Тағйироти ахири кадрӣ дар ҳайати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, агарчи, дар зоҳир як кори идорӣ ва бо риволи маъмулӣ аст аммо чанд нуктае дорад, ки яке аз муаллифони огоҳи мо аз он тафсилоти ҷолибе додааст. Ҷузъиёти номаро худатон хонда бохабар мешавад. Аммо, номае, ки бо он нашри барномаи феълӣ шуруъ мешавад, низ ба милиса марбут аст. Милисае, ки дар Бадахшон бедодӣ кардаву аз хешовандони наздики Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ аст, ки дар масъалаи тағйироти ахири кадрӣ ҳам нақши ҳалкунанда доштааст. Ин номаи мо аз Роштқалъаи Бадахшони куҳӣ аст:
Роштқалъа
Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадикболи Садриддин.
Ман як зани помирӣ, сокини ноҳияи Роштқалъа, аз маркази ин ноҳия мебошам.
Бародари азиз, ман собиқ коркуни ҳукумат ҳастам. Ман бори аввал ба шумо менависам, гарчанде солҳои охир шуморо пайваста тамошо мекунам.
Бародари азиз, имрӯз дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» (ман ин барномаро ҳамеша тамошо мекунам ва барномаи ҷолибе таҳия ва пешниҳод мекунед) навореро бо номи «Фиғони модари бадахшонӣ» тамошо намудам.
Бисёр алам кардам, ин модар чи хел ҷасурона ҳикоят кард, ва аз он ҳамон илҳому ҷуръат гирифта навиштам ба шумо.
Бародари азиз, ман ҳайронам барои чӣ аз Помир ба шумо хеле кам, тақрибан, ки наменависанд? Ман нав якчанд рӯз шуд, аз Помир омадам.
Ман 2,5-сол сол пеш корро бас карда Русия омадам- пеши шавҳарам. Лекин ҳамин сол рафта дидам, оби чашмҳоям рехт, аз беадолатиҳои хукумат ва бузу чоплус шудани мардуми мо.
Муроҷиати ман, ба мардони далеру қаҳрамонони Помир!
Барои чӣ, шумо ба «Ислоҳ» наменависед? Дар айни замон силоҳу мушту бозуи мо ҳамин «Ислоҳ» аст ки ҳаррӯз бар фарқи сари Раҳмонови касиф ва қотили миллат ва қотили мардуми Помир (худаш руирост гуфт, ки ман фармон додам, ки помириҳоро «безарар» гардонанд, яъне кушанд) мекубад ва мо бояд бо «Ислоҳ» якҷону яктан, муттаҳид бошем.
Мо, занҳо сар кардем, шумо ҳам сар кунед, бимонед то бифаҳманд, чӣ ҳаромкориҳо мекунад ин ҳукумат.
Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин, ман ба шумо дар бораи як одами бисёр золиму касофат менависам, Аслан ӯро одам гуфтан нашояд.
Ин одам, сардори милитсияи ноҳияи Роштқалъа, Сайидҷаъфар Икромзода аст.
Ҳанӯз солҳои 2019, он вақт ман дар ҳукумат кор мекардам, вайро онҷо оварданд.
Он вақт вай муовини сардори милитсия буд.
Ин одам бинобар маълумотҳо аз хешовандони Бузмаков Абдурраҳмон аст. Ба гуфти мардум, ин палид пеш аз омадан ба ноҳияи мо, дар тарафҳои худашон дар паспортний стол кор мекардааст. Онҷо ҳам фақат суми мардум хурдаст ва бисёр ҷиноятҳо содир кардааст. Ва, мебоист аз мақомот ронда мешуд. Аммо бо ёрдами Бузмаков ё Аламшозода Абдурраҳмон вайро ҳамчун штрафник ба Роштқалъа оварданд. Ин одам бисёр одами бадахлоқ, дузд ва ҳаромхур аст.
