Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки матлабе зери унвони «Ислоҳ кор мекунад» ба нашр расид, ки аз асароти матолиб ва вокуниши мақомот ба онҳо ҳикоят мекард. Ба назар мерасад ҳоло мақомот дигар ба «Ислоҳ» имон овардаву вокунишҳояшон сареътар шуда истодаст.
Тайи чанд рӯзи ахир дар бораи сармеъмори Ваҳдат дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» навишта ва ҷароими ӯро гушнишони мақомот кардем ва гуфтем, ки ҳарчи сареътар дастбакор бишаванд, вагарна Ваҳдатро ҷазиру хароб мекунад. Мақомот, ин бор, ба фарқ аз матолиби дар бораи Абдусалом Тухтасунзода, раиси ҳоло зиндонии Конибодом чопшуда, ки барои тафтишу баррасии он ду сол таъхир карданд баррасии навиштаҳо дар бораи Вайсиддин Давлатзода, сармеъмори Ваҳдатро ду моҳ ҳам тул надоданд. Дар бораи сармеъмори Ваҳдат як нома дар моҳи феврал ва номаи дуввум дар моҳи март чоп шуд. Мақомот чун диданд, ки «Ислоҳ» росту дуруст менависад, воқеиятро мегуяд ва муҳимтар аз ҳама онро худи халқ, ки муаллифи номаҳо аст мегуяд ва халқро фиреб дода намешавад, зуд аз пайи кор шуданд ва сармеъморро аз кор канор андохтанд. Бале, ҳамин тавр бояд бошад. Бояд аз «Ислоҳ» ва хадамоти беғаразонаи вай истифода кард. Як манбаи огоҳ дар мақомоти тафтишотии Ваҳдат гуфт ӯро бо виговори қатъӣ аз кор гирифта ва айни замон тафтишоти аъмоли ӯро доранд идома медиҳанд.
Барои онки бидонед Вайсиддин Давлатзода чи кор карадааст як иқтибосе аз барномаи пештараи «Номаҳо…» меоварем:
« Салом бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, бо ин заҳматҳое, ки барои миллат ва мардум шабонарӯзӣ карда истодаед!
Номаи ман дар бораи яке аз корманди ҳукумати шаҳри Ваҳдат, инсони дузду ғоратгар ва таҷовузгар бо ном Давлатзода Вайсиддин аст, пештар дар вазифаи сардори ОКС-и ҳукумат кор мекард. Ин гурӯҳи дузду ғоратгар бо сардории раиси пештараи шаҳри Ваҳдат Раҷабмад Амирзода кору фаъолият мекард. Оид ба қабули иншоотҳо пули калоне гирифта аз шаҳрвандон барои хонаҳои носохта ба маблағи аз 3000(се ҳазор) доллар бештар ва аз домсозҳо аз фурӯши замин барои сохтани хонаҳои баландошёна сар карда то тамоми ҳуҷҷатгузорӣ маблағи хубе мегирифт ва ҳоло ҳам мегирад.
Айни ҳол бошад Давлатзода Вайсиддинро боз барои чунин «дуздиҳои хуб»-аш ба вазифаи сармеъмори Ваҳдат гузоштанд. Ин ватанфурӯш дар Ваҳдат куҷое як ҷойи холӣ ё детский площадка мебинад, ҳатман бо раис маслиҳат карда пешниҳод мекунад ва харидорро ҳам меёбад ва заминро мефурӯшад. Шаҳрро ҳамроҳ бо Раҳмоналӣ Амирзода ҷазирбоду расво намуда буданд. https://isloh.net/nomaho-az-nohiyaho-ba-isloh-net-№213/ 11.02.2025».
Хуб, ҳамин тавр аст. Мо, корамонро мекунем, мутмаин бошед, ки кори мо таъсири худро хоҳад гузошт.
