Ин навбат аз Душанбе, Рашт, Ваҳдат (Ромит) ва Панҷакент ба почтаи «Ислоҳ» номаҳо ворид шудаанд.
Номаи расида аз Душанбе дар бораи Девонаевҳо, ҳоҷӣ Амирулло ва як нафари наздики онҳо суҳбат мекунад. Ҳодисаеро ҳикоят кардааст, ки симои ин нафаронро як бори дигар намудор мекунад.
Нависандаи нома аз Рашт устоди таърихи Донишгоҳи омузгорӣ будааст, ки дар тақвияти як навиштаи «Ислоҳ» ин номаашро роҳӣ карда ва баъзе аз паҳлуҳои дигари маҳалгироии Эмомалӣ Раҳмоновро ба қалам додааст.
Муаллифи мо аз Ромит ин бор низ аз иттифоқоти ахири рухдода бар асари номаҳои мунташир дар бораи ин мавзеъ навиштааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки Буқача (Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ) айни замон охраннаи дачаашро сахттар карда ва дастур додааст, ки чашму гушашонро боз ва нафари мавриди шубҳаро дастгир кунанд ва бифаҳманд, ки ки ин ҳама маълумотҳоро ба «Ислоҳ» фиристодааст.
Аз Панҷакент ин бор дар бораи ёвари прокурори шаҳр навишта шудааст. Ба навиштаи муаллиф ин прокурор бо корҳои ҷодугриву фолбинӣ ҳам сахт мароқу алоқа доштааст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар барномаи «Семейканюс»-и пешина дар бораи генерал Сафиалло Девонаев навишта будед. Навиштаи бисёр ҳам воқеъӣ ва ҷолиб буд.
Як маълумоти дигарро дар бораи онҳо изофа карданиам. Ин Девонаевҳо бо ҳоҷӣ Амируллои бародари зани Эмомалӣ Раҳмонов ҳам қудоянд. Ҳоҷӣ Амирулло, ки чанд вақт раиси шаҳри Қурғонтеппа ҳам буд яке аз таъминкунандаҳои маҳсулоту масолеҳи сохтмонӣ барои неругоҳи Роғун аст
Духтари ҳоҷӣ Амрулло зани ҷияни Девонаев Сафиалло аст. Падари он арус бо Шералӣ Хайруллоев бародар аст.
Ин домоди Девонаевҳо Иршод ном дорад. Наздиктарин, метавон гуфт, ки кифти рости ҳоҷӣ Амирулло дар тамоми тиҷоратҳояш буд. Ҳамаи бизнесҳои ҳоҷӣ Амируллоро ҳамон мечархонд. Аз Русия солярка, шина, қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои гаронвазни Роғун меовард. Ҳоҷӣ Амирулло дар Роғун пули калон кор мекунад.
Як рӯз Амирулло ба Иршод занг мезанад ва супориш медиҳад, ки як духтарро роҳӣ мекунам дар офис кор гир. Он духтар қурғанӣ 17-18 сола. Беҳад хушру. Иршод ба кор мегирад. Ин духтар Иршодро нағз мбинад. Иршод намедонистааст, ки вай аруси ҳоҷӣ Амрулло аст. Иршод барои он духтар як квартира мегирад. Амирулло мефаҳмад. Иршодро фарёд мекунад. Мегуяд барои чи ин корро кардӣ? Мегуяд шеф ман намедонистам, ту маро нагуфтӣ. Ин худаш часпид. Хуб, мегуяд Амируллову сразу ба Роғун занг мезанад. Мегуяд тамом. Ҳамаашро маҳкам кунед. Ягон сомонӣ надиҳед. Ин дар ҳоле, ки Иршод бо шрикони тиҷоратӣ муомила ва қарз ҳам дорад.
Хулоса, Амирулло сокашро ҷафид, қарздор кард. Пулҳояшро надоданд. Гурезогурез. Чи қадар чизҳояшро кашид гирифт. Барои як арус комилан як ҷавонмардро хонахароб кард.
Он вақт Иршод 18 сол гирифт. Девонаевҳо заданду дар чор сол бароварданд. Аммо дубора боз 12 сол гирифт. Феълан дар зиндон аст.
