Вой дод аз дасти Муроди телех, Кабировҳо,Ибодовҳо замин намонд…

Ислоҳ нет

Ман зодаи ноҳияи Восеъ, хоҷагии ба номи Абу Абдулло Рудакӣ яъне Ангурбоғ мебошам.

Дар хоҷагии Ангурбоғи мо 4 -5 нафар 70 % заминҳои хоҷагиро аз худ кардаанд:

1)  Мурод Саидов телехи Эмомалӣ Раҳмонов 

2)  Кабиров Аваз,раиси бозори Султони Кабир 

3)  Кабиров Ҷамшед,бародари Аваз

4)  Оилаи Ибодовҳо яъне қудои Муроди телех. 

Дар хоҷагии мо дар замони шуравӣ 1000 гектар зиёдтар замини корами обӣ мавҷуд буд ва зиёда аз 1000 оила зиндагӣ мекард. Ҳозир аҳолӣ 2 ё 3 баробар зиёд шудааст. Аммо имрӯз Муроди телех бо хешу табораш 200 гектар, бародарони Аваз ва Ҷамшед 200 гектар ва оилаи Ибодовҳо 300 гектар заминҳои хоҷагии моро аз они худ кардаанд. Аз он ҷумла 100 гектаре, ки Ҷамшед  Кабиров дар болои теппаҳо дорад, аз ин заминҳо ҳар сол ба одамон мефурӯшад. Масалан барои1гектар 250 сомонӣ андоз месупорад аммо ҳар гектари онро ба 750 сомонӣ ба иҷора медиҳад.

Аз 1гектар 500 сомонӣ фоида мекунад аз давлат ду баробар бештар фоида мегирад. Онҳоро ҳеҷ кас ягон гап гуфта наметавонад. Оё дар ҳақиқат андоз месупорад ё намесупорад  ҳамон 250 сомониро инаш ҳам номаълум аст барои мо.

“Чунки раиси ноҳияи Восеъ дар итоати Мурод ва Аваз мебошад. Дар даврони шуравӣ дар ин заминҳо беш аз 1000 кас кор мекард. Ҳозир бошад ҳамагӣ 150 ё 200 нафар кор мекунад. Мурод ва Аваз талош карданду хоҷагии моро хеле обод намуданд. Мо ба ин корашон ба онҳо раҳмат мегуем. Ободӣ хуб аст лекин обод карданду ҳамаи ҷойҳоро захватит карданду моли шахсии худашон карданд. Дар замони шуравӣ дар хоҷагии мо ду завод фаъолият мекард. Яке заводи шароббарорӣ яъне (вино ) ва як заводи шарбат (консервний варени).Боз як гаражи калон амал мекард, ки зиёда аз 100 техникаи гуногуни соҳаи кишоварзӣ дошт. Умуман ҳамаи шароит муҳайё буд. Зиндагӣ хуб пеш мерафт. “

Ҷамшед Кабиров пеш аз истиқлолият дар хоҷагӣ ба ҳайси фурӯшанда дар мағоза кор мекард. Падари онҳо Султони Кабир дар хоҷагӣ ба ҳайси раис чанд соле кор кардааст. Номашон дар хоҷагӣ ба ҳамин сабаб маъруф аст, доранда ва бой ҳам будааст.  Калонсолон мегуянд Султони Кабир бе ниҳоят одами золим будааст. Соли 1975 аз дунё дар гузашта аст. Хулоса, ба касалии вазнин гирифтор шудааст,ҳатто як пояшро ҳам буридаанд.

Ҷамшед Кабиров солҳои 92 то 93 ба воситаи Ҳақназари Гардан, ки пасон бо номи девонаи Ҳақназар маъруф шуд, Сангак Сафаровро оварда мардуми хоҷагиро зулм мекард. Аз он ҷумла ҳамаи сардорони хоҷагиро бузӣ карда ба Сангак Сафаров мегуфт, ки инҳо душмананд. Ба ҳамин тарз лесакӣ карда худашро дар хоҷагӣ одами калон мегирифт. Дар он вақтҳо Мурод ҳоло қадре надошт, чунки Раҳмонов қадр надошт, ҳатто Ҷамшед Кабиров уро писанд намекард. Дар хоҷагии мо мардони ба номус, шуҷоъ ва нотарс бисёр буд вале қисмаш дар ҷангҳо кушта шуд ва дар охир баъзеаш ба Мурод пайваст шуда ҳозир тақрибан аксаран чоплус шудаанд.

