«Дар асоси ҳамон баромадут. Ҳамун паданаълат дар қонун омадагияй, ки ҳар вақте ҳамин гапҳоро задӣ, нисбати ҳамин хел, ҳамин -хел ҳамин парванда нисбати одам оғоз мешад. Хай ҷиноят мешад, хай кадиян. Ина боз қонунгузор эзоҳ кадагияй.
Э, бародар ман туро ягон паст назадам, ягон гапи ганда назадам, ака. Гуфтестам ҳамин кори ту ҳамин мақсад қатӣ, ҳамин хел роҳҳош қатӣ ҳал мешавад, метонӣ озодона бепроблема шавад корот, бзанӣ бгардӣ.
А бача мо тра ягон гапи зиётӣ нагуфтем бародар. Фаҳмидум хута, хизмат кадаӣ.
Да мақомотам панҷ панҷа баробар нестай, фаҳмидӣ бародар. Ҳаминҷаям одами ҳаромам ҳаст, одами ҳалолам. Иншоаллоҳ гуфтестам, ку чизе ҳастам, гарантияш қатӣ! Ман қатит гап задестам, бо бин. Ина чизе ҳастай мебинӣ. Ман ира мебарам вазир имзо мекунад. Мара худо назадай одама меорам фиреб мекунӣ махкам мекунам. Инхели фикрои бад наку бародар, ин хелӣ гапо нестай.
Ана мақсад, гапи дигаяй, ки вақте ки розиск шудӣ, дига гузаштан наметонӣ. Баъд мисол миёй бо ягон сутка махкамат мекунанд, то кору бор ҳал шудана, бо ҳамуқа кор сложний мешава.
Ба худо қасам ин кор ба манфиати худтай, як фикр кун. Ҳамун билета мегирӣ меёй, як дирам дигар расход намекунӣ братҷон. Ман худум мерам ай Душанбе мёрумта. Меоем ҳамин хел якҷоягӣ медрорем кору бора тасдиқ мекунанд ҷавоб метан. Ба номи Аллоҳ ина пареруз як каса овардан 100 фоиз коруш ҳал шуд,ина ай паси зиндагишай. Ин чиза ихтиёран даст мекашӣ, аз ҷавобгарӣ озод мешай.
Ина брати ма бошӣ, намунаи аризая роӣ кадум. Валлоҳ ана ҳамуна ма худум баргардондум овардумша. Ина ранги худут гуфтумша, ҳамин хел, одам боре фаҳмид. Ман худум ай Данғараюм у мардак ай …..»
Хуб, ки хондеду «догадатсия» кардед. Шояд барои бештари хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ», ки дар ватананд, ин суҳбатҳо мароқангез набошад, вале барои так-таки онҳое, ки феълан дар берунанд ва мавриди бадгумонӣ ва иттиҳоми ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтаанд, бемуҳобот ҳаётӣ ва сарнавиштсозанд.
Даҳҳо ҳазор ва аз ин ҳам бештар атбои тоҷик дар гуша-гушаҳои дунё бо ҳамин моддаи 307 таҳти таъқиб ва ҷустуҷу қарор доранд ва ё бо ҳамин модда алайҳашон кори ҷиноӣ дар ҳоли оғоз шудан аст. Онҳо нафарони ҳамроҳ ва ҳаводору тарафдори неруҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ ба мисли ҲНИТ ва Гурӯҳи 24-анд, ки фаъолияташон дар кишвар мамнуъ аст ва ё онҳое, ки хоста ва нохоста зери навиштаҳое дар фазои маҷозӣ «лайк» мондаанд, ки аз сиёсатҳои Раҳмонов интиқод кардаанд.
Тафсилоти ин суҳбати ходими пулис бо як нафари мазнун ба моддаи 307-ро, ки феълан дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба сар мебарад, низ поинтар меоварам, аммо ҳоло манзури ман аз ин навишта чизи дигар аст. Манзури ман ин аст ки ин ҳама амниятиҳову пулисҳои Раҳмонов, ки барои бозгардонидани ҳамватанон аз хориҷ вобаста ва маъмур шудаанд, мухолифин ва шахсан худи маро гунаҳкор карда истодаанд, ки боиси зиндонишавии шаҳрвандон мешавем.
