Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва суқути он дар Иҷлосияи 16
(бахши бисту ҳафтум)
Ҳадафи асосии онҳое, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олиро дар Хуҷанд ташкил карданд, сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Вагарна ҳамонвақту ҳамонзамон метавонистанд сулҳи дар Президент –оттели Маскав дар соли 1997 ба имзо расидаро дар қасри Арбоб и Хуҷанд ба даст оваранд.
Ҳукумати Мусолаҳа ё Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон дар густураи шӯравии пешин собиқа ва назир надошт. Дар Тоҷикистон, ба унвони як кишвари тоза ба истиқлолрасида вале ҳамоно таҳти нуфузи Русия қарордошта барои бори аввал ҳукумате бо ширкати тамоми аҳзобу ҳаракат, яъне неруҳои сиёсӣ ташкил шуд, амалан ҳукумати эътилофӣ. Дар таркиби ин ҳукумат, бахши аъзамашро намояндаҳои номенклатураи шӯравии пешин, ҳамон коммунистони дар сари қудрат буда, вале як ҳиссаи ками онро намояндаҳо аз неруҳои нави сиёсӣ:-ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, созмонҳои халқии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва «Носири Хусрав» ташкил доданд. Раиси ҷумҳур-Раҳмон Набиев, коммунист, Раиси Шӯрои Олӣ-Акбаршо Искандаров, коммунист, раиси Шӯрои Вазирон-Акбар Мирзоев, коммунист буданд.
“Аз ҳақ набигзарем, ки тарзу роҳи равиши короии ин ҳукумат маъмулӣ набуд. Зери фишори неруҳои нави сиёсӣ ин ҳукумат таъсис дода шуд. Аммо, таъсису ташкили ҳамчунонии ҳукумат дар кишварҳои демократӣ як кори озмуда ва таҷрибашуда аст. Неруҳои милливу мардумӣ аз роҳи муҷоз ва қонунӣ ҳукуматро водор ба ҳамкорӣ карданд. Бидуни хунрезӣ, истифода аз силоҳ.”
Ҳамакнун мебоист, ки ин ҳукумат барои инкишофу тараққиёти мамлакат фаъолият мекард. Аммо, дастҳои хориҷӣ, яъне Русия ва Узбакистон алайҳи Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон баромаданд. Аввалин коре, ки онҳо бо дастони омилони нуфузии худ ҷиҳати нобуд кардани Ҳукумати Муросои Миллӣ анҷом доданд, ҳарду вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) ва Кулоби пешинро муқобили он сохтанд. Ин ду вилоят ҳанӯз як ҳафта ҳам аз таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ нагузашта буд, ки бо роҳнамоӣ ва машварати ҳамин омилони нуфузӣ ҷаласа доир карда эълом доштанд, ки ба он итоат намекунанд, чун он ғайриқонунӣ ташкил карда шудааст.
Иброҳими Усмон, устоди факултаи журналистикаи Тоҷикистон ва дар гузашта аз ҳаводорони Раҳмон Набиев низ дар ҳамин гурӯҳе қарор гирифта буд, ки мегуфт Ҳукумати Муросои Миллӣ ғайриқонунӣ ташкил шудааст:
«Бесалоҳиятии раиси ҷумҳур дар сохтани ин ҳукумат ба ҳадде буд, ки ӯ натвонист шахси дилхоҳашро раиси Кумитаи бехатарӣ монад ва зиёдтар аз он маҷбур шуд генерал Б.Раҳмоновро вазири мудофиаи Тоҷикистон таъин кунад. Баъди ду-се рӯз ба шакли илова Давлат Исмон ҷонишини сарвазир таъин шуд ва касе, ки ҳамчун посбони мағоза «хизмати халқу ватан»-ро иҷро мекард, акнун дафтарҳои соҳаи адлияро бояд кунад. «Неруҳои демократияхоҳ» бо роҳи зӯрӣ ҳукуматро ба даст дароварданд ва ин аслан табаддулоти давлатӣ буд. Зеро на ихтиёран, балки маҷбуран ба истилоҳ зери мили камон, на дар сессияи Шӯрои Олӣ, балки дар майдону бо тавсияи аҳли майдон ҳукумат интихоб шуд. Агар ҳамин чиз қонунӣ бошад, демократӣ бошад, пас интихоботҳо лозим нестанд». И.Усмонов.«Соли Набиев». Душанбе-1995.
