Ledy from Ғарм №3

Ислоҳ нет

Ҳуқуқ, шарофат ва давлатдорӣ қурбони як «бонуи фосид»: суқути Рашт аз даруни худ

Ин сеюмин шумораи силсилаи «Ledy from Ғарм» аст-силсилае, ки ба назар мерасад доманадор мешавад ва ҳар бор парда аз рӯйи маълумоти нав аз дохили ноҳия, аз равобит, кадргузорӣ, фасод, лоббиҳои хешутаборӣ ва зулме, ки мардум мебинанд, хулосаи худро мебардорад.

Матлаби ҷорӣ ишораҳои тоза ба равандҳои пинҳонӣ, муносибатҳои қудратӣ, тасмимҳои пуштипарда ва ҳолати воқеии идора шудани ноҳияро дар бар мегирад. Чизҳое, ки то имрӯз на гуфта мешуданд ва на иҷозаи баён доштанд.

Ин силсилаи матолиби «Ledy from Ғарм» то тантанаи ҳақиқат идома хоҳад ёфт.

Матлаб чунон ки расидааст-бидуни таҳрир-ба шумо пешниҳод мешавад. Ором хонед…

         Ҳукумати ноҳия дар муҳосираи фасод

   Ассалому алайкум бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Рашт менависам. Қаблан ҳам навишта будам, ҳамон мӯсафедеам, ки дар ҳукумати минтақа чандин сол фаъолият кардаам. Албатта, аз рафти қироати нома пай хоҳед бурд, ки ман кӣ ҳастам ва то куҷо маълумотҳои мефиристодаи ман воқеӣ мебошанд.

Ба ростӣ, бо он ду мақолае, ки дар бораи Зарина Идизода бо номи «Ledy from Ғарм» нашр ва навор намудед хело мардуми ноҳия кӣ будани ин зани, намедонам чи номаш бигирам, шаттоҳи мағзупосабукро фаҳмиданд. Аммо аз ҳазорон айбу нуқсонаш танҳо нол як фисадашро гуфтаед. Ман талош кардам, ки навиштаи шуморо идома бидиҳам.

Баъди ба сари вазифа омадани Идизода Зарина Фузайлшоевна тамоми соҳаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт рӯ ба таназзул ва  нобудшавӣ ниҳодааст.
Зарина Идизода дар ҳақиқат як зани гандагашт, сахт булҳавас ва айшу ишратдӯст мебошад. Метавонанд дар бораи ин бонуи сарсари зонуҳо аз Нуралӣ Муродов, собиқ сардори КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Аббосзода собиқ мудири маориф ва айни замон роҳбари почтаи ноҳияи Рашт, аз ҳамсари дуюми додараш Фируз, бо номи Ганҷинаи Соҳибназар, ки аз додараш як духтарча дорад, аз Муслим, аз Ориф аз Ҳоҷӣ Обид директори кони ангишти Камароб пурсанд ва инҳо ҳам ҳақиқатро беистиҳола баён медоранд, як майда ҳам намепӯшонанд, буду шудашро мегӯянд.  

Бигзарем аз ин ҳама «дил бурдану дил доданҳояш», ки ҷойи ободиаш намонд-моли худаш, кори худаш.


     Зарина Идизода дарунсиёҳ ва кинагир аст


Падари Зарина Фузайлшо, ки гураш дар гирад, худ як одами дуруя буд ва ин шо Аллоҳ, ки ҳаром мурд. Фарзандонашро бо таги тавақи мардум калон кардааст.  
Дурӯя барои чи мегуямаш? Барои онки дар он вақтҳо ҳам тарафи давлат гап мезад ва ҳам тарафи мухолифин. Кӣ будани ӯро аз дилхоҳ одам пурсед мегӯяд.  Насиҳати Фузайлшо ба фарзандонаш ҳамин буд, ки дарси зиндагиро ҳама вақт аз ман омӯзед. Фақат ва фақат таърифу тавсифи бардуруғ роҳбарияти давлату атрофиёнашро кунед. Чунки роҳбарияти давлатро ҳар чи дуруғ таърифаш кунед, ҳамон қадар хушаш меояд.
Баъди ба сари вазифа омадани Зарина Идизода тамоми шахсоне, ки каме донишу таҷрибаву маҳорати корӣ доштанд аз вазифа маҷбуран суршон карду ба ҷояшон шахсони наздик ба худаш, ки тамоман дониш ку як тараф, одоби инсониро надоранд ба вазифаҳо таъин намуд.
Барои мисол раиси молияи Раштро, ки инсони хоксор буд аз вазифа гирифту ба ҷояш Алишери ҳамсинфи додараш Фирӯзро монд.

Сардухтурро гирифту ба ҷояш ҳеварашро, ки на таҷриба дораду на дониш таъин намуд. Раиси Идораи андози ноҳияро гирифту ба ҷои вай нафари худаш бо номи Маҳмадиев Оятуллоро таъин намуд.

