(бахши дувоздаҳум)
«Аз рӯи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро тавассути ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои “тинҷ” намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд.»
Хонандагони азиз! Мувофиқи ваъдаамон мо роҷеъ ба он шахсоне, ки барои муфлисшавии яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ- «Тоҷиксодиротбонк» гунаҳкор ҳастанд ва ҳазорҳо муштариҳои худро дар як ҳолати бади иқтисодӣ гузоштаанд, таҳқиқоти худро идома медиҳем.
Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки онҳо бо фарзандони худ оромона бо маблағҳои мардуми ҷабрдида айшу ишрат намоянд. Хушаков Қурбон, Пиров Тоҷиддин, Саидов Давлаталӣ, Ҷамолиддин Нуралиев ва пуштибонҳояшон Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Шерхон Салимов ҳатман барои ҷаллобиҳо ва қаллобиҳои худ, ки дар натиҷаи он садҳо миллион доллари мардуми бечораро аз они худ намудаанд бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯянд. Албатта имрӯзҳо баъзе аз онҳо дастнорасанд, лекин вақту соат ва замонаш ҳатман меояд. Баъд аз мақолаи охирон, ба сари Хушаков аз якчанд тараф фишорҳо зиёд шуданд, ки ту даҳонатро маҳкам кун, вагарна ба сари ҳамаамон бадбахтиҳо меорӣ. Раиса Махсумовна сахт ба сари Хушаков дод зада гуфтааст:
“Ман Мавлавӣ гуфта дар ҳама ҷой мелақӣ, сиру асрори дӯстони худро дар ҳама ҷой фош карда истодаӣ, ҳама аз оилаи мо хафа ҳастанд, махсусан розҳои акаи Шерхонро барои чӣ овозаву дарвоза кардӣ, ту оқибат сари моро бо лақигиат мехурӣ».
Раиса Махсумовна тасмим гирифтанд, ки Хушаков Қубон Раҳматовичро зери санксияҳои шадиди худ бигиранд. Ба Хушаков графики вохуриҳояшро баъд аз вохӯрӣ бо доктор – психологи оилавӣ худи янга мулло сохта доданд. Мувофиқи тавсияи врач психолог, профессор Салимзода Нурулло, Хушаков Қурбон бояд доимо ором бошад, ба ягон гапу кор асабонӣ нашавад, ҳар рӯз ақаллан як филми ҳиндӣ бубинад, то ин ки фикру хаёли худро каме аз проблемаҳои бурӯз намуда дур бубарад. Албатта, назорати супоришҳои докторро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифта режимро назорат мекунанд. Ҳоло бошад Хушаков Қурбон зиёда аз 100 филми ҳиндӣ ва 60-70 мултфилмҳоро бо пуррагӣ тамошо намудааст. Янга мулло дар утоқи худашон бо дидани филму сериалҳои дӯстдоштаи худ машғул ҳастанд, ки дӯстдоштатарини онҳо кинои «Кровавая Мэри», (про английская королева), «Крёстная мат» – филми амрикоӣ ва сериали русии “Любопытная Варвара” мебошанд, ки Раиса Махсумовна чандмаротибаӣ нигоҳ кардаанд. Дар ин филмҳо роли асосиро занҳои бисёр бераҳм мебозанд.
Ба гуфтаи янга мулло аз ҳамаи ин филмҳои ҳаётӣ бисёр чизҳоро омӯхтаанд, ки имрӯзҳо дар ҳаёту зиндагиашон як дастуре шудааст. Ҳатман бояд тамошо кард, албатта Раиса Махсумовна филмҳои бадро тавсия намедиҳанд. Мо дар ҳақиқат баъзе натиҷаҳои ин филмҳоро ҳис кардаем. Вақте ки як дӯсти бисёр дерина ва наздики Хушаков Қурбон ба аёдати ӯ вақти бемориаш ба хона меояд, Раиса Махсумовна ӯро ба ошпазхона ҷеғ зада, ба сараш бо кафлеси оҳанин ду се маротиба мезананд, ки ту ҳамроҳи дигарон нон ва намаки хонаи моро хӯрда истода, боз курнамакӣ менамоӣ, ба “Ислоҳ” хабарҳои хонаи моро мерасонӣ. Ин одам нафари якум нест, ки аз дасти Раиса Махсумовна хуб “шатта” хӯрда бошад. Як бечораи эронӣ, ки ба Хушаков ва Пиров бизнес намуда, маблғҳои калони худашро даҳсолаҳо гирифта наметавонад, ӯро ҳам бо баҳонаи хабаркашӣ ва ҳамкорӣ бо “душманон”-и Хушаков, дигар ба телефонҳояш ҷавоб намедиҳанд ва аниқ маблағҳояшро ҳам доданӣ нестанд. Бечора Алиризо Биҳиштӣ аз тамоми бонку ҳамсояҳои худ имрӯзҳо қарздор буда, пуле надоштааст, ки бо телефон бо Хушакову Пиров занг зада сӯҳбат намояд. Акнун боз рӯзаш сиёҳтар шуд, дигар ҳамаи ҳисобу китобро Раиса Махсумовна ба дасти худ гирифтаанду Хушаковро аз масҷид кашида назди телевизион бо диску кассетаҳои филмҳои ҳиндӣ ва мултфильмҳо шинонидаанд, то ин ки дар кӯчаву масҷид лақигӣ накунад. Дар ҳақиқат мардуми қадим рост гуфтаанд: “Ё мард бош, ё дар хизмати зани зӯр бош!!!” Офарин Раиса Махсумовна!!!
