Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №248

Ислоҳ нет

Мардуми кишвар беш аз пеш симову сурати Раҳмонов ва ҳукумати дузду фасодзадаи вайро шинохта истодааст. Халқ фаҳмидааст, ки Раҳмонов аслан дар фикри дигар аст, дар фикри он аст ки чи тавр ҳарчи зиёдтар мардумро фиреб диҳад ва ғорат кунад ва аз тарафи дигар дар ҳолати тангдастиву фақр нигоҳ дорад, то мардум фақат дар фикри чи тавр ба даст овардани луқмаи нон бошад. Вале мардум ин ҳамаро дида истодааст ва мунтазир аст, ки рӯзи инқилобу қиём дар ҳоли расидан аст ва ба ин нукта расидааст, ки роҳи халосӣ ва наҷот аз ин режими худкома ва тӯлонӣ фақат қиём ва хезиш аст. Номаи аввали ин нашри барнома далели ин гуфтаҳост:                            

                                        Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол, хонумон ва ҷанобон, ҳамватанони гиромӣ ва аҳли виҷдону номус! 

Ман дар назди шумо на ҳамчун сиёсатмадор,балки ҳамчун  як нафар аз миллионҳо нафаре меистам, ки хаста шудаанд — хаста аз сармо, хаста аз торикӣ, хаста аз баромадҳои дуруғини Ҷаноб.

Мардумро барои мушкилоте, ки худат эҷод кардаӣ, гунаҳкор накун. Кори роҳбар на тарсонидан, дурӯғ гуфтан ё баҳонаҷӯӣ аст, балки ҳал кардани мушкилот ва хидмат ба мардумест, ки ба ту қудрат додаанд. Агар кишвар ранҷ мекашад, аз худ бипурс: ту дар ҳақиқат барои беҳтар кардани вазъият чӣ кор кардӣ дар ин 33 сол — бе таблиғот, бе хомӯш кардани овозҳо ва бе айбдор кардани дигарон?

Мардум фасодро эҷод накардаанд. Онҳо озодиҳоро аз худ накардаанд. Онҳо сарватро ҷамъ накардаанд, дар ҳоле, ки дигарон гурусна буданд. Ин ҳама ё кори туст, ё бо иҷозаи ту рух додааст. Пас, ба ҷои он ки ба мо бигӯӣ, мардум бояд чӣ кор кунанд, бигӯ: ту худ — бо ростгӯӣ, бо шаффофият ва бо фидокорӣ — барои ислоҳи вазъ чӣ кор кардаӣ? Агар ҷавобе надорӣ, ту роҳбар нестӣ. Ҳастии ту, будани ту худаш мушкилӣ аст.

Фурӯзонакҳою шамъҳо дар ҳар хонадон, нишони дуздию фасоди Эмомалӣ Раҳмонов.

Тоҷикистон сарзамине аст, ки Аллоҳ ба он неъмати табиъӣ ато кардааст — рӯдхонаҳоямон бо нерӯ метананд, кӯҳҳоямон аз иқтидор метапанд. Мо соҳиби яке аз баландтарин саддҳои дунё ҳастем. Мо он қадар барқ истеҳсол мекунем, ки метавонем онро ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигарон содир кунем.

Аммо — худи мардумамон аз бебарқӣ дар торикию сардӣ меларзанд.

Дар деҳаҳо ва шаҳрҳо модарон бо фарзандонашон дар зери кӯрпаҳо ҷамъ мешаванд ва дуо мекунанд, ки чароғҳо дубора равшан шаванд.Дар бемористонҳо дар мобайни ҷарроҳӣ барқ қатъ мешавад. Синфхонаҳо торик мешаванд. Тиҷоратҳо аз байн мераванд.Тамоми ҷомеа гаравгони низоме шудааст, ки онҳоро ба хиёнат додааст.

Ин фоҷиаи табиат нест — ин нокомии роҳбарист.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов ва режими ӯ рӯдхонаҳои моро ба манбаи даромади писараш (ширкати  барои ҷамъ кардани маблағи барқ бо усули ғайри нақдӣ) табдил додаанд, дар ҳоле, ки соҳибони аслии ин обҳо — шаҳрвандон — дар торикӣ мондаанд. Онҳо инро «рушд» меноманд. Мо инро «хиёнат» меномем.

Онҳо барқро барои фоида содир мекунанд, вале мо чӣ мегирем? Ранҷ. Хомӯшӣ. Ояндаи дуздидашуда.

