Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№93

Ислоҳ нет

       Дар чанде аз «Номаҳо»-и пешина аз баъзе аз ноҳияҳои камфаъол ва камҷуръат гуфта будем, ки бо Ислоҳ камтар дар иртиботу алоқа ҳастанд. Дар дасти мо номае аз Хуҷанд, аз ҳамон ноҳияҳои камфаъол расид, ки дар воқеъ як масъали бисёр ҳам ҷиддӣ ва мубрами Тоҷикистонро дар миён гузоштааст. Мо, на як бору ду бор гуфтем, ки мушкил ва масъалаи асосии Тоҷикистон ва халқи он Раҳмонов ва оилаи вай аст. То вақте Раҳмонов ва хонаводаи вай дар сари қудрат ҳаст, Тоҷикистон ва мардуми он руи рушд ва пешрафтро нахоҳад дид. Дар номае, ки аз Хуҷанд ба мо раисд, ин масъала як бори дигар ва бо далели қотеъ исбот мешавад. Марҳамат, бихонед:

                  Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап, пеш аз онки ин номаро ба шумо бифиристам, хеле ҳам фикру андеша кардам. Гап дар инки ман чанд сол дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд кор кардаам. Ҳоло кор намекунам. Аммо, иллати навиштанам ин аст ки дигар дар ин шаҳр ҳеҷ чизе ба дасти хуҷандиҳо нест. Ҳама чиз, ҳама корхонаҳоро ҳамонҳое, ки «бачаҳакои боло» мегуед, гирифтаанд. Ин мавзуъ ва масъалаи дигар аст ки ягон вақти дигар ботафсил бароятон менависам.

  Ҳоло дар бораи як масъалаи дигар мегуям. Се соли пеш буд, ки як дастури пушида аз КДАМ бо имзои СС.Ятимов омад. Дар он гуфта мешуд, ки бояд корхонаҳои давлатии хусусишуда санҷида бишаванд, ки оё онҳо тибқи шартнома ва шароити мувофақашуда бо Кумитаи  сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ кор карда истодаанд ё не?    

    Ҳукумати шаҳри Хуҷанд он сол гуруҳи корие иборат аз кормандони ҳукумат ва ниҳодҳои қудратӣ ташкил кард ва корхонаҳои хусусиро дар ин самт санҷид. Мақсади ин супориши пинҳонӣ ин буд, ки ин корхонаҳоро дубора давлат кашида мегирад. Ва боз аз нав фурухта буҷҷаи кишварро аз ин ҳисоб таъмин мекунад.

Ҳукумати Хуҷанд корхонаҳои саноатиро огоҳ кард  ва гуфт дар сурати тибқи нақша  кор накардан давлат пас мегирад.  

Маълум шуд, ки барои мисол корхонаи азими  “Нассоҷи Хуҷанд” баъди хусусӣ шудан мувофиқи мақсад кор накарда истодааст ва гуруҳи корӣ санадеро ба унвони ҳукумати Суғд ва роҳбари корхона ирсол кард, ки ин корхона бояд фаъол шавад. Дар сурати фаъол нашудан  ин корхонаро  дигарбора дар ихтиёри ҳукумат мегиранд. Хулоса, ингуна корхонаҳоро мо санҷидем ва ошкор кардем, ки кадомеаш тибқи барнома кор карда истодааст ва кадомеаш корхонаро хусусӣ кардаасту дар он ба дигар корҳо машғуласт ва ё инки замину молу мулки корхонаро фурӯхта ва тамоман аз истеҳсол монондааст. Ҳоло тамоми маълумот пешашон ҳаст ва маълум шуд, ки ин  гуна корхонаҳо дар саросари кишвар аз 1000-ҳо адад зиёд аст

    Аммо, дар охирин лаҳзаҳо аз иҷрои ин дастур сарфи назар карданд. Дар ҳоле, ки чандин муддат гурӯҳи корӣ санҷиш гузаронида хеле аз қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор карда буд. Баъзеҳо корхонаеро, ки барои мисол ду се миллион доллар арзиш доранд бо 100-200.000 ҳазор доллар харидаанд. Баъзеҳо корхонаҳро комилан аз байн бурда ҳатто замини онро ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ ба мардум бар ивази маблағҳи калон фурухтаанд.

