«Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон сухан ронда гуфт: «ҳама мавқеъашро нисбати ҳукумати ҳозира муайян кунад ва онҳое, ки минбаъд дар куҷое зидди ҳукумат варақае нависад, ҳуқуқи маънавии дар Тоҷикистон зистанро надоранд. Раиси Шӯрои Олӣ ақидаҳои худро оиди мавқеи Гулрухсор Сафиева, Б.Собир, Лоиқ Шералӣ иброз намуд». «Садои мардум» 12.01.1993
Улфатхонум Мамадшоева ва Фаромуз Иргашев ду тан аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон яке 86 ва дуввумӣ 62 сола мешаванду баъд ба зиндагӣ бармегарданд. То расидан ба ин син дар зиндон боқӣ бояд бимонанд. Эмомалӣ Раҳмонов Улфатхонумро 20 ва Фаромузро 30 сол дод. Холбаш Холбашу Толиб Айёмбеков то замоне, ки Раҳмонов ҳаст, бӯи озодиро нахоҳанд шунид ва дар зиндон ба ҷавори ҳақ хоҳанд пайваст, чун ҳабси абад гирифтанд.
На танҳо ин нафарони ёдшуда, даҳҳо тан аз сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо чунин ҳукмҳои сангину сахт рӯбарӯ шудаанд. Бародари Улфатхонум Хурсанд Мамадшоев ,ки як узви гурӯҳи 44 буд 18 сол гирифту як писари Толиб Аёмбеков ҳабси абад ва якеи дигар 16 сол. Ҳоло, ки 200 помирии дигар дар банду боздошти Раҳмонов қарор доранд, сарнавишти онҳо низ бо ҳамин тарз ҳал карда мешавад.
Улфатхонум 20 сол гирифт. Як зан, як модаре, ки соҳиби набера асту ба 65 даромадааст, бояд 20 соли худро пушти милаҳои зиндон бигзаронад! Савол ин аст, ки чаро? Чи ҷурме содир кардааст?
Азбаски додгоҳи Улфатхоним ва бақия бадахшиҳои пайрави Имом Оғохони 4 паси дарҳои баста доир шуд, намедонем, ки ӯро барои иртикоби кадом ҷинояте муҷрим хонданд. Аммо ончи ки аз додаҳои интернетӣ бармеояд, ин хонуми 65 соларо барои «даъват ба сарнагунии ҳукумат» ва даст доштан дар тазоҳуроти ахири Бадахшон муттаҳам кардаанд.
– Ширкат кардан дар ин ва ё он тазоҳурот, хоҳ қонунӣ ва ё хоҳ ғайриқонунӣ, ҳақи қонунии ҳар шаҳрванд аст, ҳатто ташкил ва баргузории он.
-Дуввуман Улфатхонум дар ҳеҷ гирдиҳамоиҳои бадахшониҳо дар соли гузашта ва имсол ширкат наварзидааст ва инро на як бору ду бор дар суҳбат бо хабарнигорон қабл аз дастгир шудан худаш тасдиқ кардааст.
-Саввуман даъват ба тағйири ҳукумат низ ҳеҷ кори ғайримуҷоз нест ва он низ ҳақи ҳалоли ҳар шаҳрванд аст, чун дар низоми ҷумҳурӣ, ки тавассути интихобот ва раъю иродаи мардум ҳокимият ташкил карда мешавад, даъват ба дигаргунӣ ва бигзор сарнагунӣ як урф ва кори маъмулӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки бар тибқи ахбори манобеи мувассақ тафтишот ва додгоҳ ҳеҷ мадраке надоштанд, ки собит кунад Улфатхонум ҳамчунин изҳорот ё баёния ва ё суханроние барои сарнагунии Раҳмонов ва ҳукумати вай дошта бошад. Ин иттиҳом низ бепояву асос ва бофта аст.
