Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№68

Ислоҳ нет

 Нафаре аз ноҳияи Ҷаббор Расулов нома фиристода ҳолатеро ба қалам додааст, ки бовар намекунед. Мақомот барои як ҷавон, ки мурдааш аз Русия омадааст, модарашро ҷарима кардаанд. Вай амри маъруф гуш мекардааст.

Ин хабарро гирифтаму бовар накардам. Гуфтам набояд то ба ин ҳад буда бошад. Аммо, мутаассифона ин воқеият бофта нест ва дар ватани мову шумо мегузарад? Медонед чаро? Чунки об аз боло лой аст. Агар об аз боло лой набошад, Раҳмонов танҳо барои равнақи тиҷорати наркотикаи Зоири домодаш омодааст, қаламрави аҷдодии моро ба қирғизҳо бидиҳад. Мутолиа кунед, то аз вазъи кишвар хуб бохабар бошед. Аммо имрӯзҳо ҳама ба ахбору воқеоти берун аз кишвар таваҷҷӯҳ мекунанду аз ватани худ бе хабару бе тафовутанд. Аввал таваҷҷӯҳ ва ҳама кушишро барои ватану сарзамину мардуми худ бояд кунем баъд аз он ба берун аз он!

                                      Душанбе

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Навиштаи маро дар барномаи №67-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кардед. Раҳмат ба шумо. Чи хеле гуфтам камубеш аз корубори Раҳмонов дарак дорам. Аз руи мушоҳидаҳои банда Эмомалӣ Раҳмонов хеле шуд, ки худаш ягон қарорро қабул карда наметавонад. Худашро дур кардааст. Саломатиаш ҳам хуб нест. Диабетик аст. Ҳозир намедонад, ки чи кор кунад? Мехоҳад ягон касро дар ягон вазифа таъйин кунад, Рустам одами худро, Озода одами худро, Зоир давида меояду одами худро ва Исмоили Пингвин одами худро тавсия мекунанд.

 Гуфтааст сахт монда шудам. «Иша монм уш хафа меша, уша монм иш хафа меша. Қаҳр, ноз, ҳар руз хафагӣ». 

Аз фикри зиёд фақат маст аст. Зиқиву хастагиашро бо арақ мекушад. Чанд бор пешниҳод карданд, ки ранги Ислом Каримов кунад, сахт қапад, як хелашро маҳкам кунад. Барои ҳамин ҳозир дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои мардум « неинтересен».

   Як ақида дар байни мардум роиҷ аст, ки Рустам Президент шавад, вазъият хуб мешавад. Чашмаш сер, пушташ доранда, «ай я хелошда ҳами хубтарай». Ҳозир  диққати мардум ба Рустам. Пештар дар ҳолатҳое, ки ин ё он мақомот ба арзашон гуш намекард, мардум ба Президент муроҷиат мекарданд. Ҳозир бошад, ба Рустам муроҷиат мекунанд.

  Аммо дар урфият мегуянд, ки ду 15 як 30. Чи хеле,ки мурочиатҳо то Президент намерасид то Рустам ҳам намерасад. Агар ягон расми кушодашавии иншоот  ё муассисае бошад, дар омад -омади Рустам тамоми вазиру мақомотро ларза мегирад. 

Баъди онки рафиқ Путин ба Эмомалӣ Раҳмонов фаҳмонд, ки Рустам ва дигар нафар аз оилаат намешаванд, «найди другого» ин ҳам сабаби нушидани зиёди  Раҳмонов гашт. 

  Фарқи круги Эмомалӣ Раҳмонов аз круги Рустам дар он аст ки нафарони пешина каме ҳам бошад дар замони шуравӣ хонда, тассавуроте доранд. Аммо «и шайкаи кайфии дыздои круги Рустам, умуман да гуҳ кор намеоянд. Онҳо аз ҳозира дар дохили хыдшон бадбинию кунковӣ мекнан. Худо накунад иё биёян ба қудрат,  тамом.”

  Тамоми вохурӣ бо сармоягузорҳоро Рустам мегузаронаду бегоҳ дар кругаш мешинаду нақл кард. Соҳаи молиявии Рустамро Хуршед Мирзоев ба душ дорад, ки ба дигарҳояш сахт намефорад. Хуршед Мирзоев, муовини раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон ва аз роҳбарони Авестогрупп ва рафиқи наздики Рустам аст. 

