«Бойбобо»-и файзободӣ дар Новосибирск: маош аз «Газпром», ҳисоб дар дасти «28»?

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед № 66

 Ҷамшед Ғафуров ва бародаронаш дар Новосибирск чи гуна муҳоҷиронро ғорат мекунанд?

 Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Миннатдории худро ба шумо ва кормандонатон мерасонам. Агар имконияташ бошад ин ҳақиқати талхро алоҳида нашр кунед, то бубинанд. Чунки онҳо низ барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунанд ва агар ин барнома дар бораи онҳо бошад, ҳатман мебинанд. 

Бо як байт оғоз менамоям: 

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, 

Ки бо ман ҳарчи кард, он ошно(тоҷики худамон) кард.

 Сухан дар бораи яке аз бойтарин ва бообрутарин бойҳои ноҳияи Файзобод меравад. Дар назди ҳукумат,милитсия ва авлодашон бойбобо аст. Лекин гап сари ин аст ки аз номи кӣ ба коми кӣ? Аз ҳисоби мардуми муҳоҷир.

  Инҳо Ғафуровҳоанд, ки 28ашон мегӯянд. Барои чи 28? Барои он ки дар байни мардум бо номи 28-ҳо маъруф ҳастанд. Номерҳои ҳамаи мошинҳояшон ҳам 28-28-мебошад. Калони ин бародарон бо номи Ҷамшед Ғафуров маъруфу шинохташуда аст.

 Инҷо дар бораи Ҷамшед Ғафуров камтар маълумот медиҳем, то ки донанд мардуми дар шаҳру минтақаҳо, ки Ҷамшед кист ва аз ҳисоби кӣ ва дар куҷо соҳиби чи чиз шуд. Ин маълумотро мо дар сарчашмаҳои бози интернетӣ дастрас намудем.

 Ғафуров Ҷамшед Сатторович, соли 1971 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳия гирифтааст. Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро дар Душанбе бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм кардааст. Аз соли 1993 фаъолияти худро дар ширкатҳои ба бунёди газопровод ва нефтепровод машғул оғоз намуда,аз мутахассиси оддӣ то ба вазифаи директори генералӣ расидааст.

Дар кишварҳои Русия, Белорус, Украина, Туркия, Алҷазоир, Испания ва Қазоқистон фаъолият намудааст.

Дар гузоштани се рекорди ҷаҳонӣ оид ба васли қубурҳои газгузар дар як басти корӣ шахсан иштирок намудааст.

Охирин рекорди мутлақи ҷаҳонӣ, ки дар давоми як басти корӣ 262 пайванди қубур анҷом дода шуд, дар Қазоқистон сурат гирифт ва онро мутахассисони марҳилаи 3-юми бунёди газопроводи «Қазоқистон-Хитой» дар ҳайати ширкати «КазСтройСервис» зери роҳбарии Ҷамшед Ғафуров моҳи августи соли 2009 гузоштанд.

  Бояд зикр кард, ки дар ҳайати ин гурӯҳ 22 нафар мутахассиси дараҷаи олии байналмилалӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд, ки аксарияти онҳо фарзандони Файзобод мебошанд ва маҳз бо дастгирии Ҷамшед Ғафуров ба ин зина расидаанд. Ҷамшед Ғафуров аз моҳи августи соли 2011 директори генералии СГК-ТПС-7 «Стройгазконсалтинг» таъин гардидааст.

 Ин ҳам рушду пешравии шахсияти Ҷамшед Ғафуров барои мо як ҳамватан хело ҳам боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст.

  Мо ба пешравиаш зид нестем, аммо….мутаассифона аммо дар ҳақи мардумро хурданаш зид ҳастем. Ҷамшед намемонад, ки мардуми оддӣ соҳиби нон ва ҷои кори хуб, соҳиби чизе шавад. Ин бисёр ҳам як мусибати вазнин ба бародарон ва мардуми худ аст.