Аз он ҷумла дар кучаи мо, ки дар хоҷагӣ ба номи Гузари ғалаба маъруф аст раҳматии Шамс, бо тахалуси Шамси Ара, писари марҳум бобои Юсуф  зиндагӣ мекард. Шамс бо Ҷамшед Кабиров муқовимат нишон медод. Аз Шамс ҳамааш метарсиданд. Чунки вай ҳақиқатро мегуфт. Ҷамшед Кабиров бо Хақназари Гардан Сангак Сафаровро фиреб карда гуфтанд, ки Шамс тарафи вовчикҳо аст. Баъд Сангак Сафаров бо гурӯҳи ҷинояткораш омад ва раҳматии Шамс гурехта ба Душанбе омада бо марҳум Исматча пайваст вале дар охир якҷо бо Исматча кушта шуданд. Сангак Сафаров доимо ба хоҷагии мо омада аз завод вино ва спиртро бе иҷозати касе мебурд. Дар ин кор Ҳақназари Гардан ва Ҷамшед Кабиров ӯро ёрӣ мерасонд. Дар хоҷагӣ як чанд бор тирпаронӣ ҳам карданд. Инро ҳамаи одамони ҳамон  вақта хуб медонанд. Аз ҳамин истифода бурда Ҷамшед Кабиров заводи шарбат барориро списат карду бо пули ночиз хариду шахсӣ кард. Чунки дар хоҷагии мо соли 92 сели калон омад ва хело ҷойҳоро хароб кард.

  “Барои ҳамин заводҳоро «списат» карданд. Лекин сел заводҳоро зарари калон нарасонида буд. Баъд аз ин Ҷамшед Кабиров боз ҳам доротар шуд. Баъд аз сари Сангак Сафаров Ҳақназари Гардан, ки ҷияни Сангак Сафаров буд, чи сире бо  Ҷамшед Кабиров дошт ё ин ки кадом асрори ӯро медонист. Ҷамшед Кабиров як ташкилӣ карда Ҳақназари Гарданро ба зиёфат даъват карда майу банг хуронида ба ва мағзи сари хар додааст. Ин гапро аз одамони Ҷамшед Кабиров шунидаем ва ин ҳодиса воқеият дораду туҳмат нест ва метавонед аз ҳама калонсолон пурсед. Солҳои 93 -94Ҳақназари Гардан девона шуда куча ба куча, шаҳр ба шаҳр мегашт. Инро ҳамаи мардуми хоҷагии Ангрубоғ медонад. Ҳатто бо думра дар кучаҳо ҳофизӣ карда мегашт. Ӯ доимо ба Ҷамшед Кабиров нафрати худро пинҳон намедошт, аммо мардум мегуфтанд ӯ девона аст. Ҳозир бошад Ҷамшед бо Аваз 200 гектар заминро гирифта аз худ кардаанд, заводро бошад ҷои истироҳат ва фоҳишахона карданд. Боз чанд ҷои дигарро гирифта бино сохтанд. Гуё обод кардаанд, лекин зулмашонро давом дода истодаанд. Барои онки дар пушташон Муроди телех меистад.”

