(бахши севвум)
Дар барномаҳои қаблии худ мо дар бораи Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва аъмоли ҷиноии ӯ ва наздикони вай навишта будем. Ҳоло дар дасти мо як матлаби дигар расидааст, ки паҳлуҳои дигари торики ҳаёти ин қонунбарору қонунсози рақами аввали Тоҷикистонро намоён мекунад. Ҳоло Маҳмадтоир Зокирзода дар водии Рашт “худаш шоҳу табъаш вазир аст”. Ҳарчизеро бихоҳад ҳамон мешавад. Ин дафъа танҳо чор маълумот аз Қаноатшо Лоиқзода ба “Ислоҳ” расидааст ва маълумотҳои дигар аз манобеъи наздик ба ӯ. Аз КДАМи ноҳия ҳам расидааст ва нахуст аз он шурӯъ хоҳем намуд. Беҳтар аст ин матлабро қироат фармоеду бубинед, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар иҳотаи чи касоне ва бо чи касоне ҳукумат меронад:
Ман як нафар аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошам. Банда дар як навори видеоии Шумо оиди ҷиноятҳои анҷомдодаи раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва бародарзодаш Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович, муовини раиси Бонки миллӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт тамошо намудам. Ҳамчун як корманди КДАМ наздики ду даҳсола мешавад, ки дар ин ниҳод фаъолият мекунам ва қариб, ки аз ҳамаи ин ҷиноятҳои анҷомдодаи номубурдагон хабардор будам, вале аз сабаби он ки дар роҳбарияти болоии ҳукумат ва КДАМ касе ба гапи мо аҳамият намедиҳад, ба даҳон об гирифта шиштам. Баъди оне ки навиштаҳои Шуморо дар шабакаи Фейсбук хондам ва наворашро дар Ютюб тамошо кардам, ҳамааш ҳақиқат доранд, ба хулосае омадам, ки як чанд ҷинояти анҷомдодаи клани Зокирзодаҳоро нависам то тариқи Ислоҳ. нет ва Ислоҳ.ТВ пешниҳоди миллат карда шаваду барои рӯзе ин миллат донад, ки чи касоне хиёнат бар онҳо намуданд.
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии ҶТ-ро нақз намудааст. Зеро вай дорои ду ҳамсар (зан) мебошад. Як занаш рус аст ва дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Зани дуввумаш тоҷик аст ва дар назди бозорчаи Дӯстии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.(исму насаб ва ҳама мушаххасоти ин ҳарду ҳамсари Зокирзода дар Ислоҳ маҳфӯз аст, агар инкор кунад онҳоро низ омодаем нашр намоем) Ба хотири ин,ки каме ошкор намоем каме аз ҳарду ҳамсараш бидуни исм меорем. Зокирзода аз зани русаш ду духтар дорад, ки баъди хатми донишгоҳ дар Душанбе зиндагиро дар Москва ихтиёр намудаанд. Зокирзода барои духтаронаш дар Москва хонаҳои истиқоматӣ -квартира харида ҳадя кардагӣ аст.
Аз зани дуюмаш се ё чаҳор кӯдак дорад. Писари калониаш Зокиров Наҷибулло Тоирович аст. Зокирзода ин бачаро ба Русия барои таҳсил фиристод, вале дере нагузашта аз сабаби наркоман будан ва дар дарсҳо иштирок накардан аз донишгоҳи Русия ихроҷаш намуданд. Вай боз гашта дар Душанбе ба додани пора ва шиносбозӣ ба донишгоҳ дохил шуда дипломи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистонро ба даст меорад. Ӯ айни замон дар яке аз идораи давлатӣ ифои вазифа мекунад. Ин бача умуман падарашро ҳурмат ва итоат намекунад. Дар баъзе мавридҳо аз падараш ХУГ ном мебурдааст. Сабабашро пурсидем, маълум шуд, ки ҳамон дузанагии падараш будаст, ки ин писар зери таъсири муноқиша дар оила ва тарбияи модараш чунин ба воя расидааст.