Ин танҳо беҳаёии идорӣ нест. Ин фасодест, ки хуни гарми кишварро заҳролуд мекунад. Ҳар чароғи ларзони хона нишонаи он аст, ки кӣ дорои қудрат аст — ва кӣ не.

Аммо мо бемадор нестем.

Бигзор ин лаҳза оғози мавҷи наве бошад — мавҷи муқовимат, мавҷи ҷавобгарӣ, мавҷи адолат. Мо намехоҳем вайрон кунем. Мо мехоҳем талаб кунем он чизеро, ки ҳаққи мост: рӯшноӣ, гармӣ, шараф.

Мо хайр намехоҳем. Мо адолат мехоҳем. Адолати энергетикӣ. Саховат бояд аз хона оғоз шавад. Пеш аз он ки як ватт барқ берун равад, ҳар хонаи тоҷик бояд гарму рӯшан бошад. Ҳар мактаб бояд чароғон бошад. Ҳар бемористон бояд барқ дошта бошад.

Мо талаб дорем шаффофият дар бахши энергетикӣ. Мо талаб дорем хотимаи фасод ва хешутаборпарастӣ. Ва аз ҳама муҳим—мо талаб дорем, ки нерӯи Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон хидмат кунад.

Бигзор ин суханронӣ шарорае шавад—шарорае, ки қиёмро барангезад. Қиёми осоишта, вале нерӯманд. Қиёми мардум. Зеро қудрати ҳақиқӣ моли мардум аст.         

                                    Деваштич 

Ассалому алейкум,домуллои азиз. Ман сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошам. Ман нисбати раиси Кумитаи замини ноҳияамон Абдуллозода Нуриддин маълумот ва шикоят дорам. Илтимос мекунам як барномаи махсус рӯзҳои наздик пахш кунед, то ки санҷишгарҳо омада чораашро дар ҷояш бинанд. Ин одам фақат ба пулситонӣ аз мардуми ноҳиямон машғул мебошад. Дар як рӯз як маротиба ва гоҳ ду маротиба як саҳар ва баъд бегоҳ як соат омада шаҳрвандони пулдорро қабул намуда маблағашонро гирифта баромада аз идора меравад. Камбағалҳо аз сахар то бегаҳ, хамёза кардаву даҳон кушода менишинанд.

Абдуллозода Нуриддин доғи судӣ дорад. Пештар роҳбари МБТИ-и ноҳия буд. Баъди таъин шудани вазири нав аз вазифааш озод карда шуд. Мардуми ноҳия каме оҳи сабук кашида буданд, ки дере нагузашта боз роҳбари Кумитаи замин шуда омад. Аз рӯзе, ки таъин гардид, мардум сарсону саргардон ҳастанд. Абдуллозодаро раиси Кумитаи замини ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода кришават мекунад ва чанд маротиба ронандаи Нуриддин Абдуллозода, ки Эгам ном дорад дар нишасташ тасдиқ карда гуфтааст, ки «то Хоҷазода ҳай шефи ман ягон ҷо намерад, зиндагиш тинҷ».

 Дар ҳақиқат дар Хуҷанд квартира дорад, дар худи ноҳия бошад қариб 10.000 моли шохдор –гов ва фермаи калон дорад. 500.000 доллар ва 10 миллион рубл ҷамъ кардааст. Ҳамаи мақомотро ҳар моҳ пораҳои хуб дода мегардад. Рафиқи наздики ман, ки бо Эгам хешутаборӣ дорад, гуфтааст, ки роҳбар мисли ман доғи судӣ дорад, лекин ягон кас ягон кор намегирад.

   Рӯзҳои наздик раиси ноҳияи мо раиси ноҳияи Спитамен мешавад ва гапгап аст ки Абдуллозода ба ҷои ӯ раис мешавад. Агар мабодо нашавад ба ҷои Маҳмадёрзода муовини аввали раиси ноҳияамон мешавад. Ставка-пулашро уже через Спартак, ки корманди коррупсия мебошад ва дӯсти наздик ва хешу табори Муроди телех мебошад, гӯё дода будааст.

