Нуробод метаркад: «фасод чӣ гуна Нурободро фурӯ бурдааст?»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №51

Сокинони Нуробод мардумони бедору ҳушёранд ва аксарият ҳақталошанду дар ифшои камбуд ва навоқис шуҷоъу ҷасур.

«Ислоҳ» дар бораи ин ноҳия борҳо матлабҳои алоҳида чоп кардааст. Ин бор ҳам нашри навбатии барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ба ин ноҳия бахшида мешавад.

Дар ин барнома ду нома аз Нурободро ҷой додем, ки боз ҳам аз фасоду коррупсия дар ин ноҳия навишта шудааст.

Муаллифон аз раиси ноҳия шикоят кардааст,ки наметавонад ҷилави порхӯрҳоро,ки масъулиятҳоро дар идораҳо банд кардаанд, бигирад:

                           Номаи Аввал

Раис картошка мехоҳад, мардум адолат: «шикояти сокини Меҳробод аз зулм ва фишорҳо»

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин, муборизи роҳи ҳақ ва умеду муттакои мардуми мазлум ва ситамдидаи Тоҷикистон.

Ман, сокини деҳаи Пандовчии ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод ҳастам. Ман, ростӣ, тақрибан ҳама наворҳои шуморо тамошо мекунам. Рости гап, то-ин замон бештар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекардам, вале акнун ман ҳам ба ҷуз аз тамошо сар кардам ба номанависӣ. То ин замон дар ватан будам, наметавонистам, ки нависам. Чунки он мақомотҳои хабис моро бисёр зери фишор қарор дода буданд. Вале, бовар кунед, устод ман агар солҳо аз зулм ва ситами ин одамхурон ва наслкушҳо гӯяму нависам ҳам кам аст.

Ман мехоҳам дар оғоз дар бораи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн каме ҳам бошад маълумот диҳам. Сипас дар бораи раиси ҷамоат ва куратори амният сӯҳбати худро идома медиҳам. 

 Устод ин муаллим С.Ф.Ҳ(Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн) аст. Ин дар навбати аввал омада ба заминҳои мардуми чорводор сарукор гирифт. Заминҳои юнучқа ва спарсезҳо яъне каҳдаравҷоҳои мардумро ҷуфт карда ҷаву зағир кошт.

Дар тирамоҳ ва баҳори имсол пода ва моли мардумро ба чарогоҳҳо рафтан намонд. Дар аввал ба мардум гуфт ин шоҳроҳ аст, мумкин-нест. Дар ҳоле, ки мо мардум зиёда аз 250 сар чорвои калони шохдор-гов ва аз 5000 то 6000 моли майда дорем.

Ин омор танҳо чорвоҳои қисми болои деҳаи мо аст ва тақрибан ҳамин қадари дигар чорво қисми поёнии деҳаамон дорад. Ва, маълум аст ки як қисми зиндагии мардуми мо куҳистон аз ҳисоби ҳамин чорвоҳоямон таъмин мешавад.  

  Хуллас, устод ин Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейни золим бисёр ба болои мардуми мо зулм кард истодааст.

 Айни замон ӯ омӯзгоронро маҷбур карда истодааст, ки талабаҳоро барои коштани картошка баранд: «дарс лозим не, картошка шинонед, дер мешавад»

 Ин раиси таъин кардаи Рустам на девонагиаш маълум, на соқиаш.

Солеҳзода Фатҳуддин мегуяд:  ӯро ба ин ноҳия Рустам (Рустами Эмомалӣ) равон кардааст- «ба ҳеҷ кас гӯш намекунам, ҳарчи хоҳам анҷом медиҳам».

 Хитоби ман ба Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн ин аст:-мисли ту барин раис дар  ҳамин умри начандони ман 5 нафар омаду рафт. Ҳушёр бош, рӯзе ту ҳам меравӣ..

Ҳоло як, ду сухан дар бораи раиси ҷамоати Меҳробод Эшонов Туйчи Бегмаҳмадович ва Сиёвуши амният гуфтаниам. Дар таърихи 5-уми майи ҳамин сол раиси маҳалла Зуров Каримҷон Шарифович ва муовинонаш Мирзо Раҳматов, Далер Муқимҷонович мардуми маҳалларо барои гирифтани пилла ба масҷиди поёни деҳа даъват карданд. Ин масҷид айни ҳол ҷои баргузории ҳамин гуна маҳфилҳои давлатӣ шудааст. Хулоса, ин бузи Туйчӣ бо ҳамроҳи Сиёвуши амният омада мардумро дар ҳолати хондани намози шом ба навор гирифта ҷарима карданд.