“Маҳмадтоир ба он хотир Зоиров Маҳмадулло Абдуллоевич, писари бародараш ҳамон муовини раиси Бонки миллӣ дар минтақа ва ноҳияҳои Раштро «ход» додааст ва одами боэътимодаш меҳисобад, ки Маҳмадулло шарики тамоми ҷиноятҳои Зокирзода мебошад ва ҳамаи амру фармону нақшаҳои ӯро иҷро мекунад.”
Тавре дар мақолаи пешинаи навиштаи Шумо хондам Маҳмадулло тақрибан 15 сол боз дар Бонки миллӣ ифои вазифа мекунад. Бале ин дуруст аст, шояд аз ин ҳам зиёд кор карда бошад!
Бародар Муҳаммадиқбол!
“Ман асрори бе ному нишон гум шудани як нафареро аз дасти Маҳмадтоир Зокирзода ва бародарзодааш Маҳмадулло Абдухолиқович рӯи саҳифа меорам, ки то ҳол на ҳукумат ва на ягон ниҳоди давлатӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳ накардааст ва касе ҳам парво надорад, ки ин шахс куҷо шуд. “
Файзуллоев Балаҷон Фаёзович бо лақаби Бала як инсони корчалон ва бисёр марди корбудкун буд. Як бародараш ба Москва ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва бедарак мешавад. Балаҷон бо КДАМ ва ба хусус бо ман ҳамкории зич барои таъмини амнияти миллӣ дошт. Вай дар соли 2010 як рӯз ба назди ман омад ва гуфт, ки “Маҳмадулло корманди Бонки миллӣ бо амакаш Маҳмадтоир Зокирзода мана ёрдам доранд. Аз «Ориёнбонк» маблағи калони пулӣ кредит гирифта медиҳанд. Ман ба тиҷорат машғул мешавам, вале миқдори маблағро зикр накард. Баъдан як рӯзи баҳорӣ, тахминан моҳҳои май буд, дар кӯчаи Ғарм Балаҷонро дидам бисёр саросема буд. Пурсидам, ки куҷо меравӣ? Гуфт “аз ОРИЁНБОНК суми кредита снимат мекунам”. Вай ба тарафи бонк рафт ва ман ба идораи худамон яъне идораи КДАМ омадам. Ҳамон рӯз номбурда аз ОРИЁНБОНК ба қавле 150-ҳазор, ба қавле 500 ҳазор доллар «снимат» мекунад ва аз бонк мебарояд. Балаҷон як мошини тамғаи Ниваи рангаш сабз дошт. Дар ҳамон Нива мешинад ва аз шаҳраки Ғарм то шаҳраки Навобод, ки тахминан 15 километр фосила дорад, ин нафар бе ному нишон гум шуд. Ҳарчанд ба ҳар роҳу восита ҷустуҷӯ намудем, аз вай ҳеҷ хабаре наёфтем. Ҳар вақте дар бораи пайдо намудани Балаҷон кӯшиш мекардем, моро ба дигар самт равона мекарданд, барои дигар кор.
