Дар бораи ҷиноятҳои як мансабдори собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва мавридҳои зиёди заминфурӯшии Раҷаббой Аҳмадзода (Қофлонбой), раиси вилояти Суғд;
дар бораи кирдорҳои Комил Мирзоалиев, раиси Идораи Роҳи оҳан ва бародараш; дар бораи дархости кӯмак ба як модаре, ки пойи фарзандаш дар як муноқиша дар мадраса шикастааст;
ва дар бораи шикояти гурӯҳе аз соҳибони заправкаҳо аз болои Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов номаҳои расида аз Масчо, Кулоб, Хабаровск ва Восеъ ҳикоят мекунанд.
Тибқи маъмул ин номаҳоро бо навбат, яъне аз рӯзу соати омаданашон дар барнома ҷой додем. Ҳар яке аз ин номаҳо муаллифони худро доранд, ки ба гуфтаи барои мисол соҳибони заправкаҳо аз Восеъу Кулоб ночоранд рӯ ба мо оваранд, чунки дар дохил расонае нест, ки шикоёти онҳоро бирасонад, яъне нашр намояд. Аммо, ин шо Аллоҳ, мо, дар ин кори хайр ҳеҷ гоҳ тавақуф нахоҳем кард ва дӯшодӯши муаллифони худ бори гарони онҳоро ҳамл хоҳем кард:
Масчо
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Масчо бароятон ин номаро мефиристам.
Мехоҳам ба шумо нисбати собиқ сардори ШВКД дар ноҳияи Масчо, полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид маълумот расонам. Вай дар вазифахои сардори шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар вилояти Суғд, сардори ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ва муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД кор кардааст.
Қосимзода Илҳом Обидзода истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд буда, як инсони разил ва нокаси ҳаромгашт мебошад. Вақти дар мақоми сардори шӯъба кофтукови ҷиноии РКД-и вилояти Суғд кор карданаш, бо духтарҳои ноболиғ алоқа мекард. Бинобар гуфтаи худаш бо духтарони ноболиғ алоқа кардан ба ӯ писанд будааст ва бисёр шаробнӯш мебошад, то ҳатто дар ҷои кориаш шабонарӯзи машруботи спиртӣ истеъмол мекунад. Мегуфт, ки шогирди Пешво ба ҳамаи маъно аст. Бо ноболиғон дастдарозӣ кардан ва шаробнӯширо ҳам дар пайравӣ аз пешво мекунам, мегуфтааст.
Вақти сардори ШКҶ РКД вилояти Суғд буданаш, бо баҳонаи сохта ва маҳкам кардани одамон бо моддаҳои 307 -салафия маҳз дар вақти роҳбарии ҳамин шахс оғоз гашта буд. Он вақт сардори РКД Суғд генерал Шариф Назарзода буд.
Ин Қосимзодаи касиф бо ҳамон моддаи 307 миллион- миллион доллар пул кор кард. Зеро, ки то ҳол дар шаҳри Хуҷанд 20 хонаи истиқоматӣ, автомашинаҳои боркаши калон яъне фураву дуланҳо дорад.
Баъди аз вазифаи сардори ШВКД Масчо озод гардиданаш, Қосимзода Илҳом дар як нишаст бо ҳамкоронаш, дар ҳолати мастӣ нисбати вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва сардори Раёсати кадр, Халилзода Ҳусейн дашномҳои қабеҳ аз зану фарзандонаш карда гуфтааст, ки ман ба воситаи Наврӯз Валиев, сардори Бонки миллӣ дар вилояти Суғд вазифа гирифтам ва доду гирифтамро бо ҳамон шахс кардам, вале Ҳусейн сардори кадр, боз аз ман маблағ талаб кард. Ман надодам, бо ҳамин бо ман чап шуда маро аз кор гирифтанд. Дар ин ҳолат Шарифи калта, яъне Шариф Назарзода, ҳозира сардори РКД Хатлон, шогирдаш Раҳмон Анвари наркобаронро ба ҷои ман дар ноҳияи Масчо таъин кунонд, то ки маводи мухаддирро ба Узбекистон гузаронад гуфтааст ва қайд кардааст, ки ҳамин Шарифи калта як ноодам аст.
Проблемаи ноҳияи Масчо, мана ин ҳолат аст:
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой -Қофлонбой Аҳмадзода ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд падару писар, бо фурӯхтани замин барои биноҳои баланд ошёна, халқи шаҳри хуҷандро ба дод овардаанд, ки ногуфтанӣ.
