Ҳамчуноне интизор мерафт ин бор ҳам беш аз дуввуним соат Эмомалӣ Раҳмон, ин Диктатори 70 сола як дарза «шпаргалка»-ҳои фарсудаашро берун оварду аз куҳнаколоҳо гуфт. куҳнаколоҳое, ки аз шунавидони онҳо гӯши фалак ҳам кар шудааст.
«Ман ин кардаму ман он кардам, ман коре кардам, ки дар 70 соли мавҷудияташ ҳукумати шӯравӣ накарда буд». Фақат худрову фақат худро таърифу тамҷид кард:
«Як миллион гурезаҳоро овардам, осон набуд, дар ёдатон ҳаст? Ҳозир миллионҳо одамон, дур намеравем, ҳамсоя, гуреза шудаанд. Аз соли 2000ум ба иқтисодиёт машғул шудем. Як кишвари ҷангзада дар як муддати кутоҳ чи қадар рушд кард. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ фалон% зиёд шуд. Ман 75.000 гектар заминро ба деҳқонҳо додам. Барои якмиллиону чандсадҳазор оила яксаду чандҳазор замин, аз ҷумла замини обиро барои участкаи наздиҳавлигӣ додам. Умри одамонро дароз кардам. Ба 75 расонидам. Илму дониш омӯзед. Хурофоти асримиёнагиро чи кор мекунед»?
Ҳоло аз афғонҳои овораву муҳоҷир мегӯӣ, пас чаро аз муҳоҷирону оворагони худат-аз мо паноҳҷӯён, ки дар ин кишварҳо азоби ғурбат мечашем намегӯӣ? Чаро вақте аз ҳукумати фарогир, бо ширкати ҳама неруҳои сиёсӣ мегӯӣ, аз ҳукумати оилашумули худат намегӯӣ? Мо, ки ҳатто дар талоши қудрат ҳам набудем. Ҳамон ду курсии парлумонро ҳам надодӣ!. Боз иктифо накардиву ба поямон туҳмат бастиву беҳтаринҳоямонро «турма» кардӣ, ночор ҷилои ватан кардем. Дар инҷо ҳам таъқиб карда истодаӣ. Пас, ба ин гапҳои ту кӣ бовар мекунад? Худат бовар мекунӣ, ки содиқона гуфта истодаӣ?
«Соли 1992, 5 миллион будем. Ҳоло ман 10.000.000 миллион кардам. Соли 1994 Қонуни асосиро мардум аз тариқи раъйпурсӣ аввалин бор қабул кард. Баъди Федератсияи Россия Тоҷикистон дуюмин давлати ИДМ аст, ки аз тариқи мардум Қонуни асосӣ қабул кард».
Аммо нагуфт, ки чаро ва бо чи сабабу далеле ин қонунро мисли памперсу тампони тампакс чандин бор иваз кард. Чунки гуфтан наметавонад, чунки ин ҳама тағйироту ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба манфиати шахси вай ва хонаводааш аст. Ва, ба маҳзи ҳамин латтапора кардани Қонуни асосӣ аст, ки инак сӣ сол мешавад дар сари қудрат аст.
«Душман тарошидан дар кор нест. Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ кардан даркор. Он давлат барои мо вай буд,..гуфтан даркор нест».
Аҷиб! Ин гапро барои кӣ мегуфта бошад? Барои СС.Ятимов ва «фермаи ҷавоби вай». Магар худаш набуд, ки гуфта буд «кишвари дӯст дар даруни нохунак». Ҳоло, ки аз ин кишвар боз ҳам манфиат мебинад, дигар ин гуна аҳмақонаву аблаҳона суҳбат намекунад. Вагарна ин худаш буд, ки Эронро душман тарошида буд.
Ҳоло ҳам дар сараш ҳамон андеша ҷавлон дорад. Гуфт, ки «агар Афғонистон давлат буд дар соли 1992 як гуруҳ ифротиҳо аз ҳисоби шаҳрвандони худамон аз онҷо ба аъмоли хунини худ идома намедоданд».
Хуб, маълум аст, ки киро ва чиро дар назар дорад. Дигар акнун солбасол мункири сулҳи тарафи дигари сулҳ шуда истодааст. Чун гумонаш бар ин аст, ки ҳукуматашро сахту устувор кардааст.