Баъдан маълум шуд, ки иллати дар охирин лаҳзаҳо сарфи назар кардан аз иҷрои ин дастур ин будааст, бештари корхонаҳои хусусӣ ва баъдан фурухташуда ба наздикони худи раиси ҷумҳурӣ тааллуқ доштааст. Барои мисол Ҳасан Асадуллозода садҳо корхонаҳои пахтатозакунӣ, корхонаҳои орд, нефтабазаҳоро бо нархҳои ночиз хусусӣ карда сипас онҳоро фурӯхтааст.

Азбаски ҳамин наздикони худи Раҳмонов ба ин кор аз ҳама бештар даст зада будаанд, барои шояд як муддат, барои онҳоро як бало карда аз ин «проблема» халос кардан аз иҷрои ин кор фориғ шуданд.

Аммо, ман бовар дорам, ки ин корро ҳатман, имрӯз не пагоҳ аз нав ба иҷро медароваранд. Ҳам барои пур кардани буҷҷа, чун як манбаъи тоза ва хеле ҳам руғанӣ барои такмили буҷҷа мешавад ва ҳам як манбаи даромади ҳангуфт ба дастандаркорони ин нақша. Яъне, хулоса гапи ман ин аст ки дар Тоҷикистон ҳифзи манфиати хонавода аз ҳифзи манфиати давлат болотар ва авлотар аст. Агар инҷо манфиати оила ва авлод набуд, ҳоло ин дастур ба пуррагӣ иҷро мешуд.

   Бародари азиз, бовар дорам, ки ин навиштаи моро дар як навор намоиш ҳам медиҳед. Ман дар бораи инҳо гуфтаниҳои зиёде дорем. Дар оянда маълумотҳои зиёде мефиристематон. 

                            Рудакӣ

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Аз як ҳодисаи ваҳшатнок бароятон мегуям. Ҳодиса рӯзи 07.12.2023 дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ ба амал омада боиси бехонумон шудани сокинон, ба шумули кудакону солмандон гардид. Соати 10.00-и он рӯз кормандони милиса аз тарафи Коллеҷи тиббии мутааллиқ ба генерал Фаттоҳ Саид-падари Шоҳрух Саид, сардори УУР-и МВД ,тарафи птитсафабрика омада хонаву дари дар бари он коллеҷ будаи мардумро харобу валангор карданд. Инҷо чандин хонвода зиндагӣ мекунад. Якеаш 30,якеаш 15,якеи дигараш 11 ва ба ҳамин минвол замин дорштанд, ки аз соли 2000,яъне 24 сол мешавад, дар онҷо зиндагӣ мекарданд.Хонаву дар сохта буданд. Аммо омаданду ин ҳама хонаҳои мардумро шикастанду чапа карда заминҳояшонро гирифтанд. Гуфтанд:  «закон моем, хонадор моем, касе гапзан бошад пеш биёяд. Гапзантона ме..оем, Касе нест аз пушти шумо  хезад».

Баъзе аз сокинонро ҳабси хонагӣ карданд, ба баъзеяш дело кушоданд. Ягон кас ягон кор карда натавонист. Ба радиои «Озодӣ» муроҷиат намудем, ақалан наомаданд. Мактубҳои шикоятии мо то ба инстансияи охир намерасад.

 Маълумотнома ба Рустами писари Эмомалӣ равон кардем, мактуб то охир намеравад. Ҳамон рӯз ба як зани 48 сола ва зани 53 сола, ки дуввуми чор фарзанди духтар дошт гуфтаанд, ки шумо бой ҳастед, ҷоятонро меёбед.