На танҳо Иброҳими Усмон, балки хелеҳо таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ бо ширкати неруҳои нави милливу мардумиро барои афкори иҷтимоӣ «табаддулоти давлатӣ» талаққӣ мекарданд. Бахусус, онҳое, ки коммунист буданд, ё дар ҳукумат ва ё ҳаводори ҳукумат ва ақоиди коммунистӣ. Дар ин қисмати матлаб аз китоби дуввуми Аслиддин Соҳибназаров як иқтибоси нисбатан калонеро аз баҳси ӯ ва марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ Додситони Кулли Тоҷикистон роҷеъ ба қонунӣ будан ва набудани Ҳукумати Муросои Миллӣ ва сипас андешаҳои генерал Сайиданвар Камолов, раиси собиқи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистонро пешкашатон мекунем. Аввал ба баҳси Соҳибназаров ва Ҳувайдуллоев назар андозед:
«Шумо бо кадом далел тасдиқ мекунед, ки эътироф накардани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ мебарад? Шахсан ман ҳам,-илова кард ӯ-ин ҳукуматро эътироф намекунам. Он бар хилофи қонун таъсис дода шудааст.
– Ин мулоҳизаи шахсии шумо,-гуфтам дар ҷавоб,-вале аз рӯи қонун шумо ҳақ надоред, дар ҳар гӯша изҳор кунед, ки ин ҳукумат ғайри қонунӣ таъсис дода шудааст. Шумо медонед, ки ин ҳукумат аз тарафи Раиси ҷумҳурӣ таъсис шуда, бо қарори он тасдиқ гардидааст. Ҳамчун Додситони кулли ҷумҳурӣ эътирози худро дар нодуруст ё ғайириқонунӣ таъсиси додани он эълон намоед. Вале то бекор кардани ин қарор бо роҳи қонунӣ, бояд онро эътироф кунед ва амалӣ созед. Эътироф накардани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ аз тарафи шумо, сарварони ҳукуматҳои вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод, баръакс қонуншиканӣ ҳисоб бояд шавад ва ҳамчун додситон дар роҳи ин қонуншиканӣ бояд сад бошед,-гуфтам дар фароварди сухан.» А.Соҳибназар.«Субҳи ситоракуш»,китоби 2.Душанбе-2000
Ва, акнун бубинем, ки Сайиданвар Камолов чи мегӯяд:
«Сабаби асосии ин вазъияти хатарнок дар ҷумҳурӣ талоши гурӯҳҳои муайян барои бо ҳар роҳ забт намудани ҳукумат ва ба амал баровардани ғояҳои моҷароҷӯёнаи худ мебошад. Гирдиҳамоиҳои моҳи май дар Душанбе, вақте зери фишори мухолифин, ки омирона худро «иттиҳоди неруҳои демократӣ» эълон дошт, бо чунин як номе «Ҳукумати ризоияти миллӣ» -и зидди конститутсионӣ таъсис дода буд. Дар чунин ҳолат Президенти ҷумҳурӣ тарсончакӣ кард ва бозии сари дасти неруҳои ғайрисохторӣ, ҳамонҳое, ки ӯро маҷбур намуданд указҳое барорад, ки зидди Конститутсияи ҷумҳурӣ бошад.
….Вакилони халқии ҳамаи зинаҳои вилояти Кӯлоб ин гуна амали зиддихалқиро маҳкум мекунанд. Дар вазъияти баамаломада Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб қарор қабул кард, дар он азҷумла зикр мешавад, ки указҳои зидди конститутсионӣ баровардаи Президент ва қарори ҳукумат таъсири қонунӣ надоранд ва дар ҳудуди вилояти Кӯлоб эътироф намешаванд.» Саиданвар Камолов, «Ситораи умед». Душанбе, «Адиб»- 2012
Аммо афроде ҳам буданд, ки дар ҳамон солҳо дар ҳукумат кор мекарданд вале аз гуфтани воқеият то ба охир намеҳаросиданд. Барои мисол Султон Қувват, собиқ раиси Кумитаи андози ҳукумати Тоҷикистон ва аз барпокунандаҳои ҳукумати дастнишондаи «Фронти халқӣ» дар як сӯҳбати матбуотиаш ба фарқ аз Иброҳими Усмон муътақид аст ки Ҳукумати Муросои Миллӣ ба таври қонунӣ ташкил шудааст:
«Дар давраи Ҳукумати Мусоҳилаи Миллӣ «Народний фронт» хеста буд. Аз рӯи қонунҳои ҳамонзамонаи ҷумҳурӣ бигӯем онҳо ҳам ҷиноят карда буданд, ҷиноят содир карда буданд. Лекин, ки «Народний фронт» ғалаба кард, имрӯз вай ҳукумати қонунӣ шуду ҷониби дигар ҷинояткор. Вале Ҳукумати Мусоҳилаи Миллӣ низ як намуди давлатдорӣ аст, як намуди давлат аст, давлати қонунӣ аст. Ҳукумате, ки соли 1992 ташкил карда буданд дар ҷумҳуриамон вай ҳам ҳукумати қонунӣ буд, зеро бо фармони собиқ президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев тасқид карда шуда буд. Ман он ҷо иштирок доштам, дида будам ва ман корманди вазорати корҳои дохилӣ будам, аз ин кор бохабар будам».