Аммо дар бораи ҳодисаи хунини Бадахшон чизе нагуфт. Аз ҳодисае, ки тамоми ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи худ кард, чизе ишорат накард. Ба мардум нагуфт, ки чаро дар ин қисмати ватани азизамон ин ҳама неруи низомӣ даровардаву ҳаёти осоиштаи мардумро бо блокпосту сарбозону афсарони мусаллаҳ дар хиёбонҳои Хоруғ ноамн карда истодааст. Мақсадаш чист? Чаро боз ҳам аз ин қисмати ватан ба Чин пойгоҳи низомӣ медиҳад?
Аз раванди рӯ ба афзоиши муҳоҷират нагуфт. Нагуфт, ки муҳоҷират аз бобо ба писару набера гузашт. Нагуфт, ки ҳоло аз ҳар деҳа камаш 20-30 ва ҳатто 60-70 хонавода тарки ватан кардаву рӯ ба Русия овардааст. Дар бораи тандурустӣ гап зад. Боз ҳам сифрҳоро гуфт, ки дар солҳои даврони шӯравӣ фалон қадар «болнитса» доштем ҳоло даҳ баробар зиёд шудааст. Аммо нагуфт, ки чаро табибону пизишкон хонахез тарки пеша ва ватан карда истодаанд.
Дар экран яке сару каллаи Шукурҷон Зуҳурову Амиршо Миралиев пайдо шуданд. Аммо аз Маҳмадсаид Убайдуллоеву Абдумаҷид Достиев хату хабаре набуд. Достиевро барвақт аз рӯихат берун карда буд. Ҳоло Убайдуллоев ҳам мардуди дустон шудааст. Убайдуллоевро, ҳатто ба он дараҷа бад мебинад, ки лоиқ надид, ки ақалан узви Маҷлиси миллӣ бишавад, чуноне ба дигарҳо чунин имтиёз дода буд. Ба маҳзи онки Убайдуллоев вориди Маҷлиси Миллӣ нашавад ин бор ин Маҷлис бо 31 нафар кор мекунад. Дар ҳоле, ки он 33 узв дорад, аммо аз рӯзе, ки Рустами Эмомалӣ раис шуд ду узв кам дорад.
Хуб, бало ба пасашон. Аммо Раҳмонов ин бор аз барномаҳояш барои 35 солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт. Гуфт истиқлол, чи шириниҳо дорад. Ба қадри он бояд расем. Вай инро гуфт, аммо нагуфт, ки агар истиқлол ширин аст, чаро шумораи муҳоҷирони корӣ дар ҳоли афзоиш аст. Нагуфт, ки истиқлол ӯро то куҷоҳо бой кардааст?
Аммо ба падару модарон таҳдид кард, ки дар тарбия кутоҳ наоянд. Бачаҳояшон бо ифротиҳо напайванданд, вагарна дар «қади куча» мемонанд. Аз афзоиши шумораи телефонҳои мобилӣ шикоят кард. Гуфт саратон дард мекунад. Вале аз он се миллиард доллари сарфкардаи мардум ба алоқаи мобилӣ ва интернет сахт нороҳатӣ кард. Гуфт агар мардум онро ба Роғун сарф мекард, он сохта мешуд. Вале намегӯяд, ки наздики 200 миллион доллар саҳмияҳои мардум чӣ шуд? Аммо намегӯяд, ки Роғун барои он саривақт сохта намешавад, ки Ҳасан Асадуллозода ва ширкатҳои писару дигар хусурбачаҳояш онро дуздида истодааст. Аз он намегӯяд, ки чаро ба мардум неруи арқ намедиҳад. Иллати камбуди неруи барқро ба аҳолӣ шарҳ намедиҳад.
Эмомалӣ Раҳмонов эълон кард, ки пиллапарваронро аз андоз барои даҳ сол озод кард. Вале нагуфт, ки харидори пила кӣ аст?
Харидори пила худи ӯст ва пиллаҳоро қочоқӣ, бидуни пардохти боҷи гумрук ба Хитой мебарад ва онҷо фабрика дорад ва аз онҷо атласу адрас карда меовараду дар бозори дохилӣ ва Узбакистон мефурӯшад.
