Ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон, махсусан масъалаи фурӯши замин ба баҳонаи додани участкаи наздиҳавлигӣ дар ин матлабе, ки аз як нафар муаллифи ҳамешагии «Ислоҳ» ба дасти мо расид, хело ҳам дуруст мунъакис шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,интизомӣ ва нозири қонун як шайкаи дуздонро дар Файзобод (ва на танҳо дар ин ноҳия) ташкил карда барои худ посредникҳо пайдо крада замину замони мардумро фурухтанду фурӯхта истодаанд. Ҳатто саҳнаи биноиҳои маъмуриро барои сохтмони манзил ва участкаи наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон фурӯхта истодаанд.
Мушкилоти тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, агар возеҳу рушантар бигуем масъалаи заминфурӯшӣ на як бору ду бор дар ҷаласаҳои ҳукумати Раҳмонов баҳсу баррасӣ шуда ва ҳатто бархе аз масъулон барои иртикоби заминфурушӣ дастгир ва зиндонӣ ҳам шуданд, аммо то ба имрӯз ҳал намешавад. Чаро? Посухи ин суол пеши ҳар як сокини Тоҷикистон ҳаст, аммо дар ин нома муфассалтар ва рушантар баён шудааст:
Ассалому алейкум бародари ғамхори миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳар як шахсе, ки дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» суханҳои ҳақонӣ ва воқеиро аз ноҳияи худ мешунавад мефаҳмад, ки дар ҳақиқат Шумо ҳарф ва дарди дили мардумро мегуед. Чунки он чизе, ки Шумо менависеду мегуед дар ҳамон хел ҳолат дар ноҳия ҳаст ва мардумро зурашон меояд ба Шумо менависан, чунки дигар чое надоранд барои навиштан.
Ман аз ноҳияи Файзободам. Маълумоти олӣ дорам ва чандин сол дар чанд корхонаи давлатӣ кор кардаам. Аз сабаби кам будани маош тули чандин сол аст, ки ба мусофиркашӣ машғулам ва ин қадар солҳо ба мардум хизмат мекунам. Мардумро аз Файзобод ба Душанбе ва аз Душанбе ба Файзобод оварда дар як рӯз се чор бор рафта меоям ва бо ҳамин зиндагиамро пеш мебарам. Аз Файзобод ба Душанбе як соата роҳ аст. Ва мардум ҳам аз ин тараф ва ҳам аз он тараф аз дасти чанд ҳаромхур- кормандони мақомоти ба ном ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод шикоят карда гиря мекунанд. Мегуянд, ки ба дод омадаанд. Намедонанд ба куҷо шикоят кунанд. Чунки ҳар ҳар куҷо, ки шикоят ё ариза мекунанд, боз шикояташонро ба ҳамин ноҳия равон мекунанд ва табиист, ки ягон чорае дида намешавад. Баракс, ин ҳаромхурҳо аз болои мо шикоят кардӣ, гуфта аз бурда овардан безор мекунанд ва бо ҳолате мерасонанд, худат аз шикояти кардаат пул дода даст мекашӣ, ки худатро аз дасти ин порахурҳо раҳо диҳӣ ва ман ин шикоятҳои мардумро шунида ва он чизҳои дар ноҳияи Файзобод руй додаро дида ҳар рӯз ғамгин мешавам ва аз дастам ҳеҷ чизе намеояд ба ҷуз ба Шумо ин гапҳоро навиштан. Шояд мақомоти болоӣ ин корҳоро шунида коре бикунанд.
