Хуб аст ки шумори муроҷиаткунандаҳо ба барномаи «Номаҳо…» беш аз пеш афзуда истодааст. Яхи тарсу ҳарос дорад об мешавад. Ин амри табиӣ аст. Наметавон то рӯзи қиёмат даҳону чашми мардумро баст ва гӯшҳои онҳоро бо дурӯғ пур кард. Вақте зулму истибдод косаи сабри мардумро лабрез мекунад, вақте арзу доди мардуми одиро дар ҳеҷ яке аз зинаҳои ҳокимият намешунаванду намепурсанд, мардум рӯ меоварад ба матбуот. Аммо вақте матбуот ҳам дар зери контрол гирифта шудаву танҳо дар чавкоти таъйиннамудаи ҳукумат фаъолият мекунад, мардум рӯ меоварад, ҳатто ба онҳое, ки муроҷиат кардан ба онҳо мамнуъ карда шудааст. Аммо вақте дард зӯр аст, фарёдрасе нест, ҳатто мамнуъият ҳам ҷилави онҳоро гирифта наметавонад. Мисоли ин гуфта номаҳои зер аст, ки тоза навбати нашрашон фаро расид:
Ҷиликул ё Дӯстӣ
Озар Муҳаммадсаидович Холов дар ГАИ кор мекунад. Ӯро коррупсия бо пора дастгир кард. Баъди 5 рӯз баромад. Апааш Шаҳноза Муҳаммадсаидзода мудири маориф аст, мисли худаш. Ин хонумро ҳам коррупсия қапид. Аммо раҳо шуд ва ҳоло ҳам корро идома медиҳад. «Криша»-и инҳо Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ аст. Падари инҳо дар милиса кор мекард. Феълан дар нафақа аст. Сардори ГАИ-амон Исроил аст. Ин нафар пораро ошкоро мегирад. Вай ҷаримаи ронандаҳоро худ мегираду дар кисааш мезанад. Дар ҳоле, ки бояд ба Амонатбонк супорида шавад. Агар ягон ид баргузор шавад одамҳоро бор мебандад. «Бра себ гир, мандарин, ангур, банан гир» гуфта рӯз намедиҳад. Ӯро соли 2016 коррупсия қапид, дар сараш линга кашида бурда буданд. Аммо, чуноне мебинем, боз ҳам дар мақомаш кор карда истодааст.
Холов Озар Муҳаммадсаидович дар нисбати дигар ГАИ-шникҳо хеле ҳам баднафс аст. Вақте манъ карду дид,ки узбекӣ ё туркмани тамом, Худо медиҳед. Ҷаримаи 50 сомонӣ 150 сомонӣ мешавад. Инро Бузмаков корманди ГАИ мондагӣ аст. Чунки Бузмаков бо падари Озар рафиқ аст. Падари Озар аз Бузмаков хостааст, ки бачаашро болотар барад, ба вазифаи баландтар. Бузмаков гуфтааст, бачаат ҳеҷ чи набуд ГАИаш мондам, боз чи мефорадат? Апаи Озар дар Ҷиликул ягон прокурори нав ояд зуд ба ӯ арӯс мешавад, ё бо арус таъмин мекунад. Шаҳноза Муҳаммадсаидзода ном дорад. Вай мудири маорифи ноҳия аст. Озар вақте аз мағоза ё бозор ягон чизе мехарад ва агар маблағи харид 250 сомонӣ бишавад 200-ашро медиҳад, боқиашро не. Фурушанда ризо ҳаст ё нест, фарқ надорад ҳеҷ кас чизе гуфта наметавонад. Охир ба куҷо шикоят кардан мешавад, агар шикоят карди аз он 50 сомонӣ бештар зарар мекни ва дигар аз ноҳия бояд куч банда равӣ. Ҳозир «ставка»-и ГАИ-ҳо дигар 1 сомонӣ нест, 5 ё 10 сомонӣ медиҳӣ.
