Таҳти чӯби амният: «доди хуну ашки Нуробод»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №20

Ин матлаб маҷмӯи резаахбор аз деҳаҳои гуногуни Нуробод аст хабарҳое кӯтоҳ, вале пур аз дард, фишор ва беқонунӣ. Ҳар иттилоъ аз дохили зиндагии мардум меояд: аз об, аз духтур, аз амният ва аз занони беваи ғоратшаванда аз тарафи мақомоти ноҳия.

Ин навишта на барои ҳангома, балки барои огоҳ кардан аст. То онҳое, ки худро нодида мегиранд, бидонанд: Нуробод сухан мегӯяд, ҳатто зери фишор.

Садои захмдори нурободиён аз дохили як муҳосираи пинҳонӣ

 Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи Ҳақ. Номаи ман аз ноҳияи куҳистонии Нуробод аст. Дар ин нома дар бораи чанд нафар маълумот фиристода мешавад ва манбаъҳо ҳам чанд нафар аст. Муҳим он аст ки ин нома ба таври алоҳида чоп шавад, то он нафарҳо, ки ному насаб ва аъмоли зишташон дар инҷо тазаккур мешавад, бидонанд ва бифаҳманд, ки мардум онҳоро хуб шиохтааст.

Резаахбори аввал  дар бораи Беҳрӯзи бузи тегирмӣ. Чанд вақте пеш бо чанд нафари дигр ҳамроҳаш дар ҷамоат будем. Вай як гап гуфт. Гуфт: «ма агар амният бошам мардуми Нурободро, аз ҷумла мардуми Тегирмиро барои онки хизмат намераванд «ришои падарошуна қоқ метрошум».

 Як вақтҳо ҳамин Беҳрӯз ҷияни ҳамсинфаш Муллоев Парвизро бояд хизмат мебурд. Аммо ҷияни Парвиз гражданини Русия будааст. Чанд бор ба идораи ҷамоат фарёд кард, пул канданӣ шуд, аммо натавонист. Баъд мо гуфтем, ки Парвиз ҳамсинфат аст, чаро ин қадар ҷиянашро ғам медиҳӣ? Гуфт «апаашро фалон кунам, Парвиз маъқулам нест, иқа ғамаш тиям уро». Вале оқибатуламр ҷияни Парвиз гражданини Русия, ки буд Беҳрӯз хизмати аскарӣ бурда натавонист.

Резаахбори дуввум: дар бораи коргари амнияти Сафедчашма, Сиёвуши ҷойнишини Ҳайдар, ки бисёр мардуми Тегирмӣ ва мардуми Нурободро азият мекунад мебошад. Мегуяд, ки «мардуми Нурободро дӯст намедорум, чунки бисёр намоз мехонанд, мардуми террористанд». Мегӯяд як рӯз мулло Муҳиддинро ҷамоат фарёд кард. Он вақтҳо мулло Муҳиддин хатиб будааст. Дар ҷамоат ба сари мулло дод мезанад- патсани 30 сола ба сари муллои 60 сола. Мегуядаш, ки мардуми гумроҳи Нурободро насиҳат кун, дар минбар фақат номи пешворо бигир, таъриф кун ва ин гапҳоро бо дуғу пуписа гуфта тарафаш фиғон мекунаду дод мезанад.

Хатиби Тегиримиро фишори бисёр оварданд, аз ҷонаш безор карданд, гурехт рафт Русия. Амниятиҳо водор мекарданд, ки дар минбари масҷид фақат таърифи ҷанобро кунад, вале ӯ намекард шери Аллоҳ.

Резаахбори севвум: дар бораи Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳия аст. Солеҳзода ин қадар бо мототсиклат дар қишлоқҳо нагард, беҳтараш пеши роҳи порахурҳоро бигир.

 Як нома дар бораи Зарина, духтури зоишгоҳи Нуробод. Дар роддоми райёони нав агар занат писар таваллуд кунад Зарина то 1000 сомонӣ шахсан нагирад ҷавоб намедиҳад. Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 224» дар бораи Зарина навишта буданд, аммо то ба ҳол ягон резутат надод. Шавҳараш дар лабораторяи Фароз ҳоло ҳам кор карда пора гирифта гаштааст.

Резаахбори дигар:  дар бораи Эшонов Забиҳулло, раиси Идораи шуғли аҳолӣ. Ин порахур то ҳоло кор карда истодааст.

