НОМАИ ШИКОЯТИИ РОНАНДАҲОИ АВТОБУСҲОИ 1,2,3 ДУШАНБЕ БА “ИСЛОҲ”

Ислоҳ нет

 Ё дод аз дасти Зафари Ситикорти Душанбе, ҳамсабақи Рустами Эмомалӣ

Салом ба «Ислоҳ», ба бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро мо  гуруҳе аз кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе бароятон ирсол мекунем.

Имрӯз яке аз ҳамсабақони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо номи Зафар “ширкате боз кардааст” бо номи «Сити-корт». Ин ширкат, ки ҶДММ мебошад, чанд корхонаи коммуналии шаҳри Душанберо дар кафи дасти худ бозӣ доронда истодааст. Ҳеҷ нафар ҷуръат надорад, ки дар бораи қонуншиканиҳои он ба ягон мақомот муроҷиат кунад. Мо кормандони «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» чанд маротиба ба Идораи коррупсияи шаҳр ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат намудем, ки пеши роҳи дуздиҳои ин ширкати хонасӯзро гиранд. Аммо ҳамаи кормандони коррупсия мегӯянд, ки аз дасти ягон нафари мо ҳеҷ коре намеояд. Барои онки ин фирма фирмаи Раис аст!  Ҳар як ронандае, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ даъво мекунад, дар ҳол бо як занги телефонии Зафар аз РВКД-и шаҳри Душанбе омада ӯро маҷбурӣ мебаранду чанд шабонарӯз дар подвали УВД маҳкам  карда азоб ва танҳо баъди канда гирифтани 10-15 ҳазор сомонӣ ӯро ҷавоб медиҳанд. Дигар ронандагон низ аз тарси ҷон лаб зери дандон кардаанду бо азоб сабр карда истодаанд. Беҳтарин ронандагон тарки Ватан карданду ба Русия рафтанд.

Акнун инҷо мехоҳем аз азобҳои кори нақлиётчиёни шаҳри Душанбе барои шумо ва мардуми шарифи кишвар бигӯем, ки ин Ситикорти касофат ба сари мо овардааст.

1.Ҳар як автобус бояд ҳатман аз заправка (сервис)-и “Ситикорт”  маводи сӯзишворӣ гирад. Борҳо санҷидем, ки ба ҷои ҳар 10 литр солярка 9-литр мерезад. Бинед, ки агар як ронанда дар як рӯз 50 литр сӯзишворӣ сӯзад,5 литрашро Ситикорт медуздад.
2. Ҳар як автобус ё троллейбусе, ки вайрон мешавад, бояд танҳо “Ситикорт” онро таъмир кунад ва корхонаи коммуналӣ набояд ба он кордор шавад. Яъне ҳар як қисми эҳтиётии ин мошинҳоро онҳо бо нархи дилхоҳи худ «списат» мекунанд.
3. Агар ронандае, ки нақшаи  ҳаррӯзаи худро ҷамъ карда натавонад, ӯро аз кор «снимат» мекунад ва мегӯяд то 3-4 ҳазор сомонӣ ҷарима насупорӣ, ба кор намебароӣ

4.Кадом ронандаеро хоҳанд бо як занги телефонӣ аз кор озод мекунанд ва агар ронанда аз кор рафтан нахоҳад, бо тарс додан аз миситсия ӯро аз кор пеш мекунанд

5.Ронандагон кӯр нестанд, ки як автобус ё троллейбусро пури одам карда мебаранду дар охир мебинанд, ки дар компютер 15-20 карта гузаштааст. Яъне нисфи ҳақи роҳкирои мусофиронро ширкати “Ситикорт” ошкоро медуздад.

Чи хеле гуфтам, аз дасти ҷабру зулми “Ситикорт” беҳтарин ронандаҳо ба Русия рафтанду ҳоло дар онҷо пули нағз кор карда истодаанд. Имрӯз чандин ронандаҳои дигар омодаанд ба Русия раванд. Вақте ки мо кормандони автобаза ба ҳоли зори ин ронандаҳо нигоҳ мекунем, диламон месӯзад. Агар пуштияшонро гирем бо ҳар баҳона моро аз кор пеш мекунанд. Гапи Зафари роҳбари ширкати «Сити корт» ё ҷонишинонаш Ҷомӣ ва Садриддин барои ҳама директорони автобазаҳо қонун аст.

