Махсусияти муҳтавои барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст ки воқеият ва ҳақиқати гирду атроф ва муҳити иҳотакардаи мардумро худи мардум мегуяд. Онро наметавон рад кард ва ё таҳти шубҳа қарор дод. «Номаҳо…» навиштаи онҳое аст ки дар даруни ҳодисаву воқеаву ҳолату вақтанд. Бо вақти реалӣ. Чизе изофа намекунанд ва илова ҳам намешавад. Руку рост, ончиро ки мебинанду медонанду шунавидаандро мегуянд. Номаҳои зеирн гувоҳи иддаои мо аст. Бихонеду бисанҷед ва агар пай бурдед ва дидед, ки муаллифе таҳрифи воқеият кардааст, дарҳол посухи вайро дар кафи дасташ бигзоред. Яъне ба мо бинависед ва бигуед, ки ин матлаб ва ё ин факт саҳеҳ нест. Мо дар барномаҳои зиёди худ чунин номаҳо доштаем ва шумо ҳам метавонед ин корро кунед:
Москва
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯз пеш дар пойтахти Русия-Маскав мақомоти ин кишвар аз як қочоқбари маводди мухадири тоҷик 270 кг ҳероин кашфу мусодира кард. Ин ҳодиса дуруст дар рӯзҳое воқеъ шуд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ барои бо худ бурдани Дилшод Саидмуродов, нафаре,ки дар дуздӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам дониста мешавад, ба Маскав омада буд. Вазири дохилӣ тасодуфӣ наомада буд, ва маълум аст ки пешопеш гапзанон карда буданд. Аммо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон тавассути каналҳои худ дар Москва корро тавре тоб дод, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзодаи буқача холӣ баргардад. Ва, дар назди Раҳмонов беобрӯ шавад. Ҳоло Юсуф Раҳмон мехоҳад, ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро, ки бо Раҳмонов хеле ҳам наздиканд ва Раҳмонов ба онҳо сахт бовар дорад ва такя мекунад, дар чашми Раҳмонов камранг ва ниҳоятан сиёҳ кунад.
Боздошти Ғуломи қочоқбар дар наздикии шаҳри Маскав кори дасти Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон маълумоти дақиқ дорад, ки ин бор бори Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай аз чанд вақт аст ки дар пайи Зоир аст ва нақшаву нияташ ҳам ҳамин аст ки Зоирро ба иттиҳоми қочоқчӣ бадном кунад. Тайи ду соли ахир самти Русия барои Зоир сахт «неудачний» шуда истодааст. Ин ҳадди ақал се бор шуд, ки партияҳои калони бори чандмиллиондолларии Зоир ба даст меафтад ва наказаташ мекунанд.
Чанд сол пештар Обиди бачаи Эмом Хуяк бо фармони падараш 25 кило героини Зоирро дар Русия кидат кард. Ин чанд бори ахир бо наводкаи Юсуф Раҳмон борҳои Зоирро қапидану қапида истодаанд. Агар ба ҳамин минвол рафтан бигирад Зоир ба носфурушӣ мегузарад.
Юсуф Раҳмон ин 270 кило борро хабар дода аммо овоза андохтааст, ки Рамазон Раҳимзода ба русҳо хост бар ивази дастгир ва таслим кардани Дилшоди красавчик ин маълумотро ба онҳо бидиҳад.
Кулоб
Ассалому алайкум, Пешвои миллат, бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳи меҳрубон пирузиро насиби мову шумо гардонад.
Нома аз рустои Комсомол. Номи наваш Сарёзии миёна. Мо, халқи ин деҳа дар азобу ситами Абдуҷаббор Зардиев ва писаронаш гирифтор шудаем. Ростӣ, намедонам аз ҷабру зулми кадоме аз писарони вай оғоз намоям.
Беҳтараш аз худи Абдуҷаббор Зардиев сар кунем.
Дар мо аз ду қишлоқ 193 гектар замини подачарро сангов оформит карданд. Яъне замини давлатӣ. Аз ҳамин 193 гектар Зардиев 120 гектарашро замини президентӣ ва подачар тақсим карда буд. Пасвои миллат Раҳмонов худро дар пеши халқ ширин карду замини президентӣ гуфта тақсим кард
Аммо Зардиев Абдуҷаббор ҷойҳои лаҳми заминро подачар оформит карда андози давлатро надода пахтаву гандум мекорид ва ба фоидаи киссаи худ истифода мебурд. Беш аз 70 гектарашро барои худаш ва 120 гектари мондагиашро, ки ба худо қасам санговзамини қоқ буд, ба халқ замини президентӣ гуфта тақсим кард. Подачараш тақрибан 10 гектар монд. Замин неву санглох.
Аслан заминҳои президентии мо бояд аз болои деҳа дода мешуд. Аммо замини лаҳмро Зардиев Абдуҷаббор солҳои тулонӣ бе налог кишту кор карда гашт. Эмомалӣ Раҳмонро лой молида гашт. Аҷобати кор дар онки нафсаш қарораш нагузошту хост ҳамроҳи писараш-Набӣ ҳамин замини подачарро гирифта «маленкий городок» ва бозорча ташкил кунад. Дар лаби раҳ як бино сохту рафт ба пасвои миллат пешниҳод кард, ки мо мехоҳем, ки дар ҳамин заминҳои холии сангов беҳбудӣ кунем. Пасво дид, ки заминҳои кушоду холӣ аст, гаврикоша равон кард, маъқул карданд. Ва, аз дасти ин золим гирифтанд заминҳорову худашон минтақи озоди иқтисодӣ ном карданд. Пешниҳоди Абдуҷаббор Зардиевро Эмомалӣ отказ кард.