Ва, ҳоло боз як чизи дигарро хотиррасон мекунам, ки он ҳам марбут мешавад ба кору фаъолияти ҳамаи мо. Мардуми шарфи Тоҷикистон аз ҳамкорӣ ва гузоридани лайк ҳам наҳаросед. Ин шо Аллоҳ, сухани ҳақ мисли офтоб аст ва пушонда намешавад. Раҳмонов наметавонад вечно худро ба кариву курӣ занад. Вақте ному кори ҷинояткорони ҳукумати вай ифшо ва ошкор мешаванд вай ҳади ақал барои онки бинамояд кор карда истодааст вокуниш мекунад. Агарчи барояш сахт асту дарднок вале то абад наметавонад гапи халқро нагирад. Инки шумо менависед дар пустини вай кайк медарояд.
Ҳамчуноне барои лайк ними халқро зиндон кардан хост аммо дид ки мардум боз ҳам лайк монда истодааст. Ночор шуд онро аз қонун берун кунад. Дар ғайри сурат бояд 90 % халқро зиндон мекард. Аммо ин кор шуданӣ нест.
Ва, ҳоло меоем ба сари номаҳои фиристодаи Шумо:
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз номи худам ва аз номи сокинони шаҳри Ваҳдат ба шумо изҳори сипос менамоем. Чунки маҳз «Ислоҳ» ва барномаи машҳури «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и он ҷилави нафареро гирифт, ки метавонист шаҳри моро ба як харобазор ҷазиру расво мубаддал намояд. Давлатзода Вайсиддин, сармеъмори шаҳри Ваҳдатро аз вазифа гирифтанд. То ончо, ки шунавидем ӯро ба майдони варзишӣ ба кадом як кори ба номаш кор мансуб кардаанд. Аммо тафтишу санҷиши домҳо, ки сармеъмор иҷозат дода буд, то ҳозир давом дорад. Ошёнаҳои изофии ғайриқонуниро чаппа мекунанд. Ҳоло навбати тафтиши Идораи андоз шудааст. Бубинем, ки чи гапи наве шуд, боз бароятон навишта роҳӣ мекунем. Тими «Ислоҳ» ҳатман дар бораи вай маълумотҳои навро мефиристад.
Куала-лумпур
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хеле зиёд фикр намудам, ки ба шумо бинависам ё нанависам. Чунки дар солҳои пеш, ҷанги бародаркушӣ мо дар ду тарафи ба ҳам муқобил қарор доштем. Ман яке аз наздикони Хуҷа –командири дар он солҳо овозадор мебошам. Солҳост, ки дар инҷо, дар хориҷ аз ватан ҳастам. Дар вақташ Хуҷаро аз Тоҷикистон худашон гурезонида буданд. Он вақтҳо аз қумандонҳои Фронти халқӣ, ки дар Маҷлиси Олӣ зиёд буданд ва нуфузи калон доштанд, метарсиданд.
Хуҷа вақтҳои ахир додани «доля» ба Раҳмоновро бас кард. Чунки дар инҷо корҳояш бо мушкил рубару шуда. Барои ҳамин ӯро розиск дода ба Душанбе бурданд. Аммо гапи ман дар ин бора нест. Гапи ман дар ин бора аст ки мо халқи Тоҷикистон набояд имкон ва шароит диҳем, ки Рустам ояд. Ба Рустам бояд бо ҳар роҳе не гуем. Зеро, ки аз ин мардумро набояд хору залилу ноумед кард. Вақте Рустамро меоварад ин маънояш он аст ки ман халқи тоҷикро зин зада сувор шудаам, халқи тоҷик дигар никто аст. Ғулому канизи ману оилаи ман аст. Барои ҳамин набояд гузорем, ки Рустам ояд. Рустам ояд аз ҳозира вақт ҳам вазъияти мардуми тоҷик бадтар мешавад.
