Нашри навори «эътирофи гуноҳ» -и Манчеҳр Шеров тавассути Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишон медиҳад, ки мақомоти режими Эмомалӣ Раҳмонов, ин диктатори хуношом, ҳеҷ қасду нияте барои таскину оромиши авзоъ ва сари созиш ба ин вилоят ва мардумони сарбаланди он надорад, чи расад бар он ки омилини қатли Гулбиддин Зиёбеков ва тирборонии тазоҳуроти осоиштаи ахир дар Бадахшонро шиносоӣ ва ба ҷавобгарӣ бикашад. Инро бояд дар оғози ин матлаб акидан таъкид бикунам, ки ҳеҷ имкон надорад ва касе ҳам бовар нахоҳад кард, ки якшаба Манучеҳр Шеров табдили шахсият бикунаду бо “худиқроркунӣ” ва “эътирофи гуноҳон” роҳбару дӯсти ҷонии худро муҷрим вале дар баробари муҷримин ва ҷинояткорони асосӣ, ки тайи се даҳа аст ӯ ва боқии ҳамватанонашро дар зодгоҳ ва саросари олам таҳти шикор қарор додаанд, пузиш бихоҳад. Бо тамошои ин навор хари кӯр ҳам мефаҳмад, ки Манчеҳр Шеров матни омодакардаро дорад қироат мекунад ва яқинан онро на бо майлу хоҳиши худ хондааст. Вақте Гулбиддин дар назди чашми ҳамаи помириҳо ошкоро ва зарби силоҳ куштаву ҷонаш гирифта мешавад аммо касе барои ин қатл ҷавоб намдиҳаду доданӣ ҳам нест, гирифтани “худиқрорӣ” аз нафаре,ки дасту пояш баста аст кори душвор нахоҳад буд.
Мо, дар инҷо аз онки мардуми Помир, бо вуҷуди ин ҳама зулму ситам, ба хотири нишон додани ҳусни ният ва ошноӣ бо ин режими хунхор, дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ иҷрои нақша мекунанд, чизе намегӯем. Ин аз ҳиммат ва синасофии ин мардум башорат медиҳад.
Вале дар муқобил чӣ?
Шариф Назарзода, генерал-лейтенант, сардори собиқи РКД-и Душанбе, ки аз авохири феврал ба мақоми сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ таъйин шуд, дар ҳамон рӯзҳои аввали шурӯъи кор изҳор дошт, ки вай бо дастури Раҳмонов барои ҳаллу фасли мусолиматомези қазия омадааст ва ҳеҷ нақшае барои анҷоми амалиёти ҳарбӣ вуҷуд надорад. Ин изҳори назари ӯ тасодуф набуд. Зеро то вай тамоми масъулини мақомоти амниятиву интизомӣ дар вилояти Бадахшон ошкоро ултиматум медоданду дода буданд, ки дар фалон рӯз ва дар фалон ҳолат амалиёти низомӣ барои дастгир ва боздошт кардани аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва саркардаҳои он баргузор мешавад. Дар пайи ҳамин гуна таҳдидҳои ошкоро буд, ки сокинони Хоруғ ва навоҳии атрофи он дар баробари неруҳои мусаллаҳ, ки шуморашон афзуда ва дидбонгоҳҳо то дохили маркази вилоят бунёд мешуд, манзили зисти Муҳаммадбоқир Муҳамммадбоқирро таҳти посбонии шабонарӯзӣ қарор доданд. Аз инҷо буд, ки сокинони хасташуда сӯҳбатҳо ва ваъдаҳои Шариф Назарзодаро ба хушӣ қабул карда ва бо умед пайи кору зиндагии рӯзмараи худ шуданд. Аз ҷумла худи Муҳаммадбоқир ҳам, ки бовар карду аммо дар роҳ ба самти мактаб, ки фарзандашро мебурд, дар дохили мошинаш ҳадафи тир қарор гирифт ва ҳамин Манучеҳр яке аз 6 нафар аз ёрони бовафои вай низ бовар карду рафт ба маҳалли кораш ва дар коргоҳаш тавассути кормандони Шариф Назарзода дастгир шуд.
