Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№87

Ислоҳ нет

  Бо шумо бо итминони комил мегуям, ки барномаҳои «Ислоҳ» ва бахусус силсилаи нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» сардамдорони режими зиддимилливу зиддимардумиву зиддиисломии Раҳмоновро девонаву васвосу калофа кардааст. Ҳар қадар, ки болои мардум фишор меоваранд, мардум ҳам ба рағми онҳо робитаи худро бо мо қавитар мекунанд ва номаҳои худро ба мо мефиристанд ва аз ҷурму ҷиноёти масъулону мудирону раисони ин режим мегуянд.

Ахиран хабаре ба дастамон расид, ки Раҳмонов, барномаи вобаста ба рӯзи мавлудашро, ки дар ду қисм таҳия ва нашр гардид, шахсан тамошо карда ва фавран Шурои амниятро ба хонааш даъват карда сари онҳо дуғу дағдаға кардааст, ки шумо пайи чи корен, чиро муҳофизат мекунен, ки ҳарчи Муҳаммадиқбол навиштааст, рост аст. Он гапҳову ҳодисаҳоро, ки дар даруни хонаи ман гузаштааст, ӯ аз куҷо фаҳмидаву навиштааст. Пас, маълум мешавад, ки амнияти онҳо аз амнияти мо беҳтар кор мекунад!

Коре кунед, ки даҳонашро бандед!!

Аммо, ин Раҳмонов касиф намефаҳмад, ки дасташ ба ман кутоҳ аст ва агар ҳатто, бар фарзе тавонисту ба шаҳодатам расонид, аммо дигар пеши даҳони мардумро гирифта наметавонад. Мактаби Ислоҳ ва роҳи он идома дорад ва пирӯзӣ насиби ин миллат ва мардум хоҳад шуд!

                                                    Ғарм

 Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин шо Аллоҳ, ки «номаҳо» кори худро карда истодааст. Дар лона ва ҳеҷаи ин золимон оташ дардодааст. Худоро шукр! Ҳоло аз як мавриде гап мезанам.

Баъд аз номаҳои пай дар пай Фаридун Зардаков қасам хурдааст, ки бача ин кори ман нест. Ин кори худи бачаи кури Нусрат аст ва аз боло фамон дорад, зури ман намерасад, ман ягон ҳуҷҷат имзо накардаам. 

Нисбати Фаридун чунин гуфтанием, ки модоме зурат ба бачаи кури Нусрат намерасад, пас ин чи кор аст ки зиёда аз 25000 хоҷагиро паси сар мекунию аз як нафар метарсӣ? Марги ту барин раис, пас вазифаро холӣ кун, то ба ҷои ту шахси содиқу лаёқатманд ояду ба дарди мардум расад. Ва боз гуфтааст, ки мардуми Кулоба хап наистед, рафта арзу шикоятатонро ба ҳар куҷое мекунед, кунеду обатонро гиред, зури ман шахсан намерасад.

  Агар ман дар масъалаи оби Кулоба гап занам на инки маро аз вазифа мегиранд, ҳатто ба ҷавобгарӣ ҳам мекашанд. Субҳоналлоҳ, ин чи ҳукуматдорӣ ва ин чи беҳокимиятӣ аст? Ин ҳукумат ба воситаи чунин раисони ҷамоатҳо обруи ҳукумат ва ноҳияро мерезонанд. Магар дар як ҷамоати калон дигар шахси комил ёфт намешавад, ки ин порахури буздили касифро мондаанд. Раиси ноҳия бояд фавран ин раиси касифро аз вазифа гираду ба ҷояш як шахси комилу солиму кор будкунро монад. Агар ин Фаридун каме дигар кор кунад, тамоми ҷамоат ва обруи ноҳияро мерезонад. Ин раиси касиф сабаб шуд, ки мо нисбаташ ба гурӯҳи мухолифон шикоят кардем. Ин хукумати имрӯза аст ки моро маҷбур мекунад, мо шикоят ба мухолифон кунем. Зеро медонем, ки ин ҳукумат ба додамон намерасад.  

Аз раиси ноҳияи Рашт талаб мекунем, ки оби деҳаи Кулобаро ба мо баргардонад. Вагарна мо арзу шикоятҳои худро идома медиҳем ва нисбати ин хукумат менависем. 

Қасам ба Аллоҳ, ки ин раис аз вазифа раваду оби деҳаи Кулобаро баргардонад мо дигар ба мухолифон номаи шикоятӣ нахоҳем навишт. Мо фақат мехоҳем обро баргардонед ва Фаридун, ки аз уҳдаи ин кор набаромад   ҷояшро холӣ кунад. 

                                          Душанбе

  Бародари муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин салом аз Тоҷикистони офтобруя! Аз даргоҳи офаридгор ба шумо сиҳативу саломат,умри дарози пурбаракат ва хонаободӣ талаб дорам.