Як корманди дигари ГАИ Холназар ном дорад. Вай ҳам мисли Озар аст. Ҳар касеро манъ кунад сум мепурсад, мисли ҷӯгӣ. Ин ГАИшникҳои Ҷиликул пиёда меоянд, аз ин тараф бо мерседесу лексус ё тойота бармегарданд. Исмоилов раиси ноҳияамон буд. Як ҷо бо рафиқонаш мешинанду мехуранду менушанд. Мегуяд ҷои сумкоркунӣ Чилликул аст. Ҳеҷ кас муқобилат нишон намедиҳад ва садо баланд намекунад, мардум мазаи инҷоро намедонанд вагарна барои ин вазифа ҷанг мешавад. Дар ҳақиқат ҳамаамонро ранги мурғ кардагианд. Дилхоҳ сохтори ҳукуматӣ пора мегирад. Аз ҷамоат сар карда, беморхона, паспортний стол. Сардори мизи шиносномадиҳӣ Икромзода аст. Рӯирост ришва мегирад. Аз ягон кас намеҳаросад: «ма сумдода да иҷа шишитагиюм, мара тағам Ҳасани хсрбачаи приздентай, лбой зура ма кашидагиюм».
Як нафар барои паспорт наздаш медарояд. Мегуяд 300 сомонӣ бидеҳ, ҳал мекунам. Ин одам жалоб мекунад. Дуюмбора меояд. Мегуяд «ту жалват кадӣ, 600 сум меша, агар бо равӣ 900 меша». Ман худам шахсан пешаш даромадам, руй турш дорад. Мегуфта бошӣ падарашро зада бошӣ. Барои як паспортро аз учёт баровардан нагло 50 сомонӣ талаб кард. Додам заҳри танаш шавад. Номери мошинаш 5555. Митсубиси дошт, ҳозир Лексуси баланд дорад. Икромзода аз Қумсангир омадагӣ аст. Дар онҷо низ хеле ҷиноят содир кардагӣ аст.
Прокурори Ҷиликул Сайидмурод дар маркази ноҳия бозори ҷумъабозор буд, онро чапа кард. Мардум дар он бозор пул дода ҷо гирифта буданд. Ҳатто розигии мардумеро, ки пул дода ҷо харида буданд, напурсид. Пули хариди мардумро 20℅ ҳам надод. Ин одамро падараш ҳам прокурор буд. Сайидмурод ном дорад. Дар Душанбе кор мекунад.
Ҳоло аз захватчикҳои Ҷилликул мегуям. Умар ва Ҷамолиддин. Инҳо бародаранд, мағозаи хурокворӣ доранд, мағозаи тахтафурушӣ доранд. Авотовокзали ноҳияро харидагианд. Агар таксӣ кор кунӣ, ҳар рӯз 5 сомонӣ мегиранд. Инҳо як буз доранд, Саттор ном дорад. Нафароне, ки таксӣ кор мекунанд мошинҳояшонро дар автовокзал намемонанд. Мебаранду пеши бозор, ки дар лаби роҳ ва аз даруни ноҳия каме поён аст, онҷо мегузоранд. Барои мардуме, ки Бохтар ё Душанбе мераванд ҳамонҷо мувофиқтар аст. Аз лаби роҳ ҳам Саттори буз барои Умар ва Ҷамолиддин чек мечинад .Як рӯз Умар гуфтааст, ки мошинҳоятонро дар терминал қарор диҳед, дар лаби роҳ намонед. Таксистҳо намондаанд, ба гапаш эътибор надодаанд. Номерҳои мошинҳояшонро канд. Баъд номери мошинҳоро пул гирифта дод. Боз ҳарду бародар ҳаҷ ҳам рафтагианд. Терминал, яъне автовокзал дар бари шуъбаи умури дохила аст. Дар Ҷилликул қонун тамоман вуҷуд надорад. Агар пуштат Бузмаков бошад ва оилаи президент тамом бихуру бигард. Не ГАИ кор мегирад, не дигараш. Ҳамин хонаводаи Холовҳо, Шаҳнозаи Муҳаммадсаидзода ҳамаи дағ-дағаашон аз пушти Бузмаков аст. Ҳар як директоршав ставка дорад. Ба Шаҳноза шинос дошта бошӣ, ставка 5000 сомонӣ надошта, бошӣ зиёдтар. Шаҳноза як мошини Кемрии сафед дорад.
