«Ислоҳ+» омодаи ҳазфи наворест,ки Шоҳида.М зери он комент навиштааст!

Ислоҳ нет

Вакили мудофеъи Шоҳида Маҳмадҷонова аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мекунад. Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Абдураҳмони 09 як блогери тоҷики муқими Олмон бо иттиҳоми тарафдорӣ аз ақоиди созмонҳои оппозитсионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои 6 сол равонаи зиндон шуд. Бо айни ин ҳукм садҳо ва шояд ҳам ҳазорҳо ҳамватани мову шумо феълан дар паси панҷараҳо ба сар мебаранд. Аммо инки як зан-модарро ҳам барои ибрози ақида ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум ба зиндон карда бошанд, собиқа надорад, зане, ки узв ва ё тарафдори ҳиҷ гурӯҳи мувофиқ ва ё мухолифи сиёсӣ нест. Ва, ин ҳукм ҳам дар моҳи шарифи Рамазон, моҳе, ки бахшидан ва афв кардан яке аз фазоилу хусусиёти он аст, содир мешавад.

Худо кунад, ки вакили мудофеъи Шоҳида Маҳмадҷонова муваффақ бишавад. Аммо мутмаин нестам, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукми додгоҳи ноҳияро мунсифона бозбинӣ кунад ва кадом сабукие диҳад. Ба ин далел, ки парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова сирфан сиёсӣ аст ва дар чунин қазияҳо худи Эмомалӣ Раҳмонов қарор содир мекунад. Вале агар кадом муъҷизае рух доду тағйироте пеш омад, барои бори аввал хоҳад буд. Аммо бояд тамоми зинаҳо ва сутуҳи додгоҳӣ дар ин қазия тай бишавад, то ба мароҷеъи байналмилалӣ бирасад, ва боз як бори дигар муҷиби сияҳномии ин Диктатор шавад. Ҳамчуноне ҳоло даҳҳо парвандаҳо дар муассисаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид бар бегуноҳии маҳкумшудаҳои тоҷик ба ҳайси санад ҷамъ шудаанд ва замонаш мерасад, ки ҳар кадоме аз онҳо далели муваҷҷаҳ ба парвандаи ҷиноии Раҳмонов хоҳанд шуд.

Фақат кишварҳое, ки амсоли Раҳмонови диктатор дар онҳо роҳбаранд, шаҳрвандонро барои ақида ва андеша маҳкум мекунанд ва ба маҳкама мекашанд. Ҳатто дар ҳамин Тоҷикистони таҳти идораи ин Диктатор дар Қонуни асосӣ таъкид шудааст, ки шахс барои ибрози ақида ва андеша озод аст ва мавриди таъқиб қарор намегирад:

  « Моддаи 30.Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатй ва таъқиб барои танқид манъ аст».

  Аммо, мо пештар ҳам тазаккур дода будем ва бори дигар ёдрас менамоем, ки ҳамчунин қазия ва парвандаҳо таҳти контроли бевоситаи худи Раҳмонови Диктатор аст. Ва, дар ин парвандаҳо ҳамчунин таъкиде «КҶО-контроли Ҷаноби Олӣ» ҳатман бо ранги ғафс навишта шудааст. Ҳеҷ муфаттишу ҳеҷ судяе дигар ҷуръати ислоҳи онро нахоҳад дошт. Ёдатон бошад аввал бо тамоми ҳайати тафтишот талош карданд, ки Зайд Саидро барои сирқати пул муттаҳам кунанд. Вақте диданд, ки Зайд ҳамаи он маблағҳоро пардохт мекунад ва озод хоҳад шуд, бо туҳмату дурӯғ ба вай ҷазои таҷовуз бо ноболиғро заданд. Чунки ин худи Раҳмонов буд, ки дар баробари таъсиси ҳизб аз тарафи Зайд эҳсоси бим кард ва гуфт, ки ӯро барои солҳои тулонӣ зиндонӣ кунанд ва ҳамин тавр ҳам карданд.

 “Хонум Шоҳида Маҳмадҷонова чи гуноҳе содир кардааст? Дар зери ду наворе дар YouTube шарҳ навиштааст. Яке аз ин шарҳҳо дар зери наворе дар «Ислоҳ+» навишта шудааст. Барои ҳамин додгоҳ ӯро ба ҳимоят аз ақидаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон: «Гурӯҳи-24» ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ муттаҳам кардааст. Аммо шумо, ки иқтибоси оварда аз Қонуни асосиро хондед, ки барои «ақида» набояд таъқиб шуд, чи расад ба онки зиндон бишавад. Вале, дигар ин воқеият аст, ки Шоҳида Маҳмадҷонова 6 сол гирифт.”

