Номаи маро алоҳида нашр кунед №61
Номаи зер аз ноҳияи Вахш қисса мекунад. Муаллиф аз яке аз деҳаҳои ин ноҳия аст ки ба гуфтаи худаш феълан дар як шаҳри Русия аст ва хоҳиш кардааст, ки муаллифро фақат бо номи муҳоҷирбачаи вахшӣ дар Маскав зикр намоем. Дар ин нома маълумотҳои ҷолиб аз фаъолияти бузҳои мақомот ва низ аз ҳаводиси дигар оварда шудааст. Аз ҷумла дар бораи ҷияни генерали ВКД Солеҳзода мегӯяд дар пайи афви ахир ба озодӣ баромада вале баъди ҳамагӣ чанд рӯз ҷасади ӯро бо осори латукӯб пайдо мекунанд. Беҳтар аст дар бораи ҷузъиёти дигари нома нагӯем, то худатон қироат кунед. Ва инак нома аз Вахш аз муҳоҷирбача, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад:
Вахш
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Номаи ман аз ноҳияи Вахш, ҷамоати шаҳраки Киров (ҳозира Зарнисор) шӯъбаи 4 фиристода мешавад. Ман истиқомат кунандаи ҳамон деҳа ҳастам.
Дар гирду атрофи мо чанд қишлоқ ҳаст, аз ҷумла Оқгаза, Кули сӯфиён, алалхусус Чорум, ки дар ин ҷо тоҷик, ӯзбек ва қалуғу лақай бисёранд.
Кутоҳи гап, ман дар ҳамон ҷо таввалуд шуда ба воя расидаам ва ҳоло шукри Аллоҳ таъоло ба ҳама пастию баландӣ дар муҳоҷират рӯз мебарем.
Устод, аз шумо хоҳиш мекунем, ҳамин номаи маро дар тамоми расонаҳоятон чоп кунед, то ба гӯши ҳама расад.
Аввал номи бузҳои қишлоқи худамон ва маркази Чорум ва Оқгазаро менависам. Ин бузҳо бузҳои мақомотанд ва ин рӯйхати онҳо аст:
1) Аҳлиддин бачаи Маҳмадсаид,
2) Гулов Алӣ аз Чорум,калони раисони маҳал,
3) Ҳайдар,раис(хоҷагидор) пеш муаллим буд,
4) Юсуфи магазинчӣ,
5) Расули директор,
6) Эшони Маҳмадулло ва бародари калониаш Лутфулло,
7) Эшони Шоҳмаҳмад,
8) Исмоил бачаи Назар,
9) Файзулло бачаи Раҷаби аризанависак, мисли падараш буз
10) Маҳмадулло, бачаи Рамазони духтур
11) Акобири чорумӣ,бо Ҳамиди акааш,бачаи раҳматии Салом,
12) Мирзои бачаи Шерафган, аз Чорум, бо Рустами амакаш (оилаи Талбаки пистафуруш, Мирзоевҳо),
Алиҷони агент,бачаи Эшбурӣ бо бародаронаш,
Ва магазинҳои Таги чинори Чорум, кам гузаштаи одамҳоро маълумот бидиҳед. Ин дафъа навбати номи шумо. Бе он ҳам бузи аниқ ҳам доред дар байнатон.
Ин номи ними бузҳоеаст, ки гуфтем. Агар ислоҳ нашаванд, номи дигарҳояшонро ҳам дафъаи дигар дар «Ислоҳ» ифшо мекунем.
Ва ҳоло шурӯъ мекунем аз тарафи қишлоқи Файзуллои буз. Файзулло, бачаи Раҷаби аризанависак бо бародарону авлодонаш бузанд.
Дар он ҷо ду бародар буданд, ки яке онҳо солҳои пеш гузашта шуда буд бо номи раиси Фаттоев Ҷунайдулло. Худораҳматӣ як бача дошт бо номи Фирдавс, ки ба мурури замон ӯ ҳам раиси ҷамоати шаҳраки Киров шуд ва аз сабаби замин фурӯшӣ аз тарафи коррупсия дастгир шуд. Вале аз сари суд озод шуду ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт.