“Яке аз иттиҳомоте, ки ба Фаромуз Иргашев ва хеле аз помириҳои боздошт ва маҳкумшуда зада шудааст ин «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ» ва ё ҳамкорӣ бо онҳо мебошад, ки агар ба воқеияти Бадахшон татбиқ карда бишавад, ҳеҷ гуна асос надорад. Ин бачаҳои помирӣ кадом ташкилоти ҷиноие созмон надодаанд. Танҳо инки гирдиҳамоӣ баргузор намуданд. Агар ин гуна иттиҳоди ҷиноӣ вуҷуд медошт, пас мебоист онҳо даст ба кадом амале мезаданд. Аммо ҳеҷ амали хилофи қонун аз тарафи онҳо содир нашудааст? Ин иттиҳоди ҷиноӣ чи ҷинояте ва дар куҷо содир кард?”
Даъват ба чапа кардани ҳукумати Раҳмонов ҷиноят бошад пас тамоми мардуми Тоҷикистон ҷинояткоранд. Бархе, мисли ман ва мухолифини дигари дар хориҷ ва дар дур аз дастраси Раҳмонов қарор дошта даъват ба сарнагун ва чапасозии Раҳмоновро ошкоро бигуянд, миллионҳо зери лаб изҳор ва такрор мекунанд.
Воқеияти, мутаассифона, ниҳоят талх ин аст ки Раҳмонов ҳамоно ба унвони тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумат меронад ва бо помириҳо низ дар ҳамон замина муносибат ва бархурд мекунад. Раҳмонов кина, нафрат, бадбини худро ва инки ҳоло ниқор мегираду қасос мегирадро пинҳон накарда истодааст ва яке аз далелҳои асосии ба ин гуна солҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон намудани помириҳо аз ҳамин хашму кинаву қасоси Раҳмонов маншаъ мегирад. Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ нест, Раҳмонов тараф аст, тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ва агар кушоду ошкоро бигуем Раҳмонов ҳамоно ба унвони як қумандони Фронти халқӣ амал карда истодааст. Бахусус, ба он помириҳое, ки дар он солҳо ва имрӯз низ нуфуз ва ҷойгоҳе миёни мардум доштанду доранд, душмании сарсахтона дорад. Ва, имруз, ки Помирро ҳам тасарруф ва истило кард, аз ҳеҷ қабоҳату разолате нисбати ин мардум ва шахсиятҳои муҳтараму муътабаре чун Улфатхонум истиҳола намекунад. Бо задани Улфатхонум, Фаромуз, Холбаш, Толиб, Ораз, ки болои мардум нуфузу эътибор доштанд, на танҳо онҳоро мешиканад, балки ба тарафдорону ҷонибдоронашон мефаҳмонад, ки бо мо шухӣ накунед.
Ва, сабаби дигари бо ингуна ҷазоҳои ниҳоят сангину золимона ва ғайриқонуниву ғайриинсонӣ гирифтор кардани Улфатхоним ва Фаромуз ин аст аз ин ба пас фаъолони ҷомеаи маданӣ, новобаста аз онки помирӣ аст, қаротегинӣ ва ё кулобӣ «гапи зиёдатӣ» назананд, ба сиёсат «қуш» нашаванд.
Мо бояд бимирем, ба боди фано ва фаромӯши мубаддал бишавем, хоки сияҳ бишавем, ба замин яксон бишавем, зери по бишавем то Раҳмонов хушу хуррам зиндагӣ кунад.
“Улфатхонум ва Фаромуз ва ё Хобашу Толиб бо мо, бо Тоҷикистон чи душманӣ кардаанд. Ин моем, ки ман мегуям мои танҳо ман ва танҳо оппозитсион нест. Ин мое, ки ман мегуям мои миллат ва мардуми Тоҷикистон аст. Улфатхоним бо мо-халқи Тоҷикистон чӣ кор кард? Фаромуз чи кор кард? Магар сӣ сол аст ки ин ду тан ҳукумати кишварро забту тасарруф кардааст? Магар бародару хоҳару ҷияну домоду дигар хешу таборони онҳоанд, ки мисли кана дар бадани ҳукумат часпидаву дороиву моли мансуб ба мадумро ба ғорат бурда истодаанд? Магар шаҳид Муҳаммадбоқир ё Толибу Холбаш болои Данғара лашкар кашиданд? Магар додситону додгоҳу милисаи Данғара аз Хоруғ аст?”