Пештар ба онҳо Маҳмасаид Убайдуллоев ёрӣ мерасонд, пушташонро мегирифт, чунки Ҷамшед Кабиров бо Маҳмасаид Убайдуллоев қудо мебошанд. Хулоса Ҷамшед Кабиров бо Аваз Кабиров аз заминҳои хоҷагӣ аз 4 ҳисса 1ҳиссаашро гирифта ба мардум ҷои кор таъмин карда наметавонанд. Ин як ноадолатӣ аст. Чунки дар ин заминҳо ҳама кор мекарданд ва ҳақ доранд, ки соҳиби ақалан 1гектари замин бошанд. Аваз Кабиров бошад як золими дигар аст. Ин ба ҳама маълум аст. Аваз Кабиров дар солҳои шуравӣ муддате барои ҷинояткорӣ дар маҳбас буд. Дар солхои ҷанги шаҳрвандӣ дар чашми вай дар шаҳри Қурғонтеппа осечкаи тир зада ӯ кур шуд. Баъди ҳамин худро тавре нишон медиҳад, ки гуё маҳорат нишон додааст, дар ҳоле ҷанг накардааст,  инро ҳамаи бачаҳои хоҷагӣ медонанд. Писари Аваз Кабиров Кабир Кабиров дар садама боиси марги шаҳрванд шуд, муддате ҳабс шуд аммо баъд афв карданд.

  “Ба ҳамаи ин Раҳмонов гунаҳгор аст, чунки ҳукуматаш ҳамин гуна аст. Умуман Ҷамшед ва Аваз Кабиров бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Барои он ки ҷинояташон бе ниҳоят бисёр мебошад. Дар асл ҳамаи моли онҳо аз ҳисоби золимиашон бисёр шудааст. Мо медонем, ки онҳо ба чи кор машғуланд. Онҳо доляро ба Муроди телех ё ба худи  Эмомали Шарипович тавассути духтаронаш  медиҳанд ва даҳ баробар аз мардум ончи додаанд кашида мегиранд. Гапи хуби Ҷамшед ва Аваз Кабиров фалонзан ва фалоноча мебошад. Лекин боз бе номусҳо бо онҳо хизмат мекунанд. Ман як зодаи ин хоҷагӣ шарм медорам, ки дар хоҷагии мо чунин даюсон ва бе номусҳо зиёд шудаанд. “

Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ҳамагӣ се бор ба хоҷагии мо омада аст. Бори аввал соли 1998, ки хоҷагии моро дуюмбора сел зад, бо чархбол омада аз дур нигоҳ карду рафт. Баъди ин хоҷагиро списат ва ба дуздиву ғоратгарӣ сар карданд. Бори дуюм  соли 2016 омад. Ин дафъа бо ҷашну тантана пешвозаш гирифтанд ва макони истироҳаташ дачаи Муроди телех буд. Вай як рӯзро дар онҷо ба майнушиву шикамчаронӣ ва фаҳшу фоҳишагӣ гузаронду рафт, ки дар он вақт Муроди телех 40-гектар замин дошт ва Ҷамшед бошад 100 гектар замин дошт. Баъди рафтани Раҳмонов Мурод рақами заминҳоро ба 100 гектар расонду Ҷамшед Кабиров бошад ба 200 гектар. Ва инҳо чанд иншооти дигар сохтаву аз худ карданд.

Бори сеюм Эмомалӣ Раҳмонов соли 2021 омад, ки ин дафъа ҳам боз бо ҷашну тантанаи калон пешвозаш гирифтанд. Ва ин бор барои худашро шарманда кардан омад. Вай барои ифтитоҳ ва корандозии як меҳмонхонае, ки кури Аваз сохтааст, омад.Албатта, ки барои раиси як давлат ин шармандагист ва боз аз заминҳои онҳо назар карду маишат карду рафт ва Ангурбоғи Муроди телехро ҳам тамошо кард, чун ҳарвақта колхозник ест колхозник. Инро дар телевизони давлати ҳам намоиш дода буданд. Вай медонист, ки дар хоҷагии мо ҳамин заводҳо вуҷуд дошт. Аммо як бор намепурсад, ки куҷо шуданд. Агар инҳо завод месохтанд, ки ақалан 400 ё 500 нафар ба кор тамин мешуд дигар гап, лекин Раҳмонов фақат фоҳиша хона мекушояду халос. Ана, акнун бинед, ки ҳар вақте Раҳмонов қадам ба хоҷагии мо мемонад, дуздӣ ва ғорати инҳо зиёд мешавад ва ҳоло боз Мурод мехоҳад, ки заминҳои одамонро аз худ кунанд. Ман ҳайронам инҳо ҳамааш бачаи ҳамин хоҷагӣ ва ҳама якдигарро мешиносанд, якдигарро медонанд, бо кадом виҷдон ин хел рафтор мекунанд, инҳо сер намешаванд. Раҳмонов ту дигар ба хоҷагии мо наё. Ҳар вақте ки ту меоӣ, масҷдҳо маҳкам мешаванд ва одамон бе замин мемонад. Аз ин дида мешавад, ки аз чор се ҳиссаи заминҳо дар дасти се оила мебошад ва як ҳиссааш ба дасти ду ҳазор Оила.

