Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№61

Ислоҳ нет

Доираи муаллифони «Номаҳо аз ноҳияҳо» рӯзбарӯз дар ҳоли афзоиш аст. Бархе аз ноҳияҳо ва мардумони он фаъолона аз мушкилоти худ ва аз ҷиноятҳои роҳбарону масъулони худашон навишта истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масири баргузидаи мо рост аст ва кори дурустеро пеш гирифтаем. Аммо, мутаассифона бархе аз ноҳияҳое мисли Нов (Спитамен) Масчо, Хуҷанд, Гулистон (Қайроққум) Бустон (Чкавлов) Панҷекат, дар вилояти Суғд, Сарбанду Норак, Бохтару Восеъ дар вилояти Хатлон, Лахшу Нурободу Роғун Тавилдара ва Шаҳринав дар навоҳии тобеи марказ ва тамоми навоҳӣ ва шаҳри Хоруғи ВМКБ дар мубориза бо ин низоми диктотурӣ ва чопику гаврику косалесони вай дар манотиқи кишвар танбалӣ ва сустӣ нишон дода истодаанд. Бародарону хоҳарон, талош кунед, ки ин режими худкомаи фосидро ба кайфари аъмолаш бирасонем. Танҳо коре шумо бояд кунед аз мушкилот ва зулмҳо, ҷиноятҳои мақомдорон аз ҳар оила ва қишри манотиқе набошанд нависеду фиристед. Албатта ҳамчуноне мардумони озодихоҳу ҳақталош дар ҳар гуша аз ҷаҳон ҳақи худро аз нигоҳи талаб намудани ҳаққи ҳалоли  худашон аз золимону ситамгорон меситонанд:

                                          Рашт

Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! 

 Чанд рӯз пеш як номаи шикоятӣ нисбати раиси ҷамоат Фаридун Зардаков ва масъалаи ободкориҳо дар деҳаи Кулоба навишта будем. Алҳамдуллилоҳ дар барномаи 50 -уми «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр гардид. Ва, ҳоло давоми онро мефиристем. 

 Баъди онки оби деҳаи Кулобаро раиси ҷамоат ба кури Нусрат документ карда дод мардуми деҳа ба назди раиси ҷамоат Фаридун Зардаков рафтанд, ки чаро фикри 250 хоҷагиро накарда оби моро ба кури Нусрат додӣ? Субҳи саҳар рафтанд. Раис дар ҷойи кораш набуд. Кормандони ҷамоат гуфтанд, ки раис соати 4 бегоҳ меояд. Мардум бо иштироки ду раиси деҳа Неъматулло ва Набиҷон ба назди Фаридун Зардакови раиси ҷамоат даромаданд. Ҳамроҳи мардум Ибодов Очилдӣ, як калонсоли деҳа низ ҳузур дошт. Вақте назди Фаридун даромаданд Фаридун дар ҳолати ширамастӣ қарор дошт. Каме гап заданду Фаридун сраза началники управленияи милисаро занг зада гуфт, ки мардуми деҳаи Кулоба митинг омаданд. Сардори управления сраза коркунони худро равон кард. Онҳо одамҳои онҷо бударо ба отдел бурда бо дашномҳои қабеҳу ғайриинсонӣ аввал ришҳояшонро тарошида баъд нисбати ин ду раиси деҳа Набичон ва Неъматулло делои ҷиноятӣ ҳамчун иғгвоангез тартиб доданд. Аниқашро намедонам, аммо ин ду раис бо чи роҳҳое (мегуянд маблағи калон )озод шуданд. Аммо бевиҷдонии раиси ҷамоат- Фаридун Зардаковро бинед, ки нисбати коркунони худаш дар ҳолати мастӣ чи кор кард? Ин ҳолатро падари Фаридун Туйчӣ Зардаков фаҳмида гуфтааст, ки мардуми Кулоба ҳукумати бачаи маро аз дасташ гирифтанӣ буданд, бачам хубшон кардӣ. Мегуӣ,ки ин ҳукумат аз Зардак мерос монда бошад. Фаридун ва падараш Туйчӣ алкаш ҳастанд. Нисбати сокинони Кулоба  номардӣ карданд. Лекин ин шо Аллоҳ рӯзи инҳо ҳам мерасад. Нисбати Фаридун номаҳои навро интизор шавед. Агар оби деҳаи Кулобаро барнагардонад наворҳои зиёдеро аз ӯ равон мекунем, то мақомоти болоӣ бинанд, ки намояндаи Президент ба чи корҳо машғул аст.

                                              Данғара

   Салом устоди азиз! Ҳамеша дар сари намозам дар ҳақи шумо ва дар ҳақи халқ дуо  мекунам. Дар ҳақи ҷаноби тапак алоҳида дуо мекунам. Парвардигор ба дастаи ин мардуми зулмашон карда истода ӯро қарор диҳаду адолат барпао гардад омин Ин шо Аллоҳ рӯзу соаташ меояд ва халқ ниқорашро мегирад.

