Раҳмонов севумин довталаби курсии президентиро 30 сол зиндонӣ карданист!

Ислоҳ нет

Ё  чаро гуноҳи Фаромуз аз дигар қумандонҳои Бадахшӣ сангинтар аст ?

   Дархости 30сол зиндон ба Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва аз фаъолони маъруфи ҷомеаи мадании Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ дар ин шабурӯзҳоро, ки даҳҳо тан аз сокини ин вилоят кушта ва боздошту зиндонӣ мешаванд, метавон идомаи ҳамин раванди саркубу хафақон ва ҷабру зулм бар болои помириҳо ҳисобид, аммо инҷо фарқ мекунад. Ин фарқ аз худи ҳамин муҳлати дархости муҷозот намоён шуда истодааст. 30 соли зиндон!!!!!

“То кунун аз мардуми сарбаланду ғаюри ВМКБ, ки тайи ин як соли ахир маҳкум мешаванд, ҳеҷ касе бо ин гуна талаби давраи тулонии зиндон мувоҷеҳ нашудааст. Дуруст аст ки Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои халқии Бадахшони куҳӣ ҳукми абад гирифт. Аммо 30 соли зиндонро низ метавон баробар бо ҳукми абад донист. 30 сол дар зиндон!!! Ин ба гуфтан осон аст, ки як нафар 30 соли умри худро дар зиндон бигзаронад.”

   Фарқи дигар ин аст ки Фаромуз Иргашев қабл аз ҳаводиси вобаста ба қатли Гулбиддин Зиёбеков, ҳанӯз дар муборизаҳои интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи соли 2020 мустақим бо худи Раҳмонов даргир шуда буд. Фаромуз он вақт сукути мутлақи сиёсат дар кишварро шикаст ва даъво пеш овард, ки дар баробари Раҳмонов барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза хоҳад кард. Кореро, ки ҳеҷ кас интизор ва ҷуръату ҷасораташро надошт як ҷавони сисола кард ва ҳатто ситоду тими интихоботӣ ташкил дод ва ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти номаш иқдом кард. Агарчи ба унвони як ҳуқуқшинос медонист, ки бар тибқи қонун наметавонад номзад бишавад, чун «худпешбарӣ» ба ҳайси як гузина ё роҳи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Вале худи ҳамин факт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард, барои Раҳмонов бисёр ҳам таъсири сахту сангин дошт. Аз инҷост, ки бархурди режими Раҳмонов бо Фаромуз Иргашев аз бақия помириҳои дар қапи Раҳмонов зада фарқ мекунад, чун Раҳмонов бисёр ҳам инсони кинагир ва интиқомҷӯ аст.

  “Раҳмонов, то ҷое  ба мо иттилоъ расид, қасд дошт, ки Фаромуз Иргашевро ҳам дар ҷараёни ҳаводис хунини Бадахшон «безарар» гардонад. Дастури «безарар» гардонии ӯро ҳам Рустам ва ҳам худи Эмомалӣ Раҳмонов ба Аламшозода Абдураҳмон (Бузмаков),муовини аввали вазири дохилӣ, ки роҳбари амалиёт дар Бадахшонро бар уҳда дошт, дода буданд ва бинобар маълумотҳои расида ба «Ислоҳ» барои анҷоми ин дастур як дастаи махсус аҷир шуда буд. Вале муваффақ нашуданд ва Аламшозода аз онки иҷро карда натавонист, сахт нигарон буд.”

Фаромузро мебоист ҳукми абад медоданд. Агарчи тафтишот тамоми талошашро кард, мадрак ва далел наёфт. Ва барои ҳамин ҷазо ҳам он қадар туҳмату буҳтонро пушти ҳам карданд, то Раҳмонов ризо бошад. Зеро Раҳмонов Фаромузро бояд сахт «наказат» кунад. Ба ҳадде наказат кунад, ки минбаъд ҳар касе қасду ният дорад, ки дар интихобот дар муқобили Рустам ва ё Раҳмонов ширкат варзад, нияти худро дар дарунаш бикушад, вагарна бо сарнавишти Фаромуз Иргашев мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бархурди Раҳмонов бо Фаромуз Иргашев пешгӯишаванда буд ва маъулм буд, ки сахттарин ҷазо аз миёни зодагони Бадахшонро ба ӯ медиҳад. Чунки Раҳмонов ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро на танҳо «сварка» кардааст, вай аслан ин андешаро, ки ин курсӣ дар дасти дигар кас ғайр аз вай ва хонаводаи вай бошад,тасаввур карда наметавонад. Вай аслан ва абадан ҳозир нест, ки бишнавад ва ё бибинад, ки як нафаре бархезаду даъвогари курсии вай бишавад. Феълан авзоъ ҳамин тавр аст ва ҷомеаи кишварро як яъсу навмедӣ фаро гирифтаст, ки бо рафтани Ҳизби наҳзат ҳеҷ қувва ва шахсияте нест, ки сар боло бикунад

