Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №340

Ислоҳ нет

Ин бор аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва ноҳияҳои Рашту Истаравшану Кушониён ва Тюмен номаҳои ҷолиберо барои шумо омода кардаем.

Аз Кулоб хабари кушта шудани бародари хурдии Имомхуяк-Имомалӣ Мақсудовро навиштаанд. Имомхуяк, раиси пешини кабелний заводи Душанбе аст, ки дар хеле аз барномаҳои ҳукуматӣ саҳм ва ҳиссаи худро гузоштааст.

Аз Душанбе дар бораи вазъи асафбори домсозӣ навиштаанд. Муаллиф, ки солҳо дар хориҷа будааст, баъди бозгашт ба ватан сохтумонҳои баландошёнаҳоро, ки бидуни риояти одитарин меъёр мисли замбуруғҳои баъди борон ҳамарӯза сар мекашанд, дида таассуроташро навиштааст.

Муаллифи номаи Рашт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки кӯмакҳои хайриявӣ ё башардӯстонаи созмонҳои хориҷӣ тавассути масъулини ҷамоату ноҳия обу лой карда мешавад ва касе ҳам намепурсад, ки чаро раиси ҷамоат трактори хайри як ташкилотро ба деҳаи дигар фурӯхтааст.

Аз Истаравшан дар бораи корҳои ба шаъни як омӯзгор номуносиби директори мактаб ва мудири қисми таълимӣ-завучи он навиштаанд.

Номаи Кушониён дар бораи аъмоли пур аз ҷинояти як корманди ГАӢ навиштааст.

Нависандаи номаи охирин аз Тюмен аз қавли як шиноси амнияташ гуфтааст, ки СС.Ятимов баъди ҷарроҳи қалб дар Исроил феълан дар хонааш дар Душанбе аст.

                                         Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Кулоб менависам. Хабари ман дар бораи бародари Имомхуяк (Мақсудов Имомалӣ) аст. Оқибат ин бародарашро ҳам мақомот куштанд.

Вақте Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода дар Ориёнбонкро куштанд ин бародари Имомхуякро, ки Билол ном дошт ва дар он вақт дар Дубай буд оварда як солаш доданд ва дар ин куштор шарик донистанд. Нафаре, ки аз ҳама кам сол гирифт ҳамин буд. Вай як сол шишту баромад.

  Бузмаков-Аламшозода, муовини аввали вазири дохилӣ Имомхуяк ва бародаронашро беҳад шум медид. Қурбон дар вақташ сағераи боксёр буд Солҳои 90 инҳо сахт гремет мекарданд. Шорух Саидзода, сардори милисаи Душанбе ҳам Имомхуяк ва бародаронашро сахт шум медид. Бинобар хабарҳо ин бародари Имомхуякро ҳамин Шоруху Бузмак ба ток зада куштаанд. Албатта, кормандони ҳамин ду нафарро дар назар дорем. Вайро бо пойи худаш мебаранд, аммо аз он тараф ҷасадашро мебароранд.

Билол мехост, ки Дубай биравад. Тайёрӣ барои рафтан ба Дубайро дошт. Вале барои чи коре –иттиҳоме дастгир карда мебарандаш ва дар онҷо бо ток зада мекушанд.

  Имомхуяк кабелний завод дар дасташ буд, ки онро Ҳасан Асадуллозода бо зӯр кашиду гирифт. Имомхуяк ва бародаронаш, аз ҷумла Искандар асосан бо наркотика заниматса мекарданд. Як рӯз Ҳасан Асадуллозода меояду «250 ҳазор долларда харида будӣ ма ина ин 250 ҳазор» мегӯяду медиҳад ва кабелнийро аз дасти Имомхуяк кашида мегирад. Ва мегӯяд, ки зудтар аз инҷо баро. Аммо кабелний завод аз 20 миллион доллар кам намеистад.

То ҷое шунидам дар байни даҳ рӯз ин милисаҳо ба шумули додари Имомхуяк чор кас, аз ҷумла як нафар аз Ваҳдатро дар ток зада куштаанд.

 Вақте ин оила шумат дид ба таври автоматӣ мақомот аз ҷумла милисаҳо ҳам шумат мебинанд.

  Ин бача спортсмен буд. Ҳамеша бо пойи таҳорат мегашт, последний время дар ислом хизмати сахт кардагӣ буд. Инҳоро намефорид. Авлоди ин оиларо задагӣ буд. Инҳо, ки дар дарун вес доранд, дух доранд ба инҳо намфорад.