“Нақшаи барвақт кашидаи Хушакову Пиров ва аҳлу оилаашон нисбати соли нави 2023-ро дар Париж, дар яке аз ресторанҳои номдори собиқ ≤58≥, ҳоло бошад, баъд аз таъмир, ин ресторан номашро бо номи ” Madame Brasserie” иваз намуда, дарҳои худро барои одамони табақаи “болоӣ” боз намудааст ва ҷойҳои нишасти худро 6- моҳ пештар барои шаби соли нави 2023 фурӯхтааст, ки Раиса Махсумовна тавонистаанд бо шиносҳои деринаи худ, як столи 10 нафареро он ҷо барои аҳли оилаи худ ва оилаи Пиров Тоҷиддин фармоиш диҳанд. Аммо сад афсус, ки Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддинро якчанд вақт пештар баъд аз вохӯриҳои Хушаков Қурбон бо нафарони дар ҷустуҷӯй буда дар Туркия ва вохӯриҳо бо намояндагони як соҳибкори дигар Аваз Назаров, шиносномаҳояшон ва дастхат оиди набаромадан аз марзи ҷумҳуриро Кумитаи амният аз онҳо гирифтааст. Маълум нест, ки чанд вақт пас шиносномаҳои хориҷии онҳоро Кумитаи амният ба онҳо бармегардонад.”
Хушаков мисли олимони беамал вақтҳои охир ба ёру дӯстони худ насиҳатҳо карда, зиёдтар дар мавзуъи бетарбия ба воя расидани насли навраси Аврупо ва қонунҳои қабулкардаи парламенти онҳо нисбати озодии инсон, иҷозати гейпарадҳо, оиладоршаии ҳамҷинсҳо ва ҳамҷинсгароиҳо ҳарф мезанад ва таъкид менамояд, ки фарзандони худро ба давлатҳои мусулмонӣ барои омӯзишу кору бор равон кунед. Охир ин қадар одобу зиндагӣ ва қонунҳову рафторҳои он давлатҳои пешрафтаи дунё ба Хушаков маъқул набошад, савол ба миён меояд, ки барои чи худи Хушаков чор фарзанди худро дар Аврупо, садҳо ҳазор еврову фунт- стерлинг масраф намуда дар мактабҳои олӣ хононида истодааст, ҳол он ки писараш барвақт шаҳрвандии Фаронсаро гирифтааст. Духтаронаш иқомати доимии Англияро доранд. Худи Хушаков бо Раиса Махсумовна шаҳрвандии Русияро доранд, канӣ он патриоти ватан?! Ё ин ки қонунҳову зиндагии Аврупо ба фарзандонаш ягон таъсири манфие расонида асту ягон пушаймонӣ дорад аз равон намудани фарзандони худ?! Нисбати фарқи қавми лутиҳои Аврупо ва мамлакатҳои мо ҳаминро гуфтаниам, ки агар дар як шаҳри калони Аврупо 50 нафар чунин бошад, кушоду равшан қоил мешавад, ки ӯ чунин аст, дар шаҳру районҳои мо мумкин даҳҳо нафар бошанд, лекин ҳама ба тамоми муқаддасот қасам мехӯранд ки ин тӯҳмат аст. Масалан тамоми халқ медонад, ки якчанд роҳбарони калони Точикистон ба мисоли Шерхон Салимов аз ҳамин парода “г.. махфӣ” ҳастанд, ана фарқи тарбияи мову Аврупо. Дар давлатҳои Аврупо, Америка, Англия ва бисёре аз онҳо, ҷинояти вазнинтарини дараҷаи аввал, ин дурӯғ гуфтан аст, дар ватанҳои собиқ шуравӣ баръакс, дуруғ нагуфтан қариб, ки ҷиноят шудааст. Вақтҳои охир Хушаков пурра аз як замоне бонкдор будани худ мункир шуда истода, кушоду равшан худро профессори сиёсатшиносӣ муаррифӣ дорад ва зиёдтари вақти худро бо сиёсатҳои Украинаву Аврупо бахшидааст. Як бонки беҳтаринро бо шефи худ профессори пиёз Пиров Тоҷиддин муфлис сохта, ҳазорҳо оиларо сарсону саргардон сохтанд кам набуд, ки боз ба сиёсати Аврупову Украина даст мезананд, ин давлатҳо бе гуфтаву маслиҳатҳои онҳо ҳам ақлу савод ва мардуми бо нангу номус доранд, ки мамлакатҳои худро ҳифзу обод мекунанд, беҳтараш боқимонда маҳорати худ ва ақлу саводи фарзандони худро истифода намуда, маблағҳои мардуми бечораро баргардонанд! Барои мо фарқе набуд, ки Хушаков ё Пиров Тоҷиддин дар куҷо соли навро пешвоз мегиранд. Агар як гурӯҳ мардуми ҷабрдида боз муроҷиат наменамуданд оиди баргардонидани маблағҳои гумкардаи худ дар “Тоҷиксодиротбонк”. Мардум хуб мефаҳманд ки аз дасти мо ғайр аз навиштан дигар коре намеояд, лекин мегӯянд, ки ақаллан ба воситаи қалами шумо шояд садои умеди дилҳои моро бишунаванд. Инҳо нафарони аризадиҳанда;
1) Раҷабова Меҳригул – 13 000 доллари ИМА, ҳамсояи Хушаков дар шаҳри Душанбе.