Муҳамадсаид Холов бо Бузмаков дар солҳои 1995-1997 дар Ҷиликул бо ҳам кор мекарданд, то онҷое медонем. Бузмаков корманди умури ҷустуҷуи ҷиноӣ буд. Ҷияни Бузмаков дар дасти бародари Муҳаммадсаид Холов кор мекунад. Номи бародараш Ислом аст. Аммо инсони оромтабиат аст. Зулм карданашро надидаем. Вай майёр аст.
Душанбе “Наркотрафик”
Бародар Муҳаммадиқбол! Навори шумо дар бораи мафияи қочоқчиёни маводди мухаддирро тамошо кардам. Ман кам бошад ҳам дар бораи инҳо:- Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, Комил Мирзоалиев, раиси идораи Роҳи оҳан маълумот дорам ва метавонам барои шумо ироа диҳам. Комил Мирзоалиев, раиси Роҳи оҳан вагонҳоро пур аз “тайник” карда ва нафарҳоеро “проводник” гирифта буд, ки онҳо ин борҳоро то ба Русия мерасониданд. Главар мафия ин Зоир аст. Комил Мирзоалиев, раиси Роҳи оҳан героинро аз Тоҷикистон ба Русия мерасонад. Рамазон Раҳимзода амнияти ин гурӯҳро таъмин мекунад. Комил Мирзоалиев дар солҳои 1995 то 2000 узви гурӯҳи мафиозии қочоқчиёни маводди мухаддир генерал Саидшо Шамолов, фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ буд. Вай кассири ин гурӯҳи наркобизнес буд. Ҳамон солҳо ҳам Комил Мирзоалиев масъулияти фиристодани героин ба воситаи вагонҳои Тоҷикистон буд. Он солҳо вагонҳои Тоҷикистонро “эшелон смерти” мегуфтанд. Ҳоло Комил Мирзоалиев бо ҷиян ва домоди апааш Хуршед Мирзоев муовини “Авесто- групп” рафиқи наздики Рустами Эмомалиро дар ин бизнес ҷалб кардааст. Домоди Комил Мирзоалӣ Юсуф Маҷид соли таваллудаш 1988 муовини вазири молия аст. Бародари Комил Мирзоалиев Умед Мирзоалиев “дасти рост”-и Рамазон Раҳимзода аст. Калони асосии ин наркокартел такрор ҳам шавад мегуям, ки Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Як нафари дигар бо номи Фаррух мебошад. Ин нафар ҷияни Комил Мирзоалиев, интиқоли маводди мухаддир дар вагонҳоро контрол мекунад. Вай ҳам организатор ва ҳам снабженец мебошад.
Охири гап ин аст ки Зоир одамони худашро ба постҳои асосӣ мемонад, албатта, бар ивази пули калон. Рустами Эмомалӣ дар дасти Зоир аст.