Аз одамҳои наздики Абдуҷаббор Зардиев шунидам, ки гуфтанд баъд аз онки пешниҳодашро Эмомалӣ отказ кард ва заминҳоро одамҳои наздики худи Раҳмонов гирифтанд, як моҳ зиёд қанд ва фишори хуни Абдуҷаббор Зардиев боло рафтаву касали руи ҷогаҳ шудааст. Ва, ҳамин тавр қандаш дигар паст нашудаву то ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Ҳатто дилашро зӯр омад ва Олмон рафту клапани дил иваз кард. Гуфтанд, ки ин навбат охирон бори ҷарроҳи дили вай аст, кафолат ҳам надодаанд. Аммо мегуянд, ки ганда мурдан надорад, рост будааст намурд.
Баъд аз онки одамҳои Раҳмонов барои минтақаи озодӣ иқтисодӣ ба чену андозагирии заминҳо омаданд, як бор рафтанд сари заминҳо. Дарҳол Ҳусниддини писари Абдуҷаббор Зардиев бо ҳамсинфи Набии бародараш, ки Юсуф ном дорад ва раиси маҳалла аст, даст ба заминфурушӣ заданд. Халқ ҳама рафта замин харид. Барои таҳҷои хона. Юсуф сумро дарза мекард ва мебурду медод ба Ҳусниддин. Байни халқу Ҳусниддин Юсуф миёнаравӣ мекард.
Баъдан боз дуюмбора аз Душанбе барои минтақаи озоди иқтисодӣ ченкунӣ омаданд.
Диданд, ки дар инҷо аллакай пеши халқ бетонрезиро сар кардааст. Филҳол хабар ба боло рафт. Ва зуд аз ин тараф ба насби ришоткаҳо сар карданд. Тана ба танаи битонҳои рехтаи одамҳо.
Баъд полний маҳкам карданд гирди заминҳоро ва ришткапеч карданд. Халқи бечора тамом, аз гову молу ҳол халос. Мардуми бечора 2-3 говӣ доштанд, дигар ҳамаҷо маҳкам, ҷойи алафбиёрӣ нест, пода ҷои чаридан надорад. Халқ дар қишлоқ чӣ дорад? Аз ҳамон 2-3 гову замин маҳрум гаштем, аз замин ҳам ва аз гов ҳам. Ба умеди «городок» кунии ҳоҷӣ Набӣ ва минтақи озодашон. Руяшон сиёҳ.
Бояд акнун дар 193 гектар заводу фабрика бисозанд. Вале гуманд. Мо аз ҳамон заводу фабрикаатон безорем.
« Ай аму ойлики гуё медодагии шумода гову замин беҳтар буд, чун нақд ва дар дастамон буд. Деҳқон гандуми замистониашро аз замин мегирифту як тайлоқ фарбеҳ мекарду пули договори солонаи институти бачаша медод. Ҳоло чӣ? Ҳеҷ чизе нашуд. Ду даст дар почаки бинӣ мондем».
Боз азоби заминхаридагиҳо сар шуд. Заминфурушҳоро «допрос» карданд, дарҳол Юсуфшайтон омад, фир гашту гуфт, бачаҳо акнун илтимос, харидем нагуед. Бигуед,ки мо солҳои дароз колхозчӣ будем, аз ҳисоби бе сум колхоз доданамон.
Аслан вақти пулгирӣ барои замин ягон ҳуҷҷат надода буданд. Халқи камбағалро гуфта буданд,ки баъд медиҳем. асосан, касоне, ки ба суроғи ҳуҷҷат рафтанд, боз Ҳусниддин алоҳида сум требоват кард: 3 ҳазор сомонии дигар.Боз пулро мегирад, оё медиҳад ё не номаълум.
Ҳоло боз омаданд аз Душанбе барои минтақаи озоди иқтисодӣ. Қасам ба Худо трактор оварданд ва чапакунии хонаҳоро сар карданд. Аз сари оғилҳои бригадаи Абдурасул чандеашро чапа карданд, ки халқ хесту доду фиғон кардан рафтанд.
Эй ҳамватанони азизам. Мо бояд ин доду фиғонро барвақттар сар мекардем. Ҳо ҳамон даврае, ки бори аввал аз Душанбе барои минтақаи озоди иқтисодӣ кардан омада буданду заминҳоро гирифта ришотка заданд. Аммо, мо хеле дер кардем.
Акнун дар бораи Сафар Зардиев писари дигари Абдуҷаббор Зардиев ва бузҳояш каме маълумот медиҳам.