  Агарки мусулмон бошӣ, худатро мусулмон ҳисобӣ, ҳарчи ба худат мехоҳӣ бояд ба мардум, дӯст ва рафиқу ҳамсояҳоят ҳам ҳамонро бихоҳӣ.

  Ҷамшед бародару хоҳари зиёд дорад. Ду бародараш бо худаш кор мекунанд. Яке бо номи Аҳтам Ғафуров дигаре бо номи Суҳайли Ғафуров. Метавонам суратҳояшонро партоям то бинед ва дар барнома гузоред.

 Рости гап устод маоши Газпром хело хуб аст: аз 120-то 320-ҳазор рубл. Ҷои хоб хурду хурок, расходи билет, расходи документ барои коргар, яъне муҳоҷирони тоҷик ҳама аз ҳисоби Газпром мебошад. Дар муассисаҳои Газпроме, ки ҷаноби Ҷамшед роҳбарӣ мекунад бисёртар мардуми Файзобод кор мекунанд. Барои онки сархаму гапгир ва бардахӯяш бисёртар аз дигар ноҳияҳо аст, аммо камкам аз Помир, аз Ваҳдат, аз Роғун, аз Душанбе, Кулоб ва аз ноҳияҳои дигар ҳам ҳастанд вале ба шумори кам.

 Бисёр объектҳо дорад, қариб дар ҳама шаҳрҳои Русия. Дар республикаи Коми 4 объект дорад, ки ками кам 500-нафарӣ дар ҳар яки он кор мекунанд. Рус, узбек, ингуш, қирғиз, қазоқ, тоҷик, бисёр милатҳо кор ва фаъолият мекарданд.

Дар Ханти-мансийск ва дар Санкт-Петербург ҳам доранд. Объекти аз ҳама калонаш дар Новосибирск воқеъ аст. Хулласи гап дар ҳама шаҳрҳо объектҳои бисёр доранд. Барои чи объектҳои бисёр дар дасти инҳост? Барои онки кори 5-соларо дар 2сол анҷом дода ба истифода медиҳанд, кори 7-соларо дар 3 ё 4 сол. Барои ҳамин ҳама объектҳоро ба инҳо медиҳанд. Узбеку тоҷик хар барин кор мекунанд. Ночной и ден без виходной ва соатҳои зиёд. Бояд муҳоҷирҳо аз соати 8-то 5-кор кунанд ва шанбеву якшанбе дам бигиранд, яъне ин реҷа тибқи договори Газпром аст ва ранги дигар миллатҳо, ки бо ҳамроҳи инҳо кор мекунанд, бояд фаъолият намоянд. Инҷо то 40дараҷа хунукӣ мешавад вале мардум кор мекунанд. Рӯзҳои истироҳат бошад дар як коғаз имзо мекуниву ба кор мебароӣ

 Чи гуфтанӣ ҳастам? Вақте ба таври расмӣ-офитсиално коргар ҳисобида шавӣ, агар дар рӯзҳои истироҳат ба кор бароӣ бояд двойной ставка платит кунанд. Аммо ду рӯз мумкин нест, як руз мумкин аст. Дар рӯзҳои истироҳат, одамони таҷрибадор хело зиёд ҳастанд, то 15-сол мешавад, ки кор мекунанд, масалан сварчик ва маоши баланди онҳо то 120ҳазор рубл мебошад вале дигарҳо аз 75-то 95-ҳазор мегиранд. Аламовараш ин аст ки ҳама документҳоятро соз мекунӣ ва бояд картаи Газпром бигирӣ ва маош дар картаи худат гузарад ва ту даст мемонӣ, аммо картаи туро гирифта чанд суме Ҷамшед ва бародаронаш хоҳанд ба ту медиҳанд. Бар илова пули отпускноятро ҳам мегиранд. Масалан аз либоси корият мегардонанд. Вақте уволит мешавӣ хело пул мегузарад ба ту. Лекин ба номи кӣ ва ба коми кӣ? Аз документҳои кардагият мегардонанд.

