Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№94

Ислоҳ нет

Як масъалаи бисёр ҳам чиддӣ, ки ин ҳукуматро ҳаррӯз ба халқ мезанонад масъалаи танзим тую мотаму худоиву амсоли инҳо-маросимҳои сунатӣ аст. Бо баҳонаи қонуни танзим ҳоло ошкоро ба  маҳватаи  хусусӣ ва ҳарими шахсии мардум мудохила карда истодаанд. Воқиан ҳам мардум дуруст мепурсад, ки чаро «лезит» мекунед? Дар кори мардум чи мудохила мекунед?

Ин қонун ҳам ба як асбоби даромад ва манбаи пули муфт ба мақомдорони маҳаллӣ шудааст. Ҷойи пулкоркунӣ, ғорати мардум асту бас. Боз воҳимаву ҳангома мекунанд, ки дар соли 2021 фалон фалон сар гову фалон сар бузу гусфанд сарфа шуд.

 Ин қадар миллионҳо сомонии буҷҷаи халқро дуздида истодаанду боз ҳам мардумро аблаҳу аҳмақ фарз карда аз сарфаву саришати пули мардум гап мезананд. Бовар кунед, ки ин ҳама дуруғе беш нест. Агар инҳо барои мардум сарфаву саришта мекарданд, раҳми халқи бечораро мехурданд, ягона роҳи миёни шимолу марказ-Душанбе –Хуҷандро пулакӣ намекарданд.  

Мардум фарзандонашонро Русия ва Узбекистон бурда туй карда истодааст. Танзим мегирад, участковий мегирад, раиси ҷамоат мегирад, военкомат мегирад. Пас, ин чи сарфаву сариштаи пули мардум аст? Ҳатто омада деги мардумро сурат мегиранду мешуморанд, ки чи миқдор биринҷ дам андохтааст. Шарматон бод.

                                                Фархор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як масъалаи бисёр ҳам дардовар, ки ҳамарӯза сокинони ноҳия бо он рубарӯ мешаванд, гап заданиам.

 Ҳайдаров Муҳаммадҷон мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Фархор яке аз золимҳои Фархор аст. Вай дар ин вазифа хело шуд, ки кор мекунад. Туйдорҳоро бисёр ҳам ғам медиҳад. Ҳамроҳ бо як дустам, ки туй дошт рафтем ба ҷамоат, масъули танзимро наёфтем. Танзими ҷамоат ҳамон Субҳон мебошад, ки шумо дар барномаҳотон мегуфтед. Ин сардори танзими ҷамоти дехоти Фархор, аз Шафтолубоғ, ҳамоне, ки бо Раҳмоналӣ Одинаеви раиси ҷамоат суд мешаванду каме дертар ҳарду озод мешавад. Одинаев баргашта омаду то ҳозир ҳамчун раиси ҷамоат кор карда истодааст. Хулласи гап  иҷозатнома дар кор буд, рафтем ҳукумати ноҳия ва Муҳаммадҷонро ёфтем. Гуфтем иҷозатнома даркор. 100сомонӣ гирифту гуфт боз рӯзи туй «ба мора талича биёр». Рӯзи туй дӯстам аз  талича ё не пакет бояд ба гуфти уво мебурд, фаромуш кард. Соат қариб се буд. Яке дидем омад. Гуфт чаро наоварден? Туйдор таличаш кард, рафт. Хулласи гап Муҳаммад як чоплус аст. Вақте дар «Минбари муҳоҷир №224» бо Шарофиддин Гадоев баҳс кард, шарм нокарда гуфт «ма шумора мешиносам». Вақте Шарофиддин Гадоевро дуздида ба Точикистон оварда дар хонаи модараш маърака доданд, ӯ дар ҳамонҷо масъул буд.

  Боз дар ҳамин барномаи «Минбари муҳоҷир» як модари муҳоҷирро бева гуфта таҳқир кард. Как будто занак худаш виноват боша, ки ба Русия рафтааст.

Мутаассифона дар Фархор чоплус бисёр шудаст, ки то бас гуфтан. Ба ин чоплусҳо гуфтаниям, ки  дар ёд бигиред, ки мардум бар гашта омада истодаанд. Рӯзе аз рӯзҳо Раҳмонов бо ҳукуматаш сарнагун мешавад.

Дар як тарафи Фархор Ятимовҳо мардумро азоб медиҳанд, дар тарафи дигар Мансур Умарову додараш. Ин Фаридун Умаров (пантера) як бача дорад номаш Ануш, дар район у шеф, как будто президенти Фархор бошад. Аз Сомону  Рустам мегузаронад.