Баъд аз онки заминҳоро аз дасти халқ гирифтанд, халқ говҳояшонро фурухтанду яктои говашро нигоҳ дошт. Баъд ба Арна чаронднӣ мебурданд. Дастчарон, ки дар бехи як гов як одам аз бандаш қапида рост буд, ки мабодое гов ба суи заминҳои Сафар Зардиев нигоҳ накунад. Сафар говҳоро хала мезанад. Бешухӣ говҳои Сайфиддини ҳамсинфашро хала зада буду зани ҳамсинфашро тамоми ҳақоратро карда буд.
Сипас ин Сафар ду нафар Рамазони Абдулло ва Нури Гагаринро, ки гову моли зиёд доштанд, ба худ буз кард.
Бо маслиҳати бузҳояш заминҳои аз роҳ болои Арнаро гирифта ба Нури Гагарин дод ва аз роҳ поёнро ба Рамазони Абдулло. Ин ду буз халқро ба суркунӣ сар карданд, ки дар инҷо гов начаронед. Кадомеаш, ки гарданғафсӣ мекарду мегуфт, ки «ма шапидагиюм шумора, шумо киен»? Ин бузҳо дур мерафтанду дарҳол ба Сафар занг мезаданд. Сафар омда ҳақоратро сар мекард.
То ҳаде худо задасташ, ки гумроҳ шудааст. Мегуфтанаш аз худо битарс, накун ин хел корҳоро. Наузубиллоҳ мегуфт,ки ҳамон худо, ку фарёдаш кунед, ман бинамаш. Аммо шерҳои нарре буданд, ки Сафрро ҳам шапидагианд.
Аммо ҳама милисаҳои отдели Зиркаӣ якҷо бо участковий аз худашон аст. Дар пеши ҳамаи милисаҳои он территория ба гузи Зардиев ва писаронаш лабай мегуянд. Ин Сафар Зардиеви номард зуд милисаҳоро фарёд мекунад. Бо фармони Сафар говашро мебаранду алоҳида протокол мекунанд, худашро алоҳида. Ин Сафар ҳатто говро ҳам протокол мекунад, ки гандуми маро хурд. Аз тани гов соҳибаш имзо мекунаду 200-300 сомонӣ ҷаримааш мекунанд. Нури Гагарин ва Рамазони Абдулло, ин ду буз бо ҳамроҳии Сафари Зардиев халқро «да пчоқи писта ҷо кадагиян».
Дар деҳа ва дар ҳамаи колхоз, на танҳо дар қишлоқи Комсомол, дар ҳамаи гирду атроф овоза шуд, ки ин Нури Гагарини буз зани ҳамсояашро, ки шавҳараш дар Русия аст таҷовуз мекунад ва бо вай кайфу маишат мекардааст. Онҳоро дар болои зинояшон қапиданд. Ин корро зани худи Нури Гагарин кард. Хусури келин омад, раиси маҳалларо фарёд карду маҷлис баргузор намуданд. Дар маҷлис гуфтанд, ки чи кораш кунем? Ин таҷовузкорро? Ними халқ хесту гуфт,ки бадарғааш кунед аз қишлоқ. Нур, ки ғуломи Сафар ва обчии замини пахтааш буд, пуштибониро сар кард. Пагоҳ аз отдел омаданд. Ҳамаи онҳоеро, ки дар маҷлис иштирок доштанд ва таклифи бадарға карда буданд, бурда дар отдел 200 сомонӣ ҷаримаашон карданд ва боз 2 ҳафтаи дигар кашокашон карданд, албатта бо фармони Сафар Зардиев. Акнун мардакбарин вақте акаи Муҳаммадиқбол мегуфт ҳоло сабр кунед занҳову духтарҳотона таҷовуз мекунанд ва гап задантон намемонанд бо чашмомон дида истодаем валлоҳи қасам.
Кутоҳи гап ин аст ки дод ва ҷабр аз дасти ин Сафар Зардиев. Инро гуфтанӣ ҳастам, ки э,пасвои миллат Раҳмонов! Ку заминҳои президентии додагиат. Гуё дилат ба халқ сухту замин додӣ. Вале ба умеди минтақаи озоди иқтисодиат мо дигар замини президентӣ надорем. «Бгӣ масалаи Заридиева бин, моро замин те. У болои қишлоқ замини президентӣ оформит кардагӣ аст. Аммо Зардиев истифодаш бурдестай. Ба худо мо безор шудагием ай и бзои Зардиев Абдуҷаббор».
Яктои дигараш бо номи Мулло Иброҳим, бародари нотании Зардиев, падаряки модарҷудо. Мулло гуфта халқи бечора ба маъракаҳо даъваташ мекунанд. Қасам ба худо бузи амният аст. Дар ҳар куҷо, ки одам бисёр бошад ё ду намуд хурок бошад дарҳол камера мекунад ва мефиристад: «ҷошда миян 8 ҳазор штраф менависанду мераванд». Охир ин чи қонуни танзим шуд дар ҷонмон заден ба ин қонунтон ҳарромо.
