Бархе аз масъулони ҳукуматӣ чунин сару садоҳое роҳ андохтаанд, ки тавассути «одамҳо»-яшон бо мудири «Ислоҳ» робита пайдо карда ва ӯро таҳти контроли худ гӯйё даровардаанд. Бигзор, ҳарчи дилашон мехоҳад бигуянд. Барномаҳое, ки «Ислоҳ» иҷро мекунад на «ваъз»-анду на амри маъруф ва на Муҳаммадиқболи Садриддин «воиз». Шумо, ҳар кадоме «дард» доред, ки мутаассифона дармон ва табобаташ дар дасти ман ҳам нест. Эй кош мебуд…
Ман, бори дигар бо сароҳат мегуям, ки ин роҳро огоҳона ва дониста интихоб кардаам. Инки ҲНИТ, қудрат аст, неру аст, инки ҲНИТ Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон ва дини мардум ва нангу шарафи мардум ва инки ҲНИТ сангар, ҷабҳа ва пушти пури мардум астро на ин тараф ва он тараф ва на ягон тараф инкор карда, мунҳариф ва мунсариф карда наметавонад. Мо, ҳоло ақибнишинӣ кардаем. Ва, бархоҳем гашт. Мутмаин ҳастем ва мутмаин бошед. Садҳову садҳоҳо ҳазорҳо моро мунтазиранд.
Иштиёқу алоқаи рӯзафзуни мардум, ҳамкории густардаи миллат бо мо нишона ва муҳри таъйиди гуфтаҳои мост. Мо, як мавқеъ ва як роҳ ва як Худо дорем. Иваз намешавем ва ивазшуданро мардонагӣ ва сангарпартоиро хиёнат мешуморем.
Ва, инак хонанда ва муштоқони барномаи «Номаҳо..» нашри навбатии онро мутолаа фармоед:
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ба шумо баъзе аз маълумотҳоро, ки фикр мекунам ҷолиб аст, мефиристам. Ихтиёри нашру пахшаш бо худи шумост.
Масъалаи Ҳабиби телехи Рустам, ки баъди 30 сол бо туҳмат Шоҳрух Саид зада аз бари Рустам ва хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов дур кард, 150%дуруст аст. Девона шудагианд дар ин масъала, ки як сол буд касе нафаҳмид, вале аз куҷо баромад ин гап? Худашон дар ҳайрат мондаанд, ки чи хел Муҳаммадиқбол инро фаҳмид ва ӯ кӣ аст ки хабарҳои даруни моро ба онҳо мерасонад, чи хел инро фаҳмида бошанд. Ҳабибро панҷ -шаш моҳ маҳкам карданд. Масъалаи гум шудани пул ва следит кардани Шоҳрух ҳамааш дуруст аст.
Шоҳрух дар дохили сейф скритий камера мемонад. Аз ҳамонҷо 20 ё 200.000 мегирад, ки меқапанаш. Наручник мезанад ва аз пеши Рустам мебарад. Вақти бурдан Ҳабиб мегуяд: “э, Шоҳрух ту чи ко мекунӣ, мара наручник назан. Дар пеши ин кудако мара шарманда накунед”. Аммо Ҳабибро 5нафар аз коргарони Шоҳрух дастбанд зада мебаранд.
Ин дар корҳои Шоҳрух «мишат» мекард. Ҳозир тамоми қадами Рустам зери назорати Шоҳрух аст.
Боз як факти дигари конкретиро дар бораи Шоҳрух ва таъсири он болои Рустам инҷо ба шумо мегуям. Шоҳрух ҳатто қабулгоҳи Рустамро контрол мекунад.
Сардори шуъбаи мубориза бо маводди мухаддири Хатлон, яъне Нодирро қапиданд. Ин кори Раҳим Рамазон аст. Чи тавр?