Ман барномаҳои шуморо ва махсусан «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекунам. Бовар кунед, ки бо ин барномаатон ин ҳукумати дузду ғоратгарро шармандаву русияҳ ва ҷонбарлаб кардаед.

  Аммо мехоҳам дар бораи як масъала, ки дар номаҳои 68 гуфтед камтар равшанӣ андозам. Гап дар бораи Олим Ҷалолов меравад. Олим тули 7-8 сол мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ҳайси мутахассиси мудофиаи гражданӣ кор мекард. Ҳафт моҳ пеш ба вазифаи Агентии хададмоти авиатсионии фурудгоҳ гузашт. Дар ин вазифа се моҳ кор кард ва барои гузаронидани 5 кг тилло то роҳи қочоқ кормандони амният дастгир карданд.

 Модари Олим Ҷалолов дар мақоми раиси Иттифоқи касаба-профсоюзи фурудгоҳ кор мекунад. Ман чи гуфтаниям? Вай дар роҳи оҳани Кулоб ё Душанбе кор накардааст. Ва шумо нисбати ин одам маълумоти носаҳеҳ нашр кардаед. Олим Ҷалолов як инсони хоксоре буд, ки аз дасташ паша озор намеёфт.

  Агар Абдуллозода Исматулло Файзулло яъне Исмати Дулик директори генералии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маоши коргарон бо надбавка саривақт медод, коргарони фурудгоҳ ба қочоқ даст намезаданд.

                                                    Ашт

 Ассалому алайкум! Ман аз ноҳияи Ашт аз як деҳаи бисёр машҳур. Наметавонам худамро ба мардум муаррифӣ кунам, зеро ман на фақат худ балки қаҳрамони ин суҳбатро низ метавонам зери хатар монам. 

  Ман номи аниқи он мардро то ҳол намедонам ва мехоҳам ҷустуҷу кунам. Ман солҳои дароз дар муҳоҷиратам ва бо мардум кам алоқамандам.  

 Воқеаҳо ва гуфтаҳои он шахс ҳикоя нест, ҳақиқат аст. Рӯзи ҷумъабозор сарходими милитсияи Ашт, ки аз бачаҳакои боло аст дар бозори шашликчиёнро бо лагад зад ва нону гуштро бо хок яксон кард. Ҳама хап буд. Ин мард пайдо шуд ва пурсид, ки чӣ гап. Мардум ба ин мард даъво карданд ва он мард мардумро даъват кард ва он милитсяро ёфт ва то бахшиш напурсид сард надод. Боз дар ҳамин бозор коркуни андоз молҳои беваю бечора ва камбағалонро кашид гирифт, касе дам назад. Боз ин мард ба сарвақташон расид ва мардумро ҷамъ овард ва молҳои онҳоро баргардонд ва ба коркунони андоз гуфт «дигар ман нафаҳмам, ки шумо мардумро озор медиҳед».

  Рӯзе коркунҳои назорати роҳ дар тангии қишлоқ дар бегоҳ, пас аз кор мардумро манъ мекарданд, банди панҷ шаш ҷақрима ташкил карданд. Ин мард ҳам дар ин банд буд. Мошинаш газ 21 сафед буд, то қарибии назорати роҳ расидем. Ин мард мошинро хомуш кард ва гуфт «эҳ,мардуми ман, ин чи гап, то ба кай хап мекунед? Хезед мошинаи ин нозиронро бо чоҳ чапа кунед, то ки инҳо аз вазифа истифода карда ҳуқуқи мардумро поймол накунанд.” Мардум хестанд ва он шахс айби нозирҳоро ба гарданашон бор кард ва аз мардум бахшиш пурсиданд.

  Рӯзе дар сари бозор мегуянд, ки дар онҷое, ки идораи ҷамоати қишлоқ вуҷуд дорад меистодем, ки он мард аз тарафи идора бо овози баланд ҳам раиси ҷамоат ва ҳам раиси совхози боғдориро сахт дашном мекард ва мегуфт, ба мардуми ман як гусфанди кунаш қоқ ба маросими ид дода барои комиссияи кулобӣ ин қучқори серғизо?! Ту то кай мардуми худро поймол мекунӣ ва куни дигарҳоро мебардорӣ, шумо потхалимҳо мегуфт. Намедонам ин мард дар ин маҷлис чи кор дошт ё ягон вазифадор буд. Лек ман дар ҷамоати қишлоқ ҳам ҳамчу вазифадор ин шахсро намешиносам. Баъд маълум шуд, ки чоплусони он вақт бо комиссия гусфанди хушруи совхозро овардаанд. Рӯзи дигар дар бозор як марди ифлоси ҳамқишлоқ доштем, ки вайро семейка на колесах мегуфтанд.