2) Нурзода Муҳаммадӣ – 8750 доллари ИМА, собиқ ронандаи филиали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Рӯдаки.
3) Аслов Ҷамшед -17200 доллари ИМА, тренери мактаби спорти шаҳри Душанбе.
4) Бобозода Муҳсин – 32000 доллари ИМА, соҳибкори бозори Корвон.
5) Раҳмонова Мавҷигул – 6500 доллари ИМА, собиқ корманди вазорати тандурустии Тоҷикистон.
6) Раҳматуллоев Файзулло – 11800 доллари ИМА, соҳибкори самти Хитой.
7) Ҷалилова Сарвиноз – 4350 доллари ИМА, корманди шифохонаи Қарияи Боло.
Ҳамин тавр 15 нафар бо суроғаҳои хонаву рақами телефонҳояшон муроҷиати дастҷамъона кардаанд, ки ниҳоят дар як шароити бади иқтисодӣ қарор дорем, ақаллан як қисми маблағҳоямонро баргардонанд, қисми дигарашро ба Пирову Хушаков, Давлаталӣ Саидову Ҷамолиддин Нуралиев мебахшем. Аммо Пирову Хушаков, Давлаталиву Ҷамолиддин дар саргарми айшу ишрати худ ҳастанду ба оҳи ин бечораҳо намерасанд. Бояд каме инсоф кунед, аз Худо битарсанд, аз оҳи мардуми мазлуму бечора битарсанд! Пиров, Хушаков, Давлаталӣ Саидов ва Ҷамолиддин Нуралиев, асосан ана ҳамин 4-5 нафар, ҳамаи маблағҳои мардумро аз худ намудаанд ва бонкро ба нестӣ расониданд!
Корхонаи “Қолинҳои Душанбе”
Як ҳафта пештар дар шаҳри Душанбе, пешво ҳамроҳи писараш Рустам як корхонаи қолинбофиро кушод, ки гуё аз тарафи як соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев, писари Исмати дулик сохта шудааст. Мо дар ҳақиқат хурсанд ҳастем, ки як корхонаи хуби ҳозиразамон бо садҳо ҷои корӣ ба мардум дарҳояшро кушод. Новобаста аз он саволҳо, ки бо кадом маблағу аз куҷо ёфт,ба ҳама маълум аст, ки Исмати дулик ба тамоми бизнес, аз героин то духтарфурӯшиву вазифафурушӣ ва садҳо дигар ба ном бизнес даст дорад, лекин аҷоибии кор дар дигар ҷой аст, писараш Наврӯз Абдуллоев корманди Кумитаи гумруки Тоҷикистон асту ҳар рӯз дар Душанбе -2, контейнерный двор инспектор мебошад. Дар Тоҷикистон қонуни нав мумкин қабул карда бошанд, ки хизматчии давлатӣ ё коргари мақомоти қудратӣ метавонад боз дар ягон корхонаи дигар роҳбар ҳам дар як маврид кор кунад ё ин ки ин фақат барои фарзандони худиҳо бошад? Боз аз ин ҳам аҷибтараш, як шаб пеш аз кушодашавии фабрикаи қолинбофӣ, агар хабар дошта бошед, дар ресторан “ОК” аз пушти як духтар ду гурӯҳ ҷангҷол шуда, яке аз онҳо якчанд маротиба дар думбааш бо кордча захмӣ шуда буд, ки ҳамин бечора Наврӯз Абдуллоев мебошад, ӯро ҷияни Зоир Соҳибов бо кордча ба думбааш ду -се маротиба задааст, ки дар маросими кушодашавии фабрика худро бо як азоб идора менамуд, падараш Исмати дулик барои “страховка” аз пасаш меистод. Шаб ҷинояткорӣ, саҳар вохӯрӣ бо пешвову пешвоча. Фикр мекунед Рустами Эмомалӣ хабар надошт аз ҳодисаи шаби гузашта ё ин ки хабар надорад, ки Наврӯз дар гумрук кор мекунад?! Хато мекунед. Аз як тараф сардори милисаи шаҳр ва аз тарафи дигар Шоҳрух Саидов ҳатман хабарҳоро мерасонанд. Дар ҳакикат баъд аз чопи мақолаи охирон фишорҳо на танҳо бар сари Хушаков ва Пиров зиёд шуданд. Ҳатто ба унвони “Ислоҳ” низ садҳо номаҳо расиданд, ки зиёде аз онҳо бо далелҳои нав навишта шудаанд.
