Навид ва навигарии хуш ин аст ки ҳоло ҳатто мардумони оддӣ ва дур аз сиёсату дур аз давлату давлатдорӣ ҳам дар фикри инқилоб ва дар фикри сарнагун кардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонованд. Ва ҳар касе ба таври худ, ба фикри худ роҳу васила меҷӯяд ва андешаву назарашро пешниҳоди мардум мекунад, то аз ин ҳукумати ғайримиллӣ, ғайримардумӣ, ғайриқонунӣ ва ҳукумати як тоифаву як маҳаллу як оила ҳарчи зудтар мардум ва миллат халос шавад. Номаи аввали ин нашри мо ба ҳамин масъала бахшида шудааст:
Истаравшан
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ ҳамватанони азиз ва бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман имрӯз хостам дар бораи беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон фикру андешаҳоямро дар робита ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ матраҳ намоям ва низ роҳҳои ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва озод шудан аз ғуломиро пешниҳод карданиам.
1.Мо ҳар як шаҳрванд бояд бидонем, ки чаро дар тамоми дунё фақат мо ба ин ҳоли паст афтодаем?
2. Мо чикор намоем, ки аз ин ҳолати паст чи гуна берун бароем?
3.Чи кор кунем, ки ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандӣ боло равад?
4. Чи кор бояд кард,ки мақоми мо сокинони Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, боло бошад?
5.Чи гуна бояд давлатро идора намуд?
6. Чи тавр аз иқтисоди ғуломӣ озод шуд?
7.Чи кор кунем, ки дар назди оилаи худ,дар ватани худ кор ва зиндагӣ карда тавонем?
8.Чи хел кард, ки аз дарди пешвопарастӣ озод шуд?
9. Имрӯз барои чи мо аз лиҳози фикриву ҷисмӣ ғулом шудаем?
10.Чи гуна коррупсияро аз байн бурд?
11.Чи гуна шаҳрвандро шуҷоъ ва далер намуд?
12.Чи тавр бояд инқилоб кард, ки давлату миллат аз зери бори як командаи ҷинояткор озод шавад?
13.Чи тавр ҷинояткориро коҳиш дод ва коре кард,ки минбаъд шаҳрвандон ба ҷиноят даст назананд.
14. Чи тавр бояд рафтор кард,ки аз мо тарс дур шавад?
15. Дар мубориза чи гуна «як қадам ба қафо, даҳ қадам ба пеш» гузорем, ки мо дар инқилоб пирӯз шавем?
Ҷавобҳо:
1. Мо бояд тамоми ҳамватанони азиз дар якҷоягӣ аз ҳаққи худ талаб намоем. Вақте талаб намудем, он замон қадру қимати худро пайдо хоҳем намуд. Агар ту дар давлати худ беҳуқуқ бошӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки туро дигар давлатҳо ҳуқуқатро поймол хоҳанд кард. Ин хомӯшӣ ва талаб накардани мост, ки моро мансабдорон ҳамчу хар истифода мебаранд.
2. Мо бояд ҳама ҳамватананон ба ватан баргашта талаб намоем аз ҳукумати кунунӣ, ки моро бо ҷои кор, свет, таъмин намояд ва агар иҷро накард, бояд истеъфо диҳад ва агар нахост мо ҳама ба хиёбонҳо бароем. Агар ману ту ҳаққи ҳалоли худро талаб накунем, ҳеҷ вақт ҳеҷ кас ба мо эҳтиром нахоҳад гузошт.
3. Акнун ҳама ҳамватан дар якҷояги садо баланд намоем ва истеъфои Эмомалӣ Шарипович Раҳмоновро талаб намоем. Дигар нагузорем, ки ин оилаи паст болои мо ҳукмронӣ кунад. Агар ин оила як аср ҳукмронӣ намояд ҳам, мо шаҳрвандон беҳуқуқ хоҳем монд.
4. Мо агар давлати худро, давлати интихобшудаи худро, давлати миллӣ на оилавиро насозем,ҳеҷ гоҳ ба сатҳи баланди байналмилалӣ нахоҳем расид. Зеро ба мо ҳеҷ кас ёрӣ ҳам намекунад ва нахоҳад кард. Мо худ ислоҳ нашавем, ин оила ислоҳ намешавад.
5. Мо бояд барои давлатро идора намудан ақлу дониши миллатро истифода барем ва инсонҳои боилму бо фарҳангро дар роҳбарӣ оварем. Давлат бояд тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба пуррагӣ риоя намояд.