Ин Раҳмонов аст ки барои ҳифзи курсии худ, барои ҳифзи моли ба ғоратбурдаи худ, барои рифоҳи зиндаги наздиконаш ва ҳаммаҳалҳояш аз қудрат ва зури ҳукумат суиистифода карда истодааст.
Ин Раҳмонов аст, ки аз лаҳзаҳои аввали омаданаш ба қудрат бо хабарнигорону олимону шоирону нависандагон ва дар умум тамоми равшанфикрон мушкил дорад. Ин ҳарфҳоро вай ҳануз дар моҳи январи соли 1993, ҳануз, ки аз тасарруфаш ба Душанбе як моҳ беш нагузашта буд, баён дошт:
«Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи олимон,шоирону нависандагон,рӯзноманигорон сухан ронда гуфт,ки «ҳама мавқеъашро нисбати ҳукумати ҳозира муайян кунад ва онҳое,ки минбаъд дар куҷое зидди ҳукумат варақае нависад, ҳуқуқи маънавии дар Тоҷикистон зистанро надоранд.Раиси Шӯрои Олӣ ақидаҳои худро оиди мавқеи Гулрухсор Сафиева,Б.Собир,Лоиқ Шералӣ иброз намуд». «Садои мардум» 12.01.1993.
Ҳамин сӯҳбатҳои сӣ соли пеши Раҳмонов ҳоло ҳам дигар нашудааст ва муносибати вай бо қишри равшанфикри ҷомеаи кишвар ҳамон тавре, ки буд боқӣ мондааст.
Раҳмонов бисёр мехоҳад ва ҳамин равишро пеш гирифтааст, ки ҳукумат танҳо ба вай ва хонаводааш тааллуқ бигирад. Ҳокимияти иродаи мардум набошад, иродаи Раҳмонов болои мардум ҷорӣ шавад. Раҳмонов солтосол қонунҳоро сахттар ва ҷазоҳоро сангинтар карда истодааст. Сахт кардани қонунҳо ва ба он гирифтор кардани журналистону блогерону дигар фаъолони ҷомеаи маданӣ ва дар умум равшанфикрон идомаи сиёсати саркубгароёнаи Раҳмонов аст ки тули ин ҳама сӣ сол идома дорад. Дар ҳоле, ки дар ҷомеаҳои пешрафта ва мутамаддин қонунҳоро сабуктар мекунанд дар Тоҷикистон комилан баракс аст.
“Як бор фикр кунед, ки дар чи гуна ҷомеа қонунҳоро сахт мекунанд? Дар ҷомеае, ки дар он диктатура амал мекунад, дар ҷомеае, ки дар он на қонун, балки иродаи як нафар ва ё як гуруҳ болои мардум ба зур бор ва таҳмил шудааст. Қонунро, ҷазоро сахт мекунад, то инки мардумро битарсонад, биҳаросонад, ба ваҳшат оварда ва иродаи мардумро бишканад, бехиёли сиёсату ҳукумат кунад, ба як ғуломи ҳалқабаргуш бадал созад.”