Вай пештар сардори милисаи Сарбанд буд. Он вақт, кадом рӯзе Рустам мегуяд, ки «бихе биё муовини милисаи шаҳр бишав». Мехезад меояд, ки онҷо нафареро бо номи Мурод мемонанд, ӯро намемонанд. Раҳим Рамазон гапашро намегирад. Мегуяд фалониро фалон ҷо мон, вале ин гапашро намегирад. Мехезад рост қабули Рустам меравад. Дар приёмний мешинад, ки Шоҳрух занг мезанад. Мегуяд, ки чи унҷа шиштай?
Мегӯяд, ки маро калон фарёд кард. Аммо муовин намондам. Мегуяд,ки “ту хапу дам бра ҳамон ҷотда кор кардан бигир. Ягон гап нагу. Ҳозир ира мегуӣ (яъне Рустамро дар назар дорад Шоҳрух) мегирад ура (Рамазон Раҳимзодаро) ҳақорат мекунад. И муғули ҳарома намедонӣ, мемонатдаву ҷошда проблемат мекунад.” Наконетс проблема кадаш ку!
Нодирро Рамазон Раҳим подстава кард. Через амният бо наркотик «туғриш» кард, бирафт, ҳаминтавр.
Сари ҳамин Фаттоҳ Саидро, ки пеш аз қапидани Фируз Холмуродову боз чандин нафарони баландмақоми Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз кор шармандавор берун карданд 100% Рамазон Раҳим кард. Коғазҳо ва наворҳои «безеб»-ро дар дасти Ятимов доду парид рафт Германия табобат. Как будто ягончиро намедонад. Бовар кунед ин бисёр муғамбири бад аст.
Бародар Муҳаммадиқбол.Шумо дар яке аз барномаҳо аз он гуфта будед, ки иллати як каме таъхир, қариб як соат дар шуруъи барнома тамоси ногаҳонии чаҳор нафар генерале буд, ки ночор шудед бо онҳо суҳбат кунед. Ман рости гап намедонам ки шумо воҳима кардед ё дар ҳақиқат бо генералҳо суҳбат доштед, аммо ҳоло дастури сахт шудааст, ки он чаҳор генералро пайдо ва ошкор намоянд.
Дар ин миён генерал Шоҳрух Саид, сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноятии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, аз чи бошад, ки ин гапро ба худ кашидааст ва мисли девори намкаш гапҳое зада истодааст, ки Юсуф Раҳмонов, Додситони кулли Тоҷикистон ӯро таҳти контроли алоҳида ва махсус қарор дода нисбати вай шакку шубҳа пайдо кардааст. Шоҳрух Саид дар чанд ҷое гуфтааст, ки «ма Муҳаммадиқболи Садриддина таҳти контрол дорам ва дар ташвиш нестам, ки чи мегуяд. Ма чанд вақт шуд, ки ба воситаи каналҳои худмон дар алоқаем қатиш ва аз ҳар чи ки мегуяд дар барномаҳояш огоҳем ва гуфтаҳояш ҳамааш реклама беш нест. Ба воситаи шогирдом общие язык ёфтагийем қати Муҳаммадиқболи Садриддин».
Бародар Муҳаммадиқбол! Ин гапҳоро худи одамони наздики Шоҳрух гуфта истодаанд. Вақте Шоҳрух дар ҳайати командаи Рустам дар Хитой қарор дошт, ин гапҳоро шогирдонаш дар Душанбе гуфтанд. (Хуб нашри ин маълумот худаш далолат аз чӣ мекунад? Албатта хонандаи тез ҳуш фаҳмид,ки “Ислоҳ” зери диктаи касе кору фаолият накарда аст ва ин шо Аллоҳ нахоҳад кард)
Замоне, ки Хуҷа- командирро дар Дубай дастгир карда буданд, Шоҳрух худаш барои овардан-истирдоди ӯ парида рафт. Шоҳрух бо ӯ дар хориҷ дар боздоштгоҳ вохурда, шарт мегузорад, ки «мебаремат ба гапи ман мекунӣ, ёрдамат мекунем, срокатро кам мекунем. Якчанд номҳоро мегириву мегуй, ки бо ту дар тамос буданду ёрдамат мекарданд.»