Имрӯзҳо дида истодаед дар Русия, Туркия, Олмон ва ҳоказо ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон умуман риоя намешавад.Чунки моро Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ғуломиро омӯхт ва омӯхта истодааст, то ки ману ту ғулом бошем, чи гӯяд хуб гӯем. Имрӯз яке аз сабабҳои паст рафтани миллат ин таърифу тавсиф кардани Эмомалӣ Шарифович аст. Мо ба ин ҳол аз дасти Эмомалӣ Шарипович омада расидаем.
6. Мехоҳед аз иқтисоди ғуломи озод шавед? Ҳама мехоҳад, аммо амал намекунем. Имрӯз мо шаҳрвандон ғуломи Эмомалӣ Шарипович ва Русия шудаем. Сабаб дар он аст, ки мо ҳама шаҳрвандон ҳамеша дастгирӣ намудем ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро.
Дар ҳама ҳолатҳои бадтарин, танҳо ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Мо ҳама бояд тарки Русия намоем ва дар давлати худ кору фаъолият кунем. Барои шаш моҳи аввал барои ҳама шаҳрвандон мушкил аст баъди инқилоб кардан, лекин бояд бо тамоми вуҷуд озодии сухан, виҷдон, иқтисод, дин, сиёсат ва ғайраро бояд ба даст овард.
Исфара
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Алҳамдулиллоҳ, ки сомона ва шабакаи телевизионии «Ислоҳ» барои бедории миллат, барои эҳёи шуҷоат ва ҷасорати мардум, барои мубориза бар алайҳи ин режими оилашумули тоғутӣ хизматҳои босазое карда истодааст. Ман аз Исфара ҳастам. Дар як мақоми давлатӣ кор мекунам
Садҳо ҷавонеро медонам, ки дар роҳи мубориза омода шудаанд, инқилоб ва дигаргунӣ мехоҳанд.
Ҳукумати Раҳмонов дар тамоми мамлакат гӯё мубориза бар зидди ифротгароӣ ва либоси бегона бурда истодааст. Худи ман ҳам дар ҳайати комиссия ва вақти гузаронидани рейдҳо бар зидди сатру ҳиҷоб чанд бор иштирок кардаам. Аммо, дигар нарафтам. Чунки дидам дар асл ҷавонони баору баномус бар зидди ин амалу кирдори Раҳмонованд. Чунки дидам Раҳмонов бо ин баҳона мехоҳад афроди огоҳ, бедор ва рушанфикрро аз байн бибарад ва занҳои моро бесатру ҳиҷоб намояд.
Дигар ҷавони шуҷоъ намехоҳанд, ки бародар ё хоҳарашонро ба тӯҳмат зиндонӣ намоянд.
Дар асл мубориза бо ифротгароӣ нест. Баръакс мубориза бар алайҳи ҳақгӯён ва ҳақиқатхоҳон аст. Имрӯзҳо аз худи курсии президент шурӯъ карда, то коргарони ҷамоатҳо, хабаркашҳо ва чоплусон, кафида (трещина) дода аст.
Ростӣ, мубориза бар зидди ифротгароии ҳукумат ин оппозитсияро сиёҳ нишон додан, бад гуфтан, наздикони онҳоро тарс додан, таҳқир кардан, тӯҳмат намудан аст. Вале медонед мо ҷавонон тарафдори оппозитсия шуда истодаем ва сафи мо зиёд шуда истодааст. Барои онки суханони ҳақро, ҳақиқати ҳолро, ба мо гуфта истодаанд. Ман тарафдори ҳукумати кунунӣ будам, ҳоло ҳам дар ҳукумат кор мекунам, аммо ман аз Шумо дилсард шудам.Чунки Шумо бар фоидаи Эмомалӣ Шарифович ва оилааш кор карда истодаед ва кисаи худро ба ҷои аввал гузоштаед. Лекин миллатро ба пастӣ, бечорагӣ расонида онро муҳоҷир, ғулом кардед ва имрӯз террорист сохтед.
Давлаталӣ Саид, риси вилояти Хатлон ман туро хуб медонам. Маълумотҳои ту дар «Ислоҳ» баромад ва тарс он дорӣ, ки бо дигар сирҳоят фош нашавад. Аз ин ба баъд ду чашмам таг таги ҳар як мансабдор аст.
