Ин шумораи «Номаҳо...» ҳам аз дарду азоби миллати ҷафокашидаи тоҷик мегуяд. Балки ин худи мардуми тоҷик ҳастанд, ки акнун бемалол, тавассути барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз камбуду навоқиси рӯзгорашон ва аз омилини он ҳама норасоиҳо ошкоро суҳбат мекунанд.
Хушбахтона, харита ё ҷуғрофиёи муаллифони ин барнома, ки худи мардум ҳастанд, рузторӯз дар ҳоли вусъат ва тавсеа пайдо кардан аст. Аммо боз ноҳияҳое ҳастанд, ки мутаассифона хеле «пассив»анд. Масалан ноҳияи Ашт, Деваштич, шаҳри Хуҷанд, Спитамен дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои Вахш, шаҳри Бохтар, Норак, Роғун, Ҳисор Шаҳринав ва навоҳии ВМКБ хеле ҳам камфаъолият ва метавон гуфт, ки бефаъолиятанд. Мо, дар яке аз барномаҳоямон роҷеъ ба карахтии ин ноҳияҳо гуфта будем. Ҳоло боз такрор мекунем, ки ҳарфу сухани шумо дар воқеъ барои ин ҳукумати мустабид чун тир мехалад. Барои ҳамин сокит набошед.
Бубинед, ки мардуми ин навоҳӣ чи гуна аз дарду доғи худ менависанд:
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман зодаи ноҳияи Айнӣ ҳастам. Ман шахсан дар масоили динӣ бо ту дар баъзе масъалаҳои ақидатӣ мувофиқ нестам. Лекин дар умури дигар махсусан дар бораи ин палидҳои бесаводи гушнаи хугмиҷозҳои манғит сад дар сад мувофиқ ҳастам. Он тарзи муносибат ва бархурде, ки бо мардум дар дигар ноҳияҳо сурат мегирад, дар ноҳияи Айнӣ бадтар ҳасту беҳтар нест.
Мардуми мо то ҳозира мардуми соҳиби илму адаб буданд ва ҳастанд. То он вақте ки дар ватан адлу адолат вуҷуд дошт, мардуми мо аксарияти вазоратҳоро пеш мебурданд. Вақте ин палидҳои бесаводи хинзир бар сари мо ба зӯр омада ноадолатиҳо карданд, бисёре аз беҳтарин донишмандону табибон ва беҳтарин мутахассисони мо тарки ватан кардаанд.
Агар онҳо зиндагии хуб дошта буданд чаро ватанашонро тарк карданд. Барое онки мардуми Айнӣ бовиҷдонанд, содиқанд ва ҷои дуруғаш нест кам -кам комунист ҳам ҳастанд. Дар давраи ҳукмронии комунистон касе дар давлат дуздӣ ё хиёнате мекард як гуноҳи бузург мешумориданд. Барои ҳамин мардуми Айнӣ то ҳозира ин палидҳои бесаводи бугина дӯст намедоранд. Айнӣ ноҳияе аст, ки фақат тоҷикнишин аст. Пеш мардуми мо дар миқёси шуравӣ обру дошт, аммо аз бозе ин бугинҳои нодида омаданд мо Ҷамшуду Равшан шудем. Русҳо моро то тавонистанд истифода карда боз чи таҳкире хоҳанд болои мо мекунанд. Аммо ин пешоби миллат хомуш аст. Вазорати дохилаву амният бояд ходими халқ бошанд. Аммо дар ин ҷаннати “рӯи замин” мардумро ҳамчунон тарсондагиян, ки мегуӣ пешоби миллат малакулмавт бошад. Корашон фақат дуздиву пулҷамъкунӣ.
Агар ҳатто ягон сангатро ё ягон чизатро каҷ мондӣ отдел фарёд мекунанду ба зӯри пулатро мегиранд. Ягон кас гап задан наметавонад. Дар мо як вақтҳо мисли Далери Имомалӣ як журналист буд тӯҳмат карда дар зиндон заҳр дода куштанд
Ин журналист Ҷумъа Толиб ном дошт.