Дар ҳақиқат баъди овардани Хуҷа Карим ба Тоҷикистон вай номҳои зиёдеро гирифта буд. Мақомот байни худ одамҳоро фарёд карда ва шантаж карда суми калон гирифта «тема»-ҳоро хомуш мекарданд.
Нури Фақир, Музаффар Ашуриён (Музаффар Ашуриён-вазири адлияи Тоҷикистон, замоне, ки Хуҷа-командир гап мезад чойкашакаш буд. Чандин бор МузаффарАшуриёнро аз дасти боевикҳо халос карда буд. Кутоҳи гап, ки Ашуриён то мурдан аз Хуҷа-Карим қарздор аст. Хуҷа командир Музаффар Ашуриёнро калта гуфта фарёд мекард. Чандин бор ба Музаффар Ашуриён занг зада мегуфт, ки «а бача кори мара ёрдам кн, муовини Озодаӣ, наход ҳамиқа курнамак бошӣ? Ашуриён ваъда мекарду намекард. Як чанд бор сум равон карда буд ба Хуҷа Карим, барои онки Хуҷа бе сум шуда буд. Аммо ягон бор барои пешравии кораш коре накард. Нусрати бетурсук, Алиматов, Убайдуллоев Маҳмадсаид, Ҳасани Ориёнбонк, Исмати Дулик ва дигаронро гирифта буд, ки Инҳо замоне, ки Хуҷа дар хориҷа дар ҳолати фирор қарор дошт, ба ӯ пул роҳӣ мекарданду баъзе корҳои дигарашро дар Тоҷикистон иҷро мекарданд. Мақомот «я чи сум кор кард неки. Я чи ҷамъ кард. Иёда по..яй, кияй у, террористай, одамхырай касе набоша, сум, сум фақат сум».
(Хонандаи азиз!Дар бораи Шоҳрух Сайид ва падари вай Фаттоҳ Саид, мо маводди калонеро омода кардаем. Ҳоло мунтазир ҳастем, ки чанд факти дигар тасдиқи худро биёбад. Сипас нашрашон мекунем).
Зафаробод– Деваштич
Зуфархон Исмоилзода, раиси ноҳияи Зафаробод аст. Ҳоло Зафарободро ба як майдони мубориза ва ҷанг бар зидди «Ислоҳ» табдил кардаанд.
Зуфархон Исмоилзода аз Деваштич-Ғончии пешина аст. Инҳоро Исмоиловҳо мегуянд. Акааш дар прокуратура кор мекунад. Як вақтҳо прокурори Истаравшан буд. Аввалҳо дар ҳукумати вилояти Суғд кор мекард. Баъд дар Ғончи раис шуд. Дар вақти раисиш садҳо адад чинорҳои қаламрави ноҳияро, ки аз саду дусад сол ҳам бештар умр доштанд, буриду фурӯхт. Дар ҳамон вақтҳо буд, ки Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон президент шуд. Мирзиёев ва падару бобоҳояш аз деҳаи Яхтани Ғончӣ аст ва як вақт гуфтанд, ки Мирзиёев зодгоҳаш меояд. Ҳамин сабаб шуду дар вақти раисии Зуфархон бархе аз кучаҳоро мумфарш карданд. Дигар дар ноҳия ягон хел фоидааш расидагӣ нест. Як вақт Раҳмонов ба ноҳия омад. Гуфтанд, ки скваж кофта об баровардем. Аммо дар асл мошинҳои пожарнийро оварданд, как будто об баромад, аммо на самом деле об набуд. Ҳамаро фиреб карданд. Дар пеши чашми ҳама Раҳмоновро ҳам гул заданд. Зани Зуфархон то соли гузашта дар ЗАГСи Ғончӣ кор мекард. Лола ном дорад. Бисёр порахур аст. Шахсан аз ман ду бор 300 сомонӣ гирифтагӣ аст. Барои онки дар фамилия худашон хато карданд, як ҳарфро хато навиштанд, барои ислоҳи он ҳарф сесад сомониамро гирифтанд.Вақте Душанбе кор рафт як духтари 18соларо ба занӣ мегирад. Як бачааш Анис, шояд ҳоло майёр бошад, дар Ғончӣ ҷонишини паспортний стол буд, дар шуъбаи загранпаспорт мешишт-ҷойи руғанӣ.