Фарзанди синфи 1-умхон дорам. 7дона китоб доданд. 7китоб 90сомонӣ. Ҳуҷҷатҳои рафтанаш ба мактабро дар 200 сомонӣ буд кардам. Бурдем мактаб. Муаллимаш мегуяд, ки 10 сомонӣ барои даруни ҳуҷҷатҳо ва  20 сомонӣ барои журнал. Пурсидам барои чи охир? Мегуяд, ки аз боло ҳамин хел фармон шудагӣ аст.

  Ин муаллимҳо имон надоранд, хуни халқро хурда истодаанд. 3сум ҳармоҳ пули обуна гуфта мегиранд ва зимистон шавад тамом. Талабаҳо валлоҳӣ қасам дар қопчаҳо тапак барои алови синфашон ба навбат мебаранд. Ба мактаб кумур меояд Раҳимов Эмомалӣ, директори мактаби №44 нобудаш мекунад. Мефурӯшад. Бародаре, ки дар барномаи «Минбари муҳоҷир» аз Саргазон баромад кард 100% рост гуфт.

  Аз бозор поинтар як дузандагӣ аст, аз они акаи вазири маориф аст. Бояд формаи мактабиро рафта аз ҳамонҷо бихарӣ ва чекашро биёриву нишон диҳӣ. Наорӣ қабул намекунанд. Ё ки фаормаи мактабиро худашон мактаб овардагинаду мегуянд, ки аз ҳаминҷо бихар.

Алишери писари Маҳмадназар аз қишлоқи Қайнамаи ҷамоати Лоҳури Данғара, пештар муовини Роҳи оҳани Сарбанд буд, ҳоло намеонам чи кора аст. Алишер бо ҳамроҳи раиси ҷамоати Лоҳури Данғара заминҳои Қайнамаро, ки дар онҷо сагро бандӣ намеистад, аммо ба хотири онки дар инҷо минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил ва заводҳо бунёд карданд, мардум аз ҳар куҷо омада хостанд, ки хона кунанд, бо нархи ниҳоят гарон фурухтанд.

Амаки Алишер Шамсиддин, раиси маҳалла аст.

 Ман чи гуфтаниям: Алишер он мошини ренҷроверат дарди сарат мешавад. Ту мард бошӣ суми устоҳоятро бидеҳ. Кришаи магазинро рост кардӣ, аммо пули устоҳоро надодаӣ, ренҷроверро чи кор мекунӣ? Дар он шамолу яхбанди саг аз ҳеҷааш намебаромад, бечороҳо рафта кришаи туро сохта доданд, сумашонро то ҳоло надодаӣ. Дар ҷамоат медароӣ, мегуӣ, падари Қурбони калро куштагиӣ. Барои як справка 10- 20 сомонӣ мегирад. 5 сумаш диҳӣ мепартояд дар пешат. Мегуяд: «чи ича батра одамо талбандан охи».

Намедонам, ки ин чи намуд давлатдорӣ аст. Ҳамаро дузд карданд. Валлоҳи қасам, дар қишлоқ як мард аст. Аммо мардум он қадар нағзаш намебиннад. Чунки вай гапи ростро мезанад. Ман ҳам чанд бор ҳамроҳаш разбор шудам. Баъд истодаму фикр кардам ва ба чашмҳоям дидам, ки рост мегуяд. Ин мардро номашро намегирам. Китоб бисёр мехонад.

   Чизи дигаре, ки мехоҳам бигуям ин камии маоши муаллимҳост. Муаллим дар фикри зиндагиаш аст на дар фикри дарс. Ҳамин одм гуфт, ки дар ин ҳолат фардои мо бисёр безеб аст. Одами босавод намемонад. Солҳои 2007 ё 2008 буд. Гуфт, ки ин давлатдории мову шумо оқибаташ вой аст. Чунки президент одамҳои босаводро дар вазифаҳо намеоварад. Ба вазифаҳои асосӣ фақат хусурбачаву домоду ҳаммаҳалҳои худашро оварда истодааст. Инҳо махсус халқро бесавод мекунпнд, ки бесавод одам мисли гуспанд аст ва рамаро чупон ин тараф он тараф мебарад.

Халқ барои инҳо мол шудагӣ аст. Аммо инҳо даҳмардаанд. Куҷо, кадом самте бифорад ҳай мекунанд.

 Ҳозир мебинам, ки гапҳои он мард рост баромада истодааст. Ба ёдам мерасад, он гапҳову имрӯзрро мебинам, ки халқ дар ҳақиқат рама шудааст.

    Э, халқи азиз! То кай дар хоби ғафлат мемонед? Бедор шавед. Валлоҳи қасам, бихоҳӣ занталоқ қасам мехурам. Вақти вибори президент буд аз ду нафар якеаш милиса,якеи дигараш муаллим ба ду гушам шунидам, ки мегуфтанд. зайибат шудем аз бюллетен иваз кардан. Се шаб аст ки хоби соз надорем. Пурсидам чаро? Бюллетанаш чи аст? Гуфт, ки бюллетанаш ҳамон коғазҳое, ки шумо мегиреду овоз медиҳед. Мо худамон аз тани ҳар яки шумо дар Ҷаноб овоз медиҳем ва овози додаи шуморо ҷамъ карда алов сар медиҳем.