Тамоми заминҳоро фурӯхтанд, ана акнун ба биноҳои замони Шуравӣ гузаштанд, то, ки он биноҳоро афтонда, ба ҷояшон биноҳои нав бунёд кунанд, ки дар ин ҳолат сокинон барои фурӯхтани хонаҳои зисташон розӣ нашаванд, ба воситаи раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Диловар, қарор оиди хезонидани шаҳрвандон, ба нафъи соҳибкор, яъне биносоз бароварда истодаанд, ки шабу рӯз халқи шаҳри Хуҷанд, ҳамин ду ифлосро дуъои бад мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд домсоз ҳоҷӣ Нуриддин ва писараш ҳоҷӣ Муқим хастанд, ки Раҷаббой (Қофлонбой) Аҳмадзода аз ин ду шахс, тамоми умр қарздор аст. Чароки вақтҳои ба вилоят омадани президент, тамоми расходҳоро хамин шахсон мекунанд ва баъдан бо ҷудо намудани ягон қитъаи замини нағз, плюс минус мекунанд. Раиси вилоят ва шаҳри Хучанд, тамоми мақомотҳои қудратии вилоятро забонкутаҳ карда гирифтаанд, замин медиҳанд, биноҳои кориашонро таъмир мекунанд ва мошинҳои хизматии нави қимат подарка мекунанд, токи ба Фирдавс Шарифзода ва Раҷаббой (Қофлонбой) Аҳмадзода ягон мушкилӣ наоранд, бо ҳамин халқ ба мақомотҳо арзу даъво кунанд, арзи онҳоро нодида мегиранд.
Ба кормандони прокуратура автомашинаи Кемри, ки нархаш тахминан 25-30 доллар, ба кормандони коррупция бинои меҳмонхона, зеро, ки нисбати Фирдавс Шарифзода ва Раҷаббой (Қофлонбой) Аҳмадзода бисёр маводҳо қарор дорад.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаи аввалаи маро, ки дар бораи Муҳибулло Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов ва КПП-и Панҷи буд, нашр кардед. Ташаккур. Навиштани номаро идома медиҳам. Дар бораи як нафари дигар менависам.
Боз як ҳаромхури дигари часпида ба Семейка Комили қудои Зоир аст. Бачааш набераи президентро гирифтагӣ, духтари Зоиру Фирӯзаро. Писари апаи Комил зани Хуршед Мирзои Авестогруп аст, ки ин фирма аз они Рустами Эмомалӣ мебошад.
Комил Мирзоалиев аз Масковский –Ҳамадонӣ аст. Раиси ЖД-Роҳи оҳани Тоҷикистон.
Зани Амонулло Ҳукумов, раиси пеши Роҳи оҳан ҷияни ҳоҷӣ Шариф аст. Дар вақташ президент якҷо бо ҳамин ҳоҷӣ Шариф дар таги дасти Ҳукумов дар Калининобод, кор кардагианд. Инҳо ҳамин хел бо ҳам чапидагианд. Боз бештарашон Зайнуллову Амонулло ном доранд.
Дар ҳақиқат Зоиру Комилу дигару дигараш як мафия шуда Амонулло Ҳукумовро заданд. Албата айби худаш ҳам буд. Аниқтараш айби фарзандонаш. Якеаш дар Русия бо наркотик ба даст афтод.
Инҳо аз тарси онки Ҳукумов дигар чун пешина борҳои онҳоро бурдан наметавонад дар ҷойи вай Комилро оварданд. Комил роҳҳоро медонист, шогирди худи Ҳукумов буд. Харидорҳоро мешинохт. Ҳукумовро ба президент сиёҳ карданд.Чунки писари дигараш ҳам кори бад кард. Бо мошин якбора се нафарро зада кушт. Хуллас, бачаҳои Ҳукумов чанд бор проблема карда падарашонро шарманда карданд.
Комил одами Зоир аст ва то ҳоло «борҳо»-и Зоирро бурда истодааст.
Муҳаммади бачаи Комил бо Рустами Эмомалӣ беҳад верниянд. Корҳои сохтмонии Рустам (бизнеси дом) пурра дар дасти Муҳаммад аст. Ҷӯраи сахт. Ӯро бовар мекунад. Кору бораш дар дасти ҳамин. Беҳад наздиканд.