Ин палид нав омадан замон дар кор, дар ҳол сар кард ба бевабозӣ ва дигар корҳои ношоям. Вай дар зодгоҳаш зан ва соҳиби 2 фарзанд аст. Вале дар Роштқалъа аз рӯзҳои аввали омадани худ, бо як духтар, ки дар санэпидемстансия кор мекард, фамилия вай Раҳмонбекова аст, сар кард ба ишқварзӣ.
Ҳамин сол ки ватан будам, ин духтар аллакай сардори санэпидемстансия шудаст ва ҳоло ҳам бо ин палид мегардад. Ҷиноятҳои вай аз мӯи сар зиёданд. Ман ҳамаашро ба қалам оварда наметавонам, лек як- ду ҷинояташро нақл мекунам.
Ин палидро соли 2021, моҳи ноябр, пеш аз куштани бародари шаҳид Гулбиддин Зиёбекв, сардори милитсия таъин карданд. Ман мефаҳмам, ин ҳаром дар куштани Гулбиддин, бисёр талошҳо кард. Аз барои ҳамин ҳаромиаш пирхари Раҳмонов ба вай мукофот дод. Ман бо чашмони худам дидам, ки ин номард ҳамроҳи он раҳматӣ дар ноҳия ин су он су рафт, типа ин одами вай аст, лекин вақте ки ӯро куштанд, аз ҳама хурсанд, ҳамин саг буд. Ва ин аруси вай, яъне маъшуқааш- Раҳмонбекова, хама хабарҳо ба вай расонд. Бигзор баччаҳо фаҳманд, чи хел ин одам вайҳоро фурӯхт. Соли 2023, ки аллакай ман аз кор он вақт рафта ва омадам Москва, дар ҳамон сол ҳамин одам бо муовини худ, ки дар уголовний розиск кор мекунад, мегӯянд, ки вай аз хешовандони СС.Ятимов аст, сахт ҷанг шуданд.
Ин хеши Ятимов бо табар Саидҷаъфарро зад аммо ин ҳаром намурд. Вайро бурданд балниса, беҳуш буд, камтар дӯхтан сари вайро ва саҳар бо вертолёт, Душанбе бурданд. Баъд ин ҳодисаро ба гардани мардуми маҳаллӣ заданд, типа шаб вайро бо маска одамҳо задаанд.
Лекин асли корро ҳамаашон ҳам Бузмакову ҳам Рамазон Раҳимзодаву ҳам СС.Ятимов хуб медонанд, намедонам ба Раҳмонов фаҳмониданд ё не, фаҳмонанд, ки чи мешавад, ҳиҷчи гап намешавад, аммо асли кор ҳамин хел буд.
Ва ба ин хеши СС.Ятимов ягон кор накарданд, ба Худо, как будто ягон гап нашудааст.
Ҳама хаёл мекарданд, тамом, ҳозир вайро сур мекунанд, лекин ин ҳаром баъд аз 2 моҳ омада корро идома дод, как будто ягон гап нашудааст.
Бори дуввум ман набудам, лек ҳамсояҳо гуфтанд, ки боз ҷинояти безеб содир кард, боз ҳам аз кор наронданд ва бори 3-юм ҳамин сол моҳи январ, ки он вақт ман ватан будам.
Чи хеле ҳаст ҳамон хел нақл мекунам. Аз гуфти як хеши наздики ман, ки дар ҳукумати Роштқалъа кор мекунад, нақл мекунам.
Аз ҷамоати поён, ду бародар ва зани яке аз ин бародарҳо сӯи шахри Хоруғ равона шудаанд. Дар роҳ, аз боло санг омада мошини инҳоро мезанад ва мошини ба сӯи дарёи Шоҳдара меафтад. Дар дарунаш боз як ду нафар ҳам буданд.
Ҳамаро гирифта болниса мебаранд, бо қудрати Худованд, ягон кас намурд, лекин ҷарроҳатҳои сахт гирифтанд.
Ва баъд аз табобат ҳамаро ҷавоб доданд.