  Директори медколлеҷро гирифт, ба ҷояш хешованди хадашро таъин намуд, ки як ҷавони бетаҷриба аст

Хулоса ҳамаи  кадрҳоро иваз намуду ба ҷояшон хешовандон ва наздикони бе таҷрибаи худашро оварда монд.
Дар худи ҳукумат, ки ҷои кори худаш аст ҳамаи одамони созро сур карда ба ҷояшон нафаронеро овардааст,ки бемаълумотанд. Барои мисол дар кумитаи занон ва оила як духтари дузандаи бе маълумотро оварда раис мондааст. Ҳукумати ноҳияро  духтарборон кардааст, ки мегуӣ инҷо Идораи занҳо бошад.
Агар шахс бе маълумот ҳуқуқи кор кардан дар муассисаҳои давлатиро дошта бошад, чи даркор буд ин қадар сол нафарони бечора сарашонро гаранг карда донишгоҳу донишкадаҳоро хонда диплом мегиранд. Нахонанд, бе диплом ҳам кор карда мешудааст, ку. Мақомот, марҳамат, тафтиш карда бароед. Аксарият аз кормандони ҳозира, ки бо Заринаи Идизода кор мекунанд, маълумотнома пешниҳод кардаанд, ки гуё мехонанд.

Як нафар аз онҳо мегӯяд, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар курси ду батаври ғоибона мехонад. Вай мегӯяд, ки бо тавсия ва ёрдами Зарина Идизода ба Донишгоҳ ворид шудааст. Зарина Идизода гуфтааст, ки худи Ҷаноби олӣ, Пешвои муаззами миллат ғоибона хондагӣ. Шумо ҳам як бало карда дипломро бигиред.

Вале, мо мегӯем, ки хуб агар мехонанд бигзор хонанд, вале магар кадрҳои дигарро қаҳт задааст, дигар кадри дорои таҳсилоти олӣ дар Ғарм боқӣ наомндаст. Бигзор ҳоло соҳибони диплом, онҳо, ки хонда тамом карданд, ба кор қабул шаванд, онҳо, ки феълан мехонаннад, баъди анҷоми таҳсил ба кор қабул шаванд.

 Мақсади ин хонум дар инҷо дигар аст. Яъне онҳоеро оварад, ки мурданивор дар итоати вай муттаҳам ва забонкутоҳи вай бошанд.

Аз ин ҷо аст сиёсати кадрии Зарина тамоман сифр аст.

 Аммо маълум гардид, киЗарина дар як кор бисёр маҳорати хуб дорад: дар туҳмат, фишор ва шантаж тавассути мақомоти болоӣ, болои мардум ва кормандонаш. Бисёриҳоро бо роҳи фишор ба воситаи мақомотҳо аз вазифа озод намуд. Барои мисол вақте ки раиси молияи ноҳияро аз кор озод кард, талабгорҳо барои ин мансаб бисёр буданд. Ҳамаи онҳоро даъват карда бо бародаронаш таҳдидҳо намуд, ки агар аз фикратон барнагардед Шуморо туҳмат зада ҷаҳаннамро дар ин дунё бароятон нишон медиҳам.

Яке аз номзадҳо ба вазифаи раиси молия Абдулхайр Мирзоев, роҳбари ДЕУи  минтақа буд. Зарина ва бародаронаш Фаррух, Файзалӣ, Фируз даъваташ карда  гуфтанд, ки агар даъвои ҳамин вазифаро дорӣ, даст бардор, вале даст набардориву рад накунӣ, додаратро бо ҳамроҳи худат туҳмат карда маҳкаматон мекунем, ки дигар озодиро намебинед. Додари Абдулхайр раиси Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия аст.
Дар бораи бародарони Зарина Идизода дар навиштаҳои пешина ҳам гуфта шуда буд, ки киҳо ҳастанд ва дар куҷоҳо кор мекунанд. Аммо бори дигар хотиррасон мекунам, то инки мардум бидонанд.
1) Идиев Фаррух: Раиси нозироти ноҳияи Нуробод, ки тамоми мардумро ба ҷон расонидааст.Аз соҳибкорон пурсед, ки чи азобҳо аз дасти ин ҳаромхури дузд доранд. Фаррух Идиев миллионҳо сомонӣ аз сохтмони шоҳроҳи Оби гарм, Нуробод кор карда ва аз ин пулҳо чанд хона дар Душанбе харидааст ва дар деҳаашон хонае сохта истодааст, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеояд, ки агар одам дузд набошад  чунин хонаву дороиву соҳиби се зану чанд фарзанд шавад? Фаррух се зан дорад: зани аввалааш, дар деҳаашон зиндагӣ дорад, дуюмаш, дар нозироти андози ноҳияи Рашт кор мекунад, сеюмаш дар Нуробод ҳамроҳи худаш мебошад.
2) Идизода Файзалӣ: Раиси Маҷлиси намояндагон аст. Ин як муаллим буд, муаллими бесавод, на ақл дораду на дониш. Ман ҳайронам, ки инро кӣ ва барои чӣ ба ин мақоми муҳимми давлатӣ пешбарӣ карда бошад? Ва кадри ба вазифа лоиқ ҳисобида бошад? Рости ин оби даҳони худашро пок карда наметавонад. Ҳар ки ӯро бардурӯғ пешниҳоди ин мансаб кардааст, хиёнат ба давлату ба Ҷаноб кардааст. Дар ин вазифа то омадани ин нафар шахсоне буданд, ки ба ватан хизмат карда буданд. Барои мисол Хайруллоев Сайдулло нафари намоён ва хизматнишондода буд, Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин. Ба ҳар ҳол Маҳмадтоир Зокирзода ҳам гарчанде одами намоён ҳам набуд, лекин дар вазифаҳои баланди давлатӣкор карда буд. Файзалӣ як муаллим буду халос.  
3) Идизода Фируз: Сардори Идораи фурӯши барқи ноҳияи Рашт, ки кораш фақат дуздиву ҳаромхӯрӣ аст.
4) Идизода Зарина: Раиси ноҳияи Рашт. Зарина, бо омаданаш ба ин мақом обрӯ ва иззати раисии ноҳияро аз байн бурд. Аксарият медонанд, ки Зарина ин курсиро чи тавр ва бар ивази чӣ гирифтааст. Ман бо тамоми масъулият эълон мекунам,ки  ҳар нафаре, ки ӯро ба ин вазифа пешниҳод ва дар назди Ҷаноб кадри лаёқатманд муаррифӣ намудааст ба давлат ва роҳбарияти кишвар хиёнат кардааст. Чунки ин зан лоиқу сазовори ин вазифа нест.  
 Қасам мехурам, ки кори Зарина иншабурӯзҳо иборат аст аз дуздӣ, ғорату фасод  мебошаду халос.  Дар куҷое, ки як ваҷаб замин аст онро фурӯхта истодааст. Ба ҷони ҳамаи кормандони ба соҳаи замин вобаста расидааст. Ҳар рӯз супоришашон медиҳад, ки «ку бинед ба мана замин кобед». Агар бовар надоред рафта пурсед аз шахсони муттасадӣ.
Ноҳияро расво карда истодааст, алалхусус маркази ноҳияро. Дар куҷое як ваҷаб замин барои роҳ гаштан аст ҳамаро ё фурӯхтаасту фурӯхта истодааст ё ба номи хешону наздиконашон карда истодааст.

Дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои баландошёна рафта истодааст, ки аз ҳар нафар домсоз маблағҳои ҳангуфтро гирифтааст. Барои мисол аз Ҳоҷӣ Обиди фиръавни замон, ки дар замини худаш хонаи баландошёна сохта истодааст барои иҷозат сад ҳазор долллари ИМА гирифтааст.

Дар маркази ноҳия як нуқтаи истгоҳи мошинҳо буд, ки ҳамонро ҳам фурӯхта дар ҷояш бинои баландошёна сохта истодаанд, ки аз домсозҳои онҷо  ҳам ҳафтод ҳазор доллари ИМА барои иҷозати сохтмон гирифтааст. Насаби ин соҳибкор Киёев мебошад. Хулоса, аз ҳар соҳибкоре, ки ба ин кор машғул аст чунин маблағҳои ҳангуфтро гирифтааст. Ягон майда на дар фикри ободӣ асту на дар фикри мардуми камбағал. Кораш фақат дуздиву ғорат асту халос. Чи аз соҳибкорон ва чи аз маблағҳои буҷа. Барои мисол айни замон бинои сохтмони ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, ки дар деҳаи Қазноқ сохта шуда истодаст (инҷо деҳаи худи Зарина Идизода  аст) бо пули мардум ва соҳибкорон сохта шуда истодааст. Айни чунин аҳвол бинои Идораи ҷаавнон, бинои меҳмонхона дар пушти бинои ҳукумат, бинои боғчаи кудакона, ки ҳамааш бо пули мардум ва соҳибкорони бонангу номус. Вале мо ҳатман пайгирӣ мекунем ва дар охир мебинем, ки маблағҳо аз буҷа ҷудо шуда ба ҷайби Зарина рафтанд.

  Як чизи дигаро аз суҳбатҳои «Ledy from Ғарм» инҷо мехоҳам бигӯям. Зарина гуфтааст: «33 фоизи идораи давлат дар Тоҷикистон ҳозир дасти мо аст. Чи коре хоҳем мекунем. Чунки акаам раиси Маҷлиси намояндагон аст. Бо имзои акаи ман метавонанд президентро аз вазифа гиранд. Барои ҳамин мо ҳар кореро хоҳем метавонем бикунем».

  Аз роҳбарияти кишвар муҳтарам Пешвои миллат ҳамчун як шаҳрванди одӣ хоҳиш менамоям, ки ҳар чи зудтар ин зани бадахлоқи сабукпоро, ки  дар вазифа ба таърифу тавсифи шояд Асадулло Қимматович таъин намудедаш барканораш намояд. Ин зан лоиқи ин вазифа нест, ҳамаро расво кардааст, боз расвотараш мекунад.
 Мардуми одӣ аз рӯзи ба сари вазифа омадани ин зан ба танг омадааст.
Зимистон омадаасту мардум на свет, на ҳезуму на ангишт доранду намедонанд чи гуна сармои куҳистонро  гузаронанд.

