Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №95

Ислоҳ нет

   Дар Паёми солонааш он қадар дар бори рушди низоми молиявӣ ва фаъолияти бонкҳои кишвар гуфт, ки кас гумон мекунад, ҳамааш сад аст. Омору арқомеро ироа кард, ки миллионҳо сомонии худро мардум дар бонкҳо пасандоз мекунанд.

Маълум аст, ки Раҳмонов бонкҳои оилааш-домоду духтарҳояшро, ки ҳоло тамоми низоми молиявии кишварро зери даст гирифтаанд, реклама карда истодааст. Аммо, аз ин номаи шикоятии муштариҳои Тоҷпромбонк яқин мешавад, ки ҳазорҳо муштарӣ-мардуми кишвар мушкили пас гирифтани маблағҳои пасандози худро доранд. Ин мардум дигар дар ҳаёташон пулҳои худро дар бонкҳо ба амонат намегузоранд:

Душанбе

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

  Аз Шумо як хоҳиш мекунам, ки як барнома дар бораи Тоҷпромбонк мекардед.

  Ин чи бедодгарӣ аст? Моро дуздӣ ва ғорат намуданд. Ин бонкро муфлис эълон карданд, аммо бо вкладчикҳо ҳисобӣ намекунанд. Мо маблағҳоямонро чандин сол аст ки пас гирифта наметавонем. Мақомоти давлати хунукназарӣ мекунанд. Амонатҳоро баргардондан намеҳоҳанд. Моликияти собиқ раиси Тоҷпромбонк-Зиёев Ҷамшедро ҳабс намуданд. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то ҳол ин маблағҳои бузургро дар тавозуни Тоҷпромбонк намеҳоҳад гузаронад.

 Муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Мансур Қадаммурод бо судяи суди ноҳияи Синои шаҳр Бобозода Аҳмад Бегалӣ забон як кардаанд. Се мудири махсуси Тоҷпромбонк иваз шуданд. Аммо мо щоло ҳам пуламонро аз ин бонк гирифта наметавонем. Мегуянд, ки аз Дастгоҳи иҷроияи президент барои ҳисобӣ кардан бо мардум монеъ шуда истодаанд. Мехоҳанд 11 моликияти калони Зиёев Ҷамшедро бо маблағи 250 млн сомонӣ байни худ тақсим кунанду ба мардуми ҷабрдида як дирам ҳам надиҳанд. Ин чи гуна ҳукумату ҳукуматдорӣ аст?

  Қарзҳои боқимондаи “Тоҷпромбонк” аз инҳоянд:

1) 77 миллион сомонӣ – қарзи вазорати молияи Тоҷикистон

2) 27 миллион сомонӣ – қарзи Бонки миллии Тоҷикистон

3) 26,6 миллион сомонӣ – қарзи169 амонатгузори  боқимонда, ки дар вақташ шартҳои 50 ба 50 ва ҳатто 25 ба 75  ҳисса гирифтани пасандозҳои худро беинсофӣ хонда, напазируфтанд. 

4) 2 миллион сомонӣ – қарзи лоиҳаи давлатӣ

5) Қарзи шахсони ҳуқуқӣ (корхонаву ширкатҳо).

11 бинову иншооти супурдаи Ҷамшед Зиёев то ҳол дар ҳабси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобозода Аҳмад Бегалӣ қарор дорад. Бар асоси қарори муфаттиши Прокуратураи генералииТоҷикистон, Ғанизода Мансур Қадаммурод (ҳоло сардори Раёсати ҷиноятҳои махсусан вазнин), ки нусхааш дар ихтиёри ман” қарор дорад, ин иншооти Зиёев ба ҳабс гирифта шудаанд:

1) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

2) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

3) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

4) Манзили истиқоматӣ дар гузаргоҳи дуюми  кӯчаи  Ҳусейнзодаи шаҳри Душанбе

5)  Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Деҳлавии шаҳри Душанбе.

6)  Манзили истиқоматӣ дар Ховарон (Теппаҳои шарқӣ) дар шаҳри Душанбе

7)  50% саҳмияҳои ҶСК “Шарбат” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент.

8) 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

9) 100% саҳмияҳоиҶДММ “ТПБ ПЕТ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

10) 60% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква” дар ҶСП “RC Душанбе”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201, шаҳри Душанбе

11) 50% саҳмияҳои ҶДММ “Азиз Ко ЛТД”, воқеъ дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Титови шаҳри Душанбе.

