Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 398

Ислоҳ нет

Ин бор аз Душанбе, Кулоб, Волгоград ва Ваҳдат (Ромит) номаҳои дар навбат гузоштаро ба хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» барои нашр омода намудем.

Нависандаи нома аз Душанбе фаъолияти мақомоти Душанберо дар робита ба кори домсозҳо мавриди интиқод қарор додааст. Вай пешниҳод мекунад, ки мақомоти зидахли пойтахт бояд фаъолияти домсозҳоро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳанд.

Бинобар навиштаи муаллифи нома аз Кулоб, ки тоза аз Русия ба ватан баргаштааст, дар фурудгоҳи пойтахт ҷавонҳои ришдорро азият медиҳанд. Вай шоҳиди бадрафториҳои милисаи фурудгоҳи Душанбе бо як ҷавони ришдор шудааст.

   Муаллифи ҷамъиятии мо аз Волгоград бо такя ба як навиштаи сомонаи «СССР» аз муносибат ва бархурди дағалу дурушти ронандаҳои мусофирбарҳои Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он эродҳои дуруст гирифтааст.

 Муаллифи мо аз Ромит (Ваҳдат) мегуяд нашри махсуси номаҳо барои Ромит дар «Ислоҳ» дар ин минтақаи куҳистонӣ валвала барпо кардааст. Ин чи валвала аст дар номаи ӯ мехонед.

            Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман инҷо дар бораи як масъала ,аниқтараш як мушкилоти ҷиддии пешомада дар шаҳри Душанбе гап заданиам.

Дар ин бора дар дигар расонаҳо,аз ҷумла дар «Ислоҳ» ҳам чанд бор гуфта будед, аммо ҳеҷ ислоҳ шудан намехоҳанд. Садҳо нафар аз муштариҳо (вкладичкҳо)-и биноҳои  баландошёна-домҳо сарсону саргардонанд, касе ба доди онҳо намерасад.

Чунин ба назар мерасад, ки домсозҳо худашон шоҳу табъашон вазир аст. Яке аз онҳо, ки бародарам муштариаш аст аз соли ваъдаи додааш барои анҷоми кори сохтмон ду сол мегузарад, руирост гуфтааст, ки ман барои худи Рустами Эмомалӣ ниммиллион доллар бурда додам, то ки қарори сохтмони ин биноро бигирам. Акнун шумо бояд ждат кунед, ки ман онро ба анҷом бирасонам.

Ҳозир соҳаи меъморӣ ва ба хусус сохтмони биноҳои баландошёна шояд фасодзадатарин бахши кори шаҳрдории Душанбе бошад. Ин домсозҳо пули мардумро гирифта ба ин бару он бар пора дода, бо пули ҷамъ кардаашон бизнес зада мардум, яъне муштариҳои худро ба пули пучак намегиранд. Дом бояд соли 2023 сохта ба дасти харидор супорида мешуд, аммо ҳоло ҳам муштарӣ мунтазир аст. Сохтмони дом ба охир нарасидааст.

Домсозе, ки соҳибони ҳавлиҳоро, ки хезонида буд, низ пули иҷораашонро ҳоло надода истодааст.

Ман чанд пешниҳоди мушаххас барои рафъи мушкил миёни мардум ва домсозҳоро гуфтаниам.

Дар аввал гуфтаниам, ки тарафдори ин шарти шаҳрдорӣ, ки домсоз бояд ба арзиши сохтмон дар ҳисоб ё ҷайбаш пул дошта бошад розиам. Дар ин ҳолат барои таъмини масолеҳи сохтмон проблема пеш намеояд. Аммо инҷо бояд ба масъалаҳои дигар ҳам мақомоти маҳаллӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

 Ҳукумати шаҳр, кумитаи меъморӣ, ҳукуматҳои навоҳии Душанбе бояд бо навбат аз рафти иҷрои кори бино бохабар бишаванд, дар муҳлати муайян бисанҷанд, ки як хона ба ду кас фурӯхта шудааст ва ё домсоз дигар махинатсия карда истодааст. Масалан оё метавонад дар муҳлати дар қарордод ба имзо расонида биноро бисозад, зарфияти молиявиаш имкон медиҳад ё не? Чун барои мисол нисфе аз муштариҳо пул надод ва ё барои 30% хонаҳои боқӣ харидор пайдо нашуд, он 70% -и пул супорида дар муҳлати муайяншуда хонаи худро мегирадё не?