Мегузарем ба масъалаҳои асосӣ
Нозироти андози ноҳияи Рашт, ки роҳбариашро Маҳмадиев Оятулло ном шахс ба дӯш дорад якҷо бо кормандонаш ба ҷони мардуми андозсупоранда задаанд. Ин нафар  ягон мақомот ва ягон масъули ҳукумати ноҳияро сари сӯзан писанд намекунад. Ягон нафар ба вай зураш намерасидааст, ки гап занад. Аз ҳамаи соҳибкорон пора мегирад аз 2500 сомонӣ боло. Барои мисол аптекаҳо, мағозаҳои хурокворӣ ва молҳои рузгор, заправкаҳо ва дилхоҳ нафаре, ки ба соҳибкорӣ машғул аст метавонад дар мавриди зулму ситами роҳбари нозироти андоз гап занад. Ҷаноби Маҳмадиев агар ришва ва порагир набошад аз куҷо  ва аз кадом пул дар ҳар бинои сохтмонҳои рафтаистода хона мегираду дар Душанбе ҳам. Барои мисол ман соҳибкор ҳастам омада мегуяд, ки ту бояд нуҳ ҳазор сомонӣ андоз супорӣ, лекин роҳеш ҳаст, ки 6 ҳазор месупориву халос. Вақте мегуӣ чи хел? Мегуяд се ҳазор ҳақи ман, се ҳазор андози давлат ва корат ҳал, аз андоз озод мешавӣ. Аз дилхоҳ соҳибкор пурсед ҳақиқати корро пинҳон намекунанд. Аксарияти кормандони Идораи  андози ноҳияи Рашт даст ба пораву ришвахорӣ мезананд. Раис, муовинаш Нуралӣ, мутахассиси идора Ҷовид, Рустам, ки хусурбурдаи Файзалӣ Идизода мебошад, хулоса, аксарият коррупсиянери гузаро ҳастанд ва ба давлату буҷа зарарҳои калон мерасонанд.  

Ҳозир бурути раиси нозироти андози ноҳияро табар намебурад, чунки одами Зарина аст. Ҳар кореро хоҳад дар ноҳия ба қавли худаш мекардаасту ягон касро намепурсидааст, танҳо супориш медодааст.

  Зани дуюми Фаррух, ки дар нозироти ноҳия кор мекунад мегуфтааст: «ин занғари ҳароми Фаррух ин беваша барои тулгирӣ роӣ карда бошад назди ман. Зан гирифтӣ ҳамроҳи худат кораш гир». 

  Дилхоҳ корманди ҳукуматро кор мефармояд. Ягон касро аз мақомоти иҷроия гуш намекунад. Як вақт аз мақомот саҳари барвақт интизоми меҳнатро тафтиш мераванд, ки аз тирезаи утоқи кориаш тафтишгаронро дида калаашро бароварда мегуядашон, ки «гашта равед, ки фалонту мекунам». Ин назоратчиён тарсида гашта мераванд ва ба«Ledy from Ғарм»и раиса мегуянд, ки раиси нозироти андоз ҳамин гуна муносибат кард. Бева бошад (шояд истифодааш мебарад) мегуяд «майлӣ, ҳеҷ гап не зиқ нашавед».

 Агар суханашро ҷавоби рад додӣ, тамом, ҳамон рӯз рӯзи охири кориат мешавад. Чунки ин нафар аввалаш шояд фоҳишаро истифода мебарад, дуюм онки ҷодугарбоз аст. Набошад як вақтҳо дар вақте Фаррух раиси нозироти ноҳия буд, аз кор сураш карда буд. Лекин боз бо кадом як воситаи ҷодугарӣ дилашро ёфту кор даромад. Ҳозир, ки раис шудааст фикр мекунад, ки дунё таги пояш аст, намедонад  ки аз пушти ҳамин бева катагӣ дорад. Кораш фақат ғорат асту халос. Ба ғайри дуздиву ғорати мардум ва давлат кори дигар надорад. Чанд ҷойҳоро ғасб карда гирифтагиаст. Ба маълумоте, ки дорам ҳатто дар мудати кутоҳ соҳиби хона дар Душанбе ва соҳиби мағозаҳо дар маркази ноҳия шудааст, агар дузд набошад аз куҷо ба он маоше, ки мегирад ин ҳама дову даҳанаро харидорӣ мекунад? Дуздӣ мекунад аммо соҳибкорҳоро мегуяд «ман болода метиям долия, ин мақомотҳои гушнаи гирду атрофа мехуронум, хай магарам дуздӣ кунем». Пулро ба худаш ҷамъ мекунад аммо «болову поён» дар бало задагӣ.

Раёсати молияи ноҳия ҳам аз давраи Хурсанд бадтар шудааст. Одами худаш аст, ки Раёсати молия мисли киссаи шахсии Зарина шудааст.  

Беморхонаи маркази ҳам расво. Ҳеварашро сардухтур мондааст, ки зеби подабони дорад.  

Дар коллеҷи тиббӣ ҳам хеши худашро мондааст, ки ҳама корҳо расвотар аз давраҳои пешин.

