Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №46

Ислоҳ нет

Ба назар мерасад, ки мушкили мардуми мо поён надорад. Чунки онҳое, ки ба ин мушкилот бояд расидагӣ ва ҳаллу фасл кунанд, на инки ин корро иҷро намекунанд, балки худашон мусаббиби асосии ин мушкилотанд. Манзури моро фаҳмидед, ки киҳоро дар назар дорем?Албатта, мақомдорону мансабдоронро, ки чи дар марказ ва чи дар ноҳияҳо ба мушкилоти асосии мардум мубаддал шудаанд. Мардуми тоҷик, дар ҳақиқат мехоҳад, ки кор кунад, заҳмат бикашад, то инки ба муҳоҷират рӯ наоварал. Аммо мутаассифона ин мансабдору мақомдорон шароит фароҳам намеоваранд ва баракс як каме шароити бударо ҳам аз байн мебаранд. Бо мутолиаи ин навбати «Номаҳо….» бори дигар мутмаин мешавем, ки танҳо роҳи дуруст он ҳам халоси аз ин режим аст.

                   Рӯдакӣ

 Салом, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Дар ин аксҳое, ки фиристодам, заминҳоеро мебинед, ки замони шуравӣ бо об таъмин буданд. Солҳои 2000 ба 2010 ин заминҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карданд. Феълан ин заминҳо, ки аз садҳо гектар зиёданд, куллан аз об маҳруманд. Замоне аз ин заминҳо дар як сол ду ҳосил мегирифтанд. Агар чи ин заминҳо хоҷагии деҳқонӣ бошанд ҳам, аммо моликияти давлатанд ва бояд бо об таъмин карда шаванд! Чунки ҳосили мегирифтаи деҳқон ин худ фоидаи давлат мебошад.

Азбаски ин заминҳо бо об таъмин нестанд, танҳо як маротиба гандум кишт карда мешавад. 6 моҳи дигар заминҳо бекор хобанд. Дар минтақаи Сад (Пос Мис) солҳо пеш як хитоӣ омада аз поини заминҳо, ки канали об мегузарад, лула кашида бо насос 4га заминро бо об таъмин карда ҳаргуна зироат кишт мекард. Ман бар зидди хитоӣ чизе гуфтанӣ нестам. Дар ҳолате ҳукумати ноҳия ба мардуми худ имкони коркарди заминро фароҳам намекунанд, ба хитоӣ аҳсан бояд гуфт. Лек, агар чунин миқдор замин бо об таъмин шавад, магар ин худ ҷои корӣ нест? Болои ин ҳама заминҳоро мансабдорони дар ҳукумат фаъолият мекарда ишғол ва ба номи худу хешу таборонашон ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷат кардаанд. Дар чунин масоҳати замин ҳазорҳо нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

 Ман итминон медиҳам, ки ба мардум худи ҳукумат имкон ва шароити мусоид барои корро фароҳам намекунад. Вагарна мо ҳама деҳқонзодаем.

 Дар чунин вазъият мардуми Тоҷикистон сантиметри заминро бекор нахоҳанд монд. Дар як минтақаи Мадад садҳо нафарои бекор ҳаст, аз ҷумлаи занҳои танҳо (бева),ки муҳтоҷ ба ҷои коранд.

Дар ин заминҳо дар шуравӣ пахта кишт мекарданд. Пояи пахта мардумро аз ҳезум таъмин мекард. Бинед, ки чи қадар фоида барои аҳолӣ меоварад замин. Агар заминро ба кор андозӣ ҳам ба давлат ва ҳам ба аҳолӣ манфаит меоварад.

Дар минтақаи Мадад, МИС-МАШИНА ИСПЫТАТЕЛЬНАЯ СТАНЦИЯ дар давраи шуравӣ фаъолият мекард. Ҳамаро баъди солҳои 2000 бо баҳонаи хусусисозӣ фурухта нобуд карданд. Барои ин кор чанд нафарро ба ҷавобгарӣ кашида зиндон карданд. Лекин ба чашмони президент хок шапида нафарони бегуноҳро ҳам бо нафарони айбдор зиндон карданд. Аз ин ноадолатиҳо, ки ҳама огоҳ ҳастед. Дар ин бора чизи зиёде намгуям. Дар ин дафъа аз касе ҳам ном намебарам. Валае агар дар муддати кутоҳ ба ин заминҳо об дастрас нашавад, нуқта ба нуқта, аз раиси ноҳия сар карда то раисони маҳаллу ҷамоатҳо ном ба ном ва аз манобеи муфти даромадашон ба «Ислоҳ» хоҳам навишт. Бас аст, замин-моликияти давлатро ба чунин ҳолат оварда расонидан. Чандин сол аст ки ҷинояткорони ҳукуматиро пушти панҷара накашидаанд. Ва, онҳо худро хеле ҳам роҳат ҳис карда гаштаанд. Бовар кунед ин масоҳати бузурги заминҳои бекорхобидаро дида дили деҳқон фарёду гиря мекунад. Боварии комил дорам то навиштани номаи дигар на кам аз 20 нафар ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар ин нома ман аз касе ном набурдам. Барои онки мо аз онҳо фарқ дорем ва намехоҳем, ки кудаке зиндасағир монад. Агарчи медонем, ки онҳо ниҳоят бераҳманд.

