Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №224 

Ислоҳ нет

Вақте аз тарафи масъулину маъмурин дар манотиқ ба мушкилоти мардум расидагӣ сурат намегирад, мардум ноилоҷ ба мақомоти болоӣ ва додситону додгоҳ муроҷиат менамоянд. Аммо вақте худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоқайдиву бетафовут нишон медиҳанд, онҳоро ба кӣ ва куҷо кашонд. Ҳозир барои як справкаи оддӣ то пул надиҳӣ яъне пора надиҳӣ моҳҳо медавонанд. Аммо боз ҳолатҳое ҳаст, ки ин масъулини порахур, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд инсофу одамиятро муроот кунанд.

  Номаи зер аз Перми Русия, аз тарафи сесад нафар тоҷики зиндонӣ фиристода шудааст. Ин маҳбусон дар ҳолати УДО, раҳоии шартӣ қарор доранд. Аммо справкае, ки аз Тоҷикистон бояд биравад ва онҳоро аз зиндон раҳо созад, фиристода намешавад. Чаро?

                                  Перм

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо, ростӣ, дар чанд расонаи Тоҷикистон ва идораҳо ин номаамонро фиристодем, то мунташир кунанд. Аммо нашр накарданд ва ҳеҷ посухе ҳам нашунидем. Барои ҳамин мо бо ҳазоруяк умед ба «Ислоҳ.нет» мефиристем, то чоп кунед ва доди мо ба гуши мақомоти тоҷик бирасад.

Ман ва беш аз 300 нафар дар колоннияи ислоҳии низомаш сангин (строгий режим) дар шаҳри Перми Русия қарор дорем. Мо муҳлати адои ҷазоямонро ба поён расондаем ва ҳоло дар марҳалаи УДО (условно-досрочное освобождение) -ҷавоб шудан аз ин зиндон қарор дорем. УДО-раҳоии шартӣ ва пеш аз муҳлат як шакли қонунии озодшавии маҳкумшудаҳо ҳаст, ки на фақат дар Русия, дар худи Тоҷикистон ҳам татбиқ мешавад.

Дар ин шабурузҳо, ки барои мо сахту сангин тай мешавад, масъулони ин зиндон аз мо якчанд справка талаб карда истодаанд, аз ҷумла аз ҷамоати ҷои зист ва аз раиси маҳалла характеристика-хислатнома талаб карда истодаанд. Ин ҳама справкаҳоро бояд ба як идорае, ки ба Вазорати адлия тааллуқ дорад ва дар қафои управленияи ГАИ дар суроғаи кучаи Ҷаббор Расулов, дом 69 ҷойгир аст, дар асоси талаби сардори колонияе, ки мо инҷо мебошему адои ҷазо мекунем бурда додан лозим аст. Бояд ин идора ҳама справкаҳоро ҷамъоварӣ карда ба муассисаи ислоҳии Перм, ки мо ҳузур дорем, фирстонад, яъне ҷавоб гардонанд. Аммо мо то ҳол аз онҳо ҷавоб нагирифтаем, ки дар асоси УДО ҷавоб шуда ба ватан равем. Гап дар сари он меравад, ки дар он идора як майор бо номи Зайниддин Ватанзода кор мекунанд. Вақте хешовандони мо спаравкаҳоро мебаранд майор Зайниддин Ватанзода аз онҳо пул талаб мекунад. Мегуяд, ки бо дуо кор буд намешавад. Агарчи наздикони мо пул ҳам додаанд, аммо 8 моҳ мешавад, ки ҷавоб нест. Охир чаро то ин андоза нисбати мо зиндониҳо бе тафовутанд ин мақомотҳои мо?

Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Мо тавассути расонаи шумо ба мақомот расониданием, ки то кай ин бедодгариҳо ва ин ҷабру зулм ба охир мерасида бошад? Рақами телефони Зайниддин Ватанзода 93..0202 (мо се рақами миёнаро нанавиштем вале дар дасти Ислоҳ комил ҳаст) Барои онки ҷавоб гардонанд ва он справкаҳоро равон кунанд, аз хонаводагони мо маҳбусоне, ки дар Русия ҳастем 550 сомонӣ пурсида истодаанд. Пулро гирифтааст ин майор Ватанзода , аммо маълум нест, ки санадҳоро кай мефиристад? Чунки агар мефиристод, мо кайҳо дар ватан, бо назди наздикони худ будем.

 Бовар кунед, ки дар ҳамин зиндон ҳам аз ҳама халқи бепуштупаноҳ халқи тоҷик аст.