Ба номи Аллоҳ қасам 90% деҳаро намефорад, ки аз пушти ту намоз гузоранд. Аммо аз пушти Абдуҷаббор Зардиев ва амният ту каттагӣ карда истодаӣ. Қасам ба Аллоҳ бародар Муҳаммадиқбол, ҳама чизҳои масҷидро дуздида бурдагӣ аст. Илҳоми Путин барои масҷид як движоки калон роҳӣ карда буд, аз подвалат барораш ва оварда ба масҷид гузор ё фурухтиаш? Онро барои ту нафиристод, барои маъракаҳои сокинони қишлоқ фиристода буду ба масҷид. Эй буз, Хушбахти Мурод ҳамаи гапро дар руят гуфт. Аз ҳамаи чизҳои масҷид бохабар буд, ҳисобу китоб мекард, аз пулҳое, ки аз Русия ҷамъ карда барои ободии масҷид фиристода буд, аммо ту ҳамроҳи Сафари Сайтоҷ ва Юсуфшайтон хурдед. Сафар 1000 долларашро ба калла гирифт. Аз соли 2009 то ҳозира наовардаӣ. Ҳамаи инро дар руят мегуфт. Ҷои куштанашро мекофтӣ. Дидӣ, ки бо ҳоҷӣ Набӣ гапҳояшон гурехт. Барои 1000 сомонӣ Хушбахт носозу ногап шуд. Аз фурсат истифода карда Набиро гуфтӣ, ки бо Муҳаммадиқбол ҳамин гап мезанад. Данийҳои шумо ва акаамро ҳамин Хушбахт додааст. Набӣ ҳам медонист, ки Хушбахт пуле, ки грузиташ карда буд, намедодаш. Дарҳол аз момент истифода бурда, бурда бегуноҳ хоини миллат гуфта тюрмааш кард. Каналҳои ин Набӣ сахт аст, ҳамроҳи ҳамаи органҳо шинос аст. Аммо Иброҳим, ту ку аз Аллоҳ наметарсию фардо рузи қиёмат дар ҳақи зану фарзандҳои ҳамааш ҷавоб мегуӣ. Ту номард, ҳоҷӣ Зокир шогирдат буд, тюрмааш кардӣ. Роҳӣ кардӣ амниятро, ки биравед хонааш китоби бисёр дорад. Аллоҳ ҳамаи инҳоро саришта кунад. Мулло Иброҳим бачаат ҳамроҳи бачаи ҳоҷӣ Сатор дузди қишлоқанд. Дар ҳамин семоҳа чор хонаро дузд зад. Валлоҳи қасам яктоаш писари ту аст, яктоаш аз ҳоҷӣ Саттор. Ту, ки бузи амнияти Саттор. Ин Саттор, ки ҷияни Абдуҷаббор Зардиев аст, халқи бечора метарсад. Бигуянатон, барои онки шумо боз нафари гапзанро ягон туҳмат карда зиндон мекунед. Бачаи калониат омад дар Русия 200 ҳазори мардакро дуздид. Қапидану пулро гирифтану бо аз тарси туву амният дар бутилка нашинонданаш, камерааш накарданд. Ту аввал Исмоили бачаи худатро хизмат роҳӣ кун, баъд бачаҳои дигарҳоро бузӣ куну бифруш зебат медиҳад. Ту бача не, дузд тарбия кардаӣ. Бас кун бузиву камеракунӣ ва дар диктофони телефонат гап запс карданро. Боз ин қадар гуноҳҳои дигаратро медонам. Боз дуюм нашрат мебарояд. Курнамакӣ накун, нисбати халқ. Пагоҳ, ки мурдӣ, одамҳои амният намеоянд гурат кунанд. Бо ҳамин халқе, ки ҳамроҳи акаат Абдуҷаббор Зардиев азоб дода истодаанд, ҳаминҳо гуру чубатон мекунанду қабратонро мекунанд, бас кун. Сафари раис, Нури Гагарин, Рамазони Абдулло, аз худо шарм кунед. Ба маъракаҳои мардум меравед изо нокашида мешинеду мехуред. Заҳрро бихуред, боз мехезеду дар фикри шикори халқ мешавед. Мо ошкоро мегуем ҳамаи мо безори ҷон шудаем аз ин зулмҳои Зардиевҳо.Ҳамаи мо Ислоҳ тамошо мекунем ва сад дар сад тарафдори шумо ҳастем. Дигар аз ин золимону номардон наметарсем!
Қумсангир
Ассалому алейкум домулло! Худованд шифоят диҳад ва ҳеҷ гоҳ касалу бемор нашавӣ. Умри дарозат диҳад.
Ман аз посёлкаи 7-и ҷамоатиИстиқлоли Қумсангир. Шумо дар бораи Искандаров Ҷаҳонгир барнома кардед, мо тамошо кардем ва хело хурсанд шудем. Аммо ҳеҷ тағйироте нашуд. Мо дида истодаем, ки боз мардумро ғам дода гаштааст.
Аз 31август сар када боз як найранги дигарро роҳандозӣ кардааст. Мисли лото. Ҳама сарбозшавандаҳоро номнавис мекунанд, номи кадоме барояд, аз ҳар як деҳа 4 нафар бояд сарбоз баранд. Аммо ба худо қасам ин ҳамааш дуруғ аст. Худи Ҷаҳонгир мегуяд кадомеаш, ки маъқул нест, пул гирифтан мушкил аст, номашро менависад ва падару модарашонро мегуяд номи бачаатон баромад, занг занед биёяд хизмат равад. Аммо боз ба хонаи бачаҳои дигар рафта падару модарҳояшонро мегуяд меххоҳӣ, ки бачаат хизмат наравад, номнавис накунам, бояд пул диҳӣ.Аз 500 то 5000 сомонӣ ҷамъ карда истодааст. Мо маълумоти пурра дорем, ки аз якчанд падару модарон чанд пулӣ гирифтааст. Вақте барномаатонро одамҳо диданд, ин беномус гуфтааст,ки «инҳо бекоранд, ҳарчи мегуянд».