Акаи Зуфархон, ки дар прокуратура кор мекунад як арақхур мебошад. Се сол пеш хонааш пурра оташ гирифту сухт. Аз он сабаб, ки бо пули ҳаром сохта шуда буд.Вале пулдор, ки ҳастанд дар ду-се моҳ аз нав сохтанд.
Вақте Зуфархон Исмоилзода раиси ноҳияи Ғончӣ буду муҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасид, Ҳакимов Олим ном шахсе раиси хоҷагии деҳқонии деҳаи Эшон Қурбон буд. Зуфархон аз вай 40000 доллар мегирад ва мегуяд туро ман дар ҷои худам раиси ноҳия мемонам. Боз 40000 доллари дигар аз Бобур нафари дигар, ки раиси кумитаи заминсози ноҳия ва дар бораи ҷиноятҳои ин оилаи Абдуллоевҳо «Ислоҳ» навишта буд, мегирад. Вале ҳардуяшро ҳам кидат мекунад ва на инаш раиси ноҳия шуд ва на онаш. То чанд вақти пеш инҳо байни ҳам кашокашу даъво доштанд. Ҳоло намедонам, ки даъвояшон хомуш шуд ё давом дорад.
Ана ҳамин гуна афроди қаллобу муттаҳам намояндаи Президент ва ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияҳо ҳастанд.
Бохтар
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман падари шуморо хуб мешинохтам. Шуморо ҳам аз барномаҳоятон зиёд мебинам. Ман яке аз онҳое мебошам, ки барои «барқарории сохти конститусионӣ» мубориза кардаам. Ҳоло нафақахурам. Мисли ман даҳҳо нафар аз собиқ аъзои “Фронти халқӣ” ҳазор бор пушаймон ҳастем ,ки ин лаънаткардаи Аллоҳ, писари Майрами гурсухтаро сари қудрат овардем. Ман рутбаи баланди ҳарбӣ дорам. Ҳоло писаронам ва домодҳоям дар ин ҳукумат кор карда истодаанд. Аммо ман ба шумо як чизро мехоҳам бигӯям. Аз замоне, ки ҳукумат боқувват шуд, соҳаҳои пурдаромади тиҷоратҳои қонунӣ ва ғайриқонуниро ба зери назорати худ гирифтанро сар кард. Бизнеси маводи сухт: бензин, газ, солярка, бизнеси машрубот, сигарет, дору- фармацевтика ва дигар бизнесҳои реалиро зери дасти худ гирифт. Аммо аз ҳама бизнеси фоидаовар ин маводи мухаддир буд, ки дар дасти дигарон буду метавонист бо маблағҳояш таъсири гуногун ба давлат расонад.
Дар ин тиҷорат Шамоловҳо, Чоловҳо, Ғафор Мирзоев, Туркмен фаъол буданд. Аксарияти инҳо оҳиста-оҳиста аз ин тиҷорат дур шуданд ё дурусттараш дур карда шуданд.
Баъзеро зиндонӣ карданд ва баъзеро куштанд мисли Туркмен. Нафси одамӣ ҳаду канор надорад. Чи тавре мегуянд, «Свято место пусто не бывает». Боз пайдо шуданд нафароне, ки ба саҳнаи бизнеси наркотик баромаданд. Монанди Боим, Эмом Хуяк бо бародаронаш, Тоҷиддин командиру Тоҷиддин Пиров, мафияи Фархор таҳти назорати Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Боим аҷаб сағераи рискованный буд. Дар любой круг мечаспонд худашро. Қариб ҳама ба у сум медоданд, ки «оборот тияду фоидаш қатӣ тияд».
Иззатулло Шариф (Зорро) Абдураҳим Каҳҳоров, собиқ вазири дохилӣ, домодҳои Нуриддини Раҳмон, кам -кам Алимардонов ва дигарон маблағҳои калон ба Боим медодану крышагӣ мекарданд.