Роҳи аз маркази ноҳия то ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ бадтарин роҳ дар Точикистон ба ҳисоб меравад. Тамоми Фалғар ва ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ ҷамъ шуда навистанд, ягон беҳбуди нест. Мошини майда як бор равад тамом, хадавояш як ҷои Зоиру қили аспу Азизмо меравад. Ин гапҳои ман дар бораи 15 соли пеш аст. Мардум ҳоло мегуянд, ки он роҳ суперроҳ буд. Чунки ҳозир пешоби миллат ҳамроҳ бо авлоди палидаш як кони ангишт дар саршавии Мастчоҳи куҳиро гирифтааст. Онро мошинҳои Фароз, дуланҳо шабурӯз мекашонанд ва ба Афғонистон мебаранд. Ба зами онки дороии мардуми Мастчоҳро кашонида истодаанд роҳи аз давраи Союз мондагиро ба ҳадде валангор кардаанд, ки як қитъаи 5 километриро дар як соат ба зӯр тай мекунӣ. Ин роҳи бад аз деҳаи Фатмев то деҳаи Сайрон бисёр ҳам хатарнок шудааст. Чанд мошини боркаш дар инҷо ҷаршуду сарозер рафт.
Як рӯз як муаллим баромада гуфт, ки ман омузгорам ва дар бораи пешоби миллат шеър хонд. Боқимуҳаммад аз Шаватк аст, дуруғ мегуяд. Ӯ сардори шуъбаи ҷавонҳои ноҳия буд. Гуфт мошин надорам. Дуруғ мегуяд. Оё аз пули муаллимӣ метавонад чанд бачаи студенташро таъмин карда метавонад?
Бародари ман дар донишгоҳи якуми Тоҷикистон хонд, бо дипломи сурх хатм кард. Аммо ҳоло муҳоҷир аст. Як ҷавони дигарро медонам, валлоҳ 6 забони хориҷӣ медонад. Дар Русия ранги ғулом аст. Мардумро мурғ кардагианд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунем, бовар кун, хобам намебарад. То саҳар фикр мекунам, ки чи хел ин золимҳоро дар бутилка шинонем? Ин педики Абдуфаттоҳи кунлесак-котиби матбуотии пешоби миллат ва амсолаш фикр накунанд, ки пешобашон чи коре хоҳад мекунад. Мо ба суроғашон меойем. Бародар дар ноҳия дар маориф кор мекунанд, ҳозир намедонам. Гуфтанд вакили Маҷлиси Намонядагон шудааст.
Вақти маориф кор карданаш аз тамоми қишлоқҳо баъзе духтарҳои хушруи содаи синфи 9, 10, 11-ро бо ҳар баҳонае бурда таҷовуз мекарданд. Вақте хабардор мешуданду гапу чап мешуд дарҳол падару модаронашонро фарёд карда ваъдаи ҷои кор ё дар литсей дохилшуданро ваъда карда ҳамин тавр таҷовуз карда мегашт. Аз ҳама ноҳияҳо шикоят ҳаст аз Айнӣ нест. Барои онки ҳамин Абдуфаттоҳи педики муханнас ягонтоашро намегузоштааст, ки ба пешоб расад. Дар боло гуфтам ин мардуми мо комунистчопан, аммо ма аз 100 ҳамагӣ1%ашро гуфтам.
Агар пешоб даҳанаш биҷумбад ҳоло нагуфта дар Айнӣ татбиқ мешавад.
Дари тамоми масҷидҳо маҳкам аст. Як масҷид кушода ва он ҳам фақат рӯзи ҷумъа. Барои ман видео карда фиристоданд, ранги «брошени» шидааст. Ҳозир маҳфилҳои хурсандиашонро дар масҷид мегузаронанд.
Ин чизро ҳам бояд гуям, ки дар Айнӣ ҷураҳои духтарҳои пешоб, яъне хитойиҳо тамоми бойигариамонро бурда истодаанд, чи тило чи симоб, чи уран, чи мис, чи қалъагӣ ва чи сангҳои қиматбаҳо. Валлоҳӣ як ҳукумати одил бошад ягон тоҷик ба дари рус ғуломиӣ намеравад. Бо Камаз тило мекашанд, ҳар рӯз: ангишту симобу сурмаву дигару дигараш беҳисоб.
Як чоплус дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» баромада гуфт дар ГОК –комбинати коркарди маъдани куҳӣ кор мекардасту аз ду ҳазор то панҷ ҳазор маъош доштаанд, вале мутахассис панҷ ҳазор мегирифтааст. Вале ин корхона ягон майда дар фикри мардум нест, касе инҷо кор мекунад заразит мешавад. Ин корхона саропо заҳрнок аст. Ин корхона дар давраи Союз Мособеспечений буд. Маскав таъминаш мекард. Ҳоло инҷо коргарон заҳролуд мешаванд, касе парво надорад.
Дар деҳаи Лакати Исфара сагбачаҳои пешоби миллат духтареро таҷовуз карданд. Ин ҳодиса чанд сол пеш дар деҳаи мо ҳам руй дода буд. Баъд чи шуд, ман намедонам.