Оё Шерхон Салимовро туҳмат кардаем ?
Мумкин аст, 30-35% фисади номаҳоро аз ноҳияи Темурмалики (собик ноҳияи Советский) вилояти Хатлон навишта тасдиқи ҳамаи навиштаҷоти мо нисбати ҷиноятҳои содир намудаи муаллим Одина, падари Шерхон Салимов кардаанд. Боз мисолҳои хеле зиёд бо ному насаби ҷабрдидагону шоҳидони воқеаи нангинро навишта, бисёр сипосгузори кардаанд оиди кушоду равшан ва ошкор ҳақиқатро навиштани кормандони “Ислоҳ”. Нисбати худи Шерхон Салимов бисёр аз нафарон тасдиқи “дӯстӣ” доштанаш бо шогирдони худ Ғолибу ду- се нафарони дигар бо номи Файзуллову Абдураҳиму Аъзам ва ронандаашро якчанд маротиба такрор намуданд. Мо бо Ғолиб ду- се маротиба ғайрати ҳамсӯҳбат шуданро намудем, лекин бо ҳар баҳона рад намуд, ки Шеф дастур додааст, ки бо ягон нафари ношиносе сӯҳбат накунӣ. Ҷолибаш ин аст ки якчанд нафар кормандони прокуратура сад дар сад асоснок навишта шуданӣ мақола нисбати ҷиноятҳои падараш ва “қавми лут” будани собиқ шефи худро тасдиқ бо далелҳои иловагӣ намуданд, ки дигар шубҳае набояд бошад.
Маълумоти аниқ аз як мақомоти қудратӣ дорем, ки ба пешво ҳамаи асли воқеъаро гуфтаанд. Ҷавоби пешворо дар саҳифа гузашта гуфта будам дар ин ҳолатҳо мо фақат тавба мегӯем, ки Аллоҳ ҳамин тавр шарманда накунад. Сирре нест, ки рӯзе ошкор нашавад, боз вақте ки 3-4 кас бидонанд. Мардуми тоҷик дар давоми 30 сол чунон дилҳояшон “суст” шуда аст, ки сирру асрори байни худро бе ягон мамонияту илтимос , ба дигарон, бо як фахр нақл мекунанд. Калимаҳои “мардиву ҷавонмардӣ ва дар сухани худ истодагарӣ” дар даҳсолаҳои охир барои аксарияти халки тоҷик як афсонае, ки иҷрояш номумкин шудааст, ҳама хабаркашу дурӯя, нисбати якдигар тӯҳмату буҳтон, аз тарси худ ба гуфтани ҳамагуна дурӯғ тайёр будан, ин ҳама талаби ҳукумати имрӯза аз мақомоти қудратӣ ва ин натиҷаҳои “хизматҳо”-и онҳо мебошад.
Барои он ки вазирону генералҳои калон аз мастӣ, аз боигариҳои зиёд доштан ба ҳамин роҳҳои паст даст мезананд, ба мисоли баччабозиву “массажи простата”-и худ. Албатта, якчанд хешу табор ва ҳатто фарзандони Шерхон Салимов низ ба “Ислоҳ” зангҳо зада ба ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд, ки мо ва падарам новобаста аз супоришҳои аз “боло” мешуда ба оппозисияи тоҷик кори баде накардаем ва кордор ҳам нестем. Ҳар як давлат бояд оппозитсияи қавӣ дошта бошад ва ҳатто чи хизмате бошад, бар ивази дигар номи Шерхон Салимовро нагирифтани “Ислоҳ” омода будани худро баён намуданд. Лекин принсипҳои кории кормандони “Ислоҳ”, куллан аз принсипҳои кории ҳукумати Раҳмонов фарқ мекунад, барои “Ислоҳ”, ҳақиқат, волоияти қонун, адлу инсоф, дар Ватани худ ҳар як фарди оддӣ озоду обод зиндагӣ доштан, озодона ақидарони намудани онҳо хело муҳим аст, ки Тоҷикистон ватани озоди ҳамаи мо тоҷикистониён мебошад, новобаста аз кадом кунҷи ин ватани азиз бошад. “Ислоҳ” агарчи ҳеҷ хоҷаи хориҷӣ алҳамдулиллоҳ надорад ва бо садҳо мушкилот мувоҷеҳ аст. Аммо виҷдон ва номуси худро ба ҳеҷ қимате нафурӯхтаему фурӯхтани ҳам нестем.
