Ифшои 18млрд$ сари Ҷамолиддинро нею аз Шуҳратро хурд

Ислоҳ нет

Сукути ваҳмангезу шубҳаноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мавриди зинда ё мурда будани Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ориёнбонк ангушти иттиҳом ба сӯи Оила ва раиси он-Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони заказчикро баландтар кардааст.  Дар ҳоле, ки мақомот аз дастгир кардани чаҳор нафар аз рабояндагони Шӯҳрат Исматуллоев суҳбат ва беш аз ин  таркиби ин гурӯҳи ҷиноиро муайян кардаанд, хамӯшӣ аз вазъи саломати ӯ  табъан, ки ҷомеаи кишварро дар изтиробу ҳаяҷон ва таҳлукаву ташвиш меоварад.

Дар воқеъ, ҳоло саволи асосӣ ин аст ки Шӯҳрат Исматуллоев зинда аст ё мурда?

Хонандаи азизи «Ислоҳ», шумо аллакай дар навиштаи пешинаи мо назари мо дар ин масъаларо фаҳмида будед. Мо, ҳоло ҳам бар сари ҳамин ақидаем. Балки мутмаинтар шудем ва ба маълумоти шумо мерасонем, ки қазияи қатли ноҷавонмардонаи Шӯҳрат Исматуллоеви 49 сола, зодаи Кулоби бостон, падари панҷ фарзанд низ ба парвандаи ҷиноии Эмомалӣ Раҳмонов, ки иншаАллоҳ қарор аст бо мусоид шудани шароит ба Додгоҳи байналмилалии Лоҳа мунтақил бишавад, изофа шуд.

Мо,ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ гоҳ аз пеши худ ҳарфу сухане намегуем. Ин ки гуфтем Шуҳрат Исматуллоев, регулятор, контролёр ва маъмури аслии суратҳисобҳои оффшории худи Эмомалӣ Раҳмонов аст, бори дигар тасдиқ шуд. Беш аз ин, як нафар аз кормандони баландмақом ва вориду огоҳ дар ҷараёноти ахир аз амният, тавассути яке аз афроди «внедрят» кардаашон ба мо як маълумоти хеле ҷолиб вале сахт ваҳшатнокеро расонд. Маълумот нав аст. Аммо, хулосааш, ҳамоне, ки гуфтем. Шӯҳрат Исматуллоев бо дастури худи Раҳмонов ба қатл расонида шудааст. Ва, феълан ҳеҷ гуна амалиёти ҷустуҷу ва талоши бозкушоии ин қазия, ончуноне, ки бояд мешуд роҳандозӣ нашудааст. Ҳама чизе, ки гуфта мешавад ва ҳама рафтану омаданҳо ба Молдова ва ё ҷое дигар, ва ин хабар, ки яке аз муттаҳамони муовини Ориёнбонкро дуздида дар Русия дастгир шудааст, ва инки дар таркиби ин гурӯҳ собиқ афсарони умури дохилӣ ва ҳатто додситони собиқ ҳам ҳастанд ва онҳо бо ҷинояткорон барои анҷоми ин куштор дастбаяке кардаанд, чарандиёт ва парту палое беш нестанд. Ин гапу ҳарфҳо барои гапро ба ин вару он вар кашол додан аст. Афкору азҳони ҷомеаро ба гумроҳӣ савқу самт додан аст.

Мақомот бо бархе аз расонаҳо дар ин бора суҳбат карда талош намудааст, ки ба матлаби пешинаи «Ислоҳ», ки бо пардабардорӣ ва ифшосози паҳлуҳои торики ин қазия тафтишоту амният ва дохила, хуллас мақомоти қудратиро даступохурда ва ваҳшатафканд, посух бидиҳад. Бар фарзи мисол мо гуфта будем, ки чи гуна бо номери мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин «гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» тавонистааст, ки дар пеши чашми ҳама як чунин ҷиноятро содир кунад. Ҷавоби мақомот чунин шуд:

 « …. рабояндагон аз рақам(номер)ҳои давлатие истифода кардаанд, ки хоси ниҳодҳои қудратиянд ва метавонанд ба талаби пулиси роҳ итоат накунанд, бо суръати аз меъёр зиёд ҳаракат намоянд».