Амаки ӯ доктор Фатоев Иззатулло чанд сол пеш дар СИЗОи шаҳри Бохтар мурда буд ва оварда дар қабристони пеши Чоршанбебозор гурониданд, гуё дилаш хуб кор накарду мурд. Сабаб ҳамин буд, ки Файзуллои буз мошин дошт ва як умр бо доктор Иззат хӯрда мегашт. Доктор Фатоев Иззатулло аз касе сум мегирифт барои ягон корро ҳал кардан ё барои замин Файзулло медонист, хабар дошт.
Як рӯз нисбати доктор Фатоев Иззатулло як ду нафар ба шуъбаи корҳои дохилии Вахш ариза мекунанд. Исмоили амакбачаи Файзуллои буз дар ГАИи Вахш кор мекард. Мегӯяд Маҳмадуллои буз, бачаи Рамазони духтур амакбачаи дигар он қарздорҳоро фарёд карда дар байни онҳо аз як ҳамсояаш низ барои замин доктор Фатоев Иззатулло пул гирифта буд. Номи он шахс Обид. Бачаи Аҷики носфуруш ҳамаи онҳоро ба шашлик мебарад. Маҳмадуллои буз мегӯяд шумо даъво кунед, ман пули шуморо гирифта медиҳам. Ҳама даъво мекунанд.
Доктор Фатоев Иззатуллоро аввал вақт дода буданд. Баъди ин кор мебаранду дар отдел маҳкам мекунанд. Бо фармони Исмоили буз ончунон задане мекуннд, ки доктор Фатоев Иззатулло дар СИЗО ҷон ба ҳақ месупорад. (Дар он ҷо то 72 шабонарӯз, то ба суд рафтани дело одамҳо маҳкам мешаванд) Шодравон як писар дошт бо номи Абдулло, ки ӯ яккаписар буд дар хона.
Бисёр бачаи беҳтарин аст Абдулло. Мо умед дорем, ки руҳи падарашро аз ин бузҳои касофат розӣ мегардонӣ.
Дар байн Фирдавс, ки ба Федератсияи Русия рафт дар кофтуков қарор дошт, нисбати ӯ низ ҳамин корро карданд. Ба қарздори Фирдавс маълумот доданд, ки ӯ дар Русия кор кардаву пул дорад. Онҳо омада бачаи ӯро бурда мезананд, ки он бача нав ҳамон сол мактабро хатм мекард. Дар пайи ин шаллоқҳо он бача чанд рӯз бемор шуда аз дунё даргузашт. Ба ин ҳама Файзулло, бачаи Раҷаб, Маҳмадуллои бачаи Рамазони духтур, Исмоили бачаи Назари ачки боз бо ҳамроҳи хешовандонашон қишлоқи боло Оқгаза қишлоқи худашон тарафи мо аз Эшон қишлоқ сар карда то Чоруму Боҳтробод бо занҳои шавҳардор робита доранд.
Яке аз ин гуна занҳо зани Баҳодури ҳамсояшон буд, ки ҳар шаб мерафт. Шукр, ки ӯро дастгир карда ҷавоб дод Фарҳод. Зани Фарҳод аз Чорум буд -духтари Талбак аммаи Мирзои буз (пеш аз як касро таҳқиру бузӣ кардан аввал оилаи худро бояд ҷамъ кард)
Файзулло як аппа дошт. Солҳои пеш дар Чорум ба устод Ҳусейнов Шеравган Раҷу, ки писараш асту аз мо як чанд сол калон буд шавҳар карда буд. Аммо дере нагузашта ҷудо шуда омад. Як бача дошт, ки вай дар ҳавлии бобояш Раҷаб калон шуд. Рӯзе расид, ки Файзуллои буз зани худашро бо ҷиянш қапид, аммо корро хапудам карданд. Ҷиянашро заду сур кард. Ҳозир ҷиянаш дар Русия бо падараш кору зиндагӣ дорад.