   Хитоби ман ба мардуми Фархор! Чоплус нашавед. Ин ҳукумат вақти барҳамхуриаш расидааст. Муҳаммад мардумро кам ғам деҳ. Пеши роҳи Валии ҳамкоратро ҳам бигир. Вали масъули танзими шаҳрак аст. Валӣ аз авлоди Рамазон Раҳимзода будааст. Бо вай гап зада намешавад. Ҳозир раиси ҷамоати шаҳракаи Фархор шудаст. Барои онки номат дар руихати камбизоатҳо дарояд ба вай 100 сомонӣ медиҳӣ, баъд документҳоро қабул мекунад. Ҳамаи ҷамоатҳо ҳамин аҳвол.

Дар ҷамоати деҳоти Фархор бошад Фируз ном шахс аст. Ҳоло бо Одинаев Раҳмоналӣ кор мекунад. Хуллас мо мардуми Фархорзамин ҳама тарафдори шумоем .Ин шо Аллоҳ ҳақ ғолиб меояд.    

                                                    Айнӣ

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародар Муҳаммадиқбол умедворам, ки хубу сиҳат бошед. Ман навори охирони Шуморо тамошо кардам. Дар онҷо як домулло Шуморо фиреб дода гуфт ман аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Гузари Бод. Валлоҳ дуруғ гуфт. Ӯ аз деҳаи Рарзи Айнӣ аст. Ӯро амнияти Рарз деҳаи калонтарини ноҳияи Айнӣ имом хатиб монд. Ин шахс Норов Раҳимбой аст. Дар деҳаи калони Рарз 8 масҷид вуҷуд дошт. Якҷо бо мунофиқҳои Рарз ва участковию милисаҳо омада дарҳои масҷидҳоро маҳкам карданд ва Норов Раҳимбойро имом -хатиби масҷиди ҷомеъ гузоштанд. Барои мардум душвориҳои сахт ба миён омад. Чунки барои адои 5 вақт намоз ва ё намози ҷумъа ин масҷид дур ва дар як баландии қишлоқ, зери куҳ ҷой гирифтааст. Онҷо мардум адои намози ҷумъа мераванд, аммо дар намозҳои 5 вақта дар як қишлоки калон чаҳор ё шаш нафар зиёд намешавад.

 Зеро аз дурии масҷид ва аз машаққати роҳ, ки баландиаш мисли куҳ аст қуввати мусафедон намерасад, намераванд. Дигар масҷидҳо зери обу борон монд. Мардум қолинҳову чубу тахтаи масҷидро бурданд. Баъзе масҷидҳоро барои ҷашн гирифтани иди Навруз ва баъзеи дигарро барои анбор -“склад” истифода мебаранд, барои рақсу бозии туйҳо столу стулҳоро онҷо нигоҳ медоранд. Мо аз рафтори ин имомхатиб сахт нигаронем.  Ҷавонҳои моро буздилу даюс карда истодааст, мисли худаш. Ин домуллоро дар қишлоқ бо номи “ДОМУЛОИ САРИ ДЕГ” мешиносанд. Ҳар куҷо як маъракаи туйи хатна ё вечер, ки арақу обу нашъа ҳаст, ӯро барои дуо додан ҷеғ мезананд. Дар вақти арақнушии мардум сари стол, ин беномус ба мардум дуо медиҳад. Ва дар ҳар маросими мотам ҳам, масалан чилу солу бисту ҳар чизе аз хурофот байни мардум вуҷуд дорад  иштирок ва аз онҷо пул мегирад, баъд дуо мехонад. Валлоҳ қасам сураҳоро қориазёд медонад. Оятҳоро дурусту саҳеҳ хонда наметавонад, аз ислом ҳатто буй бурдагӣ нест. Вақте ҳадис ё тарҷумаи ояти Қуръонро ба мардум гуфтанӣ шавад, бо ғалату бо як машаққат аз руи китоб мехонад.

Дар масҷид меравед ин бадбахт фақат рӯзҳои ҷумъа иштирок мекунад. Дар намози 5 вақта ин шахс ҳузур надорад. Зеро дар туйю маъракаҳо ва овораи пул аст. Дар намози ҷумъа, ки одамон бисёртар мераванд пули обуна, пули сохтмони фалон бино, боми кадом иншоотро аз нав мепушем гуфта бо ҳазоруяк баҳона аз мардум пул мегирад ва намозро зуд мехонад ва зуд пеши роҳи мардумро мегирад. Пеши дари масҷид омада аз мардум пул мечинад, ва онҷо меҳмонҳо аз ҳар деҳа омада бошанд, пулҳои калон медиҳанд. Вай дарҳол дар кисааш мезанад ва бо ҳамин тамом. Як вақт барои пули дарвозаи қабристон аз мардум ҷамъ кард. Баъдан як шахси сарватманд гуфт пули дарвозаро ман ба уҳда гирифта месозам ва дар ҳақиқат ӯ сохт. Аммо вай пулҳои аз халқ ҷамъ кардаашро дар кисааш зад.  Дар масҷид китоби Қуръон, як-ду китоби «Фарзи ъайн» дигараш ҳама китобҳои оила ва конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вақте онҷо меравед аз тамоми гапи дунё бо хабар мешавед ва мехоҳед аз дин чизе бифахмед, аммо дар амри маъруф фитна набошад, аз иғвогарҳо ҳарчизро эҳтиёт бошед мегуянду дигар фақат гапу сухан дар бораи пешво. 30 сол аст роҳҳои ноҳияи Айнӣ дар бадтарин ҳолат қарор дорад.