Кони ангишти Камароб кони шахсии Ҳоҷи Обид -фиръавни замон шудааст.  Як тона ангиштро ду ҳазор ва ду ҳазору сесад сомонӣ кардааст. Аз куҳ меканад ба мардум хокашро 1300 сомонӣ ва ангишти ғайри хокаашро 1550 сомонӣ мефурӯшад, ки бечора ронандаҳо роҳкиро сарф карда мераванд меоранд.

Агар қиммат нафурӯшанд хароҷоти кардаро намебароранд. Аз тарозу барои як мошин бор 500 кг тахфиф мекунад, ки ронанда оварда мефурӯшад, як тонна, то ду тона кам мезанад, як тон то дутонааш санг мебарояд, ки бар зиёни ронандаҳо мешаванд. Кони ангиштро хонаводагӣ кардааст.

«Ledy from Ғарм» дар як маҷлисаш Ҳоҷӣ Обидро даъват кардаву гуфт, ки набояд як тонна ангишт аз 1300 сомонӣ боло фурӯхта шавад. Аммо ин як спектакл аст. Модоме, ки дар ҷои истихроҷаш ба ронандаҳо 1550 сомонӣ мефурӯшад чи гуна метавонанд 1300 оварда мардумро таъмин кунад. Бовар кунед хуни мардумро Заринаи бодпо ва Обиди фиръавн макида истодаанд. Дар инҳо на имону на виҷдону на инсонгарӣ мондааст.
Мехоҳам каме маълумот дар бораи Ҳоҷӣ Обиди раиси кони ангишт диҳам. Ин шахс   зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, деҳаи Шаҳринав мебошад. Ягон маълумот надорад, агар солҳои охир нагирифта бошад. Боз ба ҳамин бе маълумотияш раиси ҷамоати Қалъанак ҳам кор кардааст.

  Баъди ба вазифаи раиси кони ангишти Камароб таъин шуданаш як нафар ҳамдеҳааш бо номи Мансурро дар ҷойи худаш овард, ки як шахси дузду ҳаромхур ва зинокор буд. Нав шунидам, ки аз вазифа гирифтаанд. Ин шахси ҳаромхур чандин духтарони хонаро суистфода аз мансаб карда духтариашонро гирифтааст. Ман ҳайронам, ки ин шахси ҷинояткор ҳоло ҳам дар озодӣ аст. Инро бояд 70 сол дохили маҳбасаш мекарданд. Ҳаёти чандин духтарро сузондааст. Ҳамин зинокорро Обид дастгириаш мекарду мекунад.
Обид якчанд бародар дорад, ки дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ тарафдори мухолифин буд ва дар минтақа намояндагӣ мекард. Худашонро яке аз сарсахттарин мухолифин нишон медоданд. Аммо ман ҳайрон ҳастам, ки чаро ҳукумати кунунӣ чунин нафаронро то ҳозир дар вазифаҳои калидӣ мемонад. Ин золиминро ҷояшон ба солҳои тулонӣ маҳбас аст. Ногуфта намонад, ки падари Зарина Фузайл ҳам дар вақташ дуруягӣ мекард: гоҳ дар наълу гоҳ дар мех мезад. Боз фарзандонашро насиҳат мекардааст, ки бояд чунин бошед, дар кадоме паллаи тарозу вазнин аст ҳамон тараф равед. Ин гуна одамон бисёр хатарнок ҳастанд, ҳам барои ҷомеъа ва ҳам барои давлат.

 Як бародари Ҳоҷӣ Обид  дар вазорати алоқа кор мекунад, ки домоди Бег Сабур  аст. Гуфтанд, ки зани дуввуми вай  духтар ё хоҳари Бег Сабур аст. Такаббуру катагиашон аз пушти ҳамон додарашон аст. Номи додарашонро намедонам. Лекин ҳамин қадар мегуям, ки ин нафарон дуруяанд, бисёр хатар доранд. Ҳар вақте сари қудрат дигар одам ояд инҳо боз тарафи ҳамон мегарданду дар танқиди ҳукумати кунунӣ мегузаранд.

  Аз муҳтарам ҷаноби Президент бо арзи адабу эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар ин фасли сармо ба доди мардуми бечораи мазлум, ки зери зулми Зарина ва Обид қарор гирифтаанд бирасед ва супоришашон диҳед то бо нархи дастрас мардумро бо ангишти хуб таъмин кунанд. Набояд, ки як тона ангишт аз 700 сомонӣ зиёд бошад. Аз куҳ мекананд бор мекунанд. Инҷо дигар коре нест, санги Худованд халқ карда аст.
  Ногуфта намонад, ки инҳо:-Зарина ва Обид робитаи хешутаборӣ ҳам доранд.  
Чизи дигарро бояд инҷо қайд кунам. Номаҳое, ки дар вақташ дар бораи Лоиқзода Қаноатшо ба Ислоҳ фиристода мешуданд, ман сад дар сад бо боварии том гуфта метавонам, ки кори  дасти Зарина ва бародаронаш буд. Хостанд ба ҳамин восита Лоиқзода аз кор равад ва ҷояшро гиранд, ки инҷо гурӯҳи дуюм- Зокирзода бо ҳамроҳии Муқимӣ Раҳимҷон Набизода халал расониданд, барои ҳамин он вақт раиси ноҳия шуда натавонист. Баъди гирифтани Лоиқзода, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Лоиқзодаро бисёриҳо медонанд,ки Зарина Идизода сиёҳ мекард.

