(бахши севвум )
Эълони қатъи ҳамкорӣ бо КДАМ ва ВКД ҷиҳати таҳқиқи куштори шаҳид Гулбиддин Зиёбеков аз тарафи намояндагони гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28 ноябри соли ҷорӣ дар Хоруғ Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-ро ночор кард, ки аз мавқеи таҳдид ва қулдурӣ дар баробари мардуми Бадахшон даст кашад.
Изҳороти ахири нашршуда тавассути Прокуратураи ВМКБ дар асл изҳори бечорагиву пушаймонии Саймумин Ятимов дар баробари ирода ва устуворӣ ва истодагарии мардуми Бадахшон аст. Як рӯзи қабл буд, ки СС.Ятимов бо намояндагони гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28-и Хоруғ хеле ҳам назарногирона ва таҳқиромезу тунду тез сӯҳбат карда онҳоро тарсонидан хост, ки дар шаҳратон «спетсоператсия» мегузаронам. Аммо, акнун дар ин изҳорот аз он дӯғу дағдаға нишоне нест, балки оҷизона иқрор мекунад: «намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ баҳри ба эътидол овардани вазъият кумак карданд» ва ба онҳо изҳори сипос мекунад. Ва, мегӯяд, ки тафтишотро муштаракан идома хоҳанд дод.
“Аммо дигар дер кардааст. Пули робитаро шикастааст. Намояндагони гирдиҳамоӣ дар як навори видеоӣ ба Ятимов посух дода ӯро сари ақлу ифоқа овардан хостаанд. Ва чӣ посухе доданд? Гуфтанд, ки мардуми Бадахшон кадом «саркарда» ва «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» надоранд. Ин ба ин маъност, ки ту ғалат мекунӣ, ки моро чапу рост «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» муаррифӣ карда истодаӣ! Ту номаъқул кардаӣ!”
Чаро, ки ин мардум қонунписанданд ва кору амалашон дар чавкоти қонунҳост. Гуфтанд, ки онҳо дар ватану хонаву манзили худ ҳастанд ва гуфтанд, ки бори гардани касе нашудаанд. Онҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди онки харгӯшвор ва оҳусон қир шуда истодаанд, тааррузе, зӯргӯие, қонуншикание накардаанд, балки ин кору амали хилофи қонуни ятимовҳову мирзонаботҳо аст, ки онҳоро ба ҷон овардааст.
“Дар воқеъ ҳам аз вокуниши видеоии онҳо бори дигар бармеояд, ки ҳиҷ кадоме аз талабҳои гиридиҳамоиро бо гузаштаи ҳудуди се ҳафта иҷро накарда баракс бо аъмоли ҷангҷӯёна ба оташи хашму ғазаби қурбонӣ ва шаҳиддодаҳо равған рехта истодаанд.”
Фаромуз Иргашев, ки матни изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро қироат мекард, гуфт, ки мебоист ширкатдорони гирдиҳамоӣ таъқиб намешуданд, аммо онҳоро таъқиб карда истодааст, алоқаи интернет дар навоҳии вилоят ба таври ҷудогона дастрас шуд, аммо ба ноҳияҳое мисли Рӯшону Ишкошиму Шуғнону Роштқалъаву худи шаҳри Хоруғ барқарор карда нашуд. Дигар аз талаби мардуми гирдиҳамоӣ аз вазифа барканор карани сардори раёсати КДАМ-и ВМКБ буд, ки онро ҳам иҷро накарданд.
“Берун кардани низомиён ва бардоштани блокпостҳои иловагӣ ва баровардани нирӯҳо аз биноҳои маъмурӣ аз дигар талабҳои мардуми Бадахшон буд, ки онро ҳам иҷро накардаанд. Аммо афзуд ҷаноби ИргашевТалабҳои асосии намояндагони ҳукумат аз мардум Кушодани роҳи байналмилалии Кулма – Хоруғ – Роштқалъа – Душанбе ва тарки майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ аз тарафи мардум иҷро шуданд.”
Намояндагони ҷомеаи мадании Бадахшон ба намояндагӣ аз гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28-ноябр, ки то таҳдиду дӯғу дағдағаи Ятимов хомушӣ ихтиёр карда ва мунтазири амалкарди мақомот буданд, баъд аз ин сӯҳбатҳои СС.Ятимов яқин карданд, ки намешавад ва наметавон аз ӯ ҳеҷ амали хайреро умедвор буд. Зеро вай дӯғ зад, ки «амалиёти вижа мегузаронам. Болятон боз силоҳ мекашам , хонаву манзилатонро месӯзам худатонро мекушам». Вай ҳатто мардону занони вобастаи буҷҷаи давлатро водор кард, ки муқобили мардуми худашон суҳбат кунанд. Ин ниҳояти таҳқиру тавҳин ба мардуми куҳистони Бадахшон буд, ки ҳам биёиву кушиву ҳам ҷинояткор эълон куниву боз ҳам хешу ақраборо маҷбур кунӣ, ки бар зидди мардуми худашон ва ба тарафдорӣ аз ҷиноятҳои содиркардаат гап зананд.