  Мудирияти махсуси Тоҷпромбонкро Холов Шодмон мегӯяд, ки супориш шудааст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи Генералӣ  оиди масъалаи ҳабси моликияти Зиёев Ҷамшед, ки қарзҳоро аз ҳисоби моликияти Зиёев Ҷамшедро баргардонад. Инак се моҳ зиёд шуд, Прокуратураи генералӣ то ҳол қарор кабул накард ва кашолкорӣ мекунанд. Сардори раёсати Прократураи генералии Мирзозода ва иҷрокунандаи супориши ҳукумат муфаттиши Прокуратураи генералӣ Усмонзода Муҳаммад мебошад. Инҳо дуздони ошкоро ҳастанд дигар бовар кардан ба прокуратура ва мақомот аслан намондааст. Аз прокурори генералӣ то дигар мақомоташ ҳамааш ошкоро ғоратгар шудаанд.

                                           Панҷакент

     Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман шуморо ғоибона бародар ва писари худ хондам. Чунки Шумо сухани ҳақ ва ҳақиқатҳои зиндагиро мегуед. Худованд аз шумо розӣ бошад.

 Ман як инсони рӯзгордида, соҳиби фарзанд аз Панҷакент мебошам. Чанд рӯз мешавад, ки барномаҳо ва прямой эфирҳои шуморо тамошо мекунам ва ба хулосае омадам, ки дар бораи яке аз порахурони шаҳри Панҷакент бароятон қисса кунам. Ин порахур директори МТМУ№71 Аҳророва Мақсуда мебошад. Ин муаллима аз ҳар як волидоне, ки фарзандонашон ба синфи 1 меоянд аз 200 то 300сомонӣ  барои ободонии  мактаб гуфта мегирад. Худи ман ҳам имсол барои қабул кардани набераҳоям, ҳам набераи писарӣ ва ҳам набераи духтарӣ ба синфи як 200сомонӣ додам. Соли гузашта як омузгори мактабро ба облава хабар кашидааст. Ин омузгор Собиров Салоҳиддин ном дорад. 5 ҳазор сомонӣ дода халос мешавад. У боз роҳбари синф будааст. Ба шогирдонаш мегуфтааст, ки дар рӯзи 8 март ва зодрузам ҳар якеатон 50сомонӣ ба ман туҳфа кунед. Астағфируллоҳ.

Аз рӯйи маълумотҳо ва ахборот  муассисаи мазкур дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ягон натиҷа надорад. Ҳар як либосфуруше ба мактаб либосҳояшро фурӯхтани биёрад ,директор аз ӯ 100-200 сомонӣ мегирифтааст.

   Як рӯз барои шунидани ҳарфи омузгорон нисбати набераҳоям ба муассиса рафтам ва вақте ба идораи муаллимон ворид шудам ҳама муаллимаҳо машғули тамошои матоъҳо буданд. Занги дарояк зад аммо онҳо дар даст журналҳо ба кори худ идома медоданд. Долони мактаб ғалоғула. Бо чунин ҳол муассиса чихел муассисаи сол дар шаҳр шавад. Боз бачаи ин директор шогирди дасти рости раиси шаҳр будааст.  Барои ҳамин ба ӯ касе кор гирифта наметонистааст. Ҳатто мудирони маориф аз ӯ метарсидаанд.  Аз мақомотҳои тафтишотӣ хоҳиш мекунам ки ба ин қазия таваҷҷуҳ кунанд. Қариб 80% хонандагони ин муассиса аз маҳаллаи Боймурод Холмуродов (маъруф ба Геолог) ва аз маҳаллаи “Шодиёна” мебошанд, ки аз дасти ин одам ба дод омаданд.  

 Ҳол он ки мактаб аз тарафи кадом лоиҳаи хориҷӣ азнавсозӣ карда шудааст, боз маблағҳо барои ободонии куҷои мактаб ҷамъ мекарда бошад?

  Аз рӯйи баъзе хабарҳо, яъне аз руи гапҳои «занакои лави ов» ин муаллима корҳои маҳрамона бо омузгоронаш анҷом медодааст. Астағфируллоҳ

 Дар мавсими даъвати тирамоҳӣ директор омузгоронро маҷбур кардааст, ки  призивник пайдо кунанд. Вақте муаллимҳо призивникро меёфтаанд ӯ онҳоро ба маблағи 5-6 ҳазор сомонӣ мефурӯхтааст.