Дар вилояти Хатлон хоҳиш ва талаб карда истодаанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, муллоҳои Афғонистонро набинед ва гуё онҳо оромии миллату давлати моро намехоҳанд. Онҳо хоини давлат ва миллат ҳастанд, ки оромии мо шаҳрвандонро намехоҳад гуфта истодаанд. Ман дар ҳар як маҷлисҳои шумо иштирок дорам ва қадам ба қадам ҷиноятҳои Шуморо ошкор менамоям. Агар хоҳед,ки ҷиноятҳои ҳар яки Шумо ошкор нашавад, ба шаҳрвандони азизам зулмро қатъ намоед.
Ман инқилобро бар зидди ин ҳукумати диктаторӣ шурӯъ кардаам, дар дохили кишвар.
Ҳамватанони азиз, аз мубориза натарсед. Ман ҳам ба мисли Шумо як шаҳрванд ҳастам, ки Ислоҳро мебинам, лайк мегузорам, ҳатто дар кабинетам мебинам. Медонед ҳамватанони азиз! На танҳо Шумо шабакаи Ислоҳро мебинед, балки мо мансабдорон ҳам мебинем. Бисёре аз мансабдорон тарс аз он доранд, ки номашон дар Ислоҳ чоп нашавад
Ҳозир дар ҷумҳурӣ боз лимити барқ ҷорӣ шудааст,ки ба ҳамаи мо маълум аст. Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки талаб намоед, то ки лимити барқро аз байн бардорад. Зеро, ки Эмомалӣ то ҳол светро ба Афғонистон фурӯхта истодааст, то ки муомилоташро бо Афғонистон хубтар намояд. Вақте муллоҳои Афғонистон ҷиҳод эълон карданд, Эмомалӣ ба ларза даромад ва тарсончакиаш ӯро қариб ба фишори ҷиддӣ гирифтор намуд. Худи президент гуфт, агар пеши инҳоро нагирем, ба мухолифин роҳ медиҳанд ва якҷо қабрамонро зинда ба зинда мекобанд.
Президент ҳар рӯз ба кор намеояд, ӯ бисёрии вақт майзада аст. Ҳоло ҳам обро ба Узбекистон фурӯхта истодааст, агар бовар накунед рафта бубинед, ё худи коргари оддии обанборро пурсед, дар ҷавоб ба шумо мегӯяд фармон аз балост.
Хоҳед, ки зиндагии хуб дар назди оилаи худ дошта бошед, ҳамакаса бояд инқилоб намоем. Барои инқилоб кардан ҳамин светро талаб намоед кифояткунанда аст, зеро,ки ҳукумат оилашумул аст ва рӯзҳои охир бисёр тарсида истодааст.
Мисоли оддӣ меорам барои шумоён шаҳрвандони азиз.
Дар як ҷамоат чанд кас кор мекунад? Тақрибан 25 нафар ҳаст. Лекин мо истиқоматкунандагони ҳамон ҷамоат чанд нафаранд? Агар камашро бигирем, даҳ ҳазоранд. Аммо мо шаҳрвандон бохти зиёд карда истодаем, ки ба мо даҳ ҳазор нафар, 25 коргари ҷамоат зулм карда истодааст ва мо лаб во накарда истодаем, ки ба мо зулм, тӯҳмат, шиканҷа, зиндон карда истодааст. Агар мо ҳар як ҷамоатҳо, ноҳияҳо, дар шаҳр истиқоматдоштагон бихезем, бар зидди шаҳрванд ҳеҷ кор карда наметавонад.
Як бародар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи 175 гуфтааст, ки ба инқилоби октябр хуш омадӣ, ба озоди хуш омадӣ, ба ватан хуш омадӣ. Ман бо ин бародар розӣ ҳастам ва ба инқилоб бароем ва ба тамоми ҳукуматҳои шаҳру вилоят дароем ва ба қасри президент дароем.
Рости гап, мо мансабдорон низ дастгирӣ менамоем ва зиёд мансабдороне дар даруни худи қасри президент ҳастанд, ки инқилоб мехоҳанд.