Соли 2020 ин хонумро, ки ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар Ваҳдат кор мекард, водор карданд, ки тарки кор кунад. Ҳамчунин як бародари ин хонумро ҳам аз маҳалли кораш берун андохтанд. Инки ин хонум зери наворҳои мухолифин ду бор шаҳр навиштааст, як баҳона ва як дастаке буд, ки бар асоси он тавонистанд ӯро ба маҳкама бикашанд. Аммо асоси ин ҳукму ин зиндонсозӣ ин аст ки Абдураҳмони 09-Шерзод Маҳмадҷонов, писари блогери бону Шоҳида дар навору суханрониҳояш мақомоти тоҷикро танқид кардаасту танқид мекунад. Модари ӯро маъмурони амниятӣ ва ходимони милиса на як бору ду бор даъват кардаву таҳти шиканҷа ва фишор қарор доданд, ки даҳони писарашро бибандад. Ҳамин ки ӯ ва бародарашро аз кор ронданд низ барои он буд, ки натавонист даҳони Абдураҳмони 09-ро бибандад.

Ҳоло акунун модари мушти парро, зани бидуни мутаккоро барои кирдори писараш барои 6 сол равонаи зиндон карданд. Бо ин васила мехоҳанд, ки Абдураҳмони 09 ва боқии муборизону мухолифинро, ки дар ҷабҳаҳои иттиллоотӣ тамоми ҷиноёту ҷароими Диктатор ва хонаводаи яъҷуҷу маъҷуҷи ӯро, ки тамоми ин ҳама муддат хуни мардумро макида истодаанд ошкор карда истодаанд, аз роҳашон бозгардонанд, ба як ҳисоб битарсонанд, то бас кунанд. Раҳмонов ва писару духтарони вай ва маъмурони амнияташ дар воқеъ башиддат нигаронанд, ки чи гуна мухолифин то даруни хонаҳои онҳо, кабинетҳои онҳо, коргоҳҳои онҳо роҳ ёфтаву нуфуз кардаву сирру асрори махуфи онҳоро ба мардум маълум карда истодаанд. Раҳмонов аз он дар тарсу ҳарос аст ки «одамон»-и мухолифин дар даруни дарунанд ва маълумотҳои ҳаттто оилавиро ба берун бароварда истодаанд, маълумоти ахборе, ки воқеианд. Барои ҳамин вай бояд қасоси онҳоро аз наздиконашон бигирад. Масалан қасоси Абдураҳмони 09ро аз модараш бигирад ва барои боқии муборизон бифаҳмонад, ки агар шумо ҳам ором нашудед, чунин сарнавишт болои шумо ҳам такрор хоҳад шуд. Мақсадаш аз зиндонӣ кардани Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамин аст.

Аммо ман бо сароҳат ва қотеъият мегӯям, ки кӯр хондааст, ғалат аст. Мо, аз ин роҳ барнахоҳем гашт. Абдураҳмони 09 ҳукми модарашро «говсуд» арзёбӣ кард ва гуфт, ки ҳукми модари меҳрубонаш барои фаъолиятҳои ӯст. Натарсид, аз роҳу раъяш нагашт. Ҳатто агарки тарсонидӣ, вале барои чанд муддату чанд вақт? Мехоҳӣ, ки ҳама сукут кунаду ту бо аҳлу авлодат ҳамаро тохта гардӣ? Мутмаин бош, ки ин тавр намешавад.

  “Мо, дигар тан ба тақдир супоридаем. Туфон меояд ё тундбод ё баракс роҳи ҳамвору бехатар, то замоне, ки ту ҳастӣ, то замоне, ки дар ғурбатему бознагаштаем, бозгашт надорем.”

