Муҳоҷири тоҷик дигар ба як гови душои Раҳмонов ва мақомоти вай, махсусан дар навоҳии кишвар бадал шуданд. Қаблан ҳам дар ин бора гуфта будем. Аммо ҳоло ба назар мерасад истинтоқу таҳдид болои муҳоҷирон характеру хосияти дигар гирифта истодааст. Аз ин номаи омада аз Екатеринбург ва сипас Исфара хоҳед фаҳмид, ки мо чиро дар назар дорем. Бубинед, ки барои онки суми ҷайби муҳоҷирро бигиранд аз чи шеваву усул истифода карда истодаанд:
Екатеринбург-Панҷ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Рости гап мо муҳоҷирони панҷӣ (ман аз деҳаи Чорсу) дар Русия ҳастем ва аз ин ҳама фишору тазъиқу таънаву маломат ва ҳатто таҳдид ба ҷон расидаем. Ҳафтае нест, ки бо як баҳона аз мо пул наситонанд. Мо, муҳоҷирони панҷӣ ҳануз се-чор соли пеш аз ин тарзи муносибат хаставу безор шуда бар ин қарор омада будем, ки бигзор моро дар сол як бор азоб диҳанд. Яъне як бор пул супорему халос шавем. Ва ҳамин қарорро ҳама қабул кард. Аммо нархи ба истилоҳ «солона»-и мо солтосол зиёд шуда истодааст.
Дар Русия мо пулро аз шохи дарахт намечинем. Як тини инҷо ҳам бо дарду ранҷу заҳмат ба даст меояд. Ман гапро ба дарозо намекашам. Ҳоло садои чанде аз масъулини диаспораи панҷиҳоро ба шумо мефиристам, ки чи гуна муҳоҷиронро таҳти таҳдиду фишор қарор дода истодаанд. Бигзор ин бор ному насаби инҳоро зикр намекунам, аммо дар оянда маҷбур хоҳам шуд, ки ошкоро эълон кунам. Ҳоло баъди мутолиаи ин ҳарфҳо худ хоҳед дид, ки мо дар чи вазъу ҳолат қарор дорем:
«Бародаро чиқа ҳаракат кунед, э бародаро дига намедонум чи бигум. Ин мардум иқа қарор истоданд. Ҳамувора ку як бори дигар ин шо Аллоҳ спискара партоен. 2023ра касе напартофтаст ҳамувора номбар кунем. Э бародар, касе ҳастӣ ҳамиям, фаъолиятай барои ободии деҳаи Чорсу як шуҷоатай, я номусай чорабиниҳоро дидан даркор. Худованд шумора нигаҳ дора, барори кору баракат дар касбу коратон».
*****************
Салому алайкум! Бале акаи Рустамшоҳ, бале. Хай аку намедонум, ки и мардум..неки бовар куне, агар кадоме ҳастӣ, нестӣ бисту сета махкам накардай ҳоле 24ай соли 24ай. 23та махкам накардай! То ҳозира номи тра ҳеҷ касда эълон накарда будем. Неки 100 борам номта мегирам. Ҳамин сад борам номта мегирум, ки э бача 23та махкам ку. Махкам наменӣ, дар ҳамин группа бубро бугу, ки, э бародар ман намепартом пул, номи мара кур куне! Фаҳмидӣ! Дар ҳамин группа бро бугу, ки номи мара кур, куне намепартом пул. Бигиран номта кур кнан халос шем. Да қатори бо я хел. Да қатори Сабриддин ай ҳиҷчи пичи ҳамута бра қати Сабриддин бо да ҳақут бо дуо мекунем. Худованд ҳидоятут кна.. худо брори кору дар касбу кортон баракат бачаҳо. Узри калон, беҳад зиқ мешам да да ҳамин хелин йигитое , ки 23шон махкам нестан. Масъалаи 23ра спискара бровардем номошон мегирем мегуем бародар номта да списка мегирем бги биё. Намефорад партофтан ай ҳамуҷа овоз бброр номта кур кунем ҷонмон халос шава, фаҳмидӣ? номта бояд гап намезанӣ, ки номи мна кур кне, гп намезанӣ мо худмон то гап заданта эълонут мекунем, э бача пулта парто
*******************
Салому алайкум ва раҳматуллоҳ мардуми шарифи деҳаи хушманзараи Чорсу. Бародароне,ки 2024атонро дар ҳол махкам накардед, медонед, ки соли 2024и мо махкам нокардаяй, имруз ҷумъа, худованд хайратонро қабул кунад, парвардигор барори кору баракат дар касбу коротон бтия. Илтимос ҳамин 2024атона чорашона бине. 2024атона бародарое, ки напартофте списка мебуроя баъд ҳамунҷа номотона мехонанд, списка мебуроя баъд ягон…. ҳамун номта мебинӣ ҳамунҷа хиҷолат мекашӣ. Аку я хел беномусуш, ку парво надорад. Неки 2024тона махкам куне. Аллоҳ баракатон бта. Худованд нигаҳбонтон боша. Барори кору баракат дар касбу коратон. Ҳар касе бо ай руи камдастиву ай руи қарздориву ай руи бекорӣ аку як майдаяк заҳмат мекашад. Неки кушиш куне, ки солонотона махкам куне. Инам залулай. Я расчети кору ягон беҳбудимона гирем ягон кормон. Худованд шуморо нигаҳдору барори кор дар касбу кортон.