“Манучеҳр Шеров, рӯзи 31 март дастгир гардид ва пас аз як рӯз навори ӯро мунташир карданд. Навори нафареро, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон супоридани ӯро бар ивази худи Боқир тақозо карда буд. Вазири дохилӣ дар як мулоқоти ғайрирасмиаш бо чанде аз шахсиятҳои зинуфуз ва халифаҳои Бадахшон дар моҳи январ шарт гузошт, ки ё Боқир ва ё ин шаш нафар (якеашон ҳамин Манучеҳр Шеров аст) худро таслими мақомот кунанд,то вай ва СС. Ятимов пеши Раҳмонов дасти холӣ нараванд. Маълум буд, ки Боқир ин шартро рад мекард ва ҳамин тавр ҳам шуд.”
Чуноне гуфтем, генерал Шариф Назарзода бо ҳарфи сулҳу оштӣ омад. Вай дар сӯҳбат бо мардум гуфт: “ҳангоми таъйини ӯ ба ин мақом президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дастур додааст, ки бояд ҳамаи масоил дар Хоруғ бо роҳи гуфтушунид ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳал карда шаванд”. Он шабу рӯзҳо генерал Шариф Назарзода – сардори тозатаъйини милисаи Бадахшон аз ин ҳам фаротар рафту эълон карду тазмин доду гуфт : “масъалаи дар назди қонун ҷавоб гуфтани 8 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва он ҳам аксаран ба авбошӣ муттаҳам мешаванд,низ аз роҳи гуфтугӯ ба роҳ монда мешавад,то ин ки худашон ба мақомот ҳозир шаванд”. Шариф Назарзода он замон чунин ваъда ҳам кард: “нисбати онҳо ҷазоҳои минималӣ татбиқ карда мешавад”.
“Вале, ин баъди омадани Шариф Назарзода буд, ки 7-8 нафар ҷавони бадахшӣ танҳо дар як ҳафтаи аввали моҳи март дастгир ва ҳоло дар тавқифгоҳҳо мунтазири ҳукми зиндони худанд. Яке аз онҳо Ифтихор Сайидбеков узви “Гуруҳи 44” аст ки 10-марти соли ҷорӣ аз васати хиёбон дастгир ва то ба ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад. “Гурӯҳи 44” –як созмони мардумӣ аст ки аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда ва дар пайи эътирозҳои моҳи ноябр дар маркази вилояти Бадахшон ташкил шуд. Ҳамаи онҳо бо иттиҳоми авбошӣ ва муқобила ба корманди давлатӣ дастгир шудаанд.”
Тавре ин вазъу ҳолатҳо нишон медиҳад, тафовут миёни гуфтору кирдори Шариф Назарзода аз замин то осмон аст, дар забон дигар мегӯяду дар амал дигар хел рафтор мекунад. Ин маълум аст, ки мақомот ҳадаф дорад, ки худи Мамадбоқирро дастгир кунад. То зӯри худро гузаронанд ва нишон диҳанд, ки аз дасти онҳо ҳамаи кор бармеояд. Бо дастгир кардани Мамадбоқир фикр мекунанд, ки дигар ҳамаро яксара таслим карданду нобуд сохтанд ва пирӯз шуданд. Вале сабри сокинони Бадахшон ба ниҳояти худ расида истодааст.