Э, беномус, ҳар як қадамат зери назорат аст, инро бидон. Боз дар бораи Нодиров Ислом, раиси ҷамоати Истиқлол чанд ҳарфе гуфтаниям. Ба худо қасам то соли 2008 як даҳмарда(чупон) буд.
Мо майда будему говчаронӣ мерафтем. Ҳамроҳи мо гов мечаронд. Вай соли 2010 дар ҷамоати Истиқлол налоги об ва соли 2016 директори мактаби 7 ҳамин ҷамоат шуд. Он вақт Баҳриддин раиси ҷамоат буд. Чи хеле мешаваду гапҳои Баҳриддин ва раиси ноҳия мегурезад ва раиси ноҳия ба ҷойи Баҳриддин ҳамин чупонро раиси ҷамоат мемонад. Ин Ислом сахт тарсу ва бесавод аст. Агарчи раиси ноҳия фармони таъиноташро имзо кард, аммо «дух» намекунад, ки биравад Баҳриддинро бигуяд, ки ман раис шудам, кабинетро холӣ кун.
Ду ҳафта мегузарад, милисаҳо меоянду Баҳриддинро аз кабинет мебароранд ва он вақт ин чупон ба кабинет медарояд.
То баромадани Баҳридин ба гирди ҷамоат тоб намехурд. Барои он ки ин чупонҳо аз дасти Баҳридин хурдагӣ буданд. Ин Ислом як ака дорад, ки Зайниддин ном дорад. Инаш ҳам як бузи даюси дигар аст. Соли 2020 бо ҷурми заминфурушӣ дастгир мешавад. Мебаранду маҳкам мекунанд. Пулҳои аз фуруши замин ба дастовардаи акаву додар ва дуздидаҳои дигари онҳоро мегиранд. Исломро аз вазифа мегиранд. Чанд вақт пас боз ҳамин чупонро ба вазифааш баргардониданд. Аҷиб! Маълум мешавад, ки ҳамин гуна нафарони бесаводи муттаҳам барои ин ҳукумат даркор аст. Ӯро, бовар кунед, мисли зан истифодааш мебаранд. Чизе бигуянд ҳамон корро мекунад. Мегуяндаш, ки номи муҳоҷирро нагир, намегирад. Бечора муҳоҷирон бо хуни дил пул ҷамъ ва равон мекунанд барои таъмири роҳ, аммо бо ин пул ҳайкали Майрам гурсухта сохта шудааст.
Ҳоло дар бораи Давлатмуроди участковий гуфтаниям. Ин як инсони бисёр ҳам чашмгурусна ва паст аст. Як рӯз дар даруни бозори ноҳия, худам бо чашмонам дидам, ки чанд нафар занҳоро, ки мевагӣ ва сабзавот мефурухтанд, маҷбур кардатистодааст, ки пул бидиҳанд. Модар мегуяд савдо нашуд, пул надорам, мегуяд набошад сабзавот деҳ. Модар бо овози баланд мегуяд: э,безор кардед, мемонед савдо кунем? Мо шикамои шуморо ба кала гирифтем чӣ? Аммо участковий паст намеояду угрожат мекунад, ки дар инҷо савдо кардан мумкин нест, бардоред бору бунаатонро ва он модар маҷбур ба дасти Давлатмурод панҷ сомонӣ медиҳад. Ва ҳамин тавр дигар занҳо ҳам маҷбурӣ пул медиҳанд.
Як ҳодисаи дигар. Говҳои чанд нфарро дуздиданд. Рафтанду ариза навиштанд, ки говҳоямонро дуздиданд.
Омада як каме нигоҳ карда мегуяд оғили шумо аз хонаатон набояд аз 20 метр дур бошад. Оғили шумо 50 метр дур аст. 400сомонигӣ штраф карду рафт. Аз чанд нафари дигар ҳам ҳамин хел корро шунидам. Мардум дар ҳайрат задаст, ки ин чи хел участковий аст, ки ба ҷойи онки дуздро кобад, соҳибони говҳоро ҷарима мекунад. Бачаҳои хондагӣ дар ноҳия кам нестанд. Аммо ин гуна аблаҳҳоро боз участковий мемонанд. Бовар кунед мардум аз дасти ин милисаҳо ба дод омадаанд.
Як милисаи дигар Шуҳрат ном дорад, уголовник. Ин лаънатӣ мардумро дар даруни отдел ончунон мезанад, ки баъзеҳо ба мурдан наздик шуданд. Раҳм надорад. Руирост пул талаб мекунад.
Нафари дигар Шоҳин, аз Данғара, замначалник аст. Ин замнач аз касе наметарсад. Руирост пул мегирад. Аммо даҳонаш мисли туалет, мардумро ҳақоратҳои қабеҳ мекунад. Нону намаки ин мардумро хурда ношукрӣ мекунад. Намефаҳмем, ки ӯро мабодо хар зоида бошад?