*******************
100% ҳоҷӣ Саймурод,100% барои додари худут тоқа не,барои ҳама, ҳами касе, ки намепартоя ҳами да ҳамун касатса дора ба худуш мекаша, ба кунуш мекаша чи хеле мекаша, бкаша ҳами касе, ки намепатояд да ҳамун дахолат дорад.
Салому алейкум як бори дига мардуми Чорсу созен, тинҷен, саломатитон хубай. Хай худованд ҳама соз боше, тинҷ боше. Э бачаҳо, касе, ки ҳамин 2023 насупоридаст хай ина ҳамин барои 24 ҳоле вахтай. Ина мо худомон насупоридем, майлу. Некӣ ҳамин касе барои 2023 насупоридасу мақсадаш супоридан нест, намехоҳад, ки партоя, мардак боре буброя ба ҳамин деҳаи Чорсу бга, ки э бачаҳо ман флонӣ намепартом. Мақсад, ки мо ура ждат накунем дар у надежда ҳам накунем, 2024а ҷамъ кунем да 2025 мақсад худмон расчети худмона бигирем. Ягон ҷои хафагӣ нест. Касе, ки мардакай, мисол касе, ки ҳамин мардакай, ҳаминтарине, ки мисол ман бромада гап задам, буброяд ана ҳамин хел мардак боре гап занад, ки мн флониев флонӣ, мақсад ҳамин сума мн намепартом, да ман даркор нест, ҳамин корда мо да уво надежда накунем чан касе, ки мемонем ҳамиё расчета бигирем. Мисол мардонавор да итари к…гӣ неву мисол мардонавор буброяд мақсад баромад кунад. Бисёр не. Ё ки бинависад ё ки галасавой кунад. Беҳтаринуш галасавойяй. Галасавой кунад, ки ака мн флониюв флонӣ намесупорум ҳамин сума мисол, да мн даркор нест. Тамом. Мисол мо да уво надежда накунем. Ҳамин мардак боре бине я ришени канкретна ҳамин ду-се рӯза касе, ки ҳаст касе, ки мешунава ҳамин гапи мана касе, ки нашнавидаст одамои шунавидагӣ увора бшнавонен, мисол бгешон ҳамин галасавоя мана моненда гуш куна. Ҳамин се-чор рӯза мисол решинира бброран бганда мо буфаҳмем, ки чанд одам да ҳамин дарун кора пеш мебара.