  Резаахбори дигар: дар бораи мардуми Яхак дар ҳамон Номаҳои 224 гуфта буданд, ки тахтаҳои онҳоро милисаҳо омада аз хонаҳояшон ба зӯр шабона гирифтанд ва барои сохтмони 6-ой отдел бурданд ва боз таҳдиду тамасхур карда буданд мардуми камбағалро, ки ба шумо тахта ҳайф аст. Мардуми диндорро шумо риш мемонед гуфта ҳарруз мебаранд 6-ой отдел. Шумо писарҳоятон дар Русия «Ислоҳ»  тамошо мекунанд гуфта мезананд. Ба ҷони мардум ин 6 –ой отдел задааст.

Дар тамоми ноҳия лимити светро то як соат кардаанд. Гури модарат бисузад Раҳмонов. Модари ту мурдагӣ дар таги хок аст, вале дар тори гӯраш свет дорад, аммо мо мардумони зинда бе барқем.

 Мардуми Нуробод дар ҳақи модари мурдагиат дуъоҳои бад мекунанд. Ин дуъои мардум ин шо Аллоҳ кадом рӯзе ба худат мерасад.

Светро 1 соат карданд, ки кумурҳои хусурбачаҳои Раҳмонов ба савдо равад.  

 Резаахбор аз Лангар: Дар Лангар бемористон ҳаст аммо духтур надорад. Дар Тегирмӣ ҳам меравӣ, духтур нест. Фатҳуддин Солеҳзода як бор бо мототсиклат ба инҷоҳо ҳам бигард, ҳоли мардумро бин. Духтур маошашро мегирад вале дар ҷойи кораш нест, на дар Лангар ва на дар Тегирмӣ. Бемористонҳо бе табиб ҳастанд, мардум сарсону саргардон , бе барқӣ , бе духтурӣ ва …. Фатҳуддин Солеҳзода то ҳол, ки 11 моҳ бештар мешавад аз фаъолияти ту кори ягон касро буд накардаӣ. Вақти қабул пешаш медароӣ мегуяд дида мебароем ва ба ҳамин тамом.

Айни замон миёнарав-посредникаш ронандааш бо номи Суҳбат аст ки амакбачаи худаш мебошад. Ҳамаи кор аз таги дасти ҳамин мегузарад.

  Дар бораи барномаҳои «Ислоҳ» гуфтааст, ки агар ҳаррӯз дар бораи ман барнома кунад ҳам ман ҳеҷ касро аз вазифа намегирам. Ин гапро раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода ба шофёраш гуфтааст.

  Баъди «Номаҳо аз ноҳияҳо №224» ба як гапи «Ислоҳ» хурсанд шудааст. Шумо дар бораи Сайраҳмони шикамба ҳам дар он барнома гуфта будед. Гуфтааст, ки  хайрият халос шудам, бо ин баҳона дигар тамом ягон вазифааш намедиҳам.

Нома дар бораи тағои раиси ноҳия буд. Баъди он барнома тағои Сайдаъзами шайтонмиҷозаш аз мардуми Кабудҷар барои ободи Нуробод гуфта пул ҷамъ кард. Вай пеши раис меравад. Котибаш пеши раис медарояду мегуяд тағоят омадааст. Раис бошад ҷавоб медиҳад, ки вақт надорам ва қабулаш намекунад. Тағояш хеле интизор меистад. Ва ниҳоят мегуяд, ки бигуедаш, ки пул овардам. Котиб боз медарояд. Боз ҳам мегуяд вақт надорам, пулашон лозим нест.

  Як рӯз пеши Сайдаъзами тағои раис Раҷабалии Раҷуха меояд ва мегуяд, ки ягон вазифа гирифтан даркор. Ҷиянатро гуй ягон вазифаи соз гирам, ҳақатро мегирӣ. Сайдаъзам пулро дуст медорад. Меравад пеши раис  ва мегуяд, ки ҷиян як касро вазифа додан даркор. Раис тарафи тағоияш мегуяд, ки посредникӣ накун, пеши ман ин қадар наё. Рав аз қафои повуриат шав, касеро вазифа даркор аст биёяд рӯзи қабул.

 Боз дар бораи Сиёвуши амниятӣ. Ин Сиёвуш бо усто Ҷалол бо лақаби Ҷалоли сиёҳ ва ҳамсинфаш Рабонии милиса бангро мезананд. Ва касе маъқулашон набошад ба Сиёвуши амниятии ҷураашон мефурӯшанд.

