Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№257

Ислоҳ нет

Борҳо исбот шудааст, ки мансабдорони наздик ба худи Раҳмон, даст ба корҳое мезананд, ки боиси шармандагӣ ва беобруии ин ҳукумат мешавад. Номае, ки аз Муъминобод расидааст, аз он мегӯяд, ки чи тавр як «зек»-зиндонии собиқ иштирокчии ҷанги дохилӣ шуда ва сипас то рутбаи полковникӣ мерасад ва дар ниҳоят боз раиси Идораи хоҷагии ҷангали Муминобод мешавад. Ин нафар шинос ва ҳамсинфи Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон будааст:

                           Муъминобод 

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминободам. Мактуби манро бародари гиромӣ, ҳатман нашр кунед, то мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон бифаҳманд, ки мардуми маркази ин ноҳия аз дасти Раҷабов Раҷабалӣ бо лақаби Раҷаби кишка ба дод омада намедонанд додашонро ба кӣ гуянд.

Ин Раҷаби кишка собиқадори ҷанги дохилӣ буда, то ин дам, яъне то саршавии ҷанги дохилӣ дар маҳбас адои ҷазо мекард.

Баъди озод шуданаш ба сафи Гвардияи миллӣ шомил шуд. Мардумони бегуноҳро хеле азобу шиканҷа дода нобуд кардааст.

Вай мегуяд ман дар ҳукумат хизмат кардаам. Ин озодиро аз дасти вовчикҳо ба ҷонамон бозӣ карда ба даст овардаам ва акнун бояд , ин мардум дар хизмати ман бошанд.

Мегуяд ман баъди тамоми шудани ҷанг дар минтақаи гумрукии аэропорти Душанбе кор мекардам. Дар он вақт вазири гумрук Зариф Гурез буд, фалонизан манро чап гирифт ва аз кор пеш кард. Боз мегӯяд, ки хайрият ки званиямро нагирифтанд. Ман полковники запас мебошам. Баъди чанд сол бо дастгирии ҳамсинфам Юсуф Раҳмон, ки Прокурори генералии Тоҷикистон кор мекард аз нав соҳиби вазифа шудам.

Ба ман мансаби раисии ноҳияро пешниҳод карданд, аммо худам қабул накардам. Барои онки дар Муминобод ҳамаҷоро захват карда гирифтаанд.

Ман гуфтам, ки маро раиси хоҷагии ҷангали Муминобод таъин кунед бас аст. Дар дами пири каме бошад ҳам дам гирам. Баъд фармони таъин шудани ман дар вазифаи раиси хоҷагии ҷангалро бароварданд.

Бовар кунед, бародар Муҳаммадиқбол. Баъди онки ин Раҷабалии кишка раиси хоҷагии ҷангал шуд хуни мардумро ба хӯрдан сар кард.

 Бо ҳар баҳона заминҳои мардумро кашида мегирифт ва то пул намедоданд барнамегардонд ва ба каси дигар мефурӯхт. Дар деҳаи Кулолӣ ба номи падараш як дачаи калон сохт. Мардумро водор мекард, ки дар сохтмони он бепул ё бо суми ночиз кор кунанд. Ҳатто хуроки дуруст намедод.

  Мегуяд ин дача барои ман ҳам падар шуду ҳам модар. Аз пушти ин дача обруям боз ҳам зиётар шуд. Ҳар меҳмоне, ки ба ноҳия ояд ҳатман меҳмони ман мешавад.

 Боз як дискотека дорад дар маркази ноҳия ва тамоми ҷавонон аз Фархор, Восеъ, Кулоб ва Ҳамадонӣ ба инҷо омада шаробу бангу героин мезананд. Хуллас алкашҳову наркоманҳо инҷо ҷамъ мешаванд ва то саҳар мардумро девона мекунанд.

  Ягон кас ба вай гап намезанад. Вай рӯирост мегуяд, ки

« ма ҳамара мурғ кадагийм, мада фарқш нест, началник млеса кати пракрор ҳама ай хдмай. То вахте Раҳмон Юсуф зинда боша мехом мегардм.

«Барои он ки дар вақташ Юусуф Раҳмонро ма кати Амиров сахт дастгирӣ кадагиям.

 Ана акун вазифашай ки хизмати мора куна ва нигоҳу бин кунад».