Валлоҳ дар ҳеҷ ноҳияву шаҳр ин гуна бадбахтӣ нест. Аз Масчои куҳи тоннаҳо картошка мекашанд. Ин мошинҳои калони боркаш роҳоро вайрон кардаанд ва мо чангу хок мехурем. 30 сол аст бо ин роҳҳокартошка, ангишт, тилло, нукра, уран ва тамоми ашёҳои қиматбаҳоро шабурӯз мекашонанд, аммо ноҳия дар ҳолати пастиву  қашшоқӣ қарор дорад. 
Рӯзҳои ид бошад аз ноҳия  милисаҳои зиёде меоянду намегузоранд идро ба хубӣ гузаронем. Мегуфта бошӣ мо ид надорему инҷо ҷанг бошад, инҳо барои ҳимоят омада бошанд. Руҳияи ҷавонон аз байн рафтааст. Омадани талабаҳои мактаб ба масҷид отамоман манъ аст, ҳатто баъди дарс. Дарҳол хабар мекашанд. Мутаассифона дар деҳаи Рарз хелоҳо буз шудааст. Мардум дар як ҳолати сахти бечорагӣ ва ноилоҷӣ зиндагонӣ доранд. Ин Норов Раҳимбой  туйи фарзандашро бо як дабдабаю воҳима бо арақу шароб ва бо ҳузури ҳофизҳову рақоссаҳо гузаронд. Як нафар домулло бояд ибрати мардум бошад, аммо ин имомхатиб баръакс байни халқ ҳамин гуна туй гузаронд.
Ҳатто дар як туй мардум дидаанд, ки ин имомхатиб арақ нушид, маст буд. Наход домулло арақ нушад?  
Масҷидро ба ҷои праздникҳо табдил дода ҳамаро олуда ба фасод кард. Мардум як сухан гуяд, дарҳол бузҳо хабар мекунанд, участковий омада мебарад. Дар масҷид инсонҳои донишманд зиёданд, таҷвид медонанд, мадраса хонда илми шариатро балад ҳастанд. Аммо инҳо намегузоранд, ки онҳо пешдаро бошанд. Худаш мисли шашмақом аузубиллоҳро бо ғулғула ва хашин мехонад, то мардум хатоияшро наёбанд.

 Раиси қишлоқ Шокиров Баҳодур ва масъули танзим Шокиров Баҳром мебошанд.
Ин ҳарду бародаранд ва падарашон собиқ раиси қишлоқ буд. Баъди марги падарашон ин вазифаҳоро гирифтанд. Шокиров Баҳром раиси танзим буд, як арақхур дар ҷамоати Рарз. Мардум ба назди вай мераванд, мегуяд, ришатро гир баъд коратро буд мекунам ва мардумро таҳдидҳо мекунад. Рӯзи дароз маст, дар кор нест ва додараш Шокиров Баҳодур тамоман тупой аст. Вазифаашро иҷро карда наметавонад.
 Бародар Муҳаммадиқбол! Ин ҳамон домуллое аст, ки онрӯз сухан карду дуои Қунутро надонисту ташаҳуди намозро натонист гуфта.  Эй кош хап мекардеду ӯ мехонд ва ислоҳаш намекардед, то ҳама бештар мешинохтанд ӯро. Навори туйи писарашро, ки бо арақу шаробу мастӣ гузашт ҳам мефиристам. Дар барои ин шаробхур боз маълумот мефиристем.
                                      Бустон

Дуруд бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман аз Бустон ҳастам. Мо мехоҳем зулме, ки дар инҷо ба дараҷаи максималӣ расидааст, ақалан 30% кам шавад. Мамнурзода аз мардуми Суғд нест. Ӯро бачаҳакои боло кличкаи “ганс” додааанд. Нигора пеш дар Конибодом кор мекард. Он вақтҳо дар Бустон бозори русҳо буд. Онро мақомоти палидсифати Раҳмонов хароб кард. Дар он бозор мардуми оддӣ хариду фурӯш мекарданд. Як воқеаро мехоҳам ҳикоя кунам. Як сол пеш дар мағозаи замонавии назди милисахона як духтаракои боло, як духтараки суғдира дар очерад таҳқир карда узбак гуфт. Ҷои интересниаш ин аст ки ин ҳолатро як генерал ё полковник, мо  нафаҳмидем, мақсад як баланд рутба аз бачаҳакои боло диду бо он  духтараки боло, бо лаҳҷаи ба ҳама маълум гап заданро шуруъ кард: ” э т кии ? Ай киҷоӣ, чи мешай, кӣ мешай”? Аммо мо мардуми суғдии аслии ин сарзамин, ба ҳолати шок қарор гирифтем, ки ин лӯлиҳо ва ҷӯгиҳо аз Ҳиндустон ё Покистон омада бошанд ба Суғд. Мақсад ин аст ки «бачаҳакои боло» ақалан 30% зулмро бас кунанд, вагарна Бустон давно Хатлон -2 шудагӣ аст, дар ин ягон шаку шубҳае нест. Бахшиш,ки ончи ҳастро навиштам. Агарчи шумо аз Хатлонед вале бояд ин воқеъиятҳоро нашр кунед.