 Чандин одамон -сваршикҳо бо русҳо гапзанон карда худашон алоҳида одам собират карда отделно кор мекунанд, аз 170 то 320-ҳазор рубл моҳона мегирифтанд. Чанд группа шуда буданд ва ин 28-ҳо чи кор карданд? Бо Газпром маслиҳат карданд ва ҳамаи инҳоро, инҳо одамони моянд, нагиредашон дар кор гуфтанд, инҳо бояд дар мо кор кунанд ва ҳамин тариқ намонданд, ки мардум раванду бо русҳо на прямой кор кунанд ва соҳиби пулу мол шаванд. Чанд группа буд, одам мебурд, ки ҳамаашро гардонданд. Нимаш рафтанду ҳуҷҷат карданд. Бояд кор мебаромаданд. Вале инҳо занг заданд, ки нагиредашон ва онҳо ночор обратно гашта ба ватан омаданд.

 Яке аз ҷиянҳои онҳо Беҳруз Ғафурвов мебошад, ки тоҷик, узбак, қирғиз даже амакҳояш Суҳайлӣ ва Аҳтам аз рангу руяш безоранд. Ҳама ин одамро бад мебинад. Як бузи намешуданӣ, одами занакфеъл мебошад ва касе инро бинад ба даруни дилаш мегуяд «з**та фалон кнм».

  Ростӣ, дар бораи корҳои инҳо агар ҳарчи қадар гуем тамомшавӣ надорад. Барои ҳамин камтар маълумот медиҳем бас. Агар нафаҳмиданд, баъд корҳои ба истилоҳ 18+ ва дигар корҳояшонро мегӯем. Вақте ба пеши инҳо кор рафтанӣ шудӣ аз билетат сар мекунанд. Мо худамон билет мегирем мегуянд. Ҳар яки инҳо яъне ғафуриҳо ба худаш одами худро дорад: Беҳрӯз Ғафуров, Аҳтам Ғафуров, Суҳайли Ғафуров, бисёрианд. Мо аввал дар бораи ин се бешараф маълумот медиҳем. Дар бораи дигар бешарафҳояш, бузҳояш ва шағолонаш баъдтар. Хулоса, агар ҳамроҳаш ба кор равӣ, агар билет 3ҳазор бошад инҳо 5-ҳазор мегиранд. Худам шоҳид ҳастам, вақти коронавирус буд. Билет 4500-буд, аз мо 9800 гирифтанд. Барои 20 ё 30нафар бо ҳамин нарх. Хело одам меравад. Ман рейси худамонро дар назар дорам.

  Инҳо бо як билетфурӯш ҳамкорӣ мекунанд бо исми Маҳина. Маҳина шиносашон аст ва бо Аҳтам Ғафуров шпили вили ҳам кардагӣ аст. Дар ҷойи кор мегуфтанд, ки ин Маҳина аз авлодҳои худашон аст. Ҳамон соле ман кор мекардам Аҳтам гуфта буд, ки Маҳина аз пули билетфурушӣ як духонагӣ гирифтааст ва ман аз он боз ба 3 миллион рубл харидам. Квартирааш дар сентри Душанбе, майда вале люкс буд.