Дачаашро ба номи падараш «Алибобо» гузоштааст.

 Мегуяд, ки ман аз ҳукумат садфоиз розӣ. Писарамро депутат кард. Ҳозир писараш раиси КЖКП аст. Гуё ваъдааш кардаанд, ки раиси ноҳия мешавад.

 Бародар Муҳаммадиқбол ин навиштаро нашр кунед. Боз дар оянда менависам.

                               Турсунзода

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар ҳазор раҳмат ба шумо, ки чандин номаи моро нашр кардед. Медонем, ки шумо таърифу чоплусиро наме писандед. Шумо барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо  ҳастед. Аллоҳ гузаштаҳоятонро раҳмату мағфират кунад ва мо мардуми ноҳияи Турсунзодаро дар роҳи муборизаву ҷасорат ҳидоят намояд.

Ман дар бораи чи гуфтаниям?Дар барои чоплусони сохта ва спектакли дуруғини беақлонаи онҳо амниятиҳои Тоҷикистон. Инро ман бо гӯшҳои худам шунидам ва 100 дар 100 фаҳмидам, ки ҳамааш дурӯғ аст. Шумо мепурсед,ки чи дурӯғ аст?

 Хато накунам ин қудои мо дар 4 барномаи «Минбари муҳоҷир баромад карда буд Хулосаи гап ин аст ки имсол моҳи май ба хона рафтам. Акаам писарашро дар ҳамин моҳи май хонадор кард. Хусури акаам аз Суғд ба туй омад. Баъд ман дар тӯй бо хусури акаам рӯбарӯ шудам. Гуфтам «Амакҷон шумоя чанбор дар барномаи Минбари муҳоҷир дидам, чиба Муҳаммадиқбола ба гап мат када натонистед? Ва боз ба тарафаш дуруға гуфтам аз пешвои милат соз ҳимоят накадед, Муҳаммадиқбол ҳаматона шарманда када сур мекад».

  Тарафам хандиду гуфт: «чи хел аз ботил, аз чизи набуда чия таъриф мекадам».   Гуфтам:«ин хел бошад чаро 4 бор баромад кардед дар барномаи  Минбари муҳоҷир?»

Бо нафрат қаҳру алам гуфт: «чи хиёл каде, ки ман ба хоҳиши худам худама шарманда када баромад мекадам, ман девона нестам, аз як бепадари аҳмақ ҳимоят намекунам».
Ман боз пурсидам, ки ин тавр бошад чаро баромад кардед ва як бор ҳам не чор маротиба? Гуфтам Раҳмоновро ҳимоят кардед ку? Гуфт: «ман ба хоҳиши худам надаромадам, маҷбурӣ угрожать када моя дохили барнома мекадан, ҳатто бо телефонҳои худашон». Гуфтам,ки маҷбур мекард? Гуфт,ки гап инҷо монад амниятиҳо меомаданд маҷбур мекарданд ва агар баромад накунӣ шумоҳо хоинед зиди Пешво ҳастед, аз кор пеш мекунем мегуфтанд. Ва мо, маҷбур будем, ки баромад кунем. Агарне барои ман тамоман лозим набуд, ки баромад карда худамро шарманда кунам.

Ин хусури акаам гуфт, ки амниятиҳо бо зӯриву дашном гуруҳи чоплусҳо ва ҳимоятгарҳо ташкил карда буданд он шабу рӯзҳо. Ба ҷони ҳамаамон зада буданд. Хайрият, ки яке бас карданд.

   Бародар Муҳаммадиқбол ана ҳамин буд, ончизе, ки хостам ба шумо нақл намоям. Як калимааш дурӯғ нест.

                             Вахш

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз бародарони шумоям, ки дар барномаи «Номаҳо…»-и шумораи№160, дар бораи мушкилоти мардуми Вахш нома равон карда будам. Алҳамдуллилоҳ, ки баъд аз нашри он нома дар деҳа шароит 90 дараҷа дигар шуд.