Алқисса , баъд аз якчанд вақт Саидҷаъфар ин ду бародарро, ки якеаш шофери ҳамон Тангем буд ба отдел даъват кардааст.
Вақти пурсупоси бародарҳо ба онҳо дод задааст, ва гуфтааст айби шумо аст ки шумо даруни дарё афтодед, ва сум ҳам талаб кардааст ва боз баччаҳоро чунон задаанд, ки ҳама сиёҳ шудаанд. Дар ҳоле, ки инҳо нав аз беморхона ҷавоб шуда буданд.
Падари ин бародарҳо, рӯзи дигар пеши раиси вилоят Мирзонаботов ва сардори управления рафта шикоят кард ва ариза навишт, онҳо ваъда доданд, ки ҳатман ин палидро аз кор сур мекунанд ва пеши қонун ҷавоб медиҳад.
Ман моҳи апрел аз хона боз омадам, лекин ягон кор накарданд ва ин ҳайвони бадзот чи хеле буд, бо ҳамон хел гашта истодааст.
Рӯзи дароз шароб мезанад, чи хели форад, ҳамон хел мегардад.
Вале ин палидро аз кор сур накунанд, бисёр бадбахтиҳо мешавад. Ин палид ягон касро писанд намекунад дар Роштқалъа.
Дар маркази ноҳия бачаҳои ҷавон намондааст, ҳама аз ватан рафтагианд, бисёр аламовар аст. Пеш дигар хел буд, ҳозир ҳама ҷо ҷазир. Дар худи ҳукумати ноҳия 70 фоиз бузу чоплус шуданд, пеши онҳо меравӣ ягон масъала ҳал намешавад.
Дар инҷо ман ба охир мерасонам номаамро. Агар ягон хатоӣ бошад, бахшиш, чунки ман бори аввал ба шумо чунин нома менависам. Дар Хоруғ ҳам вазъият ҳамин хел, ҳама ҷо ҷазир шудааст. Дар охир ман аз мардуми Помир хоҳиш мекунам, ки нависед, ҳатман нависед. Чунки ман дидам, ки чи хел онҷо беадолатиҳо шуда истодааст.
Бародар, шуморо ба Худо месупорам ва ҳамеша дуо мекунам, зиндаву саломат бошед!.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шумораи 340-и барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардам. Раҳмат, ба шумо, ки масъалаи муҳоҷирони корӣ ва мушкилоти зиндагию кори онҳоро дар Русия ба мавзуи барнома табдил доданд. Барномаи шумо «Минбари муҳоҷир» ном дорад. Барои ҳамин ба назари ман зиёдтар дар ҳамин мавзуъ суҳбат кунед, токи муҳоҷирон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ шаванд. Ҳозир ҳамаи муҳоҷирон барномаҳои шуморо тамошо мекунанд.
Вақтҳои ахир дар қонунгузории Русия дар нисбати муҳоҷирон тағйиротҳои зиёд сурат гирифта истодааст. Дар расонаҳо мехонем, ки Русия шароити зиндагии муҳоҷирин дар ин кишварро маҳдуд карда истодааст. Ман модари се фарзанд ҳастам. Бо падари фарзандонам дар Волгоград чанд сол аст ки зиндагӣ мекунем. Имсол мехостам, ки духтарамро аз ватан оварда ба инҷо ба мактаб диҳам. Гуфтанд, ки ҳозир имкон надорад. Чунки кудаки муҳоҷирҳоро баъди супоридани имтиҳон ба мактаб қабул мекардаанд.
Шавҳарам ронандагӣ мекунаду ман дар замини хозяин ба корҳои кишту кор аз ҷумла парвариши тарбуз машғулам. Ҳозир гуё дигар шавҳарам ҳам бо праваи дар дасташ буда наметавонад ронандагӣ кунад.
