Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №48

Ислоҳ нет

 Чоплусону хушомадгуёни Раҳмонов ҳамеша ин саволро медиҳанд, ки чаро дар бораи пешравиҳои намегӯӣ. Мо ба онҳо гуфтанием, ки аз кадом пешравӣ гап занем?.

 Дар Тоҷикистон фақат ҳамин оилаи Раҳмонов ва чанд нафар аз гирду атрофи онҳо пешравӣ доранд.

  Нашри ин навбати «Номаҳо…»-ро аз навиштаи як ёвонӣ шуруъ карлем, ки як бори дигар таъкид мешавад, ки танҳо ҳамин Оила ва афроди наздик ба он барои худ дар Тоҷикистон зиндагии «комфорт» ташкил кардаанд. Ин нома аз он мегуяд, ки онҳое, ки ҳоло мардумро «рулит» карда истодаанд, ҳатто дар корҳои ба истилоҳ сиёҳ ҳам ҳамшаҳриҳову хешу таборҳои худро ҷалб мекунанд. Бихонед ва огоҳ бишавед, ки дар воқеъ чи балои бадеро дар тули ин ҳама сӣ сол зиёдтар таҳаммул тоқат карда истодаем:                               

                               Ёвон

Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол! Дар яке аз барномаҳоятон дар бораи Шарипов Шомуддин Ҳасанович навишта будед. Ин нафар ҳоло муовини аввали раиси КДАМ аст. Пештар раиси КДАМ дар вилояти Хатлон буд. Писарони ин одам Умар, Дилшод, Зоир ва Тилло ном доранд. Як ҷиянаш участковийи калони бозор, подполковник Исомиддин Ҳасанов, писари Камолиддин Ҳасанов сардори собиқи милисаи ноҳияи Ёвон ва қудои Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон мехи инҳо дар Ёвон чуқур зада шудааст. Ҳатто аз Фархору, Балҷувон ва Ховалингу Восеъ ба Ёвон меоянд. Дар аввал подабону аробакаш, баъди як сол хеши Шомуддин Шарипов шуд ва яке мебинӣ, ки милиса мешаваду ба сарат зурӣ мекунад. Соф подабону арбакаш милиса шудагиянд дар ин ҳукумати Раҳмонов.

 Дар Ёвон заводи семент «Ғаюрсемент» сохтанд. Аммо, тамоми халқи Кангуртро овардаву аз коргари оддӣ, ронанда, посбону охрана то сардорҳояшон ҷойҳои кориро ба онҳо доданд. Инҳо омаданду Ёвонро ватани худ карданд. Дар дохили ин корхона боз заводи оҳак ҳам кор мекунад. Пеш вақт ДСФ химзаводи Ёвон таъминот мекард. Инҷо ҳам ҳама кангуртиҳо. Мардуми маҳаллӣ, ёвониҳо қариб, ки нестанд дар ин коргоҳҳо. Раиси заводи «Ғаюрсемент» Ислом Чақалов подабони пешинаи Акбар Ғуломов, молики ҳамин завод аст. Ислом Чақалов ҳам аз Кангурт мебошад.

 Сардори сехи оҳакпазӣ Файзиддин Бобохонов аст. Дар ин сех 99% ҷиянҳои ҳамин Файзиддин Бобохонов, ки аз Симоби Кангуртанд корҳову ҷойҳоро банд кардаанд.

Бо фармони Файзиддин  Бобохонов отход-партовҳои оҳакро бар клинкер омехта карда сементи мекунанд, бо сифати паст. Дар ошхонаи ин корхона ҳамаи ошпазу шуяндаву дигару дигар ҳам аз Кангуртанд. Фақат чанд нафар занҳо аз Ёвон ҳастанду халос. Вақти обед ё ужин ба ин ошхона меравӣ, чун фаҳмид, ки ёвонии қошу қавоқ карда хурокат медиҳанд ва дар косаат гуште меандозанд, ки чени сим-карта аст бахудо! Аммо барои халқи Кангурт бо чеҳраи хандон хизмат мекунанду дар косаҳояшон сергушт меандозанд.