    Шоҳрух дар круги Рустам як опер аст. Чанд бор гуфтааст, ки «бля ҷои Хуршеда гирифтан даркор. Ҳамаи сум через ҳамуҳай». 

Рустам бади гушпариҳои Шоҳрух бо сафири Амрико дар Тоҷикистон вохурда  хоҳиши зиёд кардааст, ки бо ҳамтоёнаш аз Аврупо гуфтушунид намояд,то дар дархостҳои мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди М. Кабирӣ  ва Муҳаммадиқболи Садриддин монеа эҷод накунанд. Дар охирин вохурӣ сафири Амрико гуфтаст, мо меомузем хоҳиши шуморо.

 Шоҳрух гуфтааст, ки « агар тонем иёра овардан,отат вазифара метат». 

Аммо, воқеият ин аст ва то онҷо ки ман Раҳмоновро мешиносам вай ҳоло рафтанӣ нест ва намехоҳад, ки аз курсӣ бихезад ва ҳатто ба Рустам диҳад.

Инро ҳам бояд гуфт, ки Раҳмонов дар масъалаи баҳси марзӣ бо Қирғизистон ҳатман гузашт кардааст. Яке аз сабабҳои асосӣ ин аст ки Узбекистон барои интиқоли наркотика аз Тоҷикистон ба Русия сахт монеа карда истодааст. Дар вақтҳои охир партияҳои бузурги героини Зоири домоди Раҳмонов дар Узбекистон дастгир ва мусодира шуда истодааст.

Чи тавре медонем дар Афғонистон плантатсияхои калони наркотик зиёд шудаанд ва ҳар кадоми онҳо ба ин ё он давлат ё нафар тааллуқ доранд. Зоир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов, падари Исмоили Пингвин, наркобарони асосӣ ба мушкил дучор шудааст. Зоир ба воситаи одамҳояш аз ҷумла Тоҷиддин-командири қудояш борро аз Афғонистон мегузаронад. Гоҳо борҳои вай ҳам ба даст меафтанд. Дар пушти ин борқапиҳо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон меистад.

  Агар аз Афғонистон то Тоҷикистон як килло героин максимум то 5000 доллар  афтад, дар Русия то ба 50000 доллар мерасад.Транзити наркотик бо Қирғизистон бисёр ҳам мусоид буд. Вале қирғизҳо як бозии аҷибе роҳ андохтанд. Онҳо дар аввал иҷозат доданд, ки тонна-тонна гузарад. Вале баъдан, баъди ба сари қудрат омадани Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев ин тоннаҳоро дастгир карда ва ҳамчун кило нишон доданд. Ҳоло қирғизҳо условия мондаанд, ки сарҳадро имзо гузор, баъд бизнеси наркотикро фикр мекунем.

    Русҳо ба Қирғизистон  Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистонро тавсия доданд, ки через ӯ метавонед «дорожная карта по передвижению наркотик»- и Зоирро муайян кунеду қапед». Ин дар ҳақиқат зарбаи сахт ба бизнеси оила шуд. Чандин бор Раҳмонов ба Зоир гуфтаст, ки «ай уҳдаи я кори простой набромадести».

   Чанд руз пеш Юрий Краснов, Прокурори генералии Русия ба Юсуф Раҳмон ҳамсуҳбат шуда гуфтааст, он чизҳое, ки маслиҳат буд, пешравиаш дида намешавад. Юсуф Раҳмон худро сафед кардаву бахшишҳо пурсидааст. Мақсад аз маслиҳатҳо он аст, ки Русия ба Юсуф Раҳмон ҷонибдориаш барои мақоми президентиро ваъда кардааст.

Илова бар ин Краснов талаб кардааст, ки Юсуф Раҳмон ба назди Президент даромада оиди Зоир ва тиҷорати наркотики у бо далелҳои қавӣ гузориш диҳад. 

Юсуф Раҳмон, агарчи парвандаи калон дар мавриди бизнеси наркотикаи Зоир омода кардааст, ҳоло ҷуръат накарда истодааст, ки онро ба Президент пешниҳод намояд.