 Муаллим гуфт, ҳоло шароити мо аз вақти ҷанг дида бадтар шудагӣ аст.

Э, кош хориатро бинам Ҷаноби тапак!

                                         Бобоҷон  Ғафуров

  Ассалому алейкум акои Муҳаммадиқбол!

Ман аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар қишлоқи Зарзамин яъне дар Қатаған зиндагӣ мекунам. Ман узбекзабонам, Агар хато навишта бошам, узри маро бипазиред.

  Дар ин қишлоқ пробелмаҳо зиёданд, ки намедонӣ аз кадомаш сар кунӣ.

Проблемаи якум оби нушокӣ аст. Дар тобистон замин ба иҷора мегирӣ, аммо нархи об баланд аст. Дар маҳаллаи мо панҷ сол аст оби нушокии дуруст надорем. Лулаҳо кафидагиву об базур меояд. Дар замистон ях мекунад. Сонӣ маҷбур мешавед, ки аз ним километр роҳ об кашонед. Наход, ки як давлати калон даҳ метр труба  харида натавонад. Агар жалоба куни   ту хоини давлат мегуяд. Раиси қишлоқ як зан ҳаст. Номаш Ҷураева Мавлуда. Ин хонум ба ҳоли мардум аслан таваҷҷуҳ намекунад. Фақат аз халқ пул мечинад. Мегуяд, ки трубаҳоро соз мекунад, лекин панҷ сол мешавад, ки ҳеҷ дигаргунӣ намешавад.

  Оё ин кор аз пули халқ мешавад ё давлат?

Дар 15 сол як бемористон сохтанд, ки онро ҳам бо пули бизнесменҳо сохтанд. 70% мардони деҳа дар Русияанд.

  Роҳҳо хеле бенур аст. Свет як мешавад, як намешавад.

  Масъалаи формаи мактабӣ ба дили ҳама задааст. Ба мактаб рафта гуфтам, намехарам. Як муаллими чоплус сразу мегуяд, ки ту протифи давлат, мӣ? Ба ин ҳеҷ чиз нагуфта оҳиста баромада рафтам. Формаи мактабӣ ба давлат чи алоқа дорад? Ман риш дорам. Амният ба дилам зад. Ришамро бурда тарошиданд. Риши ман чи зиён дорад? Дар тарзи зиндагии мо кори давлат чӣ? Ҳотто кофир ин хел зулм намекунад.

Ҳоло гапҳои ман бисёр аст. Ҳаминҳояшро чоп кунед,боз идома медиҳам.

  Чанд вақт пештар, ҳамин раиса ба қишлоқ экскаватор оварда каналҳора тоза карда пулашро аз халқ чинда гирифт. Хато накунам аз як кас 150 сомонӣ гирифт. 

Бо рӯзи дигар омада бо кран тоза карда 50 сомонӣ чинда рафт. Ин чи гап аст? Мо ҳам пули обро медиҳем, ҳам худамон соз мекунем.

  Номаи дигар аз Овчиқалъачаи Ғафуров  

 Мо сокинони наздисарҳадии ҷамоати Овчиқалъача мебошем. Камбудию зулму ситам болои ин деҳа хеле зиёд аст.
Он камбудиҳое, ки дигар шаҳру минтақаҳо мавҷуд асту дар мо ҳам вуҷуд доранд, онҳоро баён намекунем
Фақат мушкилиҳоеро мегуем, ки хоси деҳаи мост
Мушкилии аввал;

 Аз тарафи милисаю амнияту кормандони ҷамоат рейди сатру ҳиҷоб рафта истодааст. Аз бозору маконҳои серодам занони сатрдорро дошта таҳдиду, баёнотгирию корҳои багуфаи худашон «фаҳмондадиҳӣ» мекунанд.  

  Мушкилии дуввум: Дар ҷамоате, ки 25 000 аҳолӣ дорад, шуъбаи КДАМ, ШВКД 2 фаъолият мекунад. Кормандони КДАМ чанд хонаи сокинони деҳаро, ки сокинонашон дар муҳоҷират аст, гирифтаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд.
Дар маҳаллаи Ю.Зуҳур масҷид доштем. Онро гирифтанду ба шуъбаи КДАМ табдил доданд. 2 масҷиди дигарро дар деҳа бастанд.
Кормандони КДАМ кам -кам деҳқон ҳам ҳастанд. Намедонам аз бекорӣ бошад?
Дар даромади деҳа 2 гектар замини корам ва 8 сотих замини сохтмониро  аз худ карда, атрофашро маҳкам ва аз худ карданд.
Сархад бо Қирғизистон маҳкам аст. Лекин ин амниятиҳо ҳоло худашон бизнесмен ҳам шудаанду худашон молу маҳсулоти контрабанда аз Қирғизистон медароранд.
Калони шуъбаи КДАМ-и деҳа Дилшод ном дорад. Рақами мошинаш 1616 01, опел  
Дар даромади деҳа Қушунҳои сарҳадӣ чанд ҷои сокинону хоҷагиро гирифта, иморатҳои калон карда истодаанд. Ин иншоот дар даруни деҳа аст.