Ҳам тариқи паёмҳои савтиву тасвирӣ ва ҳам катбӣ борҳову борҳо ба ман таҳдид карданд, ки даст аз коре, ки дорам бардорам. Ва, аз сиёсатҳои зиддимиллии Раҳмонову ҷиноёту хиёнатҳои уву оилаи вай гап назанам, барнома насозам, бо мардум суҳбат накунам, мардумро ба мубориза фаро нахонам. Хулоса, сокиту ором бошам. Чунки ба пиндори онҳо ин ман ва муборизини дигар, ки суҳбатҳо мекунем, боис мешавем, ки ҳамватанони мо фирорӣ, зиндонӣ ва ё ҷарима шаванд. Ва, ин ходимони чоплусу хушомадгуи Раҳмонов ҳатто маро ба бевиҷдонӣ муттаҳам мекунанд ва мегуянд, ки вақте аз пушти ту як нафар ноновари хона ва ё як нафар ҷавони тоза ба зиндагӣ воридшуда зиндонӣ мешавад, азоби виҷдон намегирӣ?
Бор, Худоё! Инҳо ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ мекунанд! Шумо мардумро дар кишвар маҷолу имкони зиндагӣ намедиҳед, ҳамаро баставу масдуд ва тамоми кишварро зери пойи Раҳмонову оилаи вай титу пит кардаед, ман чаро азоби виҷдон бикашам? Шумо қонунро ба як абзор ва василаи ҳукмронии Раҳмонову оилаи вай бадал кардаед, ман чаро азоби виҷдон бигирам? Ин ҳам дар ҳоле аст ки бо вуҷуди ин ҳама фишору тарсдиҳиҳо, ин ҳама ҷаримаҳои ҳангуфту зиндонисозиҳо сафф ва шумори онҳое, ки бо мухолифин ва аз ҷумла ба «Ислоҳ»-у мудири он иртиботу алоқа пайдо мекунанд, рӯзторӯз зиёдтар шуда истодааст.
«Модда»-и Муҳаммадиқбол
Танҳо аз як рустои як ноҳияи куҳистонӣ дар ду моҳи ахир се нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» дастгир ва равонаи зиндон кардаанд. Яке гуё лайк мондааст, дигари гуё, маблағ гузаронидааст ва саввуми ҳамкорӣ бо «Ислоҳ» мекардааст ва ин се нафар бо моддаи 307 аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Аз ин ҷо аст ки ҳоло маро муқассир меҳисобанд, ки «аз пушти ту шуда…..аз дасти ту,….ба хотири ту,……» ҷавонҳо ба зиндон кашонида мешаванд ва ҳаёти онҳо месузад ва ин ман Муҳаммадиқболи Садриддин будаам, ки сабабгори ба чунин сарнавишти талх ва зиндагонии вазнин мувоҷеҳ шудани онҳо шудаам ва ҳатто маро фишор меоваранду таҳдид ҳам мекунанд, ки «бас кун»-ам, то аз ин бештар ҷавонҳоро ба зиндон накашонам. Мегуянд, ки зану фарзанду падару модари онҳо чи кор бикунанд? Куҷо бираванд?
Аввал хеле мухтасар мегуям, ки «бас» намекунам. Ва, баъдан боз мегуям, ки як сари муе азоби виҷдон намекашам.
Барои чи бас намекунам ва азоби виҷдон намекашамро дар поёни ин матлаб хоҳам гуфт. Вале дар инҷо иқтибос аз як «асбоби аёнӣ» меоварам. Ин «асбоби аёнӣ» аризаҳои таҳиякардаи ҳамин масъулину маъмурин аст ки ҳамватанони моро маҷбур карда истодаанд, ки айнан чунин бинависанду аз Раҳмонов талаби афву бахшиш кунанд:
Ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ
аз номи шаҳрванд…….с. т…, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи …… бо моддаи 307 қисми 2 банди «г» ва 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Тоҷикистон айбдор мебошам
Ва муаллиф менависад, ки «дар фалон таърих ҷиноят содир кардааст ва нисбаташ дар фалон таърих парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва ғоибона уро гунаҳгор кардаанд ва акнун пушаймон аст, дигар ҷиноят соир накардааст ва ба вай эзоҳ татбиқ карда шавад.
