мебинад ва худро ба дор меовезад.
Писари Файзализода дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад. Ҳамкурсаш прокурори ноҳияи Панҷакент будааст. Танҳо бо аз кор озод кардани чанд нафаре ҳодисаро хомӯш мекунонанд ва баъди ин ҳодиса Файзализода дар назди директор беобурӯ мешавад. Баъдан директор ба ӯ эътимод намекунад . Ӯро ба наздикӣ аз кор гирифтанд.
“Баъди ин ҳодиса одами бовариноки директор Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамчоновна мешавад. Ин Ҷамила як офати тайёр аст. Синни ӯ аз 50 гузаштааст, шавҳар накардааст. Аломати бешавҳарию бе фарзандиаш бошад, ки ба касе раҳм накарда кадом вақтҳое, ки хумораш мегирад, кормандонро ҷанҷол карда ҳолати кориашонро вайрон мекунад. Забони тоҷикиро намедонад, бо забони русӣ гап мезанад.”
Як рӯз, як нафар корманди аудити дохилӣ, ки номаш Давлат буд ва ҳамин Ҷамила ӯро аз кор ронда буд, ба назди собиқ ҳамкоронаш ба чи коре меояд, ки Ҷамила ӯро мебинад. Ғавғо бардошта ӯро аз коргоҳ меронаду ҳамон шахсоне, ки бо ӯ гап мезаданд, онҳоро ҳам ба худ душман шуморида ҷанҷоли хеле зиёд мекунад.
Ҷамила Уктамҷоновна Агентиро ба як ботлоқи фасод ғӯтавар ва кормандонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст: одамони директор ва одамони муаллима, яъне одамҳои худи Ҷамила. Боқимонда кадрҳоро, ки бесоҳибанд, Ҷамила аз кор меронад. Бовар кунед, баъзеро аз кор меронад,ки худи корманд хабар надорад. Кор то ҷое расидааст, ки кормандон байни худ мегӯянд:- саҳар ба кор омадед, даратонро кӯфта дароед, ки дар ҷоятон каси дигарро шабона фармон бароварда мегузоранд. Масалан: котибаи худашро, ки Дилрабо ном дошт, дар вақти дар рухсатии меҳнатӣ буданаш ғайриқонунӣ фармонашро бароварда аз кор мегирад. Баъд аз рухсатӣ Дилрабо меояд, ки ӯро аз кор ҷавоб додаанд. Ӯ шикоят мекунад. Аз онки кадом хешашон дар Кумитаи амният кор мекардааст дар ҳол боз «востановит» мекунанд. Дилрабо чанд моҳкор мекунаду худаш баъдтар корро бас карда меравад. Мисоли дуюм сардори Раёсати кадрҳоро, ки коронавирус мешавад, дар вақти беморияш аз кор озод мекунад. Ӯ ҳам шикоят карда муваффақ мешавад, ки корашро барқарор кунад ва ба кор бармегардад. Баъдтар худаш корро бас карда меравад. Ҷамила Уктамҷонова дар атрофаш аз собиқ кормандони нафаронеро ҷамъ карда онҳоро ба манфиати шахсиаш истифода мекунад. Аммо онҳо аз соҳа хеле дур мондаанд.