Документҳои ин хонаҳоро мо аз  соли 2000 дар даст дорем. Вале инҳо соли 2014 документҳои қалбакӣ сохтанд ва ҳоло омада хонаҳои мардумро ба зӯр гирифта истодаанд: ба ҷангу разбор. Дар суд обешат карда гуфта буданд, ки мо мегирем ин хонаҳоро аммо бар ивазаш хонаву дар медиҳем аммо ҳафт декабр омада ҳамаро сур карданд.

Хонаву дар ва заминҳои моро ҳамин генерал Фаттоҳи Саид ва писараш Шоҳрух Саидзода чапаву хароб карда заминашро гирифтанд. Дар онҷо онҳо барои коллеҷи тиббиашон биноҳои нав месохтаанд.

                                    Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи  Садриддин! Ман сокини шаҳри Кулобам. Мехоҳам арзи худ ва чанд муалими мактаби миёнаро бар шумо расонам.  Дар Кулоб  як мактаби русӣ аз тарафи Русия бо номи Ущинский сохта ба  истифода дода шуд. Директори ин мактаб Розиқова  Рухшона аст. Оиладор, соҳиби 3 ё 4 фарзанд. Ин аз як ҳисоб шавҳарашро задагӣ. Ба ҷуз аз шавҳар боз бо як прокурори дигар алоқа дорад,ки кришаваташ мекунад. Кадомеро хоҳад пулашро гирифта баъдан то муддати як сол бо вай шартнома мебандаду кор мекунад.

 Баъд аз як сол боз пул талаб мекунад. Агар зури корманд расад,кор мекунад, агар не, аз кор пеш ва боз дигар касро қабул мекунад. Ҳамроҳи очааш ва як ҷиянаш ҳамара ба дод овардаанд. Бовар кунед, сари ҳар як талабаи нав 2000 сомонӣ пора мегирад. Агар талабаи нав то нимсолаи якум, яъне ду чоряк баҳои паст бигирад, аз мактаб сур мекунад ва боз бо дигарашро пулашро гирифта қабул мекунад.

  Нисбати муаллимон низ вазъият ҳамин тавр аст. Агар модараш бо кадоме аз онҳо камтар сахт равад ҳоли он муаллима ҳоли саг мешавад: ё аз кор пеш мекунад, ё чапаш мегирад.Ҷиянашро  бошад сардори муҳофизони ҳамин мактаб мондааст,ки  номаш Аминҷон мебошад. Дар ин мактаб як ҷавонзане фаррош кор мекард. Ин зан шавҳардор мебошад. Духтараш низ дар ҳамин мактаб мехонд аммо ин ҳаромзодаи Амирҷон аз зани шавҳардор талаби ҳамхобагӣ кард. Аммо дар ҷавоб ин зан ба вай гапҳои қабеҳ зада гуфт: «ту шарм намедорӣ ман шавҳар ва хонаи обод дорам». Номард ин зани бечораро чап гирифта духтари мактабхонашро бо чоплусаконаш маслиҳат карда баҳои паст гузошта аз мактаб пеш  кард. Кадоме гап мезанад мегуяд, ки маро фақат аз министерство департаменти образовании Москва гирифта метавонанду тамом. Дигар ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Ҳатто муаллимаҳое, ки тариқи озмун дар назди комиссияи Маскав экзамен супоридем гузаштанд, лекин пора надоданд ба ин ҳаромӣ. Директор инҳоро низ пеш кард.  Падараш дар дами марг буд, лекин ба пули пораҳои гирифтагиаш падарашро ба   табобат бурд. Ҳатто ҳамин 3-4-нафари калазардак ҳам дар ҳаминҷо кор мекунад даҳани инҳоро ҳам ба пора бастагӣ аст. Охир ин ҳукумати Тоҷикистон куҷоро нигоҳ мекунад?.   