Бубинед, ки дар тӯли 32 сол аз ӯҳдаи свет набаромад ва баромадан ҳам намехоҳад Эмомалӣ Шарипович, зеро ки мо сукут намудаем ва аз ин фурсат истифода бурда истодааст, ки барқро ба Афғонистон фурушад. Росӣ агар ҳамин Эмомалӣ як аср раиси ҷумҳурӣ истад ҳам мо шаҳрвандон соҳиби барқ нахоҳем шуд! Зеро, ки ин оила оилаи копейка аст. Аз Рустам, Озода, Парвина ва ғайраҳо як зарра ҳам умед накунед, ки инҳо хеле ва хеле оилаи пастанд.
Ваҳдат
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз Ваҳдат менависам. Аллоҳ шумо муборизонро фатҳу нусрат ато фармояд. Ман чи гуфтаниям?
«Муминин ба по хезед, бас аст дигар гап задан: «и деди хирада (Э.Р) намефаҳма гапа дига, фақат и да сизурӣ кора мекуна. Вақти он расидас, ки мо амал кунем, бародаро, падаро, модаро, хоҳаро». Чи хеле, ки моро манъ карданд, ки масҷид наравем, рӯза нагирем, сатр накунем, риш намонем, мо ҳам дигар туро Раҳмонов намемонем, ки соли навро ҷашн гирӣ, наврузӣ кунӣ, буҷҷаи кишварро дуздӣ кунӣ.
Марҳамат рӯзи 01.01.2025 охирон рӯзи деди хира (Э.Р) аст. Ин лаънаткарда на гапро гуш мекунад ва гапро мегирад. Зулм хеле зиёд аст дар Ваҳдат. Намедонам аз куҷояш гап занам. Ҳар касе дар ҳамин давлат кор мекунад, бо вай гап зада намешавад. Мегуӣ, ки ҳамин давлат дар дасташ аст. Ҷавонҳо ҳама арақхур, бангӣ, бетарбия. Муаллимҳо бетарбия, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, об, свет, ҷамоатҳо, участковий ҳама дузд.
Бародарҳо мо феълан дар Тоҷикистон. Ҳамаро аз Русия депортатсия карда истодаанд. Боз нисфи мардум мехоҳанд, ному фамилияашонро иваз карда «ай биҳишти руи олам гурезанд ба суи Русия». Не ҳеҷ ҷо намеравем. Мо дар ватан бояд кор кунем. Раҳмонов наметавонӣ мушкилоти мардумро ҳал намоӣ вазифаро холӣ кун. Барои ту фақат моҳи январ вақт дода мешавад.
Хитоб ба Эшонии Нуридинҷон! То вақте шумо амри маъруф мекардед, ҳама тинҷу озод буд. Мо кудак будем мерафтем масҷиди шумо намоз мехондем. Аз Душанбе, Кулоб, Ёвон, Қурған ва аз тамоми ҷо меомаданд ва дар масҷиди шумо намоз мехондем. Имрӯз садои шуморо мо намешунавем, куҷоед шумо? Ба ёд доред мегуфтед, ки фақат аз Аллоҳ тарсед. Лекин шумо имрӯз аз Раҳмонов тарсидед, хомушед, то кай мо тоқат кунем. Ришҳоямонро мегиранд, сатрҳои модарҳоямонро хоҳарҳоямонро мегиранд. Мо хомӯшем. Фарзандҳоямонро намемонанд Қуръон хонанд, чи кор кунем? Пирузӣ бе ҷонбозиҳо намешавад.
Раҳмонов, ту ҳамон пулҳое, ки дар кофтан ва нобуд кардани мухолифон сарф мекунӣ, чандин мактаб, чандин бунгоҳи тиббӣ месохтӣ, об мебаровардӣ чи мешуд? Имрӯз ту лодер –танбал шудаӣ, шикамат ранги тағора, кадоме туро дастгирӣ мекунад капааш сухт. Ин шо Аллоҳ ту, Озода, Рустам, Тахмина ҳамаат давратон ба охир расида истодааст.
Кулоб
Ассалому аллайкум устоди гиромӣ! Худоро шукр,ки шумо ҳастед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Як нома равон кунем дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой кунед.
Нома аз Даҳанаи Кулоб аст. Бигзор номи ман махфӣ монад. Чунки ин режими хунхур хело ҳам золим аст. Мо худамон безор шудагием аз ин ҳама зулм: «ҳамиқае мондай, ки хдмона бкшем, некем аз барои аллоҳ зиндагӣ дорем».
Устод агар ин нома нашр нашавад валлоҳ заминҳоямонро аз дастамон маҷбурӣ гирифта истодаанд.