  Дар ин завод вақти додани маош мешавад, мегуянд, ки пул нест: «Акбар 20миллион сомонӣ гирифт ё Акмал 5 миллион сомонӣ гирифту хориҷа рафт, ҳоло биёяд, як каме сабр кунед, баъд маошҳоятонро мегиред», мегуянд. Ин Бобохонов Файзидин як кунлеси Ислом Чақалови даҳмарда мебошад. Бовар кунед, ки ин авлоду аждоди кангуртиҳо, махсусан симобиҳо заводи амакиамон гуфта полний рост дуздида истодаанд. Кору борашон фақат дуздӣ кардан аст. Пули коммуналний услугӣ, мусор сари як одам дар як моҳ 7сомону 50 дирам шуд. Ба худо ин тавр нарх   дар планета нест. Қуттиҳои партовгирӣ куҳнаву фарсуда аст. Дар дохили корхона бошад қуттиҳои нав бисёр аст. Мошинҳои нав ҳам ҳаст. Як корманди онҷоро пурсиданд, ки чаро пули мусор 7.5 сомонӣ шуд, аз нархи свет ҳам гузашт, аз нархи об ҳам гузашт вале дар ҷойҳои партовпартоӣ як қуттии нав нест ва ҳамагӣ як мошини куҳна хизмат мекунад, дар ҳоле, ки дар корхона чанд адад мошини нав ҳаст, дар ҷавоб гуфт, ки Ёвон аз Душанбе 10 миллион сомонӣ қарздор аст, иҷоза намедиҳад, барои ҳамин пули мусор сари як одам7.5 сомонӣ дар моҳ шуд.

  Ҳамин тавр, мо мардуми Ёвон дар ватани худамон квартирант шудагием. Бародар, баъди чопи ин матлаб дар бораи фермаи «Мармарӣ»-и Рустами Эмомалӣ менависам, ки чи қадар мардуми Ёвон аз дасти ин ферма дар азобу азият гирифтор шудаанд. Бовар кунед, мо мардуми Ёвон аз ин мардуми «боло» ба ҷон расидаем.

                       Душанбе

Салом, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар бораи Фаррух Комил Абдуқодирзода, прокурори ноҳияи Фирдавсии Душанбе матлаби чопнамудаатонро хондам.  

Дар солҳои 2016 то 2018 сол Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Гулов (бачаи Гулов Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикисон, бародари Ашраф Гулови домоди Эмомалӣ Раҳмонов буд. Вай ҳам пули пораро руирост мегирифт. Як ҳодисаро дар бораи вай нақл мекунам. Вай дар солҳои 1999 ум 2000 ум як духтари шавҳар накардаро паронида кушт. Аммо баъди чанд вақти ин ҳодиса ӯро ба прокуратура ба кор гирифтанду делои ӯро бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмонов қатъ карданд. Вай то ҳол дар вазифаҳои баланди Прокуратура солҳост кор карда истодааст. Барои ҳамин на танҳо Фаррух дигарҳояш, аз ҷумла ҳамин Дилшод Гулов ҳам қотил ин насилшик- таҷовузгар аст. Духтари 17 соларо таҷовуз кард. Аммо барои як лайк ё гуфтугу кардан бо мухолифон одамони бегуноҳро ба муҳлати то 10 сол зиндонӣ мекунанд. Вале бачаи қудои худро Раҳмонов Э. Ш ҳатто як рӯз маҳкам намекунад. Чунин шахсони одамкуш дар ВКД, дар КДАМ, дар Прокуратура, дар Агентии зидди коррупсия, хулас,  дар ҳама мақомот ҳузур доранд, кор мекунанд, дар вазифаҳо ва мансабҳои баланд ҳастанд, аммо аз тарафи Раҳмонов барои ин ҷиноятҳои содиркардаашон муҷозот намешаванд, баръакс звании Генерал медиҳаду полковник, орденҳои Спитамену вазифахои баланд медиҳад. Ҳама медонанд, ки ин шахсон пеш одам куштаанд ва ё чандин духтарро таҷовуз кардаанд. Ва ё бо 2 ва 3 тонна героин дасгир шудаанд. Аммо ё одамони наздики Раҳмонов, ё одамони кали Фаттоҳ, ё одамони Шоҳрух, ё одамони Рустами герчик ва ё одамони наздики Озода, ё Таҳминаҳо ҳастанду делоҳои ҷиноятии онхо дар архивҳо зери гард чанг истодаанд!!

Баъдан Дилшод Гулов аз прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ барои кор ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур гузашт. Дар Прокуратураи генералӣ аз ин ҷинояти куштори Дилшод Гулов хабар доранд. Дар Прокуратураи генерали як Раёсати махсус амал мекунад, ки ҳар сол делоҳои мавҷуда дар ВКД ва  КДАМ-ро тафтишу таҳқиқ мекунад, мехонанд, аммо чи хеле мебинем, барои ин тоифа ягон чора намебинанд.