Фаррухи додари Комил низ ин корҳоро-қочоқи маводди мухаддирро мекард, аммо мегӯянд, ки ҳозир бас кард. Ҳозир ин ҳам сахт бо семейка часпондааст, рафтуомад доранд.
Гап дар бораи он ки Шерикро чанд соли пеш дар Маскав дастгир карданд ва ин гапу овоза дар тамоми дунё рафт. Якум тоҷике, ки дар Русия пожизнений гирифт, ҳамин Шерак буд. Бо як, якуним тонна бор ба даст афтод. Чил, панҷоҳ одам ҳамроҳаш рафт. Маҳкам шуд барои ин бор. Шери кулобӣ, Шери табар мегуфтанд. Аз ҷумлаи ҳамин одамҳо якеаш Фаррухи додари Комил буд.
Комил вайро аз вазифа гирифт. 6-7 сол бевазифа хоб буд, тарсид. Боз ба кор гирифт.
Фарух се, чор сол зад зад, сумро кор кард ва худро аз бозӣ дур кашид. Ҳозир дом месозад, домсоз шудааст. Дар ҳамин лаблаби роҳи Ҳисор домҳое, ки сохта истодаанд, аз 40 то зиёд аст, ки онҳо аз они ҳамин Фаруханд.
Комил Мирзоалиев, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Пивзавод як ресторани се этажа бо номи Привал охотника дорад. Дар пушти супермаркети Ашан ҷойгир аст. Онҷо мойкаи Малика ҳам ҳаст.
Генерал Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз клиентҳои доимӣ (бепрогул) ва муҳимми ин ресторан мебошад. Инҷо ҳаррӯз меояд ва бо арусҳову бевачаҳои «ёшёш» дам мегирад, мебарояд меравад. Барои вай махсус ҷойи дамгирӣ рост кардаанд.
Ҷойи истироҳату ишрати Рамазон Раҳимзода ошёнаи дуввуми ин ресторан аст. Барои нишасти тобистонии Раҳимзода боз кати тоҷикии махсус дуруст кардагӣ, хуллас мисли меҳмонхона, ҷойи отдих, ҳама шароит:-ҳамом, сауна, ҷакузӣ, ҳама чиз дорад.
Дар онҷо пештар кадом бемористон қарор дошт. Онҷоро Комил Мирзоалӣ гирифта мойкаву тарабхона ва ҷойи бозии компютер кардааст. Сомон, писари дуввуми Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳаминҷо меояд. Точкаи бозиаш ҳамонҷост. Оилаи президент ба ин ресторан зуд-зуд меоянд.
Комил Мирзоалӣ ва Фарухи додараш барои Шоҳрух ва шоҳбача (Рустам) кор мекунанд.
«Шоҳбача» номи Рустам аст ки дар круги худашон байни ҳам чунин ном мегиранд.
Ва, як маълумоти дигар. Гапгап аст ки Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков ба роҳбарии коррупсия меравад. Аз МВД меравад.
Дар шаҳр чи ҷияну наздике ки дошт Шорух ҳамаашро зад аз милиса сур кард. Бузмаковро Шорух ва шоҳбача нағзаш намебинанд. Аммо бачааш началник мислисаи Хуҷанд дар параи дигари соҳил шуд.
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ва хоҳарону бародарони гиромиқадр, ки «Ислоҳ»-ро мутолиа мекунед.
Ҳамаи Шумо аз гурӯҳҳо оиди муноқишаи ду кӯдаки мо дар мадрасаи воқеъ дар квартали Северный Магаданский 14 –и Хабаровск хабардор ҳастед, ки дар натичаи ин муноқиша пои Маҷидов Муҳаммадамин Эраҷович зарбаи сахти ҷисмонӣ гирифта шикаст.
Аз рӯзи 13.03 то 20.03 26 дар беморхона қарор дошт, Ва аз рӯзи 20.03 то ба ҳоло дар хона аст.
Вазъу ҳоли кӯдак хуб нест. Ҳар рӯз температурааш баланду паст шуда истодааст. Имрӯз бори дигар рентген карданд. Ҷойи шикастаи пой дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад. Табибон пешниҳод намуданд, ки тезтар ҷарроҳӣ кардан лозим. Агар тезтар ҷарроҳӣ накунем, ин кӯдак мумкин барои тамоми умр маъюб (инвалид) бимонад
Бародарону хоҳарони гиромиқадр, ҳамватанони азиз барои ҷарроҳӣ 120000(як саду бист )ҳазор рубл лозим аст. Аз ҳамаи Шумо хоҳиш инки барои ҷарроҳӣ кӯмаку хайри худро ба картаи модари кӯдак, ки ба рақами телефони Назарова Мижгона 89198951443 пайваст аст, ирсол намоед.
