ҚУБОДИЁН: Ҷарима барои Қуръонхонӣ, шикоят аз амният, Спитаменбонк, роҳҳо ва Бабилон!

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №70

«Бародар ва устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ин навиштаи маро, агарчи парокандаву аз ҳар мавзӯъ аст, хоҳиш мекунам, ки дар барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ба чоп расонед. Ва бо ҳарфҳои калону сип-сиёҳ дар сарлавҳааш номи ноҳияамон Қубодиёнро ҳатман нависед».

Ин ҷумлаҳои фавқ аз номаи як сокини Қубодиён аст. Масоиле, ки дар навиштааш матраҳ кардааст, дар саросари кишвар вуҷуд доранд. Аммо чорагарон ва масъулину маъмурин дар пайи рафъу бартарафсозии онҳо нестанд, балки дар бештари ҳолат худи онҳоанд, ки мушкил ва масъала «дуруст» мекунанд ва зиндагии мураккабу мушкили мардумро боз ҳам душвортар месозанд.

Масъала ё камбудиҳое, ки ин муаллиф зикр кардааст, ҳеҷ рабте ба сиёсату Раҳмонову дигару дигараш надорад. Бояд дар сатҳи ноҳия чораҷӯӣ ва, чӣ хеле ҳоло муд кардаанд, «тадбирандешӣ» карда шавад. Аммо азбаски «об аз боло лой аст», яъне назорату контрол аз марказ тамоман вуҷуд надорад, барои марказ супоридани «доля»-и моҳона ва солона муҳим ва дар ҷойи аввал меистад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо асосан рӯйи ҳамин «масъалаи асосӣ» банд мешаванд ва аз мушкилоти мардум дар тағофул мемонанд ё умуман парвои онро надоранд.

Ин нома, ки аз Қубодиён омадааст, бо хоҳиши муаллиф дар ин барнома ҷой дода шуд, то бубинем, масъулини ноҳия баъди интишори он коре хоҳанд кард ё хайр?

ҚУБОДИЁН

Ассалому алайкум, устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам. Дар Қубодиён ончунон масъалаҳои мубраму ҳалталаб ва камбудӣ бисёр аст, ки намедонам аз кадомеаш шурӯъ намоям. Аммо ҳамаи ин камбудиҳо сунъианд. Агар бихоҳанд, дукаратду ҳалаш мекунанд. Вале ин бесоҳибӣ ва бебандуборие, ки дар Қубодиён ҳаст, дар дигар ҷойи Тоҷикистон нест.

Меравем Русия, бармегардему меоем, ки ҳоло ҳам ҳамон камбудиҳо роҳи ҳалли худро пайдо накардаанд.

Инак, 7 моҳ шуд, ки аз Русия омадам. Дар чорроҳаи маркази ноҳия, пеши бинои додситонии ноҳияи Қубодиён, дар байни роҳ колодетси об даҳонаш воз аст. Касе аз масъулин — аз раиси ноҳия то прокурору суду милиса ва дигару дигараш — аз ин роҳ ҳар рӯз мегузаранд, аммо намепурсанд, ки чаро даҳони он кушода аст, сарпӯши он куҷост?

Борҳо шуд, ки мошинҳо дар ин ҷо садама мекунанд, лекин ин колодетс ягон соҳиб намеёбад, ки созаш кунад. Дар дарунаш як асо истодаасту тамом. На ягон знак (аломат) ҳаст, ки мошинҳо бинанду ба садама дучор нашаванд. Аслан таъмир намешавад.

Охир, ин роҳҳоро мардум бо пули худашон асфалту мумфарш карданд.

Раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, ки се сол аст раисии ин ноҳияро ба уҳда дорад, магар кӯр аст, ки ҳамин колодетсро намебинад? ДЭУ бошад ё кадом идораи дигар бошад, биёяду дуруст кунад. Гуфтам-ку, чандин бор шуд, ки мошинҳо дар ин ҷо дучори садама шуда, даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Кӣ масъулияти ин роҳро бар уҳда дорад? Чаро назорат намекунанд, чаро мебинанду чашм мепӯшанд, худро ба нодидагӣ мезананд?

Эй, порагирони ҳаромхӯри беномус! Вақте сари вазифа меоед, вазифаатонро аз таҳти дил иҷро кунед.