Ин мард вай ҳаромро талқин мекард ва бо мардум муроҷиат мекард, ки ин ифлос ин мардакро гуфта истодаст, ки ин гов чанд пул? Ин мард гуфт фалон пул. Ин бе ҳаё мегуяд, ки ба ин сум ба болои гов зан ё духтаратро ҳам медиҳӣ?  

 Акнун аз гуфтаҳои он одам ба мардум. Дар ҳар куҷое он мард, ки тақрибан аз ман ҳашт- даҳ сол калон буд мегуфт. Агар ҳақ ба ҷониби ҳақдор набошад ин сиёсатдорон мардумро поймол мекунанд. Тарсончак набошед ва ҳаққи худ ва афродатонро ҳимоят кунед. Хушомадгу ҳама вақт бо дуруғ одамро туҳмат мекунад ва ҳамчу кур куркурона рафтор мекунад ва вақте мерасад, ки модари худро ҳам мефурушад. Хабаркаш инсон нест. Мард руйирост мегуяд ва мушкилро дар ҷояш ҳал мекунад. Аввал мо бояд теша бо решаи дуруғ занем то бо далели дуруғи худ боз чанд дуруғи дигар назанад ва мардуми ин диёрро бадном накунад. Хушомадгу   хабараш оламро вайрон мекунад. Сири хона дар хона, сири деҳот дар деҳот бояд монад. Бадномии як нафар бадномии ҷамъият. Мард ба душ гирад бояд иҷро кунад. Майдон доим аз далер бояд бошад, ки натарсад ва сухани ҳалолашро бо ҷуръат байон бикунанд. Вай мегуфт дод аз дасти бедодиҳои худи мардуми нодон, ки худро ба оташи ғам меандозад ва моро ҳам паси худ мебаранд. Ҳоло мебинед ин лаънаткардагон, ки аз худо бехабаранд мардумро ба чоҳ меандозанд. Дар аввал қоҳ- қоҳ механданд ва худашон низ ба он чоҳ меафтанд ва аз мардуми дар чоҳ буда бахшиш пурсиданӣ мешаванд. Аммо ба инҳо касе бовар нахоҳад кард. Мегуфт, ки имрӯз мо дида истодаем. Ба монанди ин бисёр суханҳои бо маърифат ва бо мантиқ дошт, ки ман бисёр гуш мекардам. Ин ҳамон солҳое, ки Раҳмонов ба сари сиёсат омад ва дар гирдаш чоплус ҷамъ мекард. Ва инро ҳам гуфта буд, ки ин бесавод ҳоло фарбеҳ мешавад ва ин суханҳо аз хотираш ҳатман мебарояд ва мегуяд, ки ин аз аввал шоҳзода буд ва ин зани ширҷушаш моҳсанаму фарзандонаш тавоно. Ин сухани он марди оқил солҳои то 1995 мебошад, ки пас аз он ман он мардро надидаам .Ин мардро бисёр шахсони ин қишлоқ бояд донанд.  Вай волейбол ҳам бозӣ мекарду футболро ҳам дӯст медошт.   Гуфта буданд, ки бо мардум якҷоя дар як дашт трактор овард ва майдони футболро рост ҳам кард. Афсус, ақли кофӣ надоштам, аз наздик шинос набудам. Мардуми қишлоқ илтимос ин қаҳрамонро дар хотир доред ва ба ман кумак кунед. Домулло ин илтимоси маро ба мардуми ноҳияи Ашт расонед ва ин мардро ҳатман бояд ёфт ва аз гузаштаи ин инсон ман бояд китобе нависам. Чунки ин мард марди далер ва ҳалоли қишлоқи ман буд. Ба беваву бечораҳову тангдастҳову беморон низ ёрӣ мерасонд, бо номардон сахт ҷанг мекард, на аз шоҳаншоҳ метарсид, на аз об, на аз азоб. Хушомадгу набуд. Баъзан одамҳо Раис мегуфтанд, лекин ба фикрам раис ҳам набуд, худ илтимос мекард, ки Раисаш нахонанд. Мардуми деҳот агар метавонед сурат ва корҳои ин мардро дореду донед дар сайти деҳот монед ва аз корҳои ин мард нависед. Мехоҳам ҳама мардум аз корнамоиҳои ӯ маншаъ гиранду бо ноадолатиҳо панҷа нарм кунанду истодагарӣ кунанд.  