Ин шо Аллоҳ, ин аз Худо баргаштаҳоро Худо худаш мезанад.

 Устод, ин номаро чоп кунед. Дар оянд ҳатман менависам. Ҳамкориро тоза шурӯъ кардем.

Боқӣ дар амони Худо бошед!

                             Номаи дуввум

Аз таваллудхона то ГАИ-Нуробод дар муҳосираи пора: «номаи пурифшои як сокини ноҳия»

 Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Давоми 3 моҳ ман ба Нуробод, Рашт, Файзобод, Оби гарм, Роғун, Ваҳдат, Данғара, Варзоб, Восеъ, Кулоб Бохтар (Қурғонтеппа) бо ҳамроҳии чанде аз ҳамхизматҳоям сафар кардам. Дар давоми ин сафар аз мардумони ин ноҳияҳо дар бораи кору бори духтурҳо ва бемористонҳо пурсидам. Маълум гардид, ки Нуробод ва духтурони вай дар порахурӣ дар миёни ин ноҳияҳо дар ҷойи якум меистодааст.

Барои мисол дар Ваҳдат духтур барои дасти кудакро ҳалол кардан 150 сомонӣ мегирад. Дар Файзобод ҳам150, аммо дар Роғун ва Оби гарм 170 сомонӣ, бист сомонӣ зиёдтар мегирифтаанд. Дар Данғара ва Кулоб нархи ин амали духтурҳо 200 сомонӣ будааст.

Аммо дар Нуробод духтурҳо барои хатнаи як кӯдак 700 сомонӣ мегирифтаанд!! Бубинед, ки фарқ то чи андоза калон аст: 150 сомонӣ куҷову 700 сомонӣ куҷо?

 Духтур Қосимов Иброҳим мегуяд ман ҳақи худам ҳаст, боз назначений менависам. Ҳамин Қосимов Иброҳим танҳо барои қабул ва навиштани як ретсепт 50 сомонӣ мегирад. Беҳад бетавфиқу беинсоф аст. Эй, Қосимов Иброҳим аз Аллоҳ битарс! Ту, ки аз давлат пул мегирӣ, маош мегирӣ ҳар моҳ. Боз аз мардуми камбағал ҳам нашармида пул мегирӣ. Ба онқадар, ки Солеҳзодаи раиси ноҳия гуфта бошад, ки пора гиреду кори мардумро баробар кунед, баъд бебаркаш гирифтан мегирӣ? Ба ин гуна гапҳо фирефта нашав. Кадом рӯз коррупсия меояду ҳама хурдагиатро аз биниат кашида мегирад. Он гоҳ Солеҳзода ба додат намерасад.

 Боз пулро мегирад касофат мегӯяд «розӣ бошен». Аз сари қабри падарат розӣ бошем. Рӯирост мегӯяд 700 сомон медиҳӣ. Бетавфиқ. Наход як чукбурӣ 700 сомонӣ бошад?

 Акнун дар бораи Шогирезов Бахтиёр, духтури дандони ноҳия гуфтаниам. Ин ҳам беҳад гарон мегирад. Боз як характери безеб дорад, ки бо занҳо зино мекунад. Ин Шогирезов Бахтиёр, хонапари зинокор хонаи чандин мардҳои зандорро килет кардааст. Ҳоло нимашро мегуям. Бадбахт зану кудак дорӣ, шикамат ранги Ширек дам кардагӣ, бас кун зинокориро. Ин дафъа ном ба ном мегирам. Занҳои ҳамкоратро медонам, ки бо чандинтоаш ин амали пастро анҷом додаи. Акнун занҳои аз шавҳарҳояшон баромадагӣ беҳисоб. Бори дигар мегӯям, ки Бахтиёр бас кун зиноро.

Домулло, ман дар моҳи декабр фарзанддор шудам. Пули справкаро додам ба дасти Раҳматуллоева Назрон. Ду моҳи дигар аз қафояш давидам. Боз 90 сомонии дигарамро гирифту баъд справкаро дод. Баъдан ҷамоат рафтам. Боз ҷамоат барои шаҳодатнома 80 сомонии дигар гирифт. Вале ҳоло ҳам нагирифтаам шаҳодатномаро.

  Раиси ҷамоат аз Тегирмӣ, Туйчӣ ном дорад. Фақат дар ҷойи кораш нест.  