                                      Гулистон

Салом бародар Муҳаммадиқбол.  Ман худам аз Қайроқум -Гулистони имрӯза ҳастам. Чанд вақт дар муҳоҷират будам, ҳоло дар ватан ҳастам. Дар инҷо дар ҳама ҷойҳои корӣ аз мойка-мошиншуяку вулканизатсияву таъмири мошину прокурору милисаву пожаркаву МЧС гирифта то дигару дигараш аз бачаҳакои боло омадагианд. Дар як барномаи Минбари муҳоҷир раиси Идораи кишоварзии Суғд баромад кард. Бовар кунед, ки ӯро зери туфанг ба барнома дароварданд. Дар Қайроққум зулм аз дасти ин режими диктотурӣ ба ҳадди ниҳоии худ расидааст. Вақте Раҳмонов Қайроқум мебиёяд одамон аз хонааш баромада наметавонанд. Тамоми роҳҳо, то тангкучаву паскуча баста ва пури милисаву амниятӣ мешавад. Вазифаҳои калидӣ дар дасти бачаҳакои боло аст. Сардори амният, раиси суд прокурору милиса аз бачаҳакои болоанд. Дар обанбори Қайроқум 101% об ҳаст, аммо бо фармон аз Душанбе, барқ хомуш мешавад ва вилоят бе барқ мемонад. Дар Баҳористони Раҳмонов ҳамаи вазифаҳо дар дасти кулобиҳо ва помириҳо аст. Пеш даромад ба Баҳористон пулаки набуд, аммо Раҳмонов пулаки кард. Инҳо шаҳри моро ҳамаҷиҳата ғорат карда истодаанд. Паспортний стол, шуъбаи маъориф ва бонк ҳам дар дасти бачаҳакои боло аст.       

                                         Конибодом

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам тағйиротҳоеро, ки баъд аз нашри “Номаҳо аз ноҳияҳо” дар шаҳри Конибодом ва дар деҳаҳо ва ноҳияҳои шаҳр ба амал омад дар инҷо кӯтоҳ ва мухтасар пешкаши мардуми Тоҷикистон кунам. Умедворам, инро ба нашр хоҳед расонд!

ГАИҳое, ки дар деҳаҳо ва ноҳияҳо пул кор мекарданд, ҳамаашон ба монанди  занбурҳои хитоӣ, ки хеле хатарнок мебошанд, аз ноҳияҳо ва деҳаҳо ба Конибодом, “парида омаданд”. 

Ва дар ин мавзуъ сару садоҳое баромад, ки онҳо рӯзҳои солинавии 30 декабр ва 31 декабр боз ба “точкаҳои” пешинаашон бармегарданд. Чунки барояшон ингуна пулҳоро аз даст додан “не выгодно” мебошад!

 Хитоб дорам ба мардуми оддии тамоми шаҳри Конибодом ва деҳаҳои он. Рӯзҳои солинавӣ ва баъд аз Соли нав эҳтиёт бошед, чунки “гургҳо” боз ба “шикор” мебароянд, бо дастур ва ҳидоёти Абдулло Навҷувонови гушнапурзури Буратино. 

Баъди нашри матлабҳои охирон, ки аз Конибодом буд, хомушсозии барқ ба дараҷоти олӣ расид.

Мардуми Конибодом аз Русия зудтар ба ватан баргардед. Чунки дар миёнаҳои моҳи январ  рейдҳои сахт аз тарафи мақомоти Русия баргузор мешавад ва танҳо ҷое, ки шумо метавонед осудаву амну ором бошед, ватани Шумо ва зодгоҳи Шумо мебошад, гарчанде Раҳмонов онҷоро ба баъдтарин ҳолат расонда бошад. 