Ҳамагӣ он чизе, ки лозим аст, як 4-5 адад насос, ки барои чунин ноҳияи дар ҷумҳурӣ калонтарин харидани онҳо маблағи ночиз ба ҳисоб меравад.

Нав кардани лулаҳо, ки аз шӯравӣ боқӣ мондаанд. Чанд адад насоси иловагӣ лозим мебошад дар чанд минтақаи ноҳия.

Яке аз онҳо, ки дар минтақаи „ВИЧДО” қарор дорад. Мешавад онро оварду ба истифодаи аҳолӣ дод.

                                Маскав

  Салому алейкум бародари азиз! Мо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастем дар шаҳри Маскав. Дар бораи як ҳаромхур ба шумо навиштан мехоҳем. Ин ҳаромхур собиқ милиса асту ҳоло пенсионер ва дар инҷо бригадири мо мебошад. Рости гап ман якум бор аст, ки ба шумо пайваст шудам, намедонам ба куҷо бинависам. Шикояти мо ба пешбарандаи барномаҳои «Ислоҳ» аст.

   Ному насаби ин бригадири мо Худойдодов Фируз Давлатович аст. Ин ҳаромхур   бригадири мо мебошад. Кори мо стройка аст. Зарплатаи мо дар давоми 40 ë 45  рӯз дода мешавад. Мо ҳамин қадар рӯз кор мекунем. Ваъда медиҳад, ки маошҳоятон зур мешавад, аммо вақти маош мешавад, маошҳои бачаҳоро кетеу мезанад ва дар номи худашу бачааш ва ëрдамчиаш мекунад.

Номи бачааш Худойдодов Нуриддин ва ëрдамчиаш Мирзораҳимов Файзалӣ аст. Вақте барои маош меравем, пулро мегирем, кам аст. Бригадирро мегем, ки пулҳои мо кам аст. Мегуяд, ки нафорадатон биравед, одами нав мегирам. Ҳамаи коргарҳо дуои бадаш мекунанд. Корш фақат пивохурӣ, арақнушӣ. Бо ёрдамчиаш Файзалӣ ҳаррӯз аз ҳисоби ҳамин бригада мехуранд. Баъд вақти маошгирии мо шуд маошҳои моро кетеу зада мегиранд. Бачааш Нуриддин фақат фиребу найранг карда мегардад. Туалет меравад, ба соатҳояш намеояд. Дар туалет дар боклажка чизе рост карда мезанад. Баъд мебинӣ, ки девона-девона омад. Боз аз мо дида пули зиёд мегирад. Вақти наздикшавии маош Файзалӣ Мирзораҳимов даҳ борҳо ба бригадир занг мезанад

Як зани точик ба мақсади кор ба бригадаи мо омад. Ин бригадир думби ҳамонро гирифт ва бо ваъдаҳои зиëд ӯро фиреб дод ва корҳои бадахлоқӣ кард. Ҳатто дар ҳолати бемори занона буданаш ҳам ин корро бо он зан анҷом дод. Баъди ин ҳама корҳо рузи маошаш пулро гирифт, ки кам баромад. Гирякунон баромад рафт, ҷойи дигар ва корковӣ. Ҳоло ин зан дар Тоҷикистон аст. Мехост пул кор карда рафта туйи бачаашро гузаронад. Фируз Давлатович Худойдодов аз деҳаи Хирманҷои Шуробод аст. Ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

 Рости гап кетеуро намедонам чӣ аст?. Кетеу яъне  маблағи моро мебуранду дар худашон менависанд ва онро кетеу мегуянд. Дар фирмае, ки мо кор мекунем ҳамин хел ном мебаранд: кетеу

                                   Айнӣ

Ассалому алайкум, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд нигаҳдоратон бошад.