Ана, ин буд як маълумот дар бори Девонаевҳо.
Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Пештар як матлаби ҷолибе бо ин унвон «Аз Ғарм то Данғара: «давлат барои кӣ ва бар зидди кӣ?» https://isloh.net/20103/az-ғarm-to-danғara-davlat-baroi-kӣ-va-bar-ziddi- kӣ дар таърихи /09.03.2026 ва ҳамин чанд руз пештар мақолаи дигаре бо сарлавҳаи «Раҳмонов аз манзаре дигар… https://isloh.net/33909/raҳmonov-az-manzare-digar-3 » 05.10.2026 дар «Ислоҳ» ба нашр расид, ки ҳар ду матлаб ҳам дар бораи маҳалгароии Раҳмонов ва сиёсати кадрии бар пояи маҳаллу авлоду оилаи вай баҳс мекунад.
Ман, ки солҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Рашт фаъолият мекунам, номзади илм ҳам ҳастам, мехостам дар ин бора хеле пештар бинависам. Вале, шумо худ медонед, ки дар ин бора навиштан хатарнок аст. Ташаккур ба шумо, ки ин масъала ва мавзӯъи доғи ҷомеа ва давлатдории моро матраҳ кардед. Дар бораи маҳалгароии Раҳмонов ва дар бораи сиёсати кадрии вай, ки бар пояи маҳалгироӣ шакл гирифтаву устувор шудааст, хеле кам навиштаву гуфта мешавад
Ман дар ҳавои ҳамин ду матлаби «Ислоҳ» ба худам иҷозат додам, ки баъзе аз мулоҳизот ва фикрҳоямро баён созам ва бигзор ин навиштаи ман низ идомаи ҳамин навиштаҳо ҳисобида шавад
Дар ибтидо ман гуфтаним, ки Раҳмонов ва режими вай на танҳо ғармиҳо, помириҳоро ҳам беҳад бад мебинад, ки ин албатта, баҳсу мавзуъи навиштаи дигар аст. Танаффури Раҳмонов, нисбат ба онҳо фақат дар заминаи маҳал нест, балки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ҳаст.
Аммо дар солҳои ахир Раҳмонов на фақат ғармиҳо ва помириҳоро аз ҳукумат ронд, ҳамчунин намояндаҳои манотиқи дигари ҷумҳуриро ҳам берун кард.
Инро мехоҳем ё не масъалаи маҳал яке аз авомили ҷанги дохилӣ буд. Агарчи воқеъияти он ҷанг дигар масъала аст ва Раҳмонов хуб медонад, ки сабаби асосии ҷанг чи буд, аммо маҳал як омили фурузонсозии оташи ин ҷанг буд. Ин кори хадамоти махсуси Русия ва Узбекистон буд, ки байни маҳалу деҳаҳои ғармиву кулобинишини водии Вахш низоъ андохтанд. Юрчику вовчик маҳсули тахаюли онҳо буд.
Раҳмонов дар публика-назди мардум ва экрани телевизион дар бораи қонун, доштани дасту дили пок, хизмати содиқона ба ватан мегӯяд, аммо амалан ба дунболи ҳадафи худ, таҳким ва тақвияти ҳокимияти оилавӣ-авлодӣ-маҳаллии худ аст.
Барои Раҳмонов Абдулло Раҳнамову Давлат Сафар, Ато Мирхоҷа ва амсоли инҳо даркоранд, ки аз вай ваҳдатофарин ва муттаҳидкунандаи миллат ҷилва диҳанд. Лесидаву ликондаву тамаллуқу хушомад зада мегарданд. Як пора устухон мепартояд, дигар барои гурбаву бузғолааш ҳам достон менависанд, чи расад ба асп. Раҳмонов мехоҳад ба воситаи ҳамин даст аз мутамаллиқони чоплус танаффури мардумро сарпӯш бигзорад. Вале боз ҳам такрор шавад, таъкид менамоем, ки медонад, ки мардум аз вай кайҳо мутанафир шудааст.