Шарипов Саид Ҳайдарович 4 акаву додаранд. Шарипов Хуршед Ҳайдарович
Шарипов Ғоиб Ҳайдарович ва Шарипов Ҳасан Ҳайдарович, ки ҳамаашон ҳаромхур ва одамкуш мебошанд. Шарипов Саид соли 1992 дар ноҳияи Тавилдара 120 дона автомати АК-47, пистолети макаровро дар трактори ҳамқишлоқиамон бор мекунанд. Номи тракторчиро намегирам.
Тракторчиро як намуд мезанад, мегуядаш, ки ҳозир дар инҷо як тират мезанам. Тракторчӣ аз тарс меравад ҳамроҳаш. Аз ноҳияи Тавлидара рост Кулоб, ба қишлоқи Даҳана мебаранд автоматҳоро ва мефӯрушад. Аз ҳамон вақт ва аз ҳамонҷо дигар аз тракторчӣ «на хатайу на хаварай». Ин корро ҳар чори акаву додарҳо кардагианд. Ҳозир бошад Шарипов Саид бо раиси маҳалла ва участковиии қишлоқи Даҳана заминҳои назди ҳавлигӣ ва хоҷагии дехҳқонии мардумро махсусан аз моро маҷбурӣ гирифта дар дигар одамони мансабдор мефурӯшанд. Мегуянд «бра любойҷо шикоят кун, ҳаму Рустамай, ки ай хдмонай. Якилош мебарм любой кора иҷозатм мета дигаша да фалонм задагиюм. Як ҳафта пас қати Рустам дамгирӣ мерем. Дачаҳой Норакш. Рустам нашара мезана, мега то вақте ма зиндаюм хтона тенҷ кнен».
«Мо мардуми Кулобем, ай Даҳана, ҷонмон таги қртақмон омадай. Чи кор карданмона нмедонем, киҷо брем арзу дод кнем».
Боз болои ин ҳама зулмашон учасковий бо ҳамроҳии Шарипов Саид хона ба хона шабҳо мегарданд. Вақти намози хуфтан медароянд, дар хона ҷойнамоз бошад: «паспорта мегираву мега пага ба кабинета биё. Меравӣ «сраза ай заминт меқапа ки инамиқаша мода метӣ, не бугу салафит мезанем мерай турма».. Аллоҳ лаънат кунад Эмомалиро. Ин чи зулму бедодӣ аст? Бо мегуӣ, ки шукрона кунед. Чиро шукр бигуем. Зулми туро?
Э, мардум! Натарсед! То чанде тарсидем ба ҳамин рӯзҳо расидем. Як камтар ҳушёр бошед. То вақте ин режим дар болои мо ҳаст, мо азоб мекашем.
Истеъфо, Истеъфо, Раҳмонови тоғут.
Восеъ
Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Вазъияти ҷавонони тоҷик, ки дар муассисаҳои низомии Русия таҳсил мекунанд, бад шуда истодааст. Махсусан
онҳое, ки феълан дар доираи квотаи ҳукуматӣ дар омузишгоҳу донишгоҳҳо, умуман муассисаҳои таълимии низомӣ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд боз бадтар мешавад. Чунки Путин Раҳмоновро водор карда истодааст, ки барои ҷалби иҷбории онҳо ризоият бидиҳад. Маълум нест, ки бар иваз чи имтиёз ва ё чи чизе доданӣ аст.
Ҷалби сарбоз, умуман неруи инсонӣ бар муқобили Украина.
Як рафиқи наздикам дар вазорати мудофиа кор мекунад. Мегуяд, ки Путин аз Эмомтапак солдат талаб карда истодааст. Як нафари наздики дигар, ки дар омӯзишгоҳи низомии Воронеж кор мекунад гуфт, ки бояд тоҷикҳову узбекҳову қирғизҳо сарбоз диҳанд барои ҷанги зиди Украина. Ман худам ҳам шахси низомӣ, афсар ҳастам. Он шаб дар басти шабона будам. 10 мошини зиреҳпуш ва 2 мошини Урал холӣ гузашт. Раҳмонов чанд рӯз пеш, ки Маскав рафт дасти холӣ рафтагӣ нест. Ба назарам мошинҳои ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта истодаанд. Мутахассисони омӯзишдидаи низомӣ, ки дар русия ва дигар кишварҳо таҳсил намударо ҳатман барои кумаки сипоҳи русҳо ба Укроин фиристоданаш дақиқ ҳаст.