Мо мардуми шаҳри Конибодом ва ҳамаи деҳоти ин тарафи Сирдарё  маслиҳат кардаем, ки 418 нафар аз ҳар як гуша ва канори Конибодом дар назди Прокуратура, милисахонаи “обезянник” ва Суди шаҳр митинги қонуниро ташкил мекунем ва ҳаққу ҳуқуқи худро аз ин режими маҳалгарои Раҳмонов талаб хоҳем кард. Дар онҷо аз ҳар қишри ҷомеъаи Конибодом ҳамчунин қиргизҳо, узбекҳо ва тоҷикҳо иштирок хоҳанд кард. Санаи 1январ! Вақте ки бачаҳакои боло “масту аласт” мешаванд! Ё санаи 13 январ. Умедворам шумо огоҳ шудед, “бачаҳако”! Чунки шумо говсаворҳо бо дастур ва ҳидоёти “лаънат кардаи Аллоҳ, бачаи Майрами гӯрсӯхта», моро бо барқ, об, амният, адолат ва баробарҳуқуқӣ таъмин накардед.

Ман ҳар як суханамро 3 – 4 бор фикр карда навиштаам бародар Муҳаммадиқбол. Ин дуздони прокуратура , милисахонаи обезяник ва суди ғоратгари Конибодом огоҳ шуд. Умед ворам ягон калимаро намегиред ё аз худ бо лаҳҷаи бохтариатон қуш нокарда ба нашр мерасонед.

                                       Бустон

Аccалому алейкум акои Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Бустон, Чкаловси пешина.Шумо дар моҳи декабр чанд нома аз шаҳри Бустон нашр кардед. Дар ин номаҳо як мушкилиро нагуфтаанд, ки гуфтанаш хеле муҳим аст. Ин чизи муҳим ин аст ки  ҳоло дар Бустон аз тарафҳои Ворух ва Чоркуҳи Исфара хеле беженетс ва ё ҳамон гурезаҳои пас аз ҷанги қирғизу тоҷик омадаанд. Ҳоло дар Бустон аз ин сабаб ҷинояткорӣ зиёд шудааст. Яке чизҳои муҳимме, ки ман зарур шуморидам ба шумо нависам масъалаи кудакдуздӣ ё бачадуздӣ мебошад. Мо мардум ба дод омадаем. Мо бачаҳои худро ҳатто ба саҳни двор ё кучаҳои худамон барои прогулка ё бозӣ баровардан метарсем. Ман маҳалгаро нестам. Аммо кудакдуздӣ бо омадани ин аҷнабиёни омада «бачаҳакои боло» ба Бустон, ба авҷи аъло расид.  Духтарони тақрибан 6 сола гум шуданд. «Бачаҳакои боло»-е, ки ин номаро мехонанд ё мебинанд, аллакай мефаҳманд, ки онҳо мардумро аз ҷиҳати адлу адолату бехатарӣ ҳатто1% ҳам таъмин накардаанд. Албатта инҳо ҳам бо кудак дуздон ҳамкор ҳастанд ва мехоҳам ба Мамнурзода барои дуруғҳояш лаънати Аллоҳро бифиристам ва ин ранҷро ӯ ҳам бикашад! Илтимос номаро нашр кунед, на ба хотири ман, ба хотири фарзандони 4 –сола, 5 сола,6 сола ва 7солаи бустонӣ, ба хотири фарзандони мардуми ранҷдидаи шаҳри Бустон, ки мо намехоҳем фарзандони худро аз даст диҳем, аз пушти ин режими палид.

                                            Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ин матлаби маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман онро «Дар масҷид» ном гузоштам. Вақте ки номи матлабро хондед, андеша шуморо ба олами розу андеша раҳнамоӣ мекунад. Аммо афсӯсу дареғ, ки имрӯз масоҷид макони фитна ва боздошти ҷавон қарор гирифта аст. Дирӯз саросемавор вориди масҷиде шудам, ки ба вақти намози аср чанд дақиқае беш намонда буд. Чор ракаъатро хонда даст ба рӯй кашида аз он макони пок берун омадам.

 Марде бо муаррифӣ кардани худ, ки корманди амният аст ва марди дигаре, ки зоҳиран имомхатиб буд маро боздошт карда шиносномаамро гирифтанд. Фарди амниятӣ ба чи кор омаданам ба ин ҷоро суол кард. Гуфтам ба намоз омадам ва намозамро гузоштам. Имом гуфт дар чи мазҳабӣ? Гуфтам ҳанафӣ ҳастам. Имом гуфт пас чиро баъди намоз Қуръон нахондӣ? Гуфтам ба хотири малол наомадан ба шарикон. Фарди амниятӣ телефонамро аз ҷайбам гирифт. Дар ин ҳол таксист, ки маро дар берун мунтазир буд ман занг зада аз ваъдахилоф буданам сухан гуфт. Занги телефон паёпай меомад. Дар охир он фарди бе рӯй ва беномус телефонро гирифта гуфт саҳар назди ман медароӣ. Медонед ин корҳо барои чи сурат мегирад? Танҳо барои  пул канда гирифтан. Се ҳазор дода ташаккур гуфта аз дасти он ситамгарон раҳо шудам. Шояд шумо маро ба хотири пора додан маломат кунед.  Ин роҳи осони халос шудан аз қабзи золимон аст. Дар акси ҳол онҳо парванда боз карда ҳама таҳқиру тавҳинро барои сайди гарданкаш раво мебинанд. Баъди раҳо шудан замзама мекардам: Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯи фасод..