Ман ин номаро ба Шумо пештар навистанӣ будам, лекин номҳои ин порахурҳо ва ҳаромхурҳоро ба пурагӣ муайян карда баъдан навистам. Ман аз корҳои порахурӣ ва ҳаромхурии як чанд корманди ба ном мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод гуфтаниам. Солҳое, ки Шумо дар бораи собиқ раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ ва собиқ кормандони ҳифзи ҳуқуқи Файзобод барномаҳои беҳтарине карда будед, ки ҳамаи он гапҳо рост буд. Мисли ҳозира ҳоли мардумро хело ҳам бад карда буданд. Пас аз барномаҳои Шумо бисёрии он кормандонро аз кор гирифта ба дигар ҷойҳо равон карда қисме аз онҳо ба Русия фирор карда буданд ва ноҳияи Файзобод хело тинҷ шуда буд. Вале пас аз якуним -ду сол гузаштан боз ҳамон корҳое, ки корманди амниятӣ ба Шумо навишта буд ва Шумо барнома карда будед боз ҳамон корҳо сар шуд. Дар ҳамон барномае, ки корманди амниятӣ навишта буд, Шумо дар бораи Наҷмиддинзода Наврӯз ном шахс корманди милитсия сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод гуфта будед, ки дар ҳамон вақт ҳамаи онҳоеро, ки Шумо номбар кардед, аз кор гирифтанду ин ҳаромхури бадбахт то ҳол кор карда истодааст. Пас аз он барнома каме шасташ паст шуда буд. Боз пас аз як соли барнома то ҳоло ҳам хуни мардумро хурда рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Наҷмиддинзода Наврӯз бо ҳамроҳии уголовний розискҳо як гурӯҳе ташкил кардааст, ки духтарони ноболиғи мактабхоне,ки бо ягон писар гап мезананд, онҳоро бо он писар қапида метарсонанд, ки туро бурда балнитса проверка ва падару модаратро ҷарима мекунем. Ба ҳамин роҳ онҳоро тарс дода ба доми худ афтонда худаш бо уголовний розискҳо аввал истифодаашон мекунанд, баъдан бачаҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд ба назди онҳо духтарони ноболиғро равон карда онҳо шинос мешаванд ва пас аз шиносои ҳангоме, ки онҳо дар ягон ҷо тоқа шуда ҳамхоба мешаванд рафта онҳоро қапида маблағҳои калонашонро мегиранд. Боз ин гурӯҳ бо худ бузҳое доранд, ки кадом шахсе аз Русия омадаасту пули хуб овардааст ба назди онҳо ин бузҳояшонро равон мекунанд. Ин бузҳо ба ин бача ҷанг мекобанд ӯро ҳар гапҳои ношоиста мегуяд. Вай ӯро ягонто мезанад, ӯро гирифта ба отдел бурда маблағи калонашро канда ҷавобаш медиҳанд. Агар пул надиҳад делааш карда резултаташ мекунанд. Боз Наҷмиддинзода Наврӯз бо Шарипова Хайринисо, Бобиева Зебо, Рухшона Шарипова, ки инҳо апаву хоҳарҳо мебошанд инҳоро авлоди Люба ҳам мегуянд чунки тули солҳои зиёд аст ки ба духтарфурушӣ ва ба %қарз додан машғуланд, ки инҳоро Наҷмиддинзода Наврӯз пуштибонӣ мекунад.
Шахсоне, ки ин апаву хохарон ба онҳо под% қарз медиҳанд, агар сари вақт қарзро надиҳанд онҳоро ба отдел оварда маблағи ҳам қарз ва фоизҳояшро меситонанд. Боз се- чор ҳазор долари дигарашро гирифта баъд ҷавобаш медиҳанд. Агар пули гуфтаашонро надиҳад мошшеник гуфта делояш мекунанд ва бурда паси панҷара мешинонанд, ки ин корҳоро апаву хоҳарҳо 10-15 сол шуд бо кормандони милитсия муташаккилона мекунанд. Ҳоло бошад бо Наҷмиддинзода Наврӯз ҳамин корро панҷ- шаш сол шуд карда истодаанд. Ин апаву хохарон ба як зан ба номи Латипова Фазила ҳашт ҳазор сомонӣ дода ӯро протсент баста то 208 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд, ки ӯ надодааст. Ӯро ба воситаи сардори тафтишот Наврӯз бо туҳмат мошшеник гуфта дело кардаанд. Латипова Фазила ба прокуратураи ноҳияи Файзобод барои ин корҳо аз руи Наврӯз шикоят мекунад, ки ҳеҷ коре намекунанд. Чунки худи прокурори Файзобод Наврӯзро пуштибонӣ ва нигоҳ мекунад. Баъдан ба Бомдод ТВ аз руи кормандони милитсия, прокуратура ва суди Файзобод моҳи июли соли 2023 шикоят кардааст, ки номи барнома дар Бомдод.