Онҷо заставаи калон мекунанд, ки бисёр сарбозҳо ҷойгир карда шаванд.
Наход дар даруни деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ин қадар сарбозу амниятию 70-80 милиса ҷо дода шавад? Ҳамаи инҳо гурусна. Аз куҷо зиндагӣ мекунанд? Аз ҳисоби  мардуми бечора ва бо штрафҳои дуруғин кардану зулму ситам овардан болои сокинонаш
1 сол пеш бо қирғизҳо ҷанги хунин шуда гузашт. Талафоти ҷониву молӣ додем. Ман худ шоҳиди зиндаи он воқеҳо ҳастам. Чанд мурдаро худам ба беморхона бурда будам
  Ҷаноби олӣ як таъзия баён накард, як рӯзи мотам эълон накард, ҳамин аст магар пешво будану ҷаноб буданаш!?
Ҳамин хел карданд, ки гуё ҷанг нашуда бошад. 80 нафар зиёд кушта шуд дар умум. Фақат аз сокинони деҳа 12 нафар кушта шуд, ки қирғизҳо бо Байрактар ба маркази деҳа зада буданд. Ба ҷое, ки баҳси сарҳадиро ҳал кунад, ба ҷое, ки ба мардуми наздисарҳадӣ осонӣ биёрад, ҳама ҷои деҳаро пур аз милисаю  амниятию сарбозони гурусна кардааст.
Ин амниятиҳо бегаҳ пода -пода мегарданд дар кучаҳо бо сарулибоси мулкӣ.
Ин қадар амниятию милиса баҳри амну осоишта зиндагӣ кардани мардум нест, ин ҳама баҳри бо зулму маҷбурӣ доштани режим аст.
Ҳозир боз рейди нав карда истодаанд, ки ҳар минтақа барои адо кардани намози ҷумъа бояд ба минтақаи худаш равад
10 км дуртар аз мо масҷиди ҳоҷӣ Назар ҳаст, ки дар онҷо амри маъруф мешавад. Мардуми мо ва дигар минтақаҳои Хуҷанд ба он масҷид мераванд, то амри маъруф гуш кунанд. Ҳозир акнун дар ҳамон ҷо ҳам чанд ҳафта мешавад, ки рейд гузаронида истодаанд, ки ҳар кас дар минтақаи худаш намоз хонад.

Ба гуфти русҳо «Что за дебилизм» ва ба гуфти ҳамон блогери кулобӣ инҳо ҳукуматию мақомоти қудратӣ на ақл доранд, на тамиз.
Чанд бор ба хонаҳои сокинон дуздӣ даромаданд. Мо қапидем дуздҳоро, ки сарбозҳо буданд. Лекин дар баробари қирғизҳо давлатамон шарманда нашавад гуфта руйпуш карданд. Ин аст ҳоли сарбозон. Дар зимистон сарбозони бечора дар палатка хоб мекунанд. Бо оби хукун ҳамом мекунанд. Ин аст ҳоли сарбозони дар деҳаамон буда. Чи қадар духтарону занони қишлоқро бераҳа карданд ин беимонҳо, ки ин мавзуъро дар оянда менависем.
                              Муъминобод

  Ба номи поки Аллоҳ. Бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин салом! Ман аз Муъминободам вале ҳоло дар муҳоҷират қарор дорам, дар Екатеринбург. Мехоҳам чанд ҳолату ҳодисаҳоро ба шумо нақл намоям.
Соли 2020 моҳҳои сентябр ё октябр президент ба Муъминобод омад. Ӯ бояд аз деҳаи Тутқавул гузашта токзорҳои дар болои деҳа бударо медид. Пеш аз омадани ин бадбахт милисаву амният ҳаррӯз омада одамонеро, ки хонаҳояшон дар қади роҳ ҷойгир аст маҷбур мекарданд, ки блок кунанд.

Як муаллима ҳаст номаш Ғуломова. Дар деворҳои хонаи ин муаллимаи бечора столба кандагӣ буд. Аммо ба ӯ супориш доданд, ки бояд сементблок кунад. Ҳамаи хонаҳои дар сари роҳ буда ҳамин хел карданд. Мардуми бечора қарз карданд. Касе, ки деворҳояш бо сементблок буд ранг кард. Дар болои деҳа як ҷойе аст, ки Ҷалоқ ном дорад. Дар онҷо ангурзор ҳаст. Аз замони шуравӣ мондагӣ аст. Генерал ҳамаи талабаҳоро аз мактабҳои ноҳияи Муъминобод ба болои трактор оварда дар онҷо бо белҳои худашон побел карданд. Вақти обед мешуд, мегӯӣ, ки даври гушнагӣ бошад, болои деги ош ҷанг аст.

   Барои 200- 300 нафар хонанда ду дег ош, ки боз ними онро худи ҳамон бадбахтҳои раисҳо мехурданд.