“Мардуми хоҷагии мо инро дарк намекунанд, ки оянда фарзандонашон ғуломи фарзандони ин оилаҳои золими идора кунандаи ноҳия ва ҷамоат мешаванд. Инро адолати Пешвои Миллат мегуянд. Худоро шукр, ки телехи Рустами Эмомалӣ аз хоҷагии мо нест, вагарна ба халқ ҳамон як ҳисааш намерасид. Дар хоҷагии мо золим асосан Ҷамшед Кабиров аст . Корҳои вай паси пардаанд, зулмаш зиёд аст ба халқи одди нисбат бо дигарон. Инҳо як круги калонанд. Инҷо як чанд нафарро ман номашонро нагирифтам, онҳо гавриканд  яъне лесак ё чуноне шумо мегуед чоплусанд. Агар инҳо мехоҳанд, обод кунанд, болои теппаҳоро обод кунанд. Заминҳои тайёрро гирифта гуё, ки обод карданд. Худашон боғу роғ мекунанд ба мардум мегуянд, ки гандум ва пахта кунед аҷоиб.”

Ман медонам, ки дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ин хел кругҳо ва оилаҳо ҳастанд, фақат инҷо вобастагӣ аз мардуми ҳамин деҳаҳо ва хоҷагиҳо мекунад, ки ҷамъ шаванд, зулмкунӣ намонанд, инҳо бисёр нестанд -ку.Мисол 7 ё 8 оила куҷо 1 ё 2 ҳазор оила куҷо. Фақат бояд мард будан даркор, на ин ки подхалиму маддоҳу чоплус. Шумо, ки бо инҳо калон шудед, медонед киянд ва чи касанд ва чи кор мекунанд.

Дар охир як чизро гуфтаниям: аввалан ба мардони хоҷагии худамон, баъдан ба тамоми мардони ҷумҳурӣ. Нангу номусро бедор кунед, Худо ёрии худашро мерасонад. Беҳуда нагуфтанд ки аз ту ҳаракат аз Худо баракат.

Истеъфо Раҳмонов, Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ.

Модари Ректори “кудакистонсоз” ҳамсинфи Муроди Телех аст

Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,ки дар бораи ӯ барномиаи махсӯс доштед шумо қатрае аз баҳри ҷиноятҳои ӯро гуфтаед.

Муроди телех пораҳоро тавассути кӣ мегирад? 

“Дар бораи Убайдулло Асрорзода ҳаминро гуфтаниям, ки дар Ангурбоғ як платный садик дорад. «Криша»-аш конкретно Муроди Телех аст. Очааш ҳамсинфи Мурод аст. Ҳамон одамоне,ки Убайдулло Асрорзода бо боварӣ дар кор мемонад ҳамааш через Мурод мешавад, хулоса «кашелок»-и Мурод дар соҳаи Маориф аст. Савзалии ҷиянш оиди вазир ва раисҳо «кашелок» аст ба Мурод. Оиди ГАИ бо ду ҷиянаш, ки дар ГАИ кор мекунанд. Ҳардуяш Кароматулло ном доранд,«кашелок»-анд. Оиди бозору мағозаҳо Шайдуллои ҷияншаш мебошад.Мурод дар соҳаи бонк ва МВД чор –панҷ «кошелек»-и бегона дорад. Дигарашон ҳамагӣ ҷиянҳояшон.”