Ба шумо бузҳо гуфтаниам, ки аз Аллоҳ таъоло битарсед. Қиёмат наздик аст. Бубинед чи ҳолатҳо ба бузҳо рух медиҳад , ин ҳоло дунё аст ва охираташ назди Аллоҳ аст.
Як вақт бачаи Шарофат бо бачаи ҳоҷӣ Раҳматуллоҳи камазист ҳамин хел аз қафояш мегаштед. Ба гуфти Исмоили буз як шаб аз куҷое меомад, ки Файзи бачаи Шарофат ҷияни Саиди даюс Абдулманони бачаи ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ аз куҷое як говро меоварданд ва ӯро дида говро дар хонаи қорӣ Давлат, акай Юсуфи магазинчӣ мепартоянду мегурезанд. Дар байн чанд вақт Маҳмадуллои буз милисаҳоро ба хонаи Файз мебурду меовард. Ҳатто говро соҳибаш гирифта буд. Вале ин бузҳо пушт ба пушт мекофтанд. Аммо ман худам пурратар ин корро фаҳмидам, ки ин хел нест.
Исмоил аз хонаи хоҳари эшони Маҳмадулло, аз пеши ӯ мебарояд. Вақте онҳо Исмоили бузро мебинанд, намедонанд, ки чи кунанд, то гуноҳи худро рупуш кунанду то ҷое маълумот гирифтем инҳоро забон кутаҳ созанд. Аммо рӯзе рсид, ки Файз бо тағои даюсаш Саид рафта аз соҳиби гов бахшиш мепурсанд. Соҳиби гов Тоҷиддин, човандози ҳоҷӣ Хайрулло Саъдуллоев, яке аз бародарони Азизмои газетхонак. Аммо бачаи ҳоҷиро бо туҳмати дигар мебаранд. Говро дуздидаӣ гуфта маҳкам мекунанд. Бачаи ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ, ки ин корро накарда буд ба кала намегирад. На он говеро, ки соҳибаш гирифт ва на ин гови дигареро, ки мехостанд дар сари бачаи ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ бизананд.
Исмоили бачаи Назар як ака дорад, ки як умр дар БДА кор мекунад. Ҳоло бошад дар Шаҳритус, ки бо дастгирии ҳоҷӣ Холи бачаи Раҳматулло Саъдуллоеви додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонови чапаевӣ, ки рақами мошинаш қалбакӣ 200 аст кор мекунад.
Сафари акаи Исмоили буз як ҷиян ба номи Мурод дорад, ки ним гектар саҳми онҳоро гирифта вазифа ваъда карда дар отдели Вахш ба кор монда буд.
Инҳо аз ҳисоби бузӣ ва зулм сари мардуми моро мехуранд. Ягон қонун барои инҳо нест:- маст дар сари рул, зино бо шавҳардорҳо.
Эй, мардуми Эшонқишлоқ! Чи шудааст ба шумо. Ин қадар беғайрат шудед. Як хели шуморо омад то знҳоятонро дастдарозӣ доранд. Натарсед. Ранги худашон шавед. Бипоеду биқапедашон ва дар интернет партоедашон ин бузҳоро, то ки шарманда шаванд.
Сафари акаи Исмоили буз бачаи Назари ачки.
Да қишлоқ як чанд бародар эшонзода буданд бо номи Эшони Аслиддин, пеш кор мекард дар хоҷагии об. Солҳои охир имомхатиби масҷиди ҷумъахонии Чорум шуда буд. Додараш эшони Ҷаъфар дар ҳамсоягӣ бо Сафари акаи Исмоили буз мезист, рӯ ба рӯ буданд. Ба қавле Сафар дар амният дӯст ва ҳамкурс зиёд дорад. Чунки аввал ҳамонҳо дастгирӣ мекарданд. Эшони Ҷаъфар ба дуъохонӣ машғул буд. Доим пушти хонааш одами бисёр буд. Охирон вақт,ки дуъохонӣ барои бархе қонунӣ шуд фақат рузҳои чоршанбе қабули одам дошт.
Аз чи бошад ин касифи буз эшони Ҷаъфарро ба амният менависад. Бисёр ғамаш медиҳанд.