Бовар кунед, ки мардум мурғ шудагианд. Домулло ман медонам бачаҳои Қумсангир Раҳмоновро бо қонунҳояш задагианд. Аммо шумо падарони онҳоро насиҳат кунед.
Боз дар борай налоги замин нохия кумсангир Хоҷаабдураҳимзода Насим аз Душанбе омадааст дар шуъбаи вобаста ба замини Идораи налоги ноҳия кор мекунад. Дар ҷони ҳама задааст. Бачаҳо хама дар Русияанд, барои ҳамин падару модаронро ғам медиҳад. Мегуяд квитансияҳои пулҳои дар солҳои 2016 то 2023 супоридаатонро оварда нишон диҳед. О,лаънатӣ! Мардум аз дасти шумо ҳуш надорад, ки саҳар чи хурда буданд, шумо бошед аз 2016 мепурсед. Агар ин квитансияҳо набошад худо зад. Сар мешавад. Аз кадом соле квитансия набошад пул аз ҳамон сол сар мешавад ва аз сар месупоред. Боз бар сари мусафедону модарон зурӣ мекунад, додувой мекунад, аз амният метарсонад.
Ҳар сол заминҳоро чен мекунанд. Ман намефаҳмам, ки аз ин сол то соли дигар магар замин васеъу дароз ё зиёд мешавад?
Ин ланатихо гузаронидагияанд боз пулчамкуни тамомнашуда боз заминхоро ченмекунан харсол хамин хол охир ман намефахмам аз як сол ба соли дигар зами дароз мешавад ки шумо харсол зами чен мекунед?
Боз як хабари дигар. Дар ҷамоати Истиқлол баъди нашри наворе, ки муҳоҷир нагуед, чанд нафар, ки дар Вотсап «группа» доранд, навори Исломро мемонанд ва масхараш мекунанд, байни худашон. Отдели ноҳия 20 нафарро фарёд мекунад. Ин наворро ,кӣ дар шабака гузошт гуфта як шабонаруз маҳкам мекунанд. Бачаҳо ҳар кадоме пул дода баъд аз онҷо мебароянд.
Ман ба Нодиров Ислом гуфтаниям, ки ту худат як масхараӣ, бас куну рав. Беномусиатро нишон додӣ! Ту чи хел меравӣ ва дар чашмони мардум нигоҳ мекунӣ, баъи ин ҳама гапҳои гуфтааст?
Ҷалоллидини Балхӣ-Колхозобод
Аслан ин нома аз Қумсангир ба Ислоҳ расидааст вале дар мавриди Колхозобод ин маълумотҳоро навиштааст,ки санҷидем дақиқан дуруст мебошанд.
Акнун мехоҳам дар мавриди ноҳияи Ҷ.Балхӣ каменависам,чунки ман онҷо кор мекунам ва ин ҳамаро мебинам. Ҳоло дар бораи як нафар мехоҳам бигуям. Ин нафар Рустам Холиқов аст. Раиси лимнарнии шаҳракаи Гулистони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ буд. Траншеяи лимонҳоро чапа карда фурӯхт. Ҳар куҷое кор кард, ҳамаро фурӯхту хурд. Ин бародари Ҳоким Холиқзодаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Мегуяд ман бародари раиси бонки миллиям касе метонад мара ягон гап бга? Боз Рустам Холиқов раиси ҷамоат шуд. Роҳи Гулистон то Казоқо ва то мазорро бо экскаватор канд. Асфалти ин роҳҳоро ба хонааш даровард ва дар кучаашон рехт. Ҳозир ҳам он роҳҳо ҳамон хел истодааст. Аз соли 2017. Ҳозир боз муовини раиси ноҳияи Колхозбод аст. Хуб дигар бояд фаҳмед худатон,ки чихел муовини як ноҳия мешавед?
Мардуми Гулистонро маҷбур карда истодааст,ки барои об пул бисупоранд. Агар надиҳед гуфтааст, обҳоятонро мебурам.
Як ҷиянаш роҳбари Амонатбонки Гулистон аст. Номаш Камолов Бобоҷон Одинаевич аст. Бачааш бошад як мерседеси тонировкаи сиёҳ дорад. Холиқов Аҳмад Рустамович, номери мошинаш 80 00 аст. Вай ҳамеша яке аз фигураҳои асосӣ дар мавсими «облава» аст. Умедворем Ҳоким Холиқзода раиси бонки миллӣ ба бародарону ҷиянҳояш мефаҳмонад,ки даст ба мардумозорӣ назананд.
Боз як наркомани дигар Самадов Бегиҷон Зикирович, соли таваллудаш 1 июни соли1967 аст. Тамоми хонаҳои маркази Гулистонро чапа карда магазин сохт. Кришааш СС.Ятимов аст. Бародараш Навруз Самадов 1апрели 1985 соли таваллудаш аст. Мардумро сахт зулм мекунад, ки аз мағозаи ман бихаред. Вай ҳар вақт лоф мезадааст, ки «криша»-и ман СС.Ятимов аст, ина магазинаш»
Бегиҷон лақабаш аст. Бачааш посредник аст дар Санкт-Петербург. Ҳақи мардуми муҳоҷирро мехурад. Наркобизнес ҳам ҳастанд.