Ҳар он идора ва муассиса, корхонаи воҳиди давлатӣ, ки аз ҳисоби бюҷет аст ва ҷойи даромад (дуздӣ) дорад, ҳатман ба дасти данғарагӣ ва дигараш дода мешавад. Бо як босоножки омада буд, ҳоло Ландкрузер савор шудааст. Ва инҳо аз ҳисоби бюҷет варам мекунанд, пулдору сарватманд мешаванд, аммо мардуми ҷафокашида роҳ месозад, амбулатория, синфхона ва мактаб месозад. Аз мардум пул ҷамъ мекунад.
Аммо барои ҳаммаҳалу авлоду оилааш шароити бизнес медиҳад. Сохтмони биноҳои баландошёна, масалан дар Ҳисор, Турсунзода, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Вахш, Бохтар ва ғайра аз тарафи домсозҳои ҳамин авлоду ҳамин маҳал сохта мешаванд. Инҳо, ки дом месозанд таҳхона, ошёнаи аввалу дуввуми домҳоро барои худ мағозаву тарабхонаву дискоклуб мекунанд. Ва, дар ин навоҳӣ мустақар мешаванд ва дар инҷо ҳам тиҷорат роҳ меандозанд. Ҳатто бозорҳоро гирифта истодаанд.
Маълум аст ки ин ҳама дар зоҳир барои ободиву пешравӣ аст. Аммо дар асл ғасбу тасаллут аст. Ва инҳо киссаҳояшонро пур мекунанд. Як милиса дар шуъбачаи як ноҳия ҳамагӣ якуним сол кор кард. Аммо дар 12 Камаз фақат говҳояшро бурданд.
На фақат дар милиса, дар амният, дар налог, дар коррупсия, дар военкомат, дар кумитаи замин сардори шуъба ва аксарияти кормандон аз ҳамон маҳаллаи Раҳмонованд. Кадрҳо дар вилоятҳо, дар ноҳияҳо низ дигар “маҳаллӣ” шуданд.
Яъне Тоҷикистон дигар фақат аз Данғараву Фархор аст, дигарҳо сазовори раҳбарӣ нестанд. Бояд фақат ҳаминҳо рулит кунанду дигарҳо пахат. Бубинед, вақте як ғармӣ, як аштӣ, як исфарагӣ ё як хуҷандӣ назди милиса ё кгб арз меравад, ҳукуматро не маҳалро мебинад. Вақте ҳама мақомоти қудратӣ дар ноҳияву шаҳрҳо аз як маҳалаанд, мардум намедонад пеши кӣ арзу шикоят кунад.
Ба фикри ман Раҳмонов барои он ба маҳалаш такя мекунад, ки ба ҷуз аз ҳаминҳо ҷое-маҳаллу минтақае барои такя ва пуштбонӣ надорад. Яъне пойгоҳи иҷтимоии Раҳмонов дар доираи ҳамон дар маҳдудаи ҳамон як маҳал асту халос.
Ман бар ин назарам, ки яке аз дигар сабабҳои рушди маҳалгароӣ ба сиёсати кадрӣ таъсир гузоштани наздикони Раҳмонов, масалан Азизмо, Зоир, Озода. Рустам ва амсоли инҳо аст. Онҳо наздикони худро “тела” мекунанд. Нотарисида пора мегиранд. Кадрҳои ба худашон содиқу вафодорро меоранд. Барои ҳамин нобаробарии иҷтимоӣ (сотсиалний неравенство)-таборгароӣ- непотизм, табъизи маҳаллӣ рузбаруз тавсеа пайдо карда истодааст.
Як нуктаи аҷиби дигар. Тибқи урфи давлатдорӣ вақте як нафар ба мансаби баланди давлатӣ, аз ҷумла вазоратхона мансуб мешавад, тарҷумаи ҳол ва собиқаи кори ӯ ҳам эълон, яъне ба ҷомеа пешниҳод мешавад. Чанд соли пеш ҳам ин урфу расм дар Тоҷикистон муроот мешуд. Аммо дар ин авохир, ки аксарияти кулли масъулин дар ниҳодҳои баланди давлатӣ аз як маҳалли муайян таъйин ва мансуб мешаванд, Раҳмонов ва ёваронаш барои пинҳон доштани маҳалгироии Раҳмонов аз зикри маҳалли таваллуди навтаъйинҳо дар тарҷумаи ҳол иҷтиноб меварзанд.