Дар байн акааш эшони Аслиддин, ки имоми масҷиди ҷомеъ Чорум монеъ мешавад. Гапҳо боло меравад. Ҳатто бо фармони Сафар эшони Аслиддинро бурда чизе мекунанд. Дере ногузашта эшонро давления як бор мезанад ва аз дунё мегузарад. (Инҷо ҳикоят тулонист, аммо ман кутоҳ гуфтам)
Ва ҳоло бошад нақша кашидаанд, ки чи хел хоҷаги деҳқонии Фирдавс Фатоевро аз дасташ кашида гиранд.
Ба фикрам Фирдавс аз корҳои инҳо бохабар аст, медонад. Ба шумо гуфтаниам, ки «эй, бузҳо шумо мурданӣ надорен»?
Ҳоло дар бораи Ҳайдари шафтолу мегӯям
Ҳайдари раиси хоҷагӣ аст. Пеш муаллим будӣ, фаромуш кардӣ? Ришатро давондаӣ бо Маҳмадалии ҷураат ва ҷияни алтри пиёнискаат Каромати …..То чанд эшонҳо ва он тараф батошиҳоро дар амнияту отдел мефурушед, чи хел мегарданд, чи хел намоз мехонанд? Кори шумо чӣ?
Якеи дигар бачаат Баҳодур аст.
Ҳайдари раис! Гапҳои маро хуб гӯш кун. Аз пушти бачаат то кай мепарӣ? Фаҳмидем бачаат ҳамкурси Зувайд Соҳибов, бачаи ҳоҷӣ Шарифи қудои президент будаст. Духтари инвалидат дод Аллоҳ таъоло, нафаҳмидӣ, Умари бачаатро ранги духтарҳо кард, нафаҳмидӣ. Бачаҳои аз зани ҳозираат бо набераи Карим Рашид будагиат хонаатро дуздиданд, сейфатро дуздиданд, нафаҳмидӣ: «трам ранги Маҳмадали раиси маҳаллаи чорум одам намешен, чиба ними заминора фурухтай ягон мақомот намия тарафтон? Духтарт чанбор қапидат, соҳиби наваса шидай. Бечора эшони Давлатро мебинам мегуям «и занай, дхтари тра бинм, мегум шӯи Давлатай. Раиси Ҳайдар бо мегум бас ку, мурдант наздикай»
Ва инҷо дар бораи Маҳмадуллои бузи бачаи Рамазони духтур мегуям.
Шумо хонаи мусафедро маҷбур гирифтед, фаромуш кардед аз мурдан. Шабу рӯз дар ғайбативу маълумот ҷамъ мекунӣ ва рост отдел мефиристӣ. Ин корҳоятро кай бас мекунӣ? Ҳоло боз чанд нафари дигар шогирд дорӣ, ҳамроҳи нашъамандҳо.
Раҳмони барига аз тарафи хонаи Фирдавсашон меоварад. Як шағолаки дигар дорад -Хисрави бачаи Шамсӣ (пеш пенсиятияк) буд, Сайдо бо Мирзои додараш, бачаи Абдураҳмони тракторист, Абӯбакри дузд. Дар қишлоқ аз дасти инҳо ягон чи намонд.
Карими бачаи Сафаралӣ! Аз сӣ гузаштӣ, нав занат доданд, кам нашъамандӣ кун, зиндагиатро пеш бар. Ҳамон падар то кай хизматат кунад? Хулоса, номи (Эмомалӣ)-и шогирдатро намегирам, лекин дар пешат аст,ку?! Бигзор ин дафъа махфӣ мемонад, дафъаи дигар мегӯям.
Оилаи Шоевҳо ҳушдор ба шумо ҳам дорам, ки бисёр ҳавобаланд шудаед. Падаратон чи шуд? Аз раиси маҳаллагӣ фоида гирифт? Бо шумо ду сум пулро дида ҳавобаландӣ доред.
Акобири Чорум, бачаи Салом, ба мардум дору мефурушӣ бо Одили батош. Вале боз худат подстава мекунӣ. Чи хел Фирузи човандозро дар хона сиёмка карда ба УВД додӣ ку? Ҳамиди бародарат ҳам кристалл мезанад, ранги худат боз мефурушад ба Мирзои Шерафган. Баъд вай дар отделу Агентии зиди маводи мухаддир хабарро мерасонад.