   Ҳар рӯз дар райони нав рейди телефонкобӣ гузаронида истодаанд, ки дар ҷони мардум заданд. Амният ва 6-ой отдел ҳоли мардуми Нурободро танг карданд. Эй, бадбахтҳои амният ва 6 –ой отдел аз телефонҳои мардумро кофтан порагирҳоро биқапед, як кори дуруст кунед.

Солеҳзода Фатҳуддин ин вазифа аз сарат мемонад, кадом рӯзе мегирандат ранги Ҳасани севакӣ, ранги ин раиси наве, ки гирифтанаш ва ҳоло мардум бо онҳо салом намекунад.

 Зиёрати Саъдулло, раиси пешини Нуробод солҳои 2010 то 2017 кор кард. Масҷиди ҷумъахонӣ медарояд мардум пешаш мехезанд, барои он ки хизмат кард. Аммо Солеҳзода туро як сол мешавад, ягон навигарӣ накардӣ. Амакат дар Душанбе. Шабе аз дасгоҳ зангат заданд. Бо амакат шиштаги будӣ. Гуфтӣ пеши Ҷаноб меравам, раиси Нурободам мемонанд. Насиҳатат кард, ки роҳи порагириро бигир, пора нагир, ҳоло фаромуш кардӣ ё вазифа мутакаббират кардааст.

  Муҳтарам раис! Бихоҳӣ, ки мардум ҳурматат кунанд, роҳи порагириро бигир ва амняту 6-ой отделро бигӯ ин қадар мардуми бегуноҳро шиканҷа накунанд. Камтар риш дошта бошӣ 6 –ой отдел мебарад шиканҷа мекунад.

Ин Шафоатова Зарина, духтури занҳо бошад ҳоло ҳам барои момодоягиаш пулгириро бас накарда баракс зиёдтар кардааст. 750 сомонӣ кардааст.

  Камолзода Мадина Тоҳир раиси суди Нуробод чанд вақт пеш дар Хундон маҷлис гузаронд. Гуфт агар ман фаҳмам, ки кудаконатон дарси динӣ мехонанд, агар фаҳмам талабаҳои мактаб масҷид рафтанд, агар штраф 5000 сомонӣ барои дарси исломӣ бошад 10000 сомонӣ штраф мекунам. Ин раиси суди Нуробод Мадина Камолзода беҳад исломро бад мебинад. Агар писаратон дар телефон ягон навори исломӣ тамошо кунад, беҳад штрафи вазнин мекунад. Ин раиси суди Нуробод як намуд ба ислом нафрат дорад, ки одам бар мусулмон ва мусулмонзода будани вай шубҳа мекунад.

Вай рӯирост таҳдид кард мардумро ва гуфт, ки барои масҷид ва барои дарси исломӣ парванда мекушоям. Раҳм намекунам мегуяд бадбахтбаргаштаи Мадина Камолзода.

  Домуло кумитаи замин барои ННН-РМА-рақами мушаххсаи андозсупоранда меравӣ 50 сомонӣ, ҷамоат меравӣ барои справка 50 сомонӣ, духтурҳо назначений мекунанд- 50 сомонӣ. Дар Нуробод порагирӣ дар авҷи аълои худ расидааст.

 Дар бораи ГАИҳои пости Турба даромадани Файзобод, ки дар Ислоҳ мардум чанд бор навиштанд. Дар ҳақиқат пора мегиранд. Аввал 5 сомонӣ буд, ҳозир 20 сомонӣ. Мошинат документ дорад, надорад 20 сомонӣ медиҳӣ. Пости Роғун ҳам ҳамин  хел. Пости ГАИи даромадани Нуробод ҳам ҳамин аҳвол-20 сомонӣ.

 Ин Солеҳзода Фатҳуддин инҳоро мефаҳмад, аммо кару кӯр аст.  

  Солеҳзода Фатҳуддин мардумро аз ин порагирҳо наҷот деҳ. Вақти Зиёрати Саъдулло порагирӣ ин хел набуд. Зиёрати Саъдулло як вақт дар пости Лаби ҷар меистад ва як ГАИро мепурсд, ки аз куҷоӣ? ГАИ мегуяд аз Ғарм. Зиёрат мегуяд ба ГАИ, ки кӣ туро инҷо вазифа додааст. ГАИ тарафи раис мегуяд вазир. Зиёрати Саъдулло тарафи ГАИ мегуяд «дафша аз ин нуробод, мада даркор нест коргари бегона».

  Зиёрати Саъдулло кадом хонае ягон кас аз дунё мегузашт мерафт, ҳамдардӣ мекард. Камбағал бошад, набошад мерафт.