 Инҳо бо узбекон чунин договор доштанд. Онҳоро ба кор мегирифтанд, як моҳонаашон аз Ғафуровҳо буд ва узбекон аз тоҷикон маоши зиёд мегирифтанд. Ҳамон вақт, ки мо кор мекардем онҳо аз 90-то 120 ҳазор мегирифтанд барои мо тоҷикҳо бошад аз 50то70 ҳазор медод. Ҳар  тоҷик ҳар хел: 50, 55, 60, 65 ва максимум 70.000 рубл. Узбекҳо назар ба тоҷикҳо хело ба қадр буданд. Барои чи ба қадр буданд? Барои онки якгапа буданд. Як бор як ҳафта сумашон задержка шуд, ҳамакаса ба кор нарафтанд ва рост дари офис, ба сари бухгалтерия омаданд ва гуфтанд пули моро надиҳед мо ба кор намеравем. Ва онҳо ба бародарони узбеки Самарқанду Бухоро ваъда доданд, ки ба кор бароед пагоҳ пулҳоятонро мегиред ва ман аз ин корашон ҳаловат бурдам. Гуфтам, ки ҳама як гапа бошад значит ҳама корро кардан мумкин ва мардуми худамон дар Газпром чи гуна ҳастанд: буз, дузд, гуз, шағол. Албатта на ҳамаашон. Одамҳое ҳаст мужики нормални, албатта на ҳамаашон. Дар пеши мо ҳарчиашон мегӯяд, вале вақте яке Ғафуровҳо меояд медаванд- акаҷон, акаҷон ва лаганбардорӣ мекунанд, ҳайрон мешавӣ. Ва агар як тоҷик правилно гап занад ба ҷои гапи ӯро дастгирӣ кунанд, якгапа шаванд ягонтоаш гап намезанад, дарав бузӣ мекунандаш ва он  бародар ё дар онҷо кор намекунад ё уволиташ мекунанд ва дигар ба кор намегиранд ва дигар тоҷикҳои худамон бошад хурсанд мешаванд.

 Яке аз крисатарини ғафуровиҳо ин Суҳайли Ғафуров мебошад, ки аз вай дар зимистон барф гирифта намешавад. Ҳоҷӣ Суҳайлӣ даҳанаш ғажд аст ва дар вақти кор ҳақорат ҳам мекунад. Дар телефон голосавойи ҳақоратҳояш буд, аммо телефонамро иваз кардам. Хеле аз маълумотҳо дар он телефон монд.

 Ҳама ӯро криса мегуфтанд, даже ҳамсинфонаш. Ман мегуфтам чаро инро ин хел мегуфта бошанд? Вроде патсани нормални метобад.

 Дар ёдам ҳаст як рӯз баъди кор ба магазини Пятерочка рафтем, харид доштем. Ӯ ҳам омада харид кард. Дар навбати касса баъди мо буд. Он вақт вақти коронавирус буд. Ҳама намордник доштанд. Агар надоштӣ аз касса мехаридӣ 7-рубл буд. Мо доштем. Мо аз касса гузаштем. Навбати Суҳайлӣ Ғафуров шуд. Вай намордник надошт. Кассир гуфт бе намордник мумкин нест, намордник хар баъд ман ҳисоб мекунам. Вай намордник нахарид. Моро аз беруни магазини Пятёрочка фарёд кард, ки як намордник диҳед.

Як ҳамсинфи шағолакаш давида намордникашро дод. Ман нав фаҳмидам, ки «иқа одама крисаш бдай». Бо ин қадар пулдориаш дилаш барои 7 рубл нашуд.

Ва ин Суҳайлӣ боз балелчики Зубайра аст. Бисёр вақтҳо ба Тоҷикистон, ба Файзобод меорадаш. Албатта Зубайра так просто намеояд. Ӯро дар Тоҷикистон ба ҳама ҷо, ба дачаҳо мебарад, тамошо, расходи бисёр мекунад аммо пули мардуми муҳоҷирро 70% мегирад ва дар ҳамин гуна роҳҳову корҳо расход мекунад.

 Ногуфта намонад, ки 28-ҳо яке аз овозхони машҳур шодравон Баҳроми Ғафуриро спонсорӣ мекарданд. Барои онки бо Баҳром ҳамфамилия буданд ва овозаш ҳам ба инҳо маъқул буд. Чи ҷашну туй, денраждени, ростӣ, чизе мешуд Баҳром ҳозир буд.  Як вақт Баҳром Ғафуриро ба Маскав бурданд ва дар дачаҳояшон клип сиёмка карда буд.

Як вақти дигар Владимр Путин дар пеши Раҳмонов ба Ҷамшеди Ғафурӣ медал дода буд ва ба Раҳмонов гуфта буд, ки раҳмат, ки чунин мутахассисҳо дорад Тоҷикистон.