Ҳатто шумораи мошинҳои мардумро ҳам дар муқоиса бо мошинҳои шӯравӣ эълон карду гуфт, ки ин натиҷаи сиёсатҳои хирамандона ва оқилонаи ӯст ва нишонаи он аст, ки зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Инчунин дар мавриди он сет ва ё шабакаи дуздоне,ки мошинҳоро аз аврупо дуздида ба Тоҷикистон мебаранд ва афроди наздик ба оила дар ин амалиёт иштирок менамоянд чизе нагуфт. Магар ин ҳам аз сиёсати хирадмандонаи ӯ бошад? Аммо ягон корхона ва ташкилоти давлатиро ном набурд, ки масалан коргари он аз маблағи маошаш мошин харида бошад. Дар ҳоле, ки ин мошинҳо дар кишварҳое, ки мо зиндагӣ мекунем аз роҳ берун карда шудаанд, яъне иҷозат надоранд, ки бигарданд, чун хеле фарсудаву куҳнаанд. Раиси ҷумҳурӣ мояи ифтихораш мошинҳои куҳнаи истеҳсоли хориҷӣ аст.
Ps: Аммо, дар ҳақиқат ҳам дар мавриди саломатиаш намешавад нагуфт. Ин диктотур ба 70 даромад. Дақиқ аст, ки вазнаш аз меъёр хеле зиёд шуда аст. Аммо на айнак мегирад, на сафи дандонҳояш осеб дидааст ва на як лаҳза ҳам дар рӯи курсӣ шишт. Дуввумини соат чухт гап зад. Албатта, ки як ,ду се бор сулфид. Ҳамоно солиму бардам аст. Барзагови ҷуфтӣ дар пеши вай хурд метобад. Гарданаш мисли гардани балони газ, чашмонаш дар даруни рӯғани рӯйҳои ғафсу фарбеҳу чарбубастааш майдаҳак шудааст.
Парвои мардум надорад, баракс ба назараш ҳоли мардум аз ҳад хуб аст. Ман мутмаинам, ки аз ҳама чиз, ҳатто аз ҳамин ғасби заминҳои балҷувониҳо аз тарафи фермаи «Мармарӣ»-и Рустам ҳам бохабар аст, вале худро ба нодонӣ зада ҳамаро аблаҳу аҳмақ карда гаштааст.
Охир, бубинед як гапҳое мезанад, ки одами солимақл намезанад.
«Умри тоҷикҳоро дароз кардам, шумораи мошинҳояшонро зиёд кардам, манзилҳои зиёде барояшон сохтам, замин додам». Хуб агар ин ҳама корҳоро карда бошӣ ва зиндагии мардумро беҳбуд бахшида бошӣ, чаро ҳоло онҳо бо аҳли байт, хонахез, дару палаашонро қуфл зада Русия рафта истодаанд? Ҳиҷ мефаҳмӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ. Ва, дигар ин дурӯғҳо коромад нестанд. Ту, вақте аз телефони мобиливу аз интернет нола мекунӣ, ва ингор дилат барои пули халқ месӯзад, дурӯғ мегӯӣ. Чунки ту мехоҳӣ телефони мобиливу интернет тамоман набошад, то мардум Муҳаммадиқболи Садриддин ва ёрони вайро, ки парда аз рухи чиркини ту мебардоранд, симои ҳақиқии туро ба мардум менамоёнанд, набинанд, дар ғафлати абадӣ зиндагонӣ кунанд ва туву бачаву духтарҳову домодҳои бешуморат ҳамаро тохтаву задаву ҳар коре бихоҳед карда гардед. Барои ҳамин ту интернетро бад мебинӣ. Барои ҳамин аст ки ҳоло барои мардуми Помир интернетро қатъ кардаӣ!
Аммо, мутмаин бош, ки дигар фурсатат сар омадааст. Ҳамин Паёми дарунхолиат, ҳамин куҳнаколоҳои фарсудаву обшустаи борҳо такрор кардаат, нишон медиҳад, ки ба охири хат расидаӣ.Иншоаллоҳ.
Дар охир инро ба хонандаи Пойгоҳи Ислоҳ мегӯем,ки ҳатман дар барномаи “Зери заррабин” шумораи 3 и он, ин паёми вопасин ва бе моҳияти такрориятро ба мардум мӯ ба мӯ таҳли карда медиҳам,то аз ҳама он дурӯғҳоят мардум огоҳтар гарданд.