Навори “худиқрорӣ”-и Манучеҳр ва ҳамин тавр чанде пештар навори Амриддин Аловатшоев, ки дар Русия рабуда ва ба Душанбе оварда шуд, феълан ба мавзӯи баҳси доғи тарафдорони Муҳаммадбоқир, ки аксарияти мардуманд ва чоплусону хоиноне мисли Алишер Мирзонабот бадал гаштааст. Беш аз ин бидуни кадом гуноҳе дастгир ва ба Душанбе овардани Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкори маъруфи бадахшӣ аз Русия, ки ҳоло муҳокимаи додгоҳиаш идома дорад ва низ боздошти Салам Имомназаров дар роҳи бозгашт аз Туркия сокинони ВМКБ-ро мутмаин кардааст, ки режими Раҳмонов, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ низ бо Помир дар ҳолати ҷанг қарор дошт, ҳанӯз ҳам аз нияти ниқору қасос даст накашидааст ва шикори ҷавонмардони ғаюри бадахшӣ яке аз роҳҳоест, ки Раҳмонов ва маъмурони вай рӯи даст гирифтаанд.
СС.Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Шариф Назарзода ва Хуршед Муҳаммадизода ҳамагӣ зодагони маҳаллеанд, ки дар он солҳо бо Помир ва помириҳо ҷанг карда вале муваффақ ба пирӯзӣ нашуда буданд. Сокинони ВМКБ роҳи чораро ба ҷуз аз муқовимат ва мубориза бо онҳо надоранд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки тақдири онҳоро Раҳмонов амдан ва барқасд ба дасти низомиҳое супорида аст ки аз як сӯ бо ин мардум хусумат ва душмании ошкоро доранд ва аз тарафи дигар таҷрибаи қатлу кушторро на як бору ду бор аз сар гузаронидаанд. Помир ва помириҳо амалан аз тарафи Раҳмонов ба дасти гургони дупое аз як маҳалли муайян супорида шудааст. Аз ин ҷиҳат генерал Шариф Назарзода на танҳо бо дастгир кардану маҳкум сохтани помириҳо сокит мешавад.
Ба дасти мо маълумотҳое расида истодааст, ки ҳоло ҳадаф фаротар аз боздоштҳо аст. Манобеи мо мегӯянд, ки айни замон нақшае дар даст доранд, ки дар ВМКБ як ҷангу хунрезии кучак ва идорашаванда доир карда онро бори ҲНИТ кунанд. Раҳмонов бо генералҳои ҳаммаҳали худ, ки ба ВМКБ фиристода аст ва бо истифода аз абзору афзори ҷангӣ ва маблағҳои буҷаи давлат бояд ҳамин корро бикунад. Ҳамин ки гуфтанд, интернет ба Помир барои он барқарор нахоҳад шуд, то помириҳо таҳти таъсири мухолифин дар Аврупо қарор нагиранд, низ дар доираи ҳамин нақша буд. Коршиносони хориҷӣ пештар зикр кара буданд, ки Раҳмонов қасд дорад, бо истифода аз гурӯҳҳое аз Афғонистон (албатта бар ивази пули калон) дар Хоруғ як “марзшиканӣ” ва як ҷанги кучак ташкил карда онро бори дӯши ҲНИТ кунад. Ин як нақшаи чандсамта аст. Вале ҳадафи ниҳоияш ҳифзи қудрати хонаводагии Раҳмонов-овардани Рустами Эмомалӣ ва ҳамин тавр таъмину тамдиди нуфузу тасаллути ҳамин гурӯҳи ҳаммаҳалҳо болои мардуми Помир ва бақия мардуми тоҷик аст.
“(Гуфта мешавад вақте 120 кило тилло ва 15 миллион доллари зани Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фироркардаи Афғонистон дар фурудгоҳи Душане дастгир шуд, ин нақша-нақшаи ҷанги кучак дар Бадахшон ва бори ҲНИТ кардани он тарҳрезӣ шудааст. Раҳмонов ин миқдори тиллову пулро ба Ғанӣ бо ҳамин шарт бозгардонида буд, аммо он вақт Русия ба шиддат мухолифат мекунад)”
Шариф Назарзода,генерал-лейтенанти милиса, нафаре аст ки ҷанги дар Кулоб дар замони вазирии Маҳмадназар Солеҳов дар соли 2008 муқобили мӯсфеди Салмон Лангариро ташкил карда буд. Вай ҳам вазири онвақта ва ҳам Раҳмоновро мутақоид карда буд, ки бояд Суҳроб Лангариевро бизанад ва кафолат ҳам дода буд, ки бидуни кадом хунрезии калон анҷом медиҳад. Вай бо ҳаҷми зиёди тратил-маводи мунфаҷира хонаи бобои Салмонро кафонд ва чандин нафар аз афроди бегуноҳ ҳам дар ҷараёни ин амалиёт кушта шуданд.