Охир, худи маҷҳулуннасаби Раҳмонов дар ҳар баромадаш мегӯяд-ку: «Аз уҳдаи вазифа намебароӣ, ҷояро холӣ кун».

Ҳадди ақал ба гуфти Раҳмонов намекунед. Дида истодаед, ки мардум аз Русия пул роҳӣ карда, роҳҳо, деҳаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, синфҳои иловагӣ сохта истодааст, шумо бошед, як колодетсро соз карда наметавонед. Ҳаминро ҳам бихезаду мардум соз кунад? Магар давлат мурдааст?

Вазифаи давлат чӣ аст? На мактаб бисозад, на бемористон, на мардумро бо кору бо маош таъмин кунад. Роҳҳоро мардум бисозад, ҳамаи корро мардум бикунад — ин гуна давлат ба ин мардум чӣ даркор аст? Э, беномусҳои беор! Ин қадар одам беномус мешудааст?

Ба ҷамоат барои як шаҳодатномаи таваллуд меравӣ, 150 сомониатро мегиранд, дар ҳоле ки ройгон аст. Меравӣ, рӯйрост мегӯяд, ки ман бепул намедиҳам. Мегӯӣ, ки охир қонун бепул гуфтааст, ҳукумат эълон кард, дар Фейсбук ҳам ин эълон баромад. Мегӯяд, ки не, ҳаққи худи моро бояд бидиҳӣ.

Бубинед, вақте худи кормандони давлат пора мегиранд, то пора нагиранд, корро иҷро намекунанд, яъне қонунро таги по мекунанд, ҷиноят содир мекунанд, рӯйрост қонуншиканӣ мекунанд, баъд мардуми одӣ аз куҷо қонунро риоят мекунад? Баъд бо чӣ рӯе аз мардуми одӣ дархост ё тақозои риояти қонун мекунӣ?

Баъд чор одами камбағали бетағораро мебаранду «ту қонунро вайрон кардӣ» гуфта, ҷарима мекунанд.

Ана, чунин аст давлатдорӣ! Ана, ин аст бесоҳибӣ, бедавлатӣ, беназоратӣ дар Раҳмонистон — эй, мебахшед, Тоҷикистон.

Боз як чизи дигар, ки қариб буд аз ёдам равад. Бачаҳои амнияти ноҳияи Қубодиён ба қарибӣ ба мактаби рақами 5 омада, вориди синфи 2 мешаванд.

Аз кӯдакҳо суол мепурсанд, ки кадоме аз шумо сура хонда метавонед. Як писарбачаи бехабар аз макру тазвири амниятиҳо ва бо дили софу беғаши кӯдакона даст боло мекунад. Ӯро ба назди доскаи синф даъват мекунанд. Писар сураҳои «Ихлос» ва «Фотиҳа»-ро мехонад.

Амниятиҳо рост мераванд ба сари падару модари он кӯдак ва мегӯянд, ки 7 ҳазор сомонӣ ҷарима месупорӣ ё барои нақзи талаботи қонун зиндон мешавӣ. Падари он писар 7000 сомонӣ медиҳад.

Худоё, паноҳ бар ту! Кӯдаки синфи 2 бо ҳифзи сураи Қуръон террорист шуд, магар? Охир, эй лаънатиҳои амният, магар шумо мусулмон, бачаи мусулмон нестед? Шумо пагоҳ бо ин фиръавнҳо маҳшур мешавед? Иншоаллоҳ, гӯр шуморо раҳ нахоҳад дод.

Раҳмонови алайҳилаъна гуноҳҳои худашро ҷавоб дода наметавонад. Амниятиҳои лодин, ин дунё ду рӯз аст. 7 ҳазор сомонии вай дар шиками ту намеистад. Пагоҳ он 7 ҳазор сомонии вай 7 ҳазор бало мешавад дар сарат, пагоҳ 7 ҳазор сомонии вай 7 ҳазор мору каждум мешавад дар шиками ту. Ман дигар намедонам чӣ бигӯям.

Мардуми Тоҷикистон 99% мусулмон аст. Охир, ман намедонам, ки чаро ин лаънатиҳо ин қадар ба дини мо часпидаанд.

Модари он кӯдак ба мактаб омада, зор-зор гиря кард, ки писари маро 7000 сомонӣ ҷарима карданд. Охир, вай синфи 2 мехонад, ноболиғ аст. Калон мебуд, гапи дигар. Аз ин зулми бештар болои мардум мешавад, магар?