Марҳум Султон Қувват дар он солҳо худ яке аз афроди бонуфузи Фронти халқӣ ба ҳисоб мерафт ва ӯ хуб ҳам медонист, ки ин фронт чи гуна, чи тавр ва чаро пайдо ва ташкил карда шуд. (Ин мавзӯъи матлаби баъдии ин силсилагузориш хоҳад буд)
Вале, инҷо ба як ҷумла мегӯем, ки Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ аз тарафи Русия ва Узбакистон ва бо дастони Фронти халқӣ, ки иборат аз бахше аз мардуми худи мо буд, аз пой дароварда шуд.
Давлати Усмон, ноиби сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллии Тоҷикистон мегуяд, ки русҳо ва узбекҳо ҳатто қабл аз ташкили ин ҳукумат бо он шинохте, ки аз неруҳои нави сиёсӣ ҳосил карда буданд, ҷомеаи Тоҷикистонро ба ду тақсим намуда буданд:
«Ҳанӯз қабл аз ташкили Ҳукумати мусолаҳаи миллӣ он қудратҳое, ки неруҳои тоза нафаси сиёсиро қабул надоштанд – Русия ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҳатто пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991 аллакай онҳо кишварро ба ду тақсим карда буданд. Шимоли кишваро бо як қисмати ҷануб ва бо мардуми ӯзбакзабон муттаҳид карда буданд. Ва нашинохтани Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳам барномаи қаблан тарҳрезӣ шуда буд.»
Ҳамин Русия ва Узбакистон буд, ки Сангаку Сафаралӣ Кенҷаев ва Абдулмаҷид Достиеву Эмомалӣ Раҳмоновро дар сари фармони Фронти халқӣ оварду ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро шӯълавар карду мунтаҳо Ҳукумати Муросои Миллиро аз байн бурд. Абдулмаҷид Достиев, яке аз муқаррабони он солҳои Эмомалӣ Раҳмонов, ки иқрор мешавад дар иҷлосияи 15 фармони ташкили Ҳукумати Муросои Миллиро тасдиқ ва дастгирӣ карданд, тавре сӯҳбат мекунад, ки гӯё хабар надошт бо чунин ном ҳукумате таъсис дода мешавад:
«Тибқи ин маслиҳат Иҷлосия баргузор гашт. Бахусус баъди он ки Иҷлосияи 15 Шӯрои Олӣ баргузор гардид, вакилон бо пешниҳоди Президенти вақт Раҳмон Набиев ба ҳайати ҳукумат тағйирот ворид карданд. Як чизи муҳимро бояд зикр намоям, ки мо вакилони Шӯрои Олӣ 2-3 нафари пешниҳодшудро тасдиқ кардем, лекин шом аз телевизион шунидем, ки ҳукуматро «Ҳукумати Муросои Миллӣ» номгузорӣ кардаанд. Дар Иҷлосия на дар бораи Ҳукумати Муросои Миллӣ, балки дар хусуси додани чанд ҷо, яъне курсии мансаб ба намояндагони оппозитсия сухан мерафт. Албатта, аз ҷониби ҳукуматдорон ба ҳукуматхоҳон додани чанд ҷой ин пешрафт ва ҳамдигарфаҳмӣ буд ва мо ҳам аз онҷо бо дили гарм