                              Фархор

        Ассалому алейкум бародари азиз! Ман чанде пеш як нома фиристодам аз ноҳияи Фархор. Дар нома дар бораи як ҳаромхур, ки замини мактабро ғасб карда гирифта вадар он пахта мекорад навишта будам. Ҳамчунин дар бари ин мактаб ду бинои дигари бетонӣ буд, ки ин одам гирифта ҳуҷҷат карда фурухт. Ҳозир мактаб майдони варзиш надорад. Барои онки майдони варзиши мактабро пахта кишт мекунад. Як бача дорад, Исмоил Николаевич, ки садҳо гектар заминро соҳиб шудааст. Намедонам ин қадар зминро дар сари қабраш мезада бошад? Тамоми умр бо ҳамин гуна фиребу найранг зиндагӣ карда гаштааст. Ин одам Идимад Давлатов Афғонович ном дорад ва лақабаш афғон аст аз деҳаи Золи зар. Бояд мақомот заминҳои ӯро чен кунанд, чунки хеле аз заминҳояш беҳуҷҷат аст.

 Баъд мехоҳам як чиро бароятон гуям.
 Инро донед, ки куҷое наравам, шуморо тамошо мекунанд ва шумо ҳақ гап мезанед ва Тоҷикистонро такон дода истодаед. Бисёр коргарҳои суду прокурор ба гапҳои шумо ҳамфикр ҳастанд ва ман шахсан бисёр хабарҳои муҳим дорам, ки Ютуб мекафад. Худам дар Федератсияи Русия ҳастам ва азм кардам, ки хабарнависиро барои Ислоҳ сар мекунам.  
  Боз барои мактаби № 60 ҳам гап дорам. Директори ин мактаб як алкаш аст. Парвои мактаб надорад. Сатадиони мактабро ин Идимади аблаҳ гирифта пахта мекорад, директор  намегуяд, ки талбаҳо дар куҷо бозӣ ва варзиш мекунанд? Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бачаҳо аз синфхона мебароянду мешинанд. Мо, намефаҳмем, ки ин мақомоти ноҳия ба куҷо нигоҳ мекарда бошанд?

                                              Кулоб

Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гурўҳ роҳбаладони қатораи мусофирбарии Роҳи оҳани Кулоб–Волгоград  дод  мегуем аз дасти  ҷонишини  сардори раёсати вазорати корҳои  дохилӣ дар нақлиёт Ҷалолов Олим.  Аз дасти ин шахс  ба дод омада, маҷбур шудем, то қаламу  дафтар  гирифта, ба шумо арзу додамонро расонем. Ҳангоми ба сафар  баромадан Ҷалолов Олим аз мо талаб мекунад, ки ба ӯ маводҳои хурока аз қабили  шакар, равған ,биринҷ  биорем. Ҳангоми  бозгашт ба замми он маводҳои хурокае, ки талаб карда буд  боз аз  ҳар як роҳбалади  вагони  мусофиркашони  ба маблағи  100  сомонӣ талаб  мекунад. Кадом  роҳбаладе, ки  саркашӣ  мекунад  ба ӯ дашному ҳакоратҳои қабеҳ  дода аз паи қасдгирии ӯ мешавад. Ногуфта  номанад ,ки Ҷалолов Олим зарараш  натанҳо ба кормандони  роҳи  оҳан  мерасад балки ба худи роҳи  оҳан зарари  иқтисодӣ  меоварад.

Мо борҳо  шоҳиди он будем, ки Ҷалолов Олим бору бағочҳоро  барои   маблағ ба даст овардан   бидуни  расмиятдарорӣ ба мо  супориш медод, ки  ба ҷои лозима бурда расонем. Ҷалолов Олим солҳои  тулонист, ки дар роҳи  оҳан ба ҳайси милитсия  кор  ва  фаъолият  мекунад. Дар Роҳи оҳан Ҷалолов Олим ягон касро гап задан намемонад. Бисёр шахси золим ва  ҳаромхур аст. Ҷалолов Олим аз тамоми кормандон  ва  шуъбаҳои  роҳи   оҳан ба тарзи  маҷбурӣ  маблағ ҷамъ карда барои  сохтмони  хонаи  боҳашамат, ки дар колхози  Россия  ҷойгир аст машғул аст. Як корманди  қатори  давлатӣ аз куҷо бо  маош   соҳиби  Лексус 570  ва  соҳиби хонаву  дари  боҳашамат дар Душанбе ва   атрофи он мебошад. Зани Ҷалолов Олим ҳам,ки дар ягон ҷо кор намекунад    ҳамин гуна Лексус дорад.