                     Саратов

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман яке аз барномаҳои шуморо тамошо кардам. Як бародар мегуфт, ки мехост ба КДАМ ба кор дарояд ва аз тарзи бархурду муносибати амниятиҳо суҳбат кард. Бовар кунед, ки он бародар ҳар чизе гуфт, рост гуфт. Чаро ин гапро мегуям. Ман ҳам яке аз онҳое ҳастам, ки хостам ба КДАМ ба кор дароям. Бинои идораи КДАМ дар рӯбаруи Китобхонаи Фирдавсӣ воқеъ аст. Маро онҷо даъват карданд. Дар сӯҳбат бо ман 4 нафар иштирок карданд. Салому алейк кардем.  Баъди салом ному насабамро пурсиданд. Ман гуфтам. Баъд савол доданд. Аввалин саволашон ин буд:

Эмомалӣ Раҳмон чанд фарзанд дорад? Ман гуфтам 6 духтар ва 2 бача дорад. Рустам ва Сомон. Пурсид, ки сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон кист? Ман гуфтам Эмомалӣ Раҳмон. Баъд боз гапро ин тараф он тараф тоб доду пурсид, ки ба ин қарибӣ чи унвонаш додем? Ман гуфтам унвонашро намедонам. Инаш хап карду боз дигараш пурсид. Гуфт, ки ҳозир ҳаминҷо Раҳмонов биёяд чи гуфта салом мекунӣ?

Ман гуфтам ҳамин хел биёяд пешам фарояд салом алейкум рафиқ Раҳмонов мегуям. Ҳамин хел салому алейк мекунам.

Ин саволро чанд бор такрор карду хост, ки ман бигӯям Ҷаноби олӣ ё ки Пешвои миллат, аммо ман нагуфтам.

Хулоса, …. гуфт, ки шуд. Рафтем гуфт. Гуфт инҷо як одами Рустам (Рустами Эмомалӣ) ҳаст пешаш медароям, инҷо телефонҳоятро мегиранд, се -чор саволат медиҳад, агар саволҳоро бояд ҷавоб диҳӣ, маслан ин саволҳо: истиқлол кадом вақт шуд, сулҳ кадом вақт, парчами миллӣ  кай қабул гардид ва 9 май чи ид аст. Хулоса ҳамин саволҳоро ба ман дод ва ман то он вақт аз худ кардам. Баъд даромадем. Ин гапу ҳарфҳо порина буд. Барои ман полний маълумотномаро тайёр карданд. Моҳҳои феврал буд занг заданд гуфтанд, биё маълумотномаатро гиру рав. Корро ба наздикӣ сар мекунӣ. Баъд падарам намонд. Гуфт бачам меравӣ вале бо онҳо кор карда намешавад. Баъд хестам муҳоҷират омадам.

Қисмати ҷолиби саволҳояшон дар бораи шумо буд:

Ҳизби наҳзатро мешиносӣ? Муҳаммадиқболро мешиносӣ, Кабириро мешиносӣ гуфта савол дод. Гуфтам ягонтоашонро намешиносам.

Гуфт отаи Муҳаммадиқболро мешиносӣ?

Ман гуфтам  падари он касро мешиносам, фаҳмидагӣ ҳастам, ки аз Афғонистон тоҷикҳоро озод кардагӣ аст.

Се -чор саволу ҷавоби дигар шуд. Ва баъд ҷавоб дод.

Барои ҳамин мегуям он бародаре, ки гуфт дар КДАМ кор кардан мехост, рост мегуяд.

Маро ростӣ дар аввал дар пеши бинои КДАМ аз тарафи дари поёнаш- пеши як буткача намедонам чизе мефурӯшад онҷо, хеле допрос карданд. Ман дар …. войска хидмат карда будам. Мехостанд, ки кор дароям. Аммо нашуд.