Сахт кардани ҷазо як баҳона ва як васила барои даҳони мардумро пушонидан асту бас. Вақте бо мардумат мушкил надорӣ, вақте ту ҳама корат дуруст аст, ҳама рафторат ранги одамҳои дигар, яъне бақия аст, шаффоф амал мекунӣ, чи ҳоҷат аст ки журналисту блогеру ё ҳар каси сухангуро зиндонӣ кунӣ. Барои онки гунаҳгорӣ, ҷинояткорӣ, дуздӣ, як одами одӣ ва дурусту ҳалол нестӣ, роҳбари ҳаромиӣ, роҳбари ҳаромӣ, мехоҳӣ, ки пинҳон бидорӣ, мехоҳӣ, ки касе нафаҳмад, мехоҳӣ, ки даҳанбадаҳан ҷинояту ваҳшониятат нагузарад. Чунки ин ҳама як рӯзе ҷамъ мешавад ва туро барои ин ҳама ҷинояту хиёнат муҷозот мекунанд, ҳисоб пас мегиранд:
Чаро хонаи Раҳмонов свет дораду хонаи мо не? Чаро домодҳои Раҳмонов бонкҳо, ширкатҳо, миллиардҳо дораду мо не? Чаро мо облава мешавему писару набераҳои Раҳмонов аскарӣ намераванд?
Чаро бояд «ҳуқуқи маънавии зистан дар Тоҷикистон»-ро Раҳмонов муайян ва таъйин кунад?
Шумо фикр мекунед, ки Раҳмонов бо зиндонӣ кардани Улфатхоним ва ё Фаромуз ва ё даҳҳо бадахшии дигар ба ва барои манфиати миллат ва мардум ва давлат кор кард? На, аслан ва абадан. Раҳмонов барои манфиат ва мақсади худаш ҳукм содир кард.
Магар даъват барои тағйири ҳукумат ҷиноят аст? Онҳое, ки даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ мекунанд ва бо ин қасду нақша, ки тарҳу тадбири нави ҳукуматдорӣ дар сар доранд, тағйири ҳукумат ҳадафашон нест? Чаро тағйири ҳукумат дар Амрико, Аврупо, дар тамоми кишварҳои мутамаддин иҷозат аст, кори халқ аст, дар мо кори танҳо Раҳмонов ва оилаи вай? Магар халқи Тоҷикистон ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳақро надорад, ки интихоб бишавад ва интихоб кунад? Фаромузро танҳо барои он сӣ сол дод, ки ҳамин гуна иддио кард. Иддио кард, ки раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд!!
Ин гуна муҷозоти сангин, ин гуна бераҳмӣ ва золимии тамом, агар дар заминаи нафрат, кина, қасос, бадбинӣ ва душманӣ набошад, бар пояи чист?
Ин ҷазо сатҳу мизону ҳаҷму вазну шиддати бори танаффури Раҳмонов нисбат ба помириҳо аст, ки ҳамагон ҳамарӯза шоҳидаш шуда истодаем.
“Даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳо ба Раҳмонов ошкоро ҳушдор ва паём доданд, муроҷиат карданд, ки ҳамчунин ҳукмҳо ба ягон меъёри одамӣ дуруст намеояд, бояд бозбинӣ ва иваз намоӣ. Аммо Раҳмонов гушашро ба карӣ андохта баракс ҳеҷ тағйироте дар назар нагирифт. Масалан Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибеи Сайидаминӣ ва Далери Имомалӣ ба вай ба унвони кафили ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат карданд, аммо ҳатто як руз аз муҳлати зиндонашон кам карда нашуд. Барои ман сахт нофаҳмо аст, ки чаро коршиноси байналмилалие ба мисли А.Роҳнамо дидаву дониста болои воқеиятҳое, ки дунёро ба ташвиш андохтааст, сарпуш гузоштанӣ мешавад ва он сиёҳи қатрони пушти дегро сафед ба қалам медиҳад.”
Намояндаи СММ, вакилони Иттиҳоди Аврупо ва аксарият созмонҳои байналмилали мудофеи ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро ба адлу инсоф даъват мекунанд, аммо вай тамоман кори дигар мекунад, коре, ки танҳо душман ба адуушман мекунад, коре, ки як раиси ҷумҳурӣ ба мардумаш ҳеҷ гоҳ нахоҳад кард.
Раҳмонов тули ин ҳама сӣ сол ҳамеша дар феҳристи бадиҳо, пастиҳо ва зиштиҳо қарор доштааст.