Мирзо бо бачаҳои боло дар боғатон кристаллро задед, сипас аксу суратҳояшонро гирифтиву партофтӣ. Аз онҳо сумҳои бисёрашонро канданду баъд ҷавоб доданд.
Ман дар як кор ҳайронам. Ҳаминки ба Чорум мегузарӣ, салом кардӣ, накардӣ сразу як хабар мегӯянд.
Яке фалонӣ… фалон кор кардаст. Боз мебинӣ бачаи Ҳоҷӣ Раҳматулло доктор Асо ё ҳоҷӣ Манонро ғайбат доранд: «Шумо уқа гап занен да рушон бген»!
Як Тоир Турсунови батошӣ на занҳои як хелатро монд, на апаву хохари як хели дигаратро. Дар номусатон расид. Аммо боз вақте дар болнитса хоб буд, ранги лесакҳо рафта хабар гирифтед: «мурен ай и рузтона».
Инҷо дар бораи ҳамин Тоир Турсунов мегӯям
Тоир Турсунов Ҷавлиевич аз ҷамоати шаҳраки Киров, шӯъбаи 4, деҳаи Ҳосилобод аст. Тоиру бародаронаш 5 нафар буданд.
Акааш доктор Норим, раис Маҳмадалӣ, Чорӣ, бухгалтер. Инҳо аз олам даргузштанд. Доктор одами одӣ ва хоксор буд. Маҳмадалӣ бошад, солҳои пеш муовини раиси ноҳияи Вахш буд- байни 2000-2005 ва одами наздики Муродалӣ Алимардонов буд. Солҳои охир пеш аз вафот намояндаи ширкати Сахӣ дар ҳудуди Хатлон буд. Чорӣ- бухгалтер солҳои пеш дар маслозавод бо Ҳоҷӣ Амон ва Амрулло кор мекард.
Маҳмуд, бародари дигарашон як гови тайёр аст. Ягон савод надорад, корҳои хоҷагиашонро пеш мебурд.
Як вақт дар части Файзалӣ Саидов дар тил кор кард. Аз уҳдаи вазифа набаромад, аз кор дафъ карданд. Ҳозир ба ҳамон корҳои хоҷагии деҳқонӣ овора аст.
Тоир доктор буд ва бо Илҳом командир, эшони Мирзо ва Маҳмадии пахтабизнес шинос ва ҳамдеҳа буданд.
Ба мурури замон бо Қурбони бех шиносоӣ пайдо кард. Чунки Қурбони бех ҳам ба тиҷорати пахта сару кор дорад. Ҳатто Қурбон як корхонаи пахта дар Олмон ҳам дорад
Хулоса Қурбони бех Тоир Турсуновро раиси ҷамоати Киров монда оҳиста-оҳиста ба Соҳибовҳо шинос кард.
Рафта рафта Тоир Турсунов бо Соҳибовҳо соз шуд. Ва дигар гапи Қурбони бехро зад гӯш намедод. Аз Киров, деҳаи Чорум Аҳлиддин ном бачаи Ҷуъмахон дар ҷамоати Киров пеш кор мекард, раиси кумитаи заминсозии Вахш шуда буд. Ӯро дар коррупсия подстава карда ҷояшро гирифт.
Фирдавсӣ Фатоевро ҳам ҳамин Тоир Турсунов подстава карда буд.
Баъди раиси кумитаи заминсозии Вахш шудан Қурбони бехро гӯш намекард, замин мефурухт.
Аз онҷо ба Ҷиликӯл раисии кумитаи заминсозӣ шуда рафт. Баъд коррупсия худашро қапид.
Бо кришавати Соҳибовҳо, ба шунидаи мо, як миллион доллар зиёд дода баромад.