                                     Шаҳритус

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман инҷо дар бораи соҳаи тандурустӣ ва  БДА -и ноҳияи Шаҳритус сухан хоҳам кард. Аз 100% духтурҳо 90% бо аптекаҳо «ҳамкорӣ» доранд. Мисол? Як дору 5 сомонӣ бошад духтур доруро аз ҳамон дорухона харида биё мегуяд. Онҷо он доруро 15-20 сомонӣ ҳатто зиёдтар нарх мемонанд. Ҳамон доруҳоро гирифта боз ба пешам биё, боз дигар намудашро нагирӣ, ки намешавад мегуяд духтур. Гирифта меорӣ, боз мепурсад, ки аз ҳамон дорухона гирифтӣ, аз дигараш нагирифта бошӣ, ки бисёр доруҳояшон фалшивий аст. Инҳо бо ин роҳ бизнеси муштарак доранд. Духтурҳо ва аптекаҳо.

  Дар бемористонҳои ноҳия фақат бизнес аст. Айнан ҳамин гапҳоро боз як духтури дигар ба бемори дигар мегуяд ва аптекаи дигарро тавсия дода таъкид мекунад, ки фақат аз ҳамон дорухона доруҳоро бихар. Дигар аптекаҳо ё доруҳои фалшивий мефурушанд ва ё доруҳояшон муҳлаташ гузаштагӣ

  Дар бораи кормандони БДА-и Шаҳритус ногуфта намешавад. Дар назди бозори марказии ноҳия, ки аз даромади ноҳия меоед, «знак» мондагӣ аст. Ин аломати роҳ барои пулкоркунии БДА  мебошад. Дар як рӯз 20 -30 сомонӣ бидеҳӣ бемалол гузаштан мегирӣ ё ин ки одамҳои тағадор метавонанд гузаранд. Ин аломати роҳ танҳо барои як ду ронандаи узбекзабон ва мардуми одӣ «кор» мекунад. Як корманди БДА бо номи Лутфулло зулми зиёд бар мардуми одии ноҳия мекунад. Вай аз Кулоб ё Данғара аст. Чандин маротиб ӯро ба дигар ноҳияҳо перевод мекунанд боз пул дода меояд. Ошкоро мегуяд «Аз Шаҳритус дида ҷои хуб нест, ма девонайм дига ҷо мерам пуле дар иҷа ҳаст ҳеҷ куҷода нестай».Вале  дар умум ҳамаи кормандони БДА зулми зиёд мекунанд, коррупсия бениҳоят зиёд аст.

   Боз мехостам дар бораи мактабҳо бигуям. Дар ноҳия 2 литсейи давлатӣ амал мекунад. Ҳардуяш ҳам пулакӣ. Дар литсейи давлатии №1 ҳар моҳ хонанда 20 сомонӣ ба хазинаи мактаб месупорад. Боз дорем  литсейи бачаҳои болаёқат, онҳо низ пул месупоранд. Мактаби № 4, ки бо номи Макаренко машҳур аст, агар хато накунам ҳар моҳ 10сомонӣ месупоранд. Ғайр аз ин дар ҳамаи мактабҳо барои таъмир, бур, обуна, китоб ва ғайра пул ҷамъ мекунанд. Чоплусҳо мегуянд, дар мактаб кудакони аз синфи 1 то 4- ро хурок медиҳанд. Дуруғ мегуянд. Ягон чи намедиҳанд, дар ягон мактаб ман надидам. То соли 2008 медоданд. Давлат неву созмонҳои хориҷӣ медоданд. 1стакан шир ва як кусок пирог буд, тамом. Чоплусҳо мегуянд, ки ошу шурбо ва дигар хурокҳо медиҳанд. Хоҳиш мекунам русиёҳгарӣ накунед. 

                                  Фархор

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман коргари ҳукумати ноҳияи Фархор ҳастам. Хитоби сахти сахт ба президент Эмомалӣ раҳмонов дорам: «эй,бадбахт ҳар вақте ки тъ ноҳияи мо омаданӣ мешӣ мо зиқ мешем бароики ойлкомона якумаш кам метиян, дуюмаш моҳи дигари метиян, кудакомон гшна мемонан. Наё Фархор, безорем. Ин дафа биёӣ намедонем чикор кунем, ҷонам дар лаби биниям омадагӣ. Ай ҷонам сер шудагӣ. То кайя злми тъ давом мекарда боша? Ма ҳаминҷо хотимаш медиҳам. Иншоаллоҳ  интизор бош. Мебиёӣ роҳҳо асфалт кардагӣ не. Мактаби Аловдина ҳуйкни мебиёӣ, ун мактаб тршене додагӣ, тъ ба қайчии сеҳрнокат мебуриша. мактаби аваренира».