Масалан яке аз онҳо Насков Дилшод, сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Насков Дилшод чандин сол дар ин Раёсат кор карда то ба мақоми сардори Раёсат омадааст. Дар солҳои роҳбарии Сафаралӣ Наҷмиддинов дар вазифаи сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ кор мекард. Камбудии корҳои ӯ бениҳоят зиёд аст. Масалан соли 2013 дар 1,7-миллион сомонӣ таҷҳизот харидорӣ кардааст, ки то ба ҳол касе онҳоро кор фармуда наметавонад ва номҳои онҳоро ҳам касе намедонад. Аз ин таҷҳизот дар ҳар Раёсат мавҷуд аст, аммо мутаассифона истифода намешаванд. Пештар аз ин як намуд компютерҳо оварда буд, ки баъди як сол ҳамаашон аз кор баромаданд. Дар аввал мегуфт литсензияашон тамом шудаасту боз фаъол мешаванд вале то ба ҳол кор намекунанд. Ҳамаи кормандони Агентӣ ин ҳодисаҳоро медонанд. Як сол пеш Агентиро ба бинои нав кӯчониданд. Дар собиқ бинои Амонатбонк, назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Насков Дилшод ( холаи ҳамакора) мехоҳад, ки инҷо ҳам пули зиёде кор кунад. Бо ин мақсад назди роҳбари корхонае, ки хати сигнализатсия мегузаронад (ин корхона дар назди аэропорт мебошад) барои маслиҳат меравад. Ба онҳо пешниҳод мекунад, ки бинои мо сигнализатсия дорад, ба мо ҳуҷҷат дихед, ки аз нав гузарондаем, ҳақатонро медиҳам. Хушбахтона роҳбари ин корхона ба пешниҳоди Дилшод розӣ намешавад. Барномае, ки рақами инфиродии суғуртавӣ (РИС) медиҳад аз соли 2009 то ба ҳол ба танзим дароварда наметавонад. Масалан як шахс якто РИС дошта бошад, ки дар он саҳмҳои суғуртавӣ то ба нафақа баромаданаш ҷамъоварӣ мегардад, барномаашон се то ҳам РИС медиҳад. Тартиби додани рақами РИС-ро дар ноҳияҳо ҷорӣ карда наметавонад. Барои як рақами РИС бояд ба марказ муроҷиат шавад, ки дар як моҳ як маротиба командон ба марказ мераванд.
“Собиқ директори АСИН Сафаралӣ Наҷмиддинов дар маҷлиси ҷамъбастӣ Насков Дилшодро мехезонаду бисёр гапҳои сахт мезанад ва аз толор ҷавобаш медиҳад. Се сол, то омадани ҳамин Ҷамила Уктамҷоновна бекор мегардад. Ҷамила Уктамҷоновна ӯро дубора ба кор даъват мекунад.”
Дар ҳамон вақтҳо -аниқтараш соли 2018 буд, Барномаи рушди ислохоти нафақаи Аврупо барои таҷдиди низоми нафақаи Тоҷикистон 7-миллион евро ҷудо кард. Системаи пешниҳодкардаи онҳо хеле корро осон мекард ва як сол мешуд, ки онҳо барои азнавбинӣ кор мекарданд ва мебоист низоми нафақа ба он мегузашт. Барои мисол як тарҳе дар таркиби ин барнома буд, ки вақте бознишаста муроҷиат мекард бо ворид кардани рақами РИС дар барнома дар як лаҳза ҳамаи маълумотҳоро ҷамъоварӣ карда нафақаашро бо таври автоматӣ муайян мекард. Ҳисоботҳое, ки корхонаҳо месупориданд онроҳам электронӣ карда буданд. Муҳосибон ҳисоботҳои АСИН (пенсиони фонд)-ро аз корхонаашон равон мекарданд. Яъне хело сатҳи коррупсияро дар соҳа паст мекард. Маҳз ҳамин Ҷамила Уктамҷонова ва Насков Дилшод сардорони Раёсатҳоро маҷбур месозанд, ки гузориш диҳанд, ки ин барномаҳо камбудӣ дорад ва дар мо намешавад. Дар ҳоле, ки ҷаҳон тағйир кардаву идораҳои Омор, Андоз, Молия ҳисоботҳоро электронӣ қабул мекунанд Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад бо ҳамон системаи кӯҳна кор мекунад. Насков Дилшод ва Қосимов Сулаймон ба Ҷамила Уктамҷонова ва директор маслиҳат медиҳанд, ки нафақаро бояд марказҳо таъин намоянд. Дар сурате, ки як бори дигар ҳамин корро таҷриба карда буданд ва ҳеҷ натиҷаи хубе надода баракс муҳлати муроҷиатҳои шаҳрвандон 5-6 моҳ тӯл мекашид. Аммо ин кор ба манфиати якчанд нафар ба мисли сардори маркази минтақавии шаҳри Душанбе Қосимов Сулаймон мебошад. Маслиҳат медиханд, ки муҳосиботро мутамарказ кунем ва аз Раёсатҳои шаҳру ноҳияҳо муҳру штампҳоро ҷамъ карда гирем. Фармон бароварда ҳамин тавр ҳам мекунанд ва аз чор ноҳияи Душанбе мӯҳру штампҳоро мегиранд. Садҳо нафар ҳамаруза барои маълумотномаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Онҳоро бе мӯҳр намешавад ҷавоб дод. Саросемавору шармандавор боз фармон мебароранд, ки ҳамон пункти фармони қаблӣ, ки ҷамъ намудани мӯҳру штамп буд, бекор карда шуда боз ба Раёсатҳо баргардонида шавад.