Аммо Фаромуз Иргашев ин андеша ва табуро шикаст ва изҳор дошт, ки вай довталаб ва даъвогари мақому мансаби раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фаромуз бо ин амали худ як чизи дигар- қамбуди қонуни интихобот, ки ба шахс ҳуқуқи худпешбарӣ намедиҳадро ошкор кард. Аслан ин ҳуқуқро Раҳмонов амдан аз қонун салб кардааст, то битавонад бидуни дарди сар ва орому роҳат ба кораш давом диҳад. Адами ҳуқуқи «худпешбарӣ» як меъёри мухолифи Қонуни асосӣ аст. Тибқи Қонуни асосӣ нафар ҳақ дорад интихоб шавад ва интихоб кунад ва агар Қонуни асосӣ баробарии шаҳрванд барои ширкат дар интихоботҳоро тазмин карда бошад, аммо қонуни интихобот онро аз байн бурдааст. Раҳмонов аҳзобро зери контрол дорад ва он ҳам чӣ ҳизбҳое.

  То Фаромуз Иргашев ҳам, ҳар касе дигар, ки изҳор кард номзади раёсати ҷумҳурӣ мешавад ё зиндони тулонӣ ва ё кушта гардид.

  Зайд Саидов, вазири пешини саноати Тоҷикистон ва яке аз тоҷирони хушноми тоҷик, ки барои ташкили як ҳизби сиёсӣ- «Тоҷикисони навин» изҳори омодагӣ кард, Раҳмонов башиддат нороҳат шуд ва амри зиндонӣ кардани ӯро дод. Ва, танҳо барои ризоияти Раҳмонов додгоҳ ӯро ба як чунин давраи тулонӣ зиндонӣ кард.

  “Қабл аз Зайд Саидов Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро низ барои онки гуфт дар интихоботи соли 2006 яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳурӣ ӯ хоҳад буд, бо печонидани томоту буҳтон равонаи зиндон кард, то инки майдони мубориза барояш холӣ бимонад. Агарчӣ аз интихоботи соли 2020 ду соли тамом гузашт аммо кинаи Раҳмонов хело сахт ва таскин намеёбад.”

  Аммо сангинтарин муҷозот насиби Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва бунёдгузори раиси Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон гардид. Вай барои онки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат варзад ҳизби сосилистро ташкил дод. Вале ҳамагӣ чанд моҳи пеш аз тарафи гумоштаҳои одамкуши Эмомалӣ Раҳмонов террор карда шуд. Кенҷаев, инки Эмомалӣ Раҳмонов қасди ҷонашро доштро пеш аз маргаш ҳам фаҳмида ва чанд навбат изҳорот ҳам дода буд, ки КГБ дар қасди куштани ӯст.

  Албатта, Раҳмонов болои мардуми Бадахшон аз солҳо пеш ҳисобу китоб ва ё чуноне дар байни мардуми тоҷик мегуянд, «дандон» дошт. Аммо иддаои Фаромуз, ки мехоҳад раиси ҷумҳурии ояндаи Тоҷикистон бишавад, ҳисоби ӯро сахттар ва неши дандонҳояшро тезтар кард.

 Мутмаинан, агар Фаромуз Иргашев дар қатли Гулбиддин Зиёбеков сукут мекард, дар тазоҳурот ва “Комиссия 44” шарик намешуд, боз ҳам ҳамин балоро болои сараш гардон сангинтарин ҷазоро барояш раво медонистанд. Вай ҳиҷ гоҳ дар дасташ камон нагирифааст, ҳиҷ сарвату боигарӣ ва ҳеҷ гурӯҳе ҳам надорад, лидери мардуми ҳам нест, ҳеҷ куҷоро «контрол» ҳам намекунад, аммо ҳамин даъвояш барои курсии президентӣ ӯро ба як душмани сарсахти Раҳмонов бадал кард ва аз инҷост ки барои вай додситон 30 сол талаб кардааст.