Мо аз сомонаҳои интернетӣ огоҳ шудем, ки Ҷалолов Олим ба интиқол додани 5 кило тило аз фурудгоҳ ба Ҳиндустон даст дорад. Ба дурустии ин хабар мо шаку  шубҳа  надорем. Ӯ барои пул  ба ҳама кор қодир аст. 

  Муҳтарам Муҳаммадиқбол  ҳатман  аз ин золим дар барномаҳоятон ном баред! Бо эҳтиром як гуруҳ  роҳбаладони қатораи  мусофиркашонии  Кулоб- Волгоград

                                        Исфара

Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Хаста набошед. Ман зодаи шаҳри Исфара ҳастам. Маълумоти ман дар бораи Барно ном зан, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №53»пешкаши халқи азизамон карда будед, гуфтаниам. Ин зан як вақтҳо савдогари Маҷмааи Зебо, ки дар бозори маркази ҷойгир аст, буд. Дар  ҳамон ҷо савдо мекард. Мошини Мерседес дошт, рақами давлатиаш 0043 буд. Ҷои истиқоматаш дар маҳаллаи Шанхай, ки дар пушти боғи марказии шаҳр ҷойгир аст. Барно чи хеле гуфтед дар он видеое, ки дар тарабхонаи Одилон гирифта шуда буд ҳузур дошт. Чанде аз занҳои популярнии Исфара арабский танец тамошо мекарданд. Он раққосаро ман намешиносам.

    Барно ду фарзанд дорад, як писар ва як духтар. Писараш Азим дар 6-ой отдели шаҳр кор мекард. Кору бораш подставит кардани бачаҳо буд ва дар ҳар мавсими облава модару писар ба бузӣ машғул мешаванд. Номи духтараш Рухшона. Духтараш ҳам дар вақташ сабукпо буд. Соли таваллуди писараш 1998, соли таваллуди духтараш 1999.

 Ҳар боре обро сар медиҳанд ягон ҷои лулаҳо мекафад. Вақте ки ин лулаҳоро мегузарониданд як муйсафеди маҳаллаамон гуфт,ки ин лула намешавад, дигарашро биёред. Аммо он касро касе гуш накард.  

  Соли 2010 дар маросими кушодашавии мактаби№63-и шаҳраки Сомониён раиси вилоят ташриф овард. Он вақт раиси вилоят Қоҳир Расулзода буд.Раис мепурсад ки бо чи мушкил доред. Як зан мегуяд, ки чанд сол мешавад, роҳҳо мумфарш нестанд, ҳаминро дида мебаромадед. Аз байн як ё ду руз нагузашта дари хонаи ин зан аз амнияту Шашум отдел омада угрожат мекунанд, ки ту чаро ба раис ин хел гуфтӣ?

  2 ё 3 сол шуд, ки роҳҳоро аз ҳисоби халқ мумфарш карданд. Кадом соҳибкоре гуфтааст, ман ин ҷойро мумфарш мекунам. Аммо боз аз халқи бечора аввал 200 баъдтар 1000 сомонӣ сари ҳар хона ҷамъ карданд.  

 Чанд вақт пеш ҳамон домкоми маҳалларо хонааш сухт. Чанд сар говаш мурд. Бениҳоят ҳаромхури гузаро аст ин Аҳмад. Ин одам бузи ҳаматарафа аст. Бо облава якҷоя бачашикор ҳам мебарояд. Ин одам як бачаеро, ки падарашро ҳукумати Раҳмонови палид ҳабс кардааст, маҷбурӣ аз муҳоҷират овард. Он бачаи бечора таъмини оила дар гарданаш буд, ду додарашро мехуронд. Ҳамроҳи модараш ин ҷавонро аз Русия ба Тоҷикистон оварда ба хизмат равон кард. Оҳи ин ҳама модару падар гирифт.

Устод ман ба шумо як ҳодисаро нақл кардам. Ин хел ҳодисаҳо хеле зиёд аст.