 Дар ин деҳа як беморхона сохтанд. Рӯзи омадани пешво аз дигар ҷо таҷҳизот оварданд. Ин бемористон барои занони ҳомила, яъне зоишгоҳ буд. Аммо баъди рафтани пешво то ба ҳол ин бемористон кор намекунад.

Ҳоло ман дар ғарибӣ ҳастам. Лек як соли пеш медонам, ки кор намекард. Дар бари деҳаи мо як заводи куҳна, заводи винои аз давраи союз мондагӣ ҳаст, аз они колхоз буд. Генерал онро аз сар навсозӣ кард. Онҷо боғи ангур буд. Боғи калон.Аз нав дарахт оварду бо заҳмати талабаҳо шинонд. Боз вақти побел мешуд, талабаҳоро мебурданд. Ман ҳайрон. Мо дарсхонӣ меравем ё ҳашари генерал?

  Дар бораи бузҳои қишлоқ гап нест. Номи директори пешинаи мактабро намегуям, лекин ному насаби хатмкунандагонро руйхат карда ба части ҳарбӣ бурда медод, ки кӣ донишгоҳ дохил шуд ва кӣ не?

   Боз як бузи дигар номаш Сайвалӣ. Сайвалӣ девона метобад вале «гарени бзай». Ҳама бачаҳоро мефурушад.

 Як шом масҷид рафтем. Саҳар як одеялаи масҷид гум шуд. Вақте бо ҳамсинфонамон мо чаҳор нафар омадем намози бомдод 4 нафар моро гирд карданду гуфтанд, ки одеял гум шудааст. Дигар ба масҷид наоед.

Дар барномаи пешинаатон дар бораи мактабҳо гуфтед. Ба Аллоҳ қасам ягон калимааш дуруғ нест. Зимистон ҳар талаба ҳаррӯз ду тапакӣ меорад, агар наорад аз дарс сураш мекунанд. Боз маҷбур мекунанд, ки чуби кунда биеварем. Китобҳои 10-15 сол пешро ба талабҳо мефурушанд. Суми рӯзнома 12 сомонӣ, боз барои театр, барои бур, суми обуна, суми дафтар, суми сару либос. Гуфтам, ки сару либосро худашон меоваранд. Таъкид мекунанд, ки аз бозор нахаред, ки дар макатб раҳатон намедиҳем. Ман ҳайрон мешавам, ки боз ин ҳама корҳоро, ки мо мекунем, таъриф мекунанд пешвои миллатро, ки бо ташаббусу ғамхориҳои пешвои миллат ин корҳо анҷом дода шуд.

  Вақте давлат мегуед, пешво мегуед, хуб қабул, давлататон, пешвоятон, аммо савол, кадом давлат ва кадом пешво?

Ин қадар президент дар дунё ҳаст аммо ягонтоаш ранги ҳамин саг ин қадар калакалони шикамдам нест.

  Ба Аллоҳ қасам мардуми Тутқавул оби хурдан надоранд, мардуми Муъминобод мактаб надоранд. Равед Муминобод, онҷо як деҳа аст –Чарги. Чанд сол пеш талабаҳояшро ҷин зада буд, ҳамааш девона шуда буданд. Мардум худашон мактаби нав сохтанд.

 Ҷойи паспортний стол меравӣ тамоман даҳшат, ё барои гирифтани шаҳодат нома: «меги ягон бозор рафтести ва ранги фурушанда нарх мемонат агар маҳкул шава мегирӣ ага не мерай».

Бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо қасам ин давлату ин пешво соф мардумро расво кард. Дар қишлоқ як бадбахт, номашро намегуям, соли гузашта бо як арӯс зино кард, қапиданаш, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Бовар кунед, ки мо тамоман аз одамият ва инсоният баромада истодаем. Ин корҳое, ки ҳатто дар кофаристон номумкин аст. Пеш ингуна одамҳоро аз қишлоқ бадарға мекарданд, дар маъракаҳо роҳ намедоданд. Ҳозир ҳама ҳарому ҳалол якҷо шуд.

  Ë як духтари синфи 8-ро як бача таҷовуз мекунад. Мебаранду 10 ҳазор ҷарима карда озод мекунанд. Майлаш, агар ӯро бикушанд, лекин обруи ин духтар рафт, зиндагиаш сиёҳ шуд. Дардҳо зиёданд. Даҳан боз карда намешавад. Даҳанро боз кардӣ, хоину террорист эълонат мекунанд.

Дар болои деҳа як боғ мавҷуд аст. Вақте ин пешвои бадбахт омад, дар пеши лаби ҳавз, соҳиби боғро намедонам, аммо наздики дачаи Ватан мегуянд, аз ҳамон камтар поинтар, онҷо рӯзи омадани ҳамин пешво аз дигар ҷо себ оварда дар дарахтон клей кардан. Ака мебинӣ, хандаат мегирад. Аллоҳ хору залил кунад, ин шармандаҳоро. Як корҳое мекунанд, ки одам он корҳоро ҳеҷ гоҳ намекунад. Раиси ноҳияи мо бошад дигар ба ҳама маълум аст ӯ кӣ ҳаст ва чихел зани шаттоҳ аст мисли модараш ва аз ӯ бадтар аст.