  Назари худи раиси ноҳияро аз ҳамин шинос пурсон гаштам. Вай гуфт ӯ раиси кумитаро беҳад бад мебинад. Пурсидам, ки барои чи? Гуфт гуё дар аввалҳои омаданаш доимо танқид мекарда бошад, ки бе пешниҳои ман ту раиси кумита шудӣ ва ахиран Нуриддин Абдуллозода  гуё ӯро барои имзо кардани қарор ва додани маблағи пулӣ запс карда шантаж мекарда бошад. Пас аз он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода тавассути ҳуқуқшиносаш гуфтааст, ки барои имзо кардани қарор дигар аз Нуриддин Абдуллозода  пул нагиретон. Одами боваринок дар кумита Худойбердиев Муслимбой ва Муҳаммадиев Аброр мебошанд ва минбаъд онҳо пешниҳодро биёранд.

Дар масъалаи Худойбердиев ва Аброр гуфтаниям, ки ҳардуи инҳо ва низ Ғулому  Фахриддин зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулованд ва инҳо ҳамчун кормандони шартномавӣ дар идораи Кумитаи замин кор мекунанд. Ду маротибаӣ доғи суди доранд.

Суол ин ҷост мақомоти назораткунанда куҷоро нигоҳ мекарда бошанд? Прокуратураи ноҳияро, ки дар онҷо ҳамсинфи ҷиянам кор мекунад назарашонро пурсон шудам. Вай гуфт чанд маротиба барои корҳои ғайриқонуниашон дело карданӣ будаанд лекин Прокурори вилоят иҷозат надодааст. Зеро, ки пуштибони Абдуллозода Нуриддин худи прокурори вилоят будааст. Об аз боло лой.

   Аз ҳамин бармеояд, ки пулро худи Абдуллозода танҳо ҳазм намекардааст. Вай ҳамроҳи Хоҷазода, раиси Кумитаи замин, Спартак ва Хоҷазода Фурқат, прокурори вилоят шариканд.

  Наход як ноҳияи калон бо 200.000 аҳолӣ мутахассиси бе доғи судӣ ва дипломдор надошта бошад? Агар мутахассис бошад, барои чи нафарони доғи судӣ дошта Ғулом, Аброр, Фахриддин ва худи Нуриддин кор карда истодаанд ва бо вимогателство машғуланд? Куҷо шуд адолат?  Куҷо шуд ростӣ? То 5.000 сомонӣ надиҳанд, санадро регистрация намекунанд. Пули санадро медиҳӣ Нуриддин Абдуллозода иҷозат медиҳад, ҷиянаш Рамзиддин қайд мекунад. Бобати Рамзиддин гуфтаниям як ҳаромхури дигар аст ва бе 3.000 -4000 сомонӣ ягон ҳуҷҷат аз экспертиза намегузарад. Ӯ ҳамчун эксперт дар МБТИ кор мекунад. Магар кор кардани ҷияну амак дар як ниҳоди давлатӣ қонунан дуруст аст? Инчунин ҷиянҳои дигараш Бобур ва Навруз  низ   дар идораи мазкур миёнарав шуда ризқашро аз идораи амакаш ёфта мегарданд. 

 Ба ғайр аз инҳо хоҳари Абдуллозода раиси ҷамоати Ғазантарак ва бародараш Бобур раиси Идораи оби ноҳия кор мекунад, агар нодуруст бошад марҳамат, омада санҷед. Ҳар бор дар вақти нишаст Абдуллозода Нуриддин ба шогирдҳояш мегуфтааст натарсед пулро ҷамъ карда биёред ман ҳаминҷо, то ман ҳастам ягон кас ягон … хурда наметавонад, танҳо пулро биёред. Ман ҳамаи инро танҳо худам намехурам, барои гаштани Шумоён ба прокурори вилоят ва Спартак доляашонро медиҳам.
Бародари азиз, ман ин ҳама маълумотҳоро солҳо ҷамъ мекунам, гапу ахбори беҳад зиёд, лекин ягон мақомдор гуш андохтан намехоҳад.

      Соли 2019 дар вақти сохтмони бинои идораи Кумитаи замин, ки сохтмончӣ ҶДММ Кордон буд Абдуллозода Нуриддин пули зиёдеро ба суратҳисоби Кордон гузаронида нақд карда аз они худ кардааст. Ин маълумотро кормандони Коруспсия огаҳӣ пайдо намуда ариза ташкил карда бо мақсади пул гирифтан Нуриддин Абдуллозодаро даъват намуда бо воситаи Спартак маблағашро гирифта муҳосиб Аҳадов Парвизро ба гарданаш монда дело карданд. Боз Абдуллозода Нуриддин аз об хушк баромад.
    Боз як ҳолати ҷиноии дигар нисбати корманди Кумитаи замин Ҷумъаев Абдукарим ба коррупсияи вилояти Суғд моҳи март ворид мегардад, ки аз шаҳрванд маблағ барои омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани замин талаб карда гирифтааст. Лекин Ҷумъаев ба ваъдааш намеистад ва чанд маротиба мебиёяд шаҳрванд. Охир шаҳрванд маҷбур мешавад ариза мекунад.