Охир, мардум дигар намоз нахонанд, ба фарзандонашон бинои мусулмонӣ наомӯзонанд, ин чӣ гуна мусулмонӣ мешавад? Фақат дар сари ҷойнамоз бишинанду ба Раҳмонов лаънат бигӯянд?

Муллоро мегӯӣ: «Як ови дам бте, занм дардш задестай, таваллуд мекна, моҳш дромадай». Қасам мехӯра мулло, ки «мана амният чанд бор шид огоҳим додестай, бқапанм, турмам мекна». Як ови дам наметиян. Муллоҳои бечора намехонан, зорашун мекунӣ. Дар ҳолати эҳтизор ва ҷон кандан муллое нест, талқини калима кунад ба он инсони дар ҳолати қабзи рӯҳ.

Ҳами кадом муллое Раҳмонова ҷаноза мекна, ҳами 10 миллион аҳолии Тоҷикистон намебахшанш. И палиди Раҳмонова кати сагой амниятиш бе ҷаноза баран, гӯршон кунанд. Чунки ин корҳои онҳо дар таърих сабт мешавад. Имрӯз ин лаънатиё зӯран, ҳар коре форашон мекнан, пас таърих инҳоро сабт мекнад ва дар ин дунё ва дар охират шарманда мешаванд, иншоаллоҳ.

Мегузарем ба Спитаменбонк. Ин бонк дар маркази ноҳия қарор дорад. Ҳамеша меравӣ, ё пул надорад, ё системаашон кор намекунад. Мегӯӣ, ки аз банкомат сум гирӣ, банкомат сум надорад.

Худо шуморо бигирад, масъулони бонк! Охир, ҳама вақт банкоматҳоятонро назорат кунед, то мардум барои гирифтани пул зиёд навбат наистанд. Як хел занҳо кӯдакони майда доранд, кӯдакро монда, ба маркази ноҳия омадагӣ, то «сумро зуд бигираму равам» мегӯяд. Яктои дигараш бо кӯдакаш дар назди банкомат, як намуд дод зада истодааст, гиря дорад, вале дар банкомати Спитаменбонк сум нест. Боз очередь як намуд бисёр аст. Нисфи мардум пулаш дар кошелок гузаштааст, гирифта наметавонад. Меравад, се соат он ҷо меистад, идентификатсия мекунӣ, мегӯянд, баъд сумро аз кошелок перевод мекунӣ. Бовар кунед, ки ин ҷо як корҳое, як корҳое шуда истодааст, ақли инсони солим намегирад дар ин ҳукуматдорӣ ва низоми фосиди ташкилкардаи Раҳмонов.

Ман барои ҳамин идентификатсия кардани картаам аз саҳар то соати 15-и баъди нисфирӯзӣ истодам. Давленияам 190 хест. Хок дар даҳани авлоди Спитаменбонкро баровардагӣ! Наход ин қадар мардумро азоб диҳӣ? Шояд ин панҷминута кор барои шумо бошад. Наход панҷминута корро шумо ба соатҳо тӯл кашонед? Ин бесаводони говчаронҳо аз куҷо давлатдорӣ карда метавонанд?

Ба номере, ки вуҷуд надорад, карта сумро перевод мекунӣ, меравад. Ин хел бонкҳои бесоҳибу беназоратро ман надидам. Охир, вақте дар ҳамон номер карта нест, бояд вақте сум роҳӣ кунӣ, он ҷо нишон бидиҳад, ки нест. Айнан ҳамин хел картаро, мисол, дар Русия агар бигӯӣ, ба фалон номер ман пул мегузаронам — Спитамен ё Эсхата ё Арванду Алиф бошад — он ҷо номер нишон медиҳад, «нест» мегӯяд дар ин номер.

Вале дар ин бонкҳои Тоҷикистон, Худо бизанадшон, ҳамааш дуруст кор намекунанд. Номере, ки карта вуҷуд надорад, мефиристиш, меравад.

Рӯзҳои шанбе короткий день, рӯзи бозор аст. Ҳамон банкоматҳоро пур аз пул кунед, то мардум оянду сумҳояшонро бигиранду бираванд. Ба озмуд меравӣ, ки ё сум надоранд, ё кор намекунанд.

Беандоза асабиям.