ТВ «Дод аз дасти протсент, қоришкамбаҳои асри 21» буд ки пас аз ин шикояташ ҳамаи мақомоти Файзобод якҷоя шуда бо туҳмати ин апаву хоҳарон ӯро, ки се фарзанди хурдсол дошт ба мудати 8 сол равонаи зиндон карданд. Вай ягон гуноҳе надошт. Гуноҳи вай дар он буд, ки аз руи кормандони милисаи Файзобод ба “Бомдод.сом” шикоят кардааст. Боз ин апаву хоҳарон Бобиева Зебо мехостан, ки бо роҳи зури ба воситаи Наҷмидинзода Наврӯз ва шиносҳояшон хонаи Бобиев Латиф ва Камолова Ҳуснигулро гирад ва рафта онҳоро дар хонаашон лату куб кардаанд, ки Камолова Ҳуснигул ва Бобиев Латиф оиди ин ҳолат ба кормандони милитсия ва прокуратураи ноҳия шикоят карданд, ки ин апаву хоҳарон пулро доданд. Онҳоро ҳеҷ чиз нагуфта худи Бобиев Латиф ва Камолова Ҳуснигулро дела карданд, ки Камолова Ҳуснигул ва Бобиев Латиф ба радиои Озодӣ рафта аз болои мақомоти милитсия, прокуратура ва суди Файзобод шикоят кардаанд. Номи барнома дар радиои Озодӣ «Модар келини собиқи хонаводаро ба лату куби фарзандаш муттаҳам мекунад», ки ин барнома моҳи июли соли 2023 нашр шуда буд. Камолова ва Бобиевро барои ин шикояташон дело карда ҷазо доданашон, ки дигарҳоро тарсонанд, ки дигар ба ягон барномаҳо ва ягон ҷой шикоят накунанд. Агар шикоят кунанд мисли ҳаминҳо паси панҷара мераванд.
Танҳо дар як сол ин апаву хоҳарон сари се касро хурда равонаи зиндон карда худашон гуё дар ҳама ҳолат бе гуноҳанд дар назди мақомоти ҳифзи хуқуқи Файзобод. Чунки ба ҳама мақомот пулро ғафс медиҳанду корашонро буд мекунанд. Дар ҳамаи мақомоти Файзобод инхо дело доранд, ариза мекунанд ва кор ба тарафи инҳо ҳал мешавад. Ягон касе омада фамилияву номи инҳоро дар чанд соли охир кофта барорад зиёда аз сад аризаву делаҳои зиёде мебарояд. Наҷмидинзода Наврӯз мисли бекорон кораш аз саҳар то бегоҳӣ дар маркази ноҳия ба мошинаш таҳу боло чарх задан аст. Ҳар рӯз ба ҳар мошин мегардад. Вай кай корҳояшро мекарда бошад? Ягон кас ӯро барои дар кор набуданаш ҳеҷ чиз намегуфта бошад?. Ин Наҷчмиддинзода Наврӯз, сардори тафтишоти Файзобод ба воситаи як духтари ноболиғе, ки бачаҳоро подставит мекард, ки ин духтар аз синфи шаш -ҳафтумаш бероҳагардӣ мекард ва ҳамаи бачаҳои Файзобод ба ӯ хобу хез кардаанд, ба ӯ ошиқ шуда ҳоло ӯро зани дуюми худ кардааст.
Сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод Наврӯз доимо мошинаш дар пеши прокуратураи ноҳияи Файзобод ё суди ноҳияи Файзобод аст. Ҳамаи корҳояшро ба воситаи прокурори калони ноҳияи Файзобод ва раиси суди ноҳияи Файзобод ҳал мекунад. Кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод мегуянд, ки ин Наврӯзро ҳатто сардори милитсияи ноҳияи Файзобод ҳеҷ чиз гуфта наметавонад, чунки ӯ одами прокурори калони Файзобод Миралӣ Хусрави Амиршо аст. Ҳамаи корро ба воситаи ҳамин ҳалу фасл мекунад ва аз сари ҳамон маблағ ягон суме ба сардори милитсия медиҳад, тамом. Ин Наврӯз бениҳоят баднафс аст ва руирост одамони корафтодаро қабул карда гап мезанад барои андак кор чор- панҷ ҳазор доллар талаб мекунад. Агар кори вазнинтар бошад даҳ- бист ҳазор доллар талаб мекунад. Боз худаш мегуяд, ки ин маблағ барои ман тоқа нест. Аз ин маблағ панҷоҳ фоизашро прокурори калони ноҳия мегирад, бист фоизашро сардори милитсия ва бист фоизи дигарашро раиси суд, танҳо даҳ фоизаш ба ман мемонад. Мо ин маблағатро мегирему як парвандаи маъмуриат мекунем, 5 ё 10 сутка мешинонемат, ҷавобат медиҳем ба ҳамин тамом. «Агар ин маблағро надиҳӣ делаат мекунем, панҷ-шаш сол паси панҷара меравӣ бо модам резултат мешавад, фармони вазираи ,ки резултат нишон бтен».