Ps: Умедворем Мансур Умаров ва вазорати Адлия ин қазияро ло ақал дар ин моҳи муборак оҷилан анҷом медиҳанд агар имон дошта бошанд. Аммо агар имон надошта бошед ло ақал инсон ҳастед?

                                                Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Ваҳдат бароятон ин номаро ирсол менамоям.

Дар аввал дар бораи Вайсиддин Давлатзода, сармеъмори Ваҳдат гуфтаниам. Баччаҳо гуфтанд, ки аз Душанбе омада кору амали Давлатзода Вайсиддинро тафтиш карда истодаанд. Аз Генпрокуратура ва аз Агентии зидди коррупсия. Тамоми домсозҳо ва корҳои ғайриқонунии онҳоро тафтиш карда истодаанд. Ҷинояти зиёдро ошкор ва маълум намудаанд. Барои мисол яке аз ҷиноятҳои мудҳиши онҳо ин аст ки барои сохтмони доми  6 ошёна иҷозат гирифта аммо аммо то 9ошёна бардоштаанд. Комиссияи қабул қабули иншоот кардагӣ аст. Масалан ошкор карданд, ки барои сохтмони бинои панҷошёна иҷозат гирифта аммо доми 7ошёна сохтаанд. Ва даҳшатовар ин аст ки комиссияи давлатӣ қабул кардааст. Яъне дар домҳо ду- се этаж иловагӣ сохтаанд, ки ягонтоаш ба меъёр ҷавобгу нест. Дар Ваҳдат проверка сахт рафта истодааст. Умедвор мешавем, ки ин тафтишот ҷинояткорони бо ҳаёти инсонҳо бозикардаро ба кайфари аъмолашон хоҳад расонд.

Карими ДЭУ, ки аз вазири дохилӣ спетсталон дошт, спестталонашро аз дасташ гирифтаанд яъне ончи дар барномаи пеш нисбаташ навиштем дар Ислоҳ таъсири хубе дошт.

Дар бораи Илҳом Бобоев, собиқ зиндонбони Душанбе ҳам дар он нашри барнома дар бораи Ваҳдат гуфта будед. Панҷ -шаш сол пеш вақте ки дар Русия дар тюрмаи занонаи Норак кор мекард. Шумо пештар дар барномае, ки ба шаҳри Ваҳдат ихтисос дода будед дар борааш гуфта будед. Онҷо аз болои вай як зан шикоят карда буд  ва дар онҷо ӯро аз кор мегиранд. Ҳозир дар Якум Советский кор карда истодааст. Он вақтҳо қаторӣ буд. Дипломи статтехникуми Ваҳдатро пул дода гирифтагӣ аст. Ҳозир чи рутба дорад намедонам. Ҳеҷ ҷоро хондагӣ нест. Дар бораи Давлатзода Вайсиддин инро бояд бигуям, ки дар Генпрокуратура гуфтаанд, ки касе инро ба «Ислоҳ» навиштааст 100% навистааст ва ҳамааш дуруст аст. Чанд бор шуд даъват карда пурсида истоданд. Дар ҳақиқат барои ҳама савол аст ки  хоҳари вай аз куҷо онҷо замин гирифт, ки заминҳо онҷо нархаш 20.000 30.000 доллар боло аст. Дар номи онҳо замин харидааст. Ана ҳамин хел айни замон тафтишот пурра рафа истодааст.

Дар пеши хонаи мо як детский плошадка буд, кудакҳо баромада бозӣ мекарданд, аммо ҳоло саҳна ва замини инҷо фурухта шудааст. Ба ҳадде тангу маҳдуд карда истодаанд, ки намедонӣ мошинатро дар куҷо бимонӣ. Ваҳдатро ҷазиру хароб карданд. Дар қади роҳ домҳо сохтаанд ва ин гуё ободӣ бошад. Аммо дар асл ин бизнес аст, ба ободӣ рабт надорад. Ягон тартибу низом вуҷуд надорад, техникаи бехатарӣ тамоман риоят нашудааст. Аммо, мо мардум худамон аз пули худамон роҳу мактаб таъмир мекунему бунгоҳи тиббӣ месозем. Ҳамаашро халқ худаш мекунад. Вале ба шумо ва «Ислоҳ» ташаккур мегуем, ки баъди нашри номаҳои мо тафтишот дар Ваҳдат ба таври ҷиддӣ рафта истодааст. Ваҳдатиҳо ба «Ислоҳ» нависед ва натиҷаро бо чашмонатон бубинед!