Як беномуси даюси дигариаш Мумин Самадов, ки ба банг қапиданаш, ҳеҷ чизаш нагуфтанд. Кришаи у ҳам СС.Ятимов аст.
Давлат Анварович Раҷабов, ин наркобизнеси калон аст. Кришааш Карими милиса аст. Аз Гулистон. Ин як ҳаромхури дигар. Давлат як магазин дорад, Фурушандааш Ҳикматов Ҷомӣ Сироҷович. 5 октябри 1995 таваллудаш аст. Аз Маскав депортатсияаш карданд. Ҳозир дар магазини ҳамин наркоман фурушанда аст. Кришаи инҳо Валии сиёҳ ,шогирди ҳоҷӣ Амири додараруси президент. Мардуми Гулистон аз дасти инҳо рӯз надоранд.
Шарипов Фирдавс Умарович, ГАИ-и шаҳри Бохтар, соли таваллудаш 20. 04. 1994. Дар ягон ҷо хондагӣ нест. Мардуми Кушониёнро бисёр азоб медиҳад. Кришааш Рамазон Раҳимзода аст. Ҳамаашон аз Гулистонанд
Айнӣ
Ассалому алейкум устод! Шукри Аллоҳ, ки номаи мо дар барномаи «Номаҳо…»-и № 46 нашр гардид. Бисёр хушҳол шудам устод. Умрам ба 50 расид. Мехостам, ки дар барномаи № 50 номаи маро ҷой диҳед. Барномаи номаҳои 47-ро тамошо кардам, ки мардуми Фархор шикояти роҳ доранд ва мегӯянд, ки мо чанд нафар генерал дорем, аммо роҳҳоямон вайрон.
Бале, фархориҳо. Тамоми генералҳо фархориву восеъӣ, лекин рохҳо хароб. Мардуми Рарзи шариф не генерал дорад, не майёр, аммо сокитанд. Роҳи мо аз маркази ноҳия Айнӣ то Рарзи шариф 18 километр аст. Бе муболиға мошини майда як соат зиёд меравад. Аз рустои Фатмев то Рарзи шариф чуқурихои калон –калон, ки мошин медарояд, дудаш мебарояд. Мардуми шарифи Рарз шумо мебинед, лекин хомушед. Бо хушомадгӯӣ ҳаёт ва рузатон мегузарад. Не роҳи хуб доред, не зиндагӣ хуб аст. Бисёриҳо дар азобанд. Ба доди шумо ҳеҷ кас намерасад. Метарсед, ки хабар медиҳанд, бузҳои бешох.
Чанд сол шуд пеш дар телевизиони ҷумҳурӣ тамошо карда будам, ки дар бораи ГЭС-и ноҳия Айнӣ дар мавзеъи Осиёи Мирҳофиз, дар қишлоқи Рарз сухан гуфта буданд, ки ГЭС -ро ба истифода доданд. Канӣ ин ГЭС бародарҳои Рарзи Шариф? Чанд сол шуд ин ГЭС-и калонтарин аз кор мондааст ё ки фурӯхта бошанд? Ана инро боғайратӣ мегӯянд, ки як ГЭС-и калонро фурӯхтанд, ё ки дуздиданд. Айб аст, аз Аллоҳ битарсед, шарм бидоред ,то кай ин мардуми шарифи Рарзро ба чашмашон хок мепошед? Афсус,дар маркази қишлоқи Рарз чойхонаи калон буд. Ва то ҳоло ҳаст. Аммо бо кадом сабаб чойхона дараш маҳкам қулф задагӣ аст. Ягон бародари бо ору номус, бохун хуни рарзӣ, ки савол бикунад, ки бо кадом сабаб чойхонаро қулф задаанд?. Аз қишлоқи Фатмев то Шаватки боло ва Масчоҳи куҳӣ мусофирон чой ва хурока мехурданд. Ҳозир ин мусофирони роҳгузар ба куҷо бираванд? Афсус ин раисони собиқ ҷамоати Рарз ҳамаро фурухтанду пул карданд. Ба ин раисон мусофир чи лозим? Ман ба 50 даромадам. Аз раисони нави ҷамоати Рарз хоҳиш дорам, ки роҳи Гузари бодро камтар таъмир кунанд ва чойхонаи Рарзи шарифро дарашро бикушоянд, кори хайр мешавад. Мусофирон чой бинӯшад. Ва ГЭС- и Рарзро ба кор андозанд. На гов монду на мол, на роҳ монду на трактор, на клуб монду на идора. Ҳамаро фурӯхтанд. Куҷо шуд инсоф? Ба фикрам инсоф тарсиду ба муҳоҷират Русия рафт.
Бас аст ба чашми мардуми Рарз хок пошидан. Аз Аллоҳ битарсед, шарм доред. Ана марҳамат боз барқхомӯшкунакон ҳам сар шуд ба фикрам барқ ба Афғонистон ба муҳоҷират нею барои равшанкуни ва гармкунии хонаҳои ҳамсоякишвар рафту мою шумо шукронаи ана ҳамин сарзамин ва пешво карда гардем!