  Ва ё инки мо гуфтем, ки чаро мақомот аксҳои онҳоро, чопу нашр намекунад, ҳоло имрӯз дорад ин корро мекунад ва акси яке аз онҳоро аз кадоме аз камераҳо мунташир кардааст.

   Аҷиб ва аҷаб!! Кӣ гуфта, ки бояд пулиси роҳ он мошинро ба итоат кардан даъват кардааст? Ва ё кӣ дар бораи пулиси роҳ суҳбат кардааст? Магар пулиси роҳ медонист, ки Шӯҳрат дар даруни мошине аст, ки рақами мақомотро дорад? Ин «оправдание» як «аллиби»-ӣ дуруғини дигар аст, ки боз ҳам шакку шубаҳоро бештар мекунад. Гап дарон буд, ки ин мошину одамони дохили он дар регистраторҳои камераҳо ва махсусан ҳарду плазаи толлингии қади роҳи Душанбе-Хуҷанд пурра сабт шудаанд ва ҳатто ҳамин номерҳои мақомот ҳам дар ин плазаҳо бидуни супоридани маблағ намегузаранд, ҳадди ақал ист мекунанду муаррифӣ мекунанд, ки дар ин маврид сару каллаи онҳоро камераҳои аз 66 сӯи ин терминал ба навор мегирад ва мо гуфтем, ки бо ҳамин гуна мадраку далел ҳамоно мақомот натавонистаанд, ки одамдуздонро дастгир ва фишо кунанд.

  Ҳоло акнун, ингор дастгир кардаанд. Якеаш дар Молдова дар ҳоли марг аст, яке дигарш дар Русия дастгир шудааст, чандеи дигар дар дохил боздошт шудаанд, аммо аз худи «мавзуъи асосӣ»-«терпила»- «тема»-«жертва» гапу ҳарфе нест. Чаро?

  Нафари ба мо маълумотро расонида гуфт, ки Шӯҳрат Исматуллоев ба эҳтимоли зиёд дар   Харангони Варзоб, ки онҷо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Сайид, Исмоили дастбахайри набераи Эмомалӣ Раҳмонов саисхонаҳо доранд ва ё қисми низомии қушунҳои дохилии вазорати дохилӣ зери дасти генерал Суҳроб Раупов кушта ва ҷасади вай мисли ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори Саъудӣ, ки соли 2018 бо дастури Муҳаммад Бен Салмон дар сафорати Саудӣ дар Туркия кушта ва бо кислота ба гарду ғубор бадал шуд, дар кислота сухтаву хокистар шуда бошад.

Низ, мо таъкид карда будем, ки сабаби ҳамчунин бархурди қотеъ ва шадид бо сарнавишти Шуҳрат Исматуллоев ин аст ки вай тамоми манобеъи молӣ, афёра ва махинатсияҳои Раҳмонов ва бадтар аз ин суратҳисобҳои оффшории вайро медонад ва мудирият мекунад. Раҳмонов пули андак-мандак надорад. Рақаме,ки аз даҳони Шуҳрат Исматуллоев дар ин бора паридааст 18.000.000 –ҳаждаҳ миллиард доллар аст. Дар куҷо ин рақам аз даҳани ин акнун барои то рӯзи қиёмат мафқудуласар паридаастро як каме поинтар хоҳем гуфт.