Ва ин аризадиҳанда хоҳиш кардааст,ки «эзоҳ»-и моддаи 307 қисми 2 банди «г» ва 307 иловаи 3 қисми 2,ки «имконияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани манро пешбинӣ намудааст, кумаки амалии худро расонед.»
Аризадизанда…..
Дар як аризаи мушобеҳи дигар, ки нусхаи он дар дасти мо ҳаст аризадиҳанда менависад, ки бар муқобили вай бо модаи 307 иловаи 3, қисми 2 «дар ғоибии ман» парвандаи ҷиноятӣ аз 02.01 24 оғоз шудааст…
Айни замон ман дар Федератсияи Русия қарор дорам, аз кирдори кардаи худ сидқан пушаймонам, мехоҳам ба назди волидонам ба вилояти Хатлон, ноҳияи …. истиқомат доранд, баргардам
Аз ин лиҳоз муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ман «эзоҳ»-и моддаи 307 иловаи 3, қисми 2Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданам, мусоидат кунед.
Ба саҳву хатоҳои фоҳиши ин ариза эътибор надиҳед, чунки инҳо на фақат забони давлатӣ, қонуни забонро ҳам задагианд.
Вале ҳоло бубинем, ки ин «эзоҳ»,ки ин қадар ширину рангин садо медиҳад ва ҳамаро маҷзубу волаю шайдо кардааст ва мисли миқнотис ҷазб мекунад, чи гуфтааст:
«Эзоҳ: «Шахсе,ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуннӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори у таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад. (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004№ 35)»
Бо ин «эзоҳ» хонаи чанд касро сухтанд ва ин эзоҳ сабабгори бойю ғанӣ шудани даҳҳо милисаву амният шуд, аммо ҳоло ҳам бархеҳо ба фиребу талбису шайтанат будани он пай набурдаанд ва пай намебаранд.
Ман он вақт азоби виҷдон мегирам агар дар ватан ва дар ҳалқаи пайвандону хешвандонам бошам ва манзили ману манзили падарам ва манзили ҳама бародарону хоҳарам ва дустону ҳамроҳони ман бо зур кашида гирифта нашуда бошад, ба дигарҳо фурухта нашуда бошад ва ҳатто бигзор розиям, ки барои мисол бачаи ман, бачаи Кабирӣ, бачаи қорӣ Муҳаммадҷон ҳам «облава» бишаванд. Он гоҳ ман шояд биандешам, ки барномаҳои таҳия ва пешниҳодмекардаи ман ин шаклӣ бошад ё таври дигар. Чун ман ҳам дар ватан ҳастам. Аммо вақте ману дӯстони ману ҳизби ману ҳамҳизбиёни ману хешу таборони ман ҳамагӣ дар дори ғурбат ба сар мебарем, чаро азоби виҷдон бигирам, ки воқеиятро мегуям ва аз минбарҳои сохтаи ман худи мардум ҳарф мезананду худи мардум бо ман дар иртиботу алоқа мешаванд.
Вазъу ҳоли ман вазъу ҳоли одиву сода нест. Ман инҷо наомадам ,ки дилам хост ё кашида буд. Маро иҷоза ва имкон надод, ки дар ватан зиндагӣ кунам, ҷойи хуни нофам рехтаро хонаи ману хонаи падарамро кашиду гирифт.
Ман мефаҳмам, ки зану фарзанд ва ё модару падари онҳое, ки дар чунин вазъу чунин ҳолатанд, ки як милиса ва ё як амниятии чоплус онҳоро ғам медиҳад, аммо роҳу чораи дигар надорам, чун роҳи мо ҳамин аст. Ҳар касе дар ин мубориза бо мо аст ҳамин гуна сарнавиштро бояд мунтазир бошад. Чун мо бо ҳамин васила даъвату иртибот муттаҳид ва сарҷамъ мешавем ва мунтаҳо дору дастаи ин тоғути касфиро аз решаву бунёдаш бармеканем.
Ҳазорон-ҳазори моро Раҳмонов куштааст, фақат ба хотири онки вай ҳукумат кунад ва оилаи вай дар айшу ишрат бошад.