 Дар ҳар як даъвати аскарӣ ин директор аз ҳисоби ин «бизнес»-аш 30-40 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меовардааст. Барои ҳамин ба ӯ касе кор намегирифтааст. Боз дирӯз набераҳоям аз мактаб омада гуфтанд, ки бояд як сола маблағи мактабро, ки ҳар кадомашон 30сомонӣ аст супорем. Агар тахминан дар мактаб 1200 хонанда бошад 30×1200=36000с мешавад. Ин 36 ҳазор сомонӣ, албатта ба кисаи ин директори порахур меравад.

                                     Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ин бори аввал нест, ки навиштаҳои ман дар «Ислоҳ.нет» чоп мешавад.

 Баъди пахши навори «Мероси падар хоҳӣ…», «қаҳрамон»-и асосӣ ва қаҳрамони ин филми мустанад дигар ба ташвишу таҳлука афтода дар пайи кофтукоб ва ҷустуҷуи манбаъ ва ҳамкорони Ислоҳ афтоданд. Лаҳзаҳо ва ҳолатҳои ончунон маҳрамона дар ин видеофилм ба намоиш даромаданд, ки аслан интизор надоштанд, ки Ислоҳ то ба ин ҳад дар дохили онҳо роҳ бурда ва рахна кардааст. Агарчи худро ором вонамуд мекунанд ,аммо «тамом» шуданд. Рустам бо Шоҳрух сахт ҷанг кардааст, ки маро шарманда кардӣ. Гумонашон ин буда, ки Шумо «храп» мезанед ва дар даст чизе надоред. Ҳоло, ки нашр шуд, дигар сахт пушаймонанд. Шоҳрух ҳам мисли падараш соҳиби тахаллус ва лақабе шуд, ки барои як мард ва он ҳам марде, ки вазир шуданист, бисёр ҳам хиҷолатбору шармовар аст. Шармандагӣ аз ин беш намешавад, ки фардо бигӯянд вазири дохилӣ генерал Шоҳрух Саид марди нопурра, ниммард аст.

 Аз тарафи дигар ин навишта барои Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ як дастаки нав барои ҳарчи чуқуртар кофтани кору бори Шоҳрух шуд. Юсуф Раҳмон кофта истодааст.  Вақте Олими қурутобро маҳкам мекунанд ҷояшро-замину молу маноли қурутобхонаро- шогирдҳои Зуҳур ба 120 ҳазор мефурушанд. Олим бар ивази пули калон мебарояд.   Мебинад, ки ҷояшро кандаанд. Дар онҷо як ду- се буз ҳам ҳаст. Як тараф ба Шоҳрух як тараф ба Генпрокурор кунлесӣ мекунанд ва мардумро фитна андохта истодаанд. Онгуна, ки Олимро идея доданд, ки рав митинг кун ва бо ҳамин дар бало кашонданд, бо идея додаанд, ки  падар ё амакаш раванд назди Юсуф Раҳмон. Чунки Юсуф Раҳмон дар хуни  Шоҳрух ташнааст. Бигу ҳамин корро бо мо кард. Онҳое, ки бинои қурутобхонаро фурухтанд чанд касеаш побег карданд, чанд кас махфӣ шудаанд. Чунки тибқи қонун, вақте иншоот чапа карда мешавад бояд ҳама асбобу анҷому васоили онро соҳибаш бигирад. «Вақте снос мекунанд, ту ҳуқуқ дорӣ то чубу хишт ва дигар масолеҳи сохтмонатро бигирӣ в ё фурушӣ. Аммо Олимро бурданду маҳкам карданду пулҳояшро гирифтанд ва ҷову то охирин донаи гугирдашро ба савдо заданд».

 Ин паҳлавон-Шоҳрух фикр  мекунад, ки телефонҳои Прокурорро гуш карда истодааст. Аммо баракс, тамоми телефонфурушҳои пеши пеш, куҳнакоргарҳо таги Юсуф Раҳмон даромаданд. Бо супориши Юсуф Раҳмон 4-5 айфони навро мебаранду ба Шоҳурх подарка мекунанд. Ин айфонҳо, дар дасти Шоҳрух ва одамҳои Шоҳрух, вале барои Юсуф Раҳмон «кор» мекунанд.