                                                Кушониён
Ассалому алайкум марди боҳиммату ҷасур ва заҳматкашу хастагинопазир, Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як корманди давлатӣ аз ноҳияи Кӯшониён. Имрӯз мехоҳам аз ду мушкилоти фарогири кишвар гӯям, ки таъсири бештар ба ноҳияи мо доранд. Яке масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, дигаре формаи ягонаи мактаббачаҳо мебошанд.
Имсол аз авоили моҳи октябр сар карда дар маҳаллу деҳоти ҷамоатҳои “Сарвати Истиқлол”,”Меҳнатобод” ва “Ориёно”-и Кӯшониён даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба таври шадид оғоз шуда дар моҳи декабр ҳам идома кард. Тарзи даъват чӣ гуна рафта истодааст? Аз ҳар ҷавони синаш ба хизмати аскарӣ расида, рӯйи рост 10000 сомонӣ пора гирифта истодаанд. Ду роҳ дар пешат ҳаст:  ё фарзандатро ҷеғ зада аз Русия меорӣ ё 10000 сомонӣ пора медиҳӣ.
Албатта, ин кор тавассути кормандони комисарияти ҳарбии ноҳия, кормандони амният, милисаи маҳаллаҳо, раисони маҳаллаҳо ва баъзе бузҳои маҳаллаҳо бо таври муташаккил иҷро мешавад.
  Сар аз соле, ки хизмати ҳарбӣ пулакӣ шуд, аз ҳар як нафари даъватшаванда, ҳатто аз ҳар мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, хоҷагидорон, раисони маҳалла, имомхатибон ё 3000 сомонигӣ ва ё як солдат ҳар шаш моҳ пас медодӣ, ҷонат халос буд, вагарна ҳолат бад мешуд. Аммо имсол бошад, ки ставкаи хизмати пулакӣ аз 27-30ҳазор сомонӣ ба 60-67 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст, аз сари ҳар ҷавони солаш ба хизмати ҳарби расида 10000 сомонигӣ бо таври пора аз падару модари онҳо ситонида истодаанд. Ҷараёни кор чӣ гуна амалӣ шуда истодааст? Падару модар, бародарон ва наздикони ҷавонписаронро кормандони амният ба отделҳо бурда, ҳафтаҳо онҳоро маҳкам мекунанд, ҳатто онҳоро латту куб ва дашномҳо медиҳанд,ки бо чашмони худ мебинем. Дар ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд, ки ё фарзандашонро аз Русия ҷеғ зада ба хизмати ҳарбӣ равон кунанд ё 10000 сомонӣ пора диҳанд ва то даъвати навбатӣ озод шаванд. Бовар кунед, ҳоли падару модари ҷавононро дар ноҳияи Кӯшониён кас дида, солҳои ҷанги 41-45- асри гузашта ба ёдаш мерасад. Волидайни дару дарвозаҳояшонро қулф карда, гурехта дар хонаҳои наздиконашон ва ба дигар ҷойҳо паноҳ бурданд. Дар ин бора бисёр гап намезанам, чунки дар тамоми ҷумҳурӣ ин ҳолат идома дорад. Як хешамон аз Истаравшан занг зад. Вай гуфт, ки барои хизмати пулакӣ гӯён 40.000 сомонӣ додаем, лекин пулро гирифтанду аммо «бачата ҷеғ зан гуфтостанд. Ин пулат намешад, ин кам».

Ҳозир нархи раҳои аз хизмати аскарӣ расман 52000 сомонӣ аст. Аммо боз ҳамин миқдор «шапка» дорад. Чунки дар тамоми ноҳияҳо барои хизмати пулакӣ квота ҷорӣ кардаанд, аммо талабгорони пул дода раҳо мешуда чанд баробар зиёд аст. Барои ҳамин онро ауксион карда кӣ зиёд диҳад ҳамонро озод карда истодаанд.

Хитоб ба шумо кормандони амният, мерседеси сиёҳ, ҷабру зулматонро кам кунед, ҳамаи корҳоятон сабт шуда истодааст. Ҳеҷ куҷо гурехта наметавонед, шумо мемонеду ҳамин халқ. Худ андеша кунед!.
  Мегузарем ба сари мақсад. Дар ин нома мехоҳам муроҷиати худро ба сардабири ҳафтаномаи СССР Сайёфи Мизроб ироа намоям. Шумо тарафдори хизмати пулакии ҳарбӣ будед. Чандин сол ҷор задед ва ин кор амалӣ ҳам шуд ва аз ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ хушнуд ҳам шудед, ки пешниҳодатон амалӣ гардид. Акнун муҳтарам Сайёфи Мизроб, бигӯ, ки оё ҳамин хизмати пулакӣ чӣ фоидае ба ҳамин миллати қашшоқи тоҷик овард?. Ман ҳамчун як нафар собиқ мухлис ва хонандаи газетаи  СССР ба Сайёфи Мизроб пешниҳодам чунин аст, ки як таҳкиқоти журналистӣ гузаронед.