Ин сардори тафтишоти ноҳияи Файзобод Наврӯз фақат аз номи прокурори калони Файзобод Хусрави Миралӣ гап мезадааст ва мегуфтааст, ки ин прокурори калон данғарагӣ, ҳамсояи Ҷаноб будааст дар Данғара. Падараш рафики ҷаноб аст. Генералний прокурор Юсуф Раҳмон шогирди падараш аст. Ҳамаи коркунони калони Тоҷикистонро мешиносад. Худаш ҳам беҳад сумдори калон аст. Чи коре хоҳад мекунад:
«ира ҳиҷка ҳичи гуфта наметона, лубой кора ҳал када метона, агар суми гуфтагиша битиша, ҳамаи корои мара ҳами ҳал мекна, сумша мегира бо чи проблемае шава хидиш ҳал мекна, суми калон мегира неке канкретна лубой кора ҳал мекна».
Аз соли 2020 ки Миралӣ Хусрави Амиршоро ба ин вазифа таъингардид ҳамаи мақомоти Файзобод комилан расво шуд. Пулро медиҳанд, дигар чи коре хоҳанд мекунанд ва худи Наврӯз дар ҳамаи ҷо лоф зада мегуфтааст, ки «прокурори калон Миралӣ Хусрави Амиршо мада волия додагияй. Мега ҳами чанд суме гуфтим ҳамухе гир биёр. Усуша ма ҳал мекним чи коре бошад. Сум намедодагиша резултатиш кун, делаш кун, рава куҷое шикоят мекна кадан гирад. Касе чизе мега мара гу ма ҳалиш мекнум. То вақте ма ҳамиҷадаюм тра ҳиҷка ҳеҷчи гуфта наметона. Чикоре маҳқулайта ҳамухе кун, ма гапзанша фалон кардагиюм».
Кадом шахсеро дар ноҳия ба кадом коре қапанд рост ба пеши Наврӯз меравад. Наврӯз маблағи корро мегуяд, бурда медиҳӣ кор ҳал. Агар одам кушта бошӣ, пулашро деҳ ҳал мекунанд, агар пул надиҳӣ барои як шапалоқ мебаранд маҳкамат мекунанд. Миралӣ Хусрави Амиршо аз 26 уми май соли 2020 ба Файзобод омад ҳаромхуриро сар кард. Ба воситаи ду коргараш Мазоризода Фаррух ва Саидзода Суҳроб мардумро ба дод овардаанд. Мазоризода Фаррух ба кормандони замин ва ҳукмат фармон додааст, ки заминҳои одамонро чен карда кадом шахсе замини зиёдатӣ дорад ё дар замини зиёдатӣ ғайриқонунӣ сохтмон кардааст ба пеши ӯ ҳуҷҷат карда биоранд ва Мазоризода Фаррух онҳоро ба назди худ даъват ва суҳбат карда барои корашон ҳал шудан маблағашро мегуяд. Агар маблағро оварда диҳанд ба кормандони ҳукумат фармон медиҳад, ки ҳуҷчатхояшро дуруст карда диҳанд. Агар ӯ аз додани маблағи талабкардаи Мазоризода Фаррух даст кашанд, надиҳанд онҳоро барои ғайриқонунӣ сохтмон кардан дело мекунанд, ҷаримаи калонашон мекунанд, боз чи сохтмоне кардааст, чапааш мекунанд. Кадом шахсоне, ки замини зиёдатӣ доранд ба ҳукумат мераванд барои қарор гирифтан.
Аммо кормандони ҳукумат ӯро мегуянд авал рафта бо Мазоризода Фаррух ҳал кун, биё мо он тарафашро ҳал мекунем. Пеши Мазоризода Фарух мераванд маслиҳат мекунанд: 15 ҳазор сомонӣ медиҳӣ Мазоризода Фаррух ба кормандони ҳукумат ва Кумитаи замин фармон медиҳад дар як моҳ қарорро бароварда медиҳанд. Агар дар замини беқарор хонаҳоро пеш сохта бошӣ, сохтмон куҳна бошад, ду ҳазор доллар медиҳӣ ҳамаашро ҳал карда медиҳанд. Агар дар замини беқарор гарчанде ҳавлии худат аст, аз пеш инро истифода мебарӣ, сохтмони нав карда бошӣ, тамом панҷ ҳазор доллар медиҳӣ баъд ҷонат халос мешавад. Агар надиҳӣ делоят мекунанд, ҷаримаи калонат мекунанд ва сохтмонатро чаппа мекунанд. Ҳатто агар як ваҷаб девори хонаат берун бошад тамом. Агар маблағи гуфтаашонро диҳӣ ҳамаашро документ карда медиҳанд, агар маблағи гуфтаашонро надиҳӣ делоят мекунанд ҷаримаат мекунанд, деворро чапа мекунанд. Кадом шахсоне маблағи калон доранд барои қарор гирифтан ба ҳукумат нею ба пеши Мазоризода Фаррух мераванд.