Бародар ман як ҳолати дигарро ба шумо гуфтаниам, то ки симои воқеии ин Зарина «Ledy from Ғарм»  ошкортар гардад.

Дар урфият мегуянд, ки гург ҳамааш бӯр аст. Инаш аз онаш ҳеҷ фарқе надорад. Ҳар кадоме бо услуби худ мардумро зулм карданд. Аммо бадтаринаш ҳамин Зарина аст. Барои мисол Лоиқзода одами бепарво буд. Кадом кореро мардум дархост мекарданд ё бе пора ё бо маблаги ночиз кори мардумро ҳал мекард. Заъфаш дар он буд, ки ҳаромгашт ва зинокор буд. Олими Набӣ раиси пеш аз Зарина Идизода одами зинокорро бад медид, зинокор набуд, аммо порахур буд. Барои мисол агар коре 5 ҳазор ставка дошт чоруним ҳазор мебурдӣ ва зора мекардӣ, ки дигар надорам, не намешавад мегуфт. 

Аммо Заринаро ба хотири фоҳиша буданаш ганда бад медид. Аммо Зарина ҳам зинокор, ҳам фоҳиша, ҳам порахур, ҳам дузд ва ҳам, мутаассифона, айни ҳамон Муҳаррами ғарч аст ки духтарони мардумро пешкаш мекунад.
 То онҷо ки ҳамон вақтҳо дар кор будам, вақте охирон досйеи сиёҳи Лоиқзодаро нашр намудед-инҳо як фермаи ҷавоб доштанд, ки дар зери наворҳои Шумо коментҳо менавистанд ва яке аз роҳбари ҳамин гуна гурӯҳҳои коментнавис дар давраи Лоиқзода, Зарина Идизода буд, омада ба гурӯҳ гуфт акнун бас аст комент навистан, Лоиқзода тамом шуд, дигар фоидааш надорад ва Ислоҳ корашро кард. 

Маҳмадтоир Зокирзода, ки он вақтҳо дар мақоми муовини сарвазир кор мекард пешравии Лоиқзодаро дида ҳасадашон омад. Барои ҳамин онҳо бо ҳамроҳи  Олим Набӣ ба сиёҳ кардани Лоиқзода гузаштанд. Сабаб чӣ буд? Сабаб дар он буд, ки Маҳмадтоир Зокирзода талаби курсии раёсати Маҷлиси Намояндагонро дошт ва баъди худаш Олим Набиро пешбарӣ карданӣ буд, ки Зарина боз корашро ҳамроҳи бародаронаш нисбати Олими Набӣ оғоз намуду ба «Ислоҳ» мактубҳои танқидӣ фиристоданро шурӯъ кард. Коре карда Олим Набиро аз вазифа озод ва дар ҷояш Заринаро таъин намуданд. Боз Олими Набиро дар кадом як вазифа таъин карда буданд, ки дар омадани Ҷаноб дар назди Асадулло Қиматович (Сумбулоғо) сиёҳ ва коре карда ба Асадулло муносибаташонро безеб кард. Вақте Асадулло Раҳмон баргашт ба Душанбе Олим Набиро аз вазифа озод карданд. Ҳолати корро муҳтарама Озода Раҳмон аз Асадулло пурсад ҳатман чунин шарҳаш медиҳад.

 Дар мавриди  сиёҳ кардани Лоиқзода агар аз Муродов Нуралӣ пурсанд он кас ҳатман тасдиқ мекунад, ки ҳолати кор чунин буд. Чунки Заринаро Нурали Муродов ба ҳамин ҷойгоҳу мақом расонида буд, бар ивази дилбозиву дилдорӣ.
Боварии комил дорам, ки ин суханон ба гуши роҳбари кишвар муҳтарам Президент мерасад ва бовар дорам, ки чораи кори Зарина Идизодаро мебинад.
 
 Дар бораи интихоботи Файзалӣ Идизодаи бародари Зарина Идизода ба маснади раиси Маҷлиси намояндагон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин кор ҳамааш як спектакл беш набуд. Агар дилхоҳ одами қади куча дар бари Файзалӣ номзадиашро барои мансаби раиси Маҷлиси намояндагон мемонд, боварии  комил дорам, ки ин нафар мегузашт. Аммо инҳо дар бари Файзалӣ одам тарошиданд, аз ҷумла раиси бахши кишоварзии ҳамон вақтаро, ки номаш дар ёдам нест. Рафтанду костюму брюки 5 ҳазор сомона хариданд, пизишконро фармуданд дандонҳояшро дуруст карданд.