 Як вақт Ҷалоли усто бангро мезанад, баъд додарашро ҳақорат мекунад. Мегуяд барои зан шуда апаашро лат мекунад додари Ҷалоли усто, боз мегуяд дар пеши ҳамсояҳо чи хел нигоҳ кунам.

 Як рӯзи дигар дар столовийи Таги чанор арақ мехурад. Ҷалоли усто арақфуруши пеши Нуробод аст. Раҷабалӣ, лақабаш манту, арақро мехурад. Ҷалол баъд нақл мекунад, ки як рӯз 6-ой отдел фарёдам карда номерҳои амаки Ҳоҷиамро пурсиданд. Гуфтам дар алоқа нестам. Баъд, мегуяд яктоям заданд, гуфтам, ки вай бо ман гап намезанад, назараш намегирад. Ман аз дигар кас меёбам. Номерҳоро ёфтаму додам. Аммо ҳочӣ маро фурӯхтӣ гуфта аз ман хафа шудааст.

 Бузи номери яки райёони куҳна оиди облава Садиров Каримҷон ва боз додараш Раҷабалии шикамба -арақфурӯши райони куҳна мебошанд. Падарашон ҳам бузи калон буд, даргузашт-Хайбари манту.

  Дар бораи Шуҳрати блогер, ки шуморо дашном карда буд, шунидам, ки амнияти Нуробод номашро дар чёрний списокаш навиштааст. Як рӯз бо як ҳамсинфамон ,ки бо Ҷалол кор мекунад шунидам, ки Сиёвуши амниятӣ гуфтааст, ки сагбачаи Шуҳрат ба Душанбе  биёяд «бо ита мулло шидай қавраш таёрай».

Шуҳрат барои худашро сафед кардан домулло шуморо ҳақорат кардааст. Вале   Сиёвуши амният гуфтааст, ки Шуҳратро фоида надорад, уже номаш дар дафтарам ҳаст. Ин Шӯҳрат, ки шуморо дашном кард, худашро мулло гирифтааст, лекин як мошенник аст. Бобои Қандро Нуробод фарёд карда буд, барои онки модарашро бинад, маъқул кунад. Бобои Қанд модари Шуҳратро дид, аммо маъқул накард. Бобои қанд гуфтааст, ки бева пири бад аст нагирифтасташ.

 Дар бораи Зокири военкомат, ки дар «Номаҳо № 224» гуфта будед. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Аммо ягон резултат нест. Барои мардуми Шашволон, Қаланак, Тутхоро то ҳоло билети ҳарбӣ карда пул гирифта гаштааст.

 Нома дар борай Зарина врачи детский. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Гуфтааст, ки « гапзанша медонам чо кунам». Чанд моҳ пеш зани додари раиси Нурободро ҷарроҳӣ карда пулашро гирифтааст. Коргаронаш мегӯянд, ки ин Зарина духтур нест, қассоб аст, камтар сабр намекунад. Зуд арӯсҳоро ҷарроҳӣ мекунад, яъне бачадонашонро беҳуда мебурад, албатта, барои пул. Ин гапро Зарина аз даҳони коргарҳояш фаҳмидааст. Гуфтааст, ки шумо бесаводҳо намедонед, ки пули оператсия-ҷарроҳӣ «хушру ҳастай 4000 сомонӣ ҳозирашда».

  Зарина, агар занат писарча таваллуд кунад 1000 сомонӣ тоқа худаш мегирад. Боз ба ёрдамчиҳояш отделно 150 сомонӣ медиҳӣ. Боз ба медсестра, санитарка ва медсестрае, ки кудакро то дами дар мебарорад. Боз барои кравати хоб ҷудо медиҳӣ. Хуласи гап то кудакро гирифтан 5000 ҳазор сомониат мепарад.

Як дона капел мемонад аммо пули се капелро мегирад ва ё мегуяд раву се капел гирифта биёр. Ин дастпуш-причатка ва дигарҳояш беҳисоб, чи хеле даҳанаш барад мегуяд. Мардуми Нурободро ин Зарина девона кардааст. Ягон кас ягончиаш намегӯяд.

Амният фақат мардуми масҷидро ғам медиҳад, фақат ришдорҳоро меқапанд. Ҳаромиҳо мемуред порахӯрҳоро, масалан ҳамин Заринаро зуред санҷед бинед чи ҷиноятҳо анҷомдодаистодааст.