Ёвон
Салом Муҳаммад Иқбол! Мо аз шумо беҳад миннатдор ҳастем.
Наворро дидем ва хело хушҳол шудем. Бародар агар аз амнияти Ёвон ба шумо агар таъмири мактабро нишон диҳанд инро бидонед, ки мо мардуми муҳоҷир пул партофта онро таъмир карда истодаем.
Валлоҳи қасам мо муҳоҷирҳо зиёда аз як миллион рубл ҷамъ карда мактабро таъмир карда истодаем. Аз тарафи маориф ягон кумак расидагӣ нест. Ин номаро метавонед нашр кунед. Дар бораи ҳамон директори мактабамон Наҷмиева Гулҷаҳон. Вай муаллимаи ҳаромхур аст. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Чаро мудири шуъбаи маориф он ҳаромхурро аз кор пеш накард? Ман баъдан фаҳмидам, ки ӯ ба як корманди прокуратураи ноҳияамон «алоқа» доштааст. Ин директор шавҳар надорад.
Бародари азиз! Баъди нашри он наворе, ки аз номи директори мактаби № 22 –и Ёвон Наҷмиева Гулҷаҳон ба амал омад, ҳатто кудакҳои деҳаамон шумора шинохтанд.
Мактабро аҳли гурӯҳи деҳаамон пул ҷамъ карда тамир кардем. Чуноне гуфтам аз тарафи ҳукумати Раҳмонови касиф, ягон кумак нашудааст.
Дар деҳа ва дар ноҳия камбудиҳо бисёр аст. Ягон кас раҳми мардумро намехурад. Роҳҳо вайрон, ягон раҳи дуруст надорад Ёвон. Роҳи дохили ноҳияро камтар соз карданду тамом. Соли 2020 Раҳмонов омада буд, пули ноҳияро кушоданд. Ҳамон сол ҳам дуруғ гуфтанд. 16 километр роҳ соз кардем гуфта 8 ё инки 9 километр роҳ карданд. Ҳамааш дуруғ аст. Ба доди мо кай мерасед?
Вахш
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Пеш аз ҳама аз шумо ташаккур мекунам, ки дар фикри ин миллат ҳастед ва дар ранҷу мушкилоташон шарикед. Аз Худои якто хоҳони онам, ки ҳар кас дар фикри рафъи мушкилоти мардум аст, кумакаш кунад ва муваффақаш созад.
Ман як муҳоҷирам дар Русия. Шикояти шахсеро аз ноҳияи Вахш дар “Номаҳо аз ноҳияҳо№42” ҳамроҳ бо наздикон ва дӯстонам шунидем. Мо дар деҳаи Ҷавонӣ (бо номи ПМК ҳам ёд мешавад), хоҷагии Дӯстӣ, ҷамоати Ваҳдати ноҳия зиндагӣ мекунем. Ончи ки дар он барнома садо дод, ҳамааш воқеӣ аст. Мо, занг задем, ҳамдеҳаҳо он суханҳоро тасдиқ карданд, вале касе ба додашон то ҳол нарасидааст.
Онҳо аз соли 1995-96 то имрӯза дар он деҳа тақрибан 200-250 оила (буна) зиндаги мекунанд. Раиси совхозашон Дустиев Мирзоалӣ намедонам бо кадом роҳ ҳамаи хонаҳои мардуми деҳаро бо тақаллуб ва сохтакорӣ бо номи худ ва фарзандони худ карда будааст.
Ҳоло аз мардуми деҳа талаб дорад, ки ба ман 20-30то50 ҳазор сомонӣ оред, розӣ мешавам, ки хонаҳоятонро ба номатон кунед. 2-3 нафароне, ки аризанавис ва ҷанҷолианд ҳуҷҷатҳои онҳоро бе пул ба номашон кард. Аз он ҷумла раиси маҳалро. Вале ба онҳо таҳдид кардааст, ки ба ҳеҷ кас чиза нагуянд ва даъво накунанд. Аммо боқии аҳли деҳаро тарсонида ва таҳдид ба ихроҷ аз хонаҳое ки худашон доранд, кардааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки дузди зур соҳиби говро бастааст. Онҳоро тарсонида ва аз онҳо пул ситонида истодааст. Ва гуфтааст, ки прокурор ҷураам аст, ҳеҷ чиз аз дастатон намеояд. Мардум намедонанд, ки ба куҷо шикоят кунанд. Ин золими ситамгар чандин оиларо аз хонаҳояшон пеш кардааст. Як чанд оила ноилоҷ молу говҳояшонро фурухта боз қарз карда билохира 25-30 то50 ҳазор сомонӣ ба вай доданд. Ана коррупсияи калон.
Муроҷиати мо ба Ибброҳимзода Карим, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон!
Ин масъаларо бар души худ гиред ва дуздонро боздошт кунед.
Хитоби дуюми мо ба Давлаталӣ Саид, раиси Вилояти Хатлон!
Шумо ҳам пайгири ин масъала бошед. Чунки раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбон “бех” дар хоби ғафлат аст. Агар ин масъала дида нашавад, дастбардор нестем. Ҳамаи ҷузиёташро пайдо ва он прокурори кришаашро низ ҷустуҷу карда меёбем.