Як чизро ба шумо бигуям. Боимро дар Русия бо наводкаи худи ҳукумати Тоҷикистон қапиданд.Чандин нафарро бо туҳмати оне, ки гуё бо Боим буду сумаш медод, душняк карда дороиҳояшонро гирифтанд. Ҳол онки онҳоеро, ки ҳақиқатан бо Боим буданду сумаш медоданд, чизе нагуфтанду нафарони бегуноҳро бо туҳмат бомж карданд.
Мисол: домоди Нуриддин Рахмон бо номи Бахром Холназаров фармон дод, ки Файз Мамедовро,ки соҳиби аптекаи1 ва дигар аптекаҳои пеши пеши Душанбе буд, туҳмат кунанду дороияшро кашида гиранд. Бисёр Файзро ғам доданд. Файз Мамедов ба назди Нусрати бетурсук рафта хоҳиши ёрдам кард. Нусрати бетурсук ба Нуриддин Раҳмон аз корҳои домодаш гуфт ва корро тинҷ кард. Аммо Файзро аптекаҳояшро ва боз чанд чизи дигарашро гирифтанд.
Хуб, чи тавре, ки гуфтем ин навбат ҳам ин поток наркобарончаҳоро чун пештара шикастанд. Ғайр аз чанд нафари лозим ба худашон.
Боз ба майдон нафарони дигар ба монанди Рустами фархорӣ ё Хаммер, Эраҷи Развилка, Мурод ва дигарон баромаданд. Рустами фархориро 29 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳол онки Рустам шабу рӯз бо Фаридуни Умарови Пантера буд. Он рӯзе, ки Рустамро меқапанд, Фаридунро ҳам меқапанд. Баъди Фаридунро қапидан гапи Мансур Умаров, акаи Фаридун бо Фатоҳ Саид сахт мегурезад. Он вақт генерал Мансур Умаров, муовини аввали раиси КДАМ буду Фаттоҳ Саид директори Хадамоти гумрук. Фаридун дар 3 сол баромад. Эраҷи развилкаро низ бо фармони боло печонданду ҳамаи дороиҳояшро гирифтанду ба муддати дароз шинондан.
Танҳо Эмом Хуяк тавонист, ки дар ин майдон монад. Чун у бисёр пухтаву доно аст.
Аммо айни замон тамоми тиҷорати наркотик дар Тоҷикистонро худи Раҳмонов ва оилааш ғасб карданд. Зоир –домоди калонии Раҳмонов ин тиҷоратро таҳти назорати худ даровард.
Яке аз сабабҳои дар назди Президент сияҳ кардани лидерҳои пештараи Бадахшон, ин маҳз наркотик буд.Чандин бор Зоир хост, ки лидерҳои бадахшонӣ бо у ҳамкорӣ кунанду борҳоро через ӯ ва пулро бо ӯ тақсим кунанд, аммо онҳо рад мекарданд. Ҳамин тавр Зоир ба МВД ва КГБ фармон медиҳад, ки «любим путём» дар Президент сияҳ кардан даркор. «Гузоришҳои сохта пешниҳод кунеду сари Президентро тоб диҳед! »
Бечораи Абдулло Назарро (собиқ сардори КДАМ-и ВМКБ) қурбонии ин бозӣ карданду бо қатли ӯ хостанд армияро дароварда ҳамаро қир кунанд ва чунон ҳам карданд.
Баъдан Зоир боз «ход»-и дигар карду ба МВД ва КГБ фармон дод, ки онҳоро ба пойтахт даъват кунед. Ҳамин тавр ҳам карданд. Қариб ҳамаашон омаданд. Ғайр аз Боқир. Вазир собиқ қумондонҳои Фронти халқиро низ даъват карду ташкилиҳои вазнин кард. Онҳоро ба Хуҷанд, Кулоб ва дигар ҷойҳо тамошо доду маслиҳатҳои махфӣ баргузор кард. Қариб кор ҳал шуд. Онҳо ба Помир баргаштанду ба Боқир гапҳоро расонданд. Боқир ҳамаи пешниҳодҳоро пурра рад кард.