                                   Конибодом

Салому дуруд ба бародари гиромиқадр Муҳаммадикбол. Раҳмат ба шумо, ки дар бораи Конибодом номаҳои мардуми озордидаро чоп намудед. Ман, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии Конибодом мебошам. Моҳи ноябр аз Конибодом ба   Русия бо оилаам омадам. Онҷо тамоман дигар баргашта намеравам. Сабаби аз онҷо омданам собиқ раиси ҷамоати Лоҳутӣ  Ғаниева Умеда мебошад. Ин зани маккору айёра дар мактаб директор буд. Бо ёрии бародараш, ки дар беморхонаи  Конибодом сардухтур (главврач) мебошад, раиси ҷамоат шуд. Баъди раиси ҷамоат шудан аз мардум пул ситониданро сар кард. Ҷуйборро тоза мекунам аз Сирдарё об мебарорем , скважина мекунем, барои обуна гуфта аз мардум то 100 сомонӣ ҷамъ мекард. Аҳолии ҷамоати мо қариб 20 ҳазор нафар мебошад. Одамоне, ки ҳақу ҳуқуқи худро медонистанд ва ба Ғаниева Умеда руирост гап мезаданд, ба хонаи онҳо милисаҳою амниятиҳоро роҳӣ мекард. Мардуми деҳаи Лоҳутию Қарақчикумро, ки дар Тюмен ва Сургут пулдор буданд, руйхат кард, ки кадомаш чанд хона, мағоза ва мошин доранд ва ин руихатро ба милиса ва амнияти Конибодом дод. Ин милисаву амнияти Конибодом, ки асосан аз бачаҳакои болоянд сокинонро даъват карда бе ягон далел парвандаи ҷиноятӣ мекунем гуфта метарсонанд ва дар ин вақт Умеда пайдо шуда меомад ва кори онҳоро бар ивази 20 ё 30 ҳазор доллар «тенҷ» мекард. Фарзандони сарватмандонро ба амниятиҳо мегуфт, ки ин тамоман дигар хел шудааст, дар Русия намоз мехондааст, масҷид мерафтааст, тарзи намозхониаш ранги салафиҳогуфта ба амният наводка медод. Як ҷияни ман дар Русия қарор дорад, дар вақти облава ба хонаи ман бо 5 нафар милиса омад ва маҷбур кард, ки ҷиянатро аз Русия биёр ба хизмат равад ва маро якҷо бо милисаҳо маро азоб дод. Милисаҳо нисбати ман протокол тартиб доданд. Ҷарима супоридам, чанд маротиба ба хонаамон омад. Як дӯсти наздикам гуфт ба Умеда 10ҳазор сомонӣ бидеҳ дигар ба хонаи ту намеояд. Ман ба пеши Ғаниева Умеда рафтам. Дар кабинеташ мисли бозор савдо кардем. 20 ҳазор сомонӣ медиҳӣ гуфта пофишорӣ кард. Ман розӣ нашудам. Савдо кардем. Ба 12 ҳазор сомонӣ розӣ шуд. Баъди 2 рӯз пулро ба Ғаниева Умеда додам. Аз ҳамон рӯз сар карда ба хонаи ман дигар ягон коргари милиса ё военкомат наомад. Дар назди пул ин зан шаъну шарафи худро ҳам мефурӯшад.  Пеш аз омадани ҷаноб дар деҳа як детсад сохтанд. Онро Раҳмонов кушод. Барои пешвози Раҳмонов аз ҳар оила 200 сомонигӣ ҷамъ кард. 90 % аҳолӣ пулро доданд. Ин пулро куҷо сарф кард ҳеҷ кас намедонад. Аз лаби Сирдарё 3 гектар заминро аз они худ ва дача кард. Дар вақти раиси чамоат буданаш ба инҷо бачаҳакои боло барои дамгирӣ меомаданд. Духтарбозию бачабозӣ дар авҷаш буд. Духтарчаи 14 – 15 соларо аз детдом меовард барои бачаҳакои боло. Як муаллим ба прокуратура аз ин корҳояш шикоят кард, вале ин муаллимро милисаҳо гирифтанду ҳаракати бадахлоқона гуфта парвандаи ҷиноятӣ карданд. Эмин Ҷалилов бо дӯстони хуҷандиаш рӯзҳои шанбе ба дача меомад. Як духтарчае ки аз оилаи камбизоат мебошад ба раиси шаҳр Тухтасунзода Абдусалом туҳфа кард. Раиси шаҳр баъди дар дачаи Ғаниева Умеда дам гирифтан ба ӯ дар ҳукумати шаҳр мансаби нав дод. Аз деҳаи Лоҳутӣ ба маркази шаҳри Конибодом рафта мебиёяд. Ман аз ягон мақомот наметарсам, чунки онҳо аз ман қарздоранд. Бародари ман, ….. Конибодом аст ягонтаи онҳо ба ман наздикӣ намекунад. Бародарам ба онҳо «доля» медиҳад, мегуяд.  