Ятимовҳое, ки сӣ сол зулм ба мардум мекарданд, аз вазифаи директори мактабамон гирифтанд. Лекин ин туберкулезҳо ҳоло ҳам бошад бо ҳайси муаллим ва муаллима кор мекунанд. Ятимов Хуршедро бошад алакай касалии туберкулез девона кардааст. Аммо вай ҳамон хел девонавор кор мекунад. Чунки ӯро зани собиқаш, ки муовини раиси ноҳияи Вахш мебошад ба хотири фарзандонаш аз вазифа намегирад. Ятимов Дилшод ҳам муаллими одӣ шуда кор мекунад, вай ҳам бемор ҳаст. Онҳо ҳамчун бемори туберкулез аз ҳукумат пенсия мегиранд. Оё барои бемор костний туберкулез муаллим шуда кор кардан иҷозат аст?

Бародар Муҳаммадиқбол алҳамдулиллоҳ масҷиди моро кушоданд. Мо масҷидамонро ба номи шумо гузоштем –масҷиди Муҳаммадиқбол.

Бародар Муҳаммадиқбол дар деҳаи мо як зан аз Душанбе омаду худашро аз хешовандони Ҷаноб гуфт ва роҳи моро девор зада ба суйи хонааш дароварда буд, аммо то ҳол он роҳро ҳеҷ кас накушодааст. Ятимов Хайрулло, раиси маҳалла бошад баъд аз барномаи шумо алафашро паст мечарад. Худоро шукр дар деҳаи мо як шахс ҳаст бо номи Сангак, ки у ҳамаи бачаҳои қишлоқро бузӣ карда ба хизмат равон мекунад. Аммо бачаи худаш бошад дар Русия мегардад. Ин Сангаки ҳаромӣ боз ҳозир, ки аблавакунаки мост духтари Азизро ба бачааш курта пушондааст.

 Азиз бошад ҳеҷ гоҳ домодашро ба хизмат намебарад.

 Як зан ҳаст дар деҳаи мо номаш Зулайхо. Вай се бачаро сағира калон карда истодааст. Яке аз онҳо калон шуд. Баъди хатми мактаб ба Русия равон кард. Аммо, вай дар Русия мурд. Ду бачаи дигараш монд. Яке аз онҳо айни ҳол талабаи мактаб аст. Дигариашро Сангак ба аскарӣ равон кард. Дар ҳоле, ки қонун иҷозат медиҳад, ки он бача то ба сини ҳаждаҳ даромадани бародари мактабхонаш ҳамчун саробон оила хизмат наравад. Ин зани бечора бошад ҳозир бедастёр монда аст. Аммо Сангак худаш зиндаву бачаҳояш ба хизмат намеравнад, ин адолат аст?

Боз як бачаи дигар аз деҳаи моро, ки Шараф ном дораду аз Русия омада буд Сангак тӯҳмат кард, ки бо мухолифин, бо Муҳаммадиқбол гап мезанад. Лекин начальник уголовний розиски ноҳияи Вахш Саидҷон ӯро омада бурд ва панҷ сутка маҳкам кард ва панҷ ҳазор сомониашро гирифт ва баъди панҷ суткаи зиндон телефони ӯро проверка кард, ки ҳеҷ гап набудааст сипас раҳо кард.

Аммо масҷиди моро, ки кушода буданд маҳкам карданд ин бадбахтҳо. Алҳамдулиллоҳ мардуми мо панҷ вақти намоз дар масҷид ҳастанд ва ҳамаамон дар ҳақи шумо дуогӯем. Мардуми деҳаи Ҳофизи шерозӣ ҳамакаса бо шумоем.

 Илтимоси ман аз шумо ин аст ки номаи маро зудтар чоп кунед, то писари оқи падари Сангакро ин навбат аз Русия оварда ба хизмати ҳарбӣ равон кунанд. Барномаи Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро мардуми Вахш зиёд тамошо мекунем.

Бародар саломат бошед ва Аллоҳ ҳифзатон кунад.

                                      Рашт

  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Рашт бароятон менависам. Дар ҳукумати ноҳия кор мекунам. Раиси ноҳияи мо Зарина Идиева дар як ҷаласа эълон намуд, ки ман дар минтақаи Рашт «гап занам. Чизеро, ки ман бигӯям, Ҷаноб ҳамон корро мекунад. Чунки ман намояндаи Ҷанобам. Ҷаноб минтақаро ба ман бовар карда супорид».