                                           Зафаробод

     Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман аз Зафаробод ҳастам. Дар «Минбари муҳоҷир№ 233» аз Зафаробод Авезов суҳбат кард. Ин Авезов дар ноҳия дар милитсия кор мекард. Вай ҳам мисли дигар милитсияҳо як порахур буд. Баъди чанд вақт аз муҳоҷират ба ватан баргаштам. Авазмаҳмадро дар масчид дидаму ба худам гуфтам худо ҳидоят кардааст ба роҳи рост, мошоаллоҳ. Аммо   боз дар барномаи шумо баромада аз пешвои золимаш ҳимоят карда истодааст. Русҳо мегуянд «горбатого могила исправить» ва ҳамин рост будааст. Дар хунаш пешвояш ҷой шудааст. Инҳо дигар намешаванд пешво мегуянду мемиранд, субҳоналлоҳ.
Боз мехоҳам аз собиқ раиси ноҳия Раҷаббой Ашурзода нависам. Ин одам раис  шуда омаду ноҳияамон бе файзу бе барака шуд. Якум соҳибкорони хурд аз дасти ин беинсоф ба дод омаданд. Дуюм каналҳое, ки деҳқонон аз онҳо кишту корашонро об медоданд, ҳардуяш ба об зор шуд. Сеюм агар як инсон дар ноҳия як дукон созад барои иҷозат то панҷ ҳазор сомонӣ мегирифту иҷозат медод. Деҳқонони нохия аз ин оби канал умед надоранд. Ҳамаашон скваж -чоҳи зеризамини бо маблағи  зиёда аз 100 ҳазор расход карда об бароварданд. Насосҳо ҳамааш куҳнаву корношоям мебошанд. Корхонаи таъмини оби ноҳия ҳатто усто надорад. Дар вақти союз дар тамоми зеризамини ноҳия трубаҳои барои газ ва обро шинонида ва аз онҳо истифода мекардем. Дар давраи раисии Абдураҳман Қодирӣ дар вилоят кандану фурухтани ин садҳо километр трубаҳоро сар карданд. Охирашро ин касифи Раҷаббой Ашурзода канда фурухта тамом кард. Ин трубаҳоро дар бозори Баракати Хуҷанд дар соли 2022 фурухтанд. Аз посёлкаи Ҳаёти нав трубаҳоро аз зери замин канда берун оварданд. Мардуми ин деҳа баромада талаб карданд, ки барои онҳо аз ин труба диҳанд то мардум обро аз канал то ба деҳа оваранд. Вале мардуми ин деҳа пушаймон шуданд аз талаби труба. Амнияти ноҳия омада якчанд касро гирифту рафт. Баъди чанд вакт инҳоро боз аз дасти амниятиҳо харида гирифтанд. Онҳоро амниятиҳо то ба статяи 307, ки дар ватанамон машҳур аст оварда буданд. Ин Раҷаббойи касиф аз ҳамин ноҳия мебошад. Ноҳияро ба бадтарин ҳол оварда расонд. Ӯро аждаҳор лақаб гузоштанд, чашмаш сер намешуд. Аз дасти ин Раҷаббой ҳатто муаллимҳо ба дод омаданд. Аз маоши ҳар як  муаллим 100 сомонӣ барои ободонии ноҳия гуфта пул медошт вале ноҳия ягон хел обод намешуд. Соли 2020 вақти коронавирус дар ноҳия кумаки президент омаданӣ буд. Раҷаббой Ашурзода ҳамаи соҳибкорони ноҳияро даъват карда аз соҳибкорони хурд 5000 сомонӣ аз дигарҳо боз бисёртар маблағ ҷамъ карда гирифт ва соли 2021 пешвояшон бо ноҳия омад.  Дар ноҳия як соат истод. Барои омадани пешвояшон се иншоот ва як хона тайёр карданд, вале ба се иншоот рафту тарафи хона нарафт. Раҷаббой соҳиби хона ва ҳамсояҳояшро таъмир кунед гуфта ба дод оварда буд. Вақте дар канал об сар медиҳанд аз ҳар як мактаб ба сари ин канал дар сари ҳар як трасси об ду- се муаллимро қаловур мемонад. Дар ҳақи Мирзосафар, имоми масҷид инро гуфтаниям, ки ин имом қорӣ мебошанд, шогирди домулло Боймаҳмад. Шогирдони зиёд доранд. Ягон шогирди чопик надоранд. Қорӣ Мирзосафар  бисёр одами хуб мебошад. Дар намозҳои ид дар масҷиди ноҳия хутбаро ҳамин қорӣ мехонанд. Сад дар сад маҷбур кардагиянд, ки бо шумо суҳбат кунад. Ин амниятиҳоро Аллоҳ лаънат кунад, ки қориву муллоҳоро, ки мардум ҳурмат мекунад, маҷбурашон мекунад. Аммо ин Авезов Авазмаҳмад чопик аст. Амниятиҳо моро маҷбурӣ аз ҳизб хориҷ карда бошанд ҳам вале мо сидқан бо ҳизби Наҳзат ва бо устод Кабирӣ ва бо шумо ва бародарони мубориз ҳастем.