   Бояд инро бигӯем, ки Раҳмонов ҷиддан дар фикри таҳвили қудрат уфтода ва дастури омодагӣ ба онро дар доираи хос содир кардааст. Гуфтааст, ки дар ин шароит, ки дигар Путин мисли саги пири бедандон шудааст, мо бояд кори худро ба иҷро бирасонем. Барои онки Рустам бе хавфу хатар риёсат карда бошад вай набояд ҳеҷ «улик»-еро на дар санад ва на миёни зиндаҳо боқӣ бимонад. «Проблема»-и худашро худаш бояд ҳал кунад. Кӣ медонад фардо чи пеш хоҳад омад. Нашавад, ки ин «улик»-ҳои зинда баъдан ба шантажи Рустам бипардозанд. Барои ҳамин тасмими поккориро гирифтааст ва ин поккорӣ тоза шуруъ шуда ва фақат бо Шуҳрат хотима намеёфтаасту идома ҳам доштааст….

18 миллиард доллари Эмомалӣ Раҳмонови сархур

  Хуб, ҳоло баргардем ба Шуҳрат. Масъалаи ифшои 18 миллиард маблағи дар суратҳисобҳои хориҷии Раҳмоновро дар аввал аз Ҷамолиддин Нуралиев дида буданд. Ҳамин буд, ки ӯро сари бод аз мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ барканор карда ва аз тамоми имтиёзоти давлатӣ маҳрум карданд ва кам монда буд, ки ҳатто Озодаро ҳам ба дунболи вай аз мақому мансабаш биронанд. Аммо, баъди тақрибан як сол маълум мешавад, ки ин утечка аз Ҷамолиддин набудааст.

Асли ҳодиса ё “утечка” аз куҷо сар задааст?

Соли гузашта ё соли пештар дар яке аз сафарҳои Раҳмонов кор чунин мешавад, ки дар як кишвари арабӣ ӯро ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Нафари мизбон як шайхи баландмқоми давлатӣ. Аммо Раҳмонов, шояд пиён мешавад ва ё шояд чи балоеяш мезанад, ки меҳмонӣ намеравад. Вале бақия мераванд. Аз ҷумла дар ин меҳмонӣ Ҷамолиддин Нуралиев ва Шуҳрат Исматуллоев ҳам ҳузур доштанд. Гап тоб мехураду мерасад сари онки ин шайхи араб хеле пули зиёд дорад. Яке аз даҳони Шуҳрат мепарад, ки ҷаноби олии мо Президенти мо бойтар аз ин шайхи араб аст ва масалан мегуяд,ки солона чи қадар даромад дораду ин даромадҳо чи тавр ба даст меоянд ва ҳоло пули ӯ 18.000000 миллирад доллар аст. Азбаски дар вақтҳои ахир миёнаи Ҷамолиддин ва Озода хуб набуд ва ҳаргапҳаргап аз даҳони Ҷамолиддин ба гӯши раиси Оила мерасид ва расонида мешуд, ҳамин хабари «лақӣ»-игии Ҷамолиддин ҳам дар бораи маблағи дуздиҳои дар оффшорҳо баҷокардаи Раҳмонов ба гушаш мерасад ва таҳти шароит яқин мекунанд, ки ин кори Ҷамолиддин аст. Аммо баъди таҳқиқ ва тафтиши беш аз як сола маълум мешавад,ки Ҷамолиддин дам назадаву лому мим ҳам нагуфтааст ва он ки даҳанлақ будааст ҳамин Шӯҳрат будааст. Барои ҳамин дастури маҳви физикӣ ва безараргардонии ӯро худи раиси Оила, соҳиби суратҳисобҳои оффшории миллиардӣ содир кардааст. Ва дигар ӯро дар ин дунё дида намешавад.