                                                  Исфара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз Чоркуҳ, аз маҳаллаи Чакалак. Соли 2015 мохи май буд. Баъд аз намози ба хонаи домулло Наимҷон милиса бо амният омад. Сардор милисаи Чоркуҳ Қосим Насимов ва срдори КГБ Бедилов буд.

Онҷо боз як амниятии беимон Ҷаҳнгир ҳам ҳузур дошт. Неъмат Олимови Намруд, Мухтор Шаропови раиси ҷамоат, Усмончаи сарокаи буз ва боз чанд коргари ҷамоат ҳам буданд. Инҳо ба хонаи домулло Наимҷон  яроқро оварда монданд, боз мардумро бо тарсу фишору маҷбурӣ шоҳид гузарониданд. Аммо ҳамаи яроқҳо нав буданд. Яроқҳоро худашон оварда монданд. Аллоҳ инҳоро расвову хору зор кунад, туҳмат карданд дар ҳақи домулло. Ин Усмони сарока як лаганбардори Мухтори Шаропов буд. Боз як бародари беномуси дигар дорад, ки Шавкат ном дорад ва бузи 6-ой отдел ва КГБ буд. Инҳоро барои ҳамин бузиашон сарока мегуянд.

Фатҳӣ Аюбхонзодаи милисаи беномус духтарҳои сатрпушро ҷарима мекард. То ба ҳоло ҳам забонаш то нофаш кашол, бузӣ мекунад.

Ин қадар чақа нашавед, монед мардум намозашро бемалол хонад. Ин Шаропов Лайсиддини раиси ҷамоат ба ҳоҷӣ Афросиёб ҷойи парчамро ҳуҷҷат карда дод. Ҳозир бинои идораи ҷамоатро вайрон карда ҷойи майдони парчам карданд. Раис коғазро дар даруни мошин имзо мекунад.

Акаи Муҳаммадиқбол. Баъди нашри барномаҳои шумо дар бораи Чоркуҳ ва Исфара  инҳо ҳозир ранги саги девона шудаанд. Мегуянд, ки Абду, Кабут, Лайсиддин, Ҳукмӣ ва Фатҳиддину Нусрат ҳамаашон шабҳо мепоянд, ки кӣ пеши бригадаи 9, стадион мабарояд ва бо симкартаи қирғиз равон мекунад. Корашон фақат поидан.

Намози асру шом масҷид пур ва разбор. Додохони кар, амаки Фатҳиддини Абдувакил  бузи Лайсиддин дар маҳалла буз шудаст. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Умед ҳаррӯз кораш ҷангу разбор. Тавба, астағфируллоҳ.

  Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №53» матлабе хондам дар бораи як худозадаи беимон Насимов Кароматулло. Бовар кунед ин кор дар ақли солим рост намегирад. Хондам, ки ин худозада боз дар ОМОН-и Ворух ба кор даромадааст. Ин мақомоти Раҳмонови касиф куҷоро нигоҳ мекара бошад.

Инҷо камтар дар бораи Насимов маълумот медиҳам. Вақти ба Исфара омадани Насимов Кароматро ман нағз дар хотир дорам, то ба ҳол дар пеши назарам ҳаст ин ҳодиса.

 Ҳодиса дар пости гумруки Даҳана дар деҳаи Лаккон воқеъ афтода буд. Бегоҳ, рӯзи барои практика як лейтенанти милиса, ки ранги чмоҳо чиркин буд, омад. Мо дар пост будем. Гуфт нозири уголовний розиск асту барои таҷрибаомузӣ ба пост омада аст. Ман аз ӯ пурсон шудам, ки аз куҷо мешавӣ? Гуфт, ки аз Масчоҳ асту милисаи Исфара барои кор омадааст.

 Баъди шиносоӣ фаҳмидем, ки аз чизҳои шахсӣ якто слансӣ бо худ дорад, ҷои хоб ҳам надорад. Бачаҳо маслиҳат карда ба ӯ касе чизи зиёд, ки дошт, додем ва ӯро дар як хобгоҳ, ки номи онҷоро мардум Сабачи Двор мегуфтану дар онҷо асосан занҳои сабукпо ва алкашҳо зиндагӣ мекарданд, ҷо кардем.

Баъд аз камтар вақт дар Чоркуҳ ба таври номаълум ва фоҷиавӣ корманди ГАИ Қобилҷон дар назди хонааш кушта мешавад. Қобилҷон аз Чоркуҳ буд. Бояд қайд кунам, ки баъди кушта шудани Қобилҷон дар Чоркуҳ милисахона ташкил карда шуд. Хулоса, тафтишоти ин ҳодиса ба дасти Каромат афтод, чунки вай корманди уголовний розиск буд.