Дар ин ҷо аз тамоми сокинон… Охир, ин қадар асабиям, узр, ки дашном дорам. Хеле асабиям. Охир, илтимос, номаи навиштагимро чӣ хел навиштам, нашр кунед, устод. Чӣ камбудӣ дидам, менависам. Аз сокинони ноҳияи Қубодиён хоҳиш мекунам, камбудиҳоро дидед, нависед, аксу навор гиред, равон кунед ба «Ислоҳ». Ислоҳ ягона канале ҳаст, ки камбудии мову шуморо ба гӯши кару чашмони кӯри ин ҳукумати оилавии гушнаи нодидаи говчарон мерасонад.

Як чизи дигарро ҳам мехоҳам бигӯям. Дар бораи ширкати Вавилон. Ҳар моҳ 100 сомонӣ абонентский плата мегузаронем, мегабайт медиҳад. Безлимит нест дар Тоҷикистон. Вале тамоман соз кор намекунад. Савол ин аст, ки вақте суми мардумро мегирӣ, чаро связатро соз намекунӣ, то мардум истифода кунад? Ба филиали ширкати Вавилон меравӣ, ҳамеша коргар надорад, дараш маҳкам аст. Агар кушода бошад, коргараш нест. Ҳар моҳ як коргари нав иваз мекунад.

Ман именно ба раиси Вавилон Беҳзод Файзуллоев муроҷиат мекунам! Як коргари соз бигир, бимон, ки ҳар рӯз дар кор ва дар хизмати мардум бошад дар Қубодиён. Ҳар гоҳ ки меравӣ, нест. Мабодо бошад ҳам, мегӯяд, сум надорам. Мегӯияш, ки интернет соединит кун, мегӯяд, ки компютер кор намекунад, шот-счёт надорам. Пас, боз савол пеш меояд, ки барои чӣ омада ин ҷо шиштаӣ? Будагию набудагиат як аст.

Ноинсофҳо, пули мардумро ҳар моҳ мегирӣ, дуруст кун алоқаатро, ба мардум хизмат ва вазифаатро иҷро кун.

Ман шахсан чанд бор шуд, меравам, бо коргарҳоятон ҷанг мекунам. Оё ягон бор ҳамон коргаронатонро мепурсед? Бигзор ягон офис барои қабули шикояти сокинон кушоянд, бубин, чӣ қадар одам меравад барои шикоят?

Ман 10 рӯз шуд, меравам сум гузаронам, интернет кушоям. Мегӯяд, шот надорам.

Охир, ду рӯз шуд, чӣ хел шот надорӣ? Ҳамин хел рӯзҳояшонро кӯр мекунанд, маошашонро мегиранд, ба чашми мардум хок мепошанд. Ман гуфтам, ин Вавилон ягон соҳиб дорад? Ягон ҷо ҳаст, ки равему ҳамроҳаш аз наздик гап занам? Ягон администрация доред, ки ман гап занам? Охир, ин хел намешавад. Кай меоӣ, счёт надоранд, ё свет надоранд, ё коргар нест, ё умуман дар маҳкам аст. Худаш чӣ гап? Барои чӣ назорат намекунед?

Хадамоти алоқа, бинед чораи ин симкортҳоро.

Падарам Инстаграм тамошо мекунад, шабҳо. Ҳар вақте мечаспад, Тселлро ҳақорат мекунад бо чунин тарзи хизматрасониаш. Акнун фикр кунед, ки ман, бачааш, Вавилонро зиёдтар дашном медиҳам. Чаро? Чунки мо пул медиҳему интернетро мехарем, ройгон намегирем. Вақте пул медиҳем, онҳо барои як моҳ мегиранд. Ин тавр, ки рӯзҳову соатҳо интернетро дуруст дастрас намекунанд, пули моро барнамегардонанд. Мо пул медиҳем, моро фиреб мекунанд, соз кор намекунанд.

Як соат кор кунад, 100 бори дигар дар режим полёт мемонӣ телефонро, баъд 4G мешаваду кор мекунад. Вагарна 3G мешавад, тамом, дигар кор намекунад.

Ман ба ин пешвои самозванетс гуфтаниам, ки дар 35 сол кори ҳалолатро надидам. Тоҷикистонро Торикистон кардӣ. Ба ҷойи «ҷ»-и Тоҷикистон «р» бимон, он вақт мувофиқ меояд.