Мақсади навиштани ин нома ба шумо чӣ аст? Мо инҷо чандин оила аз гушаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастем. Ва, ҳар кадоми мо бо ҳамин гуна проблемаҳо рубару шудаем Қафо, ба ватан баргаштан маънӣ надорад. Чунки онҷо кор нест. Инҷо бошад сахт дар ташвиш мондаем, ки чи хоҳад шуд? Аз шумо мехоҳам, ки бо ягон адвокат, ки ин масъалаҳоро, масъалаҳои муҳоҷиратро мефаҳмад ва фаҳмонида метавонад, ҳамсуҳбат шавед ва дар барнома давъат кунед, то ки вай тағйиротҳои ба қонунҳои Русия шударо ба мо фаҳмонад. Бо забони одӣ, ки мо фаҳмида тавонем. Ташаккур ба Шумо, бародар.
Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу, ҳамватани шоистаи ибрати мардонагиву шуҷоат, Муҳаммадиқбол.
Нома аз омӯзгори донишгоҳи тиҷорат, ки феълан нафақахуру бознишастаам.
Сад афсӯс, ки панҷ соли охир ман қобилияти роҳ гаштанро аз даст додаам ва имрӯз наметавонам, ки дар роҳи мубориза бар шумо кӯмаке кунам. Ягона воситаи вақтгузаронӣ ва муошират бо одамон ҳамин расонаҳои иҷтимоӣ асту халос. Муҳаммадиқбол одамон чӣ хел мекунанд, ки дар барномаҳои шумо дар эфир гап мезанад? Шумо ба онҳо даъват мефиристед ? Ҳар чанд кӯшишҳо намудам, вале ба сӯҳбатнигори шумо бо ссылкаи мондаатон ворид шуда натавонистам. Умуман кушода нашуд, бинобар онро бо воситаи камера сабт кардам ва сониян тамошо карда, гӯш мекунам. Ман суҳбати шуморо тамошо кардам, ки дар бораи муҳоҷирон гап мезадед ва аз онҳо талаб мекардед, ки ба корҳои паст ру наоваранд. Аммо ман ба барнома ворид шуда натавонистам. Шояд дафъаи дигар ба ман муяссар шавад, ки ссылка кушода шавад. Умед дорам ки ин ша Алоҳ мешавад.
Дар ин суҳбатнигоратон маро нигоҳ ва назари шумо оиди машғул шудан бо тиҷорат хело хуш омад. Хусусан оиди идея. Шумо зина ба зина, нуқта ба нуқта оғоз намудани тиҷоратро бо мисоли дӯсти афғонатон бисёр равшан фаҳмонида додед, ки бовар дорам ҳатто дар донишкадаи соҳибкориву сервис ягон муаллим чунин дарс намегӯяд ва гуфта ҳам наметавонад. Ин муаллимҳо ягонтоаш таҷрибаи тиҷоратро надоранд, пас бо сафсатаи онҳо кадом донишҷӯй дар оянда тиҷоратчии росткор шуда метавонад? Ягон нафар !!!
Ман худ фалсафаи тиҷоратро аз устодам марҳум Ҷим Рон омӯхтаам ва то ҳол онро дар дарсҳои таҷрибавиам ба шогирдонам меомӯзонам. Вале афсӯс қариб 95%-и онҳо чун гуфтахои шумо ягон идеяи худро пешбарӣ карда наметавонанд. Ҳамаашон мегӯянд, устод пул бошад бизнес бисёр, вале аниқ гуфта наметавонанд, ки бо кадом тиҷорат машғул мешаванд.
«Тиҷорат набояд, ки танҳо хоҳиш бошад. Тиҷорат чун дигар корҳои ҷиддӣ, мисол сохтани тайёра, ё ҷароҳии бемори вазнин бояд асос дошта бошад. Инҷо асос: идея, дониш, таҷриба, тадқиқотҳо, анализи чӣ бозоргонӣ ва ё лабараторӣ, нақшаи корӣ, ҳисоби пешакии сарфи вақту маблағ ва баъдан даромадро дида баромадан лозим ва зарур аст». (Ҷим Рон). Файласуфи амрикоӣ, наттоқи беҳамто, рӯҳбаландкунанда дар соҳаи тиҷорат. (1930-2009).