 Ман барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №34» ро тамошо ва гӯш кардам. Бисёр хушҳол шудам. Бар шумо раҳмат. Аммо як хато рафтааст. Ман навистам он се ако ва додарро –Сангиновҳоро ва дар давоми суханам муаллиме, ки аз ноҳияи Айнӣ баромад карда буд, дар барномаи «Минбари муҳоҷир»  ҳамон муаллимро дар назар доштам, то ки ин мактуби моро бихонаду фаҳмад, ки ҳақ дар куҷо аст? Лекин вай муаллим аз қишлоқи Рарз нест. Он се акою додар дигаранд. Инро дар мактуби оянда ислоҳ мекунед. Иншо Аллоҳ умедворам, ки боз нагӯянд дурӯғ мегӯем. 

Домуллои азиз, ҳоло саломи пур аз дарду ғами мардуми Рарзи бостони ноҳияи Айниро мерасонам. Ин мардуми ҳақҷуйи Рарз ба шумо бовар доранд ва дарди дили худашонро ба шумо мехоҳанд бирасонанд. Сухани банда аз собиқ раиси ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ Сангинов Абдулаҳад пешкаши шумо мекунем. Ин раиси  муҳтарами номӯҳтарам се фарзанди писар дорад. Аммо кадом сабабе аст, ки хизмати ватан- модар намераванд.

Мисли дигар ҳамқишлоқиҳоямон рафта хизмат бикунанд. Савол ба шумо муҳтарам сарвару сардорҳо, магар Сангинов Абдулаҳад аз осмон чакидаст? Дар замини обӣ бояд бино насозем. Дар ин бора қонун ҳам ҳаст. Бо кадом сабаб ин муҳтарами но муҳтарам аз маркази деҳа аз боғи беморхонаи Рарз чанд сотих боғи ин беморхонаро гирифта ошхонаи дуошёна ва бинои дуқабата сохт. Ба гуфте дорухона, ки сохтмонаш ҳоло ҳам ба охир нарасидааст. Чанд бародарҳо нақл карданд, ки пули хизматашонро надодааст. Ваъдаҳои бисёр медиҳад, ки замин медиҳам, аз хизмат мегардонам. Худам шоҳу бародарам вазир. Ҳой, ҳой, ҳой мардум! Бародари Сангинов Абдулаҳад, кӣ бошад, бифаҳмед кист?  Мо дар қишлоқи Рарз сеюмин ГЕС-и калонтаринро сохтаем. Номи он Осиёи Мирҳофиз аст. Ва аз ҳама калонтарин хати обкашӣ дар Рарз аз Гузари Ҳусейнон то маҳаллаи Кунзари шафит. Ин хати обкашӣ то Гуззари шафит нарасид, сад афсус. Ҳой Сангинов Абдулаҳад, раиси ҷамоат!  Шумо чи қадар дар чашми ин мардуми Рарз хок пошидед?

Шумо аз худо ва аз қонун метарсед ё не? Ин қадар замину ҷойҳои ободро фурӯхтед! Бародар Муҳаммадиқбол! Ин мактуби манро, албатта, бо лаҳҷаи рарзӣ бихонед, то ба гуши Сангинов Абдулаҳад баҳузур дарояд. Вай ҳам барномаҳои Шуморо тамошо мекунад. Ҳама тамошо мекунанд.

   Зинда бош, Муҳаммадиқбол, офарин бародари тоҷикам, хуни тоҷикӣ, ору номуси тоҷикӣ дорӣ. Мо, бо шумоем!

                                     Канада

Аллоҳ ҷала-ҷалолаҳу ҷаноби Муҳаммадиқболи Садриддинро умри ҳазорсола бидиҳад! Ман як муҳоҷири афғон дар шаҳри Ваҳдат будам. Айни ҳол, ду моҳ мешавад, ки дар Конодо ҳастам. Ман барномаҳои шуморо дар Тоҷикистон медидам. Ман як ҷавони 16 сола ҳастам. Дар рӯзи якуми моҳи шарифи рамазон ба масҷиди шаҳри Ваҳдат рафтам, бо бобоям. Вақти намози шом буд, чанд дақиқае барои намоз монда буд. Домулло насоеҳ аз саҳобаҳо мекард. Ногаҳон марде ба масҷид даромад ва якчанд дақиқа телефони худро кашид ва аз атфол, ки дар масҷид ҳузур доштанд, сиёмка кард ва як мусафед ҳам як набераи 8 ё 9 солаи худро оварда буд.