Чаро бояд Тоҷикистон ин ҳамаро таҳаммул бикунад, сарзаниш шавад, мазамматшунав бошад. Фақат барои онки Раҳмонов ҳамин тавр мехоҳад ва гумони Раҳмонов ҳам ин аст ки агар ин тавр накунад, яъне мухолифинро саркуб накунад, пеши роҳи матбуоти озодро набаандад, помириву ғармиро накушаду зиндон накунад, онҳо вайро имкони раиси намедиҳанд, вайро сарнагун мекунанд. Вале инро, ки
пир шуду сер нашуд, на аз нон, на аз пул, на аз мол ва зишттару бадтару нафратовар на аз хун ва на аз ҷабру зулм, фикр намекунад. Маълум аст ки дигар сер намешавад. Чаро
ҳайати Иттиҳоди Аврупо ва фиристодаи вижаи СММро нагузошт, ки ба Бадахшон биравад, чаро нагузошт, ки бо Улфатхонум ва Фаромуз ва помириҳои дигари дар боздошту зиндонбуда диодру мулоқот кунад?
Бубинед, ки Иттиҳодияи Аврупо раcонидани кумак ва ёриҳои худ ба Тоҷикистонро машрут ба риояти вазъи ҳуқуқи башар мекунад. Яъне мегуяд, ки кумакат мекунем, аммо инсонҳоро эҳтиром қоил шав. Ташвиқ ва тавсия мекунад, ки мисли бачаи одам рафтор кун на мисли як ҳайвон, на мисли як гург, на мисли бачаи Майрам.Дар изҳороте, ки ин созмон мунташир кард омадааст, ки“беҳбуди вазъ дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии баён, расонаҳо ва гирдиҳамоӣ бастагӣ хоҳад дошт.” Бубинед, ки хориҷиҳо аз ҷабру зулми Раҳмонов болои миллат ва мардум ба дод омада онро шарти кумак мекунанд. Пас аз кадом обруву мавқеи байналмилалии Тоҷикистон мешавад гуфт? Инҷо ҳатто дигар ҷабру зулм ҳам гуфтан муносиб нест. Ин аз ҷабру зулм ҳам гузашт. Магар 6 сол, 7сол бас нест, ки 21 сол ва ё 30 сол медиҳӣ? Охир барои чӣ? Барои ҳеҷ чи 21 сол? Ин ҳукумат аст ё чи? Ба ва барои худат мутмаин бошӣ, чаро иҷозат намедиҳӣ? Агар ба гунаҳгории Улфатхонум бовар дошта бошӣ, пас чаро додгоҳашро пушида баргузор кардӣ? Чаро ин қадар аз даъват ба сарнагунии ҳукумат метарсад? Чаро ин қадар аз аз даст додани ҳукумат метарсад? Хуб, ту сарнагун мешавӣ, як каси дигар меояд. Боке нест. Охир агар сарнагӯн ҳам нашави мемирӣ, ақалан ба инаш бовар дорӣ?
Аз ин ҷиҳат аст ки мегуем Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ нест, Раҳмонов ҳамоно тарафи ҷанг аст ва ҳамчуун тарафи ҷанг бо миллат ва мардум бархуурд мекунад.