Раҳмонов, ки сахт маҳалгаро аст ва мехоҳад ҳамшаҳриҳову ҳаммаҳалҳои худро дар вазифаҳои баланд таъйин карда бо ин восита «корди онҳоро болои равған» кунад, намехоҳад, ки мардум ин ҳама фанду фиреби ӯро бидонанд. Дар ҳоле, ки чуноне мегуянду гуфтем, як сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нобаробарии саҳми кадрҳо дар идораи давлат арзёбӣ мешавад.
Ин ҳама “маҳаллизатсия”, «таборизатсия» ва «оилазатсия» кардани идораи давлат аз тарафи нафаре, ки худро Асосгузори сулҳу ваҳдат ҷилва додааст, чӣ мано дорад? Яъне дар ин масъала ҳам дурӯғ мегӯяду дурӯягӣ мекунад?
Аммо барои Раҳмонов ҳифзи ҳамин тафаккур ва фаҳмиш муфид аст. Вай дар аслу амал гумошта аст. Барои онҳо кор мекунад. Аммо ҳамин фазо ва ҳамин тафаккур, ҳамин мафҳум ҳадди ақал ӯро одами кулобиҳо, ҷузъе аз миллат мекунад. Ва шарик барои як минтақае аз ин миллат мекунад. Аммо вай на одами кулобиҳо аст, на одами ғармӣ, тем более на одами хуҷандиву помирӣ. Вай одами ин мамлакат, ин мардум ва ин миллат нест.
Айни змон КДАМ ВКД ва дигар сохторҳои қудрати аввалу дуввум ва Раёсатҳо ҳама гирифта шуд.
Пурсида мешавад, ки таъини данғарагӣ ба вазифи сардори шуъбаи дохилӣ ё амният дар ноҳияи N ё вилояти N ин маънои зӯр шудани Раҳмоновро дорад ё тарси уро? Яъне Тоҷикистонро бояд тнҳо данғарагӣ идора кунад? Овардану интисобу таъини данғарагиву фархорӣ нишони қудрат ва зури Рҳонов аст? Ин данғарагӣ, ки меояду сардори милиса дар Зафаробод, Масчо, Ҳисор, Хуҷанд ё Шаҳринав мешавад, ба чи хотир аст?
Магар намоянда ё кадри шаҳринавӣ шавад чӣ хоҳад шуд?
Раҳмонов Тоҷикистонро фақат бо як маҳал мудирият ва идора ва контрал кунад? Дигарҳо хапу хомуш шаванд? Оё ин тавре аст ки мо бигӯем ҳукумат зӯр шудаааст? Чи тавр як данғарагӣ ба шаҳру навоҳи калони пур аз кадр меояд?
Раҳмонов ба намояндаҳои навоҳиву манотиқи дигар бовар надорад
Ё ин бо мақсади ё ангезаи молиявӣ дорад? Саволҳои беҷавоб дар бораи сиёсати кадрии бар пояи маҳалли Раҳмонов хеле зиёданд вале як нуктаро бояд дар охир тазаккур диҳам, ки ин тарзи сиёсати вай мардуми маҳали муайянро дар чашми боқии мардум шум мекунад ва боиси эҷоди тафриқаи маҳалҳо мешавад, боиси нотифоқии миллат мешавад. Афзалият ва бартарӣ додани кадрҳо сирф бар пояи маҳал барои ояндаи ягонагии миллат хатарнок аст ки ин мавзуъи навиштаи дигар аст.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз Ромиту қиссаҳои он менависам. Инҷо аз онҳое мегуем, ки дар номаҳои қаблӣ дар бораашон гуфтаем.
Иброҳим 300 000 сомонӣ аз бонк қарздор аст.
Хурсанд Мирзоева, собиқ раиси ҷамоат гуфтааст, ки то 5ум барои кор ба Дастгоҳ меравад: «Ман пуле додагиам, ки касе надодаст. Ман бо Азизмо мешинам».
Газетхонак барои маълумот дар бораи ҳавзҳои моҳияш, ки дар «Ислоҳ» нашр шуд, девона шудааст. Қаҳраш кардаст, ки моҳиҳои касалиро ба дарё андохтанаш овоза шудааст. Ба Хурсанд гуфтааст, ки ин мардуми шумо беҳад лақӣ будаанд.