Гуфтам, ки ба ман ҳам дар ҷараёни барномаи онлайнии «Минбари муҳоҷир» ва ҳам тавассути паёмҳои савтиву садоӣ ва таҳдиду фишор меоваранд, ки даст бардорам, дигар барнома накунам. Ҳатто «акамшон» яъне Р.М ҳам таваққуфи думоҳа дар нашри «Минбари муҳоҷир»-ро мадюни фаъолиятҳои босамар ва тадобири дипломатии Шоҳрух Саидзода ба қалам дод. Худо шоҳид аст ки ин тавр нест ва мо мутаассифона ба иллати камбуди молиявӣ ночор шудем студиёро биспорем вале ҳоло боз бо мадади афроди бономусу бовиҷдон ва мухлисону ҳаводорон дигарбора «Минбар»-ро фаъол карда истодаем. Ва ҳоло суҳбатҳои ходими пулисро пешкашатон мекунам ва шумо худ мебинед, ки чаро ин қадар ҷону марг мекоҳонад, ки ин нафар бархезаду ба ватан баргардад. Ному насаб маҳалли кор, рутбаи ҳарбии ин милиса ва садоҳояш пеши мо ҳаст ва табъан, ки нафари ҳамсуҳбати вай аз дустони мо аст ки нек медонад ин ҳама ҳарфу суҳбатҳо ҷуз аз шайтанат, доми риё ва қапқоне беш нест. Ҳаминки ин нафар бозгашт пойи вай ба завлонаи зиндон баста мешавад.
Акаи П… Ана ҳамин моддаи 307 иловаи 3, қисми 2,бо ҳамин статя худта оғоз кадагиян. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати худат аз моҳи апрел оғоз кадагиян. Ҳозир ман числоша сурат гирифтагиям мепартоям.
Акаи П.., брати ман, ана ҳамин чандин шаҳрвандо шид, ина ду руз шид, ана ҳамин яктаи дигараш баргашт омад, ба худо кораш буд шид, ай пайи зиндагишай. Ин ҳамин тартибай, ина ҳамин намудай, ина ҳамин ба унвони вазир менависӣ, бародар, мегирем аризата ба қайд мегирем, туда роҳӣ мекунем, ту мебинӣ, ҳама қоидавӣ, мебиёӣ аз ҷавобгарӣ озод мешавӣ, озодона мегардӣ бародар, эзоҳ татбиқ мекунем худта бародар.
Ана акаи маки бошӣ, бародар ина нигаҳ ку, ҳамин қонунгузор ҳамина тасдиқ кадагияй. Кодекси ҷиноятӣ меган ,ана ҳамин паданаълата. Ана ҳамин Кодекс кадагияй, любой хел худут ака ариза тийӣ, ина мавод-паводта ман мегирам хов мекунум, худут аз ҷавобгарӣ озод мешай. Ягон проблема нестай, розиск-позиск намешай. Меоӣ худут , ина даст мекашӣ, ай ҷавбгарӣ озод мешай.
Ина ҳамин қисми 2-ро бихон, моддаи 307 иловаи 3,ин ҳамин сурат гирифтагии ман, савз кадагиюм ку, қисми 2уш. Хатчаи якум, ана ҷои эзоҳ навиштагияй, ина нигаҳ кун махкам кадагиюм, ин ҳаминҷаш, нисбати худут, ина ҳамин статяда татбиқ мешавад. Любой шахс, нисбати фақат худут не, любой шахс, касе ҳамин ҷиноята содир кунад, ана ҳамин хел қатӣ аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Дер нашудаст акаҷон, биё алоқа кун. Бигирем ҳуҷҷата, аризара, ина ташкил мекунум, даст қатӣ бинавис, ман қабул мекунум, резолютсияра бимонум ай ҷавобгарӣ озод мешай худут ака.
Ина акаи …. ҳамаи ина ҳамира, ман ай руи қарори оғоза ай руи ҳуҷҷатҳои воридшудагӣ навиштагиюм шумода. Нисбати худут моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қатӣ ай санаи …апрели соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами 1……. оғоз кадагиан. Ина бародар, як хушру фикр ку. Ина иншоаллоҳ гуфтестам ку ай худут, тамоман умре дорӣ ҳамин корта, сарта кор фармону умре дорӣ аз мо розӣ мешӣ, қонунай. Хай аку гуфти гапо нисбати худут татбиқ мекунем.