Баъди як сол зиёд гузаштан боз раиси кумитаи заминсозии Кушониён таъин шуд. Дере нагузашта боз дар дасти Прокурори генералӣ зад. Ин бор Қурбони бех одам ёфт. Вақте аз Душанбе барои суд ба Қурғонтеппа оварданд дар СИЗО ҳамчунон задане карданд бо супориш Қурбони бех, ки дар кома меафтад. Тоирро бемористони Қараболо мебаранд. Ҳамон шабу рӯз як духтари Ҳоҷӣ Шариф дар дами марг дар ҳамонҷо буд.
Оилаи Соҳибовҳо ҳамаш дар ҳамонҷо буданд.
Як нафари онҳо шинохта ба писараш Бурӣ занг мезанад. Бурӣ омада аҳволи падарашро мебинад ва ӯро пеши Зоир Маҳмадраҳим медароранд. Ҳолатро мегӯяд, баъд ҷони Тоир Турсуновро мераҳад. Вагарна Қурбонали Юсупов раиси ноҳия несташ мекард.
Чи хеле пештар гуфтам дар ҳамон шабу руз мардуми беномуси лесаки Чорум рафта тез тез раис гуфта хабар мегиранд. Ҳатто якхели лесакҳо пинҳонӣ рафтанд, то мардуми Чорум ва Эшоно набинанд.
Тоир Турсунов Ҷавлиевич таваллудаш 1975 ё 77 мебошад, миллаташ узбек, аз батошиҳои Киров аст. Лек бо ҳоҷӣ Зайнуллои кангуртӣ, домоди ҳоҷӣ Шариф наздик, ки ҳаст ҷои таваллудашро ноҳияи Данғара, ҷамоати Кангурт ва миллташро тоҷик гузаронидагӣ. Ин лаъини Тоир Турсунов ҳар вақт дар байни круги худаш мегуфтааст, ки «ма тоҷикора фалон кардагиюм».Солҳои пеш мардуми Боҳтробод (ҳозира ҷамоати Гулистон Сарбанд) чанд бор гирифта пушти теппаҳои Оқгаза бурда аз падараш пули бисёр гирифта ҷавоб додагианд, то ҳол дар дилаш нафрат ба тоҷикҳо дорд. Лек оилаи беномуси Соҳибовҳо пуштибонӣ мекунандаш.
Падарашро он қадар ёд надорам лек сумдор буд. Як Москвичи буткадори беранг дошт.
Бургут гуфтагӣ шахс буд, устои матор. Ба хонаи Тоир Турсунов дар рӯзи рушан ҳамла карда қопча қопча пул медуздад ва ҳамон вақт Маҳмадалии акааш мебарояду мепаронад, захмӣ мешавад Маҳмадалӣ.
Бургут маторист буд. Боз як Юсуф гуфтаги автобусчӣ буд.
Ҳамаи мардуми Батош ва тоҷикҳоро бозори Тошработ, Багара, Гулистон ва молбозор мебурд.
Дар раҳ Бургут аз куҷое пайдо шуда манъ мекарду пулҳора мегирфт.
Ба гуфти Юсуф гӯё автобуси ӯро ба ғайр аз худаш ва Бургут ҳич кас ҳай карда наметавонист.
Ба шоҳиди Юсуфи афтобусчӣ Бургутро қапида ҷиноятҳои вазнин, ки дошт ҳукми қатлаш дода ва ба иҷро расониданд.
Лек дар асл Юсуф шарики Бургут буд. Дид рузҳо дигар тинҷӣ шуд истодааст, тавасути як одами наздикаш ба милиса показаний медиҳад ва худашро халос мекунад. Аммо то ҳол Юсуф бо мулло Ҳакими додараш бузи номери 1дар Чорум ва масҷиди маҳаллашон аст.
Бургут як чанд додар дошт. Яктояш Алиҷон. Тоир онҳоро ғам медод. Кучида райони Масковский рафтанд.
Ҷӯраи додаруш каратеист буд. Дар вақташ зада девона карда баданаш. Вай монд дар қишлоқ.
Тахминан солҳои 2004-2005 Тоир Турсунов як саҳари туман буд ба мошини камриаш дар Чиноро пеши магазинҳо зада мекушад Ҷӯраро ва бори як шогирд дошт ҳамон мекунад. Вай аз Сооружения номаш Зокир –шайтон. Ин Зокир ба дӯш гирифт ва кор ҳамонҷо ҳал шуд.