                                        Вахш

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар ноҳияи Вахши мо ҳама чиз баду бадтар аст. Ман ҳар он чизеро мегуям, ки фақат худам дидаам. Корҳои ғайриқонунӣ ва порагирӣ дар ин ҷо аз тарафи худи мақомоти давлатии бисёр шуда истодааст.

Масалан дар наздикии деҳаи мо ҳар ҳафта бидуни танаффус, бепрогул моҳиҳоро бо ток- барқ мезананду мегиранд. Ҳафтае 2 бор рӯзона ва ду ё се бор шабона. Инро ҳама мардуми Дуканала, яъне ҳамон 70гектара медонанд. Ягон нафарро намемонад, ки сурат бигиранд ё ки видео бардоранд. Чунки ин шикорчиёни моҳӣ, ки мардум моҳизанҳо мегуянд кормандони худи мақомоти давлатӣ ҳастанд ва ҳатто таҳдид ҳам мекунанд, агар видеояшон кунӣ. Мо мегуемашон, ки чаро ин моҳиҳоро ба ток мезанед, аз рӯйи қонун манъ аст ба ток моҳиро задан.

Дуруғро руирост мегуянд, ки «ту братишка дидӣ, ки ягон каса ,ки моҳиёро ба ток, барқ қати бзана»? Мегуем, бале, ҳар ҳафта шабу рӯз аз 4 то 5 соатӣ шумо мезанед, ку. Дар ҷавоб мегуянд, ки бале, аммо каме хато кардӣ:-« иҷа як мо нестем иҷада чанд кругай, масалан, одамой началник милитсияи Вахш Истамзода Машраф Истамӣ ва прокуратура, сеюмиш одамой судай ва чорумаш военкомат».

Хуласи гап дутоаш вазнин аст, аниқтараш аз началник милитсия. Онҳо дар ҳамаи каналу заҳбурҳо фақат бо ток моҳиҳоро мезананд. Бе ягон раҳму шафқати инсонӣ.

Ба ягон кас ва дар ягон ҷо арзу шикоят карда намешавад, бе фоида аст. Масалан ман участковийи минтақавии ҷамоати Ваҳдат, совхози Вахшро гуфтам, ки «моҳиёро қариб ҳаррӯз шаб ё ки руз мезананд». Участковий маро гуфт,ки номерҳоямро гиру занг зан «ма миём меқапумша». Гуфтам гап нест. Иттифоқан дар ҳамон шабурӯз моҳизанҳо омаданду моҳӣ заданд. Ман ба участковий занг задам. Вай маро ҷавоб дод, ки мо вақт надорем ва моро дигар занг назан.   Бародар Муҳаммадиқбол. Дар ноҳияи мо ин корҳо рушод аст ва нотарсида  моҳиҳоро зада истодаанд. Ман далел дорам, омада аз мардуми деҳаи мо пурсанд. Ҳатто аз кудакон пурсанд, ҳамаро мегуянд, ки моҳизанҳои асосӣ кормандони худи мақомоти давлатианд. Шабу рӯз ҳам аз канал ва ҳам аз заҳбурҳо моҳиҳоро бе раҳмона мезананд. Чунки ин ноҳия ноҳияи бесоҳиб аст.  
                                Нуробод

    Ассалому алайкум домуллои азиз Муҳаммадиқбол! Номаи моро, ки аз ноҳияи куҳистонӣ ва дурдасти Нуробод бароятон роҳӣ мекунем, илтимос нашр кунед. Ман, барои онки нафарони порахурро ошкор ва маълум намоям сахт ҷустуҷу кардам. Ин порахурҳо дар тамоми мақомот кор мекунанд.

  Дар Нуробод раис нав шуд, Фатҳиддин Солеҳзода, аз деҳаи Тегирмӣ. Мегуянд, ки ин вазифаро ба вай Рустами Эмомалӣ бепул додааст. Вазир омад ҳамаи мақомотҳоро хабардор кард, ки ин шогирди Рустам мебошад:-«ягончи ғамаш натен», яъне амнияту прокурору дигарҳоро таъкид кард.

Яке аз порахурҳои ашадии Нуробод Эшонов Забеҳулло, раиси Идораи шуғли аҳолӣ аст. Вақте пешаш барои замин меравӣ мегӯяд: «раҳ мегардӣ туфлиё медран». Мегуӣ, ки «раис пули туфли ҳалай». Мегуяд:  «туфлиёй ма 15 ҳазор сомонӣ».