Маҳмадулло бародарзодаи Маҳмадтоир Зокирзода бошад бардурӯғ овоза паҳн кард, ки “Балаҷонро дар осоишгоҳи Баҳористон дидаанд, ҳамонҷо истироҳат карда гаштай”. Хулоса, ман шахсан пурсуҷӯ ва таҳқиқ карда баромадам. Дар ҳақиқат Маҳмадулло бо маслиҳати амакаш Маҳмадтоир Зокирзода мусоидат мекунад. Балаҷон маблағи калони пулиро аз бонк «снимат» мекунад. Ӯро нафарони махсуси ташкилнамудаи Маҳмадтоир ва Маҳмадулло дар роҳи Ғарм ба Навобод пеши роҳашро гирифта маблағи аз бонк гирифтаашро аз дасташ мегиранд ва худашро ҷисман аз байн мебаранд. Ҳолати ғорат намудани сумҳо ва маҳви физикии Балаҷонро собиқ корманди БДА марҳум Саидхуҷа Толибов ҳангоми адои вазифаи хизматӣ мебинад, вале аз тарси он ки худашро ҳам накушанд, чашм мепӯшад. Баъди ин ҳодиса Зокирзода хабардор мешавад, ки Саидхуҷа дар ҷинояти анҷомдодаи онҳо шоҳиди зинда аст, ҳамон солҳо ташкил мекунанд ва дар як рӯзи боронии тирамоҳ, ки дар байни фурӯдгоҳи Ғарм ва Донишкадаи омӯзгории Рашт як селобча омада буд, Саидхуҷаро зада мекушанд ва ҷасадашро бо мошинаш дар дарёи Сурхоб меандозанд. Шоҳидон нақл карданд, ки ҷасади Саидхуҷа дар соҳили Сурхоб пайдо мешавад, ки папкаи кориаш дар бари ҷасад истода буд. Маълум мешавад, ки марги Саидхуҷа маҷбурӣ будааст. Зеро тамоми узвҳои баданаш лат хӯрда сипас ба марг расонида буданд.
Аз ин ҷинояти Маҳмадтоир Зокирзода ва Маҳмадуллои ҷиянаш ҳамаи мардуми Навободи н.Рашт огоҳанд ва байни худ нақл мекунад. Вале ҳама аз тарси он ки Зокирзода ба Пешвои Миллат соз асту чи балое ба сарамон наорад, озод гап намезананд. Баъди ин Балаҷони бедаракро дар пайгарди расмӣ (розиск) қарор медиҳанд, зану кудаконашро аз хонааш пеш мекунанд ва хонаҳояшро бонк дар фурӯш мегузорад. Аммо мардуми шарафманди Навобод ва Ғарм,ки аз ин қазия хуб бохабаранд ҳақи сағера гуфта ҳеҷ кас ҳозир нашуд,ки хонаҳои Балаҷони гумгаштаро харидорӣ намояд. Баъдан як собиқ корманди бонк бо номи Носиров Мирзошариф Сайидамировичро, ки гӯё дар ин муомилоти бонкии марҳум Балаҷон кафил (поручател) буд «грузит»-аш мекунанд. Ҳамаи дороияшро, то хонаву дару гову молашро кашида мегиранд. То ҳол Мирзошариф ҳамроҳи писаронаш дар Федератсияи Русия кор карда қарз меканад.
“Аммо ҳамаи мардум медонад, ки Балаҷонро барои ҳамон маблағи калони қарз раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҷиянаш нобуд ва нопадид кардаанд.”
Маҳмадтоир Зокирзода бо суистифода аз мансабҳои давлатии хеш ҳамом (баня)- ҷамъиятии шаҳраки Навободро (солҳои пеш ҳамаи мардуми шаҳрак ва меҳмонон аз он истифода менамуданд) ҳуҷҷатгузорӣ ва аз они худ карда дар он ҷо барои худ манзили истиқоматӣ сохтааст.
Бародараш Зокиров Маҳмадали Зоирович бо сӯистифода аз мансаби давлатии Маҳмадтоир Зокирзода заминҳои сояруи Навободро,ки мавзеъи чарогоҳи чорвоҳои сокинони шаҳраки мазкур буд дар замони раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ будани Маҳмадтоир ҳуҷҷатгузорӣ намуда ба тасарруфи худ даровардааст. Ҳоло онҳо намегузоранд, ки сокинон гову моли худро ба чарогоҳҳо баранд. Маҳмадалӣ мегуфтааст:
“заминҳои мананд, форатон пул бтие гову молотона чаро диҳед, бе пул барои касе дар ин территория ҷой нест”.