**************
Ҳамин бегаҳ якҷо меҳмон будем дар деҳаи Калли макс. (Карл Маркс) Худованд барактшон бта, худо ай умршон баракат ёбанд. Бовар кун я одамое, я одамое, ки вақте ҳамин чойхона соз кардан 20 ҳазор партофтаст, 30 ҳазор партофтаст. Илоҳӣ тоба. Мардуми мо ҳамиқа миллион миллион ҷамъ менан я рафтагишун корошон хуб мешан ҳар моҳ 300 ҳазор сум меёва, дар раҳи худо барои ободии деҳаи Чорсу ҳиҷчи. Меёра ҳамура расход мена 2 миллион кор мена 3 миллион кор мена, ихелӣ ақл нест, ки барои ободӣ я майда ба арзера ёрдам кна. Итари одам надорем мо. Дар соли оянда ё ҳамин сол павароди Калли макс то хонаи ҳамин ҷойи акаи Файзулора ҷои раҳмати акаи Иззат, иёра полни асфалт мекунан. Занакошон гуфтан мн 10 ҳазор сомон дорум, иш гуфтас мн 20 ҳазор сомон дорум …занакошун занакошун гуфтан ман биста дорему ман сита дорему… мардакошон ҳама биста биступанҷта ҳамира асфалт кнем мо сум дорем. Э хушо бар ҳолшон, хушо бар ҳолшон. И мардуми моро чи офате расидаст, ки бовар кун ҳамин солонаша мегуӣ махкам намекунан. Илоҳӣ тоба. Худованд худуш шуҷоата зиёд куна. Барори кору баракат да касбу кортон бта. Парвардигор хайратона аз и да зиёдтар кна
*******************
Худованд нангу номуса меҳмон букуна. Парвардигор шуҷоати бародарора аз ин дида зиёд куна. Беҳади беҳад суст, бовар кун. Қишлоқои дигая мебинӣ ,зану мардуш дар ҳамаи камбудиҳои деҳа чухт мекнан, зану мардуш. Иқа одамо, иқа одамои крахт. Э бачаҳо бхезе. Ихелӣ хов наше бачаҳо, дамтона ҳот кне. Сад ҷамъ кне, сад ҷамъ кне мийоре. Бо ҳар як одамера дидам, ки бовар кун ҳами хел хонагиҳошону оилашон ҳамин хел катахуре ҳастан, ҳамин як пуху прахшон мекнан меран, чум чи харидшон мекнан. Неки барои ободӣ ҳиҷчӣ. Ҳамура мебинӣ фарзандои мо истифода мебаран ҳамура.Ҳамура мебинӣ барои пешравии деҳаи мо истифода кӣ барои деҳаи моҳай. Бовар ку пури бад пури бад изо мекашем да. У мардума мебинӣ чи коро карда истодаанд субҳоналлоҳ. Худованд мора ҳам баробари ҳамин мардуми шуҷоъатманд шуҷоъатмона зиёд куна. Худованд барори кор дар касбу корамон баракат бита. Парвардигор раисамоя худуш нигаҳдор боша. Аллоҳи меҳрубон бо руи сурх барои ба сари бланд, ба киссаи пур ба пеши аҳли байтмн бирасонад. Омин ва рабулоламин
Исфара
Ассалому алайкум устод! Ман аз Найман. Муҳоҷирҳо бо заҳмат пул кор мекунад, инҳо на танҳо пули муҳоҷирро барои ин, барои он, барои мактаб, барои роҳ гуфта мехуранд, худи муҳоҷирҳоро низ мехуранд. Ин маълумоте, ки дар зер мутолиа мекунед ба пуррагӣ аз группаи Найман аст ва онро ман беягон таҳрир тағйир пешкаши шумо мекунам:
«Ассалому алейкум найманиҳои азиз! Отчёти Группаи Найман. Як бародар 1500 сомон ойи Шаълоя латокашонба дода будан, писарои Ойи Шаъло орият карда худошон пул партофт, манъ кунондам. 1500 сомона. Усуни латоки туғри холи Ранохона стяжка карем.
Расход:
Цемент 14×60=840 с
Шағал 1×250=250 с
Каммасраф стадионба 2×30=60 с
Қулф дарашба 20с
Кучабам 2×30=60 с
Пешеходба 150 с
Сурати муйсафедои худойинда будагиҳо
120 сомон
Итого1500 сомон
Пешеходба як бародар аз Россия краска исел каран, мондагиша аз Аюбҷон гирифтам.
Як бародар1080 сомон пафтан, одамои шароиташ танга аз дафтаратон хат занед гуфтан, хат задам.
Як бародар1080 сомон пафтан, шкафи ноловойоба, 700 сомон устоба додам 380 сомон монд. Ойнаки стадиона ремонт мекунам шикастаст.
Як бародар 1069 сомон пафтан, пули асфалтьба гузарондам.
Як бародар 319 сомон пафтан директорба додам.
1099 сомон пули таъзияи амаки Латифхон истодас, Худо хоҳад бардюр мекунем
Қарзамо асфалтьба121ҳазору 400с буд,
10ҳазору189 сомон пул ҷамъ шуд,111ҳазору211 сомонӣ дигар қарздор.
Ҳамотонба раҳмат. Худованд кушоиши коротона тияд ва аз балоҳош нигоҳ дорад
Хайр дар паноҳи Худо бошетон.