Каромат бо ёрдами бузҳои Чоркуҳ мардуми пулдори Чоркуҳро руйхат кард. Агар хато накунам ҳамон вақт чашмам ба он руйхат афтода буд. Тақрибан руйхати 120 ё 125 нафар буд. Дар рӯзҳои аввал Насимов барои бозпурсӣ то панҷ нафарро ҳамчун гумонбар ба милисахонаи Исфара даъват мекард ва хело азоб медод. Як ё ду нафарро то се рӯз маҳкам мекарду дигаронро ҷавоб медод. Тариқи бузҳои чоркуҳӣ дар як муддати кутоҳ овоза паҳн шуд, ки дар дасти Каромат руйхат ҳаст. Бовар кунед ман ба иззати нафси мардуми Чоркуҳ расиданӣ нестам. То ҳамон рӯз ман аз мардуми Чоркуҳ фахр мекардам. Чунки дар хотир дорам дар вақти донишҷӯ буданам борҳо дидаву шунида будам, ки дар майдони Шаҳидон мардуми Чоркуҳ баромад карда буданд ва лақаби булбули майдони Шаҳидонро соҳиб шуда буданд.

Баъди шунидани руйхати дар дасти Каромат буда мардум бовар кунед, очеред меистоданд, то ки ягон миёнадаро ёбанду номашонро аз коғази Каромат хат зананд.

  Барои хат задани номи як одам аз руйхат мардуми дар руйхат буда аз 5000 доллар сар карда то 25000 доллар медоданд. Акнун ҳисоб кунед, ки ин чи қадар  пул мешавад барои як Каромат. Чи ҷои руст кардан? Мо ҳам, ки онҷо кор мекардам аз ин ҳисоб пул кор мекардем. Чунки мардум то он дараҷа тарсу ва беимон буданд, ки барои ба назди Каромат даромада пул додан ба мо ҳам пул таклиф мекарданд, ки тезтар корашонро ҳал кунему онҳо ба Русия гурезанд.

   Дар як муддати кутоҳ Каромат дар Исфара соҳиби хонаи 3 утоқа дар маҳаллаи Баҳор шуд. Соҳиби чанд мошини қиматбаҳо гашт. Маълум аст ки ҳамааш аз ҳисоби мардуми Чоркуҳ буд. Баъд аз кушода шудани шуъбаи 2 милиса дар Чоркуҳ Каромат бо кадом роҳ сардори милисаи Чоркуҳ таъин шуд.

Чи тавре ки худи Каромат нақл мекард вай мардуми Чоркуҳро чунон чмо карда буд, ки ягон ронандаи мошин ҳуқуқ надошт аз Чоркуҳ то Исфара ё баръакс аз Исфара то Чоркуҳ аз мошини шахсии Каромат пеш  гузарад ё обгон кунад. Дар ҷояш қапида ҷарима мекард ё се сутка ҳабс мекард. Хулоса, Каромат дар Чоркуҳ худро ба гуфти худаш корол ҳис мекард.

Баъд аз дар як туи Чоркуҳ ба таври ваҳшиёна кушта шудани Хуршед ном шахс Каромат аз қотилони асосӣ пули хело калон мегирад ва чанд нафар бегуноҳро ҳабс мекунонад. Танҳо аз он хотир, ки падари Хуршед як вақтҳо ҳақи устодӣ ба Эркин Раҳматуллоев, собиқ мушовири президент доштааст, ин қазияи кушта шудани фарзандашро то ба охир расонид. Қотилони асосӣ дастгир шуданд ва нисбати Каромат ва сардори бахши кофтукоби ҷиноӣ(УУР)-и Исфара делои ҷиноӣ оғоз карда ба Каромат ҳукм дода буданд. Имруз хондам, ки ин ҳаромзода боз милиса шудааст.

   Хитоб ба мардуми Чоркуҳ ва Ворух карданиам! Шумо худатон Кароматро то ба ҳамин хол оварда будед. Каромат шуморо нағгз медонад, ки шумо то кадом ҷиҳат буздилу тарсу ҳастед.

Мақсади вай як ҳаст, ки ба Чоркуҳ баргардад. Агар ба милисаи Чоркуҳ ояд, бовар кунед, то фарзанди дар гаҳвора будаатон доля мебандад. Дигар ҳаволаи ҳамаатон ба Худо.

Нуробод

Асалому алекум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол! Авал аз ҳама хоҳиш мекунам, ки номи ман махфи бимонад,то мани муйсафедро дар ин пиронсолиям Амнияти номарди Раҳмонов ғамнатияд. Ман аз худам наметарсам вале се келин ва се духтарамро саробонам,ки масулияти ин ҳама ба уҳдаи мани барҷомонда аст.

Ман як сокини  аз ноҳияи Нуробод, Дараи Муҷахарф қишлоки Сабзқадам ҳастам.

Дар Ноҳияи Нуробод мардум то дараҷае тарсу шидагиянд, ки Ба ВАЛЛОҲӢ қасам аз дини худ дифоъ карда наметонанд.