Оилаи Ибодовҳо. Инҳо фарзандони акаи Соҳиб мебошанд, ки дар замони шуравӣ ба ҳайси ронандаи мошини Газ -52 кор мекард. Асосан вино, спирт ва маҳсулоти нафтӣ мекашид. Оилаи Ибодовҳо бо Муроди телех хешу табор мебошанд. Ва ҳозир бошад қудо ҳастанд ва ҳамсоя ҳам мебошанд. Оилаи Ибодовҳо 9 бародар ҳастанд. Асоси онҳо Ибодов Ибодулло ва Ибодов Маҳмадулло ҳаст. Ҳозир Ибодов Маҳмадулло,ки тахаллусаш Махмадулои ча -ча буд, дар қайди ҳаёт нест. Ӯро барои он Маҳмадуллои ча -ча мегуфтанд, ки як дасташ чулоқ буд. Инчунин бе зурёт буд, фарзанд надошт ва як духтари бародарашро гирифта калон карда буд. Ҳамин духтар келини Муроди телех мебошад. Маҳмадулло мудате дар хоҷагии мо ба ҳайси раис кор мекард.

Маҳз ҳамин одам хоҷагии моро ҷазир кард, ҳамаро списат карду фурӯхт. Ӯ вино заводро канда ҳамаи систернахои алюминий ва эмалированийро канда фурӯхт, ки хурди ин систернаҳо 25 тона ва калонҳояш то 100 тонна гунҷоиш дошт. Инҷо 10 -15 адад систерна набуд зиёда аз 200 систерна буд. Ва ҳозир бошад завод дар дасти як бародараш аст ки номаш Қурбоналӣ мебошад. Завод ба вай тааллуқ дорад ва ин заводро ба оғил табдил додаанд. Дуюм гаражро бо Муроди телех тақсим карданд ва аз ашёву замини он каме ҳам фурӯхтанд. Айни замон дар ҷойи гараж мойка, бильярдний ва ҳамом рост карданд, ки ба ҷияни Муроди телех Савзалӣ Саидов тааллуқ дорад. Ва боқимондаашро ба замини ҳавлигӣ табдил карданд, ки дар он ҷо як писари Ибодовҳо зиндагӣ мекунад. Дар пеши ҳамин гараж як хайрхоҳ масҷид бунёд кард, ки Маҳмадулло аз вай 2000 доллар пора барои сохтмони масҷид гирифт. Инро бачаҳои ҳамон куча медонанд ва ин факт ҳаст. Ва бахшида ба сафар ё омадани Эмомалӣ Шарипович ин масҷидро Муроди телех ба садик-боғчаи бчаҳо табдил дод. Ана ин далели он,ки мегуянд Мурод бачаи мусалмони намозхон аст. Мурод хуб медонад ва хубу ганда 31 сол мешавад бо Эмомалӣ Раҳмонов аст. Нафрати ӯро ба масҷид ва ислому мусалмонон хуб медонад.

“Дар маркази хоҷагӣ чи биноҳое ва иншоот, заправкаҳо, меҳмонхонаҳое, ки ҳаст, ҳама ба ин Оила ва Муроди телех ва хешу табораш тааллуқ доранд. Маҳмадулло Ибодов як мавзеи киштро, ки бургатӣ- 5 ё бригадаи 5 мегуфтанду зиёда аз 250 ё 300 гектар замин мебошад, ба дасти бародаронаш дод. Хулоса, Маҳмадулло Ибодов мурд, аммо пеш аз мурдан хоҷагии моро ба яғмо бурду рафт.”

