Омори зидунақизи кушташудаҳои ҷанги миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17сентябри соли равон дар сарҳад ва деҳоти назди марзӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон касро ба ин натиҷа мебарад, ки мақомоти тоҷик маълумоти воқеиро пинҳон дошта, талош мекунанд, шумораи қурбониёнро хеле камтар нишон диҳад.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ин ҷанг 41 нафар ба шумули шаҳрвандони мулкӣ кушта шудааст. Аммо тибқи феҳристи интишордодаи радиои «Озодӣ» теъдоди кушташудаҳои ин ҷанг ном ба ном зикр шудааст 59 нафарро ташкил додааст.
Аммо тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ.нет» аз манобеи наздик ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар рӯзҳои ин ҷанг ҷасади 87 нафар аскару афсари Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон:-вазорати дохилӣ, вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи амният аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шудааст. Дар қатори ин кушташудаҳо 25 нафарашон аз Вилояти Хатлон будаанд. Аз Ёвон ба “Ислоҳ” навиштанд: “ҳоло ду сарбози шаҳидро ба Ёвон оварданд яктояш аз деҳаи Савхози як, дигараш аз ҷамоати Ҳайёти Нав буд, дар мо мотаму фиғон аст”
Инчунин аз мақомоти Суғд навиштанд: “дар госпитали қушунҳои сарҳади аз вилояти Суғд дар умум 22 ҷасад сарбоз ва афсар ворид шуд имрӯз, ки ин ҷасадҳо фақат ба ғайр аз вилояти сугд мебошанд, ки бояд пас аз оромтар шудан ба наздиконашон ирсол шаванд ба дигар вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар.” Пас ин ғайр аз он 87 нафарест ба Душанбе, то ҳоло ирсол шудааст, хуб диққат кунед!
Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи Саломиддин Мирзораҳматов ва Бахтиёр Ҳамдамов танҳо дар як ноҳияи Исфара маросими хоксупории 53 нафар аз шаҳидони ин ҷанг доир шудааст:
«Пятьдесят три мирных жителя погибли только в Исфаринском районе. Число погибших в Канибадамском, Гафуровском, Джабборрасуловском районах уточняется, о чем мы сообщим в следующих публикациях».
Ин ҳам дар ҳоле аст ки бинобар навиштаи расонаҳои иҷтимоӣ дар деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари ҳамлаи заминӣ ва ҳавоии қирғизҳо 20 нафар аз сокинон аз ҷумла 12 нафар дар дохили масҷид ба шаҳодат расидаанд.
Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲДТ навиштааст, ки дар ин ҷанг 60 нафар тоҷик кушта шудааст.
Дар феҳристи ироа намудаи «Озодӣ» исму насаби даҳҳо тан аз низомиён ба шумули афсарони Кумитаи амният, вазорати мудофиа, ОМОН-и вазорати дохилӣ ва Гвардияи миллӣ зикр шудааст. Дар ин феҳрист исми ронандаи фармондеҳи Гвардияи Миллӣ дар Исфара ҳам зикр шудааст, аммо маълум нест, ки ин сарбоз дар чи шароите, ба ҳангоми ҳаракат ва ё ширкати мустақим дар майдони ҷанг кушта шуда бошад.
“Бинобар хабари нашршуда дар сайти телеканали “Азия HD”-и шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба хонаводаи 19 сокини вилоят, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд кӯмакҳои пуливу молӣ расонидааст.”
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Мурат Иманалиев дар як нишасти матбуотӣ омори кушташудаҳои низомиён ва афроди мулкӣ дар Тоҷикистон бар асари ин ҷангро 200 ва захмиёнро 400 кас эълон кардааст.
“Манбаи «Ислоҳ» аз вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, айни ҳол дар моргҳои Душанбе аҷсоди даҳҳо тан аз низомиёни Неруҳои мусаллаҳро нигоҳ медоранд. Ин манбаъ гуфт, ки ба моргҳо дастури қатъӣ дода шудааст, ки қурбониҳои ин ҷангро тавре ба соҳибонашон супоранд, ки «паника» ба вуҷуд наояд, мардуми пойтахт таҳти воҳима қарор нагиранд.”
Яъне, мурдаҳоро то ҳадди имкон бо навбат, бо фосила ва оҳиста-оҳиста бидиҳанд.
Айни замон тақрибан дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, шаҳру деҳот як ё ду нафар аз аскару афсари кушташудаи ин ҷангро ба хок супорид даҳҳо хонавода дар азову мотам нишастааст. Агарчи ин бор низ Эмомалӣ Раҳмон-«Пешво»,«Падари миллат», «Асосгузори тоҷикҳову Тоҷикистон» на таъзияе баён карду не рӯзи мотам эълон намуд, аммо амалан Тоҷикистон дар мотам ва азо нишастааст. Дуди ҷигари волидону бонувон ва фарзандони ин шуҳадои гулгункафан замину осмони Тоҷикистонро сӯзонида истодааст, аммо Раҳмонову аъзои хонаводааш сари муе ҳам парво надоранд, мижааш хам намехурад. Чунки ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи вай, аъзои хонаводаи қудову андаҳояш, домодҳояш, хусурбачаҳояш дар ин ҷанг қурбонӣ надодаанд.
“Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дар тамоми қаламрав ва низ намояндагиҳои дипломатии худ дар ақсо нуқоти ҷаҳон парчамҳои кишврашро поин овард, тамоми барномаҳои тафреҳии радиову телевизион ва намоишҳои театру синамо лағв шуданд, хулоса давлат шарики азои миллӣ шуд. Аммо дар мо комилан баракс. Мисли онки чизе нашуда бошад, дар дусад хонавода азо набошад. Худи ҳамин муносибат ва бархурд нишон медиҳад, ки фосила байни Раҳмонов ва мардум чи қадар бузург аст ва инҷо ду бегона ва ду аҷнабиянд, ки маълум нест чаро ин ҳама муддат ҳамдигарро таҳаммул ва тоқат мекунанд.”
Бадтарин ҳолати ин рӯзҳои мудҳиш ҳамин ҳолате аст ки Ятимов бо Тошиев протокол имзо мекунаду табассуми фароху густардаи даври лабонашро наметавонад пинҳон созад. Чандин афсари Кумтаи давлатии амнияти миллӣ, масалан ҳамин майёр Ғолиб Абдунабиев ва подполковник Олимшо Холиқназаров ҷоми шаҳодат нӯшиданд, мурданд, дар хонаи онҳо мотам аст, кудакони хурдсолашон ятим шуд, аммо Раис,«масъули амнияти 10 миллион тоҷик» бе ягон азоби виҷдон ханда мекунад, изҳори хушҳолӣ мекунад, ки бо Тошиев протокол имзо кард.
Агар Раҳмонову Ятимов давлату давлатмадор мебуданд. ин ҳама куштору ин ҳама ҷанг ба вуҷуд намеомад, беш аз дусад нафар ҷони худро аз даст намедод.
Чаро Раҳмонов аз Ятимов суол намекунад, ки ту куҷо будӣ? чаро пешакӣ аз нақшаи ҳамла огоҳ нашудӣ? чаро ҷилавгирӣ карда натавонистӣ?
Дар воқеъ, чаро СС. Ятимов то инки ҷангу куштору хисороти ҷониву молӣ пеш наояд дар фикри музокираву протокол намешавад. Ва, чизи дигар, ки ин ҳам сахт муҳим ва суолбарангез аст: чаро аллакай дар рафти ҷанг метавонанд боҳам музокира кунанд? Яъне ҷанг рафта истодааст, Ятимов бо Тошиев гуфтугӯ мекунад. Шубҳаовар нест? Ҳанӯз ҳарфҳо дар даҳонашон боз ҳамдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд. Воқиан одам дар ҳайрат мемонад. Ҷанг шуд, хунрезӣ шуд, одамҳо мурданд, хонаҳо сӯхт. Вале гӯё чизе нашуда бошад, зуд дар «тамос» мешавнаду тарҳи сулҳ меафкананд. Ин ҷо чи сирру асрорест. Вақте ҷанг шуд, хуб, бигзор оташбас шавад вале ақалан бояд як ҳафта бигзарад, ки тарафҳо сари мизи музокирот оянд, чун бо ҳамдигар дар қаҳранд. Аммо ин ҷангҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мисле, ки ҷанг набошад. Ҷанг мешавад, сразу сари стол мешинанду переговор мекунанду ҳамаро ҳал мекунанду имзо мегузоранду бо табассуми даври лабон мебароянду ҳисобот медиҳанд, ки мо ҳамдигарамонро фаҳмидем, тамом, дигар такрор намешавад. Гӯё ҳиҷ ҳодисае набуд, гӯё инсонҳо намурданд.
“Дар ҳақиқат ин як ҷанги сохтагӣ ва нақшавӣ аст ки ҳоло наметавон гуфт, ки ҳадафаш чи бошад.”
Боз ҳам такрор бишавад мегӯем, ки Тошиеву Ятимов бори чандум аст ки протокол имзо мекунанду боз ҷанг мешавад. Чаро? Нуктаи дигари омӯзанда ин аст ки бубинед Раҳмонов чи гуна ва бо чи роҳҳо ва бо чи талбису тазвиру риё тавонист халқи Бадахшонро бикушад. Дастаҳои ба одамкушиву одамхӯри омода кардаи Рустам дар Бадахшон таҷрибаи амалӣ гирифтанд. Раҳмонов гуфт, ки ман фармон додам, ки помириҳоро кушед, аммо инҷо сокит аст чизе намегуяд. Бале, инҳо хонашерони майдонғарибанд. Зӯрашон фақат ба мардуми худашон мерасад. Дар баробари як таҷовузи берунӣ коре аз дасташон барнамеояд.