Ин рӯзҳои сахт мегузаранд вале хиёнатҳо ҳатман рӯ мезананд. Мо намехоҳем дар пеши Аллоҳ ва миллат дар дунё ва охират шармсор бошем. Барои мо фарқе надорад, ки прокурор ё суду коррупсия кадом нафареро аз кадом ҳизбу ҳаракатҳо парванда кард ё ба ҳабс гирифт, муҳимаш одилона ва аз рӯйи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳақиқатан гуноҳҳоро исбот намуда, баъд ҷазо дода шавад. Сад афсус, ки имрӯзҳо 85=90% нафарони дар маҳкама буда тамоман бегуноҳанд, махсусан вақтҳои охир. Зулм болои зулм аст. Ба як гурӯҳ одамон, ягон қонун дахл надорад ба як қисми дигари одамон гуё зиндагӣ кардан дар ватани худ иҷозат набошад, ки бо ҳар роҳу баҳона ба зиндон равон мекунанд. Ҳазорҳо мисол дорем, ки нафаронро бегуноҳ бо супориши аъзои Оила ва наздикони онҳо, бо супориши вазирону бародарони онҳо ба зиндон равон кардаанд. Маҳз Шерхон Салимов барин прокуророн супоришҳои болоро ба хотири дар сари вазифа дертар нишастан, бераҳмона иҷро менамоянд.
“Дар давраи фаъолияти Шерхон Салимов аз директори Агентии коррупсия то охирон вақти иҷроиши вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон, садҳо ва ҳазорҳо нафаронро бегуноҳ ба солҳои дароз беасос зиндонӣ намудааст. Прокуратураи генералиро аз хешу таборони бешумори худ, аз ҳамкурсу рафиқони худ, фарзандони онҳо пур карда буд, тамоми собиқадорон, ҷавонони болаёқатро бо ҳар баҳонаву санҷишҳои фармоишӣ аз кор бо дасти сардори раёсати кадрҳо ронда буд. Принсипҳои кории ӯ дар ҳама идораҳо ҳамин тавр буданд. Агар панҷ соли дигар дар ин вазифа меистод, аз коллективи 1000 нафараи прокуратура, мумкин аст 70=80% наздикон ва хешу таборони ӯро ташкил медод. Ҳоло бошад дар куҷое нишинад, номи Юсуф Раҳмоновро бо як нафрат мегирад, ки прокуратураи генералиро гуё ба вазорати савдову сохтумон табдил додааст.”
Албатта Юсуф Раҳмонов низ фаришта нест, ӯ ҳам мардуми бегуноҳро бераҳмона бо супориши болову гирду атрофи он зиндон карда истодааст, лекин фаъолияти ӯро каме дертар мардум ҷамъбаст менамояд. “Ислоҳ” дар мавриди Юсуф Раҳмон чандин матлаб дошт ва оянда ҳам дар мавриди ин ҷинояткори ҳирфавӣ матолиб нашр хоҳем кард ва аслан ташвиш набошед.
Ҷиноятҳои Шерхон Салимов дар Коррупсия
Мо дар поён як- ду ҷинояти “майдатарини” Шерхон Салимовро номбар карда мегузарем, ки даҳҳо миллион доллар пора гирифтааст. Баъд шумо худатон хулоса бароред, Юсуф Раҳмонов бизнесмен аст ё ин ки Шерхон Салимов одами бегуноҳ ва фаришта аст. Охирҳои соли 2006, маҷлиси намояндагон лоиҳаи таъсис додани як мақомоти навро ба имзо расониданд, ки роҳбари ин агентии навтаъсиси мубориза бар зидди коррупсия худи Шерхон Салимов аз тарафи Президент таъин карда шуд. Ба ин мақомоти нав президент бисёр имтиёзҳоро дод, то ин ки ягон натиҷаи хуб барои пур кардани бюҷети давлат, камтар дуздиву ғоратгарӣ намудани пулҳои бюҷетӣ ва маводҳои давлат буданд, ки ин яке аз самтҳои асосии ин мақомот ба ҳисоб мерафт. Шерхон Салимов мисли гурги гушна мехост ҳарчи зиёдтар имтиёзот ба ин мақомоти навтаъсис ба воситаи Маҷлиси намояндагон бигираду “даврронӣ” намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Аз рӯйи нақлҳои Шерхон Салимов, пешво дар вақти таъиноти Шерхон Салимов ба директори Агентӣ таъкид карда будааст, ки содиқона ва ҳалол вазифаҳоро иҷро намо, оянда ҷоят маълум аст. Аз рӯзи аввали корӣ ба кадом корҳо машғул шудан, кадом кадрҳои “азхуд” рафтаро шикастан ё ба ҷояш монданро пешво ба ӯ ном ба ном фаҳмонида дода буда аст.