Ман маълумоти аз ин зиёдро медонам. Агар дуздии халқи бечораро идома диҳанд дигар корҳои онҳоро ҳам менависам. Як мисоли одӣ аз Барно, ана ҳамон генерале, ки гуфтед ӯ ягон хел шавҳар не, ӯ бойфрендаш аст. Ман намедонам он одам дар ҳукумати Душанбе чи коре мекунад. Ба фикрам генерал не. Барои он ки он одам аз Исфара мебошад, аз деҳаи Кулканд.

                                      Истаравшан

  Ба номи Худованди бахшояндаи бениҳоят меҳрубон
 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
 Ман аз вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, ҷамоати Нофароҷ ҳастам ва хоҳишам ин аст ки номаи маро ҳам мунташир кунед.

Яке ба мисли Раҳмонов дар ин ҷо раиси ҷамоат аст. Ҳакимзода Фирӯз, раиси ҷамоат солҳост дар ин ҷо мардумро ғорат мекунад.
 Дар ин ҷамоат 9- то деҳа ҳаст. Ҳама система дар дасти ӯст. Заминсоз амакбачааш, танзим язнаш ва ғайраҳо. Нафаре, ки ниёз барои участкаи наздиҳавлигӣ дорад  «ставка»-и раис 2-5 ҳазор доллар аст. Ҳатто мавзеъҳое, ки барои сохтмон мамнуъ аст: чи стадион, чи қабристон чи замини корам бар ивази ин миқдори маблағ иҷозаи сохтмон медиҳад. Заминсоз амак бачаи ӯ Хайрулло аст. Ин одам на кам аз 15-20 гектар замини обӣ дорад, масоҳати замини ҳавлиаш аз 1 гектар зиёд аст. Ҳамаро фиреб мекунад ё ягон ваъдае медиҳад. Ронандаи боркашон, коргарон ва дигарҳо ба ӯ санг, қум ва дигар масолеҳи сохтмонӣ мебиёранд ё ройгон кор мекунанд. Ҳар як ронандаву коргарҳоро 2-3 маротиба ваъдаи сахт дода фиреб кардааст. Дар охир ягон пуле намедиҳад. Агар занг зананд, мегӯяд дар маҷлис ҳастам ё дар вилоят ё дигару дигар баҳона. Соли 2021 барои як замини 7- 8 сотих аз 8 нафар маблағ гмегирад. Яке 1000, дигаре то 2700 доллар ба ӯ маблағ медиҳад. Хуллас, одамон рӯзе мефаҳмад, ки ин замин аз они 8 нафар аст. Яъне ҳама фиребхӯрда аст ва чанде аз онҳо ӯро ба коррупсия месупоранд. Аммо аз он ҷо хушк мебарояд. Ба коррупсия пора медиҳаду мебарояд. Ҳоло ӯ боз дар  дигар мансаб  кор карда истодааст.
 Ҳар касе туй ё ягон маърака дорад  аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ месупорад, агар насупорид танзим  меояд ва аз он маблағ 10 баробар бисёртар мегирад. Ногуфта намонад танзим язнаи ӯ, яъне язнаи Ҳакимзода аст. Хуллас, дар ҷамоат аксари вазифаҳо аз они Ҳакимзода ва хешу табори вай аст. Чи директори мактабҳо, чи ҳатто қаравули ҷамоат. Раиси ҷамоат аз ҳар як призивники ҷамоат 2-3 ҳазор сомонӣ барои ҳар як призив-   баҳору тирамоҳ-яъне соле 2 маротиба мегирад. 

 Ҳакимзода дар давраи Баҳроми Иноятзода, ки ҳоло дар зиндон қарор дорад ба ҷои худаш амакбачаи худ-Мақсадов Рӯзибой- раиси ҷамоат гузошта худаш ҳамчун ёрдамчии раиси шаҳри Истаравшан фаъолият бурд. Дар он вақт Муғтеппаро навсозӣ карданд. Аз он масолеҳ, ки дар он сохтмон истифода шуд, 20-30%- ашро  ғорат кард. Валлоҳӣ қасам аз ҳар чизе, ки барои сохтмон истифода мешуд, ба хонааш бурд. Бо чашми худам дидам. Ҳакимзода Фирӯз 5 додаронанд.