Дар ҳар сурат мақомоти марбута бояд сари ҳар чанд вақт кори домсозҳоро ба таври ҳатмӣ бисанҷанд, то ки ин мушкилӣ аз байн биравад.

        Кулоб

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин ҳодиса дар пеши чашми худи ман шуд. Инро бояд бигӯям, ки ман ягон мулло нестам. Вале риш гузоштан нагузоштан кори шахсии ҳар кас аст. Худи ман риш барои он гузошта будам, ки ҳади ақал дар Русия пусти руям дам бигирад. Ман дар ватан ҳам бо риш, риши кутоҳ мегаштам. 

Вақте аз Русия бармегаштем дар фурудгоҳи Душанбе ҷавононе, ки бо мо дар як самолет аз Русия бармегашт, камтар риш дошт. Ӯро бурданду милисаҳои аэропорт, маҳкам карда телефонашро гирифтанд. Дар берун як каме мунтазир мондам, ки вай ҳам баъди ягон ним соат баромад. Гуфт телефонамро тафтишу санҷишу тамошо карданд. Маълум шуд, ки агар мабодо дар «галерея»-и телефони ҷавони аз Русия омада акси ӯро бо риши баланд бубинанд бо тахдиду тарсонидан сар мекардаанд:  -статяат мезанем. Ба ҳамин ҷавон ҳам ҳамин хел таҳдид кардаанд ва 5000 рубли русиашро гирифтаанд.

Вақте дар таксии ба самти Кулоб дар ин бора гап мезадем як нафар аз мусофирҳои ҳамроҳи ман гуфт, ки як ҳафта пеш як ҷавонро, ки ба раиси собиқи парламент Сайдулло Хайруллоев хешӣ доштааст, барои андак риш тахдид карда 80, 000 рубли русиашро гирифта баъд ҷавобаш додаанд.

Ман ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаниам, ки чаро дар ҳар кори шахсии мардум мудохила мекунед? Бас будагист, охир. Шояд ин риши ман ба ҳамсарам маъқул бошад. Бо риш пеши ҳамсари шумо намеравам ку?

           Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Волгоград бароятон менависам. Ин бор аз сайти ҳафтаномаи СССР як матлаберо таҳти унвони «Пулашон хубу худашон ганда» аз таърихи 17 сентябри соли ҷорӣ, ки ба қалами Мирзо Рустамзода тааллуқ дорад, барои хонанда ва тамошобинҳои «Ислоҳ» интихоб намудам. Ин матлаб ҳосил ё натиҷаи мушоҳидаҳои муаллиф аз кори ронандаҳои мусофирбари пойтахт-автобусҳои ҷамъиятӣ аст. Муаллиф дар ҳақиқат як проблемаи бисёр актуалӣ ва ҷиддии пойтахтро ба баҳсу баррасӣ кашида бо овардани далелу равоқим тасбит кардааст, ки дар бештарини мавориди баҳси миёни ронанда ва мусофир нафари аввал муқассир аст. Ҳоло ин матлабро айнан пешкаши муштариҳои бешумори «Ислоҳ» мегардонам ва дар охир фикру ақидаи худамро дар ин бора менависам.

 «Пулашон хубу худашон ганда»

13.08.2026. Соат ба вақти Душанбе 08:26 дақиқа. Аз хатсайри №52 – и хеле тӯлонии аз терминали ҶД “Чорбоғ”, – и Варзоб то дарвозаи шарқӣ – болои бозори “Корвон” – и пойтахт, рақами давлатии мошинаш TJ 9292 ТТ09.