Раҷаби Хайриддин гуфтааст, ки идораи давлат осон нест. 100 сола шавад Ҷаноб, хоинҳои миллат бигзор гуфтан гиранд.
Сомон ба дачаи худаш мераваду меояд. Ҳозир дигар одамҳоро қабул накарда истодаанд. Баъди нашр дар бораи дача дигар дар сауна ва дар билярдний касе нест. Фақат охрана ҳасту халос. Гарений сахт қапидагианд.
Ин буқача (Рамазон Раҳимзода) одамҳояшро роҳӣ кардааст барои дачаи Қайсар, ки равед бинед онҷо, ки кӣ бисёр тоб мехурад, ягон шубҳанок пайдо кунед. Даже дар мамнуъгоҳ одам раҳӣ кардааст. Гуфтааст, ба мардум фаҳмонед, ки гап доред ба онҳо нагуед. Бигуед ба худи мо, ба додатон мерасем.
Як кампир баромада гуфтааст, ки қабристонамонро гирифтед, боғҳоямонро гирифтед, чи гуна ба додамон мерасед. То кай мора фиреб мекунед?
Як милисаи буқача гуфтааст, ки «э, мома ту аз ҷонат сер шудай, ки ин гапҳоро мезанӣ, аз сиёсати ҷаноб норозигӣ мекунӣ?»
Кампир гуфтааст «и, сиёсати чияй? Мо дар ина тобистон бесветем, қиматӣ, як ҳаёт кор кардам пенсияам 200 сомонӣ, дар давраи шуравӣ ин хел азоб набуд».
Ҳатто ҳамин ГАИҳоро ҳам ҳамин МВД роҳӣ кардааст, ки буй кашанду номанавис ба «Ислоҳ»-ро пайдо кунанд..
Аз чор, панҷ одам дилашон дур рафтагӣ. Аммо, ман ки медонам, он одамҳо шуморо намедонанд,камбағаланд.
Диловар Солеҳов дар бораи мехлопатаҳояш мегуяд бо пули шахсиам харидам. Дар балнитса пул кор кардаму харидам.
Як гуруҳи милисаҳо омадаанд барои пайдо намудани номанавис ба «Ислоҳ». Онҳо ҳамроҳи бачаи Ҳасану бачаи Апачӣ буд. Онҳоро фарёд карданд. Аммо Мирзоева Хурсанд онҳоро пешакӣ в курсе мондааст, ки дар бораи ҷияни ман гап задагианд, не дай бох чурт мерасонедашон. Агар шуморо пурсанд, шумо бигуед, ки дар ягонҷо нагуфтем. Гап дар бораи бачаи Раҷаби апачӣ ҳам будааст. Чунки бачаи Раҷаби апачӣ дору оварда мефурушад. Милисаҳо пурсиданашон.
Мирзоева Хурсанд ба зани Апачи амма мешавад. Бо зани Апачи Хурсанд апаву хоҳаранд. Сафӣ ҳамсояи дар ба деворашон аст. Бачаи Апачӣ бангро мезанад мебарад дар инстаграм мешинад, касе чизе намегуяд. Ҷияни Хурсанд Мирзоева мешавад бачаи Раҷаби апачӣ.
Гуфта будем, ки дачаи Сомонро Раҳими ғармӣ харидааст. Аммо он дачаро Раҳими ғармӣ нахарида будаст. Айни замон дар дасти Сомон будааст. Дар қади роҳи он дача се метр пас камера часпондагианд, дар тани столбаҳо. То як км мондаанд камера. Кӣ мебарояд кӣ медарояд, ҳамааш навор мешавад. Ҳоло ҳамаҷоро тишина кардаанд.
Як милисаи ваҳдатӣ 15 сол шуд кор мекунад, аммо аз пропоршик боло намеравад.Масалан
додари Исломиддин 20 сол ҳавлии отдел мерубад нав прапоршик доданаш. Дар дасти гунаҳкорҳо наручник мезанад, суд мебарад меорад. Конвой.