Бародарону хоҳарони гиромиқадр! Ин маблағро ҳар чи тезтар бояд ҷамъ намоем ва ба беморхона бурда ҷарроҳӣ намоем. Модари кӯдак ин маблағро надорад.
Ҳамаи мо метавонем бо дастгириву кӯмаки хайриявии худ як фарзанди худамонро ба по хезонем.
Нуриддин Раҳимов ба ин модар таҳдид карда гуфт, ки аз ҳазрат Абдуҷабборе, ки кӯдакро ба ин ҳолат расондааст, шикоят накунад. Ҳазрат Абдуҷабор худашро ҳазрат мегирад вале дар асл кӯдакони мардумро дар мадраса латукуб мекунад гуфт модари писар
Ягон зан ё ягон мард мадрасаро айбдор накарда истодаан! Онҷо гап дар бораи саломати кӯдак рафта истодааст. Кӯдакро гипс карда оварда дар хона мондаанд. Модараш мегӯяд температура карда истодааст. Инҷо шаҳри мусофирӣ. Як рӯз кор накунӣ вазъат бад мешавад: «минусда мерай». Он зани бечора шавҳар, акаву апа,ё хоҳару додар надорад. Просто биёед кӯмакаш кунему якбори дигар рентген кунад ва хотираш ҷамъ шавад.
Худо накунад ягон кудак бемор шавад. Ҳолати модарро, вақте кӯдакаш касал шавад, мо ҳама нағз мефаҳмем.
Инҷо ҳеҷ касро обсуждат карданӣ нестам.
Восеъ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ин номаи мо аз ночорӣ аст. Мо як чанд соҳибкор, соҳибони заправкаҳо дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ба хулосае омадем, ки дар охир ба Шумо нависем, чунки дигар роҳе бароямон боқӣ нагузоштанд.
Мо, дар ибтидо хостем ба роҳбари ширкати «Фароз» Шамсулло Соҳибов мулоқот кунем, вазъиятро фахмонем. Барои ҳамин аввал пурсуҷӯ кардем. Гуфтем ягон шинос ёбем. Талош намудем, ки наздаш дароем, лекин фаҳмидем, ки наздаш тамоман даромада намешудааст. Касе, ки назди Шамс даромадан мехостааст аз нафаре бо номи Муҳиддинча иҷозат мегирифтааст. Касе, ки набошад, даже хешу табораш ҳам, ки бошад.
Шамсулло як помошник доштааст, ки Муҳиддинча гуфтанӣ. Аз бачаҳои Суғд аст. Ягон кас беиҷозати ин Муҳиддинча назди Шамс даромада наметавонистааст. Касеро, ки ҳамин Муҳиддинча мехостааст ҳамон одам метавонистааст дарояд. Карочи ҳама корҳо через Муҳиддинча будааст. Мегӯянд ҳамин хел иҳотаву муҳосира ва доступи ҳамаро маҳкам кардааст.
Баъд боз хостем ба занаш канал ёбем, Рухшонаро гап занем, ки «и мора аз ҳами се корманди Фароз, ки ҳар се- чор моҳ омада аз мо маблағ барои намедонем чи бошад талаб мекунанд халос кунад». Аммо вай ҳам дар хориҷа будааст. Барои ҳамин ба Шумо навиштем.
Гап дар сари он меравад, ки яке аз корхонаҳои ширкати Фароз «Пардохт сервис» ном дорад. Ва он дар ҳамаи заправкаҳои ҷумҳурӣ компютер задагӣ аст. Ҳамаи компютерҳоро ширкат худаш пайваст кард, пулашро мо пардохтем.
Аввал договор кард 3 дирамӣ сари як литр ҳақи хизмат мегирифт. Баъд омада омад то 9 дирам сари литр нархро бардошт.
Ин ҳама ҷабраш дар сари мо. Мо чанд литре, ки фурухтем сари литр 9 дирамиамонро мегирад. Болои ин боз налогу пули свету роҳкирову, комунали ва дигару дигар.