Чунки пули калон гирифта фармон медиҳад корро дар як моҳ хал мекунанд. Агар ба воситаи кормандони ҳукумат қарорро гирӣ ҳам пулатро мегиранд, боз қариб як сол давонда баъдан коратро буд мекунанд. Барои афви хонаҳо кадом шахсоне, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи ҳукмат дуруст кардаанд, ҳамаи он ҳуҷҷаитҳоро Мазоризода Фаррух аз ҳукумат гирифта одамонро бурда меорад то аз ҳар яктои онҳо ду- се ҳазор сомонӣ нагирад ҳуҷҷатҳои шумо нодуруст аст гуфта онҳоро ғам медиҳад. Агар пулро додӣ ҳуҷҷат дуруст мешавад, дигар ҳеҷ чиз намегуяд. Ҳамаи соҳибкорҳои калони ноҳия ҳар моҳ ба ӯ маблағ медиҳанд барои ба прокурори калон расонидан. Ҳамаи аризаҳои руғаниро прокурори калони ноҳия ба Саидзода Суҳроб медодааст ва ӯ ин шахсонро ҷеғ зада «дела мекунам, мешинонамат» гуфта тарс медодааст ва аз онҳо маблағи калон гирифта корҳоро ҳал мекардааст. Агар кадоме аз онҳо пул надиҳад ӯро дело карда резултат мекардааст. Ин ду ҳаромхур Мазоризода Фаррух ва Саидзода Суҳроб тули панҷ- шаш сол аст дар прокуратураи Файзобод кор карда ба ҳаромхурӣ машғуланд. Лекин аз вақти ин прокурори данғарагӣ Миралӣ Хусрави Амиршо омадан якбора расво шуда руирост маблағҳои калон талаб карда мардумро озор дода истодаанд.
Кори ин ҳаромхурҳо танҳо одамони камбағалро дело карда резултат нишон додан вале аз дигар ҷинояткорони асосӣ пул гирифта корашонро ҳал кардан аст. Ин прокурори калон Миралӣ Хусрави Амиршо аз аввали омаданаш ҳаромхуриро сар карда буд. Ҳамон вакте ки ӯ нав ба кор омад, собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ноҳияро расво карда буд. Ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро ғайриқонунӣ қарор бароварда, заминҳои идораи пожарни, заминхои стоянкаи мошинҳо, заминҳои пеши домҳо, ки красная линия мебошад, байни домҳо, ки раҳи пожарни ва мошинҳо буданд маблағ гирифта ҷои сохтмони биноҳо, мағозаҳо ва дигар чизҳо дода буд. Дар мавриди ҷиноятҳои ӯ Ислоҳ барномаи хубе карда буд,ки Ноҳия ҷунбида буд пас аз он. Барои ҳамин қарорҳои ғайриқонунияш,ки шумо бо фактҳо гуфта будед аз кор гирифтанаш ва ҳангоме, ки ӯро аз кор гирифтанд, ин прокурори навро ба кор монданд ва мардуме, ки пеши доми онҳо, пеши мағозаҳои онҳоро ва роҳҳои красная линия ва роҳҳои пожарние, ки ҳамаро он раиси ҳаромхур тақсим карда буд мардум хостанд, ки он қарорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуда дар ин заминҳо сохтмон карда нашавад, чунки дар он вақт онҳо нав сохтмонро сар карда буданд як хелаш ҳоло сар накарда буд. Лекин ин прокурор Миралӣ Хусрави Амиршо аз ҳама он соҳибкороне, ки ин заминҳоро гирифта буданд ба воситаи ёрдамчиаш Мазоризода Фаррух ба пеши худ фарёд карда ба воситаи Мазоризода Фаррух аз ҳар яки онҳо маблағҳои калон гирифта ягон қарори ғайриқонуниро бекор накарда ҳамаи он шахсон дар ҷойҳои ғайриқонунӣ сохтмонҳояшонро карданд. Якум қарор ва сохтмони ғайриқонунӣ ин пеш аз мағозаҳои чанорогиҳо доми пеши мактаб, ки онҷо аввал стоянкаи мошинҳо барои мағозаҳо ва истиқоматкунандагони дом буд онро собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ маблағи калон гирифта ба Дустмурод гуфтанӣ шахс, ин заминро барои сохтмони се ошёна мағоза дод ки ӯ пеш аз ин мағозаҳо ва дом мағозаи се ошёна сохта пеши онҳоро пурра маҳкам кард ва онҳо ба тамоми ҷой навиштанд аз дасташон ҳеҷ чизе наомад. Барои онки прокурори ноҳия Миралӣ Хусрави Амиршо