Ба диққати Хадамоти «Душанбе нақлиёт хизматрасон»

Ронандаҳои ин хатсайр аз саргаҳаш мусофиронро пур карда, аллакай дар истгоҳҳои 1,2 дигар ҷои нишаст 1 тараф; ҷои рост истодан намемонад. Тибқи қоида дар ҳолати пур шудани мусофирбар бояд онҳо дигар дар истгоҳе наистанд ва рост ҳай кунанд. Дар истгоҳҳои баъдӣ ҳам истодани онҳо на аз рӯи дилсӯзӣ ба мусофирон, балки хотири пули онҳост. Вагарна аз таъхири пардохти роҳкирои одаме хуб медонанду намедонанд, ки ғунҷоиши мошинашон чӣ қадар асту чӣ миқдор одамро савор кардаанд. Муҳимаш, худи ронанда дар курсии нарм нишаста, телефон дар даст мошин меронад ва ӯро чӣ ғаме, ки одамон дар ин гармои сӯзон дар мошинҳои бекондитсионер чӣ ҳоле доранд.

 Аз зичии одам ҳатто ҳамон шамоли табиие, ки бояд аз тиреза дарояд, роҳ намеёбад. Ронандаҳо ҳам аз огоҳ кардани ҳар истгоҳ кайҳо даст кашидаанду автоҷавобак ҳам надоранд.Мусофирони бечора аз дидани берун маҳрум гардида, баъзан аз истгоҳҳои даркорӣ гузашта мераванд. Худо нокарда, садамае рӯй диҳад, номаълум мардумро чӣ интизор аст.  Бо ин ҳама ронандаҳои хатсайри бо хӯрдан сер накарда, бо лиштан сер намекардагӣ, даромадан замон, “Роҳкирои худ ва кӯдакҳои аз 7 – сола болоро равон кунед!” – ро бо оҳанги омиронаю забони дағалу дурушт ва бе ҳеҷ 1 фаросату фарҳанги гапзанӣ эълон мекунанд.

        Довуд – пири нақлиёт

Аз хурдӣ аз калонҳо бобати риояи покӣ, адлу инсоф, ҳаққи касе нахӯрдан, дил наозурдан бахусус, сари чанбараки мошин, дар роҳи сафар қарор доштан поктану покдил буданро шунидаем. Дар даврони мо мегуфтанд “мошин пир дорад-ҳазрати Довуд”. Ва ягон амали ношоиста намекарданд, ки “пир меранҷаду Худо мезанад!”

Ҳоло чӣ? Хок! Дуруст, ки сухани хона ба бозор рост намеомадааст. Ба фикрам, ки бо чунин мафкура, нияту андешаю корбарӣ, чашмносерию ҳирси баланд агар нархи роҳкироро ҳазор маротиба ҳам баланд бардорем, ислоҳ ва беҳ шудани  вазъиятро Худо медонад. Мисли бузу гӯсфанд бо  2, баъзан, ҳатто бо 3 маротиба аз меъёри ғунҷоишу тавони мошин зиёд бор кардани мусофирон ҳам хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ хуб намегардад. Сабаб бошад, боз ҳамон гапи куҳнаи ҳамасолаи “покриват” накардан, яъне напӯшонидани хароҷот асту бас.

 Дар кӯдакӣ сари табақи хӯрок, ки фарзандон дилтангӣ мекардем, падару модарон мегуфтанд, ки “Бисмиллоҳ гӯед, сер мешавед!”. Ҳайрон мешудем, ки чӣ хел, бо гап сер шудан мумкин аст? Акнун фаҳмидем, ки маънояш шукру қаноат бечоранолию воҳимаро касб накардан будааст, он чӣ дар аксари мо, бахусус ронандаҳои мусофиркаш бо заррабин кофта, ёфта намешавад.

 Бечуну чаро ронанда мавриди талаб кардани ҳақи худ кори дуруст мекунад. Ёфт мешаванд бевиҷдонҳое, ки ҳақи ронандаро пардохт кардан намехоҳанд. Аммо дар мавриди барнагардондани бақияи мусофирон ин талабот риоя намешавад. Гоҳо баъди чанд маротиба гӯшзад кардани мизоҷ, дилу бедилон он пардохт мегардад. Борҳо шудааст, ки мусофирон бинобар надоштани пули майда, пули калон равон карда, аз “фаромӯшхотирӣ” – и ронанда ва ниҳоят худ ҳам фаромӯш карда, баромада мераванд. Ҳисобӣ кардан ба таври нақдӣ ва электронӣ сурат мегирад, зеро ҳанӯз на ҳама қартаи “Душанбе – Сити” дораду ба ин шакли пардохт сарфаҳм меравад.                