“Ёдатон бошад Абдураҳмон Бузмаков –Аламшозода гуфт, ки бо дронҳо тамоми рафти тазоҳуроти сокинони Хоруғро сабт кардааст ва дар даст дорад, ки чи ҷиноятҳоро киҳо содир карданд. Вале ҳоло савол ин аст ки чаро аз он дронҳо-бесарнишинҳо дар ҷанги муқобили қирғизҳо, онгуна ки онҳо аз Байрактар истифода карданд, истифода нанамуданд. Дар муқобили халқи осоишта истифода карданд, аммо дар ҷое, ки зарур буд, истифода накарданд.”
Манобеи мо дар вазорати мудофиа гуфт дар Исфара чаҳор танку БТРи моро қирғизҳо заданд, ки экипажи онҳо –чаҳор панҷ нафарӣ ҷодарҷо ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин як тонки моро дар Овчи-Қалъача бо Байрактар задаанд. Як нафар афсари Кумитаи амният, ки номашро зикр накарданд, тири снайпер дар пешиниаш исобат кардааст.
КДАМ-и Тоҷикистон огоҳии комил дошт, ки Қирғизистон дар марз,махсусан дар Бодканд техникаи низомии зиёд оварда ва аҳолии деҳоти наздимарзияашро ба дарунтари кишвар куч медод. Маълум буд, ки ҳадафи ҳамла дорад. Аммо чаро натавонист бо роҳи дигар аз ин ҳамла пешгирӣ кунад, масалан ҳамин Протоколи имзо кардаашро пеш аз ҳамла имзо мекард ва агар нашуд чаро дар баробари онҳо омодагӣ нагирифт? Манобеъи қирғизӣ дар мавриди куч додани сокинони назди марзӣ ва овардани нерӯ ба сарҳадро чунин шарҳ доданд: “разведкаи мо маълумот дод,ки Тоҷикистон нақшаи ҷанг дорад ва мо тибқи он омодагӣ дидем.” Агар чунин нақша доштед, чаро мардумро зери тиру тупи қирғиз амдан гузоштед?
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба деҳаи Овчи Қалъачаи Бобоҷон Ғафуров қирғизҳо ҳамла карда як зани солмандро бо шакли фаҷеъ куштаанд.
Магар аскару сарбозони мо куҷо буданд, ки онҳо даромаданд. «Масъули амнияти 9униммиллион нафар» куҷо буд?
Дар воқеъ ин савол аст ки Кумитаи амният, идораҳои контразведка, разведка ва развдекаи низомӣ чаро хабардор нашуданд? Ё хабардор шуданду буданд марги ин ҳама сокинонро мехостанд? Агар мегӯед на мо намедонистем? Қирғизҳо ошкоро мусаллаҳ мешуданд ва дар марз техникаҳои вазнини ҷангӣ оварданд. Мо чиро мунтазир шудем? Чаро тадбирҳои ҳамсон андешида нашуд, барои вокуниши саривақтӣ ва сареъ омода нашудем?
“Вале аз онки омори дақиқи кушташудаҳо дар ин ҷангро пинҳон медоранд, ҳиҷ муроде ҳосил намешавад, чунки маълумот бо ҳар роҳе бошад, берун меояд. Агар ҳадаф ҷилавгирӣ аз таъсири бади ин ҷанг ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ бошад, хоҳед нахоҳед, таъсир хоҳад кард ва ин маъракаи даъват бисёр ҳам душвор хоҳад буд.”
Вале, бо онки ҳазорҳо аскару афсар доштеду доред, чи боис шуд, ки сар ба пойи Мирзохӯҷа Аҳмадов,Шоҳ Искандар ва Эшони Дароз (Фатҳиддин) қумандонҳои пешини Артиши Наҳзати исломии Тоҷикистон бимонеду нидои «Аллоҳу акбар» -ро барои худ сипар созед? Вале, ин мавзӯи матлаби дигар аст…
Ps: Хонандагони гиромии “Ислоҳ” бояд хуб донед, ки агар ҳазорҳо шаҳрванд кушта шавад ва ними Суғду Исфара, Чоркуҳ, Ворух бомбаборону қатли ом шаванд режим ҳеҷ парвое надорад. Ҳатман номҳои қурбониҳоро нависеду ба мо ва расонаҳои муътабар ирсол намоед, то онро расонаӣ кунем ва ҳама аз ин маҷзара ва қатли куштор огоҳ гарданд. Ҳукумат намехоҳад арқоми ростин ва ҳақиқатро ба мардум гӯяд, пас мо худамон шаҳрвандони кишвар ин корро метавонем анҷом диҳем. Раҳмонов ,то имрӯ дар фикри мо ва ту набуд , дар оянда ҳам ин чашмдоштро аз ӯ надошта бошед!