То солҳои 2000 каме ҳам буд мардум китоб мехонданд. Ҳозир ҳар куҷо як двойнишнике буд муаллима шудааст. Бовар кунед,ин тавр бесаводӣ, ки дар мактабҳои мо вуҷуд дорад, дар ягон гушаи дигари дунё нест.
Дар Тоҷикистон аз синфи 2 забони хориҷӣ мехонанд, аммо ягон талаба як ҷумла гуфта наметавонад. Хулоса, ҳамчунон ин мардумро бесавод ва савияи донишашонро паст кардаанд, ки аз ин паст будани савод номумкин аст. Ин бесаводҳои китобнохонда омаданду ҳамаро мисли худашон карданд.
Ҳоло аз як ҳодиса дар деҳаи Рарз мегуям.
Рарз яке аз деҳаҳои калони ноҳия ба ҳисоб меравад. Кадом вақте Раҳмонов ба инҷо меояд. Маълум, ки барои пешвозу гусели вай чанд рӯз пештар меоянд. Ё аз охранааш ё аз ментҳо хостаанд, ки ба гуфти худашон бо духтарҳо «движени» кунанд. Ду ё се кас будаанд.
Ба кадом духтаре гап мепартоянд. Ин сагҳои Эмомтапак корашон зулму золимӣ аст. Онҷо шербачаҳои бовиҷдону боғайрат огоҳ мекунанд, ки накунед ин корро. Вале писанд намекунанд. Аз ин шербачаҳо яке наздашон меравад, вале онҳо мезананд. Аввал тарафи ин шербача санг меандозанд. Ин сагбачаҳо зурашон намерасад ба бачаҳои деҳа, занг зада ёрӣ мепурсанд. Омаданд. Хулоса ин навҷавонро гунаҳкор карданд. Ҳол онки вай танҳо худро зашишат кардагӣ асту халос. Муфаттиш мебинад, ки сагҳои пешоб ҳамаҷояшон пур аз хун аст аммо ин шербачаҳо ягон хунрезӣ надорад. Мегуянд, ки ту гунаҳкор. Лекин ин шери нар сару руяшро шуста ва либосҳояшро иваз карда будааст. Аз либосҳои ин ҷавон ҳам буи хун меомад. Вале ҳеҷ осор ё нишонае аз ҷанг дида намешавад. Ин ментҳои петухи маймун сару даҳанашон хун ин ҷавон ва чанд ҷавонеро, ки онҷо буданд гунаҳкор карда ба маҳкама бурданд. Ҳамаашонро дело кушоданд, аммо милисаҳоро чизе нагуфтанд.
Дар урфият мегуянд, ки «дузди зӯр соҳиби гова бастаст». Ҳоло Тоҷикистон ҳамин хел шудааст: медузанд, таҷовузу ғорат мекунанд, боз маҷбур мекунанд, шукрона кунед, ки ин авлоди гадогушна заминатонро фурӯхту таҷовузатон мекунад. Э, мардум хитобам ба чоплусҳои палиди Эмомтапак! Шумо дар мактаб аз география хонда будед, ки масоҳати Тоҷикистон 143.5 км.кв буд. Ҳозир 141 ҳазор шудааст. Куҷо шуд ин қадар замин?Аммо бубинед, ки баъзе кунлесакҳои беғайрати беномус ба ҷое, ки тарафи ин ҷавонро гиранд, баракс шоҳидӣ медиҳанд бар зидди ин ҷавони ҳамдеҳаашон.
Ман номи онҳоро намедонам. Аммо яктоаш Рабимқул ном доштааст. Ин шахс ҳам коргари ҷамоат мебошад. Як рӯзе духтар ё набераи шуморо сагҳои Эмомалӣ тапак таҷовузу бе обу ру кунад, мо тамошо кунем, он вақт дер мешавад. Ин Эмомалӣ тапак як рӯз не як рӯз мемурад, пулҳои дузидагиаш ва оилааш аз сараш мемонад. Аммо шумо бо ҳамон халқ мемонед, онгоҳ халқ тепачаатон мемонад.
Балҷувон
Салому алейкум устоди гиромӣ! Умедворам тансиҳату бардам бошед.
Аз Сари Хосор мегуем. Вазъият дар Сари хосор рӯз то рӯз вахимтар шуда истодааст. Раиси ҷамоат Пиров Сайфидин бо лақаби кури Сайф, ҳамон рафтору кирдораш, кораш фақат фанду фиреби мардум аст. Барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ аз сокинон маблағ мегирад, аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ. Ваъда медиҳад, ки қарор ва сертификат карда медиҳад. Барои баъзеҳо як қарорро бароварда медиҳад, тамом, дигарҳоро давонида мегардонад. Хизмати мардумро гузоштааст канору кораш фақат арусбозӣ.