                                 Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Номаро хонед, мефаҳмед, ки ман кӣ ҳастам ва чанд номаи ба ин монандро бароятон фиристодаму шумо ҳам чоп кардед. Яке аз усулубҳои кори КДАМ,ки аз КГБ-и СССР мерос мондааст ин аст ки барои мудирияти чизе, ҳолате ва ҷомеаи идорашаванда омили камбудиро муайян карда, онро аз байн мебаранд ё ивазаш мекунанд. Чун вақте инҳо мебинанд, ки имконияти мубориза бурдан бо он нест, одам роҳӣ мекунанд. Вале одамҳои инҳо ба фарқ аз одамҳои давраи шуравӣ, ки ботаҷриба ва босавод буданд, ягон тактика, стратегия, философия ва умумн ягон қавру балоро намедонанд. Барои он ки дар ҳама чо хешутаборбозӣ, инҳо кадр нестанд. Вақте ба алоқа мебароянд, ҳисоботи бардуруғ медиҳанд, ки «ҳама100,қариб омад, иқаи дигар монд, сум ройӣ кунед». Дар ҳоле, ки ягон кор накардаанд. Ин навбат аз ҳамон стратегияи шуравӣ истифода карда ба мақсад расиданианд.

  Гуё инҳо ҳоло дар дохили оппозитсион нафаронеро вербоват кардаанд. Акнун замоне расид, ки онҳо дар амал бошанд. Кабириро бояд «убрат» кунанду яке аз одамои худашонро дар Паймони миллии Тоҷикистон дар мақоми раисӣ қарор диҳанд ва бо ҳамин Паймон дар контролашон бошад. Баъди ин дар дохили Паймон Муҳаммадиқболи Садриддинро сиёҳ карда «ай круг» мебароранд ва баъд худи Паймони миллӣ Муҳаммадиқболи Садриддинро ба мақомот месупорад.

Аммо бародар як чизро бидонед, ки ин корҳо намешавад. Барои онки ин корҳоро кадрҳои хуб метавонанд анҷом диҳанд. Кадрҳои хубро инҳо дар ҷойҳои нолозим мондаанд. Ҷойҳои пурдаромад ва равғаниро барои хешони худашон додаанд. Кадрҳои ҳирфаиро беҳурмату беқадр карданд ва онҳо аз иҷрои чунин корҳо ҳатман худро канор мекашанд. Инҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки нақшаҳоро бояд срочно тағйир дод.

 «Аз Муҳаммадиқбол ба Кабирӣ гузаштан даркор. Кабирӣ паси парда Муҳаммадиқболро ранги кукла управлять мекунад. Ягон гапу масъаларо Муҳаммадиқбол бе амри Кабирӣ намекунад ва намегуяд. Бояд Кабириро дар муҳлати кутоҳтарин аз байн бурд ва дар ҷояш, яъне Раиси Паймон нафари ба мо даркориро монд. Он нафароне, ки бо Шумо аз дохили онҳо ҳамкорӣ доранд, бо онҳо нақшаҳоро мувофақа кунед ва барои иҷрояш нақшаҳоро пешниход кунед.   Нафаре, ки ба ҷои Кабирӣ ояд, бояд пурра таҳти назорати мо ва аз мо бошад.»