Саймумин Ятимов дар Бадахшон ҷиноят содир кард. Вай се нафарро кушт ва 15 нафари дигарро захмӣ кард. Вақте намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон бо баршумурдани талабҳо ва ёдоварии онки мебоист иҷро мешуданд, дуруст гуфт, ки мо талабҳои шуморо иҷро кардем аммо шумо, ки муҳофизи қонун ва масъули давлат ҳастед, масъули амнияти мо-шаҳрвандон ҳастед, чаро қавли худро, қонунро иҷро намекунед? Ин пурсиши ӯ дуруст аст.
Чаро СС.Ятимов по аз гулӯи мардуми Бадахшон бардоштанӣ нест. Вай чи кор кардан мехоҳад?
СС. Ятимов худ шоҳид аст ва худ дид, ки агар ҷавонмардони бадахшонӣ кумак ва мусоидат накарда буданд, тазоҳуроти мардуми мотамзада идома мекард. Аммо, боз ҳам номардона ва ноҷавонмардона яке ду рӯзро гузаронида боз ҳам ба таъқибу зӯргӯиву фишороварӣ шурӯъ кард. Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳатто имзо кардаву аз ҷараёни тафтишот, ки таҳти фишори Прокурори ВМКБ ва вазири дохиливу Ятимов доир мешуд, чизе ба берун нагуфтанд. Дар ин миён бо ташкили наворҳову бо нашри як филмномаи саропо тӯҳматомезу бо нашри матолиби фаровон дар шабакаҳои иҷтимоӣ Ятимов онҳоро ҷинояткору гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ муаррифӣ кард.
“Чаро дар филми «Неруи қонун» аз саҳми намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амри пароканда кардани гирдиҳамомадаҳо ҳатто калимае гуфта нашудааст? Вале вақте Ятимов ба самти онҳо дӯғу дағдаға карду таҳдид, дигар роҳе ба ҷуз аз эълони қатъи ҳамкорӣ чорае намондашон. Акнун ба мисли муши ба обафтода тағйир кардаасту ба онҳо изҳори сипос мекунад. Чунки фаҳмид, намешавад бо тарсу таҳдид болои ин мардум иродаашро пиёда кунад. Ва, гӯиё акнун роҳи мусолаҳаро пеш гирифт. Аммо дар ҳақиқат ӯ як каме нарм шуду сари ақл омад ва ё ин тарзи гуфтор боз идомаи ҳамон бозӣ аст?”
Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ.нет» ва бахусус мардуми шарафманди Бадахшон, инро мехоҳам ёдовар шавам, ки дар чандин барномаҳои пешина дар бораи шахсият ва кору усули раҳбарии Саймумин Ятимов дар КДАМ-муҳимтарин ниҳоди давлатӣ ҳикоят карда будем.
“Ба назари мо феълан СС. Ятимов дар қапқон хӯрдааст. Айни замон вай айнан мисли мори саркӯфта аст. Мори саркуфта вале зинда, бисёр ҳам хатарнок аст.”
Саймумин Ятимов барои Эмомалӣ Раҳмонов бузургтарин хидматро анҷом дод. ҲНИТро аз майдони сиёсат берун кард ва гӯиё ба Раҳмонов тамоми шароит барои меросӣ кардани ҳукумат-овардани Рустамро фароҳам кард. Аммо, ҳоло ҳам барои Раҳмонов ва ҳам барои Рустам маълум ва яқин гаштааст, ки СС.Ятимов ин корро ҳадафмандона, барои худаш анҷом дода будааст. Вай қасди гирифтани курсии Раҳмоновро доштааст.
“Куштори фармоишии Гулбиддин Зиёбеков ва эҷоди нооромиҳо дар Бадахшон тамоми нақшаҳо ва чеҳраи ҳақиқии Ятимовро барои Раҳмонов рӯ занонд. Овардани Алишер Мирзонаботи амниятӣ ва шогирди бовафо ва дӯсти хонаводагии Ятимов ҳам бо ҳамин ҳадаф будааст.”
Инҷо мо аз навиштаҳои қаблӣ, ки чи гуна Ятимов КДАМро ба як ниҳоди пур аз хешу табор ва ҳаммаҳалҳои худ табдил дод, чизе намегӯем. Дар як матлаби муфассал дар ин бора гуфта будем. Ятимов дар ҳақиқат КДАМ-ро ба ҳукумате даруни ҳукумати Раҳмонов табдил додааст, ки беҳадаф нест.