Мо мардуми ҷамоати Сари хосор ба воистаи «Ислоҳ» кури Сайфро огоҳ карданием, ки ба ҳуш биёяд. Ин қадар ҳукуматҳо омаданду рафтанд, ҳукумати Раҳмонов ҳам рафтанист, лек ту бо мо мемонӣ. Ин ҷурму хиёнатро, ки дар ҳақи мардум карда истодаӣ фикр накун фаромуш мешавад. Ҳамарӯзаашро мо навишта истодаем, рузе мешавад ҷавоб хоҳӣ дод.
Ин кури Сайф бо ҳамроҳи танзими ҷамоат, ки як ҳамсинфаш мебошад дар ҳар маҳалла як ё ду буз доранд. Кадом бечорае дар маъракааш ду намуд хурок мекунад, ин бузҳои орангутан акси дегу косаро гирифта ба ҷамоат мепартоянд.Танзими ҷамоат Раҳмоил сумканиро сар мекунад. Аз он ҷумла дар деҳаи Шаҳидон маркази ҷамоати Сари хосор Абдуқодир -бачаи бобои Аброр бузи ҷамоат аст. Кораш фақат фурухтани мардум аст. Дар чанд маърака мушоҳида карданаш, ки баҷои нишаста қатори мардум нон хурад, гирди дегу коса фир мегардад. Баъди дар гирди дег фир гаштани Абдуқодир аз ҷамоат ҳатман меоянд.
Хуллас, мо мардуми Сари хосор аз дасти ин золимон ба дод омадаем, ягон додрас надорем ҷуз аз худо. Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ҳаминро гуфтанием,ки дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.Талаба бо муаллим «дивижени» дорад, муаллима бо талаба. Валлоҳӣ номҳояшон пеши мо ҳаст. Лек то вақти зарурӣ пинҳон медорем. Директорони мактаб ва раиси ҷамоат кури Сайф аз ҳамаи ин корҳо дарак доранд, худро бо нодониву нофаҳмӣ зада гаштаанд. Мо аз раиси ноҳияи Балҷувон талаб дорем, ки вазъияти ҷамоатро контрол кунад. Аз раиси ноҳия мо шикоят надорем. Хело шахси бо маърифат ва масъулиятшинос аст.
Ҷангӣ Ҳасан муддати ду моҳ мешавад, ки раиси экологияи ноҳияи Балҷувон таъин шуд. Шогирдаш Лутфулло Музаффаров пеш директори мактаби № 27 буд.
Айнӣ ҳол муаллим кор накарда истодааст. Баҳори ҳамин сол бо ҳамроҳии падараш Абдусаттор Музаффаров ва бародараш Раҳматулло Музаффаров бо Хуршед Шералиев дар сари замин даъвои лафзӣ мекунанд.
Ин баҳсу кашмакаш баъди намози аср сар зада то намози шом тул мекашад. Баъди шом Музаффаров Абдусаттор бо писаронаш Раҳматулло ва Лутфулло Хуршедро қапида бо як ғор мебаранд ва таҷовуз мекунанд мезананд. Хуршед аз роҳгардӣ мемонад. Меоранд пеши хонааш мепартоянд. Боз таҳдид мекунанд, ки агар ягон ҷо даъво кардӣ ин карат мекушемат. Хуллас, Шералиев Хуршед муддати 20 рӯз дар беморхона хоб рафт. Тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро овард, ариза навишт, ки маро дар ҳамин ҳолат гирифтор карданд.
Даъво аз баҳори 2022то баҳори 2023 тул кашид. Натиҷааш Сатторр бо Лутфуллои писараш ду соли суди маҷбурӣ карданд. Раҳматуллои писарашол 6 моҳ дар СИЗО шинониданд. Ҳамин раиси ҷамоат кури Сайфро пурсиданд дар ҷамоат. Гуфтааст, Хуршед бечора авлоди даъвобозанд. Модари Хуршед Нурбӣ Мусоева то вазири корҳои дохилӣ рафт, ягон натиҷа надод.