Чӣ дарси беҳтарин барои хоҳишмандоне, ки тиҷорат кардан мехоҳанд. Фалсафаатон осонфаҳм, нутқатон бурро.
Насиҳати хело нек. Кош муҳоҷирон ғайр аз шикояту орзуҳои хаёлӣ кардан, боз ин гуфтаҳои шуморо ба худ чун дастурамали роҳи наҷот аз саргардониҳо мекарданд, нуран алонур мешуд.
Муҳаммадиқбол ҳеҷ гоҳ сиёсатшинос набудам ва пас аз гӯш кардани ҳар баромадҳоятон фикр мекунам оянда дар Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон афроде мисли шумо дар ҳар мақом сазоворед.
Ки ин давлатдориву режимро боз медорад ? Халқ ? Халқи 60% дар Тоҷикистон буда, чӣ хурду чӣ калон ҷони худро аз ҳар намуд инқилобу табадуллот азизтар медонанд. Магар бо чунин халқи аз тарс дар ҷояш тар карда ва бо аҳвол ягон кор кардан мумкин аст ? Ҳама мехоҳанд, ки нафароне аз Руссия, ё аз Аврупо ва ё аз Афғонистон омада ин давлатро дигар кунанд ва онҳо худ дар зери боми хонаашон оромакак нишинанд. Баъд ки табадулот шуд, ҳама чун калламуш аз сӯрохиҳо, аз ҳар тараф пайдо шудан мегиранд.
Яке мегӯяд Муҳаммадиқболи Садриддин баччаи холамай, дигаре Муҳиддин Кабирӣ ай қишлоқи мояй ва ба ин монанд нидоҳо.
Ин ша Алоҳ он рӯз мерасад ки китобҳои шумо чун дастурамал барои ҳар фарди мусалмон дар хонаҳои мо ҷои худро соҳиб мегардад. Шахсан аз шумову ҳаммаслаконатон ман барои ин сарзамину халқи азияткашида умедҳои нек дорам. Бигузор ҳама кори дунё ки бо розигии Офаридагор ба субот мерасад, амалҳои шумо низ бо хости Аллоҳ бенатиҷа намемонад.
Мехостам ба шумо оиди он идда аз мардуми Тоҷикистон,ки синнашон ба нафақа наздик шуда истодааст, сӯҳбат кунам.
Имрӯз дар як навор оиди нафақа таъин намудани Ҳукумати Узбакистон аз 1-марти соли 2025 ба шаҳрвандонаш шунидам, ки дар бораи он мегуфт, ки занҳо аз синни 55 солагӣ ва мардҳо аз синни 60 солагӣ бояд ба нафақа бароварда шаванд. Тамоми даводави шаҳрвандонро боздоштаанд, ки ҳуҷҷату маълумотномаҳоро оиди мӯҳлати кор кардаашон ҷамъоварӣ кунанд. Акнун ба ҳар шаҳрванди синнаш ба нафақа расида ба телефонҳои мобилиашон паёмак мефиристодаанд, ки омада худро дар идораи пардохти нафақа ба қайд гузоред. Акнун ҳамаи амалҳо тариқи электронӣ иҷро мешудааст. Магар ин амали Ҳукумати Узбакистон лоиқи таҳсин нест ?
Дар мо чӣ, бечора шаҳрванд дари на камтар аз 10-15 идора даводав карда, албатта танҳо бо воситаи пора додан, ки маблағаш аз 2000 сомонӣ ва баъзан то 3500 сомонӣ бояд ширинкома диҳад, баъд пенсия мебарояд.