Як резаахбори дигар аз деҳаи Мучахарф: Бузи калони мучахарфӣ Ибодулло бо лақаби Ибоди 7 зана ва боз бевабоз. Бо беваҳо гап мезанад ва як бор истифода мебарад, камера мекунад, дигар кадом вақте даркораш шавад телефонаш мекунад, зани аз шавҳараш чудо шударо. Агар бева гапашро нагирад Ибоди шайтон дарав таҳдид мекунад ва наворро ба он зан ба восиати телефонаш нишон медиҳад. Зани бечора ноилоҷ розӣ мешавад.

Ин Ибоди буз аввалҳо махсумҳоро мефурӯхт. Ҳозир бошад бачаҳои онҳоро мефурӯшад. Ҳамаи мардуми Мучахарф медонанд, ки Ибод буз аст, лекин ягон кораш намекунанд. Боз як характери дигараш дуруябозиаш аст. Гапро мегуяд, лекин дарав ба занаш қасам мехурад, боз ба бисмиллоҳ қасам мехурад ва мункир мешавад аз гуфта ва кардааш. Як вақтҳо як зан гирифта буд, тавба, бо ду зан дар як утоқ хоб мекард, беномус.

Боз Ибоди даҳмардааш мегуянд. Дар соли 2022 даҳмарда буд. Вақте молҳоро аз чаро меовард, як хел одамҳо молашонро намеёфтанд. Мегуфт агар гапи зиёдатӣ занӣ ба милиса месупорамат, дар милиса шинос дорам мегуфт. Молҳои мардумро бисёр дуздид.

  Як нафар аз Самара барои Ибоди дуруя гапҳои зиёд гуфт, ки онро ҳоло намегуем. Вале Ибод агар боз давом диҳад, дигар корҳояш ҳам ҳаст, назорат мекунем. Ба ин Ибод гуфтанием, ки мардуми Мучахарфу Сари мазорро нафурӯш, ба бачаҳои Махсум кор нагир, бачаи махсум Маҳмадикромро чақа нашав. Вай ягон гуноҳ надорад. Бовар мекунед, ки мардуми Мучахарф мебинандаш мегурезанд. Наход одам аз дидани бачаи одам гурезад?

Ба номи Худо ягон гапи камтар танқидӣ занӣ, бегаҳ мебинӣ участковий дар таксӣ мешинад ба хонат меояд. Дигарҳо 30 сомонӣ диҳанд Ибоди шайтон ба таксист 15 сомонӣ медиҳад.

Таксиҳо бисёриашон ҳатто клиент надошта бошанд ҳам намеорандаш. Боз як характери бад дорад. Агар ҳамроҳаш ҷураҳояш гап зананд дар ҷураи дигариаш мефурӯшад. Боз як одати зишташ ин аст ки бо занҳояш чи коре кунад, нақл мекунад. Акси Ибоди даҳмардаро мефиристаматон.

 Як маълумоти дигар. Манучеҳри дирексия оиди муҳоҷирони Нуробод соли пеш муовини Самиев буд. Аҳолии деҳаи Чанорро баро онки деҳа зери ҳавзи Роғун меравад мехезонданд. Манучеҳрро 10 ҳазор сомонӣ медодӣ дар 50 ҳазор сомонӣ пули хонаҳоятро зиёд мекард. Дар ин кор ҳамроҳаш Ғайбулло аз Нуробод буд.  Ғайбулло дар Нуробод намояндаи Манучеҳр буд. Мардуми Чанор 5 маротибаи пули хонаҳояшонро зиёд карданд.

Ғайбулло аввал пулро наличий-нақд аз одамҳо мегирифт ва як моҳ баъд пули хонаро зиёд мекард. Ин пул бо Манучеҳр тақсим буд. Вайро Манучеҳри сиёҳ мегӯянд. Манучеҳр дар масъалаи зиёд кардани пул, яъне арзиши хона бисёр мардумро фиреб мекард. Офисаш дар Душанбе аст. Агар прямой пешаш мерафтӣ ваъда мекард вале иҷро намекард.
Ғайбуллоро телефон мекарду мепурсид, ки фалон одам чи хел одам аст, пешам омадааст барой пули хонаҳояш. Мегуфт камбағал аст 80 ҳазор сомонӣ зиёд мекунам, вале 45 ҳазорашро ман мегирам, ночор розӣ мешавӣ. Аммо вақти пулгирӣ мешуд Манучеҳр 55 ҳазорашро мегирифт, бисёр макор аст.