пули калонро гирифта корашро ҳал кард. Чунки ба куҷое соҳибони мағоза ва мардуми дом навиштанд аммо ҳамаашро ба прокуратураи ноҳияи Файзобод гашта равон карданд, корро прокурори ноҳия ҳал кард. Дигар қарори ғайриқонуниаш ин заминҳои гирду атрофи универмаги ноҳия буд, ки он заминҳоям замини стоянкаи мошинҳо ва роҳи пожарнии унверсами нохия буд. Собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо сардори Тоҷикматлуботи ноҳия Ҳадиса ин заминҳоро ба Зафар, Шамсиддин ва Абу фурухтанд, ки ҳамаи онҳо ба прокурори ноҳия Миралӣ Хусрави Амиршо пули калон дода сохтмонҳои ду се ошёнаӣ карданд.
Дигар қарори ғайриқонунии собиқ раиси ноҳия ин замини пеши артел аст. Замини пеши як корхонаро ба дигаре додан мумкин нест ва пеши корхона сохтмон кардан мумкин нест. Замини саҳни корхонаи артели ноҳияро ба як хешовандаш Бурҳон гуфтанӣ шахс дода буд. Соҳиби артел ба тамоми ҷо шикоят кард, собиқ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳатто таҳдидаш кард, ки агар шикоятатро давом диҳӣ корхонаҳоятро аз налог қарздор карда мегирем вай тарсида дигар даъво накарда ба ғаму андуҳи худ аз дунё гузашт ва дар пеши ин иморат боз доми баландошиёна сохтанд ва инро ҳам прокурор пули калон гирифта ягон кор накард. Боз ҳамин хел ду сохтмони дигар дар байни ду дом сохтанд, ки онҷо ҳам раҳи пожарний ҳам раҳи мошин буд, ки онҷоро ҳам прокурори ноҳия пул гирифта ягон кор накард. Онҷо ҳам сохтмонашро карданд. Боз ҳамаи ҳамин сохтмонҳое, ки дар боло гуфта гузаштам ғайриқонунӣ ва бесифат аст ва ба ягон стандарт ҷавобгу набудаҳоро, ки агар як шамоли сахт шавад чапа мешавад ба воситаи ёрдамчиаш Мазоризода Фаррух пули калон гирифта ҳатто ҳамаи ҳуҷҷатҳояшонро ба воситаи ҳукумат пас аз сохтмони иморатҳо дар афви амволи қонунигардонии ин сохтмонҳо дуруст карданд. Бо ин корҳояшон ҳусни ноҳияро бениҳоят безеб карданд ва ҳоло дар ноҳияи ҷойи мошин мондан нест. Ҳама стоянкаҳо дар ҷояш сохтмон шудааст. Ҳатто автовакзали ноҳияро ҳам ҷои сохтмони манзили истиқоматӣ додаанд, ки дар онҷо сохтмон рафта истодааст. Дар тамоми ҷойҳо барои як бинои баланд ошёна сохтан бояд пеши он бино плошадкаи бозии кудакона дошта бошад, дар таги дом подвалаш ҷои мошинмонӣ дошта бошад, лекин дар Файзобод чанд сотике замин бошад дар ҳамаи он сохтмон карда подвал ва якум ошёнаро мағоза карда ба маблағи қимат фурухта дигарашро хона карда мефурушанд. Дар ин домҳо на стоянкаи мошин на ҷои бозии кудакон дида намешавад. Аз ин сабаб дар маркази ноҳия ҷои мошин мондан намеёбӣ. Ҳатто як вақт гуфтанд як домсози ноҳия Бурҳон ба прокурор ва раиси суди ноҳия маслиҳат карда дар дигар ҷой ба онҳо бинои прокуратура ва суд сохта заминҳои прокуратура ва суд, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна ва мағозаҳо месозад ва дарин домҳо ба прокурор ва раиси суд як хонагӣ медиҳад. Прокурор ва раиси суд барои иҷозати ин кор ба калонҳояшон суҳбат мекунанд, ки аз боло иҷозат дода намешавад. Ин ду баднафс прокурор ва раиси суди ноҳияи Файзобод ҳатто бар ивази пул розианд, ки заминҳои мақомоти ҳукумати ноҳияро фурушанд. Ҳамаи раисони ноҳияҳо ҳаромхурӣ мекарданд, лекин ин Раҷабзода Миралӣ дар аввал омада як ду чароғак часпонда ободӣ карда баъдан ҳамаи маркази ноҳияро заминҳояшро фурӯхта маркази ноҳияро ин чупони Нуриддини Раҳмонов расво карда рафт, ки то ҳол мардум аз кори кардаи ин шахс зарар дида истодаанд.