 Ин номзад гуфтааст:  « хай соз, ба ин баҳона соҳиби костюм брюки 5ҳазорӣ шудаму соҳиби дандонҳо. Аз ман чи рафт? Ҳеҷ! Ҳамаро худашон карданд».
Зарина бисёр гурусначашм аст. Вақте дар ҳукумат ягон меҳмон ояду меҳмондориаш кунад, баъди рафтани меҳмонҳо омада ҳамаи тагмондаҳои меҳмонҳоро ҷамъ мекунаду хонаш мебарад, мегуяд шавҳараму фарзандом мехуранд.
Ҳар маҷлис бе таърифу тавсифи худаш намегузарад. Мегуфтааст: «ман зани зебои дилрабо ҳастам, ҳар марде маро бинад мехоҳад бо ман расад, лекин камтар дар ҳамин сурато чашму биниам нохуб меоянд, рафта ҷарроҳии пластикӣ мекунам худамро, боз ҳам зеботар шавам».  

Аммо бисёр ҳам шумқадам будааст. Аз паи қадами Зарина имсол дар ноҳия бебаракатӣ омад. Заминларза шуд. Ҳама дар майдони марказии ноҳия дар тараддуди ҷашн гирифтан буданд, заминларза шуд. Беваи бешарм муяш наҷумбида маъракаи консертиашро давом додан гирифт. Хулоса, ба супориши роҳбарияти кишвар соҳиби хона шудаанд, аммо Зарина ҳам бо аҳлу авлодаш соҳиби хонаву хеле чизҳо шуд.

 Мардуми шарафманди тоҷик аз манотиқи ҷумҳурӣ кумак зиёд фиристонданд, ки ба онҳо як шаҳр месохтиву як сол, ду сол ин мардуми ҷабрдидаро хурока бепул мешуд. Аммо ҳаминҳоро ҳам хурду бурду дуздид бо наздиконаш. Мардумро бисёр азоб доданд, ки равед хонаҳоятонро таъмир кунед. Дар ҳоле, ки маблағи устопулиҳоро ҳам дода буданд, Зарина Идизода мардумро бе пул кор фармуда пулҳоро худаш хурд.
Дар нашрҳо ва наворҳои пешин қайд намудед, ки Раҳими Ғармӣ кашелоки Зарина шудааст, дуруст аст. Ман ҳайронам, ба ин Раҳими Ғармӣ. Ба ҷойи онки маблағи ҳалолатро ба ин сабукпову сабумағз сарф мекунӣ, ба ягон беваи бенавову бе кас ё ягон камбағал диҳӣ хубтар нест?
Дар ҳар маҷлисаш  шинад хезад «мана Раҳими ғармӣ дар Душанбе хона бо тамоми шароитҳояш дод, кайе чи қадар пуле гуям уф нагуфта бароварда метияд» мегӯяд.

 Раҳими Ғармӣ гуноҳу бад аст, ки барои як дузду ҳаромхуру сабукпо пулатро ҳаром кунӣ.
Дар дохили ҳукумат ҳама духтарони бе саводро ҷамъ кардааст, гуё коргаранду кордон. Инҳо танҳо барои пешпарон кардан барои сохторҳо ва меҳмонҳои шаб меистодагӣ дар ҒАРМ мебошанд. 
  Саидов Мубориз, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, ки дар нашрҳои пешина роҷеъ ба   корҳои бади анҷом медодааш гуфта будед, дар воқеъ дуруст аст. Аввалин кори бадашро ӯ бо худи ҳамин Зарина анҷом додагӣ аст. Он вақтҳо Зарина раиси ҳизб буду ин кас корманди ҳизб. Аммо бо мурури вақт «аз лесидана бача ба ҷон омад». Муносибатҳояшон гурехт ва дарав ба туҳмату подстава ва таҳдид гузашт, ки аз кор гирадаш, аммо натавонист. Ҳамон мактубе, ки дар яке аз «Номаҳо аз   ноҳияҳо»-дар ин бора, ки кадом як гуруҳро дар Файзобод қапиданд, рафта буд ва дар он гуфта мешуд, ки корҳои бадро анҷом медодаанд, сад дар сад боварӣ дорам, ки ин мактуб аз ҷониби Зарина ба «Ислоҳ» рафтааст. Чунки бо дигар роҳ ин бачаро аз кор гирифта натавонист ва расонаияш кард, ки бигирандаш. Лекин то ҳозир кор ва фаъолият намуда истодааст.

 Ростӣ, ман тарафдори ин бача нестам. Аммо ҳилаву макру бадбиниву қасдгирии Заринаро мегуям, ки як одами чатоқ аст. Набошад, ин бача, ростӣ, арзандаи чунин вазифаҳо нест, ҷавон аст, шояд дониши кофӣ надошта бошад, агар дониш ҳам дошта бошад, таҷриба надорад.