Дар атрофи Навобод ягон ваҷаб замини чарогоҳ ё бекорае намондааст, ки хешу табори Зокирзода ҳуҷҷатгузорӣ ва аз худ накарда бошанд. Бовар кунед Ғарма оккупировать ё инки забту тасарруф намудаанд. Ман медонам ин маълумотҳои мо ба мақомотҳои мо бе аҳамиятанд вале охир дилам ба ҳоли мардуми бечора месӯзад. Дар Ғарм қариб,ки мардина намондааст, фирор аз аскарӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ё фирор аз туҳматҳое мақомотҳои марбута ба онҳо задаанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
“Дар деҳаи Юртамчӣ, ки дар наздики шаҳраки Навобод, аз он тарафи дарё ҷойгир аст Зокирзода Маҳмадтоир заминҳои кишоварзиро ба хешу табораш ғайриқонунӣ тақсим намудааст, ки дар он заминҳо хешону наздиконаш Маҳмадалӣ, Иброҳим, Ҳалим, Сайдалӣ, Аминҷон хона сохтаанд ва дигаронаш низ сохта истодаанд.”
Дар Конститутсияи кишвар омадааст, ки “Замин моликияти истисноии давлат мебошад, хариду фурӯши он қатъиян манъ аст”. Вале бародари Зокирзода ҳамон Зокиров Маҳмадалӣ замини наздиҳавлигии худаш дар деҳаи Юртамчӣ, ки тақрибан як гектар буд, ба як сокини маҳаллӣ нимашро ғайриқонунӣ фурӯхта пулашро ба нафъи хеш истифода намуд.
“Кормандони кумитаи замини ноҳияи Рашт ва мақомоти дахлдор бо Зокирзодаҳо сарукор намегиранд,чунки метарсанд, зеро Маҳмадтоир Зокирзода метавонад,ки бо тӯҳмат дар назди мақомдорони аввал ва болоии кишвар онҳоро сиёҳ карда, барои ҳамешагӣ аз мансаб барканор намуда ё ҳатто бо шантаж зиндонӣ кунад, зеро дар ин масъала таҷриба ва собиқаи калон дорад.”
Зоиров Маҳмадулло Абдухолиқович, ҳамон муовини Бонки миллӣ дар Рашт бо суистифода аз мансаби амакаш бино ва заминҳои базаи аз шӯрави меросмондаро тасарруф намуда дар замини он барои худаш манзили истиқоматӣ сохта зиндагонӣ дорад.
Ду сол пеш як қисме аз замини зикргардидаро ҳамроҳ бо оғилхонааш ғайриқонунӣ ба фурӯш гузошта ва барои он замин аз ду- се нафар пул гирифта онҳоро фиреб дода буд. Номи он нафар назди мо ҳастанд, вале ба хотири амнияти онҳо наметавонем зикр кунем, чунки Зокирзода Маҳмадтоир ва хешовандонаш дар замони ҳозира эркаҳои Рашт мебошанд, ва имкон дорад болои он нафарон бало биоранд.
Ин Маҳмадуллои ҷияни Зокирзода Маҳмадтоир дар мавқеъи Мукдараи дараи Сиёҳдара ба заминҳои хочагии дехқонии як камбағал бо номи Хуршеди писари Аҳмад (Хуршеди Аҳмад) аз деҳаи Санги-Кар чашм алло намуда ҳамроҳи Қаландаров Маҳмараҷаб Додович, раиси ҷамоати шаҳраки Навобод ва Ҷаборов Алимардон Саидғуфронович, раиси кумитаи замини ноҳияи Рашт бо фиребу найранг кашида мегирад. Вай он қадар зориву тавалло мекунад, ки “зиндагиам аз рӯи ҳамин замин аст, ҳеҷ василае барои рӯзгузаронӣ надорам, аммо афсус, ки гӯш намекунанд.”