Мо як гуруҳ мардуми дараи Шуроб ва Сангсел ҳастем. Шуробу Сангсел аслан як минтақа ва як дара мебошанд. Мо аз дасти хусурбачаи Раҳмонов ба дод омадаем. Дар ин заминҳо пушт-пушти мо зиндагӣ кардаанд ва имрӯз то ба дасти мо омада расид. 5 сол пеш дар нохунак соҳибкор ҳоҷӣ Амирулло-хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов омад дар дараи Сангсел дар як гушааш ба гуфти худаш лагер сохт ва ба мардуми ин минтақа ваъдаҳои бисёр дод, ки барои шумо ҷойҳои корӣ мешавад. Мо хурсанд шудем. Баъди панҷ сол яъне ҳамин сол ба мо муҳлат дода истодааст, ки бароед аз ин минтақа. Бояд дар инҷо бе ғайр аз фирмаи ман дигар кас набошад.
Магар дар инҷо бидуни замин зиндагиро пеш бурдан мешавад?
Абдусалому Абдураҳмону Абдуғаффор, наздикони Собири беномусанд. Амакиҳояшу падараш ба ин ҳоҷӣ Амирулло писархолаанд. Ҳоҷӣ Амируллоро ҳаминҳо оварданду дар онҷо ҷо ва замин ва советаш дода буданд. Дар номи худованд ҷонам, ки ҳоҷӣ Амирулло ҳамаашонро аз заминоҳояшон сур карда ҷоҳояшонро гирифта истодааст. Ҳозир дигар дарбадар ҷодугар кофта истодаанд, ки куҷо равему чи кор кунем. 30.000 сомониашон додаасту гуфтаст ин сума баред тақсим кунеду аз инҷо ҳуй хуред. Ман инҷоро гирду ба гирд покиза маҳкам мекунам. Инҷо бузи куҳиву гавазн меорам: «инҷода шумо дигар лишниед».
Кури Сайф дар Сари хосор овоза кардааст, ки Муҳаммадиқболро куштанд. Чанд нафар аз ҷумла модарҳо аз ман пурсиданд. Ман гуфтам бо интернет сару кор надорам, намедонам.
Ҳоҷӣ Амируллоро бурдан дар Сари хосор замин доданд. Дар тарафи болои дара заминҳои худашон буду дар поён замини як- ду бечора. Заминҳои он бечораҳоро кашида гирифта онҳоро сур карданд. Ҳамин писархолаҳояш дар вақташ совет дода буданд. Ҳозир худашонро зада ронда истодааст. Гуфтаст лоқу лапарҳоятонро гиреду ҳуй бухуред аз инҷо.
Онҷо ҳозир гарем, ванна, ресторан сохта истодаанд. Бояд Раҳмонов омада лентаашро мебуридааст.
Рудакӣ
Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман солам калон аст, ронанда ҳастам, гоҳе деҳқонӣ ҳам мекунам. Як порча замин дорам. Мо шикоятҳои зиёд дорем, аммо намедонем ба кӣ гуем. Ҳеҷ кас моро гуш намекунад. Мо бо мардуми ин маҳалла маслиҳат кардем, ки ба шумо нома бифиристем, то ки дарди мо ба гуши мақомот расад. Бародар ман номамро ба шумо намегуям, бигузоред пинҳон монад. Мо, аз номи мардуми деҳа ва маҳаллаҳои Деҳқонобод, Чапаев, Пестел, назди автобаза ва милисахона ба шумо мехоҳем ин номаро расонем. Чунки мардуми ин маҳаллаҳо хело рӯзҳои даҳшатноке доранд. Номи раиси маҳаллаамон ҳоҷӣ Абдуҳалим Абулхайров мебошад. Бисёр ҳам золим аст. Вай мардуми худро фурухта истодааст. Барои онки мо пештар ҳам дар бораи ӯ дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гуфта будем. Аммо ҳоло дида истодаем, ки зулмашро бас накарда истодааст. Баракс мардуми маҳаллаи Деҳқонободро фурӯхта истодааст. Магар ин мардум барои бонии гову гуспанду асп ҳақ надоранд? Ҳатто савдо кардан намемонанд. То дохили ҳавлиамон даромада ғам медиҳанд. Моро то 500-300-1000- 2000 сомонӣ ҷарима карданд. Боз хонабахона гашта суми обуна гуфта меоянд.
Мо безор шудем, ғайр аз ҳамин гову гусалаамон чи дорем? Охир мо дар маркази Душанбе зиндагӣ накунем, ки ба шаҳр таъсир дошта бошад. Мо дар қишлоқем. Як мақол аст ки мегуяд: мол дорӣ, ҳол дорӣ.
Аз дасти ин ҳоҷӣ Абдуҳалим Абдулхайров на туй карда метавонем, на хона сохта метавонем. Магар мо мардуми деҳаи Деҳқонобод ҳақ надорем зиндагӣ бикунем?