Ин бародари Имомхуяк, ки Билол ном дошт ният дошт, ки берун барояд. Аммо насибаш ҳамин қадар будааст. Аммо як чизро бояд ҳамаамон донем. Инҳо як кас, як касро кушта истодаанд. Ба инҳо дигар одамкушӣ одат шуд. Ранги Сурия карда истодаанд.

Панҷоҳ сол падараш президентӣ кард Башор Асадро боз бист сол зиёд худаш истод. Вале оқибат фирорӣ шуд. Дар ҳақиқат инҳо дигар роҳ надоранд. Инҳо худашон охираташонро, оқибаташонро медонанд. Ин бародари кушташудаи Имомхуяк бародари хурдиаш буд.

                                      Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу муҳтарам домуллои азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам шумо ва наздикони шумо хуб бошед! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва шуморо ҳифз кунад.

 Се сол мешавад, ки барномаҳоятонро доимо тамошо мекунам. Хоҳиш мекунам ин номаи  маро дар ягон шумораи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Ман ин номаро баъд аз он навиштам, ки шумо як матлаб (Душанбе зери сояи «домсозӣ»: «фиреб, ғорат ва имзои Рустами шаҳрдор» аз 17уми феврали соли ҷорӣдар бораи домсозии Душанбе навиштед. Дар онҷо хеле аз мушкилиҳоро бо факту рақам зикр кардед. Ташаккур ба шумо. Аммо ман аз як мавриди мушаххас,аз як ҳолате,ки худам гирифтор шудаам гуфтанӣ ҳастам, ки албатта метавон онро идомаи ҳамон матлаби шумо дар бораи домсозӣ гуфт.

Инҷо на фақат фурӯши замини барои дом ба дигар чизҳо ҳам ҳангоми сохтмони баландошёнаҳо тамоман диққат дода намешавад. Ман инҷо мисоли мушаххас меоварам.

Дар Душанбе дар микрорайон-қасабаи 63 як доми баландошёна ҳаст, ки дар ошёнаи аввали он коркунони пожарный-идораи оташнишонӣ фаъолият мекунанд. Барои ҳамин мардум онро доми пожарка мегуянд.

Ин домро ширкати домсоз бо номи Нури шамс сохта ба истифода додааст. Бовар кунед, пеш аз сохтани ин дом ваъда дода буданд, ки он дар муҳлати 2 сол сохта ба истифода дода мешавад. Лекин қариб, ки 3 сол давом кард. Ин дом соли 2019 сохтмонро сар кард то соли 2023 давом карда буд. Аммо то ҳол ҳатто техпаспорти ин хонаҳоро ин ширкат ба соҳиби хонаҳо тайёр када надодааст.

Ду сол мешавад, ки ин домро бо оби гарм- отопления таъмин карданд. Лекин дар ин ду сол мардум аз ба ҷои хонаҳои гарм фақат хоноҳояшон зарар дид. Аз сабаби сифати паст трубаҳо доимо мекафад ва хонаи мардум таи об мемонад. Ҳеҷ кас ,   намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунанд.

 Мардум пул ҷамъ карда ремонт-таъмир мекунад дере нагузашта боз мекафад.  Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам ин номаро нашр кунед. Шояд ин домсози бераҳм камтар инсоф пайдо мекунад ва ба дарди мардум мерасад!

 Аллоҳ шуморо ҳифз кунад домулло. 

                                       Рашт 

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва  баракотуҳу. Умедворем Шумо ва аҳли байтатон сиҳату саломат бошед. Барои барномаҳои муҳим ва саривақтӣ изҳори сипоси мо гурӯҳи ҷавонони деҳаи Шулмаки ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Раштро бипазиред.