Ҳар яке  дар вазифаи калон фаъолият мекунад. Ва ҳамаашон бо мошинҳои  номераш 4444 мегарданд. Ҳар яки онҳо ҳавлиашон аз 1 гектар то 3 гектар аст. Ӯ аз ҳама фарзанди калонӣ аст. Бародаронаш чанд маротибҳо ба коррупсия афтиданд, аммо ин рӯбоҳ на. Барои он ки Ҳакимзода пулҳоро бо дасташ намегирад. Дар ҷамоат як заправкае ҳаст бо номи «Сомон ойл». Пораро дар онҷо медиҳанд, баъдан мегирад .Нафаре бо номи Суҳроб дар Истаравшан дар бонк кор мекард. Ин одам гуё аз мардум пулро бо ваъдаи додани %бештар мегирифтааст. Вай ин пулҳоро гирифта ғайб заду рафт. Фируз Ҳакимзода ба вай 300ҳ доллар дода будааст. Чи хеле мегуянд дуздро қарақчӣ зад. Ногуфта намонад, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд 3 квартира дорад.

 Фирӯз Ҳакимзода дар байни мардум бузҳои худро дорад. Яке аз онҳо заминсоз Урунов Ҷонибек аз ҷамоати Нофароҷ, деҳаи Даҳяк аст ки дар ноҳияи Шаҳристон фаъолият мекунад. Ӯ ягон инсофе надорад. Касе ба ӯ кораш афтад тамом. Кораш заминфурӯшӣ. Гӯё заминҳо ҳама аз они ӯст. Вай 40 нафарро фиреби сахт карда заминҳояшонро гирифтааст. Ин 40 нафар ҳамдеҳаҳои худи уянд, ки ҳамагӣ калонсоланд ва аз номи баъзе аз онҳо ҳатто худаш имзо гузоштааст, баъзеашро бо дуруғ имзоҳояшонро гирифтааст. Хулоса, ин заминҳоро ҳуҷҷат кардааст. Мардум ҳар коре карданд, натавонистанд заминро баргардонанд. Ӯрунов Ҷонибек бузи Ҳакимзода Фирӯз ба милиса ё амният ягон маълумот лозим шавад   ӯ аз пайи он мешавад. Дар деҳа ягон ҳодиса шуд. фавран ба Ҳакимзода мегӯяд.  Ӯрунов Ҷонибек бо Ҳакимзода Фирӯз маслиҳат кардаанд, ки барои деҳа мактаб месозанд. Ин деҳа, ки зиёда аз 100 ҳоҷагӣ дорад, сари ҳар хоҷагӣ1000 сомонӣ пул ҷамъ кардааст. Экскватор оварда ҷойи сохтмони бинои мактабро ҳамвор кардааст Аммо, бо ҳамин тамом. Аз мактаб дараке нест. Ҳоло ният доштаст, ки дар онҷо  магазини шахсии худашро бисозад. 2 сол пештар чанд нафар аз болои вай ба коррупсияи вилоят шикоят карданд. Коррупсия дастгир кард. Аммо, чи хеле мебинем, ҳеҷ чизаш нашуд. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Баъдан фаҳмидам, ки ягон мақомот, коррупсия,милиса, амният ва  дигару дигар  кор намекунанд. Ҳамаи онҳо фақат пораву ришва мегиранд. Ягона роҳи ошкор кардани ин ҷинояткорон ин “Ислоҳ” аст ва ин номаро навиштам. Албатта интизори натиҷа мешавем, наход боз ҳам ин ҳол идома кунад?  
                                            

                                       Конибодом

Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

 Чанд бор навистам дар телеграм, ҷавоб надодед

 Хоҳиш мекунам, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» суханони маро нашр кунед.

Аввал инки дар деҳаи Овчиқалъача мо чанд рӯз пеш рейди сатр доир карданд. 3 рӯз идома кард: дар бозору дар маркази деҳа, назди масҷид. Ин тавр набуд, ки   занҳоро огоҳ кунанд, балки занҳоро манъ карданду сатрашонро  аз сарашон бо зури ва хушунат гирифтанд.

Ин корро кормандони ҷамоат, милиса ва амният якҷоя иҷро карданд. Дар деҳае, ки 25 ҳазор аҳолӣ дорад ду шуъбаи милиса ва як шуъбаи амният фаъолият мекунад. Аз инҳо барои халқ ягон фоида нест. Корашон штраф кардан ва хуни халқро хурдан аст.