    Боз мебиёӣ Туғул, деҳаи Ориён. Иншоотҳои СС.Ятимовро мекушоӣ. Онҳо дар асл шахсиянд. Аммо ба ном давлатӣ. Бо пули давлат сохта шудаанд. Агар пажарка аз деҳаи Туғул биояд барои оташнишонӣ аввал 5-6 ҳазор сомонӣ штрафат мекунад. Мегуяд, ки ин пул ба ҳисоби давлат меравад. Боз ҳақи худи маро бидеҳ ва боз 3ҳазор сомонии дигар мепурсад ва руирост мегуяд, ки агар надиҳӣ ба КГБ месупорамат. Агар надиҳӣ дар ҳақиқат КГБ-ро роҳӣ мекунад. Ғамат медиҳанд. Аз 3000 зиёдтар мепарӣ. Барои ҳамин маҷбурӣ, ки ҳамроҳаш савдо карда 1000 ё 2000 бидиҳӣ.

 Ғам болои ғам. Худо паноҳ диҳад, ки агар касалу бемор шавиву беморона афтӣ. Капаат дуд мекунад. Ба сад сомонӣ касал шуда бошӣ,1000атро мебароранд. КГБ миллионҳо сомонии мардумро гирифта истодааст. Пули мардуми бегуноҳро ту салафӣ, ту назҳатӣ, ту гуруҳи 24, ту гера бизнес мекунӣ, ту фалон видеоро тамошо кардӣ гуфта даҳ- понздаҳ ҳазор сомониатро мегиранд. Боз маҷбур мекунанд, ки буз шавиву одамҳоро фурушӣ, ки фалон одам куҷо меравад, чи кор мекунад, омода ба мо бигӯ. Манзурашон ҳамин, ки ба онҳо буз бишавӣ: «президент тъ ҳақонӣ мард бошӣ, то деҳаи Масквачара рав, роҳора, мактабора бин, талхат мекафа, ҳамонҷо гурат мекунем. Бадбахт фақат ҷоҳое мерай, ки времени ремонт китайски мекнан, тъ рав Уртабуз, одамо ай беовира дод меган, рав деҳаи Қаратов ай беовира фақат дашномт медиҳан, тъ беномуси даюси валадзино пиён ховӣ, тъ тарафи деҳаи Сурхоб рав ай яксу беобӣ, ай яксу бесвети, ай яксу сел хонаҳошона бурда истодааст, заҳброшон при лой».

 Эмомалӣ Раҳмонов рав ҳамон ҷоҳои гуфтагии ман: «тъ фиръвн фақат шками хта сер кни мерӣ. Охирон омаданат шавад Худоҷон. Хубаш набиё! Барои чи сари замино намерӣ, заҳбурҳо пур аз лой намебинӣ, заминҳо зак шудагӣ, карбамита духтари чилшуят манаполия кардагӣ, ай орда қимат карбамит, сероӣ надорӣ, бадбахт».

 Дар нотариуси Фархор як корат ғалтад сраза инда обуна шав, инаша банкда супор инаш ҳақи худам. Дар ҷои шаҳодатномагирӣ соф бетурсика оварда сари вазифа мондагӣ. Як каме шарм кун. Зани ту ва дигар занҳо аз ту чи ибрат мегиранд. Ҷои ақди никоҳ як сӯ. Барои коғази никоҳро додан суми бисёратро ба таги кашаш мегирад. Барои паспортро иваз кардан, яъне ному фамилияро 5ҳазор сомониат меравад. Барои як шаҳодатномаи одӣ 100с меравад. Ин дар рӯбарӯи прокуратра аст. Прокуратура пиён хоб аст. Кай парво дорад, ки дар Фархор чиҳо мегузарад. Ин бародарамон барои дискотекаи 777 ҳафт рост гуфт. Чунки ин Пантераи петкаи бадбахт (Фридун Умаров, бародари Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон) то ин дараҷара маст шудагӣ, ки касеро писанд намекунад. Ин Фархор марди баномус дорад, ки масъалаи ин дискотекаҳоро бубинад? Соати омадани Президент ба Фархорро ҳоло маълум мекунам, митинг мекунем. Масъалаашро дидан даркор. Дигар назди мо наояд. Аз ҳафт маҳалат безорем мо Фархориё. Ягон фоидае аз вай ба мо намерасад. Барои омаданат фақат аз муллимҳо сум мегиранд, аз бизнесменҳо, аз кормандони ҳукумат, хона ба хона мегарданду сум ҷамъ мекунанд. Ҳоло ман видео карда чи хел аз мардум сум мегиранд, ранги ҷугиҳо, ба Шумо равон мекунам.