Биё ба ҳукумати Кӯшониён. Тарзи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбиро санҷида баро, ки нақшаи даъват чӣ гуна иҷро мегардад? Чанд нафар аз ноҳия даъват бояд шавад? Чӣ қадар нақша иҷро шуд? Чаро ҷавонрн аз хизмат гурезонанд? Чаро аз мардум ришва меситонед? Чаро сари вақт нақшаи даъват иҷро намешавад? Биё як мусоҳибаи мардакӣ бо ҳамин раиси ноҳияи мо гузарон. Шиори шумо ” Мо метавонем”-ҳаст ку!? Аммо ман қатъиян мегӯям, ки натавониста истодаӣ. Месазад, ки дар ибтидои шиори ҳафтаномаат як ҳиссачаи инкории “На”-ро изофа кунед, яъне ба ҷои Мо метавонем, Мо наметавонем, монед, ҷудо ҳам нағз мешавад. Аммо чаро ман собиқ мухлиси газетаи шумо гуфтам. Барои он ки аз ибтидои фаъолиятатон то солҳои 2012-ум матолиби ҳафтаномаи СССР як кам миллӣ ва мардумӣ буд. Аз солҳои 2012 то 2016 маҳаллӣ ва минтақавӣ гардид. Масалан қаблан ҳамин ,ки рӯзи панҷшанбе нашр мегардид рӯзи ҷумъа қариб, ки аз дуконҳои рӯзномафурӯшӣ ёфт намешуд. Аммо ҳоло қариб касе СССР- намехонад.
Чунки аз соли 2016 ба ин тараф дар хизмати ормонҳои миллат нею дар хизмати як оила банд гардидааст ва дигар метавони газетаатро мардумӣ нею оилавӣ ном ниҳӣ. Ман метавонистам ин матлабро рост ба адреси газетаи шумо нависам, вале давраи номардӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармост. Аз рӯзе, ки Далери Эмомалӣ ва Абдусаттори Пирмуҳаммадзода зиндонӣ шудаанд, дигар намешавад, ки ин Ҳукуматро ҳукумати демократии озод ва интиқодпазир номид. Аз ҳамон як Далере, ки ҳамаги 45 кило вазн надош, дидӣ чӣ гуна ин ҳукумати кунунӣ аз ӯ тарсид. Росташро гӯй акаи Сайёф худатро чӣ хел ҳис кардӣ, ки як ҳамкасбатро маҳкам карданд? Чаро хомӯш истодӣ?
  Бармегардем сари мақсад. Биё, мардак барин як таҳқиқот гузарон. Ҳамин хизмати пулакӣ чӣ фоидае ба буҷаи давлат овард? Он маблағ дар куҷо масраф мешавад? Тавассути кӣ ҷамъоварӣ мешавад? Чанд нафар дар ҷумҳурӣ, ақалан дар ноҳияи мо адои хизмати пулакӣ карданд?
Сониян як хоҳиши дигар аз шумо Сайёфи Мизроб. Ҳамон ҳунарпешаи ҷумҳурӣ, актёр, академик,  нависанда, хулоса ифтихори миллати тоҷик, яъне устоди ҳунар Ҳошим Гадоро мон ба кори худаш биравад. Агар воқеан давлати миллӣ ва мардумӣ медоштем, ҳоло ҳам метавонистем, аз ин абармарди миллат истифода мекардем. Ман бовар дорам, ки ҳоло ҳам дар як филми миллӣ нақши Сомонхудот ё Исмоили Сомониро бозида метавонад. Беҳтараш ин аст, ки ӯро раҳо кун. Дар чанд соле, ки дар ин даврони номардӣ аз саҳнаи театру кинои тоҷик дур буд, зиёда аз 150 ҷилд китоб навишт, ки барои миллати тоҷик дастоварди бузург аст.
   Муроҷиати баъдӣ ба Сафват муовини сардабири газетаи СССР дорам, ки намедонам ҳоло дар куҷост. Сафват яке аз ҷонибдорони қатъӣ ва аввалини формаи ягонаи мактабӣ буд, ки ҳоло ин масъала проблемаи рақами яки макотиби ҷумҳурӣ гардидааст. Вай бо навиштани мақолае бо номи “Қуръонро хонеду вазирро нахоед” (ба гумонам ҳамин гуна сарлавҳа дошт), гӯё мардумро мутақоид кард, ки ҳамагон розӣ гардиданд. Агар ба муҳтавои ин мақола дақиқ назар андозем, мебинем, ки ин рӯзноманигори муҳаққиқ ба таври худаш сураи муборакаи Масад ё ҳамон Таббатро тафсиру таҳлил мекунад. Ба қавли худаш дар ин тафсираш ҳама қабоили Қурайшро ба фаҳшову фасоди ахлоқӣ бурда расонд. Ба назари Сафват занони араб он қадар фоҳиша шуда буданд, ки синаҳои худро танҳо бо як лифи хурмо мебастагӣ шуданд ва тани бараҳна ба ҷуз як лифи хурмо дар гардан гаштугузор мекардаанд. Ва дар охир ҳам ҳазрати Муҳаммад (сс)омаду онҳоро амр ба пӯшидани либос кард, ки ин бӯҳтони бузург аст, бар занони араби қабл аз ислом. Ҳеҷ сиҳияте пайдо намекунад, ки Худованд аз як қавми фоҳишаву зинокору фосиқа фармонравоёни дунёро дуруст кунад. Ва баъдаш хулоса карданист, ки кори Вазири маорифи кишвар (ЛАТУКУБИЗАТСИЯ) дуруст ҳасту мо ҳоло то ин ҳад нарасидаем, ки занҳои мо танҳо бо як такпӯш (турсику лифчик) гаштугузор кунанд. Яъне хостори ин ҳаст, ки то ин ҳад бирасему пасон як пайғамбар ва ё ягон инсони солеҳро Худованд ба сӯйи  мо бифиристаду ӯ моро аз ин роҳ баргардонад. Инчунин ҳамон ҷо худашро саидзода муаррифӣ карду танқид аз ҳукуматҳои исломӣ карду хубу нағзакак лесиду фучиду чоплусии ҳукумат ҳам кард.
  Бар фарзи мисол, ин ҳарду масъала идеяи шумо сардабир ва муовини ҳафтаномаи СССР буданд, ки дастгирӣ шуда, амалӣ гардиданд. Имрӯз бошад аз меваҳои талхи ин идеяҳои созандаатон дар нохунак, миллати тоҷик коми худро талх доранд. Бояд ба ин кор ҷавоб гуфт.
Акнун ту ҳам, Сафват, доир ба формаи ягонаи мактаббачаҳо як таҳқиқот гузарон, ки хонаи чӣ қадар муаллиму талабаҳо ва аҳолиро ба ғамхона табдил кардааст. Биё мардак барин фақат ҳамин Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро оиди муроҷиатномаҳои ҶДММ Дарз, ки мутаалиқ ба вазири маориф аст бисанҷ. 
Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳри Бахтар муроҷиатномаи сехи дӯзандагии Дарз, аз они вазири маорифро асоснок карда чандин директори муассисаҳоро барои сари вақт насупоридан ва ҷамъ гардидани фоизи онҳо ё ба истилоҳ ҳамон пения ҷаримаҳои ҳангуфт кардаанд. Ҳаминро дида баро (ишора ба Сафват аст).
Агар ба ҳамин ду проблемаи мазбур, шумо таҳқиқот гузаронед ва агар ин проблемаҳоро бартараф кунед, шояд обрӯи рафтаи худ ва ҳафтаномаи СССР-ро баргардонед.
Хитоб ба шумо кормандони амнияти ноҳия, милиса, кормандони ҷамоати Сарвати Истиқлол, аз ҷумла собиқ раис ҳоло котиби ҷамоат Мирзохонов Ҷамшед! Заминҳои мардуми бечораро ҷудо карда деҳ ё пулҳояшонро баргардон, ки сарнавиштат мисли собиқ раисони ҷамоат Одинаев ва Ҳакимов мегардад. Ҳаррӯза кай ба кор рафтанат, кай ба хона баргаштанат, бо кӣ шишту хез карданат зери назорат аст. «Агар корои бадта бас накунӣ ҳама ҷиноятҳои коррупсионита факту далелҳош катӣ менависам. Проста камтар мужикӣ мужик мон».