Қатли мармузи Мулло Абдулло Раҳимов
Ассалому алейкум бародар Мухаммадиқболи Садриддин, ман як ҷанговари гуруҳи «Алфа»– и КДАМ, дар амалиёти куштори мулло Абдулло ( Абдулло Раҳимов) иштирок доштам. Як ҳамкорам, чи хеле мешавад, ки дар тоқагӣ меафтад ва худаш танҳо «очистка» мекард. Ин ба гуфти худи ӯст. Гуфт рафтам, рафтам аз наздам як муйсафед баромад. Ҳатто аз ақиб ришаш метофт. Гуфтам ё наузамбиллоҳ Хӯҷаи Хизр бошад. Оҳиста- оҳиста ба наздаш қариб шудам, ки дасташро балнд бардошт. Гуфт исто писарам, дигар қадам намон. Дар ин вақт чанд одами ришдор аз боло ба суям автомат рост карданд. Интизори амр буданд. Аммо ин мард гуфт, ки монед равад. Гуфт рав ягон калонтаратро ин ҳодисаро бигӯ. Бигзор калонтаронат биёянд, переговор мегузаронем, мо таслим мешавем. Лекин баъд аз як соат омада ҳамаи онҳоро дар байни ним соат куштанд. Гуфтам чи хел охир,онҳо тайёр ба таслимшавӣ буданд? Гуфтанд, ки онҳо тир кушоданд ба самти мо. Гуфтанд, ки сағера соҳиби як хона мешавӣ. Ту бо мулло Абдулло переговор кардӣ, девона.
Ба худам гуфтам ин мулло Абдуллоҳ ин қадар марди раҳмдил, ин қадар сари қавлаш устувор ва дар гапаш ҷавоб мегуфтагӣ, марди мард, наход ба гапаш наистода бошад. Баъд, баъди чанд сол мефаҳмам, вақте онҳо «здаваться» карданд, яроқҳоро монданд, баъд ин хоинҳои номард, ин одамхурон онҳоро аз сар то по паронданду хандиданд, ки мо соҳиби хона мешавем. Сипас аз як баландӣ мурдаи муллоро партофтанд. Аллоҳ ҷояшро ҷаннат гардонида бошад. Хоҳиш мекунам дар барномаи Номаҳо аз ноҳияҳо нашраш кунед.
Ҳар касе дар мактаби Кумитаи амният хонад 700 сомонӣ барояш стипендия ҷудо мешавад. КДАМ як бизнеси хурди Рустам аст. Ҳар дафъае, ки стипендия мегирӣ, бояд дар сомонӣ барои муаллимҳо пиво ва водка харӣ. Ҳар касе мактаби КДАМ мехонад, маълумоти ӯ ба Рустам мерасад. Рустам ва одамҳояш назорат мекунанд.
Синои Соқӣ, як нафар,одами Рустами Эмомалӣ экзаменатори КДАМ аст. Аз имтиҳон нагузарӣ миёнараваш Исмомоилҷони Исмоил пеши Сино медарорад ва барои гузаронидан маслиҳатро дар ҳаҷми 7000 сомонӣ мепазонад. Вақти даромадан мефаҳмонанд, ки кадри Рустам аст. Мегуянд агар пурсид, ки намоз мехонед, бигуед, ки намехонем ва агар пурсид Аллоҳро мешиносед,бигуед, ки соз намешиносем. Ба Аллоҳ қасам худам шоҳид. Ҳар сол бояд 15 одам аз Кулоб, Фархор ва Данғара дохил шавад. 15 кулобиро СС.Ятимов худаш дохил мекунад. 15 фархориро Ҳусейнов Шаҳоббидин дохил мекунад. Кадри Рустам аст. Оиди қабул дар КДАМ, аз Кулоб аст. Дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Бо мошинаи давлатии маркаи BMW ва бо ду муҳофиз мегардад, тахминан 45 -50 сола аст. Рутбаи подполковникӣ дорад. Ду бача дорад, ки дар хориҷа мехонанд. Яктоаш дар Белорус. Омад-омади вай ба Донишгоҳ шавад,ҳамаро ларза мегирад.