     Ронанда-космонавтҳои Тоҷик

Мусофирбари № 52 бо рақами TJ 9292 ТТ09 дар истгоҳи аз саргаҳ 3  – юм истод, ки аллакай аз одам ба қавле сумб задагӣ буд. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки дари пешро кушояд, то шинам. Курт рад кард. Ба вазъияти нобоби даруни  мошин нигоҳ накарда, қариб ҳама ронандаҳо маслиҳат кардагӣ барин, нишастгоҳҳои пешро ба рӯи мусофирон бастаанд. Дигар ҳеҷ нафаҳмидем, ки ин кор дар асоси ягон қонуну қароре сурат гирифта, ё худсарона аз тарафи ронандагон. Аҷабо, мусофиронро пулашон хубу худашон ганда будааст?

 Инаш ҳам ба хайр аст. Ронанда, ки бисёр намондед, ба истилоҳи замонҳои пеш аробакаш, ҳисси масъулият надорад, ки ӯ дар хизмати мардум аст ва аз ҳисоби мардум ризқу рӯзии худро пайдо мекунад. Дар асл бошад, нишастану муошират, кибру ғурури баъзеи онҳоро дида, гумон мекунӣ, ки аз осмони ҳафтум омада бошанд. Ҳатто кайҳоннавардон ба ин дараҷа фаху фих надоранд. Худашонро шоҳу табъашонро вазир тасаввур карда, чуноне ки дар боло дар бораи бузу гӯсфанд ишора кардем, одамонро одам ҳам ҳисоб намекунанд. О, агар ин қадар таъмин, ки бошанд, барои чӣ мусофирбариро касб интихоб намудаанду ба пули мардуми одӣ ҳатто зоранд? Вале аз дар паҳлуяшон ҷой додани онҳо безор!

Масъулин бо мусофирбар ба кор раванд!!!

Медонанд. Нағз медонанд, ки дар ин мусофирбарҳо 1 одами давлатдор савор намешаваду доди ин мардум ба гӯши касе намерасад. Гап ҳам сари ҳамин аст, ки агар фармоне мешуд, ки масъулон худ моҳе чанд маротиба тариқи мусофирбарҳо ҳаракат мекарданд, шояд мефаҳмиданд, ки мардуми бечора дар чӣ азоб аст?

 Ҳини бо суръати баланди хавфнок рафтан, бо телефони дастӣ дар гуфтугӯ будани ронандаҳо паҳлуи дигар масъала мебошад. Асабонияти одамон, баҳсу ҷанҷолҳои ҳамарӯза, суханҳои пасту баланди одамон бо ронандаҳо бошад, ба як кори муқаррарӣ табдил ёфтааст. Хулоса, такаббури ронандаҳоро дида, кас ба баъзе одамони доро, вале хоксор таҳсин мегӯяд. Зеро ронандаи мусофиркаш худро ҳокими мутлақ мепиндорад ва аз одитарин талаботи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ бӯе намебарад.

Умуман шахсони дур аз маърифату фарҳангу одоб набояд дар кори хизматрасонӣ бошанд. Бигузор, ки онҳо дар курсии мансабе нишаста, фармонфармоӣ кунанд. Агар не, гуфтаи раҳматии Аловуддин “Буд добрий” пеш аз ҳама худашон ва мардумро ҳурмат кунанд. Мутаассифона, ин навиштаҳо на аввалин ва на охирин шикоят аз хизматрасонии соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад, ки масъулон таваҷҷуҳе намекунанд. Пас, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мутакаббирии ронандаҳо ҳам бесабаб набудааст.

Беҳтараш, шояд дигар “Бало ба пасашон” гӯему ҳамаро ба ҳоли худ гузорем ва тамошобин шавем, ки ку, чӣ мешавад?»