Аммо ин раиси нави мо Солеҳзода ягон ҷой намеравад, ягон пешравӣ ҳам накард. Ҳоло фақат картошка корида гаштаст.

Солеҳзода Фатҳуддин фаромуш накун, ки ту дар ин вазифаву курсӣ муваққатӣ ҳастӣ. Инро бидон, ки кадом рӯзе мепарӣ аз вазифаат. Барои ҳамин ободӣ кун. Хусусан роҳи пораро дар Нуробод бигир. Инҷо ҳамаи кормандони идораҳо  пора мегиранд. Бе додани пора ягон кор буд намешавад. Ин чи ҳол аст?

 Он Хушнуди холабачаатро гуш накун. Вай тарафат гуфт, ки «ин хоинҳо бекоранд, мегуянд, дар Нуробод порагирӣ нест».

Одам мон мефаҳмӣ, худат тафтиш кун. Дар райони куҳна дар таваллудхона момодояҳо 700-800 то 1000 сомонӣ барои як таваллуд мегиранд.

Аз худи ман барои духтарчаам Раҳматуллоева Назрон 650 сомонӣ гириф, ин ҳам баъди баҳсу даъво. Аммо пули справкаро отделно гирифт вале дар охирин лаҳзаҳо боз 100 сомонӣ гирифт.

Ба Худо тамоми идораҳо ва махсусан таваллудхона як бозор шудааст. Ҳатман нархи баланд мегӯянд ва агар надонӣ гуфтаашонро медиҳӣ. Ягон хел санад барои ин пулҳо намедиҳанд. Чунки ин пулҳо пораанд, ба кисаи худашон меравад.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ҳой ҷаноби Солеҳзода Фатҳуддин!

Ту раиси ноҳияи Нуробод ҳастӣ, на сардори бригадаи картошкашинонӣ!

Вазифаи раиси ноҳия ин аст, ки болои тамоми идораҳо, мақомоти қудратӣ, бемористонҳо, ҷамоатҳо, суд, маориф ва сохторҳои давлатӣ назорат барад, то мардум аз зулму порагирӣ наҷот ёбанд. Аммо имрӯз мардум аз ҳар гӯшаи Нуробод менависанд, ки ноҳия ба бозори фасод табдил шудааст.

Дар таваллудхона бе пора фарзанд таваллуд намешавад.
Дар бемористон бе пул справка намедиҳанд.
Дар ҷамоат бе маблағ ҳуҷҷати лозима ҳал намешавад.
Дар роҳ кормандони ГАИ мардумро мисли нуқтаи андоз ғорат мекунанд.
Мақомоти амниятӣ бошанд, ба ҷойи ҷустуҷӯи ҷинояткору порахӯр, телефони мардумро мекобанд, ки мабодо «Ислоҳ» набинанду аз ҷиноятҳои мақомдорон огоҳ гарданд ва риши ҷавононро чен мекунанд.

Ин аст сиёсати идоракунии ноҳия?

Наход ту надонӣ, ки мардум аз дасти ҳамин кормандони порахӯр ба дод омадаанд?
Ё медонӣ ва худро ба кариву кӯрӣ задаӣ?

Раиси суди ноҳия Мадина Камолзода мардумро таҳдид мекунад, ки барои масҷидравӣ ва дарси исломӣ парванда мекушояд, аммо ту хомӯшӣ. Магар раиси ноҳия вазифа надорад, ки пеши роҳи ифрот ва зулми зердастонашро бигирад?

Ту бояд вақти худро барои адолат сарф кунӣ, на барои маҷбур кардани мардум ба картошка ва зағиршинонӣ. Нуробод вазорати кишоварзӣ нест. Нуробод ноҳияест, ки мардумаш мехоҳанд бо иззат зиндагӣ кунанд.

Фаромӯш накун:
ин курсӣ ҷовидона нест.
Пеш аз ту дигарон омаданду рафтанд. Баъзеҳо бо дуъои мардум рафтанд, баъзеҳо бо нафрати мардум.

Кӯшиш кун аз гурӯҳи дувум набошӣ.

Рустам туро барои зулм кардани мардум гузоштааст? Мардуми Нуробод аз бе масъулиятии раиси ноҳия ба дод омадаанд .

Аммо бидон:
на Рустам абадӣ аст,
на вазифа,
на ин қудрат.

Он чизе, ки мемонад-номи неку ёди мардум аст.

Ҳушёр бош, ҷаноби Раис!

Share This Article