Агар прокурори поквиҷдоне мебуд нафси бади худро қапида ин қарорҳои додаи ӯро бекор карда намегузошт, ки дар он ҷойҳо сохтмонҳои ғайриқонунӣ карда шавад. Ва ин кор ҳам ба мардум дарс мешуд, ки ҷойҳои ғайриқонуниро намегирифтанд ҳам ба раисони ноҳия дарс мешуд, ки қарорҳои ғайриқонунӣ намебарованданд. Агар ҳамин сохтмонҳои дар боло номбаркардаи ман аз ягон шахсони бе пушту паноҳ мешуд, пас аз сохтмонаш ҳам онҳоро ҳамаашро чапа мекарданд.
Раиси суди ноҳия ҳам як коррупсионери дигар
Боз як порахури дигар ин раиси суди ноҳияи Файзобод Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар мебошад, ки мардум аз ин ҳам бениҳоят зиёд шикоят мекунанд. Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар аз 2 уми феврали соли 2020 аз муовинияти суди Ваҳдат озод карда шуду раиси суди Ноҳияи Файзобод таъин гардид кор ба вахомати шадид печид. Аз оғози кораш адвокатҳои ноҳияро ҳангоми ба ягонҷо бурдан аз ин ҳаромхур шикоят мекунанд. Аз рӯзе ин коррупсионери Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар ба вазифаи раиси суди Файзобод омадааст, барои танҳо аз ЗАГС ҷудо кардан панҷ ҳазор сомонӣ мегирад. Агар ин маблағро надиҳӣ шаш моҳ муҳлат медиҳад. Пас аз шаш моҳ меоӣ мегуянд ду ҳазор сомонӣ деҳ, баъд ҷудо мекунем. Агар пул надиҳӣ ЗАГС-ро ҷудо намекунад. Мегуяд рафта аз сари нав ариза кун. Агар панҷ ҳазор сомонии гуфтагиашро диҳӣ дар як моҳ ЗАГСатро ҷудо мекунад. Хоҳи боз тезтар ҷудо кунӣ ҳашт хазор сомонӣ медиҳӣ дар як рӯз ҷудо карда медиҳад. Агар ЗАГСатро дуруғакӣ барои шаҳрвандии Русия гирифтан ҷудо кунӣ даҳ ҳазор сомонӣ медиҳӣ дар як рӯз ҷудо карда медиҳад.Боз дар вазорати адлия тасдиқ карда медиҳанд агар 10 ҳазор сомонӣ диҳед. Барои дар 17 солагӣ хоҳӣ духтаратро шавҳар диҳӣ як сол солашро калонкунӣ барои ин ҳафт ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд як сол калон мекунад. Агар ин пулро надиҳӣ ҳатто аризаатро қабул намекунад. Мегуяд аз боло фармон шудагӣ аст, мумкин нест духтаронро дар 17 солагӣ шавҳар додан. Баъде,ки ҳафт ҳазор сомониро медиҳӣ мумкин мешавад ва дар як рӯз коратро буд карда медиҳанд. Агар панҷ ҳазор сомони диҳӣ дар як ҳафта коратро буд карда медиҳанд рафта туятро мекунӣ. Агар пул доди лозим шавад дар 16 солагӣ духтарро 18 сола карда метияд. Суди Файзободро Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар мисли бозор кардааст , пул дори корат ҳал аст. Барои ягон корро масалан шахсе, ки дар маҳбас маҳкам аст, барои ӯро ҷарима карда озод кардан аз ҳаво гап мезана: панҷ ҳазор доллар, даҳ ҳазор доллар гап мезанад. То пулро надиҳӣ коратро буд намекунад, судро ранги бозор кардааст, то пул надиҳӣ корат ҳал намешавад. Дар пушти дараш як занаст номаш Муқаддас ҳама пулро ба дасти у мегирад. Касе чи коре