Ин буд навиштаи СССР. Дар ҳақиқат баъзе аз ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз кучаи одобу ахлоқ ва муошират нагузаштаанд. Бо мардум бисёр ҳам дағалона гап мезананд, таҳқир мекунанд. Ҳол онки маҳз ҳамин мусофирҳо ҳастанд, ки сабаби таъмини ризқи онҳо мешаванд. Ман ба масъулони шаҳри Душанбе-пойтахти кишварамон гуфтаниам, ки бигзор худи онҳо ноаён, бидуни эълони пешакӣ ва бигзор бо скритий камера ҳамчун мусофир даромад ин хатсайрҳоро бисанҷанд ва ҳолатҳои рафтори дағалонаи ронандаҳоро ба навор гирифта онҳоро дар шабакаҳои телевизионӣ нишон диҳанд ва бигзор аз кор барканор кунанд.

Чунки ин мусофирҳо саҳар кор мераванд ва набояд бо табъи гирифта ба кор шуруъ кунанд ва ё бегоҳ ба хона бармегарданд ва набояд таҳқиру дашноми ронандаҳоро тҳаммул кунанд.

             Ваҳдат (Ромит)

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Бовар кунед, баъди нашри махсуси барнома дар бораи Ромит дар Ромит шури қиёмат бархост. Аз мақомот, аз амният ва милиса омаданд. Аз як лаб ҳамаашонро дар бинои ҷамоат даъват карда строй монданд, қатор карданд. Ин Хурсанд Мирзоев, ин Диловар Солеҳов ва дигару дигарашро, Раҷаби Хайриддин, Шоҳасан, Наврузи Хайрулбашар…

 Бачаҳои гурӯҳи «Шоҳин»-милисаи махсуси Душанбе омада буд: 6 -то мошини Ландкрузери 200,300 бо номерҳои сиёҳ.

Не Раҷаб монду не дигараш. Бегоҳӣ баъди аср буд. Рӯзи 17уми сентябр, панҷшанбе, то мурғу чурғашонро оварданд.

Сайти «Ислоҳ» сахт популярний шуд. Ҷамоат як чи меҷунбад. Як нафар шиносам гуфт,ки «инуш ба инуш мега да бистсола сисолаҳода ихелӣ шармандагӣ набуд, ихели кору бору гиру мона нав дидем, аку ҳамаш медона бояд ису усу кунанд»

Ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия занг зад «тривога додшон». Ҳамон одамҳои дараи Ромитро, ки номашон дар «Ислоҳ» баромадааст, ҳамаашро оварданд.

«Беваи Хурсанд Мирзоева, раиси собиқи ҷамоати Ромитро аз деҳаи Навобод тани ночнушкаву бо пои шлопка оварданд»

Не картошкачиниашу не доллару не бонкаҳои асалаш, ки ба Озода мебурд кумакаш накард.

Ё ин бева дуруғ мегуфт, ки одами Озода аст. Ба назарам ёрдамаш накард ӯро, не пешвову не пасво. Аз даргаҳашон ронданд чи бало?

Мардум мегӯяд «и корора кадоме кардагияй, ки бистсола хабару маълумотара ҷамъ кардагияй». Яъне нафари номаҳоро фиристода маълумоти бистсоларо ҷамъ карда будааст.

Мардум байни худашон гап мезананд, қасам мехуранд, ки МВД, КГБ, 6-ой отделу 7-ой отделу СС- махуф ҳам дар пеши «Ислоҳ» ҳеҷ чиз шуданд.

Мегуянд, ки кадоме ҳаст, ки 5-10 одамро аз чандин қишлоқ ҳамроҳаш дорад. Инҳо як командаанд, мегуянд.

Дар бинои идораи ҷамоат дар маркази Ромит мактаб оварданд. Таксистҳои бузро, соляркадуздҳоро қатор карданд.

Проблемаашон як чиз: Кӣ ба «Ислоҳ» навишта истодааст?

Раҷаби Хайриддин соҳиби магазин: оҳ, лаънат ба ҳамон одами кардагӣ. Рӯзмона сиё кард, гап дорӣ, биё қати мо гап зан, да худмон гав зан, чи дар хойнои миллат менависӣ» гуфта ранги мурғи посухта таг медавад, боло медавад. Портрети калони пешво, ки дар пушташ кашол кардааст, ҳеҷ фоидааш накард. Уро ҳам оварда сахт истинтиқу танбеҳе дашномаш мекунанд. Хайровҳо ҳам кумакаш карда натавонистанд. Пачкаҳои доллар ба Хурсанди сиё, Хурсанд Мирзоев ёрдам накард. Дар қатор дар ҷойи аввал буд.