баромада рафтем, бо умеди онки акнун роҳбарият чун ҳукуматдорони умумимиллӣ аз як гиребон сар бароварда, пеши роҳи ҷангро мегирад ва дар кишвар оромӣ барқарор мешавад. Аммо баъди он Иҷлосия дар водии Вахш вазъ боз ҳам бадтар шуд. Ба фикрам, иллати он дар ҷудоии аъзои ҳукумат буд ва онҳо на танҳо якҷоя амал намекарданд, балки ба тарафҳои гуногун дастури якхела медоданд ва супоришҳои якдигарро беэътибор эълон мекарданд. Президент як супориш, Сарвазир супориши дигар ва муовини ӯ боз дигар супориш медоданд. Ин барои он буд, ки ҳар кадом манбаи фармони худро дошт.» Абдулмаҷид Достиев.«Ситораи ғолиб».Душанбе,«Матбуот»-2006
Дар воқеъ ҳамин тавр ҳам шуд. Фронти халқӣ ва Русияву Узбакистон ҷангро дар Тоҷикистон шиддати бештар бахшиданд, то ки Ҳукумати Муросои Миллиро аз байн бубаранд. Ва, баҳонаи мухолифони Ҳукумати Муросои Миллӣ дар дохил ин буд, ки ин ҳукумат аз маҳалҳои алоҳида вале бо сарфи назар кардани манфиати маҳалҳои дигар ташкил шудааст. Дар ин бора боз як иқтибоси дигар аз шодравон Аслиддин Соҳибназаров меоварем:
«Аз таъсиси Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ муддате нагузашта бошад ҳам, амалан маълум мегашт, ки аллакай ин ҳукумат фалаҷ шудааст. Сабаб он буд, ки сарони ҳукумати вилоятҳои Ленинободу Кӯлоб бо баҳонаи гӯё ин ҳукумат аз намояндагони ғармиҳову бадахшониҳо таъсис дода шудааст, онро куллан эътироф накарданд. Раиси ҷумҳурӣ бошад дар байни ин ду ҷараён ақидаҳои муайян пайдо накарда дудила буд ва дар як тараф меистод.» Аслиддин Соҳибназаров. «Субҳи ситоракуш»,китоби 2.Душанбе-2000
Аммо воқеият ва ё асл ва мояи ихтилофи Русия ва Узбакистон бо Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ чӣ буд ва чаро ин ду давлати дорои таъсир ва нуфуз болои Тоҷикистон алайҳи ин ҳукумат, ки инъикоскунандаи тамоми минтақа ва неруҳои сиёсии миллат ташкил ёфта буд чист? Давлати Усмон, ноиби сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар ин маврид чунин изҳори назар кардааст:
«Ман фикр мекунам, ки тамоми неруҳои ҳамон вақтаи оппозитсион барои ин ду кишваре, ки манфиатҳои аслӣ дар Тоҷикистон доштанд, яъне Ӯзбакистону Русия нашинохта буданд. На танҳоҲНИТ, балки Ҳизби Демократ, ҳаракати Растохез, неруҳое буданд барои онҳо ношинохта. Ва онҳо аз ин неруҳои озодихоҳ, аз ин неруҳое, ки истиқлолияти воқеии кишварашон ва истиқлолияти воқеии давлаташонро талаб мекарданд нороҳат буданд.»