 Муаллима Сайёраро раиси Ҷамоат мондед, чи хеле, ки худаш мегуяд: «мара раиса мондену гӯҳи сари чӯб карден». Муаллимаро ин хел накунед.
Ҳамчунин ногуфта намонад, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён ҳам зери назорат мебошад. Мудири шуъба Валиев Бобоҷон аз дари дарвозаҳои мактабҳо рафта пулро гирифта барнагард. Ту ҷавонӣ, ягон ташаббус нишон деҳ! Ё ту ҳам мафкураи пусидагӣ дорӣ?. Бо ронандаат бо мерседес аз пеши дари мактабҳо 300 сомонигӣ тавассути вай мегирию як бор саратро ба муассисаҳо намехалонӣ. Як бор ягон суҳбат гузарон бо ҳамон муаллимони бечораат. Ақалан ҳамин масъалаи муоинаи тиббиро ҳал кун. Охир дар ноҳияи Шаҳристон ба 47 сомонӣ оварда расонида шуд. Дар ноҳияи мо бошад ҳоло ҳам 300 сомонӣ. Гап мезанӣ ҳамон ширкати Фарозу ҳамон каллаи пӯсидаи аз тан ҷудо. Ман ҳайрони ҳамин муаллимони муассисаҳои Кӯшониёнам, ки чаро як бор аз ҳақи худ дифоъ намекунанд.
Дар охир як чанд маслиҳати муфид ба мардуми кишвар медиҳам. Дигар ба ягон мақомот пул надиҳед! То кай фиреби инҳоро мехӯрем? Дигар барои харидани праваи мошин пул надиҳед, ба заминфрӯшони ҷамоатҳо ва мардуми миёнарав пул надиҳед, барои хизмати фарзандатон пул надиҳед, ба директорону ба мудирон пул надиҳед. Хулоса, ба ягон нафари мақомоти гушнаи ин ҳукумат ҳатто ягон дирам надиҳед. Ин ҳукумат худ ба худ нобуд мешавад.