Он мард дафъатан ба минбари масҷид рафт ва суханронии домуллоро қатъ кард ва худ шуруъ ба ҳарф задан кард. Ӯ гуфт ин фармон аз ҷаноби тоғут Раҳмонов аст, ки писарҳои худро, ки ба сини 18-сола нарасида наёваред ба масҷид. Ӯ гуфт,ки касе агар ин бор биёварад, падар ва модари ӯ ҷавобгӯ хоҳад буд. Ӯ гуфт, ки писарҳоятонро дар хона бигӯед, ки намози худро бихонад, ва худ масҷидро тарк кард.

  Ман фақат ду бор намози ҷамъӣ рафтаму бас. Дигар  иҷоза намедиҳанд. Дар таблиғи рӯзи ҷумъа фақат аз бачаи Майрами гурсухта тавсиф ва тамҷид мекунанд ва домуллоҳои фурухташуда мегуянд шукрона кунед, ки чунин ободӣ дорем, чунин амният дорем, чунин озодӣ дорем, гуфта фақат миллати бечораи Тоҷикистонро фиреб медиҳанд.

Рӯзе Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳр меомад, то як мактаберо, ки таъмир карда буданд ифтитоҳ кунад. Даҳ руз пешакӣ дуконҳои саракҳоро-роҳҳоро масдуд карданд, ки ин тоғут биёяд. Чун медонанд, ки мардум аз ӯ нафрат доранд.

  Умедворам, ки ин номаи ман ба дасти домулло Муҳаммадиқболи Садриддин бирасад, то нашраш кунад.

                                Душанбе

     Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман як сокини Душанбеям, ки солҳо дар Биржаи пахта кор кардаам. Вақтҳои ахир дар ҳукумати шаҳр кор мекардам. Ҳоло бознишастаам. Барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Гуфтам,чанд чизеро бароятон бинависам. Агар рафту чоп кардед, баъд чизҳои зиёде барояи гуфтан дорам,ки оҳиста -оҳиста ҳикоя мекунам.

Дар Тоҷикистон ягон нафар пахта экспорт карда наметавонад. Солҳост, ки бизнеси пахта ва ҷамъоварии он аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба души прокуророни ноҳияҳо гузошта шудааст.

Дар Хатлон тамоми пахтаи ноҳияҳоро прокурори Хатлон ҷамъ карда ба Оила медиҳад. Нуриддини тракторист, бародари мурдагии Эмомалӣ Раҳмоновро лақабаш Батош буд. Писари вай бо номи Умед дар яке аз ноҳияҳои Душанбе прокурор аст.

Баъди мурдани Батош-Нуриддини тракторист, ки як қисми калони тиҷорати пахта дар Хатлон дар дасти писараш қарор дошт, тақсим шудааст. Нисфаш ба худи Эдик-Эмомалӣ Раҳмонов рафт нисфаш дар дасти фарзандонаш монд.

 Мисол дар фермаи 4уми Данғара мардуми маҳалларо Батош ба монанди ғулом кор мефармуд ва ба ивази маош маҳсулоти кишоварзиашон медод. Кадомеаш норозӣ мешуд шаташап карда кор мефармуд. Коргарони фермаи 4 ин маълумотро тасдиқ мекунанд. Рӯзе, ки Батош-Нуриддини тракторист мурд мардуми ферма ош дода буданд. Гуфтанд оши худоӣ аст аммо дар асл ин оши хурсандӣ буд. Батош кадуро дуст медошт ва бо тележка каду меоварданд ба хонааш. Меҳмонон, ки меомаданд фақат кадубирёну ғизои кадугӣ дар пешашон дар дастархон мемонд. Мурдум сер ношуда мурд. Хулоса пахтаро ҳозир худашон Хитой мебаранд. Бе пардохти боҷи гумрук. Дар ягон ҷо ҳуҷҷатгузорӣ намекунанд.

Ба коргарони хитоӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, имтиёзҳои зиёде дода шудааст. Баъд як хислат дорад Эдик-Эмомалӣ Раҳмонов. Одамоне, ки дар бизнеси оила бисёр сару кор мекунанд, бисёр маълумотҳоро мефаҳманд, онҳоро дар оянда зиндон мекунад.