Вале ин масъаларо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз пешвоёни ҳаракатҳои бедории миллӣ ва дар гузашта узви Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон тавзеҳи бештар додааст. Устод Тӯраҷонзода дар як мусоҳибааш бо «Азия плюс» мегӯяд, ки дар асл дар ин ҳукумат аз тамоми мантиқи кишвар намояндаҳо ворид шуда буданд ва инки дар он танҳо намояндаҳои як минтақа ва ё ҳамагӣ аз неруҳои исломӣ бошанд, дурӯғи маҳз аст. Сабаби мухолифати Узбакистон ин буд, ки ин ҳукумат дар рӯзҳои наздик интихоботи парлумониро доир мекард, ки аз ҳоло маълум буд, дар парлумони оянда намояндагони неруҳои нави сиёсӣ пирӯз мешуданд:
«Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бо ҳадафи баргузории интихоботи шаффоф ва озоди парлумонӣ, ки қарор буд дар моҳи ноябри соли 1992 сурат бигирад, ташкил шуда буд. Чунки парлумони мавҷуда дар соли 1990 дар шароити вазъияти фавқулодда ташкил шуда таҳаввулоти ахири афкори иҷтимоӣ ва сиёсии аҳолии кишварро ифода намекард. Он парламент амалан аз як ҳизби коммунист иборат буд. Аммо ин интихоботро номенклатура ва гурӯҳи ҳоким барои вуҷуд ва ҳузур ва манофеи худ таҳдид ҳисобид. Ҳамчунин баргузории чунин интихоботро ҳокимони онрӯзаи Узбакистон низ барои худ хатар шумориданд. Агар як чунин интихобот бо ширкати ҳама аҳзобу ақшори сиёсӣ дар Тоҷикистон бигзарад, ба эҳтилои қавӣ мардуми Узбакистон ҳам чунин шеваи интихоботро аз ҳукумат талаб мекунад. Мунтаҳо таҳаввулоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба Узбакистон сироят мекунад. Аз инҷо буд, ки номенклатураи комунистии онрӯзаи тоҷик бо ҳукумати Узбакистон ва низ бо ҳарбиён ва қисмате аз мақомоти Русия, ки ҳамоно аз коммунистон иборат буд якҷоя шуда ва бар зидди Ҳукумати Муросои Миллӣ сангар гирифтанд, то инки интихоботи бисёрҳизбии парлумонӣ дар Осиёи Миёна доир бишавад. Аз ин рӯ онҳо зуд тазоҳуроти Кулобро ташкил карда ба дунё ҷор заданд, ки дар Тоҷикистон исломиҳо ҳукуматро гирифтанд.
Аммо, на Худойбердӣ Холиқназар, на Мирбобо Мирраҳим, на Ҳайдаршо Акбаров, на Зокир Вазиров ва на Бозоралӣ Сафаров вазирони пешниҳодшуда аз тарафи неруҳои нави сиёсӣ узви ҲНИТ набуданд. Ҳукуматро намояндаи минтақаи Кулоб-Акбар Мирзоев сарварӣ мекард. Раиси ҷумҳур Р.Набиев, намояндаи шимол ва Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ намояндаи ба истилоҳ куҳистон-Бадахшон ва Қаротегин идора мекарданд. Танҳо Давлат Усмон аз ҲНИТ дар ин ҳукумат ба ҳайси ноиби сарвазир омад. Вале воқеият ин буд, ки на КГБ ,на ВКД ,на Прокуратура ва на вазорати дифоъ ӯро итоат намекарданд, чун мустақим ба раиси ҷумҳур итоат мекарданд.»
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва раиси Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон солҳо баъд роҷеъ ба ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ изҳори назар карда иқрор мекунад, ки ин заъф ва нотавонии ҳукумати он рӯза буд,ки онҳоро барои як чунин амал таҳрик кард, вагарна ҳеҷ ният ва омодагӣ барои гирифтан ва ё саҳим шудан дар ҳукуматро надоштанд.
Ин нуктаро Давлати Усмон, аз роҳбарони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад ва беш аз ин ёдовар мешавад, ки ҳукумат ба ҳадде беқудрат буд, ки бархе комилан барандохтани онро ҳам матраҳ карда буданд:
«Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».
Аммо ҷудо аз мухолифати Русияву Узбакистон ва Фронти халқӣ худи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ то куҷо муваффақ буд, ки корҳоро пеш барад?