Шумо давом дорад гуфтед. Ин мардум гуфт истодааст, ки давомаш нашр шавад боз чи мешуд бошад?

 Як вақт гуфтанд, ки «меҳмон мебиёяд, меҳмон мебиёяд». Яке меҳмон омад, ки гуруҳи Шоҳин будааст. Ана баъд зангзанӣ сар шуд, ҳар кас барои ин гурӯҳ шинос кофта истодааст, ки аз чангашон худро халос кунад.

 Аз инҳо пештарак, қарибиҳои нисфирӯзи ду мошин аз кормандони СС-и махуф омада будааст. Ин мошинҳо ҳам полний гаштанд. Аз даромади Ромит то боғи Роғун, то мамнуъгоҳ ду бор се бор рафтанду баргаштанд, обход карданд. 8 бор, 9 бор то сари пули мамнуъгоҳ ду мошини амниятӣ рафтанду омаданд, лекин нафаромаданд. Мигалка доштанд.

 Мардум гуфта истодааст, ки ин гурӯҳ, ки маълумотҳоро фиристодаст аз ҳафтгонаи филми «Ҳомиён» ҳам зирактар будааст. Ҳоло Ҳомиён мебуд ошкор мешуд, меқапиданд.

  Як таксисти шинос гуфт, ки спетсиално Раҷабро пурсидам, ки чи гап аст ки ин қадар дар таҳлукаӣ, дар талвоса задаӣ, воҳима лағатат кардаст?

Эй, ту намедонӣ. Ва, ончунон номанависҳои Муҳаммадиқболу Ислоҳро ҳақоратборону дашном кард, ки гӯшам кар шуд.

Воҳима мекард, ки «мо пул метем, меёвем, ин мекнем он мекунем». Аммо чизе аз дасташон барнаомад ва ин шо Аллоҳ барнамеояд.

Раҷаби Хайриддин гуфтааст, ки интерпол бошад ҳам ҳал намекунад. «И, Муҳаммадиқбол касали руҳияй».

Боз гуфтааст, ки «мана қандум баланд шуд. Меҳробҷон ҳамун доруҳома ай даруни шкаф биёр»

  Охир, дар решаи шумо бадбахтҳо алоб.

Гуфта будем, ки ин Раҷаби Хайриддин ҳамаро гирифтагӣ аст. Бигзор ҳамаро пас бигиранд, то мардум боз битавонанд, ки ба хонаҳояшон ҳезуму алаф оваранд.

Гуфтааст, ки «ино мумкинай спутник дошта бошанд». Сарашро қапидаву гуфтааст, ки «и бадбахт кӣ боша?»  

 Ва, дар охир як маълумоти нав барои шумо. Ҳамон Сиёвуши амниятӣ, ки дар Нуробод мардум ва махсусан муллоҳоро азият медиҳад бо Қулов Сайфулло, куратори амнияти Ваҳдат ҳарду ҳамкурсанд. Қулов Сайфулло ҳам мисли Сиёвуш муллоҳоро масхара мекунад, ришдорро ҳақорат мекунад.

Раҷаб гуфтааст, ки «бистсола корора кофта буровардестиян. Баъди и кор мумкин дига дар ҷамоат ягон кас кор накна».

Пеш аз ирсоли ин маълумот чунин хабар расид,ки Генерал Сафарзода  Бахтовар Амиралӣ ба гурӯҳи Шоҳин ва Қулов Сайфулло занг зада гуфта будааст,ки ма кати шоҳбача гап задам касе ба ма иртибот доштагиша ҳичи наген. Рустам худаш в курсе ҳаст дигар кадомеш ба ман иртибот надошташа кори худтон. Аҷиб,ки ин Қулов Сайфулло дар итоати Бахтовар Сафарзода будаст?

Инки Обид девона шидаи ва чанд нафар бузакои дигаш инаш ҷои худаш. Одил рост пеши Рустами Давлатмурод ва Хушбахти язнаш омадааст, ки номанависҳои Ромита пайдо карда тияд дар дасташ. Шумо номанавис накобен ислоҳ шавед дигар фоидаатон надорад. Номаҳои Ромит идома дорад…..

Share This Article