Мо дар деҳа се масҷиди панҷвақта доштем. Дутоашро бастанд, якеашро ба шуъбаи кумитаи амният табдил доданд. Дар деҳаи мо амниятиҳо деҳқон ҳам шуданд.

Даромади деҳа, назди заправка 2 гектар замин буд,онро гирифтанд. 6 сотих замини сохтмониро ҳам гирифтанду гирдашро полный забор карданд.

Наход амният деҳқонӣ кунад. Наход амният дар мактабҳо рейд карда гардад.

Кори кормандони амнияти мо ҳамин аст. Инҳо худашон якҷо бо қирғизҳо контрабанда мегузаронанд.

 Дар сарҳад бо Қирғизистон стадион доштем. Солҳои сол бозӣ ва чемпионат мегузаронидем. Ҳозир аз он маҳрум шудем, бозӣ карда наметавонем. Дар сарҳад плотина дорем, об дорад. Онҷо сарбозони мо меистанд. Лекин мо шаҳрвандон рафта наметавонем, мамнуъ аст барои мо.

  Назди Платина қиргизҳо мост сохта гирифтанд, формално онҷо территорияи тоқикҳо аст, лекин қирғизҳо контрол мекунанд, мошини қирғизҳо мегузарад.

  Дар ҷанги охирон бо қирғизҳо 12 нафар қурбон шуданд, ки ин воқеа дар назди масҷиди панҷвақта дар маркази деҳа рух дод.

Ҷаноби олӣ, пешво ягон бор наомад, изҳори тасаллият накард, рӯзи мотам эълон накард. Ҳоло маълум нест, ки ин ҳудудҳои баҳсиро чи гуна ҳал мекунад.

                                            Ванҷ

Муҳтарам бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! 

Мо мардуми Ванҷ чанде қабл мусоҳибаи шуморо дар Ютуб бо муовини раиси ноҳияи Ванҷ  Фурқати Ҳукумат бо лақаби “Ҷавони Беномус” тамошо кардем. Мо маҷбур шудем, ки ба шумо муроҷиат кунем ва чанд масъаларо рушан намоем, зеро ба ақидаи мо, маълумоте, ки дар мусоҳиба оварда шудааст, вазъиятро дақиқ шарҳ надодааст.

Дар робита ба таърихи хонаводагии ҷаноби Фурқати Ҳукумат бояд мушаххас кунем, ки падараш Ҳукумат Шарипов бо лақаби “Почарин” дар солҳои 90 дар як ҳодисаи фоҷеабори куштор дар деҳаи ӯ Пои Мазор даст дорад. Он давраи ҷанг бо нооромиҳои зиёд хос буд ва имконият барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсон барои кирдорашон маҳдуд буд. Баъдан, ӯ бо мухолифин пайваста, дар ВМБК паноҳ бурд. Дар ин муддат мақомоти амниятӣ кӯшиш карданд, ки ӯро дастгир кунанд ва ӯ ҳамкориро бо онҳо ихтиёр кард. Дар ниҳоят, вай аз мухолифин дур шуд. Чанде нагузашта ба кор бо ташкилоти хориҷӣ гузашт. Падараш Фурқатро низ баъдан ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳамкор (ҳамчун хабаркаш) кард. Ҳамчунин бобои ӯ, ки дар экспедитсияи кӯҳӣ кор мекард, ҳамкори Хадамоти амнияти Иттиҳоди Шуравӣ буд.

Дар робита ба вазъи иқтисодии ноҳияи Ванҷ ва муҳоҷират мехоҳем рӯшан кунем, ки ноҳия бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудааст. Бисёре аз оилаҳо воқеан аз сабаби мушкилоти иқтисодӣ ин минтақаро тарк карда, дар ҷустуҷӯи имконоти беҳтар куч бастаанд.

   Дар мавриди масъалаи даъватшавандагони артиш, бояд гуфт баъзе оилаҳо барои баргардонидани аъзои даъватшуда ҳушдор гирифтаанд, онҳо эҳтимолан ба оқибатҳои ҳуқуқӣ дучор шаванд. Мо чунин мешуморем, ки дар ин масъалаҳо нуқтаи назари мутавозинро таъмин кардан муҳим аст.