Абдулло Ҳабибов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Шӯрои Олии онвақта ва собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон низ тақрибан бар ин назар аст ки Ҳукумати Муросои Миллӣ вақте ташкил шуд, ки неруҳои нави сиёсии он вақта омода ба ҳукумат кардан набуданд, чун кадом барномаи мушаххасе надоштанд:
«Ҳукумати эътилофӣ дар он ҳолате ташкил карда мешавад, ки неруҳои сиёсӣ ҷамъ мешаванд ва ҳар кадоме аз онҳо талабҳои худро пеш мегузоранд. Ба ҳангоми ташкили он ҳукумат чунин талабу ҳолат набуд. Ин як навъ таъйини намояндаҳои минтақаҳои гуногун буд, на омадани намояндаҳои бообруву бонуфуз ва муътабари минтақаҳо дар ҳокимият. Фикру назари элитаи он рӯзаи вилоёт ба эътибор гирифта нашуда буд. Барои ҳамин онҳо худро мустақил эълон карданд. Таҳти назорату идораи онҳо издиҳоми дар ҳоли балвову қиём қарор дошт ва онҳо мардумро бар муқобили ин ҳукумат хезонданд. Дуввум, дар ҳама ҷо шойеъа пароканӣ карданд, ки ҳукумати исломӣ ташкил карда шуд. Ва аз ин сабаб бисёр давлатҳо, ки дар Тоҷикистон манофеи худро доштанд, бо ин ҳукумат мухолифат карданд. Барои ҳамин онҳо Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро дастгирӣ накарданд. Ва аз инҷо буд, ки Ҳукумати Мусолҳиаи миллӣ зиёд давом наовард. Агарчи дар ҳайати он кадрҳои соҳибтахассус муҷарраб ва одамони корсозу ҳирфаӣ ворид шуда буданд. Дар даврае, ки амалан тамоми ҷумҳурӣ дар оташ месӯхт, дар ин ҳукумат неру ва обрӯи кофӣ набуд, ки ин оташро хомӯш созад. Ҳукумат дар як тараф монд, талаботе, ки исломиҳо ва ё коммунистҳо доштанду ба ҳам зид ва хилофи ҳамдигар буд, дар тарфи дигар.»
Аммо ба ақидаи хабарнигори тоҷик Толибшоҳи Саид як иллати суқути зудҳангоми Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ин буд, ки ин ҳукумат даст ба иҷрои корҳо ва иқдомоте зад, ки на танҳо ба вуҷуди худи ин ҳукумат ба тамоми неруҳои нави сиёсӣ зарба зад:
«Магар дар ҳамон соли 1992 аз тариқи телевизион пахш кардани барномаи хабарии Ҷумҳурии исломии Эрон ва шунавонидани оятҳои Каломи шариф сахт зарур буд, ки бо амри мулло Абдуғаффор ин корро масъулини Кумитаи радио ва телевизион анҷом медоданд. Амали як мулло ва дахолати ноҷои ӯ ба кори ҳукумат, ки аз бесаводӣ ва ноогоҳии ӯ аз сиёсатҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медод, зарбаи мӯҳлике ба нирӯҳои мардумӣ зад ва умри Ҳукумати муросои миллиро кӯтоҳтар кард. Магар беҳтар набуд, ки ҳамин муллоҳо чӣ ҳизбию ғайриҳизбӣ дар ҳамон даврони бедориҳо ва оғози давлатсозиҳо дар гӯшаи масҷиду мадрасаҳо менишастанд ва дар ҳаққи мардони муборизу истиқлолҷӯи миллат дуъои хайр мекарданд. Ва оё сахт зарур буд, ки бояд ҳатман ҳамин муллоҳо лаҷоми раёсати муборизаро дар ҳамон замон ба даст медоштанд? Ва агар ҳадаф аз мубориза ва майдоннишиниашон гирифтани қудрат набуд, пас чаро ба муборизаҳо ҳамроҳ шуданд, дар ҳоле, ки нирӯҳои демократӣ аз маҳбубияти мардум бархурдор ва раҳбарони “Растохез”- у Ҳизби демократ дар уҳда кардани кор хеле муваффақ ҳам шуда буданд.»
Бо ин ҳама дастандаркорони Иҷлосияи 16-и Шӯрои олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд тавонистанд, ки бо тазвири қонунӣ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро сарнагун карда ба ҳадафи худ бирасанд ва низ бо ба истеъфо фиристодани Раҳмон Набиев аз мақоми раиси ҷумҳурӣ роҳро барои татбиқи нақшаҳои Фронти халқӣ ва пуштибонони он ҳамвор созанд. Фронти халқӣ чи ташкилоте буд ва чаро ташкил карда шуд ва чи ҳадафро дунбол мекардро дар бахши баъдии ин риштагузориш ба баррасӣ хоҳем гирифт.
Поёни қисмати бисту ҳафтуми ин силсила матолиби мо. Қисмати бисту ҳаштуми мо “Фронти халқӣ чи ташкилоте буд ва кӣ онро ташкил кард. Дар баргузории Илосияи 16 чи нақше дошт?” мебошад. Агарчӣ дар қисматҳои гузашта “Фронти халқӣ”ро ба шакле муаррифӣ ва бозгӯ карда будем. Дар ин қисмат онро ба шакли муфассал бароятон муаррифӣ менамоем….