                                   Истаравшан

Салому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зинда бошӣ.

  Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Баъзе аз ҳамшаҳриҳои ман, Истаравшаниҳо баромада таърифу тавсифҳои болохонадори дуруғ мекунанд. Мегуянд, ки Истаравшан обод аст. Шумо як бор савол диҳед, ки ҳамин деҳқонҳои бечора борро мебиёрад таги дар бозор, вақти даровардан аз онҳо як бор чек мегирад. Боз вақте медарояду мешинад, ки борашро савдо кунад, як бори дигар чек мегирад. Онҷо онҳое, ки харидуфурӯш мекунанд, агар гуем, ки борро аз дасти деҳқон зада мегирад, хато намекунем. Аз лаби бор 2кило 3 кило кам карда мегирад. Аз тарозу «партов» мекунад. Мабодо ба онҳо надиҳад, нафурушад. Чекчин меояду болои бораш чекро мепартояду мегӯяд, ки 3,5 ё 7 сомонӣ бидеҳ. Худи килои бор ё 5 сомонӣ ё 7 сомонӣ нарх дорад. Ин як масъала. Дуюм.Бозори мевааш бошад дар ягон стандарт ҷавоб намедиҳад. Об надорад, бӯю тафи бозор дили касро беҷо ва беҳузур мекунад. Бозори маҳсулоти ширӣ, масалан ҷурғоту чакааш аз ин ҳам бадтар. Сеюм. Аз растаи фурӯши картошка мебароед дар самти дасти чап як ҳоҷатхона аст. Онҷо як сауна ҳам ҳаст, бо номи саунаи Муҳиб. Гап дар инки дар буи вай истода намешавад. Аммо дар ҳамонҷо халқи Истаравшан нишаста «шмтока» мефурӯшад.

Хоҳиши ман аз Шумо ин аст ки як бор ба онҳое, ки Истаравшан тинҷу обод мегуянд ҳамин вазъиятро савол диҳед.

Ман, агар ин навиштаамро чоп кунед, боз гапҳои мегуфтагии зиёд дорам, ки оянда менависам. Як ҳуҷҷати аз аскарӣ озод шавиро бар ивази 80-90 ҳазор сомонӣ сохта дода истодаанд. Ман аниқ ному фамилияи ин одамро ба шумо мегуям.

                                   Ҷайҳун (Қумсангир)

   Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол!

  Ман аз Қумсангир мебошам. Дар бораи Ҷаҳонгир Искандаров маълумот дорам. Ҷаҳонгир Искандаров соли 1993 таваллуд шудааст. Вай корманди ҷамоат буд. Соли 2016 як духтарро таҷовуз мекунад. Ин духтар бокира буд. Номаш Ситора Сафарова. Ин духтар соли 1996 ба дунё омадааст. Аз ҳамон қишлоқи худамон. Деҳаи 7 посёлка ҷамоати Истиқлол.

Ин бадбахти Искандар сағира калон шудааст. Модараш бева монда буд. Ба як мусафед ба шавҳар баромад. Худаш мусафедро медид, нафраташ меомад. Мо ӯро медидем, чунки якҷо калон шуда будем. Аммо бадбахт фикр накарду ба он духтар расид, нодухтар кард. Мисли модараш ҳатто ҳомила кард. Духтарро нагирифт. Духтар таваллуд кард. Духтар ба прокурор ариза навишт. Ҷаҳонгир пулро доду халос хӯрд. Духтар ҳоло гаштааст, сарсону саргардон. Ҷаҳонгир шаҳодатномаи таваллуд медод, дар ҷойи ЗАГС кор мекард. Ҳамаро девона мекард. Мегуфт то пул надиҳӣ шаҳодатномаи таваллуд намедиҳам. Аз як метеристка-шаҳодатномаи таваллуд 300-400 сомонӣ мегирад. Барои ин ҳуҷҷат аз думбаш медавӣ. Имруз биё,пагаҳ биё, гуфта медавонад. Хулоса, вай пулҳоро мехурдаасту дар район намесупоридааст. Имрӯз, касе дар ҷойи вай кор кунад, аз район мепурсанд, ки Ҷаҳонгирро гуед пулҳои метеристкаҳоро оварда супорад.