Фикр мекунед, ки чаро Раҳмонов тавсия ва пешниҳоди созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар ва кишварҳои мутараққи урупоӣ ва Амрикоро дар иртибот ба ҳаводиси Помир ва блогерону фаъолони ҷомеаи мадании кишвар гуш намекунад, балки баракс, сарфи назар мекунад? Баъди ҳукми Улфатхонум ва Фаромуз даҳҳо созмонҳои байналмилии ҳомии ҳуқуқ ба таври ҷудогона ва дастаҷамъӣ ба Раҳмонов муроҷиат карданд, ки ин хеле ҳукми сангин аст ва бояд бозбинӣ бишавад. Ҳатто намояндаи Созмони милал низ аз ҳукми Улфатхонум ва бақия хабарнигорони тоҷик дар ин як соли ахир шигифтзада шуд ва гуфт, ки дар 45 соли фаъолияти кориаш ҳамчунин ҳамоқатеро надидааст, ки журналисту блогер ба ин давраҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум карда шавад. Улфатхонум маҳбуси сиёсӣ аст. Дар қатори бақия маҳбусони сиёсӣ, ки зиндонҳои Тоҷикистонро пур кардаанд як зан ҳам изофа шуд. Агар то ба имруз зани маҳбуси сиёсӣ надоштем ҳоло акнун аз шумори зан ва модари тоҷик низ зиндонии сиёсӣ дорем.
“Боз ҳам баргардем ба наҳваи додгоҳи Улфатхонум ва Фаромуз, ки 20 ва 30 сол ҳукм гирифтанд. Ин додгоҳҳо дуздӣ ва махфӣ доир шуданд, додгоҳҳои дуздакӣ, додгоҳҳои дуздона. Дузди дуздон-Эмомалии Раҳмон ба дуздони дар додгоҳ будааш дастур медиҳад ва онҳо ҳамчунин аҳкомеро содир мекунанд. Яъне ин ба он маъност, ки ҳуқуқи мо бояд помол бишавад, ҳуқуқ, ки чи, зиндагии мо зеруру ва фано бишавад то Раҳмонову Рустам дар рифоҳу тараб бизиянд. Чунки Раҳмонов тули ин ҳама сӣ сол бо азобу азият додан, бо ба ғам ҳамшину ҳамдуш кардани мардум ҳукумат кардааст. Сиёсати вай ин аст ки ба ҷуз аз вай тамоми халқ ва бахусус онҳое, ки метавонанд ҳарфу калимае талаффуз кунанд, зиндагии сагона дошта бошанд. Мувафақ ҳам шудааст.”
Имрӯз Тоҷикистон яклухт зиндагии сагона дорад. Меравад муҳоҷират, меояду мехураду ме…., тамом. Онҷо дигар чизе нест. Онҷо Раҳмонов асту олу авлод ва ҷалолу ҷабаруташ. Дар ин кишвар кадом қонуну қоидаву меъёре боқӣ намонд. Инҷо дигар маъмани шеру гургу шағол ва рубаҳҳои думликоне мисли Абдулло Раҳнамо ва чанд бузу бузғолаи дигар, ки худашонро коршиноси байналмилалию журналист гуфта гаштаанд.
Пас, бояд тамоми талош бар ин бошад, ки Раҳмонов биравад, ҳарчи зудтар. Мо бояд зиндагӣ кунем. Зиндагии вобаста ба як кас, таҳти ирода ва итоати як нафарро бояд барҳам занем ва одамвор зиндагӣ кунем. Вагарна Раҳмонов ҳар яке аз моро мисли ҳамин Улфатхонум ва Фаромузу дигарҳо мебараду мешинонад…
Ва дар охир бори дигар ба он суханронии Раҳмонов дар январи соли 1993 мутаваҷҷеҳ бишаведу бо имрӯз муқоиса фармоед, ки то куҷо иваз шудааст ё хайр? Вале ин воқеиятро наметавон инкор кард, ки баъди ҳамон суҳбати Раҳмонов буд, ки боевикҳои хунмасти Фронти халқи Гулрухсорро қариб буд бикушанд, баъди ҳамон суханронии Раҳмонов буд, ки Бозор Собир ба зиндон кашида шуд, баъди ҳамин суханронии Раҳмонов буд, ки Лоиқ аз Душанбе фирор кард, Муъмин Қаноат ба Бишкек паноҳ бурд ва ҳамин тавр ҳудуди 80 журналист кушта гардид, даҳҳо рӯзномаҳо баста ва садҳо хабарнигор ҷилои ватан кард. Айнан мисли ҳоло.