Кутоҳи қисса, ки дар охир КГБ тамоми агентураашро барои охирон амалиёте, ки гузашт дар Бадахшон истифода бурда Зоирро ба мақсадаш расонданд. Нападения ба кормандони амният ва дигар корҳо аз тарафи худи амният сохта шуда буду онро гурӯҳи дигари амнияти анчом дод.
Акнун Зоир ба мақсадаш расид.
Ин охири кор нест. Бояд Зоир акнун мафияи Фархорро шиканад. Дар он мафия Мансур Умаров, наздикони М.Убайдуллоев, Эмом Хуяк ва дигарон шомил мебошанд. Бинобар як маълумоти дигари ба мо расида Мансур Умаровро охири сентябр аз кор мегиранд ва ба ҷойи вай як данғарагии дигар раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон мешавад.
Сабаби куштани ҳама лидерҳои Бадахшон дар он буд, ки Зоир гуфт:«чем сума тақсим кардан лучше ҳамаша худмон гирем»
Нуробод
Бародари азиз салом! Номаи моро дар барнома нашр кунед. Ман аз Нуробод. Мехоҳам вазъияти инҷоро ба шумо фаҳмонам. Мо мардуми Нуробод ҳама шуморо мешиносем ва ба шумо бовар дорем. Чунки шумо гапи ҳақро мегуед.
Вазъияти Нуробод бениҳоят бад аст. Барои «облава» падару модаронро бурда маҳкам мекунанд, мезананд. Чандин нафарҳо, ҳатто занҳо-модарҳоро дар отдел бурда заданд. Мардум ҳоло аз эътироз кардан метарсанд. Милисаҳо дар мо асосан аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд.
Ба мардум бениҳоят зулм мекунанд. Дар ҳама масҷидҳои ноҳия телевизор монданд ва садои азонро бастанд. Чандин масҷидро бастанд ва ба мардум мегуянд мактаб бисозед.
Чандин бор 1000 сомонӣ аз ҳар як оила мегиранд. Чандин мактабҳоро мардум ба истифода доданд. Ин мактабсозӣ идома дорад, аммо аз ҳисоби худи халқ. Риштарошӣ то ҳол идома дорад ва мардумро намемионад, ки тоқии сафед кунанд ё сала бибанданд. Бовар кунед безор шудем.
Ғарм
Саломуалейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Печеи поёни Ғарм мебошам.
Масҷиди деҳаи моро як моҳ баъди моҳи рамазон руст карданд, то ҳоло руст мондааст. Ягон сабабашро ҳам нагуфтанд. Гирифтанду маҳкамаш карданд. Бародар, до того мардумро мурғ кардагианд, ки ягон кас гап зада наметавонад. Як хелҳоро духтаронашонро мебаранду таҷовуз мекунанд, сукут мекунанд. Ин деҳаи ҳамон Раҳими ғармии тоҷир аст.
Соли 2022 буд. Масҷиди қишлоқ сухт. Соҳибкорҳо хостанд аз нав бисозанд. Корро сар карданд. Аз амнияти Ғарм омада масҷидро дигарбора чапа карданд. Гуфтанд,ки « масҷид пасҷид намесозед, гапзанта фалон мекнем».
Шамшод гуфтанӣ як амниятӣ куратори ҷамоат буд. Амаки ман дар Русия кор мекунад. Бобиямро амнияти Ғарм фарёд карданд. 20.000сомонӣ дод, баъд амакамро халос кард, ки хизматаш набаранд. Ман 6 сол мешавад дар Русия ҳастам. Ин Раҳими ғармӣ дар интернет воҳима мекунад. Ҳамон масҷидеро,ки бастанд аз хонаи вай 150 метр дуртар ҷойгир шуда аст. Ягон кас наметавонад лаб боз кунад. Чанд рӯзи пеш рост кардани масҷиди деҳаи Навободоро шуруъ карданд. Мардумро гуфтаанд, ки намози ҷумъаро он вақт мехонед, ки сарбоз диҳед. Қишлоқҳое, ки мурғи сахташон кардагиан: Печеи болову Печеи поён, Шулмак, Шоиндара, Шуле, Санги маликӣ, Бини Суфиён мебошанд. Дар инҷоҳо бузҳо беҳад бисёр аст.Аммо бародар як чизро бароятон пешакӣ мегуям, ки оқибати ин сиёсат вой аст. Мардум як рӯз не як рӯз метаркад..
