Имрӯз, 3-январ Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни рӯзи таваллуд дорад. Вай, дуруст дар ҳамин рӯз дар соли 1978 дар совхози Ленини ноҳияи Данғараи вилояти Кулоби ҶШС Тоҷикистон дар хонаводаи котиби раиси совхоз ба дунё омада аст. Эмомалӣ Раҳмонов он солҳо дар шӯъбаи ғоибонаи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин мехонду дар совхоз ҳамчун котиби раис кор мекард, мунтазири писар буд, аммо фарзанди дуввумаш ҳам духтар шуд. (Солҳо баъд, вақте Душанбе омад ва «меню»-и дастархонаш иваз шуд ва Сомонӣ ба дунё омад, дар як ҷаласаи бахшида ба 8-март, дар ҳузури занҳо мегӯяд, ки он «солҳо фақат гӯшти буз мехӯрдем,барои ҳамин сердухтар шудам, ҳоло ки дигар гӯшти гӯсфанду коняку виски мехурем,ина писарамон дод». Ҳоло ин духтари беҳ аз сад писар, нафари дуввуми ҳукумати Тоҷикистон ва «дасти рост»-и падар аст.
“Озодаи Раҳмон 44 сола шуд. Ҳамсоли ман аст, балки чизе бештар аз 4 моҳ аз ман калонтар аст. Озода таҳсили мактабро дар 6-солагӣ, дар мактаби №2-и Данғара сар карда ва баъдан дар соли 1993, вақте «ота»-аш раис шуду Душанбе кӯчиданд, дар мактаби №59 идома доду ба охир расонд. Соли 1996 ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуду соли 2000 ба поён расонд. Соли 1999 ба Ҷамолиддин Нуралиев ба шаваҳар баромад.5 фарзанд ҳам ба ӯ таваллуд кард. Дар Амрико ҳам хонду ҳам кор кард. Аз онҷо омад вазорати хориҷӣ ва то мақоми муовини аввал расид ва сипас дар соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуд.”
Аз он сол то ба имрӯз амалан нафари дуввуми ҳокимият дар Тоҷикистон аст. Дуруст аст ки дар соли 2016 вай бо имзои падараш узви Маҷлиси Миллӣ ҳам таъин гардида ва то соли 2020 раиси яке аз Кумитаҳо дар Маҷлиси Миллӣ ҳам буд. Аммо, ин бор ки Рустами Эмомалӣ, бародари Озода раиси Маҷлиси Миллӣ интисоб гардид, дар Маҷлиси миллӣ барои Озода ҷой надоданд. То ҳамин ҳоло курсии Озода дар Маҷлиси Миллӣ «вакансия» аст.
“Чуноне медонем Эмомалӣ Раҳмонов соли 1992 дар 40 солагӣ бо чоплусию, пешхизматӣ ба Сангаку Файзалӣ ва Фронти Халқӣ ва қатлу кушторҳои занҷираӣ бо кумаки хоҷагони хориҷиии ба ҳама маълум ба қудрат расид. Озода бошад дар 38 солагӣ алакаи раиси дастгоҳи президент шуд. Яъне дусол пеш аз падараш ба ин мақом расиду соли ҳафтум аст интизорӣ мекашад,то кай бошад дар ҷойи падараш нишинад.”
Маълум нест, ки ин сарусадоҳо, ки Озода барои гирифтани курсии раёсати ҷумҳурӣ «команда»-и худро ташкил кардааст ва аз домодҳо Зоиру Шамсулло бо ӯ ҳастанд, то куҷо дуруст аст ва мо ҳам наметавонем 100% таъйид ва ё такзиб намоем. Аммо манобеъи мо аз доираҳои алоҳида дар ҳукумат мегӯянд, ки кишварҳои бонуфузу таъсиргузоре болои Тоҷикистон мисли Чин, Русия, Амрико ва ҳатто Қазоқистон моиланд ва ин гуна паёмҳо ҳам додаанд, ки «чем Рустам» Озода беҳтар аст. Ҳамин чанд рӯзи пеш Рустами Эмомалӣ мебоист, ки бо як гурӯҳи намояндагони расмиву тиҷоратии Туркия дидору мулоқот мекард ва барои ин кор Ашраф Гулови домоди Эмомалӣ Раҳмонов бисёр ҳам талош карда буд, аммо шабона Рустам ончунон зада будааст, ки субҳ натавонистанд, ки бедораш кунанд. Дар ҳар ҳол Рустам дар назари кишварҳои зикршуда ва низ худи мардуми Тоҷикистон ба уновни як «наркоман» ва «бевабоз»-и айёш, ки намедонад об тагрӯ ва ё болорӯ меравад шинохта шудааст ва аз инҷо аст ки номзадии Озодаро бар ӯ ба ҷойи падараш тарҷеҳ медиҳанд.
“Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳукумат низ аз ҷумла СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳам бисёр мехоҳад, ки Озода биёяд, на Рустам. Гап дар инҷост ки Эмомалӣ Раҳмонов дигар тамом кардагӣ аст. Ва, вақтҳои ахир ҳатто таблеткаву сӯзандоруҳои нерӯафзову тақвиятдиҳанда ҳам корааш намекардааст, ҷисми бузургаш дигар аз қувват ва ҳаракат бозмонда истодааст. Ҳоло, сахт дар ин фикр задаанд, ки як бало карда дар ҳамин сол интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳуриро баргузор намоянд ва Озодаро оваранд.”
Ман, бори дигар мегӯям, ки ин маълумот аз манобеи наздики оила ба мо расидааст. Вале то куҷо воқеӣ аст,чизе гуфта наметавонем. Аммо, чуноне гуфтем, имрӯз рӯзи мавлуди Озода аст. Ва, бояд аз Озода бигӯем.