Имсол дар вақти облава руйхати одамонро ба милисаҳо дода, аз чанд нафари онҳо пул гирифт. Ҳозира раиси ҷамоат Фотеҳ ба ин корҳояш зид баромад, лекин Фотеҳро дар назди раиси шаҳр сиёҳ кард. Ин зан худро аз ҳама боло мемонад. Як корҳое мекунад, ки аз навиштан худдорӣ мекунед. Ин зан лесбиянка мебошад. Дар дачааш тобистони ҳамин сол 5-6 нафар занҳо девичник доир кардаст, дар онҳо ҳамааш пиён шуда бо якдигариаш корҳои ғайриодӣ кардааст. Ҳозир мудири шубаи муроҷиатҳои ҳукумати ноҳияи Конибодом шуд. Ҳозир тамоман дигар хел шудааст, ба одамон бо кибру ғурур гап мезанад, ҳавобаландӣ мекунад. Мардуми деҳаро ба милисаҳо ва амниятиҳо бузӣ мекунад. Ягон одам намонд, ки милисахона нарафта бошад. Аз бузии ин Ғаниева Умеда ҳама якбор таги дари амнияту милисахонаро дида омад. Ягон хешу табораш бо ин зан рафту омад надорад. Вай ҳамроҳи Шавкат Тоҳиров, сартабиби беморхонаи Конибодом бузи калон мебошанд. Эмин Ҷалилов кришаи инҳо мебошад. Ғаниева Умеда зан бошад ҳам мисли занҳои дигар дар хона намешинад. Дар мошинҳои милисаҳо шишта хонаҳои мардумро нишон медиҳад ва аз онҳо пул канда мегирад. Ягон кас бо вай салом намекунад. Дар Русия фарзандони Ғаниева Умедаро одамон ба қатор қуш намекунад. Ғаниева Умеда шиносномаи Русияро дорад. Ҳоло вай бо кадом асос дар мансаби давлатӣ кор мекунад. Ин зани буз мардуми деҳаро ба дод оварда аст. Мардум аз ин зани рубоҳмиҷози маккора безор шудаанд.

                                            Варзоб

Салому алайкум Муҳамадиқболи Садриддин!  

Ман собиқ омӯзгори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб,  айни замон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошам. Маорифи ноҳия Варзоб  рӯз аз рӯз  ба як соҳаи фасодзада табдил шуда истодааст. Ноҳияи Варзоб бо маркази шаҳри Душанбе ҳамсарҳад буда ҳамасола қисми зиёде ба мактабҳои ноҳия  барои таҷрибаомузӣ ва ё баъди хатми донишгоҳҳо омӯзгорони ҷавон ба кор меоянд. Бо вуҷуди ин ҳама ришваситониҳои омӯзгорон аз талабагон аксарашон як сол  кор накарда партофта мераванд. Норасоии кадрӣ дар мактабҳои ноҳия хеле зиёд ба назар мерасад. Аксар омӯзгорони бо таҷрибаву бо савод ба шаҳри Душанбе ба литсейҳои хусусӣ бакор рафтанд, чунки дар онҷоҳо маоши хубтар медиҳанд. Мо омӯзгорон мисли талбанда шудаем, пули обуна биёред, пули китоб биёред, пули бур биёред, пули форма биёред. Ба ғайр аз оне, ки аз талабагон гирифта медиҳем боз аз маошамон барои обуна, барои комиссия, барои сохтмони купруки ҳукумат, барои учаскавой (бензинпулӣ)  гуфта ба ҷонамон расондаанд. Аз ҳама зулми сахте, ки таи панҷ соли охир мо омӯзгорону директорони мактабҳоро дода истодааст ин Бобоева Ганҷина роҳбари сехи дузандагӣ дар маркази ноҳия мебошад. Ба гуфти худи Бобоева Ганҷина ӯро прокурори ноҳия  кришават мекардааст. Касе ба ӯ дар Варзоб гап зада наметавонад. Ба ҳар як хонандаи мактабҳои ноҳия формаҳое, ки сифат надораду дуруст духташуда нест маҷбур ба воситаи мудири маориф Ғоибзода Саодат ба сари директорҳои мактабҳо бор мекунад. Нархашон аз 320 то 360 сомонӣ. Пулашро низ пешпардохт мепурсад. Ин Ганҷина бо директорони мактабҳо дағалона муносибат намуда онњоро касе намешуморад. Ҳаррӯз бо мошини шахсиаш Тойота- кемрии сиёҳ дар вақти дарс ба мактабҳо рафта мошинашро ба саҳни мактаб дароварда ҳолати дарсдиҳии омӯзгоронро вайрон менамояд. Бовар кунед катагиву доду фиғоне, ки Ганҷина ба сари директорони мактабҳо мекунад, вазири маориф ин корро намекунад. Дар сари директорон додзада мегуяд:

«Ма корхона кушодагиюм налоги давлат месупорум буҷети ноҳияда Шумо чиба мара дасгирӣ намекардед, сумои формаҳора саривақт намиёрен». Гуё як ҳамин аст андоз супорандаву тамом.  Аз пули либосҳои талабагон сер нашуда боз омӯзгоронро маҷбур карда истодааст, ки аз 600 то 800 сомони пешпардохт намоянд то ба онҳо низ формаи мактабӣ биёрад. Ман худ шоҳидам, ки  формаҳое, ки инҳо мебиёранду ба сари директорони мактабҳо ба зури бор мекунанд аз дигар сехҳо,аз шаҳри Душанбе арзон мехаранду дар болояш сум монда таёракак меоранду мефурӯшанд. Охир ҳамин мардум метавонад худаш аз бозорҳо бо нархи дастрас харидорӣ кунад. Омӯзгорон дар фикри таълиму тарбияи насли наврас бошад. Омӯзгори бечора ба ҷои он, ки дарс диҳанду насли наврасро тарбия намоянд дар фикри пулҷамъкунӣ мебошад. Вазорати маориф Шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Бо ин рафтори Ганҷина ҳаррӯз омузгорону директорони мактабҳои ноҳияи Варзоб дар фикри ҷамъоварии маблағ барои Бобоева Ганҷина мебошанд. Ин Ганҷина дар болои директорони мактабҳои ноҳияи як пешвочаи дигар шудааст. Агар пас аз ин нома тағироте нашуд боз аз дигар паҳлу ва ҷонибҳо хоҳем навишт.

                                   Конибодом

 Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Дар номаи №90 шумо дар бораи коррупсионери ҷамоати Лоҳутӣ, Фатҳулло  Соҳибов маълумотҳои хеле ҷолибе ро нашр кардед. Дар Конибодом ҳама дид. Ҳамаи он маълумотҳо воқеъӣ мебошанд. Вай баъд аз депорт шудан номашро иваз кард. Раиси ҷамоатро дар назар дорам. Вай хеле ошиқи пул аст. Агар ягон одам дар хонааш ягон ташкилии хурд карданӣ бошад, меравад 100 сомонӣ ва ё зиёдтар талаб мекунад. Пеш аз тӯйҳо 500 сомонӣ мегирифт. Ҳоло бошад нафсаш двойной шудааст. Аз ин сабаб мардуми оддие, ки қонунҳои Тоҷикистон фақат барои онҳо аст аз дасти ин коррупсионери Фатҳуллоҳ маҷбуранд дар Русия ё Самарқанд туйҳои худро гузаронанд, на дар ватану зодгоҳи худашон. Ин шахс ҳамроҳ бо бачаҳакои боло мафияи қиморбози ташкил кардааст. Вай мардҳои деҳаро бо чор нафари монанди худаш алкоголик кард. Дар Лоҳутӣ ночной бару билярдклуб сохта  мардони ноҳияро ҳаром карда истодааст. Мо талаб дорем фаъолияти инҳоро қатъ кунанд.  Шахсоне, ки бо пулҳои одамон кор мекарданд ба Русия гурехта рафтанд. Номи ду коррупсионерро махсус барои “Ислоҳ” мегуям: инҳо Болтаев Зариф ва Исанбоев Абдуваҳҳоб мебошанд. Инҳо бо пули мардум кор мекарданд, ҳоло ба Русия  рафтанд.

  Дар ҷамоати Лоҳутӣ терминалҳои маблағсупорӣ %ашон хеле баланд аст. Як терминал дар назди мағозаи № 29-и Шуҳрат, дигар дар назди бозори деҳаи Ҷаҳонзеб, назди мағозаи Далер, дигар дар пеши бозори Чоршанбеи Лоҳутӣ ва дигар дар пеши заправкаи Лоҳутӣ. Инҳо фоизи баланд мегирнад, ба ғорати мардум машғуланд. Бояд фаъолияти онҳо аз боло санҷида шавад ва фоизи онҳоро кам кунад ё умуман ин терминалҳоро нест кунанд. Душанбе ситии Рустами герчикро дар дигар ҷой пропаганда кунанд. Фоизи баланди ин терминалҳоро худи магазинчиҳо таъин мекунанд.  

Номи ду коррпусионерро гуфтам ҳоло сеюмашро ҳам мегуям. Ин нафар Ҳусейн собиқ главврачи болнитса ва ё ҳамон бемористони ноҳия аст ки ӯро ҳама мешиносанд.

Share This Article