Саволи ман ба роҳбарони оппозитсия ин аст ки чаро тарафи дигар ҷанг як ҳаёт дар ҳукумат биистад будаасту тарафи дигари он наистад будаст? Чаро барои вай мумкин будасту барои тарафи дигар мумкин набудаст? Раҳмонов фақат аз номи халқ гап мезанад, мегуя, ки барои халқ бояд кор кунем. Аммо сад фоиз дуруғ мегуяд. Кӣ ҳисоб кардааст, ки чанд фоизи халқ бо вай аст? Раҳмонов хуб медонад, ки халқ бо вай нест. Бо вуҷуди ин ҳама сиёҳу бадномкуниҳои тарафи оппозитсия халқ бо вай нест. Чунки вай курсиро қудратро, ҳукуматро, моли мулки ватанро, тамоми дороиҳои миллатро ба яғмо бурд. Ҳозир тамоми бачаву духтарҳои вай ё дар ҳукумат ё дар бизнес. Шумо фикр мекунед, халқ ин ҳамаро намебинад? Ва халқ ин ҳамаро мебинаду Пешвову Ҷаноби оливу дигару дигар мегуяд. Халқ ин гапҳоро дар нуги забон мегуяд, дар дилаш аз инҳо безор шудааст. Ҳеҷ кас Ҷаноби олиро хуш надорад. Пешворо хуш надорад, аз афту башараву суробу сурати шкатурка ва шпатклевка кардааш безоранд. Ман дар вақташ барои ба сари қудрат омадани вай ҷанг карда будам ва аъзои Фронти халқӣ будам. Ҳозир ман мехоҳам, ки Фронти халқӣ ва Ҳизби наҳзат якҷоя шуда Раҳмонову олу авлодашро аз ҳукумат биронад, он вақт мардум осудаву обод мешавад.
Мо бояд ҷуръат, ҷасорат, шуҷоат, ғайрат ва нангу номус дошта бошем, ки халқро аз ин ҳукумати дузд наҷот диҳем. Мо бояд мардуми тоҷикро бар изат ва азамат ва шаҳомате, ки то соли 92 дошт, огоҳу ҳушёр бедор буд баргардонем. Бигузор мардум митинг ва эътироз кунад. Мо бояд эътироф кунем, ки овардани Раҳмонов бисёр ҳам хато будааст, чунки болои мардум фақат бадбахтӣ овард.
Новобаста аз ҳар шароие бояд халқ соҳиби сухан ирода бошад.
Инҳо ҳокимият ва ҳукуматро дар чашми мардум бад мекунанд.
Ҳокимият ва ҳукумати мардум ба дасти як гурӯҳи мардум расидааст. Ҳокимият ва ҳукумати мардум, ки аз даруни худи ин мардум баромада ва руидааст, бо дастони худи ин мардум бояд сохта шавад. Аммо инҳо ин тавр намекунанд ва намегузоранд ва инҳо қасду нақшаашон ин аст ки дигар ҳокимият ва ҳукумат на аз даруни мардум аз даруни инҳо биояд ва бируяд ва инҳо ҳастанд, ки меруёнанд меоваранд. Дигарҳо сазовор нестанд. Дигарҳо наметавонанд. Дигарҳо лоиқ нестанд. Онҳо ақибмондаанд. Онҳо бояд пахат кунанд. «Ба сиёсат қуш нашаванд»
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дарунам пури гапу дард аст. Ман сахт пушаймон ҳастам.
Ҳозир як чизро гуфтаниам, ки хеле аз ҳолатҳои кушторро, ки болои Хуҷа бор карданд, заказчикаш ҳамин Раҳмонов ва роҳбарони онвақта буданд. Вале заказчики асосӣ худи Раҳмонов буд.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Гоҳе аз ин шаҳри ғарибӣ сайтҳои интернетӣ бароятон мақолаҳоро гирифта мефиристодам. Чанд вақт натавонистам. Як матлабро аз сомонаи СССР чанд вақти пеш гирифта ҳифз намуда будам. Аввал онро пешкаш мекунам ва сипас гапҳоямро гуфтаниам. Ин матлаб ин аст:
БОХТАР: КӮМАКИ МАН КУҶОСТ?
«Салом СССР! Ман собиқадори мақомоти қудратӣ буда, солҳои 1990 – 2004 баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва баъд дар Раёсати пулиси андоз кор кардаам. 3 маротиба ҷароҳатҳои вазнини оташфишонӣ ва ҷисмонӣ гирифтаам.
Дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ветеранҳо» аз 07.04.1995 сол тибқи моддаҳои 8-9-45-46 ба ман ва аъзои оилаам бояд дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ кӯмаки иҷтимоӣ дастрас карда шавад. Аз ҷумла ман бояд аз кӯмаки доруворӣ ва хурокворӣ низ бархурдор бошам, аммо ин гуна кӯмак ба ман ҳеҷ гоҳ намерасад.
Чаро? Ба ин суол кӣ бояд посух гуяд: МИҲД н.Бохтар ва ё Агентии ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон?
Тошмат Мамедов,
ш. Бохтар,
к. Дӯстии халқҳо 38-18,
Тел: 988327461
Аз СССР: Воқеан ҳам муаллифи ин шикоят ҳамон нафарест, ки дар моҳи январи соли 1993 аввалин шуда, Байрақи Сурхро дар боми бинои ҳукумати н. Ғарм, зери тиррезии муҷоҳидину душманони давлати Тоҷикон парафшон карда буд (он замон байрақи Тоҷикистон дастраси омма набуд). Зимнан чунин қаҳрамонҳоро набояд мо имрӯз фаромӯш кунем ва ҳақро ба ҳақдор бояд расонид. Мо Метавонем!»
Ин буд он навиштаи СССР. Аммо ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки мо, бояд аз ин руҳия бадар шавем. Аз ҷанги мо чандин сол гузашт. Бояд ба ҳам оем ва миллати воҳид бишавем. Дигар пушти ин гапҳои беҳадф ва харобгару вайрона нагардем. Руҳиясозӣ кунем. Яъне руҳияи ягонагӣ. Нифоқу низоъу душмантарошиву хоиннавозиро бас кунем.
Мо сулҳу оштӣ кардем.
Дигар гапи куҳнаро нагуем. Бубинем, ки имрӯз вазъияти мо чи гуна аст. Бубинем, ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистон барои кӣ кор карда истодааст? Барои мардум ё барои оилаи Раҳмонов? Бояд дар ҳамин масъала ҳамфикр бошем, ки мардум зиндагии шоиста дошта бошад, шумори муҳоҷир кам шавад. Ҳоло дар як зиндони Волгоград чи қадр тоҷикҳоро ҷамъ оварда ба зурӣ онҳоро ба ҷанги зидди Украина бурда истодаанд. Аммо ҳукумат хомуш аст. Бубинед, ки роҳбарияти Қирғизистон бо Русия чи гуна бархурд кард. Русия маҷбур шуд, ки барои қазияи таҳқири қирғизҳо дар ҳаммом комиссия давлатӣ ташкил намояд, чунки роҳбарияти Қирғизистон пофишорӣ кард ва ҳатто гуфт, ки дигар аз Русия маводди нафтӣ намехарад. Аммо мо ҳоло ҳам дар даруни миллати худ душмантарошиву душманҷуӣ мекунем. Бояд ин корҳоро бас карда дар фикри ободиву озодии мардуми худ бошем! Ва дар ҳамин руҳия худро ва руҳияи худро бисозем.
Исфара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол ва аҳли ҳайати «Ислоҳ.ТВ».Нома аз Чоркуҳ.
Баъди қабули қонунии ҷарима барои дуздии қувваи барқ мехоҳам ба диққати мардум ва ин ҳукумати муттаҳам исми чанд дузди инҷоро бинависам.
1.Мухтор Шаропов дар ҳавлиаш трансформатор шинонда қариб 3 сол аст, ки ба чапу рост дар як моҳ аз ҳар касе, ки сим кашида бо маблағи 400 сомонӣ пул мегирад.
2.Маҳмуд. Ин ҳам аз ҳамин куча, дар хонааш трансформатор дорад барқ мефурӯшад.