Гузашта аз ин, мехостем ба маълумоте, ки дар бораи Қодир Қосим (Ҷинҷов) дар барномаи шумо оварда шудааст як каме равшанӣ андозем. Аксари ин иттилоъоти аз Фурқат ба назар мерасад, ки саҳеҳ нест. Мо тахмин мезанем, ки 80% тафсилоти баёншуда инъикоскунандаи воқеии вазъият нестанд, дуруғу бофта ҳаст. 

Мо ба ҷаноби Фурқати Ҳукумат ҳушдор доданӣ ҳам ҳастем, ки агар ӯ аз ин амал даст накашад, мо маълумоти бештаре дорем, ки дар мавриди падар, бародарон, тағояш бо номи Давлат ва дигар хешовандонаш ба шумо бифистем. Вай инчунин баъд аз барнома ба муаллимон ва дигар кормандони давлатӣ гуфтааст, ки мусоҳибаеро, ки ҳафтаи гузашта бо ӯ доштед, дар шабакаҳои иҷтимои мубодила кунанд. Онҳо ба ӯ гуфтанд, ки ин корро карда наметавонанд, зеро онҳо намехоҳанд, ки барои вай шуда зиндонӣ шаванд. Вай ҳамчунин дар ҷустуҷӯи афроди дигар дар Ванҷ аст, ки дар барномаи шумо ширкат кунанд.

Умедворем, ин мактуб кӯмак кунад, то мушкилиҳои масъалаҳои дар рафти мусоҳиба баррасишуда равшан шаванд. Мо кӯшишҳои шуморо барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои мухталиф қадр мекунем ва боварӣ дорем, ки ин мавзуъ ба дарки дақиқ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти минтақаи мо муҳим аст.

Саломату тансиҳат бошед бародари муборизи роҳи ҳақ!

Бо эҳтиром, сокини нохияи Ванҷ

                                         Ҷаббор Расулов

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! 
 Дар назди автовокзали куҳнаи Ҷаббор Расулов як дискотека амал мекунад. Онҷо ҳар шаб духтару бачаҳо рақсу дилхушӣ мекунанд. Дар як шаб аз 500 то 1000 сомонӣ камӣ мекунад. Наздик дискотека боғчаи бачагона ва бемористон ҳам сохтагианд. Соҳиби ин муассисаҳо Бозорбойи наркобарон,аз деҳаи Тоҷикобод аст. Чор-панҷ зан дорад.

Тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҷамоат, заминсоз, прокуратура, милиса, паспортний стол, военкомат, суд корашон порагирву порахурӣ аст.

 Заминҳоро фурухтанд, сумдорҳо хариданд. Деҳқон сарсону саргардон дар Русия. Як бачаро аз стройка дар Русия мурдаашро оварданд. Амниятиҳо омада пурсиданд, ки ин бача ҷанги Украина рафтааст? Хонаводаи ин ҷавони дар Русия мурдаро телефонҳояшонро тафтиш карданд. Гуё он ҷавони мурда амри маъруф гуш мекардааст ва барои ҳамин модарашро 5000 сомонӣ ҷарима карданд.

   Як зани судя, ки номашро намедонам, як деҳқонро, ки дар қади роҳи Хуҷанд боғи анор дошт ва Раҳмонов онҷо омада буд, онро аз дасти он деҳқон кашида гирифт. Он бечораро тавре кард, ки ҳозир дар девонахона хоб аст.

                                     Кулоб

   Салом бародар Муҳаммадиқбол!

 Як хабар аз мактаби №51-и шаҳри Кулоб. Дар ин мактаб барои талабаҳои синфи якум аз падару модарҳо 110 сомонӣ гирифта истодаанд. Аз синфҳои 2 ва 4 бошад  64 сомонӣ. Раҷабов, директори мактаб талабаҳоро маҷбур карда истодааст. Дар синфи 4 бошад боз роҳбарони синфҳо 20 сомонӣ пули моҳона ҷамъ карда истодаанд. Боз  синфҳои як, ду се ва чорро водор карда истодаанд, ки модарошонро бигуянд розӣ бишаванд,ки се сомонӣ биоваред.

Share This Article