 Ҳамзамон бо ин корҳо Юсуф Раҳмон дар Аврупо сафирҳоро супориш кардааст, ки  чи ҳунаре  доред ба кор баред. Агар ман фаҳмам, ки шумо аз дур назорат карда истодаеду ҳеҷ кор намекунед, мусоидат накардед, аз худатон бинад. Ҳам аз кор меравед ва ҳам бар муқобили шумо парванда боз мешавад.

Усмонро оварданд. Ҳоло инҳо ҳар кадоме алоҳида -алоҳида воҳима карда истодаанд, ки мо кор кардем. Агарчи ҳама медонад вай депорт шуд, барои онки асноди иқоматаш ғалат дошт.

Ҷаноб задагӣ, руҳояш суп-сурх, ранги пушти орунгутан, давлений баланд, лабҳояш каҷала, гуш мекунаду меболад, ки қудрати ҳукумати вай то Аврупо расидааст: «Уро мо овардем, ҳамон тухмшапидагиро».

Давом бтен корора. Кӣ овард?

  – Фалонӣ.

Аҳсан, аҳсан. Дигарҳоят тайёр шавен, очатона..,холӣ мекунен ҷора.

 Вале Шоҳрух, новобаста аз ин ҳама таҳдиду тааддии Юсуф Раҳмон «кор» карда истодааст. Пештар барои иҷозати сохтмони дом агар 200.000 доллар пора мегирифт, ҳоло ин рақам ба 500.000 расидааст. Ба як нафар аз домсозҳои шиноси банда гуфтааст, ки чорсадҳазори ин пулро ба Рустам медиҳад ва аз ҳоло барои маъракаи интихоботи президентии Рустам пул ҷамъ карда истодаанд.

                                         Конибодом  

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз Конибодом. Ҳодисаи шударо бароятон ҳикоят мекунам. 23 декабри соли 2023 ронандаи раиси шаҳри Конибодом Сотимов Хушбахт бо автомашинаи давлатӣ, рақами қайди давлатиаш 321 TJ, яъне автомашинаи раиси шаҳр дар кучаи Айнӣ ба садама дучор гардид. Ин ронанда ҷияни раиси шаҳр мебошад. Ин ронандаи раиси шаҳр Хушбахт Сотимов аз пушти амакаш, яъне раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом, дар кучаҳои шаҳри Конибодом пиён-масту аласт мошин ронда мегардад. Ба амри кормандони БДА тамоман итоат намекунад, бо милисаҳо ҷанг мекунад. Ягон корманди ГАИ ба уро манъ кардан ҷуръат намекунад. Ин ҷияни раиси шаҳр дар кучаҳо бо одамон ҷанг мекунад. Дар як туй  ҷанг карда, дасти як бачаро мешиканад, ба якеш зураш нарасида бо шишаи арақ ба сараш зада будааст. Инҳо дар беморхона хоб рафтанд. Лекин нисбати ҷияни раиси шаҳр парвандаи ҷиноятӣ оғоз накарданд. Нисбати ҷабрдидахо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Ягон бачаи камбағал ин корро кунад, бурда ҳабс мекунад. 

Дар Ютуб навори чи гуна авария карданаш ҳаст. Ба инҳо ҳама чи мумкин аст, ҷанг, авария ва ба хонаи одамон зада даромадан. Канӣ милисаҳои ору номусдор, ки ба манфиати  давлат кор кунад, аммо маоши давлатро гирифта истодаанд.

Нисбати ҷияни раиси шаҳр ҳам чораандешӣ кунанд. Мардум бинад, ки кормандони милиса ҳам ҷуръат карда ҷияни раиси шаҳрро дело кардааст. Баъд бовари мардум ба милисаҳо зиёд мешавад. Фақат бачаи камбағалро дело накунед, охир. 

Аварияи сахт кард, дар Ютуб навораш дастрас аст, мошини Тайота прадо чапа шуда миёни куча истодааст. Барои то ба ин дараҷа зур шудани ҷияни раиси шаҳр, ки гунаҳгор, мардум ё раиси шаҳр?

Бо рақами давлатии 321, ки рақами давлатӣ мебошад, ин Хушбахт пиён автомашинаро ронда мегардад. Гаиҳо фикр мекунанд, ки раиси шаҳр ягонҷо рафта истодааст. Раиси шаҳр соатҳои 11 –и шаб чи кор мекунад, шаҳрро сайругашт мекунад чи?