Ҳамадонӣ Одили хонапар
Одил фарзанди Исмати сварчик аст ва ё Муродов Одил Исматулоевич. Ин шахсро дар деҳа бо номи Мулло Одил мешиносанд. Ин бадбахт бо таври худ мулост. Кадом вақте дар масҷид пешдаро ҳам шудагӣ аст. Аммо ин хона сӯхта корҳои ғайришаръӣ, махсусан зинокорӣ зиёд кардааст. Мардҳое, ки дар Русияанду дар хона зану кудаки майда доранд, шабона ба хонаи онҳо даромада дар шаби хоб ба занҳо ҳамла мекардааст. Бо худ қайчӣ барои буридани курта мебурдааст. Вақте зан бедор мешудааст, мегуфтааст, ки дод нагӯ. Агар дод гуфтӣ дар ҳама овоза мекунам, ки маро худат даъват кардӣ. Зан аз тарс дигар чизе гуфта наметонистааст. Як рӯз ба хонае ҳамла мекунад. Тахминан соати 2 шаб. Аммо кораш барор намегирад. Бачаҳо қапида хуб лату куб карда ба хонааш мебаранду зани ӯро бедор карда аз ҳоли шавҳараш бо хабар мекунанд. Ӯ ба худаш туҳмат зада мегуяд, ки маро ҷин ёр шудааст. Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Баъд муллоҳоро ҷамъ карда ӯро мехононанд. Муллоҳо мегӯянд, ки ӯро ягон бало задагӣ нест. Ҷин надорад. Пас аз хондани дуо ӯро ба милисахона мебаранд. Дар шуъбаи милса Одил ба 40 гуноҳи худ қоил мешавад. Аз рӯи бъзе хабарҳо ба 60 хона даромада будааст. Ӯро чанд пули ночиз ҷарима карда ҷавоб медиҳанд. Хусури Одил ҳоҷӣ Нури Маҳсиддин одами сумдор аст. Сум дода аз дасти милисаҳо озод мекунад. Акои ин мулло Одил чанд соли пеш хонаи як нафарро вайрон карда буд. Ба келини ҳамсояаш расида ӯро аз шавҳараш ҷудо кард. Номи ин акаи бадбахташ Гург мебошад. Ин Одили бадбахтро гурезонида ба Русия фиристоданд. Гуфтанд рав то ҳодиса хапу хомуш шавад, баъди ягон сол пас гарду биё. Барои аз дасти отдел халос хурдан 35 ё 40 ҳазор сомонб дода ба Русия мегурезад. Мулло Одил хонадомод аст, дар манзлили хусураш мешинад. Номи пуррааш чуноне дар оғоз гуфтем Муродов Одил Исматулоевич аст. Бародараш Муродов Гургалӣ Исматуллович аст. Деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ. Ин Гургалӣ ҳамон шахсе, ки хонаи як ҳамсояи худашро вайрон ва келини ҳамсояро бачадор кард, шавҳараш фаҳмида ӯро талоқ дод. Одил гӯё мулло аст. Чанд сол хонаҳои мардум медаромад. Ягон бор дар даст наафтода буд. Ин бадбахтро сур мекарданд, аммо қапида наметавонистанд. Дар ин байн ӯро Русия гурезониданд.Ду сол бар асари карантини пандемияи корнавирус наомада буд. Деҳа ҳам дигар аз ин ҳарфу ҳадис чизе надошт. Аммо аз Русия баргашту хапу хомуш кори худро давом дод. Як шаб ба хонае ҳамла мекунад, ӯро дастгир мекунанд. 