Бе зарар гардонии Муродалӣ Алимардонов
Яке аз ин нафарони ба рӯихати сиёҳи пешво афтида, наздиктарин нафари худӣ, дастурхончии пешво, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, ки гуё раисони ҳамаи бонкҳои навтаъсиси Тоҷикистонро аз мардуми ноҳияи Ҳисор, аз ҳисоби хешу табор ва шиносҳои худ таъин карда будааст, тамоми маблағҳои Тоҷикистонро зери назорати худ ва ҳамшаҳриёни худ гирифтааст. Молу амволи хеле зиёд ҷамъ кардаасту солҳои охир дар кӯчаҳои Ҳисор аз мошини худ ба мардуми камбизоат бандҳои долларҳоро тақсим мекардааст. Аспҳои қиматтаринро аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо 200-300 ҳазор долларӣ ва ҳатто қимматтар харида меовардааст. Садҳо ҳазор гову гусфандро дар дараҳои Ҳисору Қаротоғ бо шароитҳои хуб нигоҳубин мекардааст. Номаш дар саҳифаҳои журнали “Forbes” ҳамчун як миллиардери тоҷикистонӣ пайдо шуд. Аз ҳама зарбаи сахт ин шуд, ки зиёда аз 700 миллион доллар маблағи кӯмакҳои хориҷӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкҳои байналмилалӣ дар вақти аудити байналмилалии Бонки миллӣ рӯй зад. Алимардонов гуйё дар баёноти худ ба аудиторон ин маблағҳоро “пешво медонанд” гуфта ҷони худро халос карда бошад, ки баъзе овозаҳо дар интернетҳо пайдо шуда буданд. Ин ҳама боиси қаҳру ғазаби пешво ва рашки аъзои оила шуданд. Баъд аз ин ба хулосае омаданд, ки хеле бой шудаасту оянда хавфнок ҳам ҳаст, боз дар пеш соли 2006 интихоботи президентӣ наздик мондааст. Албатта соли 2006 баъд аз ду се соли бонкдорӣ Ҳасан Асадуллозода маззаи бонкро аллакай хуб чашида буд ва ба боло маслиҳатҳо медод, ки дар Бонки миллӣ одами худӣ бояд бошад, Ҳасан ба худ ишора менамуд, лекин пешво сад фоиз медонист, ки Ҳасан савод ва ақли ин вазифаҳоро пеш бурдан надорад, барои ҳамин аввал бонкро бояд пурра аз кадрҳои Алимардонов тоза намуд. Ба ҳамин хотир аз рӯзи якуми кории Шерхон Салимов, ӯро таъкид намудааст, ки як парвандаи ҷиноятӣ ба Алимардонов оиди фасодкорӣ ва азхудкунии маблағҳои ниҳоят калони давлатӣ ташкил намояд.
Бе зарар гардонии Қосимов Қосим Роҳбарович
Нафари дуввуме, ки бояд нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тамоми маблағҳои дар даҳ соли охир ҷамъ кардаашро оварда ба бюҷети Оила месупорид, ин раиси собиқ вилояти Суғд Қосимов Қосим Роҳбарович буд. Аз рӯйи нақли Шерхон Салимов мувофиқи супориши пешво, онҳоро сахт тарс медод, то он ки ин ду нафар садҳо миллион пулҳои дуздидаашонро бо ягон аъзои оила ба тамос баромада, барои “тинҷ” намудани кору бори худ маблағҳоро то охирон сомонӣ оварда месупориданд. Ин супоришҳоро пешво гуё рӯзи аввали таъинот ба Шерхон Салимов дода, гуфта бошад, ки бо парванда ва кашокаш намудани наҳангҳои калони ҷумҳурӣ мақомоти навтаъсис дар назди халқ обрӯй мегирад ва ҳама роҳбарон тарсон мешаванд, ки дар назди ин мақомот эркаҳои президент ҳам қадру қиммат ва ҳимоя надошта будаанд, ҳол он ки Қосим Қосимовро аввали декабри соли 2006 президент аз вазифааш озод намуда буду дар як ҳолати бисёр хавфнок, доимо интизори пушти панҷара рафтанро мунтазирӣ мекашид. Шиносҳои Қосимов Қосим Рохбарович мегӯянд, ки дар 2-3 моҳ тақрибан 20-25 кг хароб шуда қариб ба алкоголик мубаддал гашта буд. Дар паҳлуяш ягон нафаре намонда будааст, ҳатто ба ном як мушовири роҳзан Эргаш Доминови қаршилик, ки ба тамоми ҷиноятҳои калону хурди Қосимов Қосим бевосита ҳамроҳ мебошад, бо баҳонаи касалӣ худро дар хонаи Прокурори генералӣ Бобохонов Бобоҷон паноҳ карда будааст, ки оиди ин масъалаҳо дар саҳифаҳои дигар дақиқтар менависем. Қосимов Қосим аз феврали соли 1996 то ноябри соли 2006, дар муддати даҳ сол ҷинояту хиёнатҳое, ки нисбати мардуми вилояти Суғд, нисбати соҳибкорону сиёсатмадорон, нисбати молу амволи вилоят, нисбати молу амволи мардуми вилоят, нисбати заминҳои вилоят, нисбати ҷавонони бо нангу номуси ин вилоят кардааст, садсолаҳо фаромӯш намешавад.
Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар Суғд ва қатлу куштору ваҳшат
Аз рӯзи аввали таъиноташ ба раиси вилоят, дар вилоят аз ҳисоби фақат ҳамкурсони худ як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо армияи худ ташкил намуда, дар давоми зиёда аз даҳ сол то охирон носфурӯшу газетафурӯшони тамоми вилоятро ба “доля” шинонида буд, касе, ки каме саркашӣ ё гап гардонӣ менамуд, ҳатман бо СОБР- и ӯ,ки сардораш бо номи Ҷамшеди Кал ё бо бандаи бародараш Ҷаъфар бо тахаллуси “Шакал” сарукордор мешуд. Тамоми ҷиноятҳояш зери ном ва парчами президент буданд. Дар ҳақиқат бо дастгирии бевоситаи президент ва асосан Убайдуллоев Маҳмадсаид, вилоятро ҳамчун як ҷумҳурии ҷудогона сохта буд, ки ягон вазир ё вазорат, бе иҷозати Қосим Қосимов нафарони зердасти худро роҳбарӣ ё ба вазифа таъин карда наметавонистанд, ҳатто ба маҷлису ҷамъбастӣ сол бе иҷозати Қосимов ба Душанбе даъват карда наметавонистанд. Қосимов Қосим ба воситаи гурӯҳи ҷиноятии Ҷаъфари Шакал ва ҳамкурсонаш даҳҳо кушторҳои фармоишӣ супориш дода ба анҷом расонидааст. Махсусан баъд аз ба вилоят ворид гашта баромадани Маҳмуд Худойбердиев, ки ҳамаи он ҳодисаҳоро аз мардум то имрӯз хуб дар ёд дорад ва интизори як рӯзи адолат мебошад. Масалан писари бародари Қосимов Зафар, ки ҳоло албатта рутбаи полковник ё генералӣ дорад, писари хоҳари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамон замон дар сари вазифа буд аз пешонааш дар маркази Хуҷанд ба қатл расонид, ягон дақиқа ба ҷавобгарӣ кашида ё ақаллан аз тарафи мақомоти қудратӣ пурсида нашуд. Кӣ мепурсад? Магар, Ваҳҳобов Абдурозиқ як гаишники кучагие, ки ӯро Қосимов бидуни розигии вазири корҳои дохилӣ Шарипов Ҳумиддин, бидуни маълумоти олӣ ба вазифаи сардори раёсати вилояти Суғд (началник УВД) гузошта буд. Ё ин ки прокурори вилояти Суғд Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки ғайр аз кофтуков ва қасдгирии “душманон”-и Қосимов дигар коре надошт, ӯ пурсиш менамуд? Албатта ҳеч кас то имрӯз Парвиз Қосимовро напурсидааст ва намепурсад. Як мисоли дигар. Ба тарафи падар ва ё амаки яке аз ҷонишинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам як магазин тир аз автомати Калашников холӣ намудани Ҷаъфари бародари Қосимовро ягон кас пурсидааст? Албатта, Рофизода имрӯз аз шарм гӯяд, ки ман намедонам, ё ин ки ин хел гапу кор набуд. Ҳамаи ин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво доранд ва каме дигар вақт лозим аст. Ҳамин тариқа ҷиноятҳои сӯиқасд ва куштор, ҳатто наздиктарин шогирдону бародарони худашро бо супориши Қосимов Қосим ва иҷроиши онҳо аз тарафи як гурӯҳ “бандаи” сохтаи Қосимов Қосим Роҳбарович бо ҳама далелҳояш, санадҳояш дар дасти мо ҳастанд, лекин ҳоло барои тафтишоти одилона ва соф вақт лозим аст. Мавзӯъи имрӯзаи мо Қосимов Қосим нест, нисбати ҷиноятҳои зиёда аз даҳ сол намудаи Қосимов бо як ду саҳифа навиштан номумкин аст. Албатта дар вақтҳои наздик як силсилаи калони мақолаҳоро ба Қосимов Қосим ва фаъолияти ӯ дар мақоми раиси вилояти Суғд мебахшем. Қосимов Қосим дар ҳақиқат эркаи президент ва Убайдуллоев Маҳмадсаид буд, ҷавони 32-33 сола истифода аз мақом ва дастгирии боло хеле “ҳукмронӣ” ва пулҷамъкунӣ намуд. Агар як ҳофиза бо номи Фирӯза Алифоваро аз шавҳараш ҷудо намуда ба зани намегирифт, мумкин аст то пешво он қадар хабарҳои мудҳишу дилхарош намерасиданд. Вақте ки ӯ аз оилаи худ ҷудо шуда ба ҳофиза оиладор шуд, ҳамсари аввалааш ба хонаи президент, ки рафтуо дошт, омада ҳамаи сиру асрори Қосимов бо тахаллуси “Кичкинтой”-ро бо миқдори маблағҳои ҷамъкардааш, бо тамоми сирру асрори оилаи Қосимовро ва дар вактҳои охир орзуи оянда президент доштанашро нақл карда додааст.