Як линча доллар диҳад ҳам сардори шуъба намемонанд.
Кури Хуршед он одами гуспанддорро, ки гуспандҳояшро дуздида буд фарёд карда гуфтааст «як бори дигар гуспандота мепурсӣ 20 сол турма мерӣ. Чаро дар вақташ нагуфтӣ»?
Кури Хуршед давраи нотинҷӣ мардумро бисёр ғам дод. Вай чанд дело дорад агар. Агар зиндон кунанд на кам аз сӣ сол мегирад. Як котеҷашро фурушад пули ҳамаи гуспандҳои дуздидаашро медиҳад….
Панҷакент
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Хуб аст ки шумо ҳастед ва арзу доду шикояти мардуми тоҷикро аз тамоми ноҳияҳо чоп карда ҳолати воқеии кишварро бозгу мекунед.
Ман як нафар аз сокинони шаҳри Панҷакент ҳастам. Ин номаро ба шумо равон карда дар бораи як нафар корманди прокуратураи шаҳри Панҷакент, ки бо ҷодугариву фолбинҳо машғул аст, баъзе маълумотҳоро баён месозам.
Сиддиқзода Муҳаммадҷон, ёрдамчии прокурори шаҳри Панҷакент худашро муовини прокурор мегирад, гуфти гапҳо самозванетс. Ин ҳаромхур якчанд бор бо ҷураҳояш дар ошхонаи усто Шароф шишта маст шуда буд. Овозаш баланд-баланд мебаромад. Гапҳояшро гӯш кардам, ки мегуфт дар ин прокуратураи шаҳри Панҷакент гапзан фақат ман ҳастам. Барои онки муовин як бесавод аст. Прокурор бе гапи ман ягон кор намекунад. Медонад, ки ман бо Генпрокуратура нағз ҳастам. Боз камкам рафта хабар мегирам. Барои ҳамин мана ягон кас аз ҷоям ҷунбонда наметавонад, гуфта доду вой мекард.
Ин ҳаромхур дар даромадгоҳи шаҳр, дар Қавола як фермаи калон ва даҳ гектр замини корам дорад. Дар қафои заправкаи Маҳмадназар як ҳавлии дворетс дорад. Дар наздикии автодром ду ҳавлии дигар дорад. Дар Куктош боз ҳавлӣ дорад, ду автомобили гаронбаҳо дорад, ки ин ҳама аз ҳисоби пораву ҳаромхуриаш дар прокуратура мебошад.
Дар бори ин наркоман хат нависта ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ фиристодам, ки фермаи калон, молҳои бисёр дораду 7,8 хона, қариб 10 гектар замини президентиро аз они худ карда гирифта аст. Дар мо 30 сотик замин базур мерсад. Номери мошинҳояш 2000 аст. Кораш фақат бо занҳои мардум гаштан аст. Аммо зани худаш дарбадар. Аз хати фиристодаам ҳеҷ садо чиз нашуд. Ҳоло маълумотҳо аз куҷо, аз кӣ, чанд пул гирифтагиашро дорам, боз менависам.
Ин наркоша сурати занҳои мардумро гирифта пеши фолбин рафта ба худаш гарм карда зиндагии онҳоро вайрон мекардааст.
Як духтари раиси банк, шавҳараш корманди мақомот буд, бо чор бачааш ҷудо карда даҳонашро ба воситаи ҷодугарҳо мебандад. Барои ҳамин бо дили пур мегуяд, ки маро ягон кас аз вазифаам гирифта наметавонад. Ҳатто на ҷаноб ва на писарашон. Дар оянда баъзе маълумотҳоро бо фактҳояш менависам, дар бораи ин наркомани ҷодугар.
Як ҳамсинфам соҳибкори дасткушод, ки меҳмонхонаи Умариён дорад, Ахмедов Мубориз ном дорад. Як ҷои бекорхобидаро гирифта дом месозам гуфта корро сар кард, ки ин ҷодугари Муҳаммадҷон гуё Мубориз 2000 ниҳолро беиҷозат буридӣ гуфта дело мекунам гуфта аз Мубориз 200ҳазор сомонӣ гирифта делоро маҳкам кард. Панҷакент чи гӯна обод шавад?