Ман рафтум хона, холам қатӣ гав задум-модари шумо қатӣ. Худма муаррифӣ кардум, удостоворенияама баровардум гуфтум холаҷон ҳамихелӣ гапай. У мара санҷид. Ба муфаттиш, ки дело кадагӣ ҳамура занг зад. Ман ура, занг зад, қатиш гап задум, фаҳмондум, гуфт тамом. Мо рафтем ҳамаша дидем, ҳамаш садфоизай. Ин кор ба манфиати туяй. Мода омадагӣ маводо, мо ина худта занг задестем. Бародар ба манфиати худтай. Бин маслиҳатта кун, занг зан ина ҳамин аризара менависум ба қайд мегирум, худта аз ҷавобгарӣ озод мекунум.
Ина аки П.. нав холашкам қатӣ гав задум. Иншоаллоҳ гуфти гапо ҳам дар назди шумо савоб мешавад ҳам да назди худо. Бо болои сари фарзандота болои модарҷона нигоҳубин када мегардӣ. Вақт ёфтӣ мада занг зан, тартибша мегум дастнавис ку парто. Иншоаллоҳ ина ҳамин худум ба сари баланд, як дирами ту ягон касда даркор нест корут ҳалай . И қонунда омадагияй. Бисёр одамо пул мегира мошшеники мекна, миёнарвӣ мекунад. Ихели гап нестай акаҷон, я дирам ягон касда наметӣ.
Акаи П… да номут садқа брат, ман чизе гуфтумут ҳамин ай руи қонуну қоидай. Ман тра гуфтестам бародар ҳамин чиз иҷозат нестай, ҳуҷҷата роҳӣ мекунем мепартоем, паъата бисёр ҳаромуш чанд группаҳои дигада мепартоян, чан гапу хабари зиётӣ мекунан. А бача ин чизе ҳастай ай руи қонунай, ягон гапу ҳарфи зиётӣ нагуфтем мо. Шумора статйет ҳамун статяай. Инҷо ҷои фанду фиреб надорад. Э, бародар ин меравад вазир имзо мекунад ҳуҷҷати тура. Ту менависӣ ина ҳамин хелин ҳолат кадагиюм. Ма ай прокуратура, ай вазири мо ай ҳама КГБ ҳама согласоват кадагӣ. Ситодай меоӣ озод мешӣ. Ту барои худтай бародар. Братҷон ман даромадам ай руи сводкаҳо чизе ҳастай реалнӣ кардестем. Хай, брам бо бдром боз чизе ҳастай боз роӣ мекунем. Чизе ҳастай офитсиално, ана ҳамин коро, ана ҳамин боро .. Ин кори шухӣ нестай бародар. Ман тра гуфтестам занг мезанӣ, ина ман дар кабинет будам, иёра пеши началник медаровардам медидӣ, ки ина ихелӣ, ки мардак началники як управленияи калонда як вилояти калонда.
А бача и кори шухӣ нестай, ту ҳозир ҳам бовар накардестӣ мора.
Акаҷон ман дафтарамда ин ҳозир нависондагӣ дорам. Ина ҳозир разводма гузаронидам бурмадам я кор қатӣ. Нисбатат роӣ мекунам. Парвандаи ҷиноятии таҳти рақами фалонфалон роӣ кадагиан, оғоз кадагиан ҳозир. Ина Кодекс ҳам пурра дорам роит мекунам бубин эзоҳша. Чизе ҳаста ина ака. Холашка қатӣ гап зан, модарат қатӣ гап зан медонад у. Амниятда оғоз кадагиан, агане ягон ҷои фанду фиребаш нест акаҷон . Ба худо қасам ба манфиати туай. Ин коре аст ки гуфти гапо ай барои савобам ҳастай, ай барои ҳама чиям. Ту ай ҷавобгарӣ покиза озод мешай, ина маводот дасти мандай ту вақте ариза мекунӣ, на розиск мешай, на ҳиҷчӣ
Акаи П… ҳамин маводот дасти модай ҳозир. Ман қати худут гап задестам бародар. Худат биё гап зан, чи хеле худатда удобнйя. Биё гудит мекунем бародар. Ягон кори ноҷо нестай. Ҳама ай руи қонунай. Бародар ба манфиати худта, бо мегумта.