” Аз 01.04.2020 нафақаҳои суғуртавиро ММБИ-ҳо таъин менамоянд. Сироҷов Усмоналӣ, сардори Маркази минтақавӣ- баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ одами Ҷамила Уктамҷонова мебошад. Шахсонеро, ки аз ин соҳа дуранд, барои таъини нафақа ва андухти нафақавӣ масъул мондааст. Вақте аз ноҳия мутахассисон ҳуҷҷатҳои нафақахуронро барои гирифтани нафақа ва андухти нафақавӣ мебаранд , аз онҳо пул талаб мекунанд. Агар надиҳӣ бо ҳар баҳонае ҳуҷҷатҳоро мегардонанд, ки мӯҳлати муроҷиати шаҳрвандон зиёдтар тул мекашад. Боз дар як моҳ ду маротиба ҳуҷҷатҳоро қабул мекунанд. Дар ҳоле, ки як маротиба муроҷиат шуд андухти нафақавиро ҳам бояд диҳанд.”
Масалан се маротибае, ки Фармони Президент барои зиёд намудани нафақа мебарояд, танҳо барои нафақахуроне, ки кор намекунанд тааллуқдорад. Агар нафақахуре , ки дар ҳақиқат кор намекунаду дафтарчаи меҳнатиаш дар ҷои кораш мондааст, баъди чанд соле ҳам гузашта бошад муроҷиат карду дафтарчаи меҳнатиашро овард, ки дар ҳақиқат кор намекунад ӯ ҳуқуқи бозҳисобӣ аз рӯзи Фармони Президентро дорад.
Аммо инҳо аз ҳамон рӯзи муроҷиаташ бозҳисобӣ мекунанд. Боз ҳисобии соли 2020-ро бо пешниҳоди Насков Дилшод расво карданд. Чунки на ҳамаи нафақахуроне, ки ҳуқуқ доштанд бозҳисобӣ карданд. Масалан маъюбоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегирифтанд, нафақапулии онҳоро зиёд накарданд. Нафакахуроне, ки аз корҳои зарарнок нафақа баромада буданд (спискаи 1 ва 2) нафақахӯроне, ки то 01.01 2017 нафақа баромада буданд, яъне бо қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони ҶТ» нафақа мегирифтанд, тибқи ҳамин қонун маҳдудият буд. Яъне нафақааш 2.000 сомонӣ ҳам мешуд, ӯро намедоданд. Ҳар соле, ки фармони Президент мебаромаду ҳади ниҳоии нафақа баланд мегардид бо таври автоматӣ ҳамон маблағе,ки дар захираи нафақахӯр буд ба ҳади ниҳоӣ бурда мешуд. Ҳади ниҳоӣ 620, баъд 750, баъд 850 ва ҳозир бошад 977,5 сомонӣ мебошад. Ҳамин бозҳисобии охирон нафакахуре, ки захира дошт 977,5 накарданду дар болои маблағи нафақааш 30 сомонӣ ҷамъ карданд, яъне мухолифи Фармони Президент бозҳисобӣ нанамуданд 850+30=880. Дар ҳоле, ки онҳо ин қадар сол маблағашон дар Агентӣ захира шуда истода буд.