Ин миқдори пул, яъне пора фақат барои замин. Аммо дар ноҳияҳои дигар   Файзободу Турсунзода бошад боз нархаш боло меравад- 35ҳазор сомонӣ мешавад, нархи туфлиҳо.

Боз дар бораи як порахури дигар. Ин порахур Беҳрӯз ёрдамчии суди Нуробод аст. Вақте ҷарима месупорӣ ё барои ЗАГС меравӣ, мегӯяд –«хизмати мо 1500 сомонӣ». Аввал пулро мегирад, бад чекро менависаду Амонатбанк равонат мекунад ва мегуяд, ки рав супор. Агар ҷаримаат 50 ҳазор сомонӣ шуда бошад, мегӯяд «3500 те 30 ҳазорш мекнм»

Дар зоишгоҳи ноҳияи нав Шафоатова Заринаи русак ҳаст. Вақте хонуматро мебарӣ ба ин таваллудхона ва маълум аст, ки барои зоймон ҳоло вақт ҳаст, аммо меояду мегуяд, ки касалро оператсия кардан даркор, чунки камоб шудагӣ.

Ин Зарина барои як справка, ки ба ҷамоат барои шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод мекунӣ 150 сомонӣ мегирад. Агар дар он рӯз иттифоқан кораш дар ҷойи дигар ғалтад мегуяд пагаҳ биё. Меравӣ, мегуяд, ки боз 150 сомонӣ бидеҳ. Вақте ба Зарина мегуӣ, ки аз болои ин корҳоят шикоят мекунам, мегуяд амният: «одамой худмай фалонатон мекунад». Муддати 19 сол мешавад дар ин роддом раис аст. Хуни мардуми Нурободро хурда истодааст.

   Илтимос муҳтарам Солеҳзода, раиси нави ноҳия. Масъалаи Заринаро бинед. Зарина мегуяд, ки агар зур набошам шавҳарам дар фирмаи Фароз кор мекунад. Барои фирмаи Фароз дар болнитсаи Нуробод шавҳари Зарина хун мегирад. Мошини пеши пеши Нуробод дар зери пойи вай аст. Яке аз порахурони Нуробод аст. Анализгири Фароз аст. Шавҳараш дар лабараторияи Фароз кор мекунад, хун мегирад. Паролашон вақте меравӣ «гулакоро барой мактаб» аст.

Дар бораи Зокир аз деҳаи Қаланаки Нуробод.Ин одам барои мардуми Шашволон Тутхор, Сайдон, Лангар, Тегрми, райони кӯҳна билети ҳарбӣ медиҳад. Дар ҳоли ҳозир аз болои корҳояш тафтишот рафта истодааст. Аммо гуфтанд, ки коррупсияро пул дода хап кунондааст. Аммо пули аз мардум гирифтааш барои военний билетро пас доданӣ нест. Аз Шашволон аст. Пули шаҳрвандонро гирифта корашонро буд накардааст. Кораш фурӯши военний билети фалшивий аст. Бо он фақат дар Нуробод гашта метавонӣ, тамом Агар Роғун рафтӣ ё Файзобод военкомат қапид ҷавоб намедиҳад. Нархи он военний билет 23 ҳазор сомонӣ аст. Рутбаи  Зокир прапорчик аст. Дар соли 2024 дар Нуробод корманди 6 -ой шуд. Ними мардуми Яхакро дар ноҳияи нав хона доданд. Вақте як бизнесмени райони навро тахта меоварадн барои хонаҳои ин мардуми камбағали Яхак амнияти Нуробод меояду бегоҳ ҳамаи тахтоҳоро мебарад ба шуъбаи амният. Мардуми Яхакро таҳдид карда мегӯяд «агар якҷойда ин гапро гӯён, ҳаматона падвали амният мебарм, якта- якта мешканантон, хап кнен, шумора мардуми камбағал тахта мумкин нестай, кунда монед тори киршада» Ва ҳамин тавр мазоҳу масхара мекунад амнияти Нуробод. Ҳозир дарди сари мардуми Нуробод шудааст.

Ин 6-ой отделаш бошад, агар камтарак риш дорӣ, фарёдат мекунанд ва ончунон ҳақорату дашном мекунанду мезананд мардумро, ки доду фарёдашон дар фалак мепечад. Амният барои масҷиди деҳаи Тегрми дар соли 2024 аз хатиб 15ҳазор сомонӣ гирифт ва баъд масҷидро кушод. Хатиби Нуробод аз Тегрми, аз ҷои Солеҳзода Фатҳуддин мебошад.