Бародар аввалу охираш дар дасти Аллоҳ ба пилуси туай ҳама кор бор. Тайёрай ина, ҳамун аризаро менависӣ, як билетакта мегирӣ мехезӣ меойӣ. Ягон кори дига намекунӣ. Меоӣ мегирем делата мебарем қатъ мекунем озод мегардӣ.
А бача нисбатат парванда дар асоси модаи 307 қисми 2,иловаи з кушода шудагия. Ҳамин эзоҳ дорад, қатъ мекунем худта -бе ҳиҷчи, дар асоси қонун парвандата. Кори гандаяй бародар? Як сарата кор фармо бародар. Ман шумора гуфтестам ку. Ман шуморо на хоин гуфтестам на душман гуфтестам на ҳиҷчи. Худут медонӣ чи баромад кардагиӣ, ростша мегуӣ.
Дар асоси ҳамон баромадут. Ҳамун паданаълат дар қонун омадагияй, ки ҳар вақте ҳамин гапҳоро задӣ, нисбати ҳамин хел ҳамин -хел ҳамин парванда нисбати одам оғоз мешад. Хай ҷиноят мешад, хай кадиян. Ина боз қонунгузор эзоҳ кадагияй. Э, бародар ман туро ягон паст назадам, ягон гапи ганда назадам, ака. Гуфтестам ҳамин кори ту ҳамин мақсад қатӣ ҳамин хел роҳҳош қатӣ ҳал мешавад, метонӣ озодона бепроблема шавад корот, бзанӣ бгардӣ.
А бача мо тра ягон гапи зиётӣ нагуфтем бародар. Фаҳмидум хута хизмат кадаӣ.
Да мақомотам панҷ панҷа баробар нестай фаҳмидӣ бародар. Ҳамин ҷаям одами ҳаромам ҳаст одами ҳалолам. Иншоаллоҳ гуфтестам ку чизе ҳастам гарантияш қатӣ! Ман қатит гап задестам, бо бин. Ина чизе ҳастай мебинӣ. Ман ира мебарам вазир имзо мекунад. Мара худо назадай одама меорам фиреб мекунӣ махкам мекунам. Инхели фикрои бад наку бародар, ин хелӣ гапо нестай.
Ана мақсад, гапи дигаяй, ки вақте ки розиск шудӣ, дига гузаштан наметонӣ. Баъд мисол миёй бо ягон сутка махкамат мекунанд, то кору бор ҳал шудана, бо ҳамуқа кор сложний мешава.
Ба худо қасам ин кор ба манфиати худтай, як фикр кун. Ҳамун билета мегирӣ меёй, як дирам дигар расход намекунӣ братҷон. Ман худум мерам ай Душанбе мёрумта. Меоем ҳамин хел якҷоягӣ медрорем кору бора тасдиқ мекунанд ҷавоб метан. Ба номи Аллоҳ ина пареруз як каса овардан 100 фоиз коруш ҳал шуд, ина ай паси зиндагишай. Ин чиза ихтиёран даст мекашӣ, аз ҷавобгарӣ озод мешай.
Ина брати ма бошӣ, намунаи аризая роӣ кадум. Валлоҳ ана ҳамуна ма худум баргардондум овардумша. Ина ранги худут гуфтумша, ҳамин хел, одам боре фаҳмид. Ман худум ай Данғараюм у мардак ай …..» Ай ина ҳаминхели омад, рафтем овардем корша тасдиқ кардем бахудо, тинҷ кард зад брафт. Ина бо ай пайи кору бурош шид. Ина валлоҳ қасам гуфтестам. Бхоҳӣ қатӣ одамо ҳамаш қатӣ суҳбат кун соат таъин мекунам».