Ҳол он ки нафақаи таъин мекардаашон (барои шаҳрвандони собиқаи меҳнатиашон на камтар аз 30 сол аст) ҳамаги 300-350 сомонӣ аст. Аз рӯи фаҳмишам нафақа бояд сазовори умри «инсонӣ» бошад. Ин қадар дар телевизиону расонаҳо Ҳукумат ҷор мезанад, ки ҷамъи андоз ба буҷаи давлат ба 102% иҷро шуд. Маоши муаллимон, духтурон аз 2,500 сомонӣ зиёд нест, дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳатто аз ин камтар, аз 700 сомонӣ то 1100 сомонӣ аст ва ҳамонро хазинадору роҳбар тавре бо сиёсат ва бо як таккабурӣ медиҳанд, ки гӯё аз сандуқи шахсиашон медода бошанд. Куҷо рафтани пулҳои дар буҷҷа ҷамъ шударо аз баромадҳои шумо хуб фаҳмидам.
Ба гуфтаи русҳо: «Куда катится эта страна ???» Ба нобудӣ ва нест шавии давлату миллат !!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Албатта, шумо аз тағйироти ахири кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ бохабар ҳастед. Дар ин тағйирот ҳам Раҳмонов талош кард, ки боз онҳоеро ба вазифаҳо таъин кунад, ки бо ин ё он васила бо онҳо шинос аст ё хешу таборӣ дорад. Раҳмонов ҳатто обруи ҳукумату давлатро ба эътибор намегирад, ҳатто обруи худашро. Масалан яке аз тағйиротҳо ин бозгашти Суҳроби Рамазон аст. Суҳроби Рамазон солҳо сардори Раёсати кадрҳо дар ВКД буд ,аммо ӯро пеш карда буданд. Ҳамчуноне Фотеҳ Қунғуротзодаро аз сардории милисаи Кулоб ронда буданд. Боз ӯро овард. Суҳроби Рамазон ба курсии сардори Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии ВКД такя зад. Фотеҳ Қунғуротзода бошад муовини аввали сардори РВКД дар Бадахшон таъин шуд.
Нафари дигари рондашуда Файзулло Нозимзода, ки дар гузашта сардори милисаи минтақаи Кулоб буд ва аз ҳамин вазифааш худи Раҳмонов сур карда буд, боз баргашта омад ва ба ӯ мақоми муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дода шуд. Ин тарзи кор на ба вазорати дохилӣ обру мемононад ва на ба худи ин генералҳо! Вақте онҳоро публично, барои ноуҳдабароӣ ва бемасъулиятӣ ва ҳатто порахурӣ гунаҳгор карда аз вазифаҳо рондӣ, боз чи гуна ва бар чӣ асосе оварда вазифаҳои баландтар медиҳӣ?
Рамазон Раҳимзода, вазири дохила баъд аз онки ин нафаронро дар ҷаласаи Шурои амният дар соли гузашта Раҳмонов аз мақомҳо барканор намуд гуфта буд, ки инҳо барои камбудӣ дар кор аз мақомҳо ронда шуданд ва дигар дар сафҳои милиса кор нахоҳанд кард.
Аммо ин Суҳроби Рамазон, писари Каромат Рамазони ҷураи Раҳмонов, қудои Қурбонбӣ апаи президент аст. Қурбонбӣ зани Холмуъмин Сафаров, раиси Идораи ҳифзи ҷангали Тоҷикистон буд, ки чанд соли пеш дар Душанбе паронида кушта буданд. Ин апаи Эмомалӣ Раҳмонов дар коронавирус мурда буд. Хоҳари Суҳроб зани бачаи апаи президент аст.
Фотеҳ Қунғуротзода ва Файзулло Нозимзода ҳам барои он оварда шуданд, ки аз Данғараанд.
Ба назар мерасад Раҳмонов кадрҳои нав дар вазорати дохиларо бо машварати Абдураҳмон Аламшозда-Бузмакови ба ҳама маълум таъин кардааст. Як нафари огоҳ гуфт, ки Бахтиёр Назарзода, бародари Қудратулло Назарзода, ки сардори УУР-Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД таъин шуд, низ аз гейнералҳои сабзибадаст будааст. Вайро дар ҷои пешинаи Шорух Саид оварданд. Дар инҷо полковник Баротзода Тоир кор мекард. Вай муовини Шорух ва одами наздики Шорух мебошад. Уро дар мақоми поинтар овард: сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД. Ин раёсат, маълум аст ки мисли УУР пурдаромад ва ҷойи важний ва руғанӣ нест. Ва Бузмаков тавонист одами худашро инҷо оварад ва одами Шорухро як нима кунад.