Баъди даргузашти Баҳром Ғафурӣ бачаашро камутум дастгирӣ мекунанд ва чи ҷашну туй ва зодруз дошта бошанд Анушервонро меоранд. Ӯро барои кор Русия ҳам оварда буданд.

   Соли 2024 ФСБ Русия яке аз махинатсияҳояшонро фаҳмида буд, ки картаҳои коргаронашонро мегиранд аз дастонашон ва худашон сумҳояшонро аз банкомат снимат карда оварда медиҳанд. Бо ФСБ хело кашокаш шуда буд ва бо ришва аз ФСБ озод шуданд ва ҳоло корҳояшонро давом дода истодаанд.

 Ман ба мардуме, ки бо онҳо кор мекунанд, чи гуфтанӣ ҳастам: натарсед, суматонро талаб кунед, онҳо картаҳои шуморо мегиранд, ин корашон ғайриқонунӣ ҳаст метавонед боз жаловат кунед, аммо аввал аз пешашон гузаред, агарки нафаҳмиданд ҳамакаса жаловат кунад ва ҳақи худатонро гиред».

Дар ҳамин Новосибирск одам ҷамъ карда гуфтанд, ки суми билетатонр мо худамон медиҳем. Одамҳоро оварда буданд. Ҳама хурсанд шуд, ки суми билетро додагианд ва инҷо омаданд, баъди аз моҳона сумҳояшонро гардондан ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта натавонист.

Дар ҳамин Новосибирск Беҳрузи ҷиянашон калони коргарҳо аст. Ҳама аз ин одам безор. Як занмиҷози маймунсифат аст. Аввалҳо намоз мехонд- солҳои пеш. Вақте вазифаро гирифт, зулм бисёр кард. Баъди вазифагирӣ арақ ҳам мехурд. Ва аз ҷиянҳои худаш барои ба Газпром оварданашон пули як моҳонашонро мегириф. Ба замми ин корҳояш феълҳои занона дошт:   телефонҳояшонро мегирифту мекофт, ки «ту кати кӣ гап мезанӣ чико мекнӣ» ва сраза ба хонаводаашон мегуфт. Ягон касро бо ягон зани рус гапзаниашро медид тамом.  Дар чизҳои коргарҳо мисли учетчик буд. Ҳар шаб маҷлис мекард. Безор шуда буданд, аммо барои худашон мумкин буд.

 Тафсилоти ин ҳолатҳоро дар номаҳои оянда мемонем ва 18+ном мегузорем, албатта, агарки гапро нафаҳмиданд. Ин қадар пул доранд, изо намекашанд.

  Як бародарашон Садридин ном дошт, ки бо беморӣ аз дунё гузашт. Бисёр бачаи нағз буд ва барои вай бояд хона мекарданд. Хонаи ӯро бо ҳашар бардоштанд, бо қувваи одамоне, ки онҳоро ба кор мебаранд. Инҳо бо ин қадар пул барои бародари гузаштаашон хонаро ба ҳашар бардоштанд, маълум нест, ки пули муҳоҷирҳоро аз ин су пас медода бошан ё не? Даже аз ҳама ҷиянҳои худашон аз сари маошашон мезананд. Ду ҷиянашон ба дигар объект рафтанд, бо русҳо кор карда истодаанд. Маоши нағз мегиранд. Якеашон мегӯяд: «ма шапидагишон нестм, местм да таги дасти уво, барои уво кор карда хафа шидан».

  Мо чи гуфтанием? Мардумро ғам надиҳанд, монанд мардум бо кадом группае меравад, ихтиёраш, равад кор кунад дар Газпром.