Дар Парвиз тв ва Ҳодиса тв видеои ҷараёни садамаи ҷияни раиси шаҳр пахш шудааст.

Раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода, бо хешу табораш, ҷиянҳояш мардумро безор кард. 

Бо мардум муносибати хуб надоранд, ба одамҳо дағалу дурушт ва бо таҳқир сухан мегуянд.

  Дар пеши хонаамон овози садамаро шунида, ба куча давида баромадам. Бинам 30 метр поёни хонаамон дар миёни куча мошини раиси шаҳр чапа шуда истодааст. Давида рафтам ва Хушбахтро дида фикр кардам, ки раиси шаҳр ҳам дар даруни машина қарор дорад .Ба ҷои садама рафтам ва  аз Хушбахт пурсон шудам, ки муҳтарам раис дар даруни мошин ҳастанд? Дар ҷавоб Хушбахт гуфт, ки ман худам тоқа ҳастам. Ман чанд сол дар ҳукумати шаҳр кор кардам. Моҳи апрел аз кор рафтам, вале боз маро гуфтанд, ки кадр надорем, омада корро идома деҳ.  Дустам, робари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода С. ба ман гуфт, ки биё кор кун. Маро даьват карданд ва ман ба пеши раиси шаҳр омадам ва маро раиси шахр хуб истиқбол карда омада кор кун, ман дастгириат мекунам гуфт. Моҳи декабри соли ҷорӣ ба ҳукумати шаҳр ба кор омадам. Маро боз ба ҷои худам таъин карданд. Ҳукумат тамом шудааст, ҳама бо якдигар муносибати хуб надоранд. Ягон нафаре бо якдигар мисли пештар гап намезанд. Аз омаданам пушаймон шудам. Ба Русия рафта кор кунам беҳтар аст аз ин ҳокимият ва давлатдории ин золимони мардумозор. 

                                  Ҳоит

  Салом бародар! Ман аз Ҳоит ҳастам. Ба монанди дигар ҷойҳо дар ҷамоати мо ҳам болои мардуми одӣ зулм зиёд аст. Раиси ҷамоати мо Аббосов ШоҳДодарбег аст. Дар ҳар мавсими даъвати аскарӣ ҷамоати мо ба як гестапо ва зиндони кушода табдил мешавад. Мардум наметавонанд, ки аз ҷамоат берун шаванд, масҷид барои адои намоз раванд ва ё агар соҳиби фарзанд шуд, зоднома бигиранд ва ё туй баргузр намоянд. Ҳамаи ин корҳо баъди анҷоми мавсими даъват иҷозат аст. Мо, мардум чи кор дорем ба даъват? Бояд ниҳодҳои масъул инҷо кор кунанд. Аммо не, ҳама бояд барои иҷрои нақша мусоидат мекардааст. Аҷаб рузгоре дорем мо.

 Раиси ҷамоат аз мардум пул ҷамъ кард. Сари ҳар хоҷагӣ сад сомонӣ барои роҳи Сурхоб. 50 ҳазор сомонӣ ҷамъ шуд. Дар Ҳоит 11дулан ҳаст. Соҳибони ин мошинҳо сангу регро аз ҳисоби худашон кашиданд.

 Аммо роҳ ҳамон хеле буд, истод. Боз гуфта истодааст, ки сари хоҷагӣ 50 сомонӣ ҷамъ намоем.

  Рузҳои ҷумъа гоҳе меояду бо патинкаҳояш масҷид медарояд, фақат аз пешво таъриф мекунад, обуна медиҳем барои масҷид: 340 сомонӣ барои обуна.

Дараи Ясман дар дигар ҷамоат аст. Раиси ҷамоати деҳаи Ясман Исмат ном дорад. 23 сол аст ки раис аст. Аммо ягонҷоро обод накард.

  Аз тарафи хориҷиҳо ба камбизоатҳо оилаи занбури асал тақсим карданд, бузи афғонӣ доданд. Аммо ин Исмати ҳаромхур ба ягон кас надод, ба хешу табори худаш тақсим кард. Ду дараи чарогоҳро барои худаш ҳуҷҷат кард. Мардуми деҳаро намемонад, ки гову молашро ба чаро барад. Ин дараҳоро ба даҳмардаҳои ноҳияи Куйбеш мефурушад.

 Раиси танзим аз Ҳисорак аст. Аз ҷои Шоҳ-командир. Мардумро сахт зулм мекунад.