 Муҳтарам раиси Нуробод аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ҳар вақте барои замини ҳавлӣ таксимот мешавад, коргарон оиди тақсимоти ҷамоат, шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳо пора гирифта баъд кори мардумро буд мекунанд. Порагирӣ дар авҷи баланд аст дар Нуробод. Шумо раис пора гирифтанро дӯст намедоред, ман шуморо хуб мешиносам.

  Дар ҷамоат барои ҳайати оила, ҷои истиқомат барои справка меравӣ, ба котиби ҷамоат Гулчаҳон 15 ё 20 сомонӣ медиҳӣ баъд справка медиҳад. Пеши раиси ҷамоат медароӣ ҳамроҳат дуруст гап намезанад. Раиси ҷамоат аз Тегрми, бачаи Бег светавой аст як бор бинед ҳамин ҳолатҳоро.

  Мӯҳтарам Солеҳзода гап-гап аст ки бачаи холаатро вазифаи нав медиҳӣ- Оятуллои такача. Оятулло ҳамроҳи бародаронат гӯш кун. Дар заводи пенаблок коргарҳоро хар воре кор мефармоеду пулашонро дер медиҳед, барояшон обед намедиҳед. Се бригадир дар болои 6 коргар. Мардуми Нуробод кор намекунад, аз  Қумсангиру Қабодиён одам мебиёрӣ, кор мекунанд. Як моҳ кор мекунанд, азоб медиҳед, коргарҳоро раҳм кунед.  

Аз Солеҳзода Фатҳуддин хоҳиш мекунем, ки масъалаи ин порахурҳоро бинад.

Айни замон бачай тағояш Сайраҳмони шикамба вазифагир ҳаст. Бисёр одами пора гири пулдустдор аст. Худи раис медонад, ки чи хели одам аст. Лекин тағояш Сайъазам маҷбураш дорад, ки писараш-яъне Сайраҳмонро вазифа диҳад раиси нав. Феълан Сайраҳмони шикамба директори мактаби якуми Нуробод аст.

 Камолзода Мадина Тоҳир, судяи Нуробод рӯзи дароз инстаграм тамошо мекунад ва ягон мушкилоти мардумро намебинад. Дар ҷойи вай корашро котибаш мекунад. Чанд бор рафтам Мадина Камолзодаро дар ҷойи кораш наёфтам. Нигоҳ мекунам Мадина дар кабинети котибаш инстаграм тамошо дорад.

                        Турсунзода(Регар)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо фақат метавонем ба шумо нависем ва шумо ҳам чоп мекунед. Чунки дар дохил ҷойи табъу нашр надорем. Тамоми матбуоти мо ба гапи мақомот кор мекунанд. Ягонтоаш барои мардум кор намекунад. Ман дар бораи бебандубориҳо дар соҳаи барқи Турсунзода маълумот медиҳам. Сармуҳандиси идораи барқи Турсунзода Усмонзода Файзалӣ ном дорад. Ин одам қувваи барқ-светро ба одамҳои бой мефурӯшад.

Ин одамҳои бой дар деҳаи ангурфурушҳои Регар зиндагӣ мекунанд. Инҷо ҳама бойҳо ҳастанд. Қишлоқи ҳоҷӣ Неъмат. Ангурфурӯши пешипеш. Дар қишлоқи инҳо 24 соат барқ ҳаст ва дар инҷо касе аз лимит ва светкушӣ хабар надорад. Чунки киловати неруи барқро 60 дирамӣ харида истодаанд. Яъне ду баробар қимматтар аз нархи муқарракардаи давлат ба аҳолӣ. Ин лаънатии Файзалӣ Усмонзода барқи барои шаҳри Регарро ба ҳамин ангурфурӯшҳо фурӯхта истодааст. Инҳо  яхдонҳои калон барои нигаҳдории ангур доранд.

Ҳоҷӣ Неъмат ҳамоне аст ки Раҳмонов ҳар сол аз токзори вай дидан мекунад. Ин Файзалии сармуҳандиси барқ кораш фақат бизнеси барқи барои Регар пешбинишуда аст. Камбағалҳо дар азоб, аммо барои бойҳо свет таъмин карда мешавад. Дар ҳамин моҳи мубораки рамазон ҳам барқамон надоданд ва хеле дар азобем.  
                                       Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо мардуми Ширинчашмаи ноҳияи Нуробод шуморо дӯст медорем. Худованд ту ва аҳли оилатро нигоҳ дорад. Ман аз ҷамоати Ширинчашма менависам. Хоҳишу илтимос аз шумо ҳамин ки номаи моро чоп кунед.