 Оиди ин ҳодиса Абдуллозода Нуриддин хабардор мешавад ва бо роҳи фиреб ба боварии кормандаш медарояд. Ва ҳамин тариқа Абдуллозода Нуриддин барои ҳалли кори Абдукарим   пули калон гирифта аз они худ менамояд ва ба Абдукарим ваъда медиҳад, ки кораш 100 фоиз ҳал. Аз ин байн чанд рӯз мегузарад. Кормандони коррупсия нисбати Абдукарим дело оғоз мекунанд ва баъдан Абдукарим ба назди шефаш   омада бо забони узбекӣ  мегуяд, ки «шеф мана дела кадан, шумо пула надодит мӣ?» Абдуллоза дар ҷавоб «вай пул барои ошкор накардани дигар ҷиноятҳо буд. Агар боз як бор пули додаатро пурсӣ дигар шаҳрвандҳоро даъват намуда, ариза ташкил намуда туро маҳкам мекунонам» гуфта таҳдид мекунад. Бо ҳамин Абдукарим хомуш  мешавад. Кормандони коррупсия делоро ба итмом расонида ба суди ноҳия ирсол мекунанд.

  То ҳатто раиси ҷамоати деҳоти Ғазантарак Рузиматов Холбуттаро бо маслиҳати пешакӣ бо корманди коррупсия, яъне Спартак бо маблағ ба даст афтонда ба ҷои ӯ хоҳараш Абдуллоева Тахминаро ба вазифаи раиси ҷамоат таъин намуд. Абдуллоева Тахмина аз ин пештар директори мактаби Зарнисор буд ва баъди вазифаи навро қабул кардан ба вазифаи директори мактаб хоҳараш яьне Абдуллоева Мафтунаро директори мактаб таъин намуд. Дар ин бора пештар Ислоҳ барномаи муфассале дошта будед. Инчунин Бобур аз ҳар як сари хона 50 сомонӣ барои об мечинад, ки он об бе пул ва аз давлати хориҷа дар вақташ ба мо кумак карда буд. Агар хато накунам 1350 хочаги ҳаст ва дар як моҳ ва дар як сол ҳисоб кунед чи қадар фоидаи муфт ба даст меорад. Тақрибан 800 ҳазор сомонӣ дар сол аз мардум бе ягон заҳмат мегиранд. Ин ғорати ошкоро нест магар?
Устод, ҳозир аз мақомот тафтишгарон омадагиянд. Зудтар нашр менамудед хуб мешуд. Мо ғайр аз «Ислоҳ» дигар ҷойи шикоят кардан надорем.

                                             Москва
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як инсони нокасу беинсоф бо номи Салимов Юсуф Ҳокимшоевич гуфтаниам. Ин одам мутаваллиди соли 1996 аст. Аз Бохтар –Қурғонтеппаи пешина. Ин Юсуф дар сохтмон кор мекунад, крановчик аст. Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбекистонро бо баҳонаи регистрация кардан фиреб карда пули бачаҳоро гирифта кидат мекунад. Ба болои ин ҳама аз бачаҳо-муҳоҷирон бо фиребу макр пул қарз карда пулашонро барнамегардонад. Аз пушти ин бадбахти бешараф дигар миллатҳо тоҷикҳо ҳамин хеланд гуфта дашном карданд. Бовар кунед, ки номи тоҷикҳоро паст зада гаштааст. Аммо вақте мепурсӣ, ки канӣ регистрация, канӣ пул афсонаи деви безонтикро нақл мекунад.
Муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ҳастанду миллати узбеканд муҳоҷирони  Узбакистон аз руи ин бешараф миллати моро сахт дашному таҳқир мекунанд. Мегуянд, ки тоҷикҳо лафз надоранд. Илтимос аз ҳукумати Тоҷикистон, аз ВКД ва КДАМ хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи ин бешарафро гиред. Ҳар рӯз мепурсанд бо1000 баҳонаву дуруғ гап мезанам. Ба Худо мардум дуъои бад карда истода аст.
Баъд фаҳмам ин беинсоф пулҳои мардумро бо фиребу фанд гирифта ба бева бозию нашакашӣ истифода мекардааст. Ду маротиба худам спайсро дар дасташ дидам, чени нахуд сиёҳ. Чандин нафаронро нашъаманд кард, ин бешараф. Шахсан худи ман медонам, ки як бача тоҷикро подставит карда ба милиса дода 40 ҳазор дода ҷонашро харид. Ришро мондагӣ вале аз шайтон ҳам бадтар аст.