Агар раиси ҷамоат ин зулмашро аз болои мо бас накунад, тамоми ҷиноятҳояшро ба «Ислоҳ».ифшо мекунем. Ин ҳоҷӣ Абдуҳалим аз киҳо сум гирифтааст, ба киҳо фурухтааст,бо киҳо ва кадом гуруҳҳо ҳамкорӣ дорад, ҳамаашро медонем.
Илҳом ва Ислом гуфтанӣ 2 фарзанди калон дорад, ки ҳар дуяшон бузӣ мекунанд. Барои амнияти баҷоӣ кор мекунанд.
Як чизи дигарро ҳам бояд бигуем. Мактаби 75 моро бо муаллим ва муаллимаҳояш ба ҷон расонидааст. Аз синфи1то синфи11ҳама сум мепурсанд. Агар ин сол ҳам ҳамин ҳолатҳо такрор шавад,ном ба ном ва барои чӣ ва бо кадом баҳона ва чанд сомонӣ гирифтани онҳоро ҳам менависем.
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, домулло Муҳаммадиқбол!
Ман зодаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати Ҳакимӣ ҳастам. Арзу шикояти худро мехоҳам ба шумо расонам. Дар ноҳияи мо, хусусан дар дараи Ҳакимӣ чунон ноадолатиест, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи амният бо роҳбари раиси ҷамоат Табаров Муминшо мардумро азобу шиканҷа карда истодаанд. Ба хотире, ки фарзандҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз Тоҷикистон берунанд, то ки онҳо биёянду ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар шаванд.
Мардуми ин деҳот аз пушти фарзандҳояшон зиндагиашон пеш мераванд. Дар муҳоҷират қарор доранд, то ки кор кунанду волидонашонро гуруснаву ташна намонанд. Аммо ин лаънатиҳо бошанд халқи бечораро ба азоб гирифтор кардаанд. Падаронашонро ба кумитаи амният бурда муддати 16 руз маҳкам мкунанд, то фарзандаш аз Русия наояду ба хизмат наравад, онҳоро озод намекунанд ва дар онҷо азобу шиканҷа карда пирамардҳоро бурда мудати 16 рӯз дохили кумитаи амният мачбур мекунанд то ки полҳои онро ва ташнобҳояшонро тоза кунанд ва онҳоро лату куб намуда чандин касҳо аз онҷо баромада баъд аз мудати моҳе ҷон ба ҳақ супоридан ин амалашон чандин солҳо идома дорад. Мардум бошад гуреза шудаанд аз дасти ин лаънатиҳо. Халқи бечораро азоб дода истодаанд ва ин халқ намедонад чи кор кунад ба куҷое арзу шикоят мекунанд, арзу шикоятҳояшон бе ҷавоб аст.
Раиси ҷамоати деҳаи Ҳакимӣ мегуяд, ки ман ин вазифаро бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ харидаам ва ин пулро, ки як қисмашро қарз карда будам бояд баргардонам. 3 сол мешавад ин гапро такрор менамояд. Деҳаи Ҳакимиро барои неругоҳи Роғун мекучонанд ва ба Файзобод мебаранд. Раиси ҷамоат бо ҳамроҳи сардори кумитаи замин маслиҳат намуда ба хешу табори худашон замин дода ба мардуми камбағале, ки дар як хона 4 -5 писари оиладор зиндагӣ мекунад ва мувофиқи қонун ҳар кадоми онро бояд соҳиби замин намоянд. Аммо хешу табори худашро дода дигар заминҳоро бошад бо ҳамроҳи кумитаи замин фурӯхта истодааст ва зинокориву айшу ишрат карда халқи бечораро дар азоб нигоҳ дошта истодаанд. Аз вақте вай раиси ҷамоат шудааст, дар ин ҷамоат не мактаб ва не ягон роҳи обод ҳаст. Охир ба ин ҳолат ва вазъият наход масулони ҳукумати ноҳия ва марказ диққат надиҳанд. Онқадар зурамон омадааст,ки ба “Ислоҳ” навишта истодаем, чунки ҳукумат ва мақомоти мо ҳамааш дузду ғоратгар ва як бандаи мафиёзӣ ҳастанд.
Регар
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Рӯзи саиди ҷумъа муборак.
Ман аз Регар мешавам.
Регарро Баракатуллоҳ Атохоҷаев расво кард. Ӯ ҳамаро бузӣ кард. Заминҳои Авазро фурӯхта пулҳоро ба боло бурда дод. Як бачааш дар милиса, бачаи дуюмаш дар андоз кор мекунад. Як бачаи дар милиса кор мекардагиаш чанд духтарро духтариашро гирифт. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намегуяд. Номи бачааш Лутфулло. Оне,ки дар андоз кор мекунад Саъдулло ном дорад. Саъдулло аз андоз баромадааст. Ҳозир дар отдел охрана кор мекунад.