                      Бобоҷон Ғафуров

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Хистеварз ҳастам. Раҳмат ба шумо,ки дар бораи Хистеварз чоп мекунед. Ҳоло дар бораи як масъалаи дигари Хистевраз гуфтаниам. Масъала дар бораи ГАИ аст. Дар Хистеварз базаи ГАИро овардаанд. Дар ҳар сари қадам, дар ҳар сари роҳ гаишникҳоро мебинӣ. Шахсони мошини одӣ доштаро протокол мекунад, сарватманду пулдорҳоро мебинад, чест медиҳанд.

Ин ҳодиса дар бозори мол руй дод. Дар як ҳуҷра дарварда акси онҳоро гирифт, ин коргарони мақомот боз чӣ нақша дошта бошанд? Рӯзи 8 декабр дар бозори чорво шахсони ришдорро коргарони 6-0й отдел дар назди бозор дар як ҳуҷра дароварда суратҳои онҳоро гирифта боз чанд нафаари дигарро маҷбурӣ ришашро гирифта ҳамаи онҳоро тафтиш карданд.

Санаи 15 декабр бошад ин корро боз ба таври бадтар карданд. Дар бозори Хистеварз бо номи Самеъ Раҳмон як бозори калон аст. Ҳашт -даҳ нафар коргарҳои   амниятӣ  телефони ҳамаро тафтиш  карда бачаҳои ришдорро ришашонрро гирифтанд. Аз ин корҳои амниятиҳо ва 6-ой отдел дар барномаҳои марбут Хистеварз гапу ҳарфҳо кам-кам ҳам бошад гуфта шуданд. Барои ҳамин онҳо аз “Ислоҳ” сахт дар ташвиш мондаанд, хоб надоранд. Бадбахтҳо тамоми қувваашонро сарф карда истодаанд, ки биёбанд он нафареро, ки бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ мекунад. Ин золимҳоро фаҳмонед, ки ба мардуми ҷамоати мо халал нарасонанд зулм накунанд,то ки барномаҳо дар бораи Хистеварз дар “Ислоҳ” аз ин ҳам зиёд нашавад.

Як огоҳӣ ба Раҳмонов ва сарвазир Қоҳир Расулзода !

Агар барқи моро ҳамин хел хомуш кардан бигиред дар тамоми деворҳои кучаҳои биноҳои Хистевраз истеъфо Раҳмонов, истеъфо Қоҳир Расулзода менависем. Мо садҳо нафар ҳастем, зану марду ҷавону пир. Дар як шаб ин корро анҷом медиҳем баъд аз худатон гила кунед. Инро қабул кунед вагарна пушаймон мехуред. Барқи моро доимӣ кунед. Шумо на аз Худо ва на аз халқи Худо шарм намекунед. Он тараф,дар болои куча қирғизҳо барқ доранд, дар поёни куча дар Тоҷикистон барқ надорем. Боз изо накашида Тоҷикистон биҳишти рӯи замин мегуяд.

  Ҳоло агар як кудаки қирғиз гиря кунад, падару модарашон ба онҳо Тоҷикистонро нишон дода метарсонанд, ки хап кун ба гуристон бурда мепартоям. Барои онки Тоҷикистон шаб, ки шуд, мисли гӯр торик  мешавад. Бо ҳамин кудакҳояшонро хап мекунанд.

Хоҳиш,ин ҳарфи дили хистеварзиҳоро расонед. Мо на аз 6-ой отдел ва на аз амниятиҳо метарсем. Чунки, бародар Муҳаммадиқбол, мо шуморо хоин намешуморем. Хоинҳо болои сари мо ҳукумат доранд. Свети моро гирифта аз Қайроққум ба қирғизҳо шумо нафурухта истодаед, ку.Свети моро хоинҳо ба қирғизҳо фурухта истодаанд. Вақте барои душман хизмат мекунӣ, ту хоин ҳастӣ. Инҳо барои душманҳо, ки замину замони моро ғасб кардаанд, свет дода истодаанд. Пас, хоини воқеӣ ҳаминҳоанд.