Ғафуровҳо, шумо сершавӣ надоред. Барои пулу моли ин дунё он дунёяшонро фаромуш кардагианд. Инҳо номус пулро медонанд. Барои мисол ба Ҷамшед дар соли 2024 гуфта буданд, ки ё вазифаро месупорӣ ё ба ҷанг меравӣ. Вай ҷангро интихоб кард. Рафт ҷанг гуё тир хурда омад. Лекин ман фикр мекунам суми бисёр дода ҳуҷҷати фалшивий карда баргашту омад. Ман чанд касро медонам, ки рафта бо командирҳо обший язик ёфта худашонро ё дар по ё дар дасташон паронда захмӣ карда инвалид сохта омадагианд. Баъд сумашонро бо командир попалам кардагианд. Бисёр бародарҳои тоҷик ҳамин гуна карданд. Ба эҳтимоли зиёд ин ҳам ҳамин корро кардааст. Бояд тафтиш кунанд.

   Дар кор қариб ҳама аз Беҳрӯзи ҷиянаш метарсанд. Аммо худи вай дар хона аз занаш қади аҷал метарсад. Аз худо ҳамин хел наметарсад. Дар Файзобод ӯро касе чашми дидан надорад, ҳатто амакҳояш, ки бо вай кор мекунанд. Барои онки бузича аст. Дар аткорма хона дошт, фурухт, шаҳр рафт. Барои онки касе бинад якум ҳақораташ ҳамин аст, ки занта фалон кунам. Вақте ҷанги Украина сар шуда буд, Беҳрӯз дар эзораш тар кард, ки мабодо ҷангам мебаранд.

Дар ин қисмати нома дар бораи дороиҳои Ҷамшед Ғафуров ва корҳои хуби у мегуем. Ҷамшед Ғафуров дар дигар давлатҳо завод, гостинитса, бозор ва дигар чизҳо дорад вале  дар Тоҷикистону Русия не. Барои чӣ? Барои онки вазъият ба ҳамагон маълум аст.

   Ҷамшед Ғафуров тахминан солҳои 2010 буд, ки дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Файзобод мактаб рост кард. Дар ёдам ҳаст, ки хело кудакҳои сағераву фақирро хатнатуй кард. Хато накунам 120 кудак буд. Ба онҳо сару либос, велосипед ва дар боғи Файзобод рубаруи қасри фарҳанг консерт ташкил кард. Он рӯз зодрузи занаш ҳам буд, зани тоҷикиаш неву зани туркиаш. Рости гап аниқ намедонам занаш турк буд ё татар. Дар рӯзи зодрузи занаш консерт дода дасти кудаконро ҳалол кард. Баъди консерт дар чойхонаи даруни боғ боз бо ҳамроҳи оилаашон ҳамакаса хурсандӣ доштанд. Ҳама ҳофиза ва ҳофизҳо буданд. Ногаҳон аз танзим даромада сиёмка карда гуфтанд, ки шумо қонунро вайрон кардед ва шуморо штраф мекунем. Баъди консерт ба фикрам чанд ҳазор сомонӣ штрафашон карда буданд ва аз ҳамонҷо Ҷамшед гуфта буд, ки аввал ва охири кори кардагиам дар Файзобод ҳамин мебошад ва вай дар ҳақиқат хеле корҳои хуб ҳам карда буд. Барои мисол ба части Роғун дар ҳар ҷашн гов мекушад, ошу майда чуйда ва чизҳо равон мекунад.

  Дар «Минбари муҳоҷир» сарбозе баромада гуфт «мо ҳарруз ош мехурем», ки дуруғ гуфт. Рузҳои ид ошҳои ҳаминҳоро мехурд.

 Ба мактабе, ки худаш хатм карда буд, мактаби рақами яки ноҳия стадин сохт ва таъмир кард. Дар кушодашавиаш Баҳроми Ғафурӣ омада буд ва як байте бароварда буд: «Файзобод диёри нозанини ман, Файзобод биҳишти руи замини ман», ки ин байт дар Ютуб ҳаст. Ҷамшед дар расми кушодашави стадиони мактаб ҳузур дошт, бо дигар раисони ришвахури ҳукумат.  