Ҳама чиз ҳатто ҷанги мусаллаҳона қоидаҳои навиштаву нонавишта дорад. Шумо ба ҳаде номард ва ғайриинсонед, ки нони даҳонро мегиред, ҷойи ризқи инсонҳоро пахта мебандед. Бародару бародарзодаҳои устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нуриро барои он боздошту зиндонӣ карданиед, ки аз бастагони худ пул дарёфт кардаанд. Ҳамин Шоҳида, шояд садҳо бор писарашро гуфт, ки идома надеҳ, аммо агар писараш гапашро нагирифт, вай чи гуноҳ дорад? Он хонумро, он зани бечораро ба ҳадде дучори шиканҷа кардаед, ки «тавба» карду узр хост. Аммо додгоҳ чи ҳукме содир кард? 6 сол!!! Барои як зан, зане, ки ҳатто корашро аз дасташ гирифтеду дар кучаҳои зиндагӣ овораву бесарнавишташ кардаед, магар ин сахт нест? Вай ҳам одам аст, ҷон дорад, ҷонаш дард мекунад. Аз «медсестра»-гӣ маҳрумаш кардед, вай чизе нагӯяд? Аз қадим дар ғоиби амиру подшоҳу раису мудир ҳазоруяк кас гап мезанад, ҳақорат мекунад, дашном медиҳад. Пас, бояд ҳамаи онҳоро гирифту зиндон кард. Дар воқеъ Аҳамади Иброҳим, сардабири «Пайк» дар номааш ба унвонии банда дуруст қайд карда буд, ки бо ин қонунҳои вазъкардаатон метавонед, ними зиёди мардуми Тоҷикистонро ҳабсу зиндонӣ кунед. Бале, дар ин қазия ҳам ҳама туҳмату томот бар мабнои моддаи 307 банду баст шудааст. Ҳамон моддае, ки хонаи ҳазоронро сӯхт, ҳамон моддае, ки мисли мошини «черная ворона»-солҳои 37 аст.

Аммо мардум галаву подаву рама, ки нест. Ҳамачиро мебинад ва мефаҳмад. Мефаҳамад, ки Раҳмонов эҳсосу табиату хусусиёти инсонӣ надорад. Дорад, аммо танҳо барои оилаи худ ва авлоди худ. Боқии мардумро одам намеҳисобад.

Ҳоло ин зан агар чизе гуфта метавонисту метавонад аз қавлаш баргардад. Ҳамчуноне як муҷрим бо расонидани миллионҳо зиён ба муҷарради пардохт озод мешавад. Ин ҳам агар гуфту навишт, мегуяд, ки хуб, дигар наменависаму намегӯям. Яъне «опровержение»-раддия менависад ва аз ҳарфи гуфтааш даст мекашад. Чаро ин корро кардан мумкин набошад?

“Агар, аслу асос, агар далели ҳукми хонум Шоҳида Маҳмадҷонова ҳамин ду шарҳи зери наворҳо бошад, мо ҳам омодаем, ки ҳамон наворро аз шабакаи «Ислоҳ+» ва шабакаи Абдураҳмони 09 ҳазф бикунем. Қабл аз ин,ки матлабро нависам бо бародар Абдурраҳмон суҳбат намудам ва ин саволро аз ӯ кардам. Шумо омодаед ҳар наворе,ки модаратон зери он комент навишта бошад онро ҳазф кунед? Абдурраҳмон гуфтанд: “Бале ман омодаи ҳазфи он навор ҳастам ва раҳоии модарамро мехоҳам.”

Албатта додгоҳ бояд акси он коментҳоро дар парванда дошта бошад ,ҳангоме,ки ба шаш сол зиндон ҳукм менамояд. Мо он коментро не ҳар наворе бошад ва чандсад ҳазор бинандае ҳам дошта бошад омода ба ҳазфи он навор ҳастем.   Бо ин шарт, ки хонум Шоҳидаро озод хоҳед кард ва исбот мекунед, ки на барои писараш ӯро зиндон кардаед. Ва, мо омодаем, ки аз шумо узр ҳам бипурсем, ки таҳқир шудаед. Дар ҳоле ,то имрӯз аз Раҳмонов ва оилааш ҳаргиз узр напурсидаам, аммо ба хотири ин модар омодаи узр пурсиданам, то ӯро озод намоянд. Ин ба он хотир аст, ки зери навори гузоштаи мо комент навиштааст. Ин шарти ҳам мантиқӣ ва ҳам одилона аст. Зеро дигар далелу асос барои дар зиндон нигоҳ доштан нахоҳад монд. Агар воқеан ҳукми додгоҳ танҳо ҳамин аст ва рост мегуед марҳамат!

Share This Article