Баъд аз шунидани нақлҳои якчандсоатаи ҳамсари Қосимов, ҳуш аз сари пешво паридааст, махсусан орзуи президентӣ. Ба ҳама маълум, ки ин орзу ҳатто ба ҳеҷ шаҳрванд мумкин нест. Ана ҳамин ҳолатҳоро дида истода, президент ба роҳбари ин мақоми навтаъсиси Агентии зиддифасод Шерхон Салимов супориши махфӣ ва қатъӣ дода аст ки Қосимов ва Алимардоновро парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.
Қосимов Қосим Роҳбарович бо Прокурори генералии он замони Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ва раиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов муносибати хуб дошт. Онҳо мумкин аст бо ҳар баҳона то охир иҷро намекарданд. Лекин вақт нишон медиҳад, ки пешво назар ба дигарон дар мавриди Шерхон Салимов зиёдтар иштибоҳ карда будааст.
“Хулосаи гап дар он аст ки Шерхон Салимов, ба маълумоти дақиқи мо ба воситаи як бизнесмен, ки дар оянда номашро менависем, аз Қосимов Қосим зиёда аз панҷ миллион долларашро гирифта аст, ва аз Муродалӣ Алимардонов низ зиёдтар аз панҷ миллион долларашро гирифта, бо ҳар баҳонаҳо, гуйё факту рақамҳо кофӣ нестанд барои оғози парванда, даҳҳо кушторҳои фармоишӣ, садҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин ин факту далел набудааст. Боз дар пеш интихоботи президентии соли 2006 мебошаду бояд тинҷу ором бигзарад. Барои он ки аз пушти ҳардуи ин нафарон халқи зиёд истодаанд, ба чашми пешвои худ хок пошида, се- чор устоди донишгоҳҳо,панҷ- шаш нафар кормандони тиббу якчанд нафар кормандони кумитаи заминҳои ноҳияҳо ва боз якчанд судяҳоро бо ришвахуриву порагирӣ дастгир намуда, як соҳибкори исфарагиро, ки бо номи Низомхон Ҷӯраев мебошад ва доимо дар хизмати хешу табори оила камар баста, фикр мекард, ки қудоҳову бародари президент дастгириаш менамоянд бо 33 нафар кормандону хешу табораш парвандаи пур аз дурӯғу тӯҳмат сохта, пешворо якчанд соли дигар бо ҳамин тариқа корҳои тамоман нолозим тавонистааст сарашро гаранг намояд.”
Бо як тӯҳмат сари прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро низ хурд, ки гуё писараш Файзулло Бобохонов фасодзада аст ва дар охир ҷояшро соҳиб шуд. Зиёда аз ин сиру асрор, ҳасрату армонхояшро, ки байни ӯву пешвояш шудааст, солҳои охир ҳамчун ёддоштҳо, Шерхон Салимов ба Хушакову Пиров ва дигарон бо алам нақл мекунад. Дар навбати худ Хушаков бо Пиров низ рафиқон доранд ки нақл мекунанд. Дар урфият мегуянд, ки “Кабк аз даҳони худаш тир мехӯрад”. Умуман армону ҳасрату аламҳои Шерхон Салимов бо як -ду мақола тамомшавӣ надорад, лекин мо ҳатман ҷиноятҳояшро ҳам бо якҷоягӣ дар оянда менависем. Даҳҳо ҳавливу даҳҳо квартира, якчанд миллионҳои худро дар дасти соҳибкорон чарх медиҳад бо ному насаби онҳо, ба кадом ширкатҳои сохтумони маблағҳои худро ҳамчун инвеститсия дода онҳоро аз мақомотҳои қудратӣ зери ҳимояи худ гирифтааст. Ба Юсуф Раҳмонови қудо прокурор ками дигар лозим аст, ба мисли имрӯзаи Шерхон Салимов пулу мол ҷамъ намояд. Агарчӣ Юсуф Раҳмон ҳоло пас аз қудо шуданаш имтиёзҳои бештареро соҳиб шуда асту даврон дорад.
Шерхон Салимов яке аз собиқ мансабдорони ҳукумати имрӯза мебошад, ки мисли ӯ ҳоло хеле бисёранд ва ба ҳар яки онҳо садҳо варақ маълумот аз наздикону дӯстонашон, аз кормандони ба миллату ватан содиқи мақомотҳои қудратӣ ба “Ислоҳ” меоянд.
Поёни қисмати дувоздаҳуми ин силсила матолиби мо дар ин маврид, идома дорад….
Ps: Албатта “Ислоҳ” дар ҳар матлаби роҷеъ ба ин ҷинояткорони дар бадани ҳукумати “пешво” таҳқиқоти мӯшикофонаи худро идома хоҳад дод. Бовар кунед дар мавриди ҳар як нафари ин афроде номҳояшон зикр шуда даҳҳо сафҳа маълумот омадааст ва танҳо бояд ҳамаи онҳоро ҷо ба ҷо гузорӣ ва як таҳқиқ намудану нашр кардан аст. Аллоҳ муваффақамон кунад, то чеҳраҳои ин ҷинояткоронро барои миллат ва мардум бо шакли бояду шояд тақдим намоем.