Ман ҳамсояи Ибодов Маҳмадуло ҳастам ва соли 2009 буд чор гови ман дохили заминаш шуд. Ман рафтаму гуфтам,ки  раис говҳоямро гирам шумо говҳоро гирифта маҳкам кардед?  Ибодов Маҳмадулло гуфт бале бирав бароям 1000 сомонӣ биёр солҳои 2009 буд 1000 сомонӣ пули кам набуд чанд бор рафтам пешаш гуфтм раис ман ин пул ро надорам. Он солҳо 1000 сомонӣ тақрибан 300 доллар мешуд. Гуфтам ман розӣ ҳастам як говамро гиред ва се гови дигараш ро ба  ман баргардонед.  Гуфт не, гапа зиёд накун, тез рав  пула биёр говота бгир бра, ма кор надорм говои тура мегирм. Ман аз ночорӣ дигар надонистам чикор кунам ва ба кадом дар равам. Магар аз ин золим ба куҷое шикоят кардан дар ин ҳукумат мумкин аст ? Ягона роҳ дар фикрам ин падару модараш омад, рафтам пеши падару модараш ба падараш Ҳоҷӣ Соҳиб гуфтам раиси писаратон говҳоям ро гирифта аст ва аз ман 1000 сомонӣ пул талаб дорад, охир медонед ҳоҷӣ бобо ҳолату зиндагонии маро ва ҳамсояи ман ҳастед солҳо, ман надорам 1000 сомонӣ. Ба падараш гуфтам Ҳоҷӣ бобо ба раис шумо гуед як говамро бигирад ва се гови дигарамро пас гардонад ба ман.  Ошкоро падараш гуфт хуб мешиносед Маҳмадуллоро ӯ гапи моро ҳам намегирад, ҳар коре хоҳад мекунад. Рафтам хона надонистам чикор кунам боз баргаштам пеши Маҳмадулло Ибодов ман ро диду гуфт ту барои чи пеши падару модари ман мерави фикр карди ман гапи падару модарам ро мегирам ва говҳои туро медиҳам? Хуб гуш кун ма фикри ҳамсоягита нигоҳ намекунам ва пеши ман дигар бе пул наё. Бовар кунед ин вақт ба худ гуфтам вақте дар назди Маҳмадулло падару модараш ва ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоягӣ аслан ҳеҷ аҳамият надорад дигар ҳеҷ роҳе надорам ҷуз додани ончи гуфтааст. Воқеан ӯро Худо зада буд дар ин дунё ва аз як дасташ маҳрум шуда буду бе зуриёташ гардонидааст.  Аллоҳ шоҳид аст зулме ба мо ҳамсояҳо карда буд ҳама шоҳидем аз он ҳама зулму ситамҳояш. Рафтам қарз кардам 1000 сомонии пули талаб кардаашро оварда додаму говҳоямро боз пас гирифтаам. Ман боварии комил дорам агар ҳама сокинони ҷамоати мо зулмҳои ин оиларо бар сари мо карда, то имрӯз нависанд “Ислоҳ” ҳар рӯз як зулмашонро бояд нашр кунад.

Феълан Муроди телех хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» дорад. Ин хоҷагӣ ба номи падараш бобои Файз аст. Бобои Файзе, ки як умр ишкамаш сер нашуд ва аз қашшоқтарин мардуми ин ҷамоат буданд. Дар наворе,ки дар рафти сафари Раҳмонов ба ҷамоати Рудакии ноҳияи Восеъ дар 4 октябри соли 2021 шабакаҳо нишон доданд Эмомалӣ Саидзода, писари дуввуми Муроди телех ба унвони як соҳибкор муаррифӣ мешавад, ки иншоотеро гӯё бунёд кардааст. Ва ё Мисқол Саидова бо номи Мисхол нишон дода мешавад. Вай зани раҳматии Фатул аст ва аз хешовандони Муроди телех аст.

Дар ҷои дигар ё Мҳнатобод аз Дилшод Асроров суҳбат мешавад, ки як коргоҳи дузандагӣ ва адрасбофӣ сохтааст. Ин Дилшод бародари Убайдулло Асрорзода аст, ки пештар дар борааш барнома доштем дақиан ҳамон мебошад. Писари Махтунбӣ Абдулҳаева аст. Махтунбӣ ҳасинфи Мурод аст ки дар ин навор ба унвони нафаре муаррифӣ мешавад, ки мактаб барои кудакони то синни мактабӣ гӯё сохтааст, яъне кудакистон. Аммо ҳоло аз он коргоҳи дузандагиву адрасбофӣ аслан дараке нест. Акун фаҳмида истодаед модари Асрорзода Убайдулло Саттор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пули ин кудакистонро аз куҷо пайдо карда ва ба модараш додааст? Аз ришвагирӣ ва вазифафурӯшӣ дар соҳаи вазорати маориф. Ин ҳама пулу маблағро аз куҷо пайдо карданд бароятон фаҳмо шуд. Ва,Раҳмонов, раиси як ҷумҳурӣ кори дигаре надорад, барои ифтитоҳи масалан ин ҳама иншоот меояд, дар ҳоле, ки бояд бипурсад, ки манбаъ сарчашмаи ин сохтмонҳо аз куҷо аст. Тибқи баъзе аз маълумоти расида ба мо Раҳмонов на танҳо се бор ба ин ҷамоат ва махсусан ба Меҳнатобод омадааст, балки ду бори дигар пинҳонӣ ҳам барои дамгирӣ ва истироҳат омадааст. Мурод дар инҷо як дача сохтааст, ки Раҳмонов омада истироҳат мекардааст.

