Иқрор зери фишор ё гуноҳ ба гардан?
Ба наздикӣ расонаҳои давлатии Русия бо такя ба мақомоти интизомии ин кишвар хабар доданд, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон — Фаридуни Шамсидин — гӯё гуноҳро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Ҳолл» ба гардан гирифта ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба шароити маҳбасҳои Русия, таҷрибаи таъқиби муҳоҷирони тоҷик ва сиёсатҳои таблиғотиву нажодгароёнаи Кремл, шубҳаҳо дар бораи ҳақиқати ин иқроркуниҳо рӯз то рӯз бештар мешаванд.
Фаридун ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон — Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев — беш аз як сол боз дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Мақомот мегӯянд, ки ҳамаи онҳо «иқрор» кардаанд, вале ин иқроркуниҳо дар шароите сурат гирифтаанд, ки ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ онро як навъ шиканҷа, фишори равонӣ ва таъқиби сиёсӣ меноманд.
Ҷинояткорон ё қурбониён?
Маълумоти расмии Русия ва махсусан тарзи пахши он дар расонаҳо, бештар ба як таблиғоти сиёсии зидди муҳоҷирон ва махсусан зидди тоҷикон шабоҳат дорад. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мустақили байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ чандин дафъа аз шиканҷа, фишор ва муҳокимаҳои беасоси муҳоҷирон дар Русия ҳушдор додаанд.
Бештари шаҳрвандони муттаҳамшуда аз табақаи одии муҳоҷироне мебошанд, ки дар Русия солҳо бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекарданд. Аммо имрӯз — бо нақшаи амиқи сиёсии ду режими саркӯбгар — Кремл ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, онҳо ба қурбониёни таблиғоти расмӣ табдил ёфтаанд.
Сиёҳкунии миллат ва хиёнати расмии Душанбе
Қазияи «Крокус» ба як воситаи сиёсӣ барои таҳқир ва тӯҳмати дастаҷамъии тоҷикон табдил шудааст. То 19 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун айбдоршаванда дар парванда зикр шудаанд:
Фаридуни Шамсидин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Шахромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Ёқубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Алишер Қосимов, Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Исроил Исломов, Диловар Исломов ва Аминҷон Исломов.
Ин афрод имрӯз на ҳамчун «террорист», балки ҳамчун қурбониёни сиёсатҳои амниятии Кремл ва хиёнати хомӯшонаи мақомотҳои Душанбе бояд шинохта шаванд. Ҳама тавҷеҳҳои дигар ва иттиҳомсозиҳои дигар комилан ғалатанд.
Сукути шармандавори ҳукумати Тоҷикистон
Дар шароите ки шаҳрвандони тоҷик дар Русия зери шиканҷа ба гуноҳҳои маҳкумношуда «иқрор» мешаванд, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ниҳодҳои тафтишотии тоҷик ба таври пурра хомӯшанд ва ё баръакс, бо ҳамтоёни руси худ дар ҳамоҳангӣ амал мекунанд. Ин хомӯшӣ на танҳо нишонаи нотавонии дипломатӣ, балки хиёнат ба шаҳрвандони худ дар лаҳзаҳои ҳассос мебошад.
Ps: Қазияи «Крокус» бояд зери назорати ниҳодҳои мустақили байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ қарор бигирад. То замоне ки ин парванда ба таври шаффоф ва ғайрисиёсӣ таҳқиқ нашавад, ҳамаи «эътирофҳо» ва «иқрорҳо» як навъ туҳмати сиёсишуда ба шаҳрвандони бегуноҳ мемонанд. Миллати тоҷик набояд қурбонии ҳисобу китоби геополитикӣ ва фишорҳои мақомоти ду режим гардад. Дар ҳоле чанд рӯз пеш ниҳоди тафтишотии Русия ин ҷиноятро бори давлати Укроин карда буданд. Чи гӯна имрӯз 19 шаҳрванди Тоҷикистон дақиқан дар ин қазия боз муттаҳам мешаванду гуноҳи анҷомнододаро ба гардан мегиранд?.