“Ҳамин чанд рӯзи пеш дар матлабе дар бораи Қодир Қосим-муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва бародари вай Ҷаббор Қосим-раиси собиқи Ванҷ (Ҷинҷовҳо) аз Искандар, сардори шуъбаи амнияти Ванҷ гуфта будем, ки чи гуна раиси ноҳияро таҳти контроли худ дароарда буд. Амалан раиси ноҳия на намояндаи раиси ҷумҳурӣ, балке сардори амнияти ноҳия аст. Аммо танҳо Ванҷ ба чунин ҳол гирифтор нашуда аст. Тамоми навоҳии водии Қаротегинро ҳам амалан сардорони амнияти зери итоати Ятимов идора мекунанд.”
СС.Ятимов бо аз саҳна берун кардани ҲНИТ ба боварии Раҳмонов сахт даромада буд. Аз ин ҷиҳат ба тавсия ва пешниҳодҳои вай эътимод ҳосил кард. СС.Ятимов бо истифода аз ин ҳолат тадриҷан Раҳмоновро ба чанги худ дароварду амниятиҳо дар манотиқи кишвар раисони навоҳиву шаҳрҳоро. Ҳар он раиси ноҳия ва шаҳре, ки аз хати кашидаи амниятиҳо берун барояд, амниятиҳо ӯро бо «компроматҳо»-и ҷамъоварикардаашон метарсониданд
“Ҳар раиси ноҳия, ки қасди дигар мекард ӯро тарс медод. Аммо дар ин миён Рустам ва Озода ва инки онҳо дар ҷосозии кадрҳо нақшу нуфуз ва дар навоҳиву шаҳрҳои кишвар одамҳои худро доранд назари Раҳмоновро то андозае нисбат ба Ятимов иваз кард.”
СС.Ятимов ба ҳадде болои Раҳмонов нуфуз пайдо кард, ки барои онки як нафар дар ягон ноҳия сардори ГАИ, ё сардори андоз ва ё мудири маориф шавад,чи рассад ба вазиру муовини вазиру сардори Раёсату ғайраву ғайраҳатто дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бояд КДАМ «хулоса» бидиҳад. Шояд ин тарзи кор солҳои қабл ҳам буд, аммо барои соҳаҳои низомиву амниятӣ дахл дошт. Вале баъди СС.Ятимов ҳатто декани факултет мудири шӯъбаи фарҳанг ва ғайраву ғайраро ҳам амният бисанҷад ва «справка» диҳад. Идораи кадрҳо, мушовири кадрӣ бидуни дарёфти ин справка наметавонад барои тасдиқ ба раиси ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Ёдатон бошад дар ду соли пеш СС. Ятимов ҳатто муваффақ шуд, ки иҷозаи бидуни дарёфти санксияи суд ба манзили зисту коргоҳу дигарҷоҳо зада даромадани кормандони амниятиро дар қонун дароварад. Аммо баъдан, чун ин меъёри хилофи тамоми нормаҳои байналхалқӣ ва дохилӣ аст онро аз қонуни фаъолиятҳои оперативӣ ҳазф карданд. Афзун бар ин СС.Ятимов ба Раҳмонов тӯли ин ҳама солҳо ҳамеша маълумотҳоеро медод, ки ӯро бисёртар вобастаи худаш кунад.
“Раҳмонов барои СС.Ятимов ваколат ва салоҳиятҳои зиёде дод, чун чуноне тазаккур додем вай ба бвари Раҳмонов худро дароварда буд.”
Аммо Рустам ва Озода манбаъҳои алтернативии маълумот барои Рамонов шуданд ва онҳо чашмони Раҳмоновро дар баробари СС.Ятимов боз карданд.
Ҳарчи қадар, ки Ятимов болои Бадахшон фишор меоварад, ҳамон андоза нафрати онҳоро ба Раҳмонов зиёд мекунад. Як ҷавони бесилоҳро, бигзор, ки агар ҷиноят содир карда бошад ҳам бо 7 тир задан ба чӣ хотир аст? Ҳозир СС.Ятимов ҳукуматро тараф сохтааст дар баробари мардуми Бадахшон. Мардуми Бадахшон на ҳамчун шаҳрванду сокини ватани худашон, ҳамчун як тарафе дар муқобили ҳукумат шиносоӣ шуда истодаанд. Мардумро бо ҳукумат ва ҳукуматро бо мардум занонида истодааст. Мардуми Бадахшон, бо ин вуҷуд, ки шаҳид доданд, мотам доранд, шомили комиссияи тафтишотӣ шуданд, нагуфтанд, ки не, бо шумо аслан ҳамкорӣ намекунем. Аммо СС. Ятимови махуф ҳамчун намояндаи ҳукумати Раҳмонов онҳоро таҳқиру тавҳин карда истодааст. Агар мақсадаш оромиву сулҳу созиш бошад, барои чи чунин мавқеъ мегирад?