Турсунзода
Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракатуҳу! Бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар бораи таможникҳои порахур менависам. Агар ин номаро нашр кунед, ман бовар дорам боз чанд мардбачае мешунавад ва бо факту далел менависанд. Ин беобрӯ ва шармандасозии давлати Тоҷикистон то кай давом мекарда бошад? Роҳбарияти Хадамоти гумрук куҷоро нигоҳ мекарда бошад?
Ин кормандони гумрук, ки дар Регар -гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистон- кор мекунанд, инҳо хоини миллатанд.
Аз тамоми мардуми Узбекистон, шофёрҳои фураи рус, қазоқ, тоҷик, узбек барои печат задан дар паспорт 50 сомони мегиранд, ҳатто аз студенту пенсионерҳо ҳам. Аз амаки ман 50 сомонӣ талаб карданд. Ӯ гуфт ман нафақахурам ва ман меҳмонам. Гуфтанд, ки «мода фарқ надорад, нафақахур бошӣ тогда 30 сомонӣ бите». Як меҳмон аз Узбекистон аз кабинети таможний баромаду «уф» кард. Ман пурсидам тенҷӣ буд ака? Гуфт ман як соат ждат кардам, даҳ бор даромадам пешаш, то 50 сомонӣ надодам дар паспортам печат назад.
Ман худам зиёда аз 20 сол мешавад дар Русия ҳастам. Ҳафт соли охир ватан нарафта будам. Соли гузашта ба мошинам рафтам. Дар ҳудуди Узбекистон ва дар сарҳади Узбекистон ягон мушкилот набуд. Ҳуҷҷатҳоро аз берун аз окошка медиҳӣ мебинанд, печат мезананд, ягон сум намепурсанд. Боз бо лутф ва бо иззат гап мезананд. Дар сарҳади Тоҷикистон бошад даруни кабинет медароӣ, ду-се кас шиштагӣ, ранги сагу ҷугӣ пул мепурсанд.
Бовар кунед ягон ҳурмату эҳтиром нест, бе саводанд, даже ба забони русӣ гап задан наметавонанд .
Ман тақрибан соатҳои 9 саҳарӣ дар сарҳад будам. Бачаҳоям таб доштанд, касал буданд. Вазъиятро фаҳмонидам.Дар сарҳади Узбекистон зуд гузарониданд
Вақте гузаргоҳи сарҳади Тоҷикистон омадем тақрибан 200 нафар одам истода буд. Ягон касро марзбонҳо намемонданд. (Баъд фаҳмидем, ки ин ҳолатро махсус ташкил мекрадаанд, барои пулканӣ)
Ман пеши сарҳадчиҳо даромадам. Гуфтам, ки кудакҳо касал, илтимос печат занед, мо гузарем. Аввал не гуф. Гуфт дар навбат исто. Баъд гуфт 50 сум деҳ ҳал мекунам, маҷбур шудам додам. Оё кумитаи сарҳадот ин ҳолатро намедониста бошад? Ё медонанду пул кор мекунанд?
Баъди аз назди сарҳадчиҳо гузаштан навбати гумрук мешавад. Дар инҷо ҳам ҳамин ҳол, пури одам, очеред, ягон касро қабул намекунанд.
Ду коргари таможни шиштагӣ буданд. Ман пурсидам барои чи қабул намекунед? Яке аз онҳо ҷавоб дод, ки старшиямон дар маҷлис. Даҳлез баромадам.