 Боз дар байни дӯстони наздикаш гуфтааст:  «чизе доштем ҷамъу гирд кардему фурухтему боз қарз кардему додем ва додарамонро калони депутатҳо-раиси Маҷлиси Намояндагон мондем.(Файзиддин Идизода, бародари Зарина раиси Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд).

Ана акнун имрӯз чанд баробаре, ки мефорадамон ҷамъ мекунем. Шукрона, ки Раҳимҷон (Раҳими ғармӣ) аз Ғарм аст, аз Нуробод нест. Чи расходе барои ҳукумати Рашт лозим бошад, Раҳимҷон бегап мекунад».

 Аммо мардуми Ғарм аз дасти ин беваи Зарина дод мегуянд. Мегӯянд ин хел гушнаашро  нав дидем. Одамоне, ки аз заминларза зарар диданд, вақте ба қабули раиса мераванд, умуман қабулашон намекунад, ҳиҷ кумаку ёрдам намекунад.  Мардум мегуянд, ки охир рӯзи шанбе рӯзи қабул аст. Ҷаноби Олӣ рӯзҳои қабул таъин кардааст. Аммо ин бева мегуяд, ки «брен шикоят кнен кҷоеда мефоратон. Брен Ҷаноби Олида меген ё Муҳаммадиқболда навишта ройӣ мекнем, чизе мекнен кадан гирен».

Ин бева аниқ девона шудааст ё чизе дигар.

Ин беваи пуштғафс корш фақат куртаҳои ранги ба ранг пушиву доля ҷамъкунӣ.   Зарина Идиева гуфтаст: «оли иқаи дига бигзара, ай тамоми минтақаи Рашт ҷамъ мекунм доля, ай я Ғарм не. Раисорам дар минтақа худум через додарм пешниҳод мекнм». Дузандае, ки барояш курта медӯзад гуфтааст, ки як куртаи ин раиса барои чор кас курта мешавад. Аммо бисёр сахту мумсик аст, ки ҳатто нисфи пули куртаро ҳам намедиҳад итари раисарам дидем.

                                         Истаравшан                

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Истаравшан деҳаи Сурат. Дар деҳаи мо як нафаре аст бо номи Абдуназар (Абду). Ин нафар буз мебошад. Соли гузашта аз халқ сум ҷамъ кард ва роҳро бо ёрдами мардум мумфарш карданд. Аммо дар телевизион барнома ташкил намуда гуфтанд, ки роҳ аз ҳисоби Абдуназар мумфарш карда шуд. Ин дар ҳоле, ки аз мардум бо тарсонидани бачаатро ба хизмати ҳарбӣ мебарем иҷозат гирифтани замин ва туй намедиҳем ва ғайраҳо аз сари ҳар як хоҷагӣ сум ҷамъ кард. Имсол тасмим гирифтааст туйхона созад. Ин дафъа гуфтааст, ки сари касӣ аз сини 18  сар кадра то пиронсол сум мегирам. Охир ин ҷавони 18сола, ки нав мактабро хатм карда дар ҳеҷ ҷо кор намекунад, ё ки пиронсол, ки нафақаи вай ба худаш намерасад аз куҷо сум диҳад?
Бародар Муҳаммадиқбол дар деҳа якчанд муалимони буз ва раиси ҳаромхур дорем, ки дар барномаҳои оянда дар бораашон навишта роҳӣ мекунам.

Худам чанд сол пешавад, ки ватан нарафтаам. Ин ҳама маълумотҳоро мардум фиристода мегӯянд, ки ҳатман ба «Ислоҳ» фиристам. Чунки баъди нашри арзу шикояти мардум вазъият дигар мешавад.

То навиштаи баъдӣ, Худо ёратон бошад.

                                           Ваҳдат

     Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман Аҳмад аз шаҳри Ваҳдат. Сипос аз шумо, ки номаи маро дар барномаи 247-и «Номаҳо…» хондед ва ба навиштаҳои ман шарҳ додед.

Бале, шумо рост мегуед ва ман ба суханҳои шумо розӣ ҳастам. Аммо инҷо сухан дар бораи шуҷоати ин олимони динӣ меравад, ки роҳи худро муайян кунанд:- ё бо мардум ё бо тоғут.

Мисол барои чи аз Мукаррам ва амсоли онҳо на мегуям, чунки роҳи онҳо ба ҳама маълум аст.