   Мо барномаҳои Шуморо пайваста ҳар вақте интернет нағз бошад, тамошо менамоем. Дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» шунидем, ки дар ноҳияи Нуробод трактори аз ҷониби ташкилоти хайриявӣ ба як деҳа додаро раиси ҷамоат ба дигар деҳа фурӯхтааст. Баъди баррасии он дар барномаи  «Номаҳо аз ноҳияҳо» мо худамон ҳам пайгирӣ намудем, ки дар воқеъ он трактор ба деҳаи вобасташуда оварда дода шудааст. Ба ҳамин монанд аз деҳаи мо раиси ҷамоатамон, ки дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекунад як трактори МТЗ-82- ро ба дигар деҳа додааст. Баъди пайгирӣ мо аниқ кардем, ки раиси ҷамоат аз он тракторист 100.000 сомонӣ ва раиси деҳа 30.000 сомонӣ гирифтаанд. Ба зами ин аз ҳисоби хайри як ташкилоти хориҷӣ раиси ҷамоат 30 оилаи замбӯри асал бо қуттиҳояшро аз худ кардааст. Инчунин аз ҳисоби погрузчик, ки дар деҳаи мо дода шуда буд, беш аз 60.000 сомонӣ гирифтааст.
Ҳасанов Ҳасан раиси ҷамоати мо ва раиси ташкилот акаи Сайдаҳмад ин амалҳоро бо маслиҳати пешакӣ анҷом додаанд. Инчунин ин ташкилоти хориҷӣ механизмҳо ва дигар воситаҳо дода буд, ки онҳоро ҳам ба шахсони дигар бо гирифтани пора додаанд ва он маблағҳоро дар ҳеҷ ҷой қайд накардаанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо ба воситаи барномаи Шумо аз раиси ноҳияамон хоҳиш менамоем, ки трактори деҳаи моро гирифта ба мо диҳад. Аз натиҷаи ин нома баъди нашр боз ба Шумо хоҳем навишт.

                                     Истаравшан

 Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз шаҳри Истаравшан, деҳаи Қалъачаи Бакавул фиристода мешавад, ки дар бораи вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 49 сӯҳбат мекунад. Имрӯзҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 вазъият беҳад безеб аст. Аз директор сар карда то завуч-мудири қисми таълимӣ ҳаромхуранд. Хиёнат ба давлат ва мардум карда истодаанд.

  Директори муассиса Нарзиева Шоира Рустамовна мебошад, ки дар баробари директор будан боз роҳбари синфӣ дорад, инчунин соатҳои зиёди дарсӣ низ дорад, ки тибқи қонун иҷозат нест.

Мудири қисми таълимӣ -завучи муассиса Тоҷиқул Маъруфов бошад як ставка вазифа ва ҳамчунин соатҳои дарсӣ дорад. Бечора падару модарон фарзандонашонро бо умед ба мактаб мефиристанд то ин ки илму дониш бигиранд. Аммо ин ҳар ду соатҳои дарсиашонро ба номи дигар омӯзгорон ҳуҷҷат карда ғайриқонунӣ маблағ мегиранд. Хонандагон бе соатҳои дарсӣ мемонанд. Ин ҳар ду соатҳои дарсӣ гирифтаанд вале бисёри вақт дарсҳояшонро намегузаранд. Ҳақиқат дар куҷост? Коргарони маорифи шаҳри Истаравшан  ҳаромхуранд. Кормандони коррупсия бояд рафта назорат баранд, тафтиши хеле хеле сахт кунанд.

 Устоди азиз, барномаҳоятонро тӯли 6 сол аст ки тамошо мекунам.

Дар шаҳри Истаравшан «бузҳои хонагӣ» хеле бисёранд. Худамро барои риш 5 бор отдел бурданд.

Ман ҳоло дар Ватанам ва ҳамеша бо Шумо ҳастам.  

Саломату сарбаланд бошед.

                                       Кушониён

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Кушониён менависам. Худам ронандагӣ мекунам, таксӣ мезанам. Ин номаи маро ҳамчун шикояти таксиҳои ноҳияи Бохтари пешина ҳозира Кушониён ва ин чунин шаҳри Бохтари ҳозира собиқ Қурғонтеппа қабул кунед. Мо маҷбур шудем, ки ба шумо муроҷиат намоем. Шикояти мо аз як нафар корманди БДА-ГАИ аст. Ин корманди ГАИ сержанти калон Эркинбойзода Муҳриддин ном дорад. Ман вайро ҳанӯз аз солҳои мактабӣ мешиносам.

Як талабаи бесаводтарин дар синф буд. Дар донишгоҳ ҳам тамоми корҳояшро аз танаш ҳамкурсонаш менавиштанд.

Имрӯз аз гардиши чархи фалак ҳамин нафаре, ки номи худашро дуруст навишта наметавонист, иншо навишта наметавонист корманди ГАИ шудааст ва  хеле ҳам ба гуфти худаш «гаишники бообрӯ». Дар асл як тракторчӣ буд. Ҳоло ҳам тракторчигӣ мекунад. Даҳ-понздаҳ рӯз аз Раёсати ГАИ рухсатӣ мегираду меравад пайи кишту кор ва ба ҷуфту шудгори замини мардум машғул мешавад.