Дар пеши телевизор як подполковник шишта буд. Пешаш омадаму вазъиятамро фаҳмондам. Подполковник тез аз ҷояш хесту ҳуҷҷатҳоро гирифту гуфт, ки ҳамааш ҳал мешавад. Ман хурсанд шудам, ки вай одами ба инсоф будааст, мисли сарҳади Узбекистон. Лекин афсус, ки 250 сомонӣ талаб кард. Ман гуфтам барои чи, ҳамаи ин бе пул аст ку. Қаҳраш кард.100 сомонӣ додам.
Дар вақти очеред истодан дар сарҳад бо як ронандаи фура суҳбат кардем. Вай худаш аз Регар буд. Ӯ аз завод алюминий мебурд ба Туркия. Ҳамин ронанда нақл кард, ки як рӯз аз мурдаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки через Узбекистон меоварданд таможникҳои тоҷик 200$ – ро гирифтанду баъд тобутро гузаронданд.
Вой бар ҳоли шумо! Дар пеши худованд чи ҷавоб медиҳед?
ГАИ -ҳо ҳам ҳамин хел, балки аз инҳоям бадтар. Мошини ман номери Русия дорад. Барои тонировка 600 сомонӣ гирифтанд. Боз одолжени карда мегуянд, ки ба номи Аллоҳ мо 1000 сомонӣ гирифтанӣ будем, лекин 600 сомонӣ гирифтем.
Ман гуфтам шумо номи Аллоҳро мегиреду боз 600 сомонӣ мепурсед .
Як рӯзи муҳлати тонировка гузаштагӣ буд. Шанбеву якшанбе ГАИ кор намекунад. Гуфтам рӯзи душанбе мерваам ГАИ в пули тонировкаро месупорам. Шумо маро ҷавоб диҳед. Не гуфтанд. Ду кас буданд. Ҳардуяшон ҳам аз Кулоб. Шикамҳояшон ранги Шрек. Бовар кунед, 600 сомониамро гирифтанд.
Инҳо бо ин пули ҳаром чи хел зиндаги мекунанд! Пули додагиям заҳри баданат шавад. Дар оши мотами занату бачаат сарф шавад!
Дар пости Ваҳдат ҳам ҳамин ҳол.1000 сомониро канданду маро боз таҳқиру таҳдид ҳам карданд. Боз Раҳмонов даъват мекунад, ки Тоҷикистон меҳмонӣ оед. Э,Раҳмонови касиф! Ин сагбачаҳоятро ҷамъ кун. Инҳо Тоҷикистонро дар руи ҷаҳон шарманда карда истодаанд. Дар ҷонам заданд. Тоннировкаро кандам. Ҳуҷҷатҳо 100%. Все равно дар як рӯз то се бор меқапанд, бе ягон нарушений, манъ мекунанд. Инҳо ҳастанд террорист ва хиёнаткор. Ба худо қасам, ҳар ончи инҷо мехонед, ҳодисаҳое ҳаст, ки аз сари худам гузашт.
Шаҳристон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Он чизе, ки ба шумо мефиристам, ҳамааш ҳақиқат аст.
Формаи ягонаи мактабӣ маҷбурӣ аст. Раиси дастгоҳ гуфт, ки қарори вазири маориф сохта аст. Аммо, мо медонем, ки ин форма маҷбурӣ аст. Баъзе аз падару модарҳо мегуянд, имсол як дона брюк бигирам, либосҳои пешинаашро мепушад ва ё инки аз они бародарашро мепушад. Аммо дар баъзе аз мактабҳо ин пешниҳоди падару модарҳоро рад карда маҷбур карда истодаанд, ки формаи нав бихаранд. Баъзе мудирони мактабҳо падару модарҳоро маҷбур карда истодаанд, ки формаи дар мактаб барои фуруш овардаро бихаранд. Рафта бозорро дидам. Бозор хеле арзон аст. Масалан1дона куртаи сафед дар бозор 60 сомонӣ, худи ҳамин курта дар сех 80 сомонӣ. Дар бозор костюму шим 120 сомонӣ. Дар сехи Дилнозабону165 сомонӣ.
Падару модаронро водор карда истодаанд, ки ба бачаҳояшон аз сехи Дилнозабону ,ки бо директор чи хел шартнома доштааст, формаи мактабӣ бихаранд.