Бадбахтии мо дар ҳамин аст ки илми динӣ доранд вале сухани ҳақро намегуянд . Мардуми авом ва коркунони ҳукуматӣ фикр мекунан, ки ин корҳои ҳукумати тоғут дуруст аст. Агар аз ҳукумат ранҷ мебаранд мисли пайғамбарамон Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам ҳиҷрат кунанд ва нишон диҳанд ба мардум, ки бо корҳои ҳукумати тоғут розӣ нестанд, мисли шумоҳо ва дигар бародарони мухолиф. Чи шумоён аз рӯзи хуш ҳиҷрат кардед? 

Ва дар роҳи мубориза ва инқилоб мо бояд лидери сиёсӣ ва ҳам лидери динӣ дошта бошем.

Магар суханам дуруст нест? 

Магар замини Худованд фарох нест? 

Вақте онҳо дар дарун меистанд ва норозигии худро нишон намедиҳанд бо ин илму донишашон, мардум фикр мекунад, ки ҳамаи ин қонунҳои ҳукумат дуруст аст. Аммо онҳо метавонанд фақат бо як ҳиҷраташон нишон диҳанд, ки онҳо норозиянд.

   Бояд як руҳонии бо шуҷоат бошад, ки мардумро дар роҳи мубориза тавассути даъватҳои динӣ бо шумо ҳамроҳ ва ҷамъ кунад. Мо бояд дар роҳи инқилоб мардумро тайёр кунем, ки дар он рӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз қавмият донад баро чи инқилоб карданӣ аст ва барои кӣ?

Ва, кӣ кафолат медиҳад, ки рузи инқилоби мардумӣ, ҳукумат ин муллоҳоро бар зиди инқилоб истифода намебарад. Мисли фатвои додаи руҳониҳои тоҷики Афғонистон. Дар онҷо ҳам ҳоҷӣ Бердӣ яъне (ҳоҷӣ Мирзо) баромад карда буд. Аммо на аз қуръон гуфту на аз ҳадис. Танҳо шумо унту ҳастеду ин тур ҳастед гуфту халос.

Магар намедонанд беҳтарин ҷиҳод ин сухани ҳақ дар пеши шоҳи золим аст.

 Ва мардум донанд, мо бо як гуруҳи ҷиноие, ки ғасби ҳукумат карданд мубориза мебарем ва мисли муҳорибаҳои ҷаноби Расули акрам танҳо бо онҳое, ки даст ба гиребон шуд, ки бо мо муқобилият нишон медиҳанд, чунки тоғут танҳо қувва ва зуриро мефаҳмаду халос.

Ва дигар мардуму қавмият рӯзи инқилобӣ орому осуда бошад ва ба моликияти онҳо ва ҷамъиятӣ зарар нарасонем, ки ин ҳама аз ҳисоби мову шумо сохта шудааст ва бояд хизмат кунад.

Агар бо ин суханонам касеро озор дода бошам пешакӣ узр мехоҳам.

Мутаассифона, ба фикри ман ҳақиқат ҳам инхел ҳаст ва мо бояд воқеъбин бошем, вагарна шикаст мехурем ва ҳукумат ба дасти Рустами гунг меафтад. Тоғути Раҳмонов танҳо қувваро мефаҳмад, чунки худаш бо ҳамин тариқа ба курсӣ омадааст.

 Бо эҳтиром Аҳмад, аз Ваҳдат.

                                               Маскав

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман имрӯз дар шаҳри Москва, азбаски муҳлати истифодаи шиносномаи хориҷиам кам монда буд, консулгарӣ рафтам барои ҳалли масъалаи шиносномаи нав. Дар консулгарӣ гуфтанд, ки арзиши шиноснома барои 30 рӯз 11 ҳазор рубли русӣ вале барои 14 рӯз 18500 аст. Яъне агар дар як моҳ бисозанд,11 ҳазор ва дар 14 рӯз созанд 18500. Аммо бо ҳар василаву баҳона халқро аҳмақу аблаҳ фарз карда аз ҳама 18500 рублӣ гирифта истодаанд.

Ман гуфтам, ки аз они ман бигзор дар як моҳ омода шавад, чунки он қадар пул надорам ва ҳамин 11 ҳазор медиҳам. Аммо гуфтанд, ки ҳамроҳат шиносномаи тоҷикӣ надорӣ. Бихоҳӣ, ки шиносномаи хориҷиат нав шавад ҳамин маблағи 18500 рублро пардохт кун.