  Дар шумори сохтмоничиёни беморхонаи Истиқлол, ки ба зиндон кашонида шуданд, як хитоӣ ҳам буд. Хитоӣ барои 10 сол ва бо мусодираи амвол маҳкум шуд. Суди хитоӣ пушида баргузор гардид. Хитоӣ даъво дошт, ки Рустами Эмомалӣ бояд дар мурофиа иштирок намояд. Зеро аз хитоӣ чандин миллион доллар гирифта будааст.

   Номи хитоӣ мистер Чен буд. Ростӣ дар ёдам биёяд боз дақиқтар мегуям. Аммо шофёраш Улуғбек ном дошт, инаш дақиқ аст. Хитоиро тамоми объектҳояшро гирифтанд. Як объекташ ру ба ру бо бинои Хадамоти гумрук буд. Бинои бисёр ошёна бардошта буд.  Бояд месупорид, ки рафт пушти панҷара. Объекти 2юми хитоӣ рубаруи музейи Путовский буд. Он иншоотро бо тамоми техника ва офисҳояш гирифтанд. Дар кучаи Бухоро-25 як бинои баландошёна бардошта буд. Хуллас, капаи хитоиро оташ заданд.

                      Панҷакент

Домулло Муҳаммадиқбол салом! Ман аз деҳаи Дашти қозӣ, ҳамқишлоқи Хаёмиддини чоплус мебошам. Вай ҳам зодаи Дашти қозӣ аст. Хаёмиддин як давраҳо аъзои ҲНИТ буд,  китобчаи узвияти ҳизбӣ ҳам дошт.

   Ман ҳам аъзои ҳизб ҳастам.Дар деҳаи ҷавонони зиёда аъзои ҳизб буданд, чунки раиси ҳизби ноҳия-ҳоҷӣ Алиҷон аз деҳаи мо буд. Ман худам дар москва ҳастам.2 4сол боз дар муҳоҷират ҳастам. Гражданини Россия  мебошам. Ҳар сол як бор хона меравам, кам меистам. Ноадолатиро мебинам, тоқат карда наметавонам, асабҳо хароб шудагианд. Барои хамин зуд ба россия бар мегардам.Бобои Хайёмиддин,яъне падари падараш Исмоилов Ҷалолиддин ном дошт. Мусафед намозхон буд. Дар деҳа ягон кас оиладор шуданӣ мешуд, мусафед хостгорӣ мерафт. Дар ҳамон вақтҳо ҳамаи хостгориҳои қишлоқро ҳамин мусафед ҳал мекард. Ҳатто агар ягон ҷанҷоли оилавӣ ҳам мешуд бобои Ҷалолиддин ҳал мекард. Дар деҳа бригадир ҳам шуда кор кардааст. Он мусафед чанд сол пеш ба ҷавори ҳақ пайваст.
  Падари Хайёмиддин Исмоилов Қамариддин ном дорад. Вай шофёр аст. Дар автобазаи ноҳия кор мекард. Файзуллоев Саъдулло, язнаи Қамариддин, чандин сол раиси ҳамин автобаза буд. Қамариддин хеле солҳо кор кард. Аввалҳо ЗИЛ дошт, баъд Маз ҳай мекард.

  Солҳои охир бо Нива ва баъдан Опел таксӣ мезад. Ҳозир дигар таксӣ намезанад. Дар қишлоқ масъули комитети қишлоқ шуда кор мекунад, бузи амният аст. Бисёрии ҷавонҳоро руихат карда дар вақти облава ба военкомат медиҳад.

Бародари Хийём Шукуҳиддин ном дорад. Дар Маскав муҳоҷири корӣ аст. Ин ҳам мисли падараш  мебошад. Бузигариашро дар қишлоқ ҳам мекунад. Худашро чунон доно меҳисобад, ки аз у доно гуё дар қишлоқ нест. Аз руи фахҳмидагии мо бо як арусе,  ки шавҳараш мурд, мегашт. Ҳозир ин зан шавҳар карда ба дигар деҳа рафт. Дар Россия як зани рус дошт. Як духтарча дорад. Лекин 5 сол мешавад, ки бо онҳо алоқа надорад, ҳатто духтарчаашро рафта намебинад. Духтари русро фиреб карду чанд вақт бо у зиндагӣ кард, соҳиби духтар шуд. Мехост паспорти русӣ гирад. Аз паи документ медавид, бояд бо русдухтар ЗАГС мекард. Аммо ЗАГС-и тоҷикӣ дошт, ки дар компютер баромад. Русдухтар ба полис супорида дело кард. Шукуҳиддинро депорт карданд-5сол. Ин корҳо 6-7 сол пеш буд. Ҳозир Шукуҳиддин боз дар Москва аст. Муҳлати депорташ тамом шуд, омад ва дар стройка кор мекунад.
Бародари дигарии Хайёмидин Айёмиддин Исмоилов, муаллими забони англисӣ дар мактаби деҳа аст. Ҳар сол ба муҳоҷират –Русия меравад. Ин ҳам аз тарафдорони ин режими палид аст. Бачаҳо барномаҳои шуморо тамошо мекунанд. Вай мухолифат карда мегуяд, ки «чи дар кор, тамошо накунетон»,чунки ин ҳам бузичаи амният аст.