“Ҳангоми ифтитоҳи боғи парчам Раҳмонов аз роҳгаштан монда шуд, зери пояш қолини сурх ва парчами 40 метераро ифтитоҳ кард. Мурод гуфтааст ҷаноб бефара шуд аз роҳ гаштан то пеши байрақ расиданаш.”

Албатта, Муроду Авазу оилаи Ибодовҳо ногузиранд, ки дар ин ҳама садҳо гектар замин аз кору зӯри бозуи мардуми маҳаллӣ, ҳамдеҳагонашон истифода кунанд ва ҳақи онҳоро ҳам пардохт мекунанд ва ҳоло ки пулдор шудаанд, барои онки нишон диҳанд онҳо пулдоранд иншоот ҳам месозанд. Феълан ҳама чиз аз они онҳо аст. Автозаправкаҳо, марокизи тиҷоратӣ, беморхона, меҳмонхона, магазинҳо ва ғайра. Шумо дар ин навор хоҳед дид, ки меҳмонхонаи Аваз Кабиров бо чи шаҳомату шукуҳ сохта шудааст. Аммо, вақте барои обёрии мардум об лозим мешавад, танҳо бо рухсату иҷозати  онҳо метавонанд заминҳояшонро об диҳанд. Бо ин ҳам боигариву сарват ҳанузам чашмашон ба замини мардум аст. Масҷид ва қабристони мардумро аз канори ҳавзи Қайнар канданду ба замин ҳамвор намуданд. Дар заминҳои Мурод пештар одамҳо аз Турсунзода омада кор мекарданд. Аваз Кабиров дар инҷо як стадион сохтааст, ки ин стадион пулакӣ аст. Бачаҳо соатбаъй барои бозии футбол 150-200 сомонӣ медиҳанд.

“Ҳамаи инҳо(ба истиснои Кабировҳо) дар вақташ ва махсусан Мурод гушна буданд. Ҳоло ба ҷуз аз Мурод ҷиянҳояш ҳам даҳҳо гектар замини мардумро аз они худ кардаанд. Феълан ин Муроди телех аст ки ҳам Аваз ва ҳам Ибодовҳоро маҷбур мекунад, ки гуё ободкорӣ кунанд ва Раҳмоновро овараду истироҳаташ диҳад. Вале дар иваз ба миллионҳо ба мардум зарар мерасонад…”

Ҳозир бошад Муроди телех, оилаи Ибодовҳо ва Кабировҳо ҳамаи хоҷагиро аз они худ карданд ва ҷавлон мезананд. Онҳо иншоотҳо сохтанд, ки ин хуб аст, вале мардум озод нест. Дар замони шуравӣ дар хоҷагии мо ду корманди милиса кор мекард,яке маъмур барои калонсолон, дигаре барои хурдсолон. Ҳозир бошад як шуъбаи калон бо зиёда аз 20 милиса кор мекунад. Ин шуъба на барои халқ аст, ин шуъба барои Муроди телех ва ҳаммаслакони вай кор мекунад. Ва онҳоро ҳимоят мекунанд, ки ҷиноятро зиёдтару зиёдтар содир кунанд. Дар бораи инҳо гуфтаниҳо бисёр аст. Дар оянда бештар ҳам хоҳем гуфт.

Share This Article