Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №309

Ислоҳ нет

Ду номаи дар аввали барнома аз Душанбе аст ки аз муомилаи ғайринсонии домсозҳо дар маҳаллаи Қазоқон сӯҳбат мекунад. Домсозҳо ба ҳадде беҳаё ва густоханд, ки барои онки мардумро дар ин фасли зимистон водор созанд хонаҳояшонро тахлия кунанд, трубаҳои оби ошомидании кучаи онҳоро бо трактор канда мепартоянд. Гуё ин шаҳр тамоман соҳиб надорад.

Дар Нуробод бошад боз ҳам аз мухолифати шадиди мақомот бар муқобили урфу расмӣ мусалмонӣ гуфта шудааст. Имоми деҳаро барои онки хутбаи никоҳи ҷавону арусашро хондааст, мебаранду ҷарима мекунанд ва дар идомаи фишору наказат масҷиди деҳаро ҳам маҳкам мекунанд.

Номаи аз Ваҳдат воқиан ҳам дилрешкунанда аст. Ҷавони 21 сола барои дафни падараш аз муҳоҷират меояд. Аммо ӯро ба 6-ой отдел мебаранд, модараш бошад аз тарс дучори фишор мешавад (давлений мезанад) ва лол-гунг мешавад.

Аз Панҷакент дар бораи судяҳо ва прокурор навиштаанд. Муаллиф мегуяд, ки ҳоло кормандони мақомот дар инҷо шаҳрро ба ҷалабхона бадал кардаанд. Вале ҷойи онки мақомоти болоӣ ҷилави ин қонуншиканиҳоро бигиранд, нафари қонуншиканро ба вазифаи болотар мегузаронанд.

Номаи охири ин барнома ҳам аз пойтахти Ватани азизамон аст, ки бинобар ин навишта ба дасти нафарҳое афтодааст, ки то онҳоро ба зиндон набарем рӯи ободии Ватанро нахоҳем дид.

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳи меҳрубон баракати дунёву охиратро насибатон кунад. Илтимос,ин ду номаи моро нашр кунед. Номаҳо аз шаҳри Душанбе, аз кучаи Қазоқони 1. Шикояти мо аз ду нафар домсози золим аст. Номи яке аз онҳо Зиёдулло аст, ки мардумро девона карда аст. Номи ширкаташ ҶДММ «Симои нав». Ҳамаи соҳибмулкҳоро ба суд дода аст, барои манзилҳои худашон. Ин золим мехоҳад нисфи манзили соҳибмулкҳоро гирад. 13 ё 14 хонаро ба суд дода аст. Бо вай ягон хел муомила карда намешавад.

 Пеш аз хезондани мардум аввалин коре, ки кард бинои суди ноҳияи Синоро таъмир кард, то ӯро кришават кунанд. Хулоса, судяҳоро харидагӣ аст.

 Бо чанд нафар шартнома кард вале боз аз лафзаш гашт. Ба Худо лафзи мардӣ надорад. Барои пули иҷора дигар домсозҳо аз 3000 сомонӣ кам надоданд, ин номард бошад ба мардум аз 1500 то 2000 ваъда мекунад. Ба ин маблағ хонаи иҷора намеёбӣ.

 Хоҳиши мо аз ҳукумати шаҳр ин аст ки пеши роҳи ин золимро гиранд. Ба Худо қасам вай мардумро фиреб карда истодааст. Илтимос аз ҳукумати шаҳр, ӯро гиред аз ин вазифа, ягон нафари мусалмон бошад, ки ҳақи мардумро диҳад аз руи қонун ва супориши раиси шаҳр.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаи дуввуми мо аз кучаи Қазоқон-1-и шаҳри Душанбе аст ва он ҳам шикоят аз як домсози дигари номард ва золим мебошад. Номи аслиаш Валиев Рамазон номи дуюмаш Зиёдулло ва ширкати сохтмониаш «Акбар Сохтмон» аст. Ин домсоз бо воситаи судяҳо ҳақи мардумро   бо ҳар баҳона ба фоидаи худаш минус мекунад, мардумро тарс дода бо таҳдид мегуяд:  «бо прокурор омада хонаатро чапа мекунам».