  Ҷаҳонгир чанд муддат налоги заминро мечинд. Хуни мардумро макид.

Боз ба Бохтар занг зада мардумро мефурухтааст. Ба Кумитаи замин хабар медодааст, ки кӣ чанд сотих замин дорад, кӣ сертификати замин надорад. Ман худам аз забони ҳамон намояндаи аз Бохтар омада ба гушҳои худам шунавидам.

  Гуфтем, ака барои чи мо фундамент рехтем, шумо нагуфтед, ки инҷо мункин нест хона сохтан. Гуфт, ки ман дар Бохтар нишастаам, аз куҷо донам,ки шумо дар инҷое,ки иҷозат надоред, хона месозед? Вай гуфт, ҳар коре, ки шумо дар инҷо мекунед, ҳамин бачаҳои худатон ба мо хабар медиҳанд.

  Ҷаҳонгир ҳозир дар военкомат кор мекунад. Бачаҳоро мебарад, мегуяд, автошкола дурустат мекунам, права мегирӣ. Бачаҳо мехонанд.Аммо праваро дар дигар одам мефурушад. Бачаҳои хидмат кардагӣ ранги праваро намебинанд. Бачаҳо мегуянд, ки камтар вазъият тағйир ёбад медонем чикораш кунем. «Облава» буд шуда буд. Ман худам дидам, ки падару модари бачаҳои дар Русия бударо мераваду маҷбур мекунад, ки гов, гуспанд, буз, ё сум бидиҳанд, вагарна бачаҳояшонро аз Русия розиск дода меоварад. Дар як мавсими даъват аз 1000 то 2000-2500и одамҳоро ба зурӣ зада мегирад. Боз як хели он бачаҳоро мефурушад. Бачаҳои Киров, лақайу туркманҳо ҳастанд. Як намуд угоржаташон мекунад. Бечораҳо чизе гуяд медиҳанд. Як бача маъюб буд. Қапида бурд. Падару модараш дар прокуратура доданд. Дар ҳамонҷо ҳам пул дода баромад. Ин ҳаромзодаро чанд бор ба прокурор доданд. Аммо, мо ҳайронем, ки ин прокурор барои назорати қонун омадагӣ аст ва ё барои пулҷамъкунӣ дар Қумсангири мо?

  Ба бузҳои посёлкаи 7 гуфтаниам, ки шумо киҳоро фурухтед, ному насабашон дар дастам ҳаст. Ҳамаатон огоҳ бошед, ки ному фамилияатонро мегуям. Агар бас накардед, ҳамаатон ошкор мешавед. Инҷо аз ҷамъи шумо якеатон-Тайибов Саийдалиро ном мебарам. Ин бузи 6-0й отдел аст. Бачаҳои ҷавонро Душанбе ба дискотекаҳо бурда бо фоҳишаҳо навор карда угрожат мекунӣ, метарсониашон. Агар бас накунӣ як рӯз овозат аз подвали милиса меояд.

 Ашраф дар кумитаи замин кор мекунад. Ин аз ҷамоати Истиқлол аст, аз 7ум посёлка. Бо пора ба даст афтод, аммо чи хеле карду баромад. Ҳоло мегуянд, ки дар Қазон аст. Гурехта гаштааст. Ашраф пули налоги замини мардумро гирифта ҳуй хурдааст. Аз ҳаромхурӣ ранги занҳои дугоник  шикамдор шудааст. Вай дар номи одамҳо 10-20 сомонӣ гузаронида боқиашро хурдааст. Ба чандин нафар ваъда кардааст, ки гапзанон карда барояшон замин дуруст мекунад. Аммо пулҳояшонро гирифта «кидат» кардааст. Ҳоло мегуянд, ки имрӯзу пагоҳ карда гаштааст. Ашрафи беномус пулҳои мардумро баргардон. Ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қумсангир аз подстава кардани мардум даст бардоранду пушти ана ҳамин гуна мошшеникҳо гарданд. Шумо, бас кунед, ки кӣ дар Покистон хондааст, ки дар Арабистон, кӣ дар Эрон хондааст. Аз дасти шумо на мулло монду на домуллову на қорӣ. Ҳама хондагиҳов босаводҳо ватанро тарк карда рафтанд. Чанд нафар муллоҳои чаласаводи раҳмоновпараст мондаанду халос. Ин зулму ситами шумо ҳатман ба охир мерасад ва ҳамаи шуморо мо хуб мешиносем!

Share This Article