“Нафақаи иҷтимоӣ ( яне нафаре, ки кор накардаасту синнаш ба нафақа расид) тибқи фармони Президенти ҶТ аз 01.09.2020 60% -и ҳади ақали нафақаи минималиро мегиранд, яне 124,2с ( нафақаи ҳадди ақал 207сомонӣ мебошад). То давраи 01.09.2020 нафақаи иҷтимоӣ 108 сомониро ташкил медод. Насков Дилшод иҷозат надод, ки нафақаҳои иҷтимоии 108 сомона 124,2 шаванд. Ӯ дар семинар гуфт, шахсоне, ки баъд аз 01.09.2020 ба нафақа мебароянд, фақат ҳамонҳо 124,2 сомонӣ мегиранд. Нафақахурон ду намуд нафақаи иҷтимоӣ мегиранд:- 108 ва 124,2. Ин ғайри қонунӣ мебошад. Бояд мутобиқи Фармон ҳамаи нафақаи иҷтимоӣ 124,2 сомонӣ бошад, ки ин 124 сомонӣ чи мешавад. Шумо фикри захираи маблағи нафақаро мекунед? Ҳаргиз на. Маблағи нафақа мерасад.”
Шумо маблағҳои нафақаро дар дигар самтҳо низ сарф мекунед, ки инашро инҷо намегӯям. Агар нафақаи мардумро дуруст бозҳисобӣ карда надиҳед. Ҳамчунин нафарон метавонанд ба суд муроҷиат намоянд ва маблағҳое, ки Насков Дилшод иҷозат надод, ки бозҳисобӣ кунанд рӯёнида гиранд. Дилшод ягон далели қонуние надорад.
Дар семинаре, ки барои зиёд намудани нафақаҳо дар соли 2020 доир шуд, Искандаршоҳ, яке аз мутахассисони шинохтаи соҳаи нафақа, ки дар Раёсати Агентии шаҳри Кулоб кор мекунад хеле зиёд бо Дилшод бахс намуд. Дар охир Искандаршоҳ рӯирост гуфт, ки дастурламали ту ба қонун мухолифат дорад. Ҷамила Уктамҷонова, сардори минтакаи Кӯлобро хезонда гуфт, ки «туӣ роҳбар ё вай, савол надиҳад дигар». Ва, ҳамин тариқ нагузоштанд, ки ҷамъомадагон саволҳои худро бидиҳанд.
Имрӯз ҳам мехоҳанд ин бозҳисобии соли 2021-ро низ ҳамин тартиб ҷазир намоянд. Чунки ягон мутахассиси соҳаро дар наздашон надоранд. Бо фармони Президент бо бозҳисобии соли 2021 танҳо нафақаи маъюбон зиёд мешавад. Имсол ҳам ҳилла карда истодаанд. Маоши нафақахӯрони дар асоси қонуни пештара (қонун «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони ҶТ» ) таъиншударо, ки аксарият мутобиқи ҳамин қонун нафақа мегиранд, зиёд намекунанд. Ҷиноятҳои Дилшод Насков хело зиёданд. Ӯ як мутахассиси технология аст, ки то ҳол як барномае, ки бо РИС кор карда шавад, дуруст карда наметавонад. Доим дар сиёсати нафақа кордор мешавад, ки ба ихтисоси ӯ ҳеҷ рабте надорад.