Дар ин ҷамоат Иброҳимов Ориф раис аст. Ин синаш хурд ва ҷавони корнодида ва корноозмуда аст. Барои ҳамин мисли саге, ки дар руи ях сар медиҳанд, намедонад куҷо давад. Ин одам мардуми моро сахт азият карда истодааст. Мо маҷбур шудем, ки қалам ба даст гирем. Ва аз корҳои ин кудак бароятон бигуем. Инҳо як авлоди калон аз деҳаи Полезак бо фамилияи Иброҳимов ҳастанд. Тамоми заминҳои хубу ҳосилдеҳи ин ҷамоат дар дасти ҳаминҳо аст. Падараш Мирзовалӣ ва модараш Тоҷиниссо, бародари калониаш Муҳаббат корманди соҳаи тиб дар Душанбе аст. Рутбаи майёрӣ дорад. Бародари дигариаш Низом Иброҳимов раиси қишлоқ аст. Ориф хурдиаашон аст. Ин Ориф барои мардҳое, ки марданд, на бузу чоплус бисёр номардиҳо мекунад.

Дар масъалаи танзим мисол меорам. Агар сардори танзим Мираков Меҳриддин ҷавобгу бошад, не, баракс ин бузи Ориф худашро мекашад. Инро Худованд ҳидояташ кунад. Вагарна ин худобехабар барои халқи мо санги сари роҳ шудааст.

Дар масъалаи заминҳо мардумро ҷон бар лаб кардааст.

  Мардеро дидем, ки участкаи наздиҳавлигиашро, ки забораш бо сад заҳмат обод шуда буд бо погрузчик ба замин яксон кард. Агар бовар накунед ин навор дар Ютуб ҳам ҳаст ва чарх мезанад. Илтимос бародари роҳи Ҳақ. Мо медонем ва аз худои мутаол орзуи онро дорем, ки  ин номаро аз забони ширини шумо бишнавем дар пойгоҳи «Ислоҳ» ва шояд ин сагча аз ин роҳаш даст кашад.

Ин шо Аллоҳ рӯзи озодии миллат наздик аст. Ба ғайр аз бузҳо. Ин бузҳо одам  ва аз миллати мо нестанд. Инҳо аз ҷинси шайтон мебошанд.

Мо мунтазири нашраш ҳастем. Тоҷикободиҳо аз Русия

                                         Нуробод 

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Кабудҷари Нуробод мебошам.

Эшонов Забеҳулло, раиси шуғли аҳолии ноҳияро барои замин наздаш рафтем.   

Гуфт, ки дар Файзобод тақсим мекунад ва афзуд, ки ман вақте хизмат мекунам роҳ мегардам туфлиҳоям медарад,бояд туфлии нав харам ва бо ин тарз ҳақашро мегӯяд:- 15 ҳазор сомонӣ ва пешакӣ мегирад баъд коратро мебинад. Агар надодӣ, корат ҳал намешавад. Ростӣ мо он қадар пул надоштем. Одамҳои пулдор заминҳоро гирифтанд камбағалҳо монданд. Бояд замин барои онҳое, ки зери оби ГЭСи Роғун мемонанд бепул бошад. Аммо ин раисҳо пулакӣ кардагианд. Аз ин раиси нав хоҳиш дорем, ки масъалаи тақсимоти замин барои деҳаҳое, ки зери ҳавзи Роғун мемонанд бепорагирӣ ҳал кунад, одамҳои камбағалро кормандони давлат ба назар гиранд.

Ҳозир дар Нуробод раис нав шуд ва байни мардум зуд овоза шуд, ки Солеҳзода Фатҳуддин раиси нав шогирди шоҳписар Рустами Эмомалӣ аст.

 Тағои ҳамин раиси нав Эшони Сайаъзам ном дорад. Як рӯз дар як ҳашар будем, ки ин гапҳоро мегуфт, ки ҷиянамро шоҳписар бе пул раис монд. Фалонашро хӯрам шоҳписаро, власт дар дасти мо дар Нуробод, кадомеро вазифа мефорад ҳе гуед. Ҳамин тариқ эшони Сайаъзам воҳима карда дар Кабудҷар, дар раёйони куҳна гаштаст.  

Share This Article