Ҳозир Тоир Турсунов бекор аст.
Солҳои пеш Маҳмадалии акааш аз 200 гектар зиёд дар Киров заминҳоро гирифта буд, ки ҳоло ҳамааш дар Тоир мондааст, ки онро бачааш фурӯхта тез- тез мошинаи Лексус ва Тойотаҳои нав ҳай карда мегардад.
Мардуми Чорум пеш шумо иттифоқ будед, аммо ҳоло ба шумо чи шудааст, ки беномусиву бузиву лесакиро пеша гирифтаед?
Акаи Муҳаббат, акаи Ҷумъахон, раиси Ҳоким, гапзан буд. Батошиҳо мегурехтанд аз инҳо. Шумо чӣ, ҳамон Саидхони пиёнискаеро мебинед аз шумо дида ҳазор бор хуб аст. Як худаш толпаи батошиҳоро гапзанӣ намемонад.
Беномусӣ дар мардуми Чорум ва Эшоно мода шудааст. Ба ҳамаат хотиррасон кунам, ки ҳоло номаҳо бисёр аст. Чи хеле Шамсиддини директор ба занҳо ….,тамоми хешовандонашро дар мактаб номнавис кардаасту сум медиҳадашон, одамҳои камбизоат бошанд баракс ба мактаб пул медиҳанд.
Муаллими Шамсиддин директори мактаби миёнаи махсуси рақами 9 ноҳияи Вахш ҷамоати шаҳраки Киров бо домуллои лесаки амакат ва авлоди ҳаромхурат дар навбат ҳастед.
Ба қарибӣ мебинам. Бачаи домулло Абдулло, ки мадраса хонда қории Қуръон шуда буд ҳоло милиса ва як ҳаромхӯри дигар шудааст.
Ҳоҷӣ Раҳматулло, дар солҳои пеш дар ёдам ҳаст ҳам барои зинда ва ҳам барои мурдаҳоятон хизмат мекард, як бор ҳолпурсиаш кунед, ку бинем?
Баракс дар куҷое тавонед, як гапҳоеш мегӯед ва «одами касала рузша бад мекнен».
Якеаш раиси маҳаллаҳо Алӣ Гулов. Дар ҷони ҳама задагӣ аст. Ҳатто ба фарзандони акои худаш раҳм накарда чандин бор ба мақомотҳо супоридашон. Имрӯз- пагаҳ аз дасти арақхурӣ мемурӣ. Як бор ҳам бошад мурданатро фикр кун! ,
Чи шуд бадӣ? То куҷо доктори Асо бачаи ҳоҷии акаат баромад? Бародарҳоят аз шармат буз мегӯянд, баъд мебинанд мардум сар хам.
Ҳамон ҷиянат ҳоҷи Манон хуб дузд мегӯянд, лекин буз нест.
Боз давом дорад. Ҳоло хабарҳои замин фурушиатон бузиатон аз Чорум ва Эшон қишлоқ ҷамъ шуда истодааст.
Мардуми Чорум, Эшонқишлоқ, маҳаллаи тарафи Сеюм аз хонаи Баҳодури Ҳайдари шафтолу то хонаи Мирзои камазист! Хуб дар ёдатон гиред: «ай бузи ҳеҷ вақт ранг намегирен кам кунковӣ кнен, ай паи зиндагиатон шавен».
Бародар як хабари фаврии дигар:
Дар ин авф ҷияни Солеҳзода генерали ВКД, сарбандӣ номаш Муҳиддин аз Сарбанд ба озодӣ баромада буд. Як рӯз мошини Лексуси 570 рангаш сафеди ҳоҷӣ Азиз Соҳибовро гирифта куҷое меравад.