                                          Ванҷ

Салом бародар. Дар вақти дар қушунҳои сарҳадӣ кор карданам интихобот баргузор шуд ва барои Эмомтапак бояд овоз диҳем. Барои Эмомтапак ҳама овозҳоро доданд. Сарбозон бюлеттенҳоро мегирифтанду фақат ба қуттиҳо мепартофтанд. Чунки аллакай аз тани онҳо ба Эмомтапак овоз дода буданд. На танҳо дар қушунҳои сарҳадӣ, дар тамоми ҷузъу томҳои ба ҳамин минвол овоз доданд. Сарбозҳо даруни ғурфаи овоздиҳӣ намедаромаданд, ба дасташон ручка намегирифтанд.

Як чизи дигарро бояд бароятон бигӯям. Аз хуроку ғизои сарбозон ҳама аз командири қисми ҳарбӣ то сардори дидбонгоҳҳо медуздиданд. Ёд дорам, ки зимистон ҳангоми убури хати сарҳад аз ҷониби афғонҳо ва амри ҷанг бар зидди онҳо сарбозонро дар ҳайъати 12 нафар бо хлеб ва оби аз кран ба ҷанг равон карданд. Касе ба додат намерасад. Худамро ҳақ гирифта хостам шикоят кунам. Аммо шикоят сари худамро хурд. Ба ман гуфтанд, ки марг мехоҳӣ ё зиндон? Баъд аз ин хулоса баровардам, ки ман кӣ ҳастам, ҳеҷ кас.

Вақти дохил шудан ба КДАМ мегӯянд бигӯй намоз намехонам, рӯза намегирам.Ту мусалмонӣ, аммо бояд ҷавоби куфр диҳӣ. Агар бигӯӣ мо намоз мехонем, рӯза мегирем, алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастем дохил шуда наметавонӣ, чунки ту мусалмонӣ. Бовар кунед, ки дар даруни қисми ҳарбӣ дар ягон даҳ ҷой суратҳои калону хурди Эмомтапак овезон ва ё часпонида шудааст.

Широри инҳо ин аст ва худашон ҳам мегуянд, ки «ова лой бкн,  мурғобиро бигир зато Брусли ай Данғара ҳаст».  

Дар давоми ду соли хизмат шояд се ё чор бор тирпаронӣ карда бошем. Аммо тирҳоро командирҳо ба шикорчиҳо мефурушанд. Пул ва гушти сайд мегиранд. Бовар кунед, ки инҷо ягон аскарӣ нест. Фақат ҳамин ки ду соли умри як ҷавон барҳадар ва беҳуда мегузарад.

                                   Ваҳдат
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Эмомалӣ Раҳмонов талаб мекунам, ки барқи моро ба дигар кишварҳо нафурушад ва ба ҷойи он худамонро бо барқ таъмин кунад. Бе барқ, гармиву равшанӣ зиндагӣ кардан хеле мушкил аст. Чунки бебарқ на телефон кор мекунд, на интернет. Аммо мо ҳар моҳ маблағи симкарт ва обунаи интернетро месупорем. Вале истифода бурда наметавонем. Ҳар сол нархи интернетро боло мебардоред, аммо сифати алоқа хуб нест. Сифати алоқаро таъмин намоед. Бовар кунед дар даруни хона тамоман истифода бурда наметавонем. Магар мо ҳақ надорем мисли шумо бо барқ таъмин шавем? Албатта, ҳақ дорем. Мо ҳам мехоҳем бо барқ таъмин шавем, интернети хуб дошт бошем. Шумо ба Бег Сабури қудоятон, вазири алоқа супориш додед. Аммо як сол мешавад, ки вазъ бадтар шуду беҳтар не. Дигар чиз ин аст ки пардохтҳои нақдиро аз байн бурдед. Ҳоло бо ин вазъ мо чи гуна андоз ва пули барқ обу дигару дигарро бисупорем?