Имсол бо фармони Президент ба Насков Дилшод ва Хуррамов Ҳусейн бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ медали Шараф дода шуд. Дар АСИН ҳама ҳайрон монданд, ки ба инҳо чи тавр медал доданд, ки ҳамин Дилшод соҳаро ба нестӣ расонда истодааст. Хуррамов Ҳусейн бошад дар АСИН-и вилояти Хатлон кор мекард. Соли 2020 ба Агентии марказ оварданаш. Баъди 3-моҳи кориаш муовини сардори Раёсати АСИН ш. Душанбе таъинаш карданд. Тамоман савод надорад. Бовар кунед карат (ҷадвали Пифагор) -ро намедонад. Ба наздикӣ озмуни корӣ (аттестатсия) гузашт, чизе ҷавоб дода натавонист. Саволаш медиханд, ки ҳадафхои стратегии давлатро номбар кун, дар ҷавоб мегӯяд ҳадафҳои стратегӣ чи буд. Ин бесаводҳоро ки ба ин ҷоизаҳо пешниҳод карда бошад…..
Ба наздикӣ мусоҳибаи Давлатзода Дилмурод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо рузноманигори «Садои Мардум» (шумораи ҷумъа 13 августи 2021) таҳти сарлавҳаи « Нафақахӯрӣ корношоямӣ нест» ба чоп расид, ки бесаводии Давлатзода ва нафари дур аз ин соҳа будани ӯро нишон медиҳад. Мо, аз ӯ ва аз онҳое, ки ӯро ба ин мақом таъин кардаанд, пурсиданием, ки чи тавр нафақахӯрӣ корношоямӣ нест. Зеро нафақахурон ҳама корношоям мегарданд, пир мешаванд, маъюб мешаванд. Чи тавр онҳо корношоям нестанд? Онҳое,ки ба нафақа мебароянд,ба иллати корношоямӣ ва пирӣ, ки он ҳам касро корношоям мекунад, бознишаста мешаванд. Худи ҳамин гапи ӯ то чи андоза дар ин арса номутахассис ва бодовардаву селоварда будани ӯро тасдиқ менамояд.
Барои онки хонанда ва бинандаи Шумо аз сатҳи саводу ихтисоси соҳавии Давлатзода Дилмурод огоҳ шаванд ин мусоҳибаро инҷо меоварам ва дар зимн шарҳ ҳам медиҳам:
То ҷое иттилоъ ёфтем, АСИН назди ҲҶТ барои ворид кардани тағиру илова ба якчанд қонуни амалкунандаи соҳа таклифу пешниход кардааст. Мухтавои онро шаҳр диҳед.
-Ба ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки аз такмили қонунгузории соҳа маншаъ мегирад, Ҳукумати ҶТ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Маълум аст, ки соҳа рукни асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва бояд ҳамқадами замон бошад….
Оё зарурат ба миён наомадааст, ки сину соли нафақа дар мамлакат бознигари шавад?
-Нисбат ба тағири синну соли баромадан ба нафака бошад, АСИН соли 2020 бо назардошти фикру мулоҳизаи ва пешниҳодоти нафакагирон чунин иқдом гирифта буд, ки мутаассифона аз ҷониби баъзе аз вазорату идораҳо дастгирӣ наёфт. Вобаста ба он ки ҳоло шароити зисти шаҳрвандон нисбатан беҳтар гардида, заминаи асосии дарозумрии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, масъала дар солҳои наздик бори дигар таҷдиди назар хохад шуд.
Посухи дурӯғ:
Дурӯғ мегӯед ҷаноби Давлатзода . Ягон нафақахур ба ғайр аз шумо барин вазирони гушнае, ки намехоҳед аз вазифа равед, барои сину соли нафақаро боло бурдан пешниҳод намекунад. Шароити киро дар назар доред, ки беҳтар шудааст? Халқи оддӣ қашшоқтар шуда истодааст. Бозори истеъмолиро боре муқоиса кунед.108 сомони нафақаи иҷтимоӣ, ки медиҳед, чи мешавад? Як равғани 5литра 130 сомонӣ мебошад. Ба кадом чашм Шумо дида истодаед, ки шароити мардум хуб шуда истодааст. Худи ҳамин Давлатзода рӯзҳои қабул шахсан нафақахӯронро қабул намекунад, чунки шикоятҳо зиёданд, муовинонаш ҳам қабул намекунанд, аз мардуми ба дод омада мегурезанд, панаҳ мешаванд. Сардорони Раёсатҳоро мефиристад барои кабули шаҳрвандон вале худаш ба ҳар баҳонае аз қабул мегурезад.)