Ҷомӣ муовини Зафар мебошад. Ҳар хеле хоҳад бо ронандагон муносибат мекунад. Масалан ронандаеро аз хати сайри 3 барои аз аз истгоҳ берун пул гирифтан “Бар падарат лаънат” гуфта таҳқир кард. Ронанда ҳам ба номус будааст. Дар ҷавоб бар падари худат лаънат гуфт. Барои ҷавоби дашноми Ҷомӣ ӯро аз кор пеш карданд.
Мисоли дигар. Ронандаи автобуси хати сайри 2 дар истгоҳи сирк барои пур кардани план аз мусофир 2 сомонӣ пул мегирад ва ин ҳолатро худи Зафар мебинад. Ӯ ба Зафар мегӯяд, ки барои пур кардани план мо маҷбурем, ки аз мусофирони бе корт пули нақд гирем. Барои ин ҷавоб бечора ронандаро 2 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.Дар як сол ду маротиба садамаи марговар руй дод, ки яке аз ронандагон дар бозори Корвон хобаш бурда чандин мошинро зада бекор ва занеро зери чархи мошин монда ба ҳалокат расонд.Чунин ҳодиса аввали моҳи Рамазон низ дар назди истгоҳи «Медгородок» сурат гирифт, ки ронанда хобаш бурд ва 7 таксиро зада корношоям намуд. Навори ин ронанда нашр шуд ва мардум барояш пул ҷамъоварӣ намуда буданд,ки ҳама онро диданду дилашон сӯхта буд. Сабаби хоб бурдани ронандаҳо маҳз ҳамин Зафари ҳаромхӯр аст.

Тамоми ронандагонро аз линия (масир) снимат мекунад ва автобазаҳо ронандае намеёбанд, ки ба кор бароранд ва маҷбур мешаванд, ки ронандаҳои дигар бе рӯзи истироҳат кор кунанд. Охир кадом одам ҳамарӯза аз соати 4-и субҳ то соати 10-11-и шаб кор мекунаду боз қувваташ боқӣ монад?

“Моҳи феврал дар корхонаи «Автобус- 2» маҷлиси «Сити корт» доир шуд ва дар он ронандае хеста суол дод, ки ҳар ҳафта сад сомонӣ, сад сомонӣ плани моро боло мебаред. О, мусофир аз куҷо ёбем, ки плани зиёди таъинкардаи «Сити корт»-ро пардохт кунем. Зафар шарм надошта гуфт, ки камтар пули ширкатро дуздеду планро супоред. Зафари хуниодамхӯр ронандагонро муттаҳам дорад, ки пул медуздед. Мо ҳар кадомамон аз 10 то 25 соли умри худро дар соҳаи нақлиёт гузаронидаем ва то имрӯз надидем, ки як ронандаи автобус ё троллейбус як хиштро дар хонааш болои як хишти дигар гузорад. Аммо ин Зафари беимон дар маҳаллаи Чашмасор роҳи қабристони ин маҳалларо маҳкам намуда, дар ҷойи роҳ як қаср барои худаш сохта истодааст. Ана акнун худатон қазоват кунед, ки дузд Зафари «Ситикорт» аст ё ронандаи автобусҳо?”

Вақте Зафар сохтумони хонаи худро сар кард, чанд нафар ҳамсояаш аз маҳаллаи Чашмасор ба мақомот шикоят карданд, ки ӯ дар роҳи қабристон хона сохта истодаасту ягон нафар аз олам гузарад, ба гӯристон бурда наметавонанд. Барои шикоят карданашон тамоми ҷавонони ҳамсояашро бурда дар милитсияи шаҳри Душанбе то якмоҳӣ маҳкам намуд. Кормандони милиса он чунон ҷавононро задаву шиканҷа намуда буданд, ки обро ба зӯр қурт мекарданд.
Қонун дар куҷост?  Қонун барои мардуми камбағал асту ин гуна Зафарҳо ҳамеша мусичаҳои бегуноҳ ҳастанд. Наход бо маоши ҳалол одам дар давоми 3-4 сол қаср созад? О, ҳамин қасри месохтагиаш, ки аз тамоми гушаҳои шаҳр намоён асту ҳар касе бинад, бо ҳайрат нигоҳ мекунаду ба фикр меравад, ки ин қадар пул аз куҷо?

“Инҷо суоле ба миён меояд, ки ин хонаро Зафар бо кадом пул сохта истодааст? Бинед, ки дар шаҳри Душанбе қариб 700-800 автобусу троллейбус фаъолият доранд. Ҳамарӯза агар аз ҳар як мошин 5 литри соляркаро дуздад, 3,5 ё 4 тонна солярка мешавад. Агар ин 3,5 – 4 тонна соляркаро 8 сомонӣ ҳам фурушад 28 – 32 ҳазор сомонӣ мешавад. Дар ҳоле, ки як литр солярка аз 11 сомонӣ кам нест. Агар аз валидаторҳои ҳар як мошин ҳаррӯз 20 сомонӣ дуздад, дар як рӯз 14 – 16 ҳазор сомонӣ мешавад. Бинед, ки якрӯза дуздии Зафар 42- 48 ҳазор сомониро бо ҳисоби минималӣ ташкил медиҳад. Агар округлят кунем 5000 ҳазор доллари амрикоӣ мешавад ва дар моҳ 150 ҳазор доллар.Ҳоло ин рақамро ба 30 рӯзи як моҳ ва 365 рӯзи сол зарб занед, бинед,ки чи суммае ҷамъ мешавад?”