Спитамен
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Номаи ман ба падару модарони ин миллат аст! Ман 21 сола ҳастам. Миллатам узбек. Ҳама зулми ин давлат ва системаи палиди расво ва дуруғгуи Раҳмоновро асосан аз «Ислоҳ» фаҳмидам. Ман аз калонҳои оилаамон ва хешу таборонам норозӣ ҳастам, ки барои чи ман инро аз Ютуб фаҳмидам, ягон кас нагуфт, ягон кас нафаҳмонд! Барои чи? Барои он ки ҳама дар тарс аст! Эй, миллати ман, ҳамватанони ман бас! Бас! Бас! Шумо калонҳо хап будед зиндагӣ соз шуд? Мард шавед ва гуед зиндагӣ нағз шуд? Шумо беномусирову чоплусиро интихоб кардед ягон кас бар шумо раҳм кард? Барои чи писару духтарони худро ранги худатон мурғу чоплусу беномус карданиед?
-хап кь буз бисерай, хап кь ягон проблема нашавад, хап кь трмат накунанд!
Шумо чи карданиед? Мақсадатон чи аст? Эй беномусҳо шумо мигранту, террористу, чуркаву, мурғ шудед, магар мехоҳед ки бачаҳоятон ҳам ҳамин хел шавад? 30 сол шуд соз нашуда истодааст?
Шумо хап карден ва мо бачаҳои шумо дар ҳамин система зиндагӣ кардестем! Шумо хап карден имрӯз писаротон аз кудакиш дар Русия аст! Шумо хап карден имрӯз моро аблава саг барин сарсон кардестай! Шумо хап карден мо имрӯз дар Русия дар бадтарин ҳолат чуркаву террорист ҳастем! Эй номардҳо я бор дар хонат шишта фикр кь, натарс Раҳмонов наметона фикрота хонда! Проста барои хдт фикр кь!
Шумо тарсиден, шумо хап карден чи шуд? Мард шав, чи шуд? Я сукин сын дхтарта ҳиҷобша кашид, занта ҳиҷобша кашид, модарта ҳиҷобша кашид! Что дальше? Бо чи мехоҳен? Ай пушти ришт бачата трма кард, кушт, бо бадтарин дашном дар милисахонаҳо ришашро тарошид! Ҳаминай натиҷаи хап кардан! Аз ман сар карда барои хомуш шиштан аз падару модари хдам ва ҳамаи ин калоное, ки ин беномусию ғуломиро интихоб кардан норозӣ ман! Эй ҷавоно бас! Мо ҷанг надидем, ки моро бо ҷанг тарсонанд! Бас, вақташ омад! Аз калоно ягон гапи талковый интизор нашавед! Ҳақиқати талх бошад ҳам мегуям инҳо беномусиро интихоб кардан, лекин мо не! Шердил бошед! Бовар кунед и милисаю амнияту армияш аз шумо бадтар тарсончак ҳастанд! Пирузӣ наздик! Инқилоб наздик, валлоҳи қасам наздик! Вақте ки инқилоб сар шуд, как говорится «до конса» мерем. Ин ҳукумат ба мо раҳм накард, моям раҳмш намекунем!
Бародар Муҳаммадиқбол! «И 1 % аст аз чизе, ки навистан хостам, бовар кунед ин миллат, ин калонҳо ранги худашон я авлоди мурғ тарбия кардестиян!»
Ман фикр дорам, ки ҳама тайёр аст! Шуд сар кунем! Имрӯзина видео беҳтарин премйера шуд! Надо готовит!
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳодисае, ки нақл мекунам, дар соли 2010 руй додагӣ аст. Худамро муаррифӣ намекунам. Рости гап, ман чандин маротиба ба маҳбаси Кулоб даромадаам. Сардори маҳбас он солҳо Қаюм Умар буд. Дар ҳақиқат вай кадом зани маҳбусро зино мекард. Маҳбусҳо ин кори вайро фаҳмиданд. Як бачаи дигар Ғайрат ном дошт. Устои сартарош-парикмахер кор мекард дар маҳбас. Началник як коргарашро дастур медиҳад, ки раву Ғайрати парикмахерро биёвар муи сарамро паст кунад.