   “Қазияи Фаромуз барои он фарқ мекунад, ки вай лидер ё пешвое мисли Мамадбоқир ё Ёдгор набуд. Вай халифа ҳам набуд. Вай гуруҳи фармонбару фармонбардор ҳам надошт, фармонраво ҳам набуд. Аммо Раҳмонов ӯро беш аз ҳар помирии дигар бад дид. Даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ аз суи Фаромуз Иргашев ҷомеаи сокиту шахшуда ва яхзадаи Тоҷикистонро такон дода ин паёмро расонд ки ба Раҳмонов рақобат мекунад, чунки. Фаромуз ин паёмро ба мардум дод, ки Раҳмонов фарзанди фарзона нест, пешво нест, ҷаноб нест, доҳии муаззам нест, асосгузор нест, як раисест, ки инак ман ҳам метавонам ҷойи вайро бигирам. Ҳамин масъалаи ҷою мансаб ҷоҳу ҷалол ва даъвогар шудани Фаромуз ӯро ба душмани сарсахти Раҳмонов табдил дод.”

Чунки ба назар ва пиндори Раҳмонов гуноҳи вай ҳатто аз Мамадбоқиру Ёдгори шаҳид ва Толиб Аёмбекови зиндонӣ ҳам сахттар аст. Чунки Фаромуз хеле ҳам одиву сода ва бидуни кадом ҳоюҳуйе девори кибру нахвати Раҳмоновро, ки вай «яккаву ягонаи даврон» аст чапа кард. Гуфт, на!!Ман ҳам шаҳрванди комилҳуқуқи ин давлат ҳастам. Ин манам тоҷики асил, ки мехоҳам раис ҷумҳури  Тоҷикистон бишавам. Вай тарсу ваҳшатро убур кард, ба қафо андохт. Вай майдон ва сабқат хост, вай ҳариф талаб кард. Вай бо онки медонист қонун ӯро сабти ном намекунад вале ба ҷамъоварии имзоҳо шуруъ кард ва то ҷое маълум шуд ҳудуди 100.000 имзо гирд овард. Аз тамоми кишвар барои вай ҳамовозӣ ва эъломи тарафдорӣ карданд. Вай дар як фурсати мухтасар ба қаҳрамон бадал шуд. Дар маркази таваҷҷуҳи Тоҷикистон қарор гирифт.

Вай дар воқеъ девори тарсро шикаст. Девори тарсе, ки Раҳмонов ва дору дастааш солҳо онро баланд карда ва халқи тоҷикро дар даруни он террору тергав мекарданд. Вай ба Раҳмонов мустақиман «визов партофт».

    “Раҳмонов Фаромузро барои он сӣ сол медиҳад, ки роҳи Рустам барои курсии президентӣ бидуни монеа бошад. Яқинан Фаромуз Рустамро мешикаст. Раҳмонов барои Рустам ҳам, ончуноне барои худаш кард, афроде мисли Абдуҳалим Ғаффоров, Рустам Латипоф, Амир Қарокулов, Олим Бобоевро, ки ҳатто зану бачаҳои худашон базӯр инбечораҳоро  мешиносанд, ҳарифи интихоботӣ месозад. Аммо Фаромуз Иргашев фарқ мекунад ва Рустам дар баробари вай оҷиз хоҳад буд.”

  Додгоҳи Олӣ метавонад аз ин сӣ сол  як ё ду солаке бикоҳонад вале баъид аст ки ин корро кунад, чун Фаромуз Шаҳбози ошнои Озода нест,ки «ҷавонӣ»-ашро Раҳмонов ба инобат бигирад. Вале хеле аз афроди машҳуре ҳастанд, ки мисли Нелсон Манделла ва Ватслав Ҳавел аз даруни зиндон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд ва ба рамзи мубоизаву озодӣ ва шаҳомату каромати инсонӣ бадал шуданд.

Ps:  Ин ҳама солҳост,ки бар алайҳи Эмомалӣ Раҳмонов мубориза мебарам. Чандин сирҳоро фаҳмидаам аз оғози ҳокимияташ ва қабл аз ба ҳукм расиданаш. Аммо чизе,ки Раҳмонов сахт метарсад ин се чиз аст.

-митинг ва аз таҷаммуъи мардум дар ҳар куҷое.

-масоҷид, хатибҳо, воъизону уламои маъруф ва дар умум аз дини ислом.

-довталабҳо ба курсии раёсатҷумҳурӣ.

Дигар Раҳмонов аз ҳеҷ чизе тарс надорад ва аслан парвое надорад.

Share This Article