Дар Регар корхони Симба кор мекунад. Озода Раҳмонова чанд бор зӯр зад, ки ин корхонаро бигирад. Аммо азбаски ин корхона Аксионерний обшества аст, гирифта натавонист.
Дар Регар як ваҷаб заминро фурӯхта истодаанд. Байни домҳои мавҷудбуда дом сохта истодаанд, ки нафаси одам мегирад. Ҷои нафаскашӣ намонда истодаанд. Дар вақташ трубаҳои оби гарму газ кор мекард, микрорайон тозаву тамиз буд, чунки заводи алюминий нигоҳ мекард. Ҳозир инҷо одами нормалний зиндагӣ карда наметавонад.
Латтабозорро кучонида аз тарафи котелний бозори нав сохтанд. Аммо мардум нахостанд он бозор кучанд. Дар ин бозор барои ҷой 1000 сомонӣ медоданд. Акнун, ки маҷбуран ба бозори шахсӣ кучониа истодаанд 3 метрашро 3000 сомонӣ фурухта истодаанд. Як хел бозоракиҳо ҷойи навро гирифтанд, як хели дигараш корро бас карданд. Ин кор барои мардуми бозор ва худи Регар таъсири бад кард. Бекорӣ зиёдтар шуд. Як нафар аз наздиконам дар бозори марказӣ кор мекард. Ҷойи ӯро ба зӯрӣ кашида гирифтанд.
Бозорком як бачаи ҷавон аст. Ҷои савдое, ки он наздики ман 15 сол кор мекард, ба зурӣ гирифт. Аз ин бозорком пурсиданд, ки чаро ҷои маро мегирӣ? Ҷавоб додааст, ки ин бозори шахсиам ҳаст,
хоҳам мефурӯшам, хоҳам аренда медиҳам.Тавре гап мезанад, ки мегуӣ тамоми Тоҷикистон аз они вай аст.
Латтабозор снос шуд, нархи ин кудак хест. Савдогарҳо банкрот шуданд. Куҷо савдо кунанд, роҳгум задагианд. Бозори нав ҳеҷ кас намеравад, савдо нест. Гапзании раиси бозори нав баъди сноси латтабозор дигар хел шуд. Ҷои ба одамҳо додагиро аз нав ва бо нархи нав фурухт. Боз условия монда истодааст, ки детски форма мефурушӣ. Мардуми латтабозор худашонро ба ин бозор заданд. Нархи ҷой то 2000 сомонӣ барои як метр боло рафт. Хуллас, оромии мардумро бо ин корҳояшон вайрон карда истодаанд.
Ҳоло дар ин қисмати нома мехоҳам дар бораи ГАИҳои Регар нависам. ГАИҳо дар Регар банкомат шудагианд. Праваат дар барат бошад ҳам ҳатман протокол мекунад.Тамоми таксиҳо бо «временка» мегарданд. Штрафро супоридӣ мегирӣ. Як руз дар барат намеистад. Ягон причина ёфта протокол мекунад. Мошинҳое, ки меронанд ҳама иномарка. Протоколҳояшон фалшивий, дар қайди ГАИ нестанд. Протоколҳояшон печат надоранд. Дар 24 соат ба ҳар як ГАИ 7тоӣ протокол супориш додагӣ: з тоаш барои давлат,4 тоаш баро началники милиса ва началники ГАИ. Ҳардуяш шурӣ-мурӣ мекунад. Хуллас, протоколҳояшон печат надорад. Барои як кор Душанбе рафтам. ГАИ-ҳои шаҳр манъ карданд. Ҳуҷҷатҳоямонро тафтиш кард. Протоколи бепечатро дида гуфт, ки канӣ печати протокол? Ман ҷавоб додам, ки аз шумо пурсем печатро. Маро ранги худат ГАИ протокол кард, ман аз куҷо медонам. Бояд протокол дар қайди ГАИ бошад, печат дошта бошад. Ин протокол фалшивий. Явно порахурӣ аст. Ин ҳаромхурҳо началники милиса, началники ГАИ вазифаро харидагианд. Бояд мардумро ғорат карда пулҳои додаашонро пас бигиранд. ГАИҳои Регар вақте манъ мекунад якум гапи мепурсидагиаш ин аст ки протокол дорӣ ё надорӣ? Ҳа, бале дорам бигӯӣ, мегуяд дасти холӣ нао. Мегуяд агар пул надорӣ, протоколи 2 юмро менависам. Фикр намекунад, раҳм надорад. Беҳуда намегуянд, ки моҳи аз сараш мепусад. Дигар илоҷамон нест. Аммо, ин аниқ аст ки як рӯз шумо ҳам ба охири худ мерсед ва Аллоҳи меҳрубон ҷазои шуморо хоҳад дод.