Муовинони раиси ноҳия ранги мурғи дар обзадагӣ дар пеши ин беваи шаттоҳ мебошанд.
Ба ҷуз аз муовини аввал Шарифзода Ҳандулло, ки таҷрибаи калони корӣ дорад, боқимонда муовинон одамони бе таҷриба мебошанд.
Аз ҷумла Баллазода Саидбек, муовини кишоварзӣ кораш фақат дуздӣ, заминфурӯшӣ ва кораш замини холӣ кобӣ ба Зарина аст. Ягон савод надорад. Вазифаи хонагиаш кормандонро сиёҳ кардан дар назди Зарина мебошад. Ногуфта намонад, ки ин одам язнаи Хурсанд, раиси собиқи молия мебошад. Ва як вақтҳо одами Шоҳ Искандаров, яке аз мухолифини онвақтаи ҳукумат буд. Ман боз ҳам ҳайрон мешавам, ки афроди  он вақта ҳозир ҳам дар ҳукумат кор ва фаъолият доранд. Ба монанди Шоҳ Искандаров, Маҳмадҷонов Сайдаҳмад. Ин ду нафар душмани ашадии ҳукумати кунунӣ буданд, аммо айни замон дар сохторҳои қудратӣ кор карда истодаанд.
Саъдуллозода Баҳром муовини раис дар соҳаи сохтмон. Одами бесаводи бе таҷрибаву бе дониш. Аммо одами Маҳмадҷонов Сайдаҳмад яке аз мухолифини сарсахттарини Пешво.

 Ба наздикӣ мағозаи бо пули ҳаром сохтаи ин нафар ба коми оташ рафт. Тоза фаҳмидам, ки таъмираш карданӣ ҳастанд ё таъмираш карда истодаанд.  

 Дар бораи Сайдаҳмад маълумотҳо бисёранд, чунки ҳамон вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо дар ҳукумат кор мекардем. Ин бошад,ба қавли худашон муҷоҳид буд. Баъдан Толибови раҳматӣ, ки ҳамдеҳааш буд ба муҳофизӣ қабулаш кард, Худо раҳматаш кунад Толибовро гуфтамаш, ки инро бояд кор намегирифтӣ. Гуфтанд кори худатро кун. Гуфтамаш, ки сагбача калон мекунӣ, почаки худатро мегазад, боварам накард. Аммо дар ҳақиқат чунин ҳам шуд.Чунки духтари ягонаи Толибовро хонавайрон кард. Ростӣ, дигар намедонам ин духтар чи ҳол дораду чи аҳвол.   

 Айни замон Сайдаҳмад дар ВКД кор мекардааст,одами бо қувват будааст, аммо кӣ буданашро ҳоло омухта истодаам, ки чӣ кора аст дар ВКД.

 Вақтҳои дар ноҳияи Ленин дар мақоми сардори шуъбаи милитсия кор карданашро фаҳмидам, ки чи қадар мардуми ноҳияи Ленинро ғорату тороҷ кардааст. Аз инҷо буд, ки баъдан бо шикояти мардуми ноҳия аз кор ронда будаанд. Боз бо кадом як воситае дар вазорат ба кор даромадааст. Аммо маълумотҳои давраи Толибову давраи ҷанги шаҳрвандиашро дорам, пурра омухта баъд пешкаши хонанда ва бинандагони Ислоҳ мегардонам,то бидоданд ин нафар кӣ асту чаро то ҳозир дар маҳбас неву дар вазифаҳои калидӣ кор намуда истодааст. Бояд қайд намоям, ки Толибов раиси онвақтаи ноҳия буд.
Муовини дигараш Маҳмадисо номаш, ки як одами бе таҷриба аммо инсони на онқадар бадаш мегуянд.
Муовини дигараш як духтар, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ асту як зарра дониш   ва  ягон таҷриба надорад.
Ронандааш Оятулло холабачаи Зарина мебошад. Ба ҳамаи корҳои ҳукумат дахолат мекунад, кошелёк- пулҷамъкунаки Зарина мебошад. Як ронандаро ҳатто   муовини аввал наметавонад дуршттар ҳамроҳаш суҳбат кунад.  

Хулоса, вақте ин ҳама корҳои нодурустро мебинем, бовар кунед, хело ҳам зиқ мешавем. Мо ҳам дар вақташ кор мекардем:- аз даврони шуравӣ то сини нафақа ва дар даврони истиқлолият. Чунин беадолатиро ҳеҷ гоҳ надида будем.
Боварии комил дорам, ки суханони мани нафақахур ба муҳтарам Ҷаноби Олӣ мерасанд ва чораи корро ҳам мебинанд.

Охирсухан

Силсилаи «Ledi from Ғарм» акнун аз доираи як матлаб гузашта, ба рӯйкард ва барномаи доманадор табдил меёбад. Ҳар ҳарфе, ки то имрӯз бо садои паст гуфта мешуд, акнун ба навиштаи ошкор табдил ёфта истодааст. Ҳақиқат роҳи худашро мекушояд-ҳатто агар дар байни санги фишор ва девори тарс бошад.

«Ислоҳ» аз ин пас ҳар иттилоъ, ҳар ишора ва ҳар далели навро, ки аз дохили ҒАРМ мерасад, боз ҳам пуртаваҷҷӯҳтар пайгирӣ хоҳад кард. То замоне ки ҳақиқат пурра рӯи об мебарояд ва номҳои гунаҳкорон-аз хурд то калон-дар назди мардум ва таърих қарор мегиранд.

Ин садо хомӯш намешавад.
Ин силсила қатъ намегардад.
То тантанаи пурраи ҳақиқат.

Поёни бахши севвум , бахши чаҳоруми Ledy from Ғарм №3 пурра омода аст ҳафтаи оянда тақдими хонандаи Ислоҳ мегардад, бо Ислоҳ бошед!

Share This Article