 Номи бародарии дигарии Хайёмиддин Шуҷоъиддин аст, ки дар военкомати Хуҷанд кор мекунад.

 Ин оила аслан аз Уротеппа, Истаравшан мебошанд.
Худи Хайёмиддин, агарчи дар барномаҳои шумо баромад мекунаду воҳима карда гап мезанад, ки худаш баромадааст, аммо аз забони як хешаш дар Москва шунидем, ки гуфтааст, безорам карданд. Ман намехоҳам дар барномаи Минбари муҳоҷир гап занам. Чанд соат вақтамро мегирад. Лекин маҷбурам мекунанд. Аз руи баъзе аз маълумотҳо як маротиба бо пора ҳам ба даст афтодааст, аммо ҳамин бузияш ба амният будааст, ки ҷони ӯро харидааст. Дар бораи худи Хайёмиддин муфассалтар дар номаи оянда менависем.
                             Турсунзода

          Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Мо, як гурӯҳ аз мухлисони шумо аз ноҳияи Турсунзода бароятон менависем. Аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ин номаи моро чоп намоед. Дар деҳаи Тойчии муҳоҷирони ноҳияи Туруснзода аз ҳисоби ГЕС-и Роғун як ФАП сохта буданд. Муддати чанд сол ҳамин Фапро мардуми муҳоҷир маҷбурӣ истифода мебурданд. Дар деҳаи мо беш аз 700 хонавода ба сар мебаранд. Як раиси маҳалла дорем бо номи Сайраҳмон Сабоев бо кличкаи Самурай. Ҳоло ба бо участковий номаш Рамазон забон як карда ҳамин фапро ҳуҷҷатгузорӣ карда истодаанд. Мо чанд бор аз назди ФАП гузаштем, дидем,ки бачаи Самурай бо як рафиқаш забор гирифта истодаанд. Вақте бачаҳо пурсиданд, ки инҷо чи мешуда бошад, Самурай дар ҷавоб гуфт Отдели участковий мешавад. Бачаҳо бовар накарданду корманди кумитаи заминро пурсиданд. Вай гуфт, ки Рамазон бо Самурай даводав доранд, замини назди ҳавлигӣ ҳуҷҷат мекунанд. Самурай чанд сол аст ки ба ҳайси раиси маҳалла кор мекунад. Кадоме ягон гапи зиддаш гуяд, мегуяд ман амниятро гап мезанам ва ҳамин тавр мардумро мурғ кардаасту ҳама метарсанд. Мардуми ин деҳа дар Нуробод як масҷид ва чойхона доштанд, вақте ки онҳоро муҳоҷир карданд, пули масҷид ва чойхона 400-500.000 сомонӣ ҳисоб карда шуд. Ин пулҳо аз ҳисоби дирексия дода мешавад. Мардуми деҳа хостанд, ки ин пулро ба номи як одами худотарс гузаронанд ва дар деҳаи Тойчии Турсунзода масҷид созанд. Се-чор одами қишлоқро вобаста карданд, ки рафта аз мардум имзо гиред, пулро ба номи имоми қишлоқ мегузароем. Аз ин ҳайати комиссия яктояш Кабиршо ном дорад, ки тағои ҳамин Самурай аст. Имзоҳоро гирифтнду нусхаи паспорти Эмомаи маҳалларо ҳам гирифтанду омаданд ба Душанбе копияи паспорти Самурайро монданду нусхаи паспорти имоми масҷидро дур партофтанд. Хулоса пули масҷид бо ёрадми тағояш Кабиршо дар номи Самурай гузашт. Самурай бошад рафта дар дирексия корсозӣ карда пули масҷидро кам-кам гирифту дарТойчи сохтмони масҷидро сар кард. Пеши бачаҳои сементблокбарор рафт ва гуфт, ки масҷид месозем, арзонтар сементблок диҳед. Онҳо ҳам арзон доданду боз чанд мошини дигар садақа ҳам карданд. Лекин ҳамаи ин масолеҳи сохтмонӣ ба масҷид наомад. Як мошин сементблок ба масҷид, мошини дигар ба хонаи Самурай. Грузчикҳоро пурсиданд, гуфтанд, ки як мошин ба хонаи раиси маҳалла мебарему як мошин ба масҷид. Хулосаи гап инки сохтмони масҷд нимкола монд. Фаъолияташ баста. Ҳатто дар моҳи рамазон мардумро намонданд, ки дар масҷиди нимкола таробеҳ хонанд. Вақте пули масҷидро 200ҳазор сомониаш монд, дар деҳаи Чинори Нуробод маҷлис доир шуд. Дар маҷлис раиси дирексия Манучеҳр Файзуллоев иштирок дошт. Одамони боақли қишлоқ хестанду гуфтанд, ки боқимондаи пулро ба Сайраҳмон надиҳед.Ҳ уҷҷатҳои як марди мусафедро пешниҳод карданд. Гуфтанд, ки ба номи ҳамин одам гузаронед. Манучеҳр ваъда доду боз пулро ба номи Сайраҳмон гузаронд. Аз инҷо маълум мешавад, ки ягон шурӣ-мурӣ мекунанд, дирексия бо Сайраҳмон. Агар ба номи мусафед мегузарониданд аз вай пул гирифта наметавонистанд. Ба ин хотир шуда боз ба номи Сайраҳмон гузарониданд. Сайраҳмон бошад худаш танҳо рафта масолеҳи сохтмони масҷидро мехараду ягон одами деҳаро ҳамроҳаш намебарад. Бачаҳо пурсиданд, ки ҳисоу китоби пули масҷидро намедиҳӣ, ки чи қадар хароҷот шуд. Мегуяд, ки ман занатонро фалон мекунам. Ман дар пеши Аллоҳ отчет месупорам, шумо лишни гап мезанед, дар амният одам дорам ҷарастотона мебарорам.