Як рафиқамон соҳиби писар шуд ва мардумро як бегоҳ хабар кард ва як табақ нон кардам. Номи танзим Илҳомиддин аст. Ӯро 3000 сомонӣ штраф кард. Ин Илҳомиддин хеле ҳам инсони бераҳму шафқат аст. Ҳама аз дасти вай меноланд. Ҳозир Исмати раиси ҷамоат, ки 23 сол дар ин вазифа кор кард дар ҷояш писари худашро овард монд. Писараш аслан савод надорад. Ҳоло боз писараш ғамдиҳиро сар кардааст.

Сардори милисаи Ҳоит як шахси бисёр ҳаромхур аст. Дар бораи ин одам баъдтар маълумот мефиристам.

Фаромуш кардам, ки як чизи дигарро бигуям. Раиси танзим Илҳомиддин аз ҳамин деҳаи Ҳисорак мешавад. Дар ин авохир доду фиғони занҳоро баровардааст.  

Илҳомиддин ҳатто ба маъракаи занҳо ҳам медарояд ва аз дасти занҳо қапида берун мекунад аз маъракаҳо.

  Дар Навруз ҳофизҳоро овард. Бовар кунед ин Илҳомиддини аз худобаргашта Наврузро бо иштироки ҳофизҳо дар масҷид доир кард. Мардум аз тарс чизе нагуфтанд. Ягон гап занад проблема мекунад. Аз рӯи писари акааш мепарад. Писари акааш бо амнияти Ғарм кор мекунад. Барои ҳамин мардумро проблема мекунад. Барои туй ду соат иҷозат медиҳад. Ду соат гузарам нагузарам зуд меояд дари хонаатро мегирад. 3-4 ҳазор сомонӣ штраф мекунад. Ҳаҷми штрафаш ҳам як хел нест. Чи қадаре даҳонаш барад мегуяд. Боз ба наздиконаш гуфтааст, ки вай Наврузро махсус дар масҷид гузаронду ҳофизҳоро овард, ки ин гапҳо ба гуши Ятимов Саймумин расад ва барои вай ягон вазифаи калонтар диҳанд. Чунки гуфтааст Илҳомиддин вай хуб медонад, ки Ятимов атеистони бехудро сахт нағз мебинад ва ба худо бовар надорад ва мусулмон нест ва масҷиду имомхатибу муллоро бад мебинад. Яъне барои СС.Ятимовро хурсанд кардан бояд ҳаркоре зидди мусалмонҳо ва диндорон куни ту бологузар ва муътабар мешавӣ. Ана ин аст ҳолу вазъияти Ҳоити номдори як замона,ки мардони ғаюру шуҷоъ дошт. Ҳоло ҳама сар хам итоат мекунанд , дасти зану духтарҳоямонро меқанаду мекашанд мард мебинад сар хам нигоҳ мекунад. Ғайрат ба Худо аз мардони мо гум шудааст.

                            Рудакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гуруҳ сокинони ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ ҳамаи барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Танҳо шумо дарди миллатро расонаӣ мекунеду халос. Хоҳиши мо ҳамин аст ки номаи моро нашр кунед, чунки ин хело муҳим аст .

Аввал дар бораи тоҷирони оҳанпора мегуем.

 Оҳанпораи Ҷумъаев Фирдавс 1станоки калон дорад барои пресс кардани оҳанпора. Ин дастгоҳи 380 вта мебошад. Вале ягон хел ҳуҷҷат надорад. Шабу рӯз кор мекунад. Агар тафтиш биёянд, пора дода халос мешавад. Боз оҳанпораи Саидаҳмад ҳаст. Станоки калони пресскунӣ дорад. Ин ҳам бесанад кор мекунад. Инҳо барқи бисёри ноҳияро масраф мекунанд ва бо мақомоти дузду ғоратгар шариканд. Аммо пули светро мо-мардуми заҳматкаш медиҳем.