Озода сарватмандтарин духтари Раҳмонов ва то ҳамин чанд рӯзи пеш ягона духтари ӯ буд, ки дар мақоми муҳимми давлатӣ ифои вазифа мекард. Аммо бо таъйин Рухшона ба мақоми сафирӣ дар Бритониёи Кабир аз ҳафт духтари Раҳмонов як нафари дигар ба мақоми расмии давлатӣ соҳиб шуд. Дуруст аст ки Парвина ҳам дар вазорати тандурустӣ феълан сардори раёсат аст ва наметавон рад кард, ки масалан фардо ё ҳафтаи баъдӣ муовини вазир ва ё вазири тандурустӣ таъйин шавад. Чун дигар Раҳмонов ҳокимияти Тоҷикистонро «хусусӣ» кардаву аъзои хонаводаашро яке пайи дигаре мақом дода истодааст.
Озода, баъд аз онки роҳбари Дастгоҳ шуд, мегӯянд, ки бо аксарияти дугонаҳои собиқаш қатъи робита карда вале бо Садбарг Ғаниева, дугонааш аз вазорати хориҷӣ ҳамоно дӯсту рафиқ мебошад. Дар бораи Садбарг Ғаниева мо як барномаи махсусе нашр карда ва ба чи корҳое даст задании он ва инки барои Озода чи корҳоеро ба иҷро мерасонад, гуфта будем. Инҷо як иқтибос аз он навиштаи собиқамон дар инҷо меоварем,то ҳам симои Садбарг Ғаниева ва ҳам муносибаташ бо Озода рӯшантар шавад:
«Садбарг, вақте Озода барои кор ба вазорати хориҷӣ омад, дар инҷо кор мекард ва дар ҳамин раёсати Конуслгарии ВКХ бо Озода шинос ва ҳамин тавр ширеш шуда буд. Садбарг дар Сарраёсати консулгарӣ ба ҳайси сардори Раёсати хизматрасонии консулӣ фаъолият мекард. Ин Раёсати аз ҳама даромаднок аст. Аз атбои хориҷӣ ва бахусус хитоиҳо ва афғонистониҳо аз 1000 то 1500 доллар барои визаи вурудӣ маблағ мегирифт ва “доля”-ро ба Озода медод. Пеш аз омадани Озода дар ин “доля” амният шарик буд. Вале баъди омадани Озода ба ин вазифа Садбарг ба ӯ масъаларо “фаҳмонд” ва ҳамин тариқ аз додани “доля” барои амният даст кашиданд, яъне саркашӣ намуданд ва аз инҷо сар шуд мухолифати амният бо Садбарг».
Гуфтем, ки Озода аз афроди сарватманди Тоҷикистон аст. Ёдоварӣ аз он ки ширкати пулчинаки IRS-дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва «Спитаменбонк» аз они ӯ ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев аст, худ шаҳодат медиҳад, ки чи қадар Озода сумдор аст. Чанд рӯзи пеш нархи убуру мурури мошинҳо аз роҳи мазкурро аз 50 то 70% афзуданд, низ ба ин маъно аст, ки Озода ва шавҳари вай ҳар чизе бихоҳанд ва дилашон кашад, дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Ин ширкати пулчинак давоми 11 соли фаъолияташ солона аз 80-то 100 миллион доллар даромад дорад ва аз тамоми намуди андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст. Дар соли гузашта як нашрияие дар Тоҷикистон Озодаро дар шумори даҳгонаи афроди машҳури Тоҷикистон шомил кардааст ва Озода яке аз бист сиёсатмадори таъсиргузори Осиёи Марказӣ ҳам эълон гардид.
“Озодаро «дасти рост»-и падараш мегӯянд. Маълумотҳое ба мо мерасад ин ҳарфро тасдиқ мекунад. Ҳамаи санадҳои ҳукуматӣ дар зери назари ӯ омода мешавад ва ҳамаи нафароне, ки мансабу мақоми давлатӣ мегиранд, танҳо баъди сӯҳбат бо вай ва розигии вай соҳиби мансабу мақом мешаванд.”
Аммо, ҳоло Озода бо як мушкили сахт мувоҷеҳ шудааст. Писару духтаронаш калон шудаанду айни корҳоеро карда истодаанд, ки Исмоил Соҳибови писархола ва Рустами тағояшон доранд анҷом медиҳанд. Бойфренду гёлфрендҳои зиёд доранд ва корашон фақат нашакашиву бангзаниву арақхӯрӣ ва сабукпоӣ аст.
Барои худи Ҷамолиддин Нуралиеви шавҳари Озода ҳам хеле вазнин аст. Аммо мегуянд, ки ба ҷуз аз тоқат илоҷи дигар надорад. Чунки талаботи Озода хеле зиёд аст, ғизоҳои калориянок зиёд истеъмол мекардааст ва барои харҷу сарфи онҳо як Ҷамолиддин кифоят намекардааст.
Ба ҳар ҳол, мо ин тарафи масъаларо дар ин рӯзи мавлуди Озода, ки 44 сола мешавад, зиёд тафсилу тафсир намедиҳем вале дар оянда ҳатман муфассал хоҳем гуфт. Вале як чиро мехоҳем хотирнишон созем, ки роҳи ба самти Данғара, оғилу каҳдони давраи бачагиаш ва мактаби №2 ва ҳамсинфони он давраашро фаромуш накунад. Онҳоро ҳам дар гирди хони ҷашни таваллуд даъват кунад, на танҳо Садбарг Бурҳоновна Ғаниеваро…..