  Инҳо дар ноҳияи Файзобод ва дар Тоҷикистон дороии бисёр надоранд ва дошта бошанд ҳам худашонро нишон намедиҳанд. Фақат мошинҳои қиматбаҳо доранд. Тамоми мошинҳояшон: Геленваген, БМВ, Лексус, Ауди, Мерседес  ва садҳои дигар, ки ҳамааш модели охирон.

Охирон мошине, ки Аҳтам Ғафуров гирифта буд, то ҳозир дар дасташ аст, албатта аз ҳисоби мо муҳоҷирон, Ренжровер, ки ба камиаш 100 ҳазор доллар нарх дорад. Рости гап мошинҳои бисёр доранд.

Ва дар ҳамон солҳое, ки бисёр хайр мекард Ҷамшед мехост Файзободро ранги Ваҳдат кунад. Домҳои зебо бардорад бо стоянкаю майдончаҳои варзишӣ ва ният дошт дар ҷои идораҳои маъмуриву давлатӣ:- военкомат, суд, амният дом бардорад ва ин биноҳои давлатиро дар як тараф мураттаб бо усули замонавӣ сохта диҳад. Ба гуфтаи худи ҷамшед Сумбулоғо (Асадулло Раҳмон, ёрдамчии кадрҳои Эмомалӣ Раҳмонов) фарёдаш карда, условияаш монд ва гуфт, ки агар ин корҳоро кунӣ, техникаҳои моро аренда мегирӣ ва масолеҳи сохтмонро аз мо мехарӣ. Ҷамшед розӣ нашуд. Инҳо, яъне 28-ҳо ба шарте мекунам гуфтанд, ки ҳама маҳсулотро худамон меорем ва техникаҳои худамон кор мекунанд. Хулоса, ки розӣ нашуд ва накард.

 Баъди чанд сол ду майдончаи мини ҳуй кард дар муқобили военкомат. Ин кор панҷ сол пеш буд ва ҷаноб омада онро ҳуй карда буд.

 Айни ҳол бошад 28-(аз ҳамин сол) дар Файзобод ба домсозӣ сар карданд ва дар ҷое, ки майдонча сохта буд, акнун ҳамаро чапа карда дом месозад. Аҷиб ин аст ки петеушник омада майдончаро ба истифода дода буд. Чанд сол паси дигар меояд, майдонча дом шудааст, х**ет намекарда бошад ё ақлаш намегирад? Ҷамшед гуфтааст, ки «ин Озода нафсаш беҳад бад будааст. Қариб миллион додамша баъд розӣ шуд».

  Як бародарашон бо номи ҳоҷӣ Субҳиддин аст. Вай ҳама вақт дар хонаашон аст ва кору бори хонаро пеш мебарад. Дар ҳукумат, дар амният, ба началники милиса чи коре ғалтад ба ин муроҷиат мекунанд. Милисахонаи район барояш ранги проходной двор аст. Мегӯӣ ягон генерал бошад. Дар ноҳия ҳеҷ кас ба инҳо лезит намекунад. На ГАИ, на облава.

Ҳоҷӣ Субҳиддин ҳамин корро ту бин, ки маълумот дар бораи шумо ҳам ҳаст, мепартоем, агар чора дида нашуд маълумоти ту 18-плюс дар номаҳои баъдӣ гуфта мешавад.

Ба фикрам як кори ҳоҷӣ Суҳайлӣ ногуфта монд, Биёед бигӯем то ин криса аз мо  хафа нашавад. Ҳоҷӣ Суҳайлӣ  дар республикаи Коми ҷои намозхониро гуфта буд «бкнен как масчит».Чор вагонро масҷид карда будем, намоз мехондем. Аммо барои риш через шағолакҳояшон мегуфт, ки риш намонем.

Ягон наздики 20-сол мешавад ҳамин гуна роҳи даромад доранд. Аз ҳисоби  муҳоҷирҳо. Баъди объектҳоро супоридан ба ҳар як давлатҳое дамгирӣ мераванд, ки Эмомалӣ Раҳмонов нарафтааст.