3.Лайс. Дузди калон Лайс Шаропов, раиси ҷамоатамон аст. Аз ҳисоби қисми ҳарбӣ, ки бо номи мадрасаи Салмони форс машҳур аст барқро дуздида мефурушад. Ақалан ба 50 ё 60оилаи гирди қисми ҳарбӣ бо маблағи 200сомонӣ дар як моҳ барқ мефурӯшад ва худаш ҳамом ва чанд мағоза дорад, ки нозирҳои барқ наздик намешаванд.
4.Як дузди куҳна Умеди почакалон мебошад, ки вай аз трансформатери пиларам ба даҳҳо одам барқ мефурӯшад.
5.Ва дузди дигар амнияти ноамният аст ки дар гирду атрофи шуъба ба 10ҳо нафар барқфурушӣ дорад. Агар ҳамин гуфтаҳои ман дуруғ бошад прокурори шаҳри Исфара тафтиш кунад.
Ин нафарҳои дузд боз мегуянд, ки мардуми Чоркуҳ аз шабакаи барқ қарздор аст. Аммо ин қарзи чоркуҳиҳо не, ин ана ҳамин ҳаромхурҳо бе ҳисобкунак медузданд вале аз ноҳия мебинанду ба мардуми Чоркуҳ тобон мекунанд. Худ акнун канӣ бубинем, ки фармони пешоб иҷро мешад ё не, канӣ 10сол зиндонро аз кӣ сар мекунад.
Ана акнун ба масъалаи сарҳад мегузарем. Мо дигар чоркуҳӣ нестем, намедонам куҷоӣ гуем. Охир Чоркуҳи моро ин золим ба қирғизҳо фурӯхт, ки ҳатто ягон тепача ё баландие надорем, ки бароему нафасе кашему аз боло деҳаро тамошо кунем, мисли кудакиамон. Ба худо Чоркуҳ мисли қафас шудааст. Бо ҳама ин мушкилӣ боз бузҳои Лайс ба хонаҳои одамоне, ки ҳавлиашон ба тарафи қирғизҳо мондааст, омада ба ҳавлиат чанд сум диҳем гуфта харидорӣ карда истодааст.
Мардуми Майский боэҳтиёт бошед, ҳавлиҳоятонро нафурушед, шуморо фиреб дорад. Ба ҷои ҳавлиатон ҳавлӣ мегиред. Як Додохони кар ҳаст, ҳамаро тарс дода ин корро карда истодааст. Барои он аст ки заминҳои аз қирғизҳо грифтаро алакай бо пули калон фурӯхта истодааст. Бовар кунед, ки ин Лайс нею Ганс аст. Дар ҳар куҷа ғорат дорад.
Дар масъалаи мумфарш кардани роҳ бигуям. Аллакай 35 то 40%роҳ хароб шуд. Боз ташвиқот бурда истодааст, ки барои таъмир пул ҷамъ мекунем, дар ҳоле, ки пули асфалтзаводро надодааст. Коргарони завод мегуянд, ки суми моро диҳад мо баъд кор мекунем.
Инҷо мехоҳам дар бораи бизнеси муштараки ғайриқонунии Лайс ва кормандони амният гап занам. Ҳар шаб баъди соати 1 ва 2 аз тарафи қирғизҳо 3 то 5мошин под охраннаи амниятиҳо молҳои хитоӣ ба мағозаи Лайс ва хешони занаш ҷиянҳояш мефурорад, меваи хушк бошад ба бозор. Канӣ прокурорҳо бинем зуратон мерасад? Агар ҳамин гуфтаҳоро тафтиш кунаду капад ман аз ҳамин минбари мардумии шумо «Ислоҳ.ТВ» эълон мекунам, ки ҳозирам бо прокуратура ҳамкорӣ кунам.
Дар бораи паспортний стол. Ин Мустақим Эгамзод аз худи Чоркуҳ аст ки ба маблағи 10 000$ба кор омад. То омадани ин нархи шиносномаи пластикӣ 180сомонӣ буд. Ҳозир ба пешаш даромадӣ мегуяд ягон ҷо намедавӣ, 600сомонӣ медиҳӣ баъди 15рӯз «мебӣ,мегирӣ,тамом». Ҳаромхурии руирост.