 Дар ҷамоати Чортеппа ва ҷамоати Навобод тамоми мардумро нозирони барқ қарздор кардаанд. Дар ҳар як чек аз 500 то 1000 сомонӣ қарздорем. Барои мисол   дар чек навиштааст бақия 700 сомонӣ. Мо муроҷиат кардем, мегуянд, ки хомуш бошед, ин хатогии техникӣ мебошад. Кам- кам аз сари пулатон мегирад, намефаҳмед. Раиси маҳалла ҳоҷӣ Амиралӣ 30 сомонигӣ ҷамъ дорад- пули пажарний. Аз отдел меоянд, участковий Сурхаков пеш аз ҷашнҳои давлатӣ хона ба хона медарояд. Мегуяд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро тафтиш омадаем. Шиноснома бояд пластикӣ бошад, ҳама дар қайд бошанд. Агар хатоӣ ёфтанд, тамом. Бардуруғ ҷарима сар мешавад, ҷарима мекунанд. Дар як сол ду-се маротиба мебиёянд, мардумро таҳдид мекунанд.

 Аллоҳ умри моро дароз кунад,  ки ҳоло мурдан ҳам бо ин раиси маҳалла душвор шудааст. Агар дар маҳалла мусибат шавад, тамом. Сандуқи масҷидро мебиёраду мемонад, калиди сандуқ дар дасташ меистад. Пеш аз мурдаро баровардан пулҳои ҷамъшудара мегирад: пули мурдашу, ҳақи қабркан, ҳақи ҷамоат ва ҳақи худашро мегирад, баъд дар дасти соҳиби мурда медиҳад. Аллоҳ шоҳид чи қадар мегирад номаълум.

Инҷо боз дар бораи як инсони бешараф  бо насаби Вализода гуфтаниям.

Дар ҷамоати Чортеппаи Рудакӣ дар истгоҳи Айнӣ магазинҳои бисёр ҳаст:- ларек, дукони гушт, мойка, сартарошхона, автозапчаст, устохонаи мошин. Вализода Ҷаббор худро  коргари угаловний розиск муаррифӣ карда ба монади ҷугӣ доля меканад. Аз мо савдогарон пул меканад, таҳдид мекунад. Мошинашро бе сум мешуем,  агар запчаст барои мошинаш даркор шавад ё масла иваз мекунад, бепул. Меравад пеши соҳиби сартарошхона. Руирост мегуяд, ки проблема нахоҳӣ 400 сомонӣ суми маслара те. Мошини мерседес сечкаи металлик дорад. Худашро данғарагӣ мегирад. Мардумро таҳдид карда гашта аст.

   Боз шикояти дигаре аз байни ин савдогарон дар ҷамоати Чортеппа ва ҷамоати Навобод. Мо ягон сохтмон карда наметавонем. Бузҳои орангутан бисёр, хабар медиҳанд ба учаскавой Сурхаков. Сурхаков ҳиҷ роҳи пулканӣ наёбад ба хонаҳои мардум зада даромада сертификат, техпаспорт, шиносномаи пластикӣ, қайд ва ҳатто ҳуҷҷати ЗАГСро мепурсад ва агар яке аз инҳо набошад, сар мешавад аз 100 то 1000 сомонӣ ҷарима. Сумро мегираду меравад. Гуё ҳама кор қонунӣ шуд. Сумро ба участковий медиҳӣ ва ҳама корҳо қонунӣ мешавад.

 Боз Вализода Ҷаббор мебиёяду таҳдидро сар мекунад. Ман худам шоҳидам, ки аммаамро, ки шавҳараш дар муҳоҷират қарор дошт 3500 сомониашро гирифт. Аммаам дар маҳаллаи Очамайли зиндагӣ мекунад. Вализода Ҷаббор   бо мошини мерседеси сечкаи металлик ойнаҳояш сиёҳ дар куҷое сохтумон шавад зуд ҳозир мешаваду ҳуҷҷати иҷозати сохтумон мепурсад. Мардум дар пайҷои хонааш хона карда истодааст. Вализода аммаи маро таҳдид кардааст. Аммаам фишораш баланд шуд, ба беморхона бурдемаш вазъи саломатии кампир бад аст. Охир ин раиси Ноҳия аз генпрокуратра оварда шуд, то вазъро хуб кунад. Бар акс ҳама аз пешина бадтар шуда рафт. Акнун дар генпрокуратура Ҳикматуллозода Абдуғаффор чихел зулм карда бошад ба мардуми бегуноҳ онашро Аллоҳ медонаду ҳамон мазлумон.