Дар поёни ҳамом-баняи Навобод, ҳамон ҳамоми ғасбкардаи Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дар соҳили дарёи Санги-кар заминҳои бекорхобида мавҷуд буданд.Зокирзода Маҳмадтоир ба бародарзодааш Маҳмадулло ва раиси ҷамоати шаҳраки Навобод Қаландаров Маҳмадраҷаб амр мекунад, ки ин территория аз они ман аст, барои сохтумони манзили истиқоматӣ ба сокинони шаҳрак фурӯхта пулашро ба ман биоред. Раиси н.Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода бо фармони Зокирзода имкон ва рухсат медиҳад, ки Зоиров Маҳмадулло ва Қаландаров Маҳмараҷаб Додович заминҳои поёни хонаи Зокирзода Маҳмадтоирро бо маблағи калони пулӣ бифурушанд. Дар ин фурӯши заминҳо куратори Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ оид ба ҷамоати шаҳраки Навобод Дониш ном шахс низ шарик буд. Ба хотири пули бедардимиён шуда ҳатто як заминро ба ду- се нафар мефурушанд. Барои мисол як заминро ба як сокини Навобод ба номи Искандари Иброҳим мефурӯшанд, Искандар дар замини харидааш пойдевори барои манзили истиқоматӣ мерезад. Аммо дар ин вақт як нафари дигар даъвогар мебарояд, ки ҳуҷҷатҳо дар дасташ ва пеш аз ин камбағал ҳуҷҷат карда будааст. Фундаменти ин камбағалро “погрузчик” оварда меканад. Инчунин Мунираи Мирзоамин аз он заминҳо се чор участка барои ҷиянҳояш харидорӣ намудааст. Зиёвиддин ном як бачаро низ дар муомилаи ин заминҳо ба қавле “кидат” кардаанд. Нарху навои заминҳоро Маҳмадулло аз пеши худаш мемонад: барои 6 сотих аз 30 ҳазор то 50 ҳазор ва ҷойҳои нағзи созаш то 100 ҳазор сомонӣ.
Инчунин Зокиров Даврон Зоирович бародари Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзеъи Сурхдара ҳамаи заминҳои он ҷоро бо сӯистифода аз мансаби давлатии бародараш ҳуҷҷатгузорӣ намуда аз они худ кардааст. Ӯ ҳам ягон сокини маҳаллиро намегузорад, ки чорвоҳояшонро ба чаро баранд ё ҳезум ҷамъоварӣ намоянд, ё кори дигаре кунанд.
“Мардуми Навобод, Меҳнатобод, Санги-Кар аз зулми Зокирзодаҳо безор шудагӣ ҳастанд, чунки онҳо биниашонро дар тамоми кор дар ноҳияи Рашт мехалонанд.”
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамроҳи бародарону ҷиянҳояш ба Сиёҳдара дамгирӣ меравад ва мебинад, ки як замини тақрибан ду -се гектари боғу сабзазор дар соҳили дарёи Сиёҳдара ҷойгир шудааст. Мепурсад, ки ин замин аз кист? Бародараш Абдухолиқ, ҳамон собиқ раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт мегӯяд: “аз ҳоҷи Фалонӣ”. Зокирзода Маҳмадтоир асабӣ шуда ба бародараш мегӯяд, ки “бар падарат лаънат, падарлаънат ту ин бист солда чикор карди, чи гӯҳ хурди, ки Ҳоҷи Фалонӣ ин ҷойро гирифта обод карду ту нагирифтиш?” Абдухолиқ мегӯяд, ки асабӣ нашав инашро ҳам мегирам. Вале ба онҳо гирифтани замини он Ҳоҷӣ муяссар нагашт.
“Зокирзода Маҳмадтоир бародаре дорад бо номи Наврӯз. Ӯ дар Кумитаи замини ҷумҳурӣ ифои вазифа менамояд. Вай дар назди рафиқонаш лоф задааст, ки дороии акааш Зокирзода Маҳмадтоир зиёда аз 500 миллион доллари ИМА аст. Вай гуфтааст мо меёбем нафаронеро, ки ҷиноятҳои анҷомдодаи моро расонаӣ мекунанд ва онҳоро пул дода хоини миллат эълон намуда дар куҷое аз дунё набошанд гирифта оварда зиндониашон мекунем. Ва аз онҷо,аз зиндон баромаданашон боз ба Худо маълум, яъне дар зиндон нобудашон мекунем!”