Эй Манучеҳр ин қадар мардуми Нурободро фиреб кардӣ, оҳи ин қадар бевазанҳо мегирадат. Дониста бош, ки ту ва шарикат Ғайбуллоро ҳоло касаливу азобҳо вазмин дар пеш аст, ин шо Аллоҳ мебинем.

 Эшонов Забиҳулло аз ҳамон қишлоқи Чанор ҳаст. Порагириро аз ҳамин Ғайбулло ва Манучеҳр ёд гирифтааст.  

 Як маълумот фаҳмидем, ки раиси нав бояд занҳои шавҳармурда ва бевазанҳоро замин бояд бидиҳад. Раисони ҷамоатҳо аз бевазанҳо 3000 сомонӣ мегиранду баъд имзо мекунанд. Зане, ки шавҳараш гузаштагӣ ё фарзанддор, бошад раиси ҷамот ва раиси шуғли аҳолӣ ва кумитаи замин 1500 сомониашро мегиранд баъд имзо мекунанд. Раиси шуғли аҳолӣ ҳамин Эшонов Забиҳулло аст, ки ба ин баҳона пули зиёди халқро ба кисаи худаш гирифт. Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода азин порагириҳо дарак дорад ва ё бо йфармони пинҳонии ӯ ин корҳо мешаванд. Ба хубӣ пулҳои бевазанҳоро баргардонанд ва ҳатман мо аз ин кор огоҳ мешавем.

Раисони ҷамоатҳо ҳам аз ҳисоби пулҳои барои бевазанҳо пешбинишуда пули калон кор карданд, ин масаларо зери назорат мегирем, бубинем Фатҳуддин Солеҳзода чикор мекунад. Ин шо Аллоҳ ин пулҳо насибатон намекунад,  охирон нолаи даҳони сағераҳо ва беваҳо, ҳатман шикаст мехуред, заҳри баданатон мешавад.

 Ҳушдори Ислоҳ ба ҷаноби Солеҳзода Фатҳуддин!

Ин матлаб маҷмӯи шикоят нест ин ҳуҷҷати айбдоркунанда аз дохили Нуробод аст. Резаахборе, ки дар поён меояд, тасвири як рӯзи ноором нест, балки портрети як буҳрони доимӣ аст: буҳрони об, буҳрони тандурустӣ, буҳрони амният ва буҳрони озодиҳои динӣ. Инҳо на овозаанд, на таҳриф инҳо садоҳои ҷамъшудаи даҳҳо деҳа мебошанд.

Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод!
Ин матлаб ба шумо ҳамчун огоҳии расмии ҷамъиятӣ ирсол мегардад. Шумо, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муваззафед амнияти шаҳрвандонро ҳимоя кунед, на онҳоро таҳдид намоед; дастрасӣ ба об ва табобат-ро таъмин созед, на ба тиҷорат табдил диҳед; ва ба озодӣ ва фаъолияти масҷидҳо дахолат накунед.

Имрӯз мардуми Нуробод бо ҳолатҳои зерин рӯбарӯ ҳастанд:

  • маҳрумият аз оби нӯшокии доимӣ,
  • бемористонҳои нимахолӣ бо духтурони ғоиб,
  • табдил ёфтани сохторҳои амниятӣ ба абзори таҳдид, таъқиб ва фишор,
  • маҳдудсозии фаъолиятҳои мазҳабӣ ва бастани масҷидҳо.

Ин амалҳо на танҳо бефарқиятӣ, балки метавонанд ҳамчун суиистифода аз мақом, поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ва нақзи ӯҳдадориҳои давлатӣ арзёбӣ гарданд.

Ин нома ҳоло як ҳушдор аст, бо забони ҳуқуқ, расона ва ҷомеа. Агар дар муҳлатҳои наздик:

  • вазъи обтаъминкунӣ,
  • таъмини духтур ва хизматрасонии тиббӣ,
  • худсарии мақомоти амният,
  • ва фишор ба масҷидҳо

ба таври воқеӣ ислоҳ нашавад, ин мавод аз шакли резаахбор ба парвандаи мукаммали тафтишотӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ табдил дода хоҳад шуд ва ба:

  • созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон,
  • расонаҳои хориҷӣ,
  • ва ниҳодҳои мониторинги байналмилалӣ

ирсол мегардад.

Мардум дигар на бо тарс, балки бо қалам, далел ва расона муқобилаат мекунанд. Таърих собит кардааст:
зулм дерпо нест, вале санад абадӣ мемонад.

Ин интихоб имрӯз дар назди шумост:
ё ислоҳоти фаврӣ,
ё масъулияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ.

Share This Article