Номи яке аз ин коргарони ГАИ Раҷаб аст. Бо пора дастгир карданд. 3-4 моҳ дар шуъбаи охрана кор кард. Боз пул доду ба ГАИ омад. Аз Данғара аст.
Баракатулло Атохоҷаевро дар Регар Барак Обама лақаб додаанд. Вай бузи Раҳмонов аст. Абдуқодир Эрматов, раиси пешини ТадАз ва Аваз Назаров, раиси ширкати Ансолро ҳамин Баракатулло бузӣ кардагӣ аст. Баракатулло Атохоҷаев то соли 2010 раиси Регар (Турсунзода) буд. Баъд вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Як бародар дорад номаш Ҷунайдулло. Вақте Баракатулло раиси шаҳр шуд вай дар давоми ду се моҳ аз лейтенанти хурд якбораи рутбаи майор ва чор моҳи дигар нагузашта подполковники милиса шуд. Сардори УУР таъин гардид. Бародараш вакили маҷлиси намояндагон шуд дар отдел охран началник таъин градид. Ҳозир сардори ПО-пажаркаи шаҳр аст. Барак Обама як ака дорад, военком шуда кор мекунад. Вазифааш равғанӣ.Ҷоро гирифтагӣ гектар -гектар ҷойхоро аренда додагӣ.1 сол заминро аренда медиҳад. Мардум дар замин дору мезанд, ҳосил ё мешавад ё намешавад, фарқаш нест. Фақат барои як сол медиҳад. Лекин соли дигар худи Обама мегирад, бе дору ҳосил нағз мешавад. Брои онки соли пеш он арендатори бечора заминро дору зада ҳосилдеҳ карда додагӣ. Баъди1 сол боз аренда медиҳад. Ба ин тариқ 1сол худашон 1 сол ба мардум аренда медиҳанд. Мардум дору медиҳанд амммо худашон бе дору хушру ҳосил мегиранд. Бачаи милисаи Барак Обама дар шуъбаи ноболиғҳо сардор аст. Чанд духтарро духтариашро гирифтагӣ аст. Аз болояш навиштанд. Аммо чизе иваз нашуд. Лутфулло, бачаи дуюмаш дар андоз кор мекард. Амакаш дар отдел охрана началник шуд. Перевод карду онҷо гузашт ва зами амакаш шуд. Ҳозир Барак Обама пенсионер аст. Дом сохта истодааст. Аммо як барбарро бузӣ карду нобуду зиндонӣ кард.
Душанбе
Бародари азиз Муҳаммадиқбол! Дар ҳақиқат ҷони инҳоро ба лабашон овардаӣ. Ҳоло намедонанд, ки чи кор кунанд. Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳим ва СС.Ятиморо Раҳмонов борҳо супориш дод, ки як бало карда шуморо знукатонро гиранд. Аммо натавониста истодаанд. Ҳоло мақомот гап баровардааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин касали қанд шудааст. Дар барномаҳоятон обу чой зиёд менушед, инро асос кардаанд. Ҳолати руҳияш ҳам хуб нест мегуянд. Бояд ба наздики ҳуҷҷате пешниҳод кунанд, ки гуе Шумо дар қайди беморхонаи руҳӣ қарор доштед. Ҳамааш бо задный число. Яъне ҳуҷҷатҳои сохта тайёр карда истодаанд.
Феълан ин маълумот дар разработка қарор дорад. Аз рӯзи душанбе оғоз шуд ва инро бояд бифаҳмед ва чой хӯрдану об нӯшиданро дар барнома камтар кунед,то ҳеҷ далеле барои ин иқдомашон нагузоред.
Тамоми имкониятҳоро инҳо истифода мебаранд. Махсус ва танҳо барои шумо отдел ташкил карданд ва ин шуъба ҳоло амал мекунад ва ҳар гап, чашм задан, хандидан, жестҳои шумо ташхис ва ба разработка ва тарҷумаи фаронсавӣ супорида мешавад. 8 нафар дар бахши забони фаронсавӣ дар отдели махсуси марбут ба шумо кор мекунанд. Танҳо барои шумо ин шуъбаро ташкил намудаанд ин кор дар ҳаёти мақомот шудагӣ набуд.