Яъне дар ҷойи одами Шорух дар УУР одами Бузмаков омад. Генерал Бахтиёр Назарзода бародари генерали Қудратулло Назарзода, феълан сардори милисаи Рудакӣ аст. Рудакӣ ҷои сахти сумкоркунӣ аст. Қудратулло Назарзода Бобо солҳои қабл дар УУР сардор буд. Як вақтҳо воҳима буд, ки вазир ӯ мешавад. Аммо дар ин вазорат вазиршавҳо бисёранд. Яъне Бахтиёр Назарзода дар ҷойи пешини бародари калониаш омад.
Бинобар тағйироти ахир кадрӣ генерал Шоҳ Искандар (генерал-майор Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ) сардори милисаи Хуросон таъин шудааст. Ба эҳтимоли зиёд ин охирин курсии Шоҳ Искандар дар вазорати корҳои дохилӣ хоҳад буд ва дар Хуросон милисагиро ба поён хоҳад расонд.
Сардори ГАИ-БДАи Тоҷикистон як нафари ғармӣ шуд. Полковник Абдураҳмонзода Миралӣ, маъруф ба кали Миралӣ. Миралӣ одами Зоири мундуқ, домоди Раҳмонов аст. Миралӣ дар Новосибирск як параи як бозори калонро полний харидагӣ аст. Чекаш ро мечинад. Дар Масква дар 500 квадрат хона дорад. Миралӣ сардори ГАИи вилояти Суғд буд. Зоир попушиашро бадар мекард Миралӣ носкиҳоро мекашид, медавид, мешуст меовард, қоқ кардагӣ, мепушонд.
Бачаи Сироҷи Валӣ, аз рафиқони солҳои пешини худашро Раҳмонов оварда муовини вазири дихилӣ монд. Расонаҳо навиштанд, ки Илҳомиддин Вализода, ки муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуд, маълум нест, ки ба курсии кадом муовини Рамазон Раҳимзода нишаст. Чунки вазири корҳои дохилӣ 4 ҷонишин, як муовини аввал ва се муовини соҳавӣ дорад, ки ҳамааш дар сари коранд. Писари марҳум Ҷурабек Назриро ҳам аз вазифа барканор кард. Полковники милитсия Содиқзода Камолҷон ба ҷои Назризода Шаҳриёр сардори нави Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД таъин шуд.
Бародар Муҳаммадиқбол, боз ҳарчи навигарие шуд, ҳатман бароятон хоҳам навишт. Манзур аз навигариҳое дохил ва моҳияти хабарҳо, на ончи дар хабарҳо меравад. Саломат бошед!
Натарс, эй халқи дилшикаста, аз чархи ситам,
Ки оқибат шикаста гардани ҳар бадам.
Агарчи абри истибдод осмон пӯшид,
Ба зудӣ мерасад хуршеди рӯзи равшанам.
Садои нолаи мазлумон баланд гардид,
Замин ба ларза ояд аз оҳи пурғамам.
Дигар бас аст хомӯшӣ, дигар бас аст бим,
Барои ҳаққи худ бояд, ки якдам бархезем.
Ҳақиқатро наметавон дар гӯр пинҳон кард,
Ки рӯзе сар занад чун лола аз шабнам.
Барои озодӣ бибояд ҷон нисор кардан,
Ки бе озодӣ зиндагӣ бошад чун мотам.
Ба ҳам орем қувватро, ба ҳам орем даст,
Барои баркандан бунёди ҳар ситам.
Фардо аз они мост, агар имрӯз ҷон фидо кунем,
Барои наслҳои оянда, барои ҷаҳони навдам.