Мераваду меоварад. Сипас сардори маҳбас бо парикмахер тоқа мемонанд. Чи гапе байни ин ду мешавад. Ғайрати сартарош бо қайчӣ ба сари началник мезанад. Сардори тюрмаи Кулоб мемурад. Ин сардори тюрмаи ошнои наздики Абдураҳмон Бузмаков буд. Кормандони маҳбас ба Бузмаков занг мезананд .Бузмаков Кулоб меояд. Коняк задагӣ, дозааш баланд, маҳбаси Кулоб медарояд. Ғайрати парикмахерро марданивор таги шатта мегирад ва як гуши ӯро мебурад. Бо ҳамон қайчие, ки парикмахер Қаюм Умари срадори зиндонро кушта буд, Бузмаков як гуши Ғайратро мебурад. Бузмаков ба кормандони тюрма дастур медиҳад, ки парикмахерро бисёр зананд. Ва кормандони тюрма ҳам ин усторо ҳамчунон мезананд, ки дар давоми панҷ моҳ ҷон ба ҳақ таслим мекунад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Айни замон миш- мишҳо дар Прокуратураи Генералӣ баъди гуфтаҳои шумо дар барномаҳо роҷеъ ба ҷудо шудани бачаи Юсуф Раҳмон аз духтари Президент зиёд шудааст. Баъзе сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ мегуянд, ки Юсуф Раҳмонро дуои кадоме гирифт. Кадом коргар ё коргарони Прокуратураи Генералӣ дуо кардааст. Бисёриҳо дар туйи бачаи Юсуф Раҳмон қарз карданду расхҳодои бешеный кардан, ки ба Юсуфи Раҳмон вазифаҳои созашон мета гуфта.
Аммо надод. Баракс як хелашро ба мақомҳои поинтар фаровард. Миш -мишҳо ҳаст, ки чанд нафар аз кормандони Прокуратураи Генералӣ ҷои Юсуф Раҳмонро чен карда истодаанд. Хусусан сардорони баъзе раёсатҳо. Мегуянд, ки акнун тамом, сағераашро агар духтари Президент талоқ дода бошад, Юсуф Раҳмон дигар «ҳиҷ касай». Мо гуфта будем, ки ҳоло боз мегардаду мераваду мояҳои Зоирро мелесад. Хело ба Зоир подножкаҳои сахт дод Юсуф Раҳмон. Борҳои калони Зоирро фурӯхт, берун аз Тоҷикистон қапиданд. Боз маълумотҳо дод, ки гуё КДАМ фурухтагӣ аст маълумотҳоро. Ана акнун Юсуфҷон тайёр бош.
То онҷо, ки маълумот дорам баъзе нафарҳо аз Прокуратураи Генералӣ ба Зоир баромада истодаанд. Кушиши гирифтани ҷои Юсуф Раҳмонро доранд: «Любой суммада розиан». Ҳар як сардори сарраёсат ба худаш кошелёкҳои хуб дорад. Чандтоӣ бизнесменҳои хубро крышават мекунад. Вақти зарурат барои ягон расход шуд, сразу кошелёкҳо «сума метан, ки шефшон вазифара бигира». Дар умум вазъият дар Прокуратураи Генералӣ хуб нест. Барқасд ва дидаю дониста аризаҳои мардумро намебинанду корҳоро кашол медиҳанд, ки мардум ба Президент нависанду камбудиҳо дар кори Прокуратураи Генералӣ дида шавад.
Ва боз як маълумоти дигар, ки ҳамин пештарак ба дасти ман расид.
Як источник аз Прокуратураи Генералӣ расонд, ки нисбати Юсуф Раҳмон ва Шоҳрух фитнае карда истодаанд
Маҳмадализода Аминҷон, полковник, началник уголовный розыски РВКД- и Душанбе аст, ки яке аз нафароне аст ки худро саги вафодори Шоҳрух нишон медиҳад. Сағераи бузбалаи сияҳи бераҳм аст. Вақте Шоҳрух дар УУР буд, Маҳмадализода Аминҷон, ки ҳоҷӣ асту ҳоҷӣ мегуяндаш, сардори яке аз шуъбаҳои вазнини УУР буд. Шоҳрух Саидзода, ки УВД –и Душанбе рафт, уро ҳам бурд.
Хуб, ҳамин ҳоҷӣ Аминҷонро гуё аз номи Юсуф Раҳмон бо чи ҷурме қапанд. Ин корро як ду сардори раёсати Прокуратураи Генералӣ, ки сари Юсуф Раҳмонро хурданианд, карда истодаанд. Вақте «И кора, кардан, Шорух аз Юсуф Раҳмон мебинад. Аҷоиб, ки и коро баъди гап- гапҳое, ки духтари Президент ай бачаи Юсуф Раҳмон ҷудо шудааст, бромадан, нисбати Юсуф Раҳмон шидестан».
Хулосаи ин гапҳо ин аст ки Юсуф Раҳмон рӯзбарӯз никто шуда истодааст ва худаш ҳам инро хуб фаҳмида истодааст. Хуб фаҳмида истодааст, ки «алакай ай қафош одамои худуш корчаш задестан».