Аввалҳо як опели одӣ дошт. Вақте корманди ППС шуд шурӯъ кард ба зулму азоб додани мардум. Оҳиста-оҳиста омад корманди БДА шуд. Ба қавле повишенний рафт ва соҳиби Тойота-королла шуд. Айни ҳол ба фикрам пиёда аст ва Тойота карола ҳам надорад. Чунки дар шаҳри Бохтар хона гирифтааст. Бо ҷабру зулм кисаи мадумро холӣ карду худаш дар  шаҳр соҳиби хона шуд. Хонаашон дар як деҳаи дурдаст, ки дар охирони нуқтаи ноҳияи Кушониён ҷойгир аст, ба дунё омадааст.

 Баъди хатми донишгоҳ ба таври ғоибона ба академия супорид росту дуруғ тамом кард. Падараш ҳам тракторист буд. Соли 1995 таваллуд шудааст. Худаш ва падараш фақат аз пайи кишту кор дар замин буданд. Вай ҳам дар ППС ва ҳам дар ГАИ бо пора ба кор даромадагӣ аст.

 Дар ин система умуман ягон таға ва дар боло шинос ҳам надорад, ҳамааш бо пораву шайтонгарӣ рафта истодааст.

Ду точкаи корӣ дорад-якеаш дар пеши бозори «Фаровон» якеи дигараш дар назди  «круговойи Шаҳло». Бисёртар дар ҳаминҷоҳо меистад. Номи деҳааш Қизилкуч аст. Дар ин деҳа ҳама лақай ва узбекҳо зиндагӣ мекунанд.

Эркинбойзода Муҳриддин, сержанти калон золимтарин корманди БДА аст.   

Таксистҳои ноҳия аз вай сахт норозианд. Шикояти зиёд мекунанд. Вай на шинос ва на бегонаро рӯи хотир мебинад. Пули зиёд мегирад. Барои хурдтарин чиз баҳона мекунад. Беҳад дағалгуфтор аст. Асосан мошинҳои одиро ғам медиҳад. Ба мошинҳои баланду қиматбаҳо кор надорад. Ҳатто дар пеши чашмаш қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кунанд ҳам гӯё намебинад. Аксари ҷавру зулмаш ба ҳамин ронандаҳои таксӣ равона карда мешавад. Таксистҳои бечораҳо як сум, ду сум ҳила меёбанд. Чунки аз ҷабри электромобил, ки ноҳия ва шаҳри Бохтарро ҳам фаро гирифтаанд, умуман рӯз надоранд, муштариҳо ба онҳо савор мешавнад. Ба болои ин ҳама азобу меҳнат ин ГАИи ҳаромхур ғам медиҳад. Ду суми корашонро як сумашро мегирад.

Хоҳиш аз мақомот, ки ҷилави ин Эркинбойзода Муҳриддинро бигиранд.

                                             Тюмен      

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Дар дохил як ҷӯра дорам. Гоҳ -гоҳ ба алоқа мебарояд. Хулосаи гап барномаи «Минбари муҳоҷир»-и № 395 атонро, ки нашр намудед дар бораи СС.Ятимов буд вай ҳам дида будааст ва илтимос кард, ки ҳамин маълумоташро ба шумо бирасонам.
Мегӯяд, ки бо як амниятие дарди дил кардем. Гап дар бораи СС.Ятимов рафт. Он амниятӣ гуфтаст, вазъи саломати СС.Ятимов нохуб аст, мазааш сахт нест. Дар ҳақиқат табобат карда истодааст. Аввал Германия рафта будааст анализаш карда гуфтаанд, ки бояд стент монд. Аммо гӯё, ки немисҳо гуфтаанд, аммо кафолат дода наметавонем. Барои ҳамин Ятимов Исроил рафта дар он ҷо дилашро ҷарроҳӣ карда дилаш стент мондааст. Ҳозир дар Тоҷикистон будаасту дар хонааш табобат гирифта истодааст. Сабаби ба ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳузур надоштанаш ҳамин бемориаш будааст.

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,

Агаг сӯзад шабе сӯзад,шаби дигар намесӯзад.

Share This Article