Қариб сӣ сола шудааст, вале зан нагирифтааст. Не хона дорад, не зан, ақалан ба падару модараш пул роҳӣ намекунад. Майлӣ ин ҳама, проблемаи худаш. Бечора ғарибҳоро фиреб накунад. Не, баръакс боз ягон камбағалро ёфта боз фиреб мекунад, боз 4 бачаи тоҷикро регистрация мекунам гуфта пулашонро гирифт. Ин чор нафар аз куҷое қарз карда ба ин бадбахт дода буданд. Ва, боз аз ҳама аламовартар ин аст ки ин бачаҳо ду моҳа корашонро кидат шуда будаанд. Гуфтем, ки эй Юсуф «ихели накун камбағалоя, ҳамино қарз кардан, ту бошӣ бо фиреб мекунӣ, те пулшона гуфтем». Механдаду мегуяд, ки «беақлу чмо бошан,айби ман чӣ?» 

                   Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбишев)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

  Ман яке аз мухлисони беҳтарин ва кумакрасонтарин шахси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ -Куйбеши собиқ  мебошам. Ин бори дуюм аст ки ман ба шумо дар бораи ғоратгарии ноҳияамон менависам. Яке аз қафомондатарин ноҳия дар Тоҷикистон  ноҳияи мо ба шумор меравад. Чуноне дар барномаи 63юми «Номаҳо аз ноҳияҳо» қайд кардем дуздию ғорат дар авҷи аъло мебошад. Баъди барномаи шумо каме ҳам  бошад мардум аз хоби ғафлат бархестанд. Вазъият рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Ман ҳозир дар Россия қарор дорам -бо аҳли оилаам. Мутаассифона дар Россия ҳам вазъият хело ҳам безеб мебошад, ҳар рӯз рейд, мардумро ором намегузоранд, ин чи рӯзи сиёҳ  аст? Чуноне ки дар барномаи 63 қайд кардем вазъияти мактаби таълимоти умуми ҳамагонии рақами 4 рӯз то рӯз бадтар шуда   истодааст. Директор Худойбердива Шамсия аз орду равған сар карда то меваҳоро ба қавли мардум чепс (медуздад) мекунад.

 Ба ман нақл карданд, баъди пахши барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№63 аз 6-ум отдели нохия омада директорро бо ҳамроҳи ҷонишинаш яъне Худойдодов Дилшод бо лақаби кал  бурданд. Чанд рӯз онҳоро ҷеғ заданд. Ба фикрам пул дода сонӣ худро хариданд. Охири мактаб омадааст ва талабагони бечораро бо ҳар баҳонае чиз ва пул мефармояд. Директор мегуфтааст ҳар саҳар ба талабагон маҷбурӣ, ки рафта ба ман  шакалод, меавгиҳо, қаймоқ, грил гирифта биоранд, зеро ман гурустна ҳастам. Ин чи бедодгарӣ мебошад. Ба хатмкунандагон гуфтааст, ки ман атесстати шуморо намедиҳам. Агар атесстат мехоҳед ба ман 800 сомонӣ супоред. Акнун ҳисоб кунед, ки чи қадар мешавад ин маблағ аз 150 хонандаи хатмкунанда. Имтиҳонҳо наздик аст  ва талабагонро ғам грифтааст, ки ман аз куҷо пул ёфта имтиҳонро гузарам. То дар имтиҳон пул надиҳем моро намегузаронанд. Вақти гандумам шудааст ва завучи мактаб Дилшоди кал боз талабагонро ба даравидани гандум ва юнучка мебарад. Талаба мактаб дарсхонӣ меравад, ё ки алафдаравӣ?