Ман ҳамчун як корманди КДАМ ҳаминро ба Наврӯз гуфтаниам,ки зиқ нашав ва бисёр“газават” накун. Мо аз пушти шумо Зокирзодаҳо кор бурда истодем, ҳамаи чизҳое, ки нисбататон мегӯянд, сад дар сад дуруст мебошанд, азият накашед, рӯзу соаташ мерасад мисли дигар кормандони давлатие, ки ҳамасола барои ҷиноятҳояшон боздошт мешаванд ҳамон гуна ба дастҳои бародари ту Маҳмадтоир Зокирзода низ завлона хоҳем зад, ҳеҷ ҷинояткор беҷазо намемонад! Дар КДАм парвандаи шумо рӯз барӯз ғафстар шуда истодааст.
Шумо киро хоини миллат мегӯед? Магар як корманди милитсияро дар вақти барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ килер аҷир карда аз байн бурдани шумо Зокирзодаҳо хиёнат ба давлат ва миллат нест?
Чаро Сӯҳроби сардори милисаро қотил аҷир карда куштед ?
Нанг бар шумо!
Маҳмадтоир Зокирзода писартағое дорад бо номи Абдухолиқ, аз деҳаи Туркони ҷамоати деҳоти Тагоба. Абдухолиқ дар гурӯҳи роҳзан ва ғоратгари Зокиров Умар Зоирович шомил буд.Ӯ дар қатли бачаҳои Навобод бо номҳои Саидҷаъфар, Мизроб, Ҳотам ва ғайраҳо мустақиман иштирок дошт. Абдухолиқи писари тағои Зокирзода, қудои Абдухолиқи акаи Зокирзода Маҳмадтоир мебошад, яъне духтари Абдухолиқи турконӣ келини Абдухолиқи акаи Зокирзода мебошад.
Дар солҳои баъди ҷангӣ, ки Абдухолиқи ғоратгар бо Умар Зокиров аз ҷониби Маҳмадтоир Зокирзода идора мешуданд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуд, вале Зокирзода ба ӯ гуфтааст, ки ” ту ҳоли дар мо лозим мешавӣ, биё равонат кунам рав ба хориҷа”. Ҳамин гуна Маҳмадтоир Абдухолиқи хешашро гурезонда ба Русия равон мекунад. Он қотили ҳирфаӣ айни замон аз об хомӯшу аз алаф паст дар Русия гашту гузор дорад, то замоне, ки ба Зокирзода Маҳмадтоир лозим шаваду ӯро боз барои ҳадафҳои нопок ва қатлу куштор ба ватани азизамон даъват кунад. Ҳоло то онҷое маълумотҳои оперативӣ расида истодааст беш аз 24 ҷавони бозӯмандро барои рӯзҳои мабодояш Зокирзода Маҳмадтоир маблағгузорӣ карда барои ҳифозат ва иҷрои фармонҳояш дар ҳолати омодабош қарор додааст. Феълан чанд нақшае ҳам кашида асту гуфта будааст,ки “моро бовар намекунанд ва коре кунем мисли Ҷага ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов ва Мирзохӯҷа Низомов ва …. моро накунанд. Ҳамоқати ин афрод ин буд,ки надошт афроде аз онҳо ҳимоят кунанд. Ман дар ин болоям ва хуб медонам чӣ нақшаҳо доранду мекашанд”
Поёни бахши севвум,идома дорад….бо Ислоҳ бошед!
Ps: Аммо хонанда ва бинандаи азиз! “Ислоҳ”минбаъд низ таҳқиқ ва пайгирии ҷурму ҷиноёти Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва наздикони вайро идома хоҳад дод. Инро бояд зикр намоем, ки ончи то имрӯз дар бораи вай мунташир шуд, ҳамагӣ воқеият аст. Мо, омода ҳастем посухҳои Зокирзода ба ин навиштаҳоро ба нашр бирасонем. Агар ҷуръати аз худаш ҳимоят карданро дошта бошад ба шарте, марҳамат майдон аз далер аст. Вале ҳамзамон аз шумо хоҳишамон ин аст, ки дар тафтишу таҳқиқ дар бораи раиси парлумон моро ҳамроҳӣ кунед!