Началник БДА аз Чоркуҳ ба 100ҳазор сомонӣ ҷойро харид. Барои ҳамин акнун ҳатто рақамҳои мошинҳои дар ҳавлиатон истодаро канда рафта истодааст. Меупрсӣ барои чӣ ин корро мекунӣ? Мегуяд, фармон аз боло, ки утилизатса надорад хонааш рафта номери мошинашро канда гиред.
Эй бадбахт! Чи кор дорӣ, мошин дар ҳавлӣ ҳаракат надорад. Аз ин пеш началник аз Айни буд, кор надошт. Ин бадбахт аз худамон аст вале мардумро азият дода истодааст. Ин набераи Абосаломи наркоман, падараш бугалтери кадом ташкилоти ноҳия аст. Ҳатто скутерҳоро меқапад ва то 2000сомонӣ ҷарима мекунад, Вақте ҳамроҳаш баҳсу даъвову ҷанҷол мекунӣ мегуяд, пеши раис равед, яъне пеши Лайс. Лайс занг мезанад, бо гирифтани 800 ё 1000сомонӣ ҷавоб медиҳад.
Боз як порахури дигар началники уголовни розиск аст ки гуфтааст бо 90ҳазор курсиро харидааст. Бечора баччаҳои аз Руси омадаро подстава карда, пул кандаву хурда гаштааст. Ин корҳои началник уголовний розиск ҳамааш тибқи нақшаи Лайсиддин Шаропов аст.
Гуё ба ҷои началники ШВКД- 2и Чоркуҳ одами худашро тайёр карда истодааст. Ва дар варзишгоҳи худаш қариб 50 бачаро машқи ҷисмонӣ дода истодааст. Гуё дар ягон ҳолати сар задани шуриш ин бачаҳоро ба куча барорад, чунки ҳамаи ин бачаҳо қуруқиҳо, аз маҳаллаи худи уянд. Қуруқиҳо эҳтиёт бошед, бачаҳоятонро ба машқ намонед!
Душанбе
Ассалому алайкум. Ин боз ҳам ман ҳастам, ки аз даруни ҷаласаҳои Раҳмонов маълумот мефиристам. Раҳмонов вақти таъини Рустам, интихоб нагуед, ки ягон интихоботе инҷо сурат нагирифтааст, дар Маҷлиси миллӣ гуфт (ин гапҳоро дар дигар ҷаласаҳо тов додаву печонидаву аз дур овардаву буру дуз карда мегуфт вале ин бор руирост амр дод, ки «давай ба умеди бюҷету ҳукумат нашавен, руйхат кунен сохибкоротона, кӣ дар Россия, кӣ Қазоқистону дигар ҷойҳоянд, кор кнен қатишон. Намоненшон. Шумо намекнен, мухолифо истифодашон мебаранд. Хусусан бачаҳои минтақаи Рашта. Раиса, ваъдаҳота фаромӯш кади???!!! Аллакай бисёриҳош бо ҲНИТ ҳамкорӣ доранд. Ман ба КДАМ амр додам, ки муайян кунанд. Кор кунед бо соҳибкоротон, обод кунед, ватан ватани ман тоқа нест.. аз шумо ҳам ҳаст… пойтахта обод кнен»…
Бародар Муҳаммадиқбол! Ин гапҳои Раҳмонов баъди кушта шудани камераҳо гуфта шуд. Чун ҳарвақт дар пеши камера дигар гап мезанаду баъди кушта шудани он гапи дигар-гапи асосӣ, гапи дилашро мезанад.
Аммо аз соҳибкорони оилаи худаш гап намезанад. Миллионҳо доллар через онҳо тоб мехурад.
Бародар ин маълумотҳоро ин бор ман тасодуфан шунавидам. Раиси Рашт вақти аз ҷаласа баргаштан дар роҳ ба ронандааш ҳикоят кардааст. Ронандаи раиса хеши худаш аммо рафиқи наздики ман мебошад.