Маҳмадизода Хуршед бо лақаби “Звер” ё “Сабзӣ” дар 05 11 2018 дар шахри Хоруғи Бадахшон шахсан худаш аз пистолети травматикӣ ду ҷавони бадахшониро захмӣ кард, ки баъдан тамоми бадахшонихо дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамь шуда митинг карданд ва талаб карданд ки ин генерали қотил ҷазо дода шавад. Генарал Маҳмадизода Хуршед дар солҳои 2011 то 2015 вазифаи командири отряди махсус АЛФА-и КДАМ-ро ба ӯҳда дошт. Ин масъулиятро ба ӯ СС.Ятимов дода буд. Дар соли 2012 бо роҳбарии шахсии ӯ Имомназар Имомназар, лидери мардумии Помир кушта шуд. Аз 29 майи соли 2015 то ба имрӯз командири отряди махсуси ВКД (фармондеҳи ОМОН) мебошад. Ҳоло ин генерали фархорӣ омодаи ҳамлаву ҳуҷум ба Помир аст.
“Аз Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков) СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ва нақши онҳо дар саркӯбу куштори сокинони Помир нагӯем ҳам мешавад. Чун маҳз ҳаминҳо ва бахусус дуи ахири онҳоянд, ки сар аз соли 2012 Вилояти Мухторро ба хоку хун нишонида истодаанд. Ин генералҳо агар имрӯзҳо дар нияту қасди ситонидани қасос бошанду шароит ва ҳолатро лаҳзашуморӣ мекунанд, Раҳмонов ҳам мехоҳад, ки ин қалъаи номуси миллати тоҷикро бишканад.То инки ба осониву роҳатӣ битавонад бо Рустам то охири умр помириҳову Тоҷикистону тоҷикистониҳоро битозад.”
Абдулло Навҷувонови помриро аз Хуҷанд дар рӯзҳои буҳронии Хоруғ оварданд вале ҳоло ӯ дигар даркор нест. Бояд бо тавассул ба зӯр ВМКБро комилан суқут диҳанд ва султаи худро дар Боми ҷаҳон барқарор созанд. Барои он бояд фақат ҳаммаҳалҳои худаш дар сари кор бошанд.
Ба Шариф Назарзода, курсии вазирӣ ваъда шудааст, ба ин шарт, ки ӯ бояд афроди содиқ ба Муҳаммадбоқирро яке, яке аз давру бари вай бигираду шинонад ва шароит барои ҳамон нақшаи ҷанги кучакро фароҳам созад.
Аммо вай аз Русия сахт дар ҳарос аст ки ба ин нақшаи вай чи гуна муносибат мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки новобаста аз харҷи пули калон ва гирифтани замонат, мутмаини нест, ки он “афғонҳо” сипас, пас аз иҷрои нақша, пас бармегарданд ва ё на. Бахусус, ки дар суханронии ахири Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия аз таҳдиди ноамниҳо дар марзҳои Тоҷикистон тавассути “Ҷамоати Ансоруллоҳ” махсус таъкид шуд.
Вале васвасаи овардани Рустам ба ҷойи худаш ӯро ҳар лаҳза мушаввашу беқарор карда истодааст. Аз ин ҷо аст ки сокинони сарбаланди Помир набоядам гулу фиреби Шариф Назарзодаро бихуранд ва иҷрои он кореро, ки метавонанд, набояд ба таъхир бигзоранд, зеро мори саркуфтаву нимаҷон хашинтар ва газандатар аз мори осебнадида аст….