Аз ин матни муфассали суҳбати корманди пулис фаҳмидед, ки чи қадар кушиш ба харҷ медиҳад, ки ин нафарро (ки аз дӯстони наздики худи мост) барбигардонад. Таҳлили ин матн суҳбат вақти зиёд металабад, вале як нукта рушан аст,ки бо вуҷуди ҳама қасаму номааш ҳамсуҳбати худро фиреб карданӣ аст.
Ва аз ин суҳбати ходимони пулису амнияти Тоҷикистон бо онҳо бармеояд, ки ин масъала беш аз пеш ҷиддитар мешавад ва онҳо, яъне ходимони пулис то куҷоҳо ҳозиранд, ки «сайд»-и худро ба дом афкананд. Масалан мегуяд, ки «а бача, наход, ман то и дараҷа худозада бошум, ки тра биёруму бгирум махкам кунам» ва ё «а бача, ин озодшавии тура қонун иҷзоат додагияй» ва ё мегуяд, ки «э,бародар аризаи туро худи вазир имзо мекунад».
Аз ин суҳбатҳо, шумо ҳам эҳсос кардед, ки барои онки баргардонанд, бо чи шеваву усул, ҳатто зориву илтиҷо шуморо ҷалбу ҷазб ва мутмаин мекунанд, ки баргардӣ чизе нахоҳад шуд?
Аммо дар воқеъ ҳамин тавр аст?
Ин тавр нест. Даҳҳо, шоядам садҳо нафарро бурданду шинониданд ва барои давраҳои тулонӣ. Аз инҷо аст ки инсонҳо бовар намекунанд, ки «авфи пешво» ва «эзоҳ»-и Кодекси ҷиноятӣ табиқ мешавад ё не? Ва, агар татбиқ бишавад ҳам на танҳо «як билетак» балки панҷоҳ-садҳазор сомонӣ мепардозиву баъд хати барот мегирӣ ва гоҳе ҳам ин миқдор ва аз ин ҳам зиёд медиҳиву боз мебаранду мешинондат.
Ин шабу рӯзҳо садҳо шаҳрванди кишвар аз Русия менависанд,ки маро занг задаанду гуфтанд шуморо бо моддаи 307 айбдор карданд. Ҳатман ин намунаи ариза инро навишта фиристед ва бояд якбор биёед ва месанҷему боз бармегардед.
Инчунин дар шаҳрҳои бузурги русия Москов ва Питер афроде ҳам доранд,ки бояд шахсе бо ин модда иттиҳом шудааст метавонад пеши ӯ равад ва маблағи муайяне ба онҳо диҳаду исми худро гӯйё ин моддаи 307 дурӯғин пок намояд. Маблағҳое медиҳанд аз 50 ҳазор, 70 ҳазор, 100 ҳазор меравад то 250 ҳазор рубл. Ин боз барои як чанд моҳ аст ва ҳар вақте хостанд боз занг мезананд ака раис нав шуд делоятро баровард боз 100 ҳазор рафта супоред,ки вазъиятатон безеб мешавад. Мақомот тавассути ин моддаи 307 ва Эзоҳашон моҳона миллионҳо рублу сомони. Доллар кор мекунанд. Ин модда шудааст як манбаъи даромади махсуси кормандони ВКД. Аммо набояд фиреби ин коррупсионерҳоро муҳоҷирон хуранд.
Мақсади Раҳмонов ин аст ки мо сокит бимонем. Мо бимирем. Мо хоку туроб шавем, мо гуму гур ва несту нобуд шавем ва ваю Рустаму Анушервону Тахминаи Клеопатраву Шамсуллои Фарозу ғайраву ғайраҳоҳо, ки аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам зиёдтар аст, ки субҳ мехезӣ, ки боз яктои дигар зиёд шудааст, дар тухмаш қирон биёяд, орому роҳат тозанду тозанд. Аммо ин тавр нахоҳад шуд. Ними Тоҷикистонро бигиру зиндон кун, ними дигараш бо мо хоҳад буд.
Магар ман чи кор кардаам, ки азоби виҷдон бикашам? Аз музди маош медуздам? Аз лаби гумпомош медуздам, аз лаби грантҳо медуздам, аз лаби қарзҳои давлатӣ медузадм, аз лаби ҳаҷпулӣ медуздам (як масъули Кумитаи дин, ки бо ман хондааст гуфта буд, ки 100 доллари харҷи ҳаҷ доляи бевоситаи Эмомалӣ Рҳмонов аст ва ин доляро на камтар 6 миллион доллар ҳисоб карда буд)
Ман азоби виҷдон бикашам, ки ту мардумро бурда турма мекунӣ.