Мо ба ҳамаи ин сукут ихтиёр намуда пардохт карда истодаем. Лекин боз болои ҳамаи ин азобу машаққат аз тарафи Фароз ҳар ду, се,чор моҳ се нафар кормандони баландпояаш ба назди мо мебиёянд. Ҳамаи компютеру калонкаҳояшонро як кали ҳоҷӣ доранд –инжинер, номашро намедонам, таҳу торашонро мековад. Дар ҳоле, ки ҳамаи ҳаминҳоро худаш омада пайваст кардагӣ буд. Баъд ин дутои дигараш:-якеаш фамилияаш Атаев дигараш Убайдулло ном дорад, кову чов мекунанд копютерро. Баъд мегӯянд, ки ту 500 000 — 1000 000 литр аз Фароз қарздорӣ.
Мо намедонем, ки ин қадар литр аз куҷо баромадааст, ки дар се моҳ мо худамон 130 000 то 160 000 литр сузишворӣ бо як зур мефурушем.
Хуллас, сифри набудагиро дар пешониамон мезананду қарздорамон мебароранд. Мо ба зораву тавалло мезанем, «чикор кунем, компютера нафаҳмем, ба куҷо дардмона гуем. Бад меган хай як чи те, курш мекнем. Хай чко кунем аз инову ай налог қарздор нашем гуфта 4000 — 5000 сомон метему бо як се чор мохи дига чонмона мехарем».
Гап дар сари он меравад, ки ҳамин компютерҳоро, ҳамаи ҳаминҳоро худи ҳаминҳо соз карда ба мо додагианд. Аммо барои чи мо гунаҳкор бошем? Агар мабодо гап занем сразу сар мешава: «худут медонӣ ширкати кияй, саволи зиётӣ нате. Мо пула болода метем. Аммо рост, кида медода бошан нафаҳмидем? 9 дирамӣ сари литр додестем, бо иша кида медода бошан?»
Рости гап, ҳамин заправкаам дар ҷонамон заду ҳамин коргарҳои ширкати Фароз ҳам. Ба ҳамаи ин тоқат карда гашта будем. Лекин ҳамин навбати охирон омадагиашон моро маҷақ кард.
Болои ҳамаи ин, вақти бори охирон омаданашон қарздори калонамон бароварданд. Ин дафъа Атаев бо Убайдулло омада пули зиёд талаб карданд. Ками кам аз 30 000 — 40 000 сомонӣ ва аз як хел заправкаҳои шиносҳоямон то 100 000 — 150 000 сомонӣ талаб карда гирифтанд. Агар ман ҳаҷми маблағи додаамро гап занам, мефаҳманд, ки ман кадом заправка ҳастам. Аз ман ҳам маблағи калон аст. Гуфтам пул надорам. Гуфтанд пул надиҳӣ кор намекунӣ, компютерро хомуш мекунем, кор карда наметавонӣ.
Гуфтанд, ки «ира мо хдмонда намегирем». Ваъда карданд, ки квитанция медиҳем, аммо то ҳозира квитанцияро надидем.
Гуфтем ҳамин компютерҳоро худатон задагиед, худатон настройкааш кардед, худатон колонкаро пайваст кардед, чи хел боз моро қарздор мебароред охир, ҳайрон. Ҳамин налог худаш нафасгир мекунадамон: 70 — 80 ҳазорӣ бо як арасот. Боз талбанда аз ҳар органҳо мебиёян, безор шудем. Намедонем дардамонро ба кӣ бигуем. Нашавад ҷамъ шуда ба ҳукукумат бароем, ё назди Рустами Эмомалӣ биравем, агарки ин чораи ин ҷоҳилҳро набинанд, баъдан дигар маҷбур ба ҳама кор мешавем.
Ин ҷоҳилонро ягон орган бошад, ки пеши роҳашонро гирад охир, ана инҷост коррупцияи тапа -тайёр.
Ҳамин Шамсулло медониста бошад, ки коргаронаш аз номаш ана ҳамин гуна корҳо карда истодаанд. Меоянд бо як катагӣ ва кибр гап мезананд, аз номи Шамсулло Соҳибов сиёсат мекунанд.
Дар заправкаи худамон хозяин пайдо кардем. Аз дасти коргаронаш 50 — 60 заправка маҳкам карданд, дигар кор накарда истодаанд. .
Хуллас, хаставу дилгир шудем.
Умедворем баъди нашри ин номаамон мақомот барои чораҷӯӣ вориди амал мешаванд. Ё Рухшона мефаҳмондагист шавҳарашро,ки дигар инхели зулм накунанд,ки оқибаташ хуб нест. Рӯз ба рӯз мардум зидди ин оила шудаистодаанд.