 Аҷаб давру замонае шуд.

Номаи дигар дақиқан аз Турсунзода ва шикояти дастаҷамъии дигар аз Сабоев Сараҳмон “Самурай”

Саломалекум домулло Муҳаммадиқбол Худованд ҳамеша нигахбонатон бошад.  Мо як гурӯҳ бачаҳои ноҳияи Нубободем хозир да шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунем моро ай ноҳияи Нуробод ба инҷо оварданд. Иллаташ  сохтмони геси Рогғн мо намедонем ба кучо муроҷиат кунем. Ҳар кқҷоее меравем ҳеҷкас ба додамон намерасад.  Мо барномаи ҷолиби шумо “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳро” тамошо кардем дар номаҳоишумораи  16 шумо дар борай раиси маҳалаи мо гуфтед. Бале ҳамааш дуруст буд ва ин раиси маҳаллаи мо Сабоев Сайраҳмон хуни мардумро макида истодааст. Бовар кунед  пули мусор ҷам мекунад, вале он пули ҷам кардагиияшро дар кисай худаш мезанад.  Мусорҳои мардумро намебаранд. Мардумро  мегуяд сум ҷамъ кунед мошин меорам ,то мусорҳоро баранд аммо намебаранд. Самураи бошад ин пулро дар ҷайби худаш мезанад. Кораш факад банг зада гаштан аст.

 Шумо дар барномаи номаҳо 16 гуфта будед,ки  пули масҷидро хурд. Сад дар сад дуруст аст ва мо боз мегуем, ки бале хамай суми масҷидро хурд амо масҷидро як каропкай холи дуруст кард тамом.  Пас аз баронмаи шумо Дар назди магазини қишлоқ дар пеши ҳама ошкоро гуфтааст,ки кадоме маро дар Муҳаммадиқбол ва Ислоҳ фурӯхт чи фоида карден? Ана ман озод нотарсида мегардам. Ман милесаша амниятша задагиям ва ҳеҷ кас мана ҳеҷ кор кардан наметонад. Аку фаҳмиден кришаҳои ман чихел зуранд. Хубаш ҳичи нанависен зури ҳеҷ кас намерасад ба ман хап кунен бугарден.  

Бад мо фаҳмидем ки як дубор прокуратура файродаш кардай тамом. Сабоев Сайраҳмон дар назди Ҷурахон гуфтай прокуратура гуфт: “ бхур бзан бгард”

Мо мардуми ноҳияи  Нуробод қишлоқи Чанор дар ин шаҳри Турсунзода ба ки муроҷиат кунем намедонем?