Яке аз дуздиҳои дигари «Ситикорт» ин аст ки ин ширкати аждаҳосифат иҷозат намедиҳад, ки ронандагонро дежурний автобус бурда орад. Бечора ронандагон баъзеяш ҳамарӯза аз 25 то 40 сомонӣ роҳкиро намуда ба кор меоянду бегоҳ аз кор мераванд.
Инҷо як суоле ба миён меояд, ки ин қадар пул ба кисаи Зафар меравад ё ба кисаи каси дигар ҳам ворид мешавад? Мо борҳо аз ҷонишини раиси шаҳр Саидзода Фирдавс талаби ҳуқуқҳоямонро кардем. Бовар кунед, як барзагов чию Фирдавс чӣ? Аммо вақте таҳқиқ намудем, маълум гардид, ки аз ин ҳисоб 20 фоизи дуздиҳои Зафар ба кисаи Саидзода Фирдавс низ медаромадааст.

Мо кормандони автобазаҳои шаҳри Душанбе на ба хотири сиёҳ кардани раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, балки барои огоҳ кардани ӯ ин номаро ба унвонии «Ислоҳ» навиштем то дарди дили мо ба гӯши Рустами Эмомалӣ расад ва огоҳ шавад, ки аз дасти ин ҳамкурси калағафсаш ба дод омадаему чандин ронандаҳое ҳастанд, ки омодаанд 20соли маҳбасро ба калла гиранду барои аз дасти ин деви каллағафси Зафар озод шудан ҳар корро анҷом диҳанд. Огоҳии мо кормандони «Автобус- 1», «Автобус- 2», «Автобус -3» ба Зафари каллағафс ин аст ки агар ҳуқуқҳои ронандагону кормандони соҳаи нақлиётро аз рӯзи нашр шудани ин номаи мо як бори дигар поймол кунаду ронандаҳоро аз линия снимат кунад, соляркаҳояшонро дуздад, автобусҳои дежурнийро ташкил накунад, ба ҳар як ронанда рӯзҳои истироҳатӣ надиҳад ,қисме аз мо аввалин шуда бо автобус пеши роҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмонро мегирему аз он кас риояти ҳуқуқҳоямонро талаб кунем. Чун,ки Рустами Эмомалӣ ҳам мисле,ки дар доля шарики Зафар аст ва ба ӯ чизе намегӯяд.
Албатта, ин охирин номаи мо нақлиётчиҳо нест. Чандин навор аз рафти суханронию таҳдидҳои Зафар ва муовинаш Ҷомӣ дорем, ки чӣ гуна мо нақлиётчиҳоро аз мақомот метарсонанд.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Шумо ин наворҳоро тамошо кунед ва ба дурустии суханҳои мо бовар кунед. Вале хоҳиш мекунем, ки наворҳоро ҳоло нагузоред. Мо мехоҳем бинем, ки ин Зафари хонасӯз ислоҳ мешавад ё не? Агар ислоҳ нашуд ва ё моро пайдо намуданду террорист эълон карданду маҳкам намуданд, ана баъд наворҳоро паҳн кунед. Озод мондан ё намондани моро шумо бо он мефаҳмед, ки ҳади ақал дар се рӯз як маротиба ба шумо салом равон мекунем.Агар аз се рӯз бештар гузашту аз мо салом нагирифтед, донед, ки моро аллакай террорист хонда паси панҷара бурданд.
Бо эҳтиром гуруҳе аз кормандони корхонаи комуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе

 Ps:  Ислоҳ албатта ин ҳолатро ҳатман ба инобат мегирад ва дар сурати тағйир наёфтани ҳолати ин ронандагон омодаи нашри ҳама наворҳои дар дастамон буда иқдом хоҳем кард. Рустами Эмомалӣ  гуфти падарат “ту гурусна нестӣ” умед ворем гурусна набуданатро барои мардум ба намоиш мегузорӣ. Агар боз ҳам бо ин ширкати офёрият,ки зулмро идома доди пас падарат дурӯғ гуфта аст,ки ту “гурусна нестӣ” . Ислоҳ ҳолатро назорати ҷиддӣ медиҳад ва ҳар тағйиротеро ҳатман тақдим хоҳем кард.

Таҳқиқоти мо дар қазияи “СИТИКОРТ” идома мекунад ва ҳатман маълумотҳои лозимаро дар рӯзҳои наздик тақдим хоҳем кард.

Бо “Ислоҳ” бошед , то маълумотҳои бештаре дошта бошед!!!

Share This Article