Бовар кунед, ки дар инҷо чунон ғоратгарӣ бисёр аст ки намедонам аз куҷо сар кунам? Охири мактаб омадааст ва сари ҳар як хонанда пул ба миқдори 150 сомонӣ фармудааст барои баҳоҳоро ба телефонҳои волидайн гузарондан, яъне онлайн. О, дар хонаи як хел одам нони хурдан нест, аз куҷо интернет, у телефону суме, ки ба шумо супоранд. Дар шаҳр чунин баҳои онлайн карда натавонистанд, аз куҷо дар як ноҳияи торикистони бе барқу связ чунин плани калонро иҷро карда наметавонанд. Хайр, дигар чи гӯям, аз дасти мо, чи меояд? Ин як бузи калон мебошад. Агар саркашӣ кунем моро ба отдел месупорад. Все равно ин кори инҳо намешавад. Ана акнун нигоҳ кун аз ин кор ба онҳо чанд сум мемонад. Аз 1200 талаба ба микдори 150 сомонӣ180 000  сомонӣ мемонад. Ба ин қадар сум мо метавонем як муассисаи нав бисозем. Муассисаи нав гуфтам як чизи дигар ба ёдам зад. Пули ремонт 30сомонӣ сари ҳар як хонанда ва аз ин ҳисоб ба микдори 36000 сомонӣ фоида ба кисаи инҳо медарояд. Аммо мераванду бе пул оҳак гирифта талабагонро оварда сафед мекунанд ва ба ҳамин ремонт халос. Пулро бошад ин гурустнаҳо мегиранд.

  Чуноне дар барномаи 63 қайд кардем зиёда аз 15-20тон кумурро аз муаасиса ғорат карданд. Ва дар вақте бар кашида тақсим карданд 10 килоро 15 гуфта ба мактабҳо доданд. Аз руи ҳамин даромадҳои муфти мактаб шуда директор ва ҷонишинаш дар муддати кутоҳ соҳиби заминҳои зиёд, гову моли бешумор ва хонаҳои зебо шуданд.

  Аз пушти ин шалашофка, ин ҳаром чандин духтарони мактаб бероҳа шудаанд. Ин директор ҳар вақте ки комиссия меояд худро орову торо дода пеши онҳо меравад. Онҳоро уговорит карда дари кабинетро маҳкам мекунад ва паси дарҳои баста….. Инро ҳама медонад. Ин беваи шайтон бо  коргарони давлат қариб ҳар руз чунин мекунад. Аз ҳамин сабаб ба мактаб комиссияҳо аҳамият намедиҳанд.

  Дар мактаб талабагон як тараф даже муаллимаҳо бо муаллимҳо …..Пас талабагон аз инҳо чи ибрат гиранд.
Чуноне гуфта будем калиди кабинеташро ба 4 нафар дод. Санаи 7 марти  соли 2023 ин воқеа руй дод. Онҳо даромада корҳои маҳрамона намуданл. Ин бадбахт барои пул шуда бо номуси духтарони мо бозӣ дорад. О,мардум бовар карда фарзандони худро бо як ҳавасу армон ба мактаб мефиристанд. Дар ҷамоат зане, ки маълумотнома менависад, аз тарафи деҳаи Сотсиализм мебошад. Вай халқи тарафи худашоноро дастгирӣ ва мардуми тарафи моро бадбинӣ мекунад. Аз тарафи мактаб маҷбур карда паспорт гиранд, аз тарафи дигар коргарони ҷамоат бачагони моро «шумо террорстед» гуфта маълумотнома намедодааст. О, ин чи аҳвол аст? Баъди барномаи 63 мардуми озодихоҳ дар чанд мактаб «Нест бод пешво» навистанд. Ин хел шерони нар кам не, бисёранд. Ҳамаи инҳо мунтазири ишорат мебошанд, то митинг кунанд.

  Худойбердиева Шамсия натсисти рақами як мебошад. Одамони худашро агар гуноҳ ҳам гунанд, лекин ҳеҷ чиз намегуяд. Вале агар аз одамони қишлоқи мо кунанд ин талабагонро буз мекашад ва суми дунёи онҳоро кашида мегирад. Дар охир қайд кардан мехоҳам, ки дар деҳаи мо овози азон нест. Аз ҳамон ру насли наврас ба корҳои бад даст мезананд. Дар деҳаи мо 5 масҷид ҳаст вале ягонтои он кор намекунад. Муддати 8-10 сол мешавад ҳамаашро маҳкам намуданд. Вазъият рӯз то руз бад шуд истодааст.

Нест бод Эмомалӣ. Бародар, мо бо туем, бародар Муҳаммадиқбол!

Share This Article