 Ҳоло боз да рдеҳаи  мо Ҷамоати Ҷура Раҳмон деҳаи Тойчӣ як бунгоҳи тиббӣ буд замини ҳамон назди бунгоҳи тибиро як тарафша бо ҳамроҳии участковой ҳуҷҷат карда грифтанд. Аз ин кор мо нав фаҳмидем, ки он заминро ба ҳамон участкови дакумент карданд аввал  ба номи участкови, ки Рамазон аст номаш.  Сабоев Сайраҳмон шумо аз Худо наметарсед инқадар корҳои ғайри қонуни давлат ва Худо мекунед?

Боз мегуед ва мехоҳед мардум шуморо нағз бинаду эҳтироматон кунанд. Охир шумо дар ҷони мардум задагиед, чанд рӯз пас  мавсими даъвати хидмати аскарӣ оғоз мегардд. Ана боз пул ҷамъ куни, боз мардумро ғорат кардан сар мешавад. Охир Сабоев Сайраҳмон бас кун ин корҳои ҳароматро илтимос бас кун рав дигар  мон боз ягон нафари содиқ ақалан мисли ту дузду банги набошад кор кунад.  Фаромуш накун Сабоев Сайраҳмон ,ки мо мардум дар ин дунё ҳам шоҳидем,ки пули масҷидро духдиди ва хурдб ва дар охират ҳам шаҳодат медиҳем ин коратро. Ҳой  мардуми Чанор шумо чаро инқадар метарсед аз ин одам?  Охир садоятонро бароред шумо ғулом нестен,ки инқадар аз як Самураи дузд тарсед. Охир мо чанд нафар шудем ба “Ислоҳ” навишта истодаем ва медонем дарди моро нашр мекунад ва ҳама аз ин мусибати мо огоҳ мегарданд. Охир ба кӣ муроҷиат кунем? Прокуратура, Амният, ВКД?  Охир ин ҳар се ниҳод аслан дар фикри мо нестанд. Боз меоянд аз Сабоев Сайраҳмон  пул мекананд мераванд. Ягона роҳ ин “Ислоҳ” буд ва мо ҳам онро анҷом додем. Худованд ҳамеша нигахбонат бошад домулло Муҳаммадиқбол.

Раиси шаҳри Турсунзода аз шумо хоҳиш мекунем омада бубинед  назди бунгоҳи тиббиро  сама захват карда гирифтаанд  онҷоро Сабоев Сайраҳмон бо нозири минтақавӣ. Охир шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Ё худатон аз ин ҷиноят хуб огоҳеду пул гирифтагиед аз инҳо ?

Мо як гурӯҳ аз сокинони Тоичӣ боз аз натиҷаи кор “Ислоҳ”ро хабар дор мекунем ва ҳама ончи мегузарад онро менависем.

Нома аз Нурободиҳои Русия

 Домулои муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамеша дар ҳифзу амони Аллох бошед. Домулло хабарҳои Тоҷикистона фаҳмидем, ки шатони калон ҳамаи раисои нохияхоро гуфта будааст,ки  аз муҳоҷирон пул чамъ кунед. Ин ҳама барои ярмаркаи дар Қазоқистон мегузашта охири моҳи августи имсол. Бояд пиёзу, сабзию, каду ва ғайраҳо маводи хурока харидори кунед. Аммо мехоҳанд ин корро аз муҳоҷирони Тоҷики муқими Русия ҷамъоварӣ намоянду ба Тоҷикистон ба раисони ноҳияҳо расонанд. Раисони ноҳияҳо ба раисони диаспораҳои дар Русия  буда ва шахсони бонуфӯзи ноҳияҳо талаб доранд ҳарчи метавонед пул ҷамъоварӣ намуда фиристед,то ин корро раисони ноҳияҳо бо сари баланд анҷом диҳанд. Боз инхел мефаҳмонанд мардуми муҳоҷирро шумо инро донед,ки агар ягон гапу чап шавад Россияда Казоқистон орд ёрдам мекунад ба Тоҷикистон. Фикри зану модар ва хонаводаҳоятонро кунед. Ин агетатсия дар масҷидҳои Россия ба ном раисоҳои ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Лахш, Роғун рафта истодаасту пул ҷамъоварӣ доранд.  Охир пул надоред чаро ярмаркаи дурӯғин ташкил мекунед дар Қазоқистон мо намедонем ?

Share This Article