Ман мардумро гуям,ки маро тамошо накунед? Ман мардумро мегуям, ки маро зиёдтар тамошо кунед, ҳарруз тамошо кунед.
Ҳоло инҳо фишор оварда истодаанд, ки ман хап кунам.
Э, ба азамати Аллоҳ қасам тамоми Тоҷикистонро турма кунӣ, ки то рузе дар ҳалқам нам ҳаст, хомуш намешинам. Боз ҳам мегуям, ки тамоми мардуми Тоҷикистонро моддаи Муҳаммадиқбол занед, зану кудаку мусафеду пирзанҳоро бареду биншонед, аммо ман корамро, роҳамро идома медиҳам, муроду мақсад ва ҳадафамро думбола мегирам. Ҳоло Ислоҳ дар садади ташкили студияҳои сайёр дар ватан аст. Он вақт хоҳед дид,ки шумо мардумро ба чи руз овардаед.
Ман мутмаинам, ки роҳи пешгирифтаи мо муносибтарин ва мувофиқтарин роҳ барои расидан ба ҳадаф аст.
Хитоб ба он қаҳрамонҳое,ки моддаи 307атон задаанд!
Аввалан хуб донед ин моддаест,ки шахсони бегуноҳ ва шаҳрвандоне,ки бегуноҳанд ва намедонанд чихел онҳоро бояд зиндон кунанд бо ин модда онҳоро зиндонӣ мекунанд. Моддаи 307 бо ҳама бандҳояш моддаи «Туҳмат» аст. Ҳар вақте шунидед маҳкум ба моддаи 307 ҳастед донед шуморо туҳмат доранд ва тавассути ин модда аз шумо бояд пул кананд. Ҳушёр бошед то фиреби ин дуздони пагондорро нахуред.
То имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандро,ки бо эзоҳ ба Тоҷикистон баргардондаанд зиндонашон намуданд. Исми садҳои он расонаӣ шудааст имкони номи ҳамаи онҳоро надорам,то нависам чун матлаб тулонӣ мешавад. Ҳушёр бошед худро гови ҷушои мақомот накунед ва аслан бовар накунед ба эзоҳашон ва афвашон. Раҳмонов ваъдаи содиқона,афви мардона надошт ва надорад фиреб нахуред.
Ҳатман дар ҳукумати ҷадид ҳар нафаре бо моддаи 307 маҳкум шудаю зиндонӣ шудаанд қаҳрамонҳои миллӣ маҳсуб хоҳед шуд. Барои шумо авлавиятҳои зиёде ҳукумати ояндаи миллӣ медиҳад. Шумо ҳатман имтиёзҳои зиёде хоҳед дошт,зеро Раҳмонов аз шумо тарсида буд,ки ин моддаро бар шумо зада зиндонатон карда буд!
Хитоб ба кормандони ВКД, еки бо моддаи 307 зиндагониятонро мечархонед!
Авалан ҳароматон бод он пулҳое,ки бо маҳкум кардан бо моддаи 307 шумо аз шаҳрвандон меситонеду рӯз мегузаронед. Ҳаргиз насибатон намекунад ва рӯзгоратон сиёҳу тира хоҳад шуд. Осебе, зиёне, офте дар хонадонатон падид хоҳад омад, ки садҳо маротиба бештар аз ончи гирифтаед хоҳед дод!
Дуввум: Номҳои аксари шумо пеши мо сабт шуда истодаанду ном ба ном шахсияти шумо,рутба ва дигар мушаххасотатон дар дасти мо ҳаст. Бештар аз Суғд ва Хатлону навоҳии тобеи марказ сахт пулкор карда истодаанд. Ҳукумати ҷадид ҳатман аз шумо ҳама ончи тавассути ин моддаи 307 ситондаед бидуни шакку шубҳа шумо ба соҳибонашон то як дирамашро бармегардонед. Инро ман ваъда медиҳам ва он таҳаққуқ пайдо мекунад!