Бисёриҳо бар он назаранд, ки нафақаи онҳо ниҳоят кам аст? Сабаб чист?
-…Шукр мекунем, ки душвориҳои баъд аз ба даст омадани истиқлолият дар соҳаи таъмини нафақа ба миён омада, аз ҷумла то ду сол вуҷуд доштани қарзи нафақаро дар баъзе аз манотиқи кишвар бартараф намуда, кушиш мекунем онро марҳила ба марҳила баланд бардорем. Агар тӯли панҷ -шаш соли қаблӣ имкониятҳои молиявии мо барои баланд бардоштани нафақаи шаҳрвандон маҳдуд буду афзоиши нафақа ба назар намерасид, пас таи ду соли охир бо супориши Пешвои миллат тавонистем нафақаи қишри нисбатан осеппазири ҷомеъа, маъюбонро баланд бардорем ва нафақаҳои суғуртавиро индексатсия намоем.
Посухи дурӯғ:
Бюҷети АСИН нисбат ба дигар корхонҳо бойтар мебошад. Чунки нафарони зиёде 20-30 сол кор мекунанду саҳмҳои суғуртавиро месупоранду ба сини нафақа нарасида аз олам мегузаранд. Дар сурати надоштани фарзандони ноболиғ онҳо ягон хел кумакпулӣ ва нафақа намегиранд. Ҳол онки солҳои зиёде онҳо андози иҷтимоӣ супоридаанд. Маблағҳои захирагардидаро Шумо барин роҳбарони бе виҷдон аз як супориши боло тарсида ба бонкҳо ба сифати пасандози калоне мегузоред. Таҷриба нишон дод, ки аз бонкҳо ба мисли Тоҷиксодиротбонк, Тоҷпромбонк амонатҳои зиёди агентиро гирифта натавонистанд. Дар иваз аз ноҳияҳои дурдаст ҳамон биноҳои фермаҳое, ки аз даври шуравӣ валангор шуда мерос мондааст бо нархҳои ҳангуфте гирифтаанд, ки онҳо ба касе лозим нест. Маблағи нафақаро ба чунин тарз несту нобуд мекунанд ва аз ин ҷо аст, ки нафақахури бечора ба маблағи 200-250 сомонӣ нафақа мебарояд. Шумо мегуед «дар панҷ-шаш сол афзоиши нафака ба назар намерасид» .Чаро дурӯғ мегуед? Ба гуфти шумо маҳз дар солҳои роҳбарии Шумо нафақа боло рафта истодааст. Дар он панҷ-шаш соли қаблӣ 25-30 сомонӣ ҳамаи намуди нафақа боло мерафт, аз они ҳама баробар зиёд мешуд, шикоятҳо кам буд. Шумо мегӯед, нафақаҳо маъюбиро зиёд карда истодаем. Ҳол онки на ҳамаи категорияи нафақаҳои маъюбиро зиёд мекунед. Боре Шумо мисли мо мутахассис шуда шикоятҳои мардумро бишнаведу бубинед. Яке худамро дар об мепартоям бо ин нафақаатон, яке худамро оташ мезанам ину он мекунам, зиндагиам намегузарад гуфта норозӣ мераванд. Ҳама аз нафақаи мегирифтаашон норизоанд. Чи тавр ношармида мегӯед некӯаҳволии мардум хуб шуда истодааст? Нафақаҳои суғуртавиро дар се сол як бор индексатсия карда истодаед. Ҳол онки тибқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҳар сол нафақаҳои суғуртавӣ бояд бозҳисобӣ карда шаванд.
-Дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ва Осиё нафақа якбора бозҳисобӣ мешавад. Оё ин таҷриба қобили дастгирӣ ҳаст?