Ман чи гуфтаниам? Мақсадам ин аст ки 10%пули мардумро бигиред ё 20% ё бимонед мардум худаш равад ба куҷое хоҳад кор кунад. Дониста бошед, ки Аллоҳ он ҳақи мардумро ҳам дар ин дунё ҳам дар он дунё аз биниатон мебарорад.

Модаратон чанд сол мешавад касали руи ҷогаҳ аст. Мумкин дуъои мардуми мазлум гирифта бошад. Аммо модари бечора чи гуноҳ дорад?

Инҳо, бавлашон хурокашон шавад, то он қадаре, ки русҳоро меоранд тамошо, дача ба дача мегардонанд. Ман гуфтаниам, пули мардумро кам бихуред. Ин мардум дар зиндаву мурдаатон ҳамроҳатон аст. Андреву Наташаву Саша не.

 Оё он рӯзҳо аз ёдатон баромад, ки шумо ҳам ранги ҳамин муҳоҷирҳо будед. Дар вақташ як рубл надоштед, хона ремонт мекардед. Ин корҳо аз ёдатон рафт? Афсус, ки чашмони шуморо пул кур кардааст. Ин шо Аллоҳ ҳама дар ҳисоби Аллоҳ ҳаст:

 Ҳақи мардум диҳад лазат ба комат,

 Гулӯ гирад дар рӯзи қиёмат.

 Ва дар охир ба мардуми Файзобод чи гуфтанӣ ҳастам? Онҳое, ки ба Ҷамшед Ғафуров кор мекунанд, онҳое, ки худатонро гапзан мегиред, мегӯӣ дар қанотҳоятон як хелат кирпич бастагианд, бароед гап занед дар «Номаҳо….». Мурғ нашавед. Ҳамин қадар зулме, ки дар ҳақи шумо доранд… маблағи шуморо мехуранд, 15 сол зиёд мешавад, чаро яктоат баромада намегӯед. Ақалан дар барномаи «Номаҳо…»

Медонам мурғед, метарсед, дар рӯяшон гуфта наметавонед, ақалан дар «Номаҳо..» гуед.

 Хуб, мебинем, ки баъди ин нома ягон мард менависад ё ягон чи добавит мекунад ба ин навиштаи мо. Ё мегӯяд, ки ман ин ҳамаро дурӯғ гуфтаам, аз пеши худам сочинят кардаам. Агар худро мард меҳисобед, бинависед ба Ислоҳ, ки ин дуруғ аст ё рост? Мо интизор мешавем. Шумо ҳақи худатонро худатон талаб накунед, ки талаб мекунад?

 Пасгуфтори Ислоҳ

Ин нома танҳо шикояти як муҳоҷир нест харитаи як тиҷорати пинҳонӣ аз номи тоҷикӣ аст. Системае, ки дар он муҳоҷир бо шартномаи «расмӣ» меояд, аммо ба воқеият ғулом мешавад: картаашро мегиранд, маошашро «қисмат» мекунанд, отпускной-ашро мегиранд, ҳаққи рӯзи истироҳатро мехӯранд, ҳатто ҳаққи рафтан ба кори беҳтарро баррӯяш мебанданд. Дар чунин тарҳ коргар на инсон, балки рақам аст: имрӯз «группа», фардо «уволит», пасфардо дигар тамоман ҳаққи кор надорӣ.

Бадтаринаш ин аст, ки ин ҳама зулм бо номи «хеш», «ҳамдеҳа», «тоҷики худамон» рӯй медиҳад: бегона намезанад, ошно мезанад. Вақте тарс, лаганбардорӣ ва хомӯшӣ меъёр мешавад, дуздӣ қонун мегардад. Ин нома даъват аст: ҳақро талаб кунед, якгапа шавед, садоятонро баланд кунед, зеро ҳаққи муҳоҷир «садақа» нест, меҳнати ҳалол аст. Ҳаққи муҳоҷирро хурдан ва ӯро асири хостаҳои худ қарор додан ин ҳам ҷиноят аст ва ҳам убол.

Share This Article