” Раҳмонов шояд тоза фаҳмида бошад, ки овардани Алишер Мирзонабот, генерали амниятӣ ба мақоми раиси ВМКБ ҳам беҳадаф нест. Шояд нав мефаҳмад, ки СС. Ятимов бо модари Мирзонабот ҳанӯз дар авоили солҳои 80 ум ошно ва робитаҳо дошт. СС.Ятимов солҳои 1981-1985,ки тоза фориғуттаҳсили мактаби чекистии Минск шуда ҳамчун корманди оперативии Раёсати КГБ-и Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекард, бо модари Алишер Мирзонабот алоқаҳои маҳрамона доштааст. Модари Алишер Мирзонабот он солҳо дар шӯъбаи умумии Раёсати КГБ дар Хоруғ кор мекардааст. Тафсилоти ин қисмат аз тарҷумаи ҳоли Ятимов пеши мо ҳаст, ки онро ба вақти дигар мегузорем.”
Ҳатто ин хабар ҳам пеши мо ҳаст, ки Алишер Мирзонабот ҳосили ҳамин робитаҳои номашрӯъи СС.Ятимов аст. Вале мо инро бояд бисанҷем. Аммо ҳамин робитаҳои дерина сабаб шудааст, ки Алишер Мирзонабот дар даврони раҳбарии Ятимов аз як афсари одӣ ба мартабаи генералӣ ва раёсати вилояти Бадахшон бирасад. Дар соли 2017 Алишер Мирзонабот аз вазифаи сардори пограноятряди 7уми Неруҳои марзбонӣ якбораи муовини раиси КДАМ, яъне муовини Ятимов мешавад. Шумо агар тарҷумаи ҳоли Алишер Мирзонаботро бубинед, пай мебаред, ки чи гуна як ҷавони 37-сола, ки дар вазифаҳои на он қадар калони амният кор кардааст, рутбаи генералӣ мегирад.
“Шак надошта бошед, ки як қисме аз барномаҳои худро Ятимов бо дастони Алишер Мирзонабот анҷом дод ва анҷом доданӣ ҳам ҳаст.”
Аммо изҳороти Прокуратураи ВМКБ аз он мегӯяд, ки СС.Ятимов дар банд мондааст, ба даст ғалтидааст. Вай дигар наметавонад, ки болои мардуми Бадахшон мисли соли 2012 ҳамла кунад. Вале бояд тафтишотро ба анҷом бирасонад ва вилоятро ором кунад. Барои ҳамин аст, ки феълан дар Хоруғ аст.
Генерал Алишер Мирзонабот кӣ аст ?
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, 27 августи соли 1980 дар ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Соли 1997 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Рўшонро хатм намуда, соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар сафи Ќушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 2730, воқеъ дар шаҳри Душанбе, то моҳи майи соли 2000-ум адои хизмат мекунад. Соли 2000-ум ҳамчун курсант ба Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи ҳарбиро ба итмом мерасонад. Аз моҳи марти соли 2003 фаъолияти кориашро ба ҳайси муовини сардори ситоди қисми қарбии 2107-и Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз намуда, моҳи январи соли 2004 ба вазифаи сардори ситоди қисми ҳарбии номбурда таъин шуда, то моҳи августи соли 2005 дар ин вазифа адои хизмат менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ аз моҳи августи соли 2005 то моҳи июли соли 2006 шунавандаи Академияи сарҳадии Хадамоти бехатарии федеролии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва буда, академияро бомуваффақият хатм намуд. Аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 ба симмати сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом адои вазифа мекунад. Аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун афсари калони Шуъбаи фаъолияти намояндагии сарҳадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамояд . Аз соли 2011 то соли 2014 бошад ба ҳайси сардори ситоди Отряди шашуми сарҳадии СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми ҚС КДАМ дар ноҳияи Ҳамадониро ба ӯҳда дошт. Дар муддати се моҳ, яъне аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017, ба симмати сардори Отряди сарҳадии 6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2018, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мансаби муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин мансаб адои вазифа мекунад. 24 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардида, пасон то 4 ноябри соли 2021 раисии шаҳри Хоруғро ба ӯҳда дошт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид. Оиладор ва соҳиби чор фарзанди ноболиғ мебошад. Рутбаи ҳарбии генерал-майорро дошта, барои хизматҳои сазовор ва содиқона ба давлату миллати тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.