                                              Душанбе

 Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Шумо дар яке аз барномаҳои “Номаҳо аз ноҳияҳо”дар бораи як масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ ва доғ суҳбат кардед. Дар бораи навиштани аризаи тавбаву пушаймонӣ аз тарафи баъзе аз собиқ мухолифин ва онҳое гап задед, ки бо ташвиқу таблиғи мақомот ночор ва маҷбур ба ин кор мешаванд. Ман худам яке аз ҳамин гуна нафарон ҳастам, ки чунин аризаро навиштаам. Ин барномаи шумо хеле пеш буд, хато накунам дар номаҳои №15 ин масъала матраҳ шуда буд. Шахсан худи маро ҳам даъват карданд, ки чунин ариза нависам. Ман аз ин найрангу ҳиллаи онҳо бо хабар будам. Худамро ба нодонӣ задам ва  гуфтам ман намедонам, ки чи гуна нависам ин аризаро. Онҳо баъд ин аксро ба ман равон карданд ва аз номи ман ариза навистанд ва ба ман равон карда гуфтанд, ки акнун ту ба таври хаттӣ навис ва имзо мон ва мисли ҳамин ҷавоне, ки дар акс мебинӣ, ҳамон тавр акс гиру равон кун мо мушкили туро ҳал мекунем

  Дар ин ариза ному насаби ман ва соли таваллудам ҷой дорад, ба ҳамин хотир ман ин ҷойҳоро сиёҳ кардам:                          

    Ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковники милитсияи Раҳимзода.Р. аз номи шаҳрванд…. соли таваллудаш…. зода ва сокини шаҳр,ҷ/д… (фамилияи ва ном)

                                            Ариза

   Дар баробари навиштани аризаи худ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар соли … дар ғоибии ман нисбатам барои содир намудани ҷинояти моддаи 307, иловаи..и қисми… Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

         Айни замон ман дар Федератсияи Россия қарор дорам,аз кирдорҳои содирнамудаам сидқан пушаймон шуда мехоҳам ба Ватанам, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, барои халқу ватан хизмат намуда, дар онҷо истиқомат кунем.

  Аз ин лиҳоз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастури ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои нисбати ман эзоҳи моддаи 307,иловаи…,қисми…КҶҶТ татбиқ намуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданам, мусоидат намоед.

                               Аризадиҳанда:…

таърихи рузу моҳу сол

Аммо, дар охир чи гуфтаниям. Гуфтаним,ки аслан бовар накунед. Ва,агар бовар кунеду омаданӣ бошед ва хоҳед кӣ баъди омадан зиндонӣ накунанд, бо киссаҳои пури пул оед. Вагарна ҳатман зиндонатон мекунанд. Боқӣ худатон медонед.

Ps: Ҳамаи шумо шоҳид ҳастед,ки  мо борҳо гуфтем ва боз ҳам мегуем аслан ба ин “эзоҳ” ва “афв”-ҳои ин нобакорон эътимоду боварӣ накунел. Агар шумо ин араизаро навишта фиристед шуморо пас аз он занг мезананду мегуянд, ки барои ҳал шуданаш 100 ҳазор рубл масалан фиристед. Шумо мефиристед ва мегуянд коратон ҳал шуд гаштан гиред. Пас аз чанд моҳ боз занг мезананд делои шумо боз боло баромад боз як маблағи дигар фиристед. Ҳаминхел мешавед гови ҷушо ва ҳама вақт шумо бояд пул фиристед ба ин мақомоте аризаро фиристодаед. Боз шакли дигараш мегуянд баргард як бор мепурсем шуморо тамом. Меравед мепурсанду мекобанд ҷурме ё бо пули калон пора дода ҷонатонро наҷот медиҳед ва ё зиндонӣ мешавед. Хулоса ҳеҷ гоҳ ба мақомоти дузду роҳзани Раҳмонов бовар накунед.

Share This Article