Мегуяд: «ҳар куҷое, ки шикоят мекунед кардан гиред, ба ман фарқ надорад. Ман аз ягон мақомот тарс надорам». Ин домсози беинсоф ҳам ҳамаи прокурору судяҳоро харидагӣ аст. Аммо агар  нафаре ягон шиноси мансабдор дошта бошад ба ӯ ягон мушкилӣ нест, ҳақашро медиҳад. Касе таға надорад вай аз дасти ин домсоз  бо мушкили калон дучор мешавад. Ин домсозҳо лулаҳои оби нушокии кучаро бо техникаҳояшон канда партофтанд. Наздаш рафтем ва гуфтем лулаҳои хароб кардаатро барқарор кун, мардум бо ин беобӣ чи хел зиндагӣ мекунанд? Мегуяд ман барои шумо сантехник нестам. Ба касе об лозим аст худаш илоҷашро ёбад. Ба болои ин моро дашномҳои қабеҳ ҳам дод. На раиси маҳалла ба додамон расид ва на нозири минтақавӣ-участковий. Дар назди бачаҳо гуфтааст: «ма пула Шоҳрухда додагиям ва дигар гапу фармони ҳиҷкас мада намегузарад!»

Илтимос бародар номаи моро зудтар нашр кунед, то ки ин золимро мақомот шиносад ва шояд ба доди мо расанд.

                                    Нуробод 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Сафедчашма, деҳаи  Кабутиён менависам. Мулло Илоҳимиддин Додов аз Кабутиён дар як туйи навҷавон ва арӯсро никоҳ кардааст. Филҳол раиси пешина Абубакри Теша, раиси пешина аз ҳамин деҳаи Кабутиён ва Аслонов Олам ин муллоро ба Фазлиддин участковий фурухтанд. Ин муллои камбағали бечораро барои хондани хутбаи никоҳ бурданду сахт азияту озораш доданд.

 Ин мулло имоми масҷид буд. Масҷидро бо ин баҳона маҳкам ва 5000 сомонӣ ҷаримааш карданд.

 Ин муллоро бо чунин саволҳо издеваться мекунанд:

  Нос мекашӣ? Мегяд, ки не.

 Банг мезанӣ? Посух мегардонад, ки не.

 Вақте масҷидро руст мекунанд, гуфтааст, ки чаро маҳкам мекунед? Участковий гуфтааст, ки ин супориши Ҷаноби олӣ аст, ҳоло набурдему статяи терроризмат назадем, «шукр намегуй»?

 Бародар, мо чи хел дифоъ кунем дар чунин вазъият? Муборизаи ошкоро кардан бар зидди  ин золимҳо ҳам фарзу ҳам қарз аст.

  Даёнов Кабут аз деҳаи Офтобру аст. Ин лаънатии бахтбаргашта мулло Мирзомудинро, ки аз деҳаи таг ва як камбағал асту рӯзашро ҳила бечора мегузаронад, мефурӯшад. Мебаранду 3000 сомонӣ штрафаш мекунанд. Таҳдид карда мегӯянд, ки як бори дигар никоҳ мекунӣ мебарем «мешканемт аниқ мембри».

  Аммо ҷавонҳоро ба суи арақхурӣ, бангкашӣ, нашъамандӣ даъват кунӣ, касе чизе намегӯяд. Ин камбағалро хело ҷазо дод участковий. Участковий аз Қурғонтеппа аст, Фазлиддин ном дорад, Мардумро якҷо бо амниятиҳо хело зиёд зулм мекунад. Мардум тамоман бепушту паноҳ мондааст, ҷое барои арзу дод надоранд.

Дар ин бахши нома аз амалҳои ҷинояткоронаи зодаи ноҳияи Нуробод ҷамоати Сафедчашма деҳаи Шербегиён Розиқов Эраҷ Акаҷонович, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекунад, гуфтаниам. То ҷое маълумот нисбати ин нафар дастрас намудем ҳатто аттестати хатми синфи 9 надорад. Бо роҳи найрангу фиреб чандин ҷавондухтарро аз зиндагии ободашон маҳрум намуда, ба никоҳи худ дароварда 3-4 моҳ зиндагӣ намуда онҳоро дар нимароҳ раҳо намудааст. Аз ҷумла:

1. Замираи Давлаталӣ, зодаи деҳаи Шербегиён, ҷамоати Сафедчашма ноҳияи Нуробод; 

2. Ҳикматуллоева Лола Шарифхоҷаевна, зодаи деҳаи Улфатобод, ҷамоати Сафедчашма ноҳияи Нуробод; 

3. Шарипова Сарвиноз Мирхуҷаевна, зодаи деҳаи Шербегиён, ҷамоати Сафедчашма ноҳияи Нуробод; 

4. Абдухалоқова Сураё Шодиевна, зодаи деҳаи Шербегиён, ҷамоати Сафедчашма ноҳияи Нуробод. 