Чанде баъд мошинро аз роҳҳои територияи Қурған меёбанд. Аммо худаш бедарак буд. Баъди як ҳафта зиёд ҷасадашро аз як боғ бо осори зарбу латукӯб пайдо карданд, яъне марги маҷбурӣ. Ҳоло ин шурӯъи навиштану ифшои бузҳо ва ҷинояткорон аз Вахш аст. Нома навис накобен, ислоҳ шавед беҳтар аст.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ин нома боз як бор нишон медиҳад, ки вақте мардум хомӯш мемонад, овоза, тарс, хабаркашӣ ва сӯиистифода аз нуфуз метавонанд фазои як маҳалро заҳролуд кунанд. Дар нома муаллиф аз афроде ном мебарад, ки ба гуфтаи ӯ ба мақомот хабар мерасонанд ва аз ҳамин роҳ ба сокинон мушкил эҷод мекунанд. Инҳо иддаоҳои муаллифи номаанд ва то замони санҷиши мустақил набояд ҳамчун ҳукми қатъӣ қабул шаванд.
Аммо як чизро метавон бо қатъият гуфт:
Тарс набояд мардумро аз гуфтани ҳақиқат маҳрум кунад.
Агар касе шоҳиди ришва, таҳдид, латукӯб, гирифтани замин, сӯиистифода аз вазифа ё ҷинояти дигар шудааст, хомӯшӣ роҳи ҳалли мушкил нест. Вале сухан ҳам бояд бо масъулият бошад: ном, сана, ҷой, ҳуҷҷат, акс, навор, шоҳид ва ҳар далеле, ки гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.
Ба ҳар касе, ки обрӯ ва осоиши ҳамсояи худро бо хабарҳои дурӯғ ё туҳмат қурбон мекунад, мегӯем:
Мансаб мегузарад. “Крыша” мегузарад. Қудрат мегузарад. Аммо номи инсон ва ҷавобгарии ӯ барои корҳояш мемонад.
Имрӯз мумкин аст аз тарси як идора ё як мансабдор касеро зери фишор гузоред. Фардо вазъ дигар мешавад ва ҳамон саволе, ки имрӯз аз дигарон мепурсед, аз худи шумо пурсида мешавад:
Чаро ба бегуноҳ туҳмат кардӣ?
Чаро аз тарси мақомот ҳақиқатро пинҳон кардӣ?
Чаро барои манфиати худ ҳамсояатро қурбон кардӣ?
Ва ба онҳое, ки ҳақиқатро медонанд, вале аз тарс хомӯшанд:
Шуҷоат маънои беандеша худро ба хатар андохтан надорад. Шуҷоат он аст, ки ҳақиқатро бо далел нигоҳ дорӣ ва нагузорӣ нобуд шавад.
Агар навор доред — нигоҳ доред.
Агар ҳуҷҷат доред — нусхаашро ҳифз кунед.
Агар шоҳид ҳастед — воқеаро бо сана ва ҷузъиёт сабт кунед.
Агар менависед — он чизеро нависед, ки дидаед, медонед ва метавонед собит кунед.
Дар номаи мазкур ҳатто аз як ҳодисаи марг баъди раҳоӣ аз маҳбас сухан меравад, ки муаллиф онро марги маҷбурӣ мешуморад. Ин иддао низ ба таҳқиқи мустақил ниёз дорад.
Ба сокинони Вахш мегӯем: аз гуфтани ҳақиқат натарсед, аммо ҳақиқатро бо далел бигӯед.
Туҳмат нанависед.
Овозаро ҳамчун факт нафиристед.
Ҳисоббаробаркунии шахсиро ба номи “ифшо” пешниҳод накунед.
Аммо агар воқеан шоҳиди зулм, фасод ё сӯиистифода ҳастед, нагузоред тарс ҳақиқатро дафн кунад.
Зулм аз он қавӣ намешавад, ки золим бисёр аст; аз он қавӣ мешавад, ки шоҳидон хомӯш мемонанд.
«Ислоҳ» ҳар маълумотеро, ки барои манфиати ҷомеа аст, бояд бо масъулият, санҷиш ва далел баррасӣ кунад.
Натарсед аз ҳақиқат.
Аз дурӯғ битарсед.
Аз туҳмат битарсед.
Аз он битарсед, ки ҳақиқатро медонистеду хомӯш мондед.