  Талаби дигари ман ҳамин аст ки аз ҳақи маъюбон дифоъ кунед. Барои одамони маъюб алоқаи мобилиро арзон кунед. Ман одами нафакахур ҳастам. Дар як моҳ 420сомонӣ нафақа мегирам. Ба ин маблағ чиро харидорӣ кардан мумкин аст? 65сомонӣ ба телефонам месупорам. Нархи хуроквориро нагуяам ҳам мешавад Шумо худатон хуб медонед.

  Ба шумо савол! Баъд аз онки аз вазифа рафтед бо ҳамин қадар маблағ зиндагиатонро пеш бурда метавонед? Албатта, наметавонед. Боз ишками шумо мисли ҷуволи коҳпуркунӣ хеле калон аст. Барои ҳамин нафақаҳоро ҳам нормалний боло бардоред.

Ҳамин кадар сол интизор шудам. Ҳеҷ вақт барои маъюбон дар робита ба алоқаи мобилӣ ягон чизи сабукӣ накардед. Барои ҳамин ин чизҳоро аз шумо талаб мекунам.

  Дар ширкати мобилии Мегафон барои нафақагирон тарофаи 15 сомонӣ муқаррар шуда буд. Лекин он бе интернет буд. Ба мо беинтернет намешавад. Ин арзон кардан ҳам қонунӣ набуд, як навъ чашмбандӣ буд гуем хато намекунем. Чунки барои ҷалб кардани муштариён  арзон карда буд. Агар ҳамин талабҳои моро иҷро накунед, талаб мекунем, ки шумо ҳамчун раиси ҷумҳури корношоям ва номукаллаф истеъфо диҳед!

                                   Қубодиён
Салом бародар! Мехостам як маълумот пешкаши шумо кунам. Маълумот дар бораи эшонҳои ғоратгари Қубодиён бо номи Шарифзода дар ҷамоати Зиракӣ. Бародар ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорам.

Ба ман як кампири 70-сола ин номаро дода хело хоҳиш кард, ки ба шумо бирасонам.

Ин кампир менависад, ки эшони Шарифзода Ғариб Сайбурҳонович як духтари ҷавонро аз ҳамсояқишлоқи онҳо бо зурӣ ва маҷбурӣ ба занӣ гирифт.
 Ин эшон Шарифзода Ғариб Сайбурҳонович 01.02.1993 таваллуд шудааст. Таваллуди ин духтар соли 2002 мебошад. Яке аз бародарони ин ғоратгар Шарифов Мизроб аст. Соли 2021 волидони ин духтарро маҷбур карда гуфтанд, ки агар надиҳед мо шуморо аз Қубодиён мекучонем. Ва инҳо оилаи камбағал ҳеҷ кор аз дасташон наомад ва розӣ шуданд ва духтари бечораро ба у ба занӣ доданд.
Ҳоло ин духтари бечора аз ин ғоратгар 2 писар дорад. Ин ғоратгар пеш як зан дошт аз Пахтакор.

Онҳо бо ҳам 8 сол зиндагӣ карданд. Аммо кудак наёфтанд. Духтурҳо гуфтанд, ки ту метавонӣ зани нав бигирӣ. Аммо ин духтар борвар намебошад. Занашро 3 талоқ дод. Як сол гузашт. Тамоми Қубодиёнро кофтанд. Ба инҳо касе духтар надод. Аммо омада ин духтари оилаи камбағалро бо зӯрӣ гирифт. Ин духтари бечораро ҳаррӯз дар сараш зулму шиканҷа мекунад, аммо ин духтари бечора аз тарс намедонад, чи кор кунад. Ростӣ модари ин духтар дунёро падруд гуфт.

  Аммо шаш моҳ пеш ин беномуси касиф мегуяд, ки ман ҳамон зани 3 талоқаамро аз сари нав мегирам ва туро талоқ медиҳам ва писарҳоро аз дасти ту мегирам.

 Ба ту ҷавоб! Ин духтари бечора 6 моҳ шудааст хонаи падару модаро надидааст. Ҳамчунон ин духтарро мезанад, ки харро ин тавр задан номумкин аст. Хар тоб намеоварад ва дар як рӯз мемурад.

Дар хонааш ин духтарро ранги хар кор мефармояд. Боз ба он духтар таъна мезадааст, ки хешу табори ту мурдаанд. Ин духтари бечора чор бародар дорад, ки як умр дар муҳоҷиратанд. Вақт намеёбанд, ки ба хонаи хоҳарашон бираванд, аз у аҳволпурсӣ кунанд. Духтари бечора як умр дар азоб.
Мехоҳам, ки ин садои мани модари70 соларо мардум бирасонед ва ман аз мардум талаб дорам, ки ба ин ғоратгарҳо духтар надиҳед!.

Share This Article