Дар Дараи Муҷахарф 20-30 қишлоқ ҳаст:  

Сари мазор,

Хулозӣ

Мулохун

Сабзқадам

Дрешаълӣ

Шодмонӣ

Даҳгиён

Войдара

Обгармӣ

Дегдонак

Нохбод

Ҳамай ҳамин қишлоқҳоро  амният ранги мурғ ва рупакишун кардагӣ ҳаст . Ягон кас ҳато як гап гуфтан наметонанд. Ҳар коре хоҳанд амниятиҳо мекунанд ягон кас овоз баланд кардан наметонанд. Як корҳое мекунанд дар ягон асру замон чунин ҳолат ва вазъиятро на калонсолонмон надида буданду ба мо нақл ҳам накардаанд. Чун бачам умри ман ба 80 мерасад ва ман солҳои ҷанги бузрги ватанӣ таваллуд шудаам ва он чи ман дидаам дар умрам ғайр аз онест,ки имрӯз дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов мебинам.

Дар даромади масҷидҳо ,дар бари номи Аллох сурати Раҳмонова овезон кардагиянд бачам,ки акси Сталинро ҳатто чунин овезон нкарда буданд дар ватанҳои мо.  Ягон гап мегуй тамом капат дуд кардаги ҳаст ва ҳатман хоини миллат меброрандату бояд пули калон диҳи ва ё худат мегурези меравӣ.

 Аллоҳ шоҳид аст дар калонкаи масҷид,ки хонаи Аллоҳ аст радио мемонанд боз бо садои баланд. Ана акнун дар радио, маълум аст 24 соат мусиқӣ мехонад агар ягон реклама ва ахбори “пешвои миллат” бга ё муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамом,дигар барномаи фоиданок ҳам надорад радиош ҳам . Агар хеста хомӯш куни ва ё пасташ куни тамом дарҳол бузоҳои  қишлоқ хабар метиянд ба  амният ва дар ҳол кормандони амният мерасонанд худро ва капаи шахси хомушкунандаи радио ва ё паст кунандааш сухтагӣ аст. Дигар давомашро нагуям бояд фаҳмед худатон,ки бар сари он шахс чи мусибат меоранд.  

ВАЛЛОҲИ қасам як шахси умрам ба ҷое расидааст ва мусалмонаму дурӯғ намегуям. Пештар яъне пеш аз басташудани ҲНИТ  дар ду қишлоқ як масҷиди ҷумъахонӣ буд ва мардум муйсафедон метавонистанд рафта намозҳои ҷумъаҳоямонро хонем. Аммо ҳоло дар ҳама қишлоқҳое дар боло номҳояшонро навиштам як масҷиди ҷумъахонӣ ҳаст.

Акнун имрӯз бо шарофати ин наҳси Эмомалӣ Раҳмон 90 фоизи ҳами мардум намози ҷумъа намехонанд. Охир бачам ман худум поҳом дард мекунанд чихел як марди умрам ба ҷое расида 10 клометр пиёда намози ҷумъа равам? Се бача дорам ҳар сеш дар Русия аз ҷабру зулми Эмомалӣ Раҳмонов наметонанд ба ватан омадан. Се домодам дар Русия ҳар духтарам 5 6 фарзанди доранд дар Русия ҳастанд се солӣ шудааст наметонанд омада. Духтари охиронам бо шавҳараш 24 рӯз зиндагӣ кард шавҳараш дар Русия дувуним сол шудаст наметонад омада бачаш ду сола мешавад чанд моҳ пас, духтарам дар хонаам ҳаст дардма ба кӣ гуям? Фарзандомон дар ин ҳукумати Раҳмонов ҳамашон раҳрезу порез духтаромон оҳи сарди бе шавҳарӣ, келиномон оҳи бе шавҳарӣ мекашанд. Мебинам ҳоли зорашонро мегум дод занам вале чикор кунем осмон баланду замин сахт.  Ӯ рӯз духтарам бо шавҳараш гап мезад аз пушташ истодам фақад гиря мекунад шавҳарша мебинад, охир 24 рӯз бо шавҳараш зиндагӣ кардааст аз зиндагонии заношавҳари чи лаззат бурдааст. Охир наход ин зулм идома кунаду ин мардум ин қадар азоб кашанд. На дунёмон ободаи , на охиратмон аз дасти ин Раҳмонови гуфти худут Лаънаткардаи Аллоҳ. Акнун бачам ҷавонҳо яъне бачаҳои ёш масҷид ку тамоман намераванд. На аз 18 сола болош ва на миёна умрошон. Мегум чува намерен масҷид? Меган боби мерем дар спискаи амният меғалтем ғаммон метиянд. Ана ин ҳолу рӯзро дорем мо дар Нуробод.

 Домулло дар қошот ҷонм ҳичи қариб ҳаст омадани шумо ва рафтани ин золими тоғут? Ақалан дар зиндагимун озодиро нафас кашида мемурда бошем? Ё ба ҳамин дарду алам мемурда бошем? Аллоҳ  шумора дар паноҳаш нигаҳбон бошад бачам, танҳо умеди мо шумо ҳастед. Ақалан дилбаумед ҳастем мубориза бурда истодед. Агар шумо ҳам намебудед дигар намедонистем чихел нафас мекашидем.    

АЛЛОҲИ МЕҲРУБОН УМРИ ДАРОЗИ БО БАРАКТТОН НАСИБ КУНАД. ВА ДАР ИН РОҲИ МУБОРИЗА МУВАФФАҚТОН ГАРДОНА ОМИН

Share This Article