                                          Исфара

Ассалому алайкум кормандони Ислоҳ! Худо шуморо дар паноҳи покаш нигаҳ дорад, хело ҳам заҳмат мекашед. Аз Чоркуҳ ҳастам. Боз хостам дар бораи Лайсиддин нависам, ки чи хел дуздӣ дорад ва як наркокурйерашро чи хел тюрма карда молу мулкашро гирифт. Ин одам Ҳайит ном дошт. Чанд сол аст ки кор мекунад. Дар як муддати кутоҳ муваффақу сарватманд ва як наркобарони номдор мешавад. Дар ин кор ҷияни Лайсиддин Абдукабут бо Ҳайит ҳамкор ва агенту ҳамнишин мешавад.

  Яке аз рӯзҳо вақти истироҳат Абдукабут дар штаби кориашон, ки дар бригадаи рақами 10 буд, яке мегуяд, ако Ҳайит дар Душанбе як коттеджи калон харидааст ва боз мегуяд, ки «ҳамин бос чота недоволин аз ако Ҳайит». Яъне Лайсиддинро дар назар дорад. Лайсиддин Шаропов  вақтҳои охир бисёртар бо прокурорҳо мешинад. Кадом вақт телефон кунӣ, ман дар пеши прокурор мегуяд.

Дар миён аз байн як ё ду моҳ мегузарад. Ҳайит бо узбекҳо як қарордоди калон бо ҳаҷми 90кг героин мебандад ва рӯзи баргузории муомиларо ба ғайри Абду ҳеҷ кас намедонист. Ҳайит ба босаш хабар медиҳад. Яке амнияти вилоят Ҳайитро бо як узбек дастгир мекунад. Пагоҳӣ гуё Лайсиддин Шаропов  хабардор мешавад. Аҷиб ин аст ки Лайсиддин бо Ҳайит, ки дар дасти амният боздошт шуда буд, вомехурад ва мегуяд «бачаҳо» 200ҳазор $ пурсида истодаанд.  Ҳайит мегуяд нақд надорам. Лайс мегуяд котеджи Душанберо деҳ, ман ҳал мекунам. Ҳайит розӣ мешавад. Чанд руз пас, боз Лайсиддин пеши Ҳайит медарояд ва мегуяд кори шумо безеб. Ҳамкорӣ бо хориҷиҳо статияаш вазнин будааст, намешавад. Ин сумҳоро барои кам кардани ҳукм медиҳам. Камтар шин дар пеш амнистия аст, мебарорам. Ҳайит 7 сол зиндонӣ шуд.

Ҳоло падари Ҳайит ҳаркуҷо шинад, мегуфтааст, писарамро подстава карданд. Прокурори шиносаш мегуяд, мебарорам, ҳамаашро медонам, мешинонам инро ҳамон босаш кардагӣ аст. Вақт нишон медиҳад, ки боз чи шавад, менависам.

   Ҷинояти дуздии Лайсиддин ин аст ки санаи 20.12. 2023 танҳо аз як кучаи лаби Ҷуи сурӣ  аз 50 ҳавлӣ 1500 сомонӣ пул ҷамъ карда аз линияи военний част свет пайваст мекунад. Боз мисли пешвояш лентабурӣ мекунад. Ин чи хел давлатдорӣ охир? Ин суду прокурорҳо куҷоро мебинад?

  Боз як кори ғайриқонунии дигар. Налоги заминро бо зурӣ, бе ягон квитансия дарбадар 5 касаву 6 каса даромада ҷамъ карда истодаанд.

  Боз дар бораи Раҳмонов Абдурақиб, имоми масҷид гуфтаниям.Абдурақиб ду ҳафта набуд. Мо намозхонҳои масҷиди хоҷа Устози Валӣ роҳат кардем. Санаи 22.12. 2023 боз аз умра омаду сар кард:- “ана ин наҳзатиҳо…. ину он, шукри пешвои миллата кунед» гуфта ба ҳамин гуна гапҳои пучу бемаънӣ сар кард.

Як руз гуфтанд, ки дар баҳор боз ҷаноб тарафи мо меомадааст. Барои ҳамин мо бояд ин кунему он кунем. Мо агар бад бошем Ҷаноб ба диёри мо меоянд? Дидед, ки махсус диёри моро интихоб карданд.

  Мо бояд гирди раиси ҷамоат ҷамъ шавему обод кунему ину он. Ин нимчамуллоро дар ҳақи Фаластин дуъо кун гуем мегуяд, ки дар хонаатон дуо кунед. Лекин дар ҳақи пешвояш беист дуо мекунад. Аллоҳ ҷонаки пешвоятро гирад бо ҳамроҳии худату раиси ҷамоатат…

Share This Article