3 писарбача,яке аз онҳо соҳибхона, писари Мирзо, номаш Амирҷон. Дуюмаш писари Одина Доробов. Номи сеюмашро намедонам. Хулоса, ӯро лату куб мекунанд. Дар ин ҳолат Доробов Одина бо хабар шуда мегӯяд овоза накунед, айб мешава дар пеши мардум. Баъд бачаҳо ӯро ба пеши занаш мебаранд ва ӯро аз хоб бедор карда мегӯянд гир шавҳаратро дар дуздӣ дастгир намудем. Аммо ин бадбахт ягон чизе намедуздид. Нияти ҳамлааш ин занҳоанд. Занҳое, ки шавҳарҳояшон дар Русия аст ва ё дар Душанбе кор мекунанд. Ба хонаи ҳамин гуна занҳо ҳамла мекард. Вақте ӯро ба шуъбаи милиса оварданд, маълум шуд, ки ба 40 хона то 60 хона хамла кардааст. 10 -тои онҳоро таҷовуз кардааст. Шавҳарони онҳо бехабар. Зани бечора аз тарси онки овоза мекунад, гап занад хона вайрон мешавад, дигар не гуфта наметавонистааст. Ин бадбахт бо қайчӣ дар ҳолати хоб изори занҳоро мебуридааст. Ин Одили бадбахт баъди хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Душанбе хондааст. Дар Меҳнатобод дар мактаби рақами 7 ба номи Абдул Кенҷаев муаллим мешавад. Муаллими форсӣ. Ин бадбахт дар ҳамон мактаб як духтари хурдсоли тахминан 3 ё 4 хонро меқапад. Ӯро як -ду бор дар оғуш гирифта дасташро дар шалвори кудак мебарад. Кудак рафта бо падару модараш ҳодисаро мегуяд. Падари ӯ ин Одили бадбахтро лату куб мекунад. Муаллимҳо воқеаро фаҳмида хомӯш мекунанд. Мегуянд, ки овоза накунед. Ҳеҷ чизи бад нашудааст. Мардум нафаҳманд. Дар ояндаи духтар хуб намешавад. Ҳамин тавр ҳодисаро хомуш карда ӯро аз мактаб пеш мекунанд. Одил Исматулоевич вақте ба Москва мерафт чанде аз бачаҳо ба ӯ занг мезананд. Ӯ гуфтааст, ки маро туҳмат карданд. Мегуянд, ки забони дузду ғар дароз аст. Сум додаасту забони милисаҳоро кутоҳ кардааст. Дигар чи хеле форад гап мезанад. Номи раиси маҳаллае, ки Одил Исматулоевич зиндагӣ мекунад Кенҷаев Эмом милисаи собиқ аст. Он ҳодисаи бо духтарчаро муаллимҳо ва падари кудак медонисту халос. Он вақт директори мактаб Воҳидов Сайобид буд. Вақте ки Одил Исматулоевичро бо «отдел» мебаранд ва ҳолате шоҳидҳоро фарёд карда пул мегиранд,ба онҳо мегуянд, аз телефонҳоятон запсҳоро кур кунед. Касе пурсид, гӯед аз куча қапидем, ин касалии руҳӣ дошт, мо ӯро ба хонааш овардем. Ӯро дар отдел касали руҳӣ гузарониданд. Аз тарафи мардум шикоят шуда буд, ки оне, ки ба хонаҳо медарояд, ҳеҷ чизе намедуздад. Ӯро дар деҳоти Ҳамадонӣ похорак номида буданд. Дар шаби хоб пои занҳоро мехорад, дар бар қайчӣ дошта курта ва езори авратро мебурад. Вақте ӯро қапиданд, дар отдел ягон кас ариза накард. Муҳим, ки пулашро гирифтанд, как будто вай касали руҳӣ дорад, баҳонаи тайёр.
Деҳаи Меҳнатобод дар вақташ Дружба ном дошт
Шахси сум дода, ки Одил Исматулоевичро аз отдел халос кард, Умед ном дорад. Ӯ дар Душанбе дискотекабар дорад. Акои зани Одили маняк аст. Умед писари ҳоҷӣ Нур мебошад. Ҳоҷӣ Нурро дар деҳа бо номи Нури Маҳсиддин мешиносанд. Ӯдар кучаи 4 ва 5-и Меҳнатобод раиси маҳалла аст. Дар маҳалла одами соҳиби обрӯ мебошад.