Ҳоло гуё кофта истодаанд, ҳоло гуё чор касро дастгир кардаанд, ҳоло гуё рақами мошин рақами мақомот будааст… ва ғайра. Бовар кунед, ин ҳама спектакл аст, ки режиссёри он ҳамин Пешвои муаззами миллат аст ва акнун Юсуф Раҳмону СС.Ятимову Рамазон Раҳимзода бояд ӯро «сафед» созанд ва ҳамчуноне бармеояд хонаи чанд нафарро бисӯзанд. Ҳамчуноне дигар бачаҳои Шуҳрат Исматуллоев ӯро нахоҳанд дид ва фардо мехезанду мегуянд ва ё ба даҳани яке аз дастгиршудаҳо гап мемонанду вай ҳам мегуяд, ки мо ӯро бурдему дар фалон ҷои дарёи Зарафшон ба об андохтем. Ҷисми вай дар бағоҷи он мошин аст. Аммо ин дурӯғи дурӯғ аст. Ҳатто ҷисми ӯро ҳам ба гарду ғубор, ба чанг бадал кардаанд ва албатта инро вақт нишон медиҳад.

   Ҳамин нафари «внедрят» шуда бо итминон гуфт, ки Ҷамолиддин Нуралиев шояд дар ҳамин рӯзҳои наздик мансаби баландеро бигирад, чун Раҳмонов худро дар назди вай як каме гунаҳгор шуморидааст. Ва, аз тарафи дигар вай, ҳарчи ҳам набошад, шӯи духтараш-домодаш аст ва ҳиҷ гоҳ ба Рустам зиён намерасонад. Аммо Шӯҳрат, кулобии бегона аст. Ҳарчи шуданаш мумкин аст. Ҳамин тавр «ифшои сири счети бонкӣ»-и Раҳмонов боиси қатли Шуҳрат Исматуллоев муовини Ҳасан Асадуллозода шудааст.

  Ростӣ, кам монда буд ёдам биравад. Шуҳрат маблағҳои «откат»-и як ширкати хитоиро, ки ба Раҳмонов ҳамчун ришва медод, ба як суратҳисоби ҷазоири Вирҷиния мунтақил мекардааст, ки гуфта мешавад. Он аз садҳо миллион доллар бештар будааст. Ин ширкати хитоӣ чанд кони тиллои ноҳияи Айниро гирифта будааст ва бинобар маълумотҳои расида дар қарордод ҳаҷми захираи ин конҳо бамаротиб кам нишон дода шудааст. Фарқи маблағ бояд ба суратҳисоби оффшории Раҳмонов ворез бишавад, ки онро ҳамин Шуҳрат анҷом медодааст. Шӯҳрате, ки дигар ҳам сармояи худ ва ҳам маълумоти воқеӣ аз сармоя, балки дуздиҳои аз давлату миллат кардаи Раҳмоновро бо худ бурд….

Аммо, ин вазифаи мақомот аст ки дигар сари ӯ ҳамачиро «списат» кунанду қотили ӯро «спасат» кунанд…коре тамоми ин ҳам се даҳсола мақомот барои Раҳмонов иҷро карда истодаанд….

Акнун аз Молдова хабари даргузашти Рустам Ашуров ҳам расид, ки тут ба муроди мақомоти режими Раҳмонов пухт. Дигар мурда сухан намегуяд ва ҳама ончи ҳаст ба гардани ӯ бор мекунанд ва чанд бе гуноҳи дигарро дар дохил бо иттиҳоми ҳамдастӣ муттаҳам ва равонаи зиндон мекунанду делоро мебандад. Мепардозанд ба “бе зарар” гардонии огоҳони дигар аз дуздиҳо ва ғоратҳои “пешво”и миллат ва оилаи бе тагу нуги ӯ. Лаҳзаҳои ногувор идома дорад…..

Ps: Ислоҳ таҳқиқоти қазияи дуздидашудани Шуҳрат Исматуллоевро дунбол хоҳад кард. Ҳар нукта ё фарзияе, ки иллати дуздидашудан ва “бе зарар” гардонии ӯро дар он дидему пайдо намудем, онро тақдими хонанда ва бинандаи “Ислоҳ” менамоем. Чун даҳсолаҳо маҳрами рози миллиард долларҳо будану таҳвилу ҷобаҷо кунии ин маболиғ боши. Бидуни шакку тардид фарзияҳои зиёде бояд дошта бошад, ки ба “бе зарар” гардонида шудан мунҷар гардад….

Share This Article