Ин Раҳмонов ранги бевазанҳо, холаи ҳамакора, ҳама кораш нимкора. Яке форадаш, номи ноҳияву шаҳрҳоро иваз мекунад. Тавилдараро Сангвор, Дарбандро Нуробод, яке Ҷалолиддин Румӣ, боз меистад, не, Ҷалолиддини Балхӣ. Охир, чӣ дард дорӣ? Мо ҳам ҳамчун як шаҳрванд ба Тоҷикистон як номи мувофиқ овардем, ҳарчанд номи хуб набошад ҳам. Аммо то он даме Раҳмонов ҳаст, Тоҷикистон Торикистон аст ва мемонад. Гуфт, соли 2027 свет доимӣ мешавад.

Ку, ин бор бинем, дуруст мегӯяд ё не? Чунки ин холаи ҳамаи корҳояш нимкора чанд бор гуфта буд, ки светкушӣ афсона мешавад.

Дар 35-солагии истиқлолият на свет дорем, на ягон симкорту связи соз дорем, на бонкҳои ҳалол дорем. Шарм намедоранду боз дар интернет «Тоҷикистон ба пеш» мегӯянд.

Ман, ба Худо қасам, аз ҷойи шумо, чоплусону моямолон, шарм медорам.

Тоҷикистон 10 миллион аҳолӣ дорад, шоядам ҳоло зиёд шуда бошад.

Ҳар вақте интернет кор намекунад, 77 пушти симкорти Вавилонро аз директораш сар карда то коргаронаш, ҳамаашро ҳақорат мекунам.

Инро фаромӯш накунед, ки аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистон 10% симкорти Вавилон дошта бошад, ҳамон 10%-и мардум тамоми авлоду аҷдоди симкорти Вавилону роҳбаронашро дашном мекунад. Ҳамин соз аст, ҳамин хуб аст?

Хуб, устод, дар охир бори дигар аз шумо хоҳиш дорам, ин номаи маро алоҳида нашр кунед, агарчи кӯтоҳ ҳам бошад. Шояд роҳбарон бихонанду дар пайи ислоҳаш бишаванд. Боз дар оянда чизе, ки дидаму шунидам, ҳатман менависам.


Пасгуфтори «Ислоҳ»

Дар анҷом мехоҳем ба раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ва тамоми мақомоти масъули ноҳия муроҷиат кунем.

Ҷанобони масъул! Шумо барои хизмат ба мардум таъйин шудаед, на барои он ки мардум аз беамалӣ ва беназоратии шумо ба дод оянд. Магар дар маркази ноҳия пӯшонидани даҳони як колодетси кушода ва он ҳам дар хиёбони марказии ноҳия аз тавони шумо берун аст? Оё бояд ҳатман фоҷиа рух диҳад, то шумо аз ҷой бархезед? Ё бояд аз муҳоҷирон пул ҷамъ карда як сарпӯш ба он гузоред?

Аммо масъалаи ҷиддитар иддаои ҷарима шудани падари як кӯдаки синфи дуюм ба маблағи 7000 сомонӣ барои хондани сураҳои Қуръон аст. Мо аз мақомоти амнияти ноҳияи Қубодиён талаб мекунем, ки ин қазияро ошкоро шарҳ диҳанд. Агар чунин ҳодиса воқеан рух дода бошад, бо кадом асоси қонунӣ аз падари кӯдак пул ситонида шудааст? Баъдан оё шумо мусалмонед? Агар бале чи гӯна ин корро кардед? Агар не пас комилан озодед!

Аз масъулони Спитаменбонк ва ширкати «Бабилон» низ талаб мекунем, ки ба шикоятҳои сокинон расидагӣ кунанд. Мардум ҳақ доранд барои пули пардохтаашон хизмати босифат бигиранд.

Мақомоти ноҳияи Қубодиён! Шармандагӣ он нест, ки мардум аз камбудиҳо шикоят мекунанд. Шармандагӣ он аст, ки шумо камбудиҳоро мебинеду барои ислоҳашон чора намеандешед.

«Ислоҳ» ин номаро нашр кард ва мунтазири посуху иқдоми амалии шумо хоҳад буд. Мо омодаем ҷавоби мақомоти масъулро низ нашр кунем.

Ба ҷойи ҷустуҷӯи муаллифи нома, ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилоти мардум бошед, на дар ҷустуҷӯи номанавис!

Share This Article