18500 рубл супоридам. Бовар кунед, ки инҷо ҳам дуздӣ рафта истодааст ва ҳам ғорати мардуми бечора ва дармонда, ки як тинро дар ин ғарибӣ базӯр меёбанд. Аммо инҷо ду, се нафар муфтхур дар ҷойи шишташон рӯзона даҳҳо ҳазор кор карда истодаанд.

Хеле ҳам беинсофию ноадолатӣ аст.

                                                    Исфара

    Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Исфара ҳастам. Дар шаҳри Исфара камбудиҳо бисёранд. Соли гузашта водоканал нархи солонаи оби канали маҳаллаи 12 ва 13-ро ду баробар зиёд кард. Мардум ба ҷои 100 сомонӣ 200 сомонӣ пардохт карданд. Бо раиси оби канал шиносашон шартнома карданд, ки маблағи мардумро ғорат мекунанд. Мақсади инҳо бо ҳар баҳонаҳо аз мардуми ҳамин маҳаллаҳо пул чиндан аст. Онҳо ба мардум шарт мемонанд, ки обро танҳо як маротиба дар ду ҳафта бигиранд. Дар акси ҳол аз онҳо то 60сомонӣ хоҳанд гирифт. Ин баҳона барои он аст ки вазъи таъминоти оби канал ба сокинони шаҳраки Сомониён хуб нест. Ҳол онки роҳи бисёртар сар додани об ба канали маҳаллаамон вуҷуд дорад. Пули мардумро ғорат мекунанд, вале мардумро ба об таъмин карда наметавонанд. Мардуми маҳаллаамон чандин маротиба ба ҳукумат арз карданд, вале арзу шикоятҳояшон бенатиҷа аст. Мироби маҳаллаамон соли гузашта чандин насоси обкашии сокинони маҳаллаи моро дуздид. 

  Аз дасти кумитаи андоз се соҳибкор мағозаи худро баст ва тиҷорати худро давом дода натавонист. Ба ҳамаи ин коргарони кумитаи андозро айбдор мекунам.

Нархи ҳавлиҳо хеле баланд аст, бар замми ин аксарияташ бо об таъмин нест.

Барқ бошад мушкилии чандинсолаи мо аст. Дар фасли зимистон болимит ва ҳам шиддати он хеле паст аст, хонаҳоро гарм карда намешавад. Мо ду сол пеш ба маҳаллаамон хати оби Лучински кашида будем, то ки дар зимистон об нахарем.   Ҳамон обро низ доимӣ намедиҳанд. Вазири об куҷоро нигоҳ мекунад, ман ҳайронам.

  Мактаби 10-и шаҳраки Навобод дар ҳолати бад қарор дорад. Худо нахоста агар заминҷунбӣ шавад, мактаб чаппа мешавад. Директори мактаби 10 Самадова Ш. аст. Аз ин пеш Холматова Ҷамила директори мактаби 10 буд. Ӯ аз хонандагон барои ободонии мактаб гуфта пул гирифт вале ҳамаи он маблағҳоро ба манфиати шахсияш сарф кард. Ӯро барои ин кораш аз вазифа озод карданд.

 Мактаб барои хониш шароити хуб надорад. Дар фасли зимистон агарчи барқ ҳам бошад, синфхонаҳоро гарм карда намешавад.

Ман 11 сол дар ин мактаб таҳсил кардаам ва ҳолати ин мактабро медонам. Маориф ба китобхонаи мактаб китобҳои нави дарсӣ ва бадеӣ медиҳад ва соҳиби китобхонаро маҷбур мекунад, ки маблағи китобҳоро рӯёнад. Дар мактаб аксарияти дарсҳо намешавад. Нисфи омӯзгоронаш аз ӯҳдаи дарсдиҳӣ намебароянд. Вазъи мо ҳамин аст дар Исфара.

  Илтимос, ин номаро нашр кунед, то ки ҳамаи тоҷикон бифаҳманд, ки вазъу ҳол дар Исфара чи гуна аст. Ман ҳар он чизеро ки дидам ба «Ислоҳ» навиштам.  

Share This Article