дорад пеши ҳамин Муқаддас меравад пулашро медиҳад, корашро ҳал мекунад. Барои литсензия ГАИҳо праваатро гиранд меравӣ ҳазор сомонӣ мегуянд биёр баъд коратро ҳал мекунем. Пеш дар дусад -сесад сомонӣ мегирифтӣ. Аз вақте ин аждаҳор омад, ҳама қимат шуд. Раиси суди Файзобод Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар сахт порахур аст. Кадом духтаре, ки кораш ба суд афтад бинад, ки каме хушру аст корашро худаш мегирад ва то «кораш»-ро бо он духтар ҳал накунад, корашро ҳал намекунад. Ҳоло ин раиси суди ҳаромхур аз ин пулҳо сер накарда мегуянд, як параи бинои судро, ки дар онҷо як будкаи ходокфурушӣ ҳаст онҷоро ба номи дигар кас ҳуҷҷат карда гирифта дар онҷо мағозаҳо сохта фурухтанӣ будааст.
Ягона мақомоте, ки дар ноҳия ҳоло ҳаромхурӣ намекунад ин амнияти ноҳия аст, чунки кормандони ин идораро тез- тез иваз мешаванд аз болои онҳо шикоят кам аст. Агарчи зулми кормандони КДАМ нисбати мардум кам нест, туҳмат ва бо моддаҳои популярни шинондани ҷавонон ва бастани масҷидҳо ғамдодани мулоҳо вуҷуд дорад,ки ин дар ҳама кишвар вуҷуд дорад..
Аммо кормандони ҳаромхури ГАИ дилу ҷигари мардумро хурдаанд. Инҳо ҳамааш харомхуран, ягон шахсро рӯз намедиҳанд кор кунанд. Дар роҳ дар шаш ҷо радар меистад. Барои як повишений скорост то чил –панчоҳ сомонӣ нагиранд, ҷавоб намедиҳанд, ки дар ҳамаҷо ба даҳ- бист сомонӣ ҷавоб медиҳанд. Аз мақомоти болои хохиши зиёд дорем, ки омада мақомоти Файзободро ҷиддӣ тафтиш кунанд, на ин ки омада ташкилиро хурда пора гирифта раванд. Нафарони поквиҷдон як нафар аз дастгоҳи президент, як нафар аз Генералний прокуратура, як нафар аз Коррупсия, як нафар аз Суди олӣ, як нафар аз МВД-и республика омада ҳар як мақомотро даҳ рӯзи пурра ду- се соли охирро тафтиш кунанд ва барои корҳои ғайриқонунии кардаашон ҷазояшонро диҳанд.
Сабаби ба «Ислоҳ» навиштани моро фаҳмед. Хуб медонед,ки ҳар куҷо ариза навишти ва ё шикоят кунед ҳатман шахси аризанависро бо туҳмат зиндонӣ мекунед. Ягона роҳе ҳама ҷиноятҳои мақомотро метавонем гуем ин «Ислоҳ» аст. Агар дар Тоҷикистон расонае мебуд ва ё ниҳоди содиқ дар касбу корашон мебуданд аслан мо ба «Ислоҳ» наменавиштем.
Мо медонем,ки раиси Ноҳия Каримзода Мансур Тағой ,ки оғози соли 2024 ба ин мақом таъин гашта ва хело ҷавон асту ин мақомот ӯро аслан писандаш намекунанд. Ҳама инҳо гургҳои борондидаанду дорои кришаҳои боло.
Аммо афсус, ки ҳама дар коррупсия ва фасод ғутавараст. Боварамон кунед ин порахурон ончунон дар ҷони мардум задаанд,ки мардум ҳама корҳои инҳоро аз президент мебинанд,ки ӯ фармон медиҳад,ки мардумро ҳаминхел зулм кунед. Вақте барномаҳои мухолифонро мардум мебинанд дигар ҳеҷ шакку шубҳае боқӣ намемонад дар мардуме ин ҳамаро бо чашмонашон ҳар рӯз мебинанд. Лутфан чора бинед!