-Чунин таҷриба дар кишвари мо ҳам ҳаст. Маблағи андухти нафақавӣ, ки ҳамчун андози иҷтимоӣ- инфиродӣ бо меъёри як фоиза аз музди меҳнати шаҳрвандон гирифта мешавад, якбора ба шаҳрванд дода мешавад.
Посухи дурӯғ:
Бесаводиро бинед, ки журналист савол медиҳад, ки маблағи нафақа якбора бозҳисобӣ шуданаш қобили дастгирӣ ҳаст? Ин бесавод аз мавзӯъи тамоман дигар, аз андухти нафақавӣ нақл дорад. Андухти нафақавӣ аз бозҳисоби нафақа хеле фарқ дорад. Ҳамин андухтро ҳам якбора намедиҳед. Ариза, дархост, дафтарчаи нафақавӣ, маълумотномаи ҷои зист гуфта нафақахурро саргардон мекунед. Ҳол онки як маротиба барои ба нафақа баромадан ҳамаи ҳамин ҳуҷҷатҳоро месупорад. Камаш дар ду моҳ ҳолатҳое пеш меояд, ки шаш моҳ пас андухти нафақаашро мегирад. Шумо агар ҳамон барномаи дар боло зикргардидаро қабул мекардед, дар ин сурат якбора нафақаро бозҳисобӣ карда метавонистед.
Ман ҳамчун мутахассис бовар дорам дар 10 соли оянда низ Шумо бо ин Насков Дилшод чунин барнома сохта наметавонед. Чор сол гузаштаст аз ваъдаи Дилшод, ки мо худамон месозем чунин барномаро, Аммо ку ва кай?…..
Давлатзода Дилмурод кист?
ДАВЛАТЗОДА ДИЛМУРОД АШУРБЕК, 16 майи соли 1960 дар Данғара таваллуд шудааст. Соли 1983 шӯъбаи иқтисодии ДМТ-ро тамом кардааст. Номзади илми иқтисодӣ.
Аз соли 1983 то 1991 дар Раёсати молия и вилояти Қурғонтеппаи собиқ ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Солҳои 1991-1993 сардори Расати молияи ҳукумати Қурғонтеппа будааст. Солҳои 1996-1998 Муовини аввали Кумитаи андози вилояти Хатлон ва ҳамин тавр боз сардори Раёсати молияи Қурғонтеппа ва солҳои 2000-2001 дар Дастгоҳи иҷроияи Раёсати ҷумҳурӣ дар шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сипас аз соли 2001 то 2007 дар мақоми ҷонишини сардори Раёсати Кумитаи давлатии назорати молиявии вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 2008-2010 мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Раёсати ҷумҳурӣ таъин мешавад. Аз 2010 то 2012 дар мақоми директори Агентии хариди давлатии амволи Тоҷикистон кор мекунад. Аз 2012 то 2017 Раиси Палатаи ҳисоб ва сипас устоди Донишгоҳи славянии Душанбе ва дар моҳи майи соли 2019 директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъин мешавад.P
Ps: Нахуст аз ин корманди бо шарафи ин соҳа изҳори сипос менамоем,ки ҳама он паҳлуҳои пӯшидаи ин соҳаи бе ниҳоят муҳимми ҳаётиро ошкор намуданд. Агар ба ин ҳолат вазъият идома пайдо кунад режими сохтаи “оилашумул”и Раҳмоновро дақиқан ҳамин нафақахурони ба ҳоли зор монда дар ҳолатҳои вахим барканор мекунанд. Нафақахурон,маъюбон ва… бо ин вазъ дигар тобу тоқат намекунанд ва чуноне мутахассиси соҳа баён доштанд,ки аз ночори ва ғорат ва фасод дар ин соҳа мехоҳанд ба худкуши дастзананд. Агар ҳама нафақахурон ҷамъшуда ба эътирози саросари бароянд оё режим онҳоро мекушад ва хоин эълон мекунад? Ин саволест бояд ба он ҳукумати “оилашумул”и Раҳмонов биандешад.Мо гуфтему шумо шунидед!