5. Як нафар ҷавондухтар аз деҳаи Фурӯдгоҳи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод, ки номаш ба мо маълум нагардид.

6. Як нафар ҷавондухтар аз ноҳияи Рӯдакӣ. Аз ин зан як кӯдак меёбад. Ин зан кӯдакро  гирифта ба хонаи падари Розиқов Эраҷ Холов Акаҷон меорад. Аммо баъди як ҳафта бо кадом роҳе кӯдакро аз ҳаёт маҳрум мекунанд яъне гуфти пешво бе зарар мегардонанд)

7.Як ҷавондухтар аз 9-ум километри шаҳри Душанбе 

Баъди талоқ додан боз таҳқир ва таҳдид менамудааст, ки ман дар мақомот кор мекунам, то охири умр ба шавҳар намебароед.

Эраҷ Розиқов аз зани якумаш Замираи Давлаталӣ 1 писар ба воситаи дуъохонии як мулло аз ноҳия Рашт гардидааст. Ин муллоро дар чандин кирдорҳои ҷиноятиаш истифода намудааст. Занҳоро фиреб намуда онҳоро дуъохонӣ намуда маблағҳои калони онҳоро мегирифт. Хулоса, ҳаёти Розиқов Эраҷ Акаҷонович пур аз ҷинояту ҷинояткорист. Ин нафар ҳатто ба ҷинояти одамкушӣ даст задагӣ аст. Хоҳараш Холова Назира Акаҷоновнаро фиреб мекунад, ки дар назди Прокуратураи ноҳияи Нуробод замини наздиҳавлиги гирифтааст ва аз хоҳараш 80 ҳазор сомонӣ мегирад. Замоне хоҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегардаду заминро талаб мекунад Розиқов Эраҷ Акаҷонович ва додараш Розиқов Далер (Идрис) Акаҷонович Холова Назираро бо як бераҳмӣ лату кӯб намуда ӯро таҳқир мекунанд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки аз заҳри «Тайфон» истифода барад ва заҳролуд мешавад ва ӯро ҳамсояҳо ба духтурхонаи ҷамоат мебаранд. Эраҷ назди сардухтур Маҳмадхоҷаев Атохоҷа рафта ӯро таҳдид мекунад, ки маълумотнома (хулоса)ро ба хоҳараш надиҳад.

 Агар нисбати ҷиноятҳои Розиқов Эраҷ Акаҷонович пурра маълумот диҳем 100 китоб мешавад, тамоми умраш ба ҷиноят гузашта истодааст. Раиси ноҳия Фатҳуддин ин ҷиноятҳоро намедониста бошад?

                               Панҷакент 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқоли Садриддин. Ман аз шаҳри Панҷакент мебошам. Дар Панҷакент вазъият беҳад сахту вазнин аст. Тамоми мақомдорҳо бизнеси калон мекунанд. Мехоҳам, ки мардум ҳаминҳоро бишиносанд. Прокуратураи генералӣ куҷоро назорат мекарда бошад? Тамоман хаста шудем.

Ман дар бораи ёрдамчии прокурори шаҳр Дилшод Ҳомидов гуфтаниам.  Ин Ҳомидов Дилшод бисёр духтарҳои хонаро бераҳа кард. Бо чашмони худ дидам. Лола Бобоева ном духтари ҷавонро «кораш»-ро буд кард. Духтар аз ин ҳомила шуда таваллуд кард.

Ҳозир ин Лола барои ин прокурор духтар «туғрӣ» мекунад, мамарозаи Дилшод Ҳомидов шудааст.

Дилшод духтарҳои корафтодаро маҷбурӣ ва бо угроза «корҳояшонро» ҳал мекунад. Ин прокурор аз ноҳияи Айнӣ мебошад. Дар Панҷакент ёрдамчии прокурор аст. Ба роҳи воситаву ҷурабозӣ дар горсвет шиноси худашро раиси горсвет монд, ки хешаш аст. Аммо ин раиси горсвет бисёр дағал ва аблаҳ аст. Коргарони горсветро беҳад дашному ҳақорат мекунад.

Аҷобати кор боз дар он аст ки чанд рӯзи пеш Дилшод Ҳомидов аз Панҷакент ба   ба вилояти Суғд, ба зинаи болотари кор рафт. Онҷо ёрдамчии шӯъбаи назорати умумии дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд таъин шудаст. Дар фейсбук хондам ва дидам, ки боз чанд нафар ӯро табрик мекунанд.

 Касе гапгардонӣ мекард даннийҳои ӯро росту дурӯғ сохта ба прокуртура медод, баъд инҳо туҳмат карда маҳкам мекунанд. Хулоса, ин як ҳаромхӯри калон аст.

Прокурори калони шаҳр ҳам як инсони баднамуд аст. Занҳои бошавҳарро тарсонда мегардад. Шавҳарҳояшон дар Маскав

Нафари дигар Мирзозода ёрдамчии суди шаҳри Панҷакент аст. Ин аз Ҳисор мебошад. Бисёр делоҳои убийство шударо дар Панҷакентро бар ивази пули калон-пора маҳкам мекунад. Ба ҷони мардум расондагӣ аст.

Ин ҳаромхӯр касе бой бошад, ход 10 нафарро кушта бошад, чойпулиашро диҳӣ, ҷавоб медиҳад. Як рафиқамро беҳуда ҷаримаи калон кард. Бача тамоман бегуноҳ буд. Бачаро алам кард, аз дасти ин номард ба ҷанги Украина рафту барнагаштааст дигар.

 Нафари дигар корманди уголовний розиск  Фаршед ном дорад. Ин фақат бо воситаи духтарҳо бачаҳоро подстава мекунад, баъд сум канда мегирад. Инҳо дискотекаҳои шаҳрро кришават мекунанд. Як чанд ҷалабчаҳо ҳастанд, ки бо ҳамроҳии инҳо кор мекунанд. Инҳо касбу корашон подстава аст. 

Нафари дигар Азамати милиса, ки подставшик мебошад. Акобиров сардори КДАМ аст. Аз болои ягон коргари давлат шикоят барӣ мегӯяд, ки чораашро мебинем пасон худатро подстава мекунад.

  Сардухтури шаҳри Панҷакент Умед Раҳимов аст, ки тамоман савод надорад. Рафт вазифаро аз вазорат харида омад. Ин сардухтур аз касалҳо ва духтурҳо пул чинда мегардад. Ягонтоаш пул надиҳад давида ба прокуратура ё КГБ мегӯяд ва оҳиста подставааш мекунад.

Дар ин Панҷакент вақте аз боло проверка меояд уже инҳо хабардор  ва ҳамаашро «ҷобаҷо» мекунанд.

Ман ҳайрони ҳамон боло ҳастам, ки куҷоро назорат мекарда бошанд. Инҳо ин қадар мардумро руирост ғорат карда истодаанд. Ба фикри шахсии ман дар ин Панҷакент болоро хушрӯ мехуронанд, барои ҳамин онҳо ҳамаашон хомӯшанд. 

    Чаро худи прокурорҳо ба духтарҳо дастдарозӣ мекунанд, аммо ягон кас гап намезанад. Бовар кунед, ки ҷавонҳо аз дасти ҳаминҳо террорист мешаванд. Инҳо ҳамаашон мақомот ва мансабҳояшонро ба  бизнес  табдил додаанд. Ҳатто ягон ҷо жалоб карда намешавад. Чунки инҳо ҳамааш якдигариашонро подержка мекунанд. Як рӯз барои озмуд ба як духтари хушру гап парофтам. Пагоҳ нашуда   ҳамин прокурор ба кабинеташ даъват карда дашномам дод ва гуфт медонӣ ин аруси ман аст. Бовар кунед инҳо Панҷакентро ҷалабхона кардаанд. Аммо, Худо хоҳад вақташ мерасад, ки мардум ниқори худро аз зану духтарҳои инҳо мегиранд.

                                         Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи фаврӣ аз Ваҳдат аст. Дирӯз як ҳамсояамон дар сини 47 солагӣ вафот кард, аз касалии рак-саратон. Ҳайдарбек ном дошт, Худо раҳматаш кунад.
 Писараш дар Масква дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, сразу билет гирифту омад, то ки дар ҷанозаи падараш иштирок кунад. Писараш бистуяксола аст. Алҳамдулиллоҳ омад писараш ва дар ҷанозаи падар иштирок намуд. Дар болои ҷаноза амри маъруф кард. Писараш намонд, ки занҳо гиря кунанд, то сабаби азоби падараш нашавад ва сархатиби Ваҳдат ба номи Пирмаҳмад ҳамон Пирка омаду ҷанозаро гузаронд. Баъдан маитро бурданд сӯи оромгоҳ.

Писари ин маит дар сари қабри падар як соат амри маъруф кард. Ҳатто   сархатиби Ваҳдат ҳамин тавр амри маъруф намекунад ва наметавонад. Маитро дафн карданду омаданд. 

Раиси маҳаллаи ин минтақа бо номи Умед ҷарёни амри маъруфи бачаи нафари мурдагиро сиёмка кардааст ба 6-ой отдели Душанбе роҳӣ кардааст.

Чаҳор корманди 6-ой отдели Душанбе ба сари ин кудак омаданду гирифтанду бурданаш, ки «чува ту амри маъруф кардӣ»? 
Модари ин кудак вой гуфта дод мезанад, ки «бачама куҷо мебарен, шавҳарам мурд, бачама куҷо мебарен»?  Ин модар бечораи мусибатзади мотамдорро давлений ва бечора гунг шуд. Дирӯз гуфтанд ин ҷавони 21 соларо бо моддаи 307 мехоҳанд ба солҳои тулонӣ зиндонӣ кунанд.Ҷурмаш дар болои марги падарат амри маъруф карди ту террористӣ.

Бародари азиз! Ин номаро бихон ва чоп кун,то ҳама бинанд, ки дар Тоҷикистони мо давлати зидди фарҳангу урфу одатҳои мо мусалмонони тоҷик дар сари қудрат аст ва чи қадар бо дини оини аҷдодии мо душманӣ дорад.
Ин кор дар шаҳри Ваҳдат, поселкаи Роҳатӣ, пеши қабристони урусҳо руй дод. Дар рӯзи 8 декабр.

 Раиси маҳалла-Умедрро  бачаҳо қапиданд. Телефонашро кофта сиёмкаро ёфтанд аз телефонаш. Гуфтанд чаро ин корро кардӣ? Гуфтааст вазифаи мо ҳамин хел- бузӣ аст, бояд ин корҳоро кунем. 

Дирӯз падарашро гур карданду имруз худашро бурданд ба 6-ой отдели шаҳри Душанбе.

Валлоҳӣ модараш гунг шудааст. Кадоме бовар намекунад, биояд бубинад.

  Мақомоти Раҳмонов корҳои Башор Асадро такрор карда истодаанд.

Имрӯз як солагии пирӯзии мардуми Сурия бар Башшори қотил буд. Ба мо ҳам наздик шуда истодааст, пирӯзӣ. Чунки мақомот худашон ба ин пирӯзӣ мардумро таҳрик ва тела дода истодаанд.

                                 Душанбе

Ассалому алайкум,устод Муҳаммадиқбол. Ман аз гурӯҳи таксистҳои «Ислоҳ» ҳастам. Дирӯз як воқеа шуд, ки мехоҳам бароятон нақл кунам. Як пиразани 80 сола аз микрорайони 103 савор шуд то бозори Саховат бурдам. Хонааш ҳамонҷо будааст. Дар роҳ гап задаву сӯҳбат карда рафтем. Аз сӯҳбатҳояш маълум буд ки зани чолок ва ҳушёру босавод аст. Соҳиби 3 маълумоти олӣ будааст. Худаш гапро оғоз кард. Гуфт «бачам ман 80сола шудам, ин Эмомалиро хуб мешиносам». Инро ҳам бигӯям, ки ин пирзан ним бо забони русӣ ва ним ба забони  тоҷики сӯҳбат мекард. Гуфт ин ватану ин миллатро рӯз то рӯз Эмомалӣ бо бачаи бесаводаш ҷазир кард, мардуми шаҳрро ҳам аҳмақ карданд. Аз аввал медонистам, ки ноӯҳдабаро аст. Бачааш бошад кораш фақат домсозӣ ва аз домсозҳо пул кандан аст. Боз ками дигар истоду барои Фароз лаънат хонд, ки сершавӣ надорад. Гуфт, ки ман чандин сол бо инҳо кор кардам. Дидам, ки инҳо ниҳоят хавфнок ва зараргоранд, зуд аз даруни онҳо бо баҳонаи нафақа баромадам.

Ин зан боз дугонаи Азизмои зани Раҳмонов ҳам будааст. Гуфт як рӯз ба Азизмо занг зада аз Эмомалӣ мепурсад. Азизмо мегуяд, ки қайчиашро гирифту аз пайи корҳои ободӣ рафт.

Рости гап устод, ман ҳайрон шудам ва худам ҳам бовар накардам, ки як чунин занҳо ҳам будаанд. Мутаассифона ман ба ҷойи фармудаи ин зан омадаму он зан баромад, ҳисобӣ карду ташаккур гуфт. Ва гуфт, ки бо инҳо –манзураш Раҳмонову бачааш, мардум ҳиҷ гоҳ рӯзи хуш ва зиндагии беҳтарро пайдо карда наметавонанд. Мардум бояд ягон